Низомии Ганҷави (тахминан 1141 -12 марти 1209)

Низомии Ганҷави (тахминан 1141 -12 марти 1209)

Монанди он ки пеш ва пас аз “Шохнома”-и Фирдавсӣ, рубоиёти Хайём ва қасидаҳои Носири Хусрав маснавиҳои қаҳрамонӣ, рубоиёт ва қасидаҳои диниву ахлоқӣ бисёр гуфтаанд, вале касе ба пояи онҳо нарасидааст, ҳеч шоире низ на пеш ва на пас аз “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ асаре наофаридааст, ки бо он баробарӣ бикунад. Шоир панҷ маснавӣ – панҷ ганҷашро, барҳақ, “навгул”, “сухани нав”, “ҳайкале аз қолиби нав”, “дурре аз баҳри нав”, “баҳори нав”, “сеҳре дигар”, “тозаарӯс”, “абёти нав”, “гавҳари носуфта”, “кони нав”, “бикрони пардаги , “тарзи нав”, “навои ғариб” номидааст ва дар ин арзёбиҳояш ҳеҷ дурӯғе нагуфтааст ва заррае зиёдаравӣ накардааст. Шоир ва суханшиноси бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки се аср пас аз вай зиндагӣ ва эҷод кардааст, тасдиқ намудааст, ки “он қадар латоифу дақоиқу ҳақоиқ, ки дар китоби “Панҷ ган ” дарҷ кардааст, касеро муяссар нест, балки мақдури (тавони) навъи башар нест”.

  1. РӮЗГОРИ ШОИР

Низомии Ганҷавӣ тахминан дар соли 1141 дар шаҳри Ганҷа – яке аз марказҳои қадимии адабӣ, илмию фарҳангии форсии тоҷикӣ таваллуд шудааст. Падараш аз аҳли фазл ва модараш аз “раисаҳои курд”, аз хонадони саркардагони курд будаанд.

Низомӣ дар хурдӣ ҳам аз падар ва ҳам аз модари худ маҳрум гашта, дар тарбияи холашбародари модараш мондааст. Шоир бо сарпарастии тағояш забони арабӣ, Қуръон, фиқҳ, таърих, чуғрофия, фалсафа, мантиқ, адаб, мусиқӣ, тиб, нуҷумро меомӯзад ва дертар ҳамчун ҳаким ном мебарорад.

Низомии Гачавӣ агарчи дертар дар насиҳат ба фарзандаш гуфтааст, ки ба касби шоирӣ мапечад, аммо худ шоирӣ пеша карда буд ва дар он шӯҳрати тамом дошт.

Дар шеър мапечу дар фани ӯ,

Чун акзаби ӯст аҳсани ӯ.

3-ин фан маталаб баландномӣ,

К-он хатм шудаст бар Низомӣ.

Шӯҳрати ӯ дар шоирӣ ба дараҷае буд, ки ҳокимон ва султонони давр аз гӯшаву канори дуру наздик ӯро ба дарборашон мехонданд, навиштани ин ва ё асарро талаб менамуданд, паёму тӯҳфа мефиристоданд. Шоир аз зодгоҳаш ва маскани доимиаш фақат як бор бо даъвати султони вақти Ироқ ба Табрез сафар кардаасту пас аз се рӯз ба Ганҷа баргаштааст. Низомӣ дар Ганҷа озод ва ба майлу муроди хеш зистан ва шеър офариданро бартар аз дар хидмати дарбор будан донистааст ва ба писари ягонааш низ гуфтааст, ки аз сӯҳбати подшоҳон бипарҳезад:

Аз сӯҳбати подшаҳ бипарҳез,

Чун пунбаи хушк аз оташи тез.

Аз зиндагии хонаводагии шоир ҳаминаш маълум аст, ки соли 1169 ҳокими вақти Дарбанд дар қатори тӯҳфаҳои дигар ба ӯ канизакеро аз қабилаи туркони қибчок бо номи Офоқ мефиристад ва Низомӣ бо ин “бути қибчоқ” хонадор мешавад ва соҳиби писаре бо номи Муҳаммад мегардад. Вақте ки дар соли 1180 Офоқ вафот мекунад, шоир тамоми дарду алам ва ҳасрату муҳаббати бузурги худро дар достони “Хусрав ва Ширин” ба қалам меорад.

Низомии Ганҷавӣ 12 марти соли 1209 дар шаҳри Ганҷа вафот кардааст.

  1. МЕРОСИ ШОИР

Низомии Ганҷавӣ, пеш аз ҳама, бо маснавиҳои панҷгонааш, ки дертар ба худ унвони умумии “Хамса”-ро гирифтаанд, шӯҳрат дорад. Аммо пеш аз ин ӯ бо сурудани ғазал, рубоӣ, қасида ва қитъа машғул будааст ва дар поёни умраш аз онҳо девоне ҳам ба тартиб даровардааст. Шоир аз девони шеърҳояш дар маснавии Лайлӣ ва Маҷнун” ба шодӣ ёд овардааст:

Рӯзс ба муборакию шодӣ

Будам ба нишоти каӣқубодӣ.

А брӯйи ҳилолиям кушода,

Девони Низомиям ниҳода.

Дар бораи он ки шеърҳои ғиноии муаллиф дар замонааш машҳур будаанд ва онҳоро дар базмҳо месуруданд, худи ӯ гувоҳӣ додааст. Бино бар гуфтаи вай, вақте ба даргоҳи ҳокими Табрез Қизил Арслон ҳозир шуд, базм дар авҷ буд ва дар он аҳли созу наво ғазалҳояшро замзама мекарданд.

Бо вуҷуди ин девони шеърҳои Низомии Ганҷавиро ба хеҷ ваҷҳ наметавон бо “Хамса”-и ӯ баробар кард. Он тозакорию навовариҳои шоиронае, ки дар маснавиҳои шоир ҳаст, дар ғазалу қасида, қитъа ва рубоиёти вай ба назар намерасад.

 

  1. АСАРЊОИ ШОИР

“ХАМСА”-И НИЗОМИ

“Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ дар асл аз панҷ маснавии чудогона иборат мебошад:

  1. “Махзануласрор”;
  2. “Хусрав ва Ширин”;
  3. “Лайлйӣва Маҷнун”;
  4. “Ҳафт пайкар”;
  5. “Искандарнома”.

 

Маснавиҳои мазкур дар рӯзгори муаллифашон зери унвони умумии “Хамса” ё “Панҷ ганҷ” гирд наомада буданд. Гумони ғолиб он аст, ки пас аз он ки дар асри Х1У Амир Хусрави Деҳлавӣ ба онҳо ҷавоб менависад, асарҳои ҷудогонаю мустақили Низомӣ ҳамчун як асари яклухт ва ягона пазируфта мешаванд ва анъанаи хамсанависӣ дар адабиёти форсии тољикӣ ба расмият медарояд.

