Шеърхои шоир ва нависандаи точик Садриддин Айни

САДРИДДИН АЙНИ

САҲАРГОҲОН

Сахаргоҳон, ки булбул дар наво шуд,

Гул аз шоди шукуфту ғунча во шуд.

Шумо, эй булбулони боғи мактаб,

Саҳаргоҳон набояд хуфт ҳар шаб.

Шумо ҳам дар наво оед, бояд,

Ки то аз боғи маъни гул кушояд.

Саҳаргоҳон гулистони дабистон.

Тароватбахш бошад чун гулистон.

Чаро аз ин гулистон гул начинед?

Чаро дар кунчи бекорй нишинед?

Чй хуш гуфтаст як донои асрор,

Ба гуфтори хуши у гўш медор;

«Зи бекорон худо безор бошад,

Ба аҳли кор эзид ёр бошад».

Биёед, эй шарикон, дарс хонем,

Ба бекорию нодони намонем.

Ба олам ҳар касе бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Наёбад роҳи дунёву қиёмат,

Набинад аз касе рўи хиёнат.

Биёед, зй рафиқони маони,

Ба хам гардем чуёни маони.

Зи илму маърифат гар бахра ёбем,

Тавон бозуи нодонй битобем.

Вагар на ҷаҳл бар мо ҳамла орад,

Димор аз рўзгори мо барорад.

МАКТАБ

Аз файзи яздон хон аст мактаб,

Бар лаъли ирфон кон аст мактаб.

Бе чон ҷасадро қадре набошад,

Ҷисм  аст инсон, ҷон аст мактаб.

Аз мактаб ояд осоиши дил,

Марғуби дилҳо з-он аст мактаб.

Бе мактабонро набвад ҳаёте,

Об аст мактаб, ном аст мактаб.

Саъд аст мактаб, хайр аст мактаб.

Азиз аст мактаб, шон аст мактаб.

Дар чашми биниш нур аст дониш,

Дар ҷисми дониш ҷон аст мактаб.

Дар моҳии ҷон об аст ирфон,

Дар мурғи ирфон дон аст мактаб.

МАКТАБ

Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,

Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.

Як нуқтаи мухтасар зи мактаб гўям:

Одам нашавад касе, магар зи мактаб.

БОЗ МАКТАБ

Рўи иродат матоб аз дари мактаб,

То ки шави комёб аз дари мактаб.

Тўшаи дину ҳам зарурати дунё

Рав ба суҳулат биёб аз дари мактаб.

Хонаи аҳлоки мо харобшуда, ҷўй

Тасфияи ин хароб аз дари мактаб.

Хастагии мо чунон ки ҳаёт надонад,

Он ки нахонд китоб аз дари мактаб.

Ташналаби то ба кай ба водии ғафлат,

Хез, биё, нўш об аз дари мактаб.

Чанд нишини ба эҳтиёҷу зарурат?

Гавҳари ноёб ёб аз дари мактаб.

То ки нагарди залил бар дари мардум,

Руи талаб барматоб аз дари мактаб.

Баччаи одам чаро зи илм гурезад?

Хон! Накуни иҷтиноб аз дари мактаб.

Хосса дар ин асри мо, ки баччаи хайвон

Ёфт ба илм интисоб аз дари мактаб.

Аз рахи ибрат нигар шуданд маҳзур

Хайли вуҳушу давоб аз дари мактаб.

Бо амалн кимиёву фанни саноат

Хок шавад мушки ноб аз дари мактаб.

Гашт сияҳ рўзи мо з-абри ҷаҳолат

Гў, ки расад офтоб аз дари мактаб.

МАСНАВИ ДАР ВАСФИ МАКТАБ

Эй монда қадам ба роҳи мактаб,

Олист мақому ҷоҳи мактаб.

Мактаб сабаби ҳаёт бошад,

Мактаб сабаби наҷот бошад.

Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад.

Мактаб ба ту шаҳду нўш бахшад.

Мактаб ба ту дод илму одоб,

Мактаб ба ту дод дурри ноёб.

Мактаб ба ту раҳбари яқин аст.

Мактаб устоди илму дин аст.

Бархезу гузор хоби худро,

Баргир ба каф китоби худро

Рав аз ҳама пештар ба мактаб,

Шавқ аст туро агар ба мактаб.

Саъе бинамову илму одоб

Беҳтар зи шарики хеш дарёб.

То дар ду ҷаҳон азиз боши,

Бо донишу ботамиз боши.

БАЙТ

Оқил он бошад, ки ў шокир бувад

В-он гаҳе бар нафси худ қоҳир бувад.

Ҳар ки хашми худ фурў хўрд, эй ҷавон,

Бошад ў аз ростагорони ҷаҳон.

БАЙТ

Он бошад аблаҳтарини мардумон,

К-аз паи нафсу ҳаво бошад давон.

МАСНАВИ

Ҳар кас ки назарбаланд аст,

Фархундаву арҷуманд бошад.

Ҳар кас ки ба чизи кас назар надўхт,

Хоҳи, ки шави азиз, эй ҷон,

Бахшою бидеҳ, магиру мастон.

Бахшой, на ба тариқи исроф.

