Масъалаҳои тарбиявӣ дар Эҷодиёти Абдӯллоҳи  Рӯдакӣ

Масъалаҳои тарбиявӣ дар Эҷодиёти Абдӯллоҳи  Рӯдакӣ

Дар эҷодиёти ин шоири бузурги асри Х ва сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдӯллоҳи Рӯдакӣ масъалаҳои тарбияи ахлоқу одоб, омӯхтани илму ҳунар  мавқеи мнамоён ишғол менамояд. Ин хусусиятро дар эҷодиёти аксарияти шоирони асри Х ва асрхои минбаъда дидан мумкин аст. Ҳатто баъзе шоирони тоҷик дар эҷодиёти худ ба масъалаи ахлоқу одоб чунин мавқеи калон додаанд , ки  дар Ғарб хамчун мутахассиси соҳаи ахлок – “моралист” шинохта шудаанд. Масалан, шоири классики форсу тоҷик шайх Муслиҳиддин Саъдӣ бо чунин ном шуҳрат пайдо кардааст.

Аз маъхазҳои таърихӣ маълум аст, ки вақте ки арабҳо Осиёи Миёнаро забт кардаанд, аҳолии ин сарзаминро ғорат намуда, замин ва дигар асбобу анҷоми онҳоро ғасб намуда.ю дину оин ва анъанаҳои миллии онҳоро барҳам дода, онҳоро ба қабул кардани дини Ислом маҷбур кардаанд ва деҳконони меҳнаткашро ба заминҳои худ вобаста карда , аз қувваи онҳо бераҳмона истифода мебурданд. Вале халқи тоҷик ба ин хорию зорӣ тан надода, аз дину оини пештараи худ даст намекашиданд. Халқи меҳнаткаш бар зидди истилогарони араб муборизаҳои худро давом медод. Шӯришҳои халқӣ, монанди шӯриши Абӯмуслим ва Муқаннаъ ба вуҷуд омаданд.

Чунон ки Б. Ғафуров  қайд мекунад , протсесси ташаккули халқи тоҷик, ки бо зарурати таърихӣ ҳанӯз то истилоҳи араб шурӯъ ёфта буд ва истилогарони араб ҳарчанд кӯшиш карданд ҳам , онро барҳам дода натавонистанд.

Рӯдакӣ яке аз шоирони пешқадами замони худ буд , ки дар адабиёти китобӣанъанаҳои эҷодиёти шифоҳии халқро инкишоф дода, асоси афкори педагогии халқи тоҷикро гузошт.

Рӯдакӣ барои такмил ёфтани шахсияти одам тарбия ва муҳитро омили асосӣ мешуморад. Ба фикри Рӯдакӣ одам бояд аз ҷиҳати ҷисмонӣ, ахлоқи ва фикрӣ бояд баробар инкишоф ёфта бошад:

Чаҳор чиз марғозодаро зиӯам бихрад,

Тани дурусту хӯи неку ному неку хирад.

Ҳар он кӣ эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,

Сазад, кишод зиядҷовидону ғам нахурад.

Рӯдакӣ барои хирадманд шудан , яъне барои инкишофи ақлии одам донишро зарур мешуморад:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ, рӯ ту бар ин ганҷ неҳ.

Дар бораи пайдоиши дониш ҳам фикри Рӯдакӣ пешқадамтарин фикри замони ӯст. Аз нуқтаи назари ӯ , аз ҳамон давраи пайдо шудани инсоният ин ҷониб одамон ба дониш эҳтиёҷ пайдо кардаанд ва ҳеҷ кас аз илмомӯзӣ ва фидокорӣ дар ин роҳ пушаймон нашудааст:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз

Мардумони бихрад андар ҳар замон

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду киромӣ доштанд

То ба санг андар ҳаме бингоштанд

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст

Ақидаҳои Рӯдакӣ оиди ирсияти донин ин аст, дониш аз насл ба насл намегузарад, балкӣ дар натиҷаи таъсироти муҳит ва тарбия пайдо мешавад. Вале Рӯдакӣ таъсироти ирсиятро тамоман рад намекунад. Вай мегӯяд:

То сабрро набошад ширинии шакар,

То бедро набошадбӯи чу дорбӯй

Аз ин чунин маънӣ мебарояд ,ки агар аз дарахти талхи сабр ширинии шакар ва аз бед бӯи хуши дарахти дорбӯйро умед кардан мумкин набошад, аз бачае, ки камбудии табиӣ дошта бошад, дараҷаи баланди инкишофи қобилият ва истеъдодро умедвор шудан мумкин нест. Яъне ҳар як бачаро то дараҷаи одамони генеалӣ тарбия кардан мумкин нест. Барои одами генеалӣ шудан заковати табиӣ лозим аст

Ҳаёт манбаи тамоми дониш, хирад, фазилатҳои инсонист. Ҳаёт муаллим ва мурабии бузург аст. Он чизе, ки одам аз ҳаёт наомӯхтааст, ба вай ягон муаллим омӯзонида наметавонад. Ӯ мегӯяд:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд

Ва ё дар дигар ҷо чунин мегӯяд:

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор

Рӯдакӣ ҳаётро омӯзгор ва мураббӣ шуморида, нишон медиҳад ,ки одам агар ҳаётро омӯзад, нисбат ба одамон некбин мешавад:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

Не ба-д-он чашм к-андарнигарӣ

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ

Киштие соз, то  ба-д-он гузарӣ

Рӯдакӣ мардӣ ва далериро бо худдорӣ , хоксорӣ ва накӯкорӣ барин сифатҳои хуби ахлоқӣ вобаста медонад. Ӯ чунин мегӯяд:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

Рӯдакӣ ҳамчун инсонпарвар дӯстӣ ва рафоқатро барои ҳаёти одам муҳим шуморидааст. Ба фикри ӯ, муҳаббат ва дустӣ ҳисси баланд аст, ки ба одам рӯҳан таъсири сахте мерасонад:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидорӣ рӯи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар

Аз фироқи дӯстони пурҳунар

Рӯдакӣ халқи худро дӯст медошт ва ба ҳукмрони золим ва ғоратгарро огоҳ мекард, ки аз ситамгарӣ даст кашад, вагарна ба ғазаби Худо гирифтор хоҳад шуд

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики худованд бадӣ нест фаромӯшт.

Ин теғ на аз баҳри ситамгорон кардаанд,

Ангур на аз баҳри назиб аст ба чархушт….

Ангушт макун ранҷа ба дар куфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Рӯдакӣ ҳамчун инсонпарвари бузурги замони худ мехост, ки дар ҷамъият сулҳу амният пойдор бошад.

 

Хулоса:

Сарчашмаи афкори педагогии халқи тоҷик эҷодиёти шифоҳии халқ мебошад, ки дар давраҳои қадим пайдо шуда, ақидахои халқро оид ба тарбия инъикос кардааст ва барои тарбияи насли наврас ҳамчун дастурамал хизмат кардааст.Дар асоси ҳамин талабот намояндагони илму адаби асри Х бо сардории Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба тарғиби илму хирад миён бастаанд , идеяҳоитарбиявии эҷодиёти шифоҳии халқ ва осори хаттиро инкишоф додаанд ва асоси афкори педагогии ҳалки тоҷик гузошта шуд.

 

0 Загрузки

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.