  1. «МАХЗАНУЛАСРОР»

“Махзануласрор” маснавии динию ахлоқӣ ва фалсафӣ буда, дар таърихи 24 рабеъулаввали санаи 572 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 30 сентябри соли 1176 ба итмом расидааст.

Буд ҳақиқат зи шумори дуруст,

Бисту чорум зи рабеи нахуст.

Аз гаҳи ҳиҷрат туда то ин замом,

Понсаду ҳафтоду ду афзун бар он.

“Махзануласрор” аз оғози анъанавӣ дар маснависароӣ (ҳамд, наът, мадҳ ва фаслҳои муқаддимотӣ), бисту ду мақолат ва анҷоми китоб иборат мебошад. Мавзӯъи онро худи муаллиф хеле аниқ муайян намудааст ва гуфтааст:

Мояи дарвешию шоҳӣ дар ӯ,

Махзани асрори тоҳӣ дар ӯ.

Баёни масъалаҳои офариниши одам (мақолати аввал), офариниши олам (мақолати севум), эътибори мавҷудот (мақолати шашум), офариниш (мақолати ҳаштум), намудори охирзамон (мақолати даҳум) ба мавзӯъи асрори илоҳӣ, масъалаҳои тарки шууноти (корҳои) дунявӣ (мақолати нуҳум), накӯҳиши ғафлат (мақолати чаҳордаҳум), парастишу таҷрид (гӯшанишинӣ) (мақолати ҳафтдаҳум), дар видои мазили хок (мақолати дувоздаҳум). истиқболи охират (мақолати нуздаҳум) ба мазӯъи дарвешӣ, масъалаҳои адл (мақолати дуюм), риояти шоҳ бо раият (мақолати чаҳорум) ба мавзӯъи шоҳӣ дахл дорад. Илова бар ин дар маснавии мазкур аз хусуси бевафоии дунё (мақолати ёздаҳум), накӯҳиши ҷаҳон (мақолати сездаҳум), вакоҳати абнои (бадиҳои аҳли) аср (мақолати бистум), накӯҳиши рашкбарон (мақолати понздаҳум), чобуқравӣ (мақолати шонздаҳум). накӯҳиши дурӯён (мақолати ҳаждаҳум), фазилати одамӣ бар ҳайвонот (мақолати ҳафтум) ва васфи пирӣ (мақолати панҷум) сухан меравад, ки ба мавзӯъхои вазъи замона ва ахлок вобаста мебошад.

Дар ҳар мақолат пас аз зикри матлаби аслӣ ҳикоят ё достоне барои тасдиқ ё тақвияти он оварда мешавад. Аз ин ҷиҳат “Махзануласрор” маснавии Саноии Ғазнавӣ “Ҳадиқатулҳақиқат’’-ро ба хотир меорад. Дар бораи он ки ин ду маснавӣ бо ҳам иртиботе доранд, худи Низомӣ ишора намудааст.

Нома ду омад зи ду  номусгоҳ,

Ҳар ду мусаҷҷал 6а ду Баҳромшоҳ.

Он заре аз кони куҳан pexта,

В-un дуре аз баҳри пае ангехпа.

Он бадар оварда зи Ғазни алам,

В-ин зада бар сиккаи румӣ рақам.

Гарчи дар он сикка сухан чун зар аст,

Снккаи зарри ман аз он беҳтар аст.

 

Аз ду Баҳромшоҳе. ки муаллифи “Махзануласрор” ёд овардааст, яке Баҳромшоҳи Ғазнавист, ки Саноӣ “Ҳадиҷатулҳаҷиқа”-ро ба ӯ бахшидаас  ва дигаре Фахриддин Баҳромшоҳ аст, ки маснавии Низомӣ ба номи ycт. Шабоҳати сохторӣ ва услбии маснавихои зикршудаи ин ду шоир боиси он гардидааа. ки баьзеҳо “Махзануласрор‘’-ро низ мисли “Ҳадиқатулҳақиқа” аз асарҳои ирфонї шуморанд. Дорої мазмунҳои суфиёна будани аксари назираҳо ба “Махзануласрор” низ дар ин натичагирї бега ьепр hcci . Ҳол он ки дар асл ин тавр нест.

Гояи асосии “Махзал\ласрор” гаькиди бевафоии дунё ва ахни он, намоитани аллу инсоф ва мардч ми буда. шоир гуфтанист, ки адлу инсоф, таквову иархезро бояд пеш шрифт ва фаромӯш набояд кард, ки охирзамои хасьЧунончи:

Давлати дунё ки тамано кунад?

Бо ки вафо кард, ки дома кунад?…

Њар варақе чеҳраи озодаест,

Њар қадаме фарқи маликзодаест.

2 . ’’ХУСРАВ ВА ШИРИН”

“Хусрав ва Ширин” дуюмин маснавиест. ки Низомии Ганҷавї эҷод намудааст. У онро аввали соли 1180 оғоз карда, охири соли 1181 ба итмом расонидааст.

Бино бар эътирофи муаллиф, ӯ њадиси Хусраву Ширинро аз таърихи куҳансолони ин бум, сухангӯйи куњанзоде, ки достонњои куњанро ёд дошт, донистааст.

Зи таърихи куҳансолони ин бум

Маро ин ганҷнома гашта маълум…

Чунин гуфт он сухангӯйи куҳанзод,

Ки будаш достонҳои куҳан ёд.

Вай онро аз ширинтарин достонњои замонњои гузашта ва имрӯза мешуморад.

Ҳадиси Хусраву Ширин ниҳон нест,

В-аз он ширинтар, алҳақ, достон нест.

Низомӣ ишора ба он намудааст, ки Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” аз достони Хусраву Ширин сухан ронда бошад ҳам, аз баёни ишқи Хусраву Ширин сарфи назар кардааст.

Ҳакиме, к-ин ҳикоят шарҳ кардаст,

Ҳадиси ишқ аз эшон тарҳ кардаст.