Мақсуду савоб дору не лоф.

БАЙТ

Вазид аз бўстон боди баҳорон,

Расид овози хуш аз обшорон,

Замини боғ шуд чун сабза дебо,

Чу бар сабза расида оби борон.

Хуш он кас к-ў дар ин фаслу дар ин аҳд,

Равад дар бўстон бо дўстдорон.

Кунад такрори дарси хеш аз саъй,

Ба пои сарву тарфи ҷўйборон.

Худовандо, илоҳо, кирдугоро !

Диҳи илму амал бо ҷумла ёрон.

БАЙТ

Омад баҳороу омад шоди дили ҳазинро,

Дебои сабз густарад сабза ҳама заминро.

Бингар ба лолав гул, навои булбул,

Бе ихтиёр гўи бар эзид офаринро.

Бигзар бар тарафи гулшан, бингар ба сарву савсан,

К-аз тарҳи хубу аҳсан мансух карда чинро.

Хуррам дили касоне дар дар инчунин замоне

Созанд хуш баёне дарси улуму динро.

ЗАМИНРО БОЯД НАФУРЎШЕД !

Эй қуввати ҷисму қути ҷонам,

Осоиши ҷони нотавонам.

Бишнав зи ман ин хуҷаста гуфтор:

Мафрўш замини хеш зинҳор.

Мафрўш замин, ки гавҳар аст ин,

Гавҳар чи? Шафиқ модар аст ин.

Ин хоки сияҳ, ки мушк без аст,

Мафрўш, ки модари азиз аст.

Чун модари мехрубони чони

Парварда туро ба меҳрубони.

Кас модари мехрубон фурўшад?!

Аблаҳ бошад, ки он фурўшад.

Ин хоки сияҳ ба ин сиёхи

Бахшад ба ту неъмати илоҳи!

Ҳар чиз хўриву ҳар чи нуши,

Ҳар ҷой нишаста, ҳар чи пўши,

Рўяд зи замини хокпайкар,

Аз марҳамати худои акбар.

Мафрўш замин, ки хор гарди,

Берўзиву беқарор гарди.

Як парча замин, ки киштзор аст,

Бар тарзи маишатат мадор аст.

На ош хўрад, на нон, на мева.

Бахшад ба ту ошу нону мева.

Ҳар тухм ба киштзор кори,

Даҳ мерўяд ба лутф боои.

Боғи ту ки пур з-ангубин аст,

Хуррам ҷоесту дилнишин аст.

Ҳам себ диҳад туро, ҳам олу,

Шафтолуву ноку олуболу.

Ангур, к-ин қадар лазиз аст,

Аз боғи ту муфт раест чиз аст.

Боғ аз чи сабаб ба зар агар фурўши?

Зар муфт равад фуруши.

Ҳам боғ равад зи даст, ҳам зар,

Мони ба ҷаҳон харобу абтар.

Зар чамъ куну замин ба даст ор,

Мекор замин, кн зар диҳад бор.

Бо зар ту гар эҳтиёҷ дори,

Гандум мекор то зар ори.

Зинҳор замину боғ мафрўш!

Ин панди накў бигир дар гўш.

Устоди бузург Ғаспарони,

Бодо ба биҳишт ҷовидони,

Ин панди накўи ки нағз бингошт,

Бар мову ту ёдгор бигзошт.

ЗАМЗАМАИ ДАБИСТОН

Мавсими барфу фасли зимистон

Боғ дигар шуду саҳни дабистон.

Илму маориф, суриву савсан,

Толиби ирфон, булбули дастон.

Хома ба ҷавлон – сарви хиромон,

Сафҳаи коғаз – саҳнаи бўстон.

Ранги сиёхи – дофеи зулмат,

Хориқаи  бас булачаб аст он.

Зарфи мураккаб – ҳавзи мусаффо,

Ҷадвали дафтан – ҷўи гулистон,

Машъали ирфон – меҳри дурахшон,

Партави дониш – шамъи шабистон,

Парчаи коғаз ё чаман аст ин,

Сафҳаи дафтар ё чаман аст он.

Гўши итоат – ғунчаи дониш

Сўи муаллим дар деҳу бўстон.

Замзамаи мо – нағмаи мактаб,

Бадрақаи мо – илмпарастон.

Гуфтаи Аайни гар бипазнри,

Хезу равон шав сўи дабистон.

КАСИДАИ ФОРСИ

Бодо санои беҳад он раббиоламинро,

Ин гуна кард одам аз лутф моеу тинро.

Бодо дуруд ҳар дам бар он расули акрам,

К-аз шаръ дод барҳам аз хзлқ, куфру кинро.

Бодо ҳазор раҳмат бар соҳибони ҳазрат,

Ҳар як шуда ба уммат ҳоди раҳи яқинро.

Ё раб, бубахш бар мо иззат ба дину дунё,

Гардем  аҳли тақви, донем роҳи динро.

Оед, эй рафиқон, дар мактаб аз дилу ҷон,

Таҳсили илму ирфон фарз аст муслиминро.

Таматул – китоб биъавним маликул ваҳҳоб

8 Загрузки

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.