Достони “Хусрав ва Ширин”-и Низомӣ, дарвоқеъ, пеш аз ҳама ба баёни мавзӯъи ишқи Хусраву Ширин ва дар партави он ба талоши Хусрав барои тоxу тахт бахшида шудааст. Хусрави Парвиз шахси -таърихӣ буда, соли 591 ба тахт нишастааст. Ин подшоҳи сосонӣ, дар ҳақиқат, бо номи Ширин зане доштааст ва, воқеан ҳам, дар соли 629 аз дасти писараш кушта шудааст. Дар достони Низомӣ ҳакиқати таърихї бо ҳақиқати бадеӣ пайванд гардидааст ва як ишқномаи наву хонданӣ ва монданиеро ба вуҷуд овардааст. Достон бо зикри аз Худо фарзанд хостани Ҳурмуз пури Кисро ва таваллуди Хусрави Парвиз оғоз мегардад. Сипас сухан аз тарбият, илмҳоиадаб, чанг, ҳисоб ва ҳикматро омӯхтан ва ҳамчун ҷавони зирак, чолок ва далер ба воя расиданаш меравад. Хусрав Шопур ном надими хосе дошт. Ў дар суратгарӣ ва наққошӣ устод ва марди ҷаҳондидае буд. Рӯзе ба Хусрав нақлмекунад, ки шаҳбонуи бузурги Арманистон Меҳинбону ба родарзодае дорад бо номи Ширин, ки дар ҳусну чамол бебадал мебошад ва ӯро аспи бодиойи шабрангест бо номи Шабтез.

Паридухте, париуззор моҳе,

Ба зери миқнаъа соҳибкулоҳе.

Шабафрӯзе чу маҳтоби ҷавонӣ,

Сияҳчашме чу оби зиндагонӣ,

Кашида қомате чун пахли симин,

Ду зангӣ бар сари нахлаш рутабчии.

Зи бас к-овард ёд oн нӯшлабро,

Даҳои пуробӣ шаккар шуд рутабро.

Ба марвориди даидонҳои чун нур,

Садафро оби дандон дода аз дур.

Ду шаккар чун ақиқи обдода,

Ду гесӯ чун камаиди тобдода.

Хами гесӯш тоб а з дил кашида,

Ба гесӯ сабзаро бар гил кашида.

Шуда гарм аз пасами мушкбезаш,

Дшюги наргиси беморхезаш…

Намак дорад лабаш дар ханда пайваст,

Намак ширин набошад в-они ӯ ҳаст.

Ту гӯйӣ биниаш тегест аз сим,

Ки кард он теғ себеро ба ду ним…

Муваккал карда бар ҳар ғамза ғунҷе.

Запах чуй ссбу ғабғаб чуй туруиҷе.

Рухаш тақвими анчумро зада роҳ,

Фишонда даст бар хуршеду бар моҳ.

Ду пистон чун ду симип нори навхез,

Бар он пистон гули бӯстон дирамрез…

Ба охур баста дорад рахнаварде.

К-аз у дар так наёбад бод гарде…

Ниҳода номи он шабринг Шабдез.

Бар ў оишқтар аз мурғи шабовез…

На ширинтар зи Ширин халқ дидам.

На чун Шабдез шабраиге шунидам.

Хусрав аз ин ҳикояти Шопур uоибона ба Ширин ошиқ мешавад ва Шопурро ба талаби Ширин ба кӯҳистонн Арман мефиристад.

Шопур ба Арманистон меравад ва сурати Хусравро дар гузаргоҳи Ширин мегузорад. Ширин бар он сурат соате чанд фуру шудаву шефтаи он тимсоли рӯхонӣ мегардад. Шопур ба ӯ аз Хусрав ва ошиқ буданаш ба Ширин ҳикоя мекунад. Ширин бо ҳидояти Шопур аз назди Мењинбону мегурезад ва барои дидани Хусрав хабарпурсон роњи Мадоииро пеш мегирад.

Дар ин миён пӯлодкоре дирамро бар номи Хусрав сикка зада, ба њар шањре мефиристад. Падараш мехоњад барои ин рафтораш ӯ ро xазо дињад. Хусрав аз бими падар бо маслиҳати Бузургумед ба мулки Арман мегурезад. Вақте ки Хусрав ба мулки Арман мерасад. Ширин дар Мадоин буд. Хусрав барои овардани Ширин Шопурро дигар бор ба Мадоин фиристод. Дар ин вақт Хусрав огоҳї меёбад, ки падарашро куштаанд, бинобар ин ба Мадоин бармегардад ва ба чойи падараш ба тахт менишинад. Вале ӯ тадриҷан адлу додро ба айшу ишрат табдил медиҳад ва ҳамаро, аз ҷумла Ширинро фаромӯш мекунад. Яке аз сарлашкарон Баҳроми Чӯбина шӯриш мебардорад ва дар номаи пӯшидааш мегӯяд:

К: “-аз ни куда к ҷаҳондори наёяд,

Падаркуш подшоҳиро нашояд.

Бар ӯ як ҷурьа май њам ранги озар,

Гиромитар зи луни сад бародар.

Бубахшад кшиваре бо бонги руде,

Зи мулке дӯсттар дорад суруде.

Зи гармӣ раҳ 6а кори худ надонад,

Зи хомӣ ҳеҷ неку бад надонад.

Ҳанӯз аз ишқбозӣ гарму доғ аст,

Ҳанӯзаш шӯри Ширин дар димоғ аст ”.

Хусрав ба паноҳи Меҳинбону мегурезад ва дар шикоргохҳои Муғон Хусрав ва Ширин бо ҳам вомехӯранд. Вақте ки Ширин Хусравро назди Меҳинбону ба меҳмонӣ мебарад, вай Ширинро андарз ва савганд медиҳад, ки мабодо фирефтаи Хусрав шавад, зеро дар зиндагї ҷавонони бадмењру бадањд ва бевафо зиёд вомехӯранд. Мабодо ки:

Чу Вис аз некномї дур гарди,

Ба зиштй дар ҷаҳон машҳур гардӣ.

Гар ӯмоҳ аст, мо низ офтобем,

В-агар Кайхусрав аст, Афросиёбем.

Паси мардон шудаи мардї набошад,

Зан он беҳ, к-аш ҷавонмардӣ набошад,

Меҳинбону масдиҳат мсдиҳад. ки Ширин Хусравро хуб бисанҷад, зеро мегӯяд ӯ:

Ту худ донй, ки вақпш сарфарозї,

Заношӯш беҳ аст аз ишқбозӣ.

Ширин савганд мехӯрад, ки қадами бено нахоҳад ниҳод:

Ки: “Гар хун гирям аз ишки намолаш,

Нахоҳам шудмагар ҷуфти ҳаюлаш”.

Бо розигии Мехинбону онхо вакташонро бо чавгонбозй, шикор. базм ва афсонагӯйӣ мегузаронанд. Рӯзҳои зиёде дар фасли баҳор бо хушию хуррамй гузаштанд.

Чунин фасле бад-ин ошиқнавозӣ,

Хато бошад, хато бе ишкбозй.

Онхо ба хам бештар унс гирифтанд. Боре Хусрав мехоҳад, ки аз Ширин ком бистонад. Ширин шарт мегузорад, ки Хусрав бояд мулки подшохдро ба даст орад.

Ту мулки подшохиро ба даст ор,

Ки ман бошам, агар давлат бувад ёр.

Хусрав бо хотири озурда ба Ширин хасрат мекунад ва мегӯяд:

Ман аввал бас ҳумоюнбахт будам,

Ки ҳам бо тоҷу ҳам бо тахт будам.

Ба гирди олам оворам ту кардй.

Чунин бадрӯзу бечорам ту кардй.

Хусрав барои ёрӣ ба назди кайсари Рум меравад. Қайсар духтараш Марямро ба Хусрав ба занї медиҳад ва дар ихтиёри ӯ лашкари бешумореро мегузорад. Хусрав ба Эрон лашкар кашида, Баҳроми Чӯбинаро шикает медиҳад ва дубора ба тахт менишинад. Аммо аз фироқи Ширин азоб мекашад. Ширин низ дар uами Хусрав месӯхт. Шоир ҳолати равонии Хусравро чунин ба xалам додааст:

Агирчи подшоҳӣ буду ганҷаш,

Зи беёрӣ паёпай буд ранҷаш.

Памегӯяи, тараб ҳосш нсшекард,

Тараб мекард, лек аз dm нсшекард.

Гаҳе қасди иабиди хом кардй,

Гаҳе аз гиря май дар ҷом кардй.

Гаҳе гуфпш ба дил, к: “-Эй дил, чӣ хоҳӣ

Зи олам?

Ошиқӣ ё подшоҳӣ?

Ки ишқу машакат и-ояд ба ҳам рост,

Аз ин ҳар ду яке мебоядат хост.

Ширин пас аз сари Меҳинбону бар тахти мулки Арман менишинад, бо адлу дод як сол ҳукм меронад. Вале ба дарди ҳаxри Хусрав тоб наоварда, мулкро ба мавлое (навкаре) супорида, ба Мадоин меояд ва дар қасри пешинаи худ дар доманакӯњи беобу дашти хушке маскан мегирад. Хусрав аз тарси Марям танњо тавонистааст, ки ба Ширин паёме бифиристад. Хусрав бо расидани хабари марги Баҳроми Чӯбина бо иштироки Борбади ромишгари овозадор базм меорояд ва ей лахни ӯро мешунавад. Пас аз базм Хусрав аз Ширин ба Марям шафоат мекунад ва мехоҳад, ки ӯ низ Ширинро азиз дорад ва ба қаср даъват намояд. Марям рад мекунад ва мегӯяд, ки агар Хусрав чунин кунад. худро хоњад кушт:

Туро бифребаду моро кунад дур,

Ту з- Г ризй шавй, ман аз ту маҳҷур.

Хусрав ба талаби Ширин Шопурро ба назди ӯ мефиристад ва хоҳиши дидор мекунад. Ширин ба Шопур итоб мекунад ва мегӯяд:

Наяфтод он рафики бевафоро,

Ки бифристад саломе хушк моро…

Чй кард он раҳзани хунхораи манн,

Ҷу з оташпорае дар бораи ман?

Ман инак зинда, ӯ бо ёри дигар,

Зи меҳр ангехта бозори дигар…

Биё, то каx нишинам, рост гӯям:

“Чӣ хориҳо, к-аз ӯ н-омад ба сӯям ”…

Кунад бо xинси худ ҳар xинс парвоз-

Кабутар бо кабутар, боз бо боз…

Зи боги Рум гул дорї ба хирман,

Макун тороxи тахту тољи Арман…

Ҳазор аз баҳри май хӯрдан бувад ёр,

Яке аз баҳри ғам хӯрдан нигаҳ дор.

Фарҳоди муҳандис ва фарзона, ки ӯро Ширин бо маслиҳати Шопур барои кандани ҷӯй аз чарогоҳ то қасраш даъват намуда буд, дар муддати як моҳ корашро анҷом медиҳад. Ширин ба дидани Фарњод меояд ва ба ӯ ба ивази хидматаш чаид гавҳари шабчароғ мебахшад. Фарҳод онро пеши пойи Ширин меафшонад, аз ишқи худ ба ӯ зорӣ мекунад. Овозаи ишқи Фарход ба гӯши Хусрав мерасад. Хусрав Фарҳодро назди худ мехонад ва онҳо ба їам мунозираи маълумро мекунанд. Хусрав дар мунозира мағлуб мешавад.

Чу оҷиз гашт Хусрав дар ҷавобаш,

Наёмад беш пурсидан савобши.

Ба ёрон гуфт, к-аз хокиву обӣ,

Надидам кас бад-ин ҳозирҷавобӣ.

Ва роҳи макру ҳиларо пеш мегирад. Ў барои озмоиш ба Фарҳод кандани роҳ дар Бесутунро мефармояд ва гумон мекунад, ки вай аз ӯхдааш намебарояд, шартро мебозад ва аз ишқи Ширин даст мекашад. Аммо Фарҳод ба кор cap мекунад ва дар дили кӯҳ сурати Ширинро меканад. Овозаи он ба Ширин мерасад ва ӯ барои дидани он ба кӯхи Бесутун меравад. Хусрав аз ин огоҳ мешавад ва рохи халосиро аз Фарход дар хиёнат мебинад ва ба ӯ хабари бардурӯғеро мерасонад, ки Ширин мурд. Фарход бо шунидани ин хабари шум чон медиҳад.

Чу афтод ин сухан бар гӯши Фарход,

Зи тоқи кӯҳ чун кӯҳе дарафтод.

Дар ин миён Марям мемирад. Ширин ба Хусрав ба ин муносибат таъзиятномаи ростине мефиристад. Хусрав пас аз марги Марям боз ба ёди Ширин шуд. Ширин дар ҷавоб номаи таънаомезе менависад. Хусрав аз ин ранҷида, ба май менишинад. Рӯзе ба гӯшаш васфи Шаккари Исфаҳонӣ мерасад ва ӯ дар таманнои вай ба Исфаҳон меравад ва вайро’ ба занй мегирад. Ширин боз танҳо мемонад ва ба Яздони пок ниёиш ва зорї мекунад. Рӯзе Хусрав бо баҳонаи шикор ба сӯйи қасрн Ширин меравад, Ширинро мебинад ва сухан мегӯяд. Ширин чунин посух медиҳад:

Ба даст орймаро чун ғофилон маст,

Чу гул бӯйе кунї, андозй аз даст…

Ду дилбар доштан аз якдилї нест,

Дудил будан тариқи оқтӣ нест…

Ту аз иишқи ману май бениёзї,

Ба ман бозї кунї дар ишқбозӣ?..

Маро аз руйи ту як қибла дар пеш,

Тура қибла ҳазор аз руйи маи беш.

Хусрав ба хатои худ иқрор мекунад ва мегӯяд, ки ӯ агарчи бо гап бо каси дигар аст, бо дил бо Ширин буд.

Ба тан бо дигаре хурсанд будам,

Зи дил то ҷон туро дар банд будам…

Агар гоме задам дар комронй,

Ҷавоп будам. чунин бошад ҷавонӣ.

 

Ширин дар посух ба Хусрав бо зикри он ки уро дар дил сад г убор аст, мсгӯяд:

Ҳами вақтс туро ниидоштам ёр,

Ҳама ҷойе туро хондам вафодор.

Ту ҳаргиз дар дилам ҷойе накардї.

Чу дилдорон мудорое накардї…

Зи ту коме надида дар замона.

Шудам тири маломатро нишона…

Вас он к-аз баҳри ту бечора гаштам,

Зи хонумони хеш овора гаштам…

Бинou дустї бар бод додї.

Магар к-акнун асоси пав ниҳодӣ?

Хусрав ноумед бармегардад ва Ширин аз рафтани ӯ пушаймон мешавад. Хусрав хоб мебинад, ки дар боғе чароғ дар даст гаштааст. Шопур таьбир мсгӯяд, ки Хусрав ба васли Ширин хоњад, расид. Хусрав дар шпкоргоҳе базм меорояд, Ширин дар он  пинхонї иштирок мекунад. Борбад аз номи Хусрав ва Накисои чангї аз иоми Ширин ғазал ва суруд мегӯянд. Пас аз як њафта Хусрав Ширинро ба занї мегирад ва ба Мадоии меорад ва солњо боњам хушу хуррам зиндагони мскунанд. Мамлакат аз адлу доди Хусрав обод мешавад.

Хусрав аз Марям писаре доим бо номи Шерӯя, ки онро шоир њамчун “фарзанди хом” ва ‘‘фарзанди қаттол” шииос менамояд ва мегӯяд:

На ҳар зан зон бувад, ҳар зода фарзанд.

На хор гул мева орад, ҳар найе канд.

Шерӯя њанӯз вақте ки тақрибан нӯњсола буд, ба Ширин ошиқ мешавад:

Шунидам ман, ки он фарзанди қаттол

Дар он тифлӣ, ки будаш цурби нӯҳ сол,

Чу Ширинро арӯсӣ  буд, мегуфт:

Ки Ширин кошкӣ  будӣ  маро ҷуфт ”.

 

Чун Шерӯя ба воя мерасад, падарро дар оташхона гӯшанишин мекунад ва шабе ӯро ҳангоми хобаш мекушад. Ширин, ки њам дар он ҷо буд, бедор мешавад. Шерӯя ӯро ба занї хостор мешавад. Ширин се шарт мегузорад: 1. Сӯзондани қасри Хусрав; 2. Куштани аспи ӯ Шабдез; 3. Дафни ҷасади Хусрав бо шукӯҳи тамом. Шерӯя шартҳоро ба чо меорад. Ширин пас аз ин бо ханҷар синаи худро чок карда, дар рӯйи дахмаи Хусрав ҷон медиҳад. Низомї дар бораи ин њолат гуфтааст:

Зиҳӣ Ширину ширин мурдани ӯ,

Зиҳӣ ҷон додану љонбурдани ӯ!

Чунин воxиб кунад дар ишқ мурдан,

Ба xонон xон чунин бояд супурдан!

На ҳар к-ӯ зан бувад, номард боишд,

Зан он мард аст, к-ӯ бедард бошад.

Достони ишки ғамангез ва пур аз шебу фарози шоҳзодаи сосонї Хусрави Парвиз ва маликаи Арман Ширин аз оғоз то ба анҷомаш хонандаро дар изтироб ва шиддати равонї нигањ медорад:

Дар ин афсона шарт аст ашк рондан,

Гулобе талх бар Ширин фишондан;

ва дар як замону макон дар се сатњи гуногун – поин, миёна ва боло мегузарад ва дар ҳамаи он сатҳҳо рӯйи ду нуқтаи асосї гаштаву баргашта таъкид менамояд: 1. Ишқ дард аст, ранҷ аст, мусибат аст, фоҷиа аст; 2. Мамлакат ба адл (доду дихиш) ва дониш побарчост.

Низомї тавонистааст, ки дар чаҳорчӯби достони ишқу мамлакати Хусрав ва Ширин чеҳраҳои адабии амиқ ва барxастаеро бо тамоми мураккабӣ ва тазодҳои олами љисмонї ва рӯњониашон биофарад, монанди Хусрави Парвиз, Ширин. Фарҳод ва дигарон.

Дар достони “Хусрав ва Ширин”-и Низомй хар типи одамй дар се чеҳра ва дараҷа намудор шудааст.Чунончи:

  1. Маъшуқа-Ширин, Марям, Шаккар.
  2. Ошиқ- Фарҳод. Хусрав, Шерӯя.
  3. Шоњ-Ширин, Хусрав, Баҳроми Чӯбина.

Ширин қаҳрамони марказї ва дӯстдоштании        Низомї буда, аз ҳама ҷиҳат: ҳусн, ақлу фаросат, одаму одамгарї,        меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, рафтору гуфтор ҳамто надорад. На Марям ва на Шаккар аз ягон ҷиҳат бо ӯ баробар намешаванд. Ширин сурати зебо, чобукӣ, далерй ва хушсухании Хусравро дида, ба ӯ дил мебандад ва то ба охир ба вай сарфи назар аз ҳама булҳавасӣ, ноустуворӣ ва бевафоиҳояш содиқ мемонад ва кӯшиш мекунад, ки ошиқашро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Танҳо вақте ки Хусрав тамоми хатоҳои худро дарк мекунад ва ба гардан мегирад, онҳо ба ҳам мерасанд. Вале афсӯс, ки ба касофати Шерӯя касе, ки дӯсташ медошт, кушта мешаваду худро мекушад ва бо хамин меҳру муҳаббати поку беолоиши худ нисбат ба Хусрав номус, номи неку шарафи худро нигоҳ медорад.

Шахси дигаре, ки дар миёни қахрамонони “Хусрав ва Ширин” бо тасвири Ширин наздикӣ ва монандӣ дорад, Фарҳод аст. У ҳам мисли Ширин каси боакду ҳуш, бофаросат, донишманд, поктинат, содиқ мебошад. Қавлаш аз амалаш фарқ намекунад. Вай омодааст, ки барои Ширин худашро қурбон намояд. Ишқи Ширин ӯро аз озмоишҳои сангине мегузаронад. Фарҳод ба дараҷае ба Ширин меҳр баста буд, ки вақте хабари бардурӯғи марги Ширинро мешунавад, ҳалок мешавад. Чеҳраи Фарҳоди ошиқ дар мунозирае. ки бо Хусрав дошт, ба хубӣ ва тамомї ошкор гардидааст. Шахсияти Хусрав басо мураккаб ва пурзиддият аст. У гоҳ ҳамчун ҷавонмарди хушсурату хушсират, тануманд, далеру чолок. зирак, закї, суханвар, боадаб ва бодониш, гохе хамчун шахси ишратпараст, худписанд, бокибру ғурур, танпарвар, булхавас, беирода, тарсончаку сабукфикр, шоҳзодаи бемасъулият тасвир шудааст. Хусрав, ки ошиқи зори Ширин буд, аввал бо Марям ва баъд бо Шаккари Исфаҳонї хонадор мешавад. Мулки подшоҳро фурӯ гузошта, роҳи гурезро пеш мегирад ва аз шоҳони кишварҳои бегона ёрї мепурсад. Агар талабу талкини пайвасгаи Ширин намебуд, Хусрав аз нишасти маю ишрат даст намекашид ва аз пайи тахту точи хеш намешуд ва рохи адлу додро пеш намегирифт.

3 “ЛАЙЛӢ ВА МАҶНУН”

 

Навиштани достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-ро аз Низомии Ганчавї, ки он вакт хамчун муаллифи маснавии динию ахлоқї ва фалсафии “Махзануласрор” ва достони “Хусрав ва Ширин” ном бароварда буд, ҳокими вакти Шервон хоҳиш намудааст.

Вале шоир ба сабаби танг будани чахорчӯби афсонаи Лайлию Маҷнун, дур будани тафсири нишот аз он ва сухани барахна буданаш дар эчоди он дудила будааст. Баъдан бо исрори фарзандаш Муҳаммад ба таълифи он cap мекунад ва дар зарфи камтар аз чаҳор мох дар таърихи 30 раљаби санаи 584 хлчрй мутобик ба 24 сентябри соли 1188 ба итмом мерасонад.

Қиссаи Лайлию Маљнун пеш аз Низомй дар шакли пароканда ва пора-нора дар манбаъҳои гуногуни адабй ва таърихї вучуд дошт. Шонр начустин кассет, ки бо офаридани достони “Лайли ва Маљнун” онро дар колнби муайян ва ягона рехт, ба он тафсирн худро дод. рухи худро дамид ва аз маводи арабї асаре офарид. ки моли адабиёш форсии точикй гардид ва дар замонаи муаллиф ва асрхои баъдина шӯхрати беандоза ёфт. Аз рӯйи ривояти Низомї, бузургворе аз мулки Араб дар талаби фарзанд буд, ӯ писар меёбад ва номашро Қайс мемонад. Вайро ба мактаб медихад. Дар он чо офатнарасида духтари хубе бо номи Лайлй мехонд. Онхо ба хам дил медиханд. Қайси бесабру тахаммул аз ишки Лайлй холате дошт, ки атрофиёнаш ӯро ба чунунй бндном мекчнаид ва ба ӯ лакаби Маҷнун, яьнс девонцро медиханд. Падараш ба Мачнун панди судманд медихад, лекин он ба вай асар намекунад.

Пандырчи ҳазор судманд аст,

Ч\и тик бувад, чӣ ҷойи панд аст!

Падари Мачнун ба хостгории Лайлй меравад. аммо чавоби рад мегирад. Падари Лайлй бадромй, бадкомй ва девонагии Мачнунро баҳона мекунад ва мегӯяд, ки девона харифи (хамнишини) мо нашояд. Вай ба падари Мачнун маслиҳат медихад, ки писарашро аввал ба дуо инояте кунад, саломат гардонад ва баъд аз пайи хостгории Лайлй шавад.

Падари Маҷнун ӯро ба зиёрати хонаи Каъба мебарад. Ҳангоми зиёрат Маљнун ба ҷойи талаби растан аз њалқаи ғам, расидан ба раста корӣ ва озод шудан аз балои ишқ аз Худо талаб мекунад, ки аз ишқ ӯро ба ғояте расонад ва ҳар лаҳза майли зиёдтаре ба Лайлї диҳад. Дар дашту биёбон Маҷнун ба амир Навфал вомехӯрад. Навфал аз қиссаи ишки Маҷнун огоҳӣ меёбад ва ваъдаи расонидани ёриро ба ӯ медиҳад, бо қабилаи Лайлӣ ҷанг мекунад. Аз ҷониби қабилаи Лайлӣ ба муқобили Навфал дар чанг иштирок доштани Маҷнун ва ба ёрии лашкари худ шитофтани ҳамқабилахои Лайлй Навфалро ба сулҳ водор месозад. Аммо кинояи Мачнун Навфалро мачбур мекунад, ки ӯ дубора ба ҷанги зидди қабилаи Лайлї бархезад ва пирӯзї ба даст биёрад. Вале якравии падари Лайлї имкон намедихад, ки Мачнун ва Лайлї ба хам расанд. Падари Лайлї куштани ӯ ва лети саг афканданашро авлотар аз расиданаш ба Маxнун медонад. Маҷнун аз шавҳар кардани Лайлї огоњї меёбад ва аз бевафоии Лайлї шикоят мекунад. Аз Лайлй ба ӯ номае мерасад, ки дар он аз вафодорї ва покдоманиапь сухан мерафт. Тавре ки дидем, мавзӯъи асосии “Лайлй ва Мачнун “-и Низомїбаёни достони ишки гамангези Лайлй ва Мачнун буда. шоир ба воситаи он ҳакикатеро тасдик мекунад. ки ишки пок дарду гам аст ва барои он ки ин ишк зуҳури тамом дошта бошад, мухити муносиб ва созгоре лозим аст. Вагарна окибати он мисли достони ишки Лайлию Маҷнун ғамангез хохад буд. Мачнун дар тасвири Низомй аз барчастатарин чехрахои адабии адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор меравад. Мачнун на танхо содиқтарин ва бовафотарин инсони ошиқ аст, балки ӯ шоир, сурудхон, гуманист, сӯфй ва файласуфи бузург мебошад. Афсӯс, ки замона ҷойи ин гуна шахсиятхои барҷаста ва фавқулода набуд, бинобар ин ӯ аз ҷомеаи инсонй дурй гузида, рӯ ба сахро меорад ва бо ҳайвонҳои ваҳшй унс мегирад. Ин канорагирӣ ва гӯшанишинии Мачнун эътирозест ба замонаи номусоид, ба замонае, ки ишки поки ӯро курбони хурофот ва чаҳолати хонаводагию қабилагй месозад ва оқибат махдум ба марг менамояд.

Мачнун ошиқи ишки ҳақикист, на маҷозӣ. Дурусташ ӯ аз мартабаи ишқи маҷозӣ ба ишки ҳакикӣ расидааст. Вай ба ин нукта дар љавоб ба

  1. “ҲАФТ ПАИКАР

Маснавии “Ҳафт пайкар” баёни зиндагиномаи Баҳроми Гӯрро аз рӯзи таваллудаш то ғайб заданаш дар бар мегирад. Барон ҳамин як номи он “Бахромнома” мебошад. Онро шоир дар 14 моҳи рамазони соли 593 хиҷрӣ мутобиқ ба 31 июли соли 1197 мелодї ба охир расоиидааст. Маснавии мазкур асарест, ки ба назм оварданашро касе аз муаллиф хоҳиш накардааст. Онро шоир бо хости дили худ ба калам овардааст.

Қаҳрамони асосии маснавии “Ҳафт пайкар”-и Низомии Ганҷавӣ -Бањроми Гӯр аслан шахси таьрихист. Баҳром писари Яздгирди Сосони буда, бо номи Бахроми У шӯхрат дошт. Барої он ки дилбасгагии тамом ба шикори гӯр дошт, лақаби Бањроми Гӯрро ба ӯ додаанд. У дар таьрих њамчунин бо ишқбозињояш ва доштани майл ба айшу ишрат машҳур мебошат

“Ҳафтпайкар'”-и Низом» бо он cap мешавад, ки подшоњи сосонї Яздгирди хомандеш бист сол фарзанд меёфт, вале хеx намезист. Вақте ки Бањром таваллуд мешавад, уро бо маслињати донишмандони ситорашинос ба Яман назди њокими он љо ба нарваршш ох мефирисад,

Духтари қайсари ҳумоюнрой

Ҳам ҳумоюну ҳам ба ном – Ҳумой,

Духти Кисро зи насли Кайковус

Дурсатӣ ному хуб чун товус.

Баҳром, ин “биёбонии арабпарвард», чун аз вафоти падараш огоҳӣ меёбад ва ҳам мефаҳмад, ки шаҳриён ва лашкариён ба тахти шоҳӣ ба ҷойи фарзанди шоҳи хомкору ҷаврпеша пирмарди хирадмандеро баргузидаанд, ба Эрон лашкар мекашад. Ба ӯ шарт мегузоранд, ки тоҷи шоҳиро аз байни ду шери жаён бигирад. Баҳроми далер онро иҷро мекунад ва соҳиби тахту тоҷи меросй мешавад ва роҳи адлу додро пеш мегирад.

Расми инсоф dap ҷаҳон овард,

Адлро cap ба осмон овард.

Кард бо додтрварон ёрӣ,

Бо ситамкорагон ситамкорӣ…

Мардумӣ кард дар ҷаҳондорӣ,

Мардумӣ беҳ зи мардумозорӣ…

Мардумӣ карду мардумандӯзӣ,

Ҳеҷ касро намонд бе рӯзӣ.

Кори олам зи нав гирифт наво,

Бар нафасҳо кушода гашт ҳаво.

Раият ҳама аз Баҳром розӣ буданд, зеро мулк обод гардид, фаровонҳосилӣ шуд, гурезаҳо ба кишвар бозгаштанд, зиндониён озод гаштанд, дасти золимон кӯтоҳ шуд, ҳар кас мувофиқи ҳолаш мартабае ёфт, илм пеш рафт. Вақте ки дар мамлакат хушксолӣ омад, Баҳром бо шафқат дари анборҳоро баркушод ва ба мардум озуқа дод ва онҳоро аз марг наҷот дод. Вале пасон ба кори мамлакат бепарво шуда, бо лаҳву ишрату ноз рӯзгори дароз машғул шуд. Духтарони шоҳони ҳафт иқлимро, ки дар касри Хаварнақ дар Яман дида буд, бихост.

Баҳром қасри Ҳафт гунбадро месозонад ва дар хар яке аз он гунбадҳо духтареро аз подшоҳони ҳафт иқлим менишонад ва ҳар рӯзи ҳафта дар яке аз он гунбадхо вақташро бо шунидани афсонаву майгусорию ишқбозӣ мегузаронад. Рӯзи шанбе дар гунбади сиёҳ (Кайвон), якшанбе – зард (Офтоб), Душанбе -сабз (Моҳ), сешанбе – сурх (Миррих), чоршанбе – пирӯзагун (Аторуд), паҷшанбе – сандалй (Муштарй), одина – сапед (Зӯхра).

Чун зи кишваркушои ҳафт иқлим,

Ҳафт духтар ситад чу дурри ятим.

Аз ҷаҳон дил ба шодмонй дод,

Доди айши хушу цавонй дод.

Бо истифода аз бепарвоии Баҳром ба кори мамлакат ва рӯзҳову моҳҳо ва солҳоро бо айшу нӯш гузаронидани ӯ вазираш Ростравшани гургманишу каллоб ва дуруғгӯй мулки ободро хароб, хазинахои пурро холй ва зиндонҳои холиро аз чабрдидагон пур мекунад. Дар мамлакат бедодй, зулм, ситам, ҷабр ҳукмфармо мешавад. Ба гуфтаи Низомй:

То вазорат ба ҳукми Нарсй буд,

Дар вазорат худойтарсй буд.

Ростравшан чу з-у вазорат бурд,

Ростиҳову равшаниҳо мурд.

Аз ин вазъи бади Эрон хоқони Чин воқиф мегардад ва ба он лашкар мекашад. Баҳром аз он огохй меёбад, бар зидци душман бармехезад ва мебинад, ки аз сипоҳу ганҷинаи фаровоне, ки дошт, чизи ночизе мондааст ва ӯ ба шери бедандони очизе монанд шудааст.

Чун сипаҳ бозцуст, панц надид,

Чун ба ганцина рафт, ганц надид.

Ҳам тиҳӣ дид ганци оганда,

Ҳам силеҳу сипаҳ пароканда.’

Монд оҷиз чу шери бедандон,

Тавқ -занҷиру мамлакат – зиндон.

Баҳром барои рафъи малоли хотире, ки аз вазъи мамлакат дошт, ба шикор мебарояд ва шоҳиди он мешавад, ки шубоне сагашро барои ёри гург шуданаш ҷазо медод. Баҳром аз ин кори шубон панд гирифта, аз вазири ситамгораш Ростравшан бозхост мекунад ва пас аз шунидани шикояти ҳафт мазлум ӯро мекушад.

Шох Бахром пас аз дубора барқарор намудани адлу дод ва тартибу низом дар мамлакат ва шикает додани лашкари хокони Чин касри Ҳафт гунбадро ба ҳафт мӯбад медиҳад ва гунбадхоро ба оташгоҳ табдил дода, худоҷӯй мешавад ва дар торе нопадид мегардад.

Низомии Ганҷавй бо нақли саргузашти Баҳроми Гӯр аз рӯзи ба дунё омадан то дар гор нопадид гаштанаш як нуктаро

таъкид кардааст, ки дар кори мамлакатдорй набояд гафлат кард ва аз ҳоли раият ва кишвар бехабар буд ва мамлакатро ба касони золиме мисли Ростравшани вазир дод ва малакатдориро ба айшу нӯш ва ишқбозї иваз намуд. Пахлӯи дигари ин гоя дар достони “Хусрав ва Ширин” низ баён гардида буд.

_Қаҳрамони асосии “Ҳафт пайкар”, бешубња, Баҳроми Гӯр аст. Ў аз хурдй дар парваришгоҳи ҳокими Яман тарбияи хуби ҳаматарафа мегирад ва барои номбардори тахти шох.и Эрон шудан комилан омода мегардад. Вай ҷавони тарбиятдида, бодониш, боҳунар, нотарс ба воя мерасад. Ин сифатҳои ӯ вақте ки зарурати гирифтани точу тахт пас аз марги падараш пеш меояд, ба тамомӣ зуҳур мекунад. Тоҷи шоҳиро аз байни ду шери даранда мегирад ва ба cap мегузорад.

Баҳром шохи одил ва бодод мебошад. Мулкро обод ва раиятро аз худ хуррам мегардонад. Аммо чанд соле аз кори мамлакат дур мешавад ва бо айшу нӯш ва ишқбозӣ шугл меварзад. Бо истифода аз ин. касоне монанди Ростравшан тамоми корҳои неки ӯро дар Эрон бар бод медиханд, ба чойи адлу дод зулму бедодиро пеш мегиранд. Хатари истилои лашкари кишварҳои бегона тахдид мекунад. Баҳром аз ин бохабар шуда, аз айшу нӯш даст мекашад ва аз нав кори мамлакатро пеш мебарад ва адлу додро баркарор менамояд.

5“ИСКАНДАРНОМА”

“Искандарнома” маснавии панҷуми Низомии Ганҷавист. Он аз ду қисм: “Шарафнома” ва “Иқболнома” иборат буда, дар ҳудуди соли 1203 навишта шудааст.

Шоир хангоми эчоди достони Искандар аз сарчашмаҳои гуногун, аз он ҷумла таърихҳои яҳудиву насрониву паҳлавӣ, аз нусхахои пароканда истифода намудаасх. Аммо, бино бар қавли ӯ, дар ҳеҷ яке аз манбаъҳо достони Искандар дар як навард, ба таври муносиб, нигорида нашуда будааст. Бинобар ин хангоми ба назм даровардани он муаллифро лозим омадааст, ки маълумоти мавҷударо пешу қафо созад ва аз онҳо магзашонро бигирад.

Низомй махсусан ба хидмати бузурги Фирдавсй дар баёни достони Искандар ишора кардааст ва гуфтааст, ки соҳиби “Шоҳнома” аз номаҳои дар бораи Искандар мавҷуда танҳо ҳамонҳоеро гирифтааст, ки аз вай гузираш набуд.

Сухангӯӣи пешина донои Тӯс,

Ки орост рӯйи сухан чун арӯс,

Дар он нома, к-он гавҳари суфта ронд,

Басе гуфтаииҳо, ки ногуфта монд…

Нагуфт он чӣ рағбатпазираш набуд,

Ҳамон гуфт, к-аз вай гузираш набуд.

Эроди дигаре, ки муаллифи “Искандарнома” ба манбаъҳои ин достон гирифтааст, дароз будани достон дар баёни онҳост. Бинобар ин ӯ лозим дидааст, ки онҳоро аз олудагиҳо, аз нақлу ривоятҳои иловагӣ ҷудо созад.

Дигар ҳар чӣ кардаид аз бостон,

Ба гуфтаи дароз омадӣ достон…

Зарурат шуд ин шуглро сохтан,

Чунин номаи нагз пардохтан…

Низомӣ, ки дар ришта гавҳар кашид,

Қаламдидаҳоро қалам даркашид.

Ба посуфта дурре, ки дар ганҷ ёфт,

Тс/розуи худро сухансанҷ ёфт.

Ман аз оби ин иуқраи тобнок,

Ҷудо кардам олудагиҳои хок.

Аз рӯйи гуфтаи Низомӣ, муаллифони сарчашмахо дар тасвири чеҳраи Искандар ба се гурӯх тақсим шудаанд. Гурӯҳе онро подшоҳи соҳибсарир, гурӯҳе ҳамчун ҳаким ва сеюмиҳо ҳамчун пайғамбар тасаввур намудаанд.

Гурӯҳеш хонданд соҳибсирир,

Вилоятситон, балки офоқгир.

Гурӯҳе зи девоии дастури ӯ

Ба ҳикмат навиштаид матиури ӯ,

Гурӯҳе зи покиву динпарварӣ

Пазиро шудандаш ба пайғамбарӣ.

Соқиби “Искандарнома” эьлом доштааст, ки ӯ аз ин се донае, ки доноёни гузашта фишондаанд, дарахти баруманде хоҳад нишонд.

Maн аз ҳар се дона, ки доно фишонд,

Дарахте баруманд хоҳам нишонд.

Нахустин дар аз подиюӣ занам, ки дар ин табдили чеҳраи таърихии Искандар ба чеҳраи ормонї аз Юнон будани ӯ, аз сарзамине, ки дар Шарқ рамзи ҳикмат буд ва ҳикмати юнонї пайравони зиёде, мисли Форобї ва Ибни Сино дошт, омили асосї ва муассир буд. Низомї ва дигар шоирони форсигӯй чеҳраи Искандарро аз ин ҷиҳат барои офаридани тасвири ғояи шоҳи одил бештар муносиб ва мувофиқ донистаанд.

1 Скачать

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.