Латифахо. Латифа чист?

Латифа яке аз жанрҳои маъмули адабиёти шифоҳӣ буда, ҳанӯз дар замонҳои қадим дар байни халқ пайдо шудааст. Латифа хусусиятҳои хоси худро дорост. Латифа ҳаҷман хурд буда, дар он воқеа ба тезӣ огоз ёфта, ба авҷи аъло мерасад ва ҳамоно хотима меёбад. Латифа жанри ҳаҷвист. Дар он кирдорҳои ношоистаи одамон, зулму таадции золимон, хислатҳои бади инсонӣ сахт мазаммат карда мешаванд. Инчунин дар баъзе латифаҳо содалавҳй, нодонй, бефаросатии як гурӯҳ одамони ҷомеа бо оҳанги ҳазлу шӯхй, яъне ба тарзи дигар гӯем, бегаразона мазаммат гардидаанд.

Қаҳрамони латифаҳои халқӣ Насриддин Афандй, Мулло Мушфиқй, Баҳлул, Ҷуҳӣ ва дигарон мебошанд. Онҳо шахсони поквиҷдон, ростқавл буда, аз болои ашхоси золим, бадкирдор дастболо мешаванд, голиб мебароянд. Онҳо мақсаду мароми халқро ифода мекунанд ва барои ҳимояи мардуми одцӣ мубориза мебаранд.

ЧОРПО МЕНАМОЕД

Як марди олус1 барои додхоҳй2 ба назди подшоҳ омад. Подшоҳ ба ҷои шунидани арзу дод он мардро изо доданӣ шуда пурсид:

  • Ба назари олусҳо ҳар як чиз дуто менамояд мегӯянд, ҳамин гап рост?

Олус дарҳол ҷавоб дод:

  • Ҳо, тақсир! Масалан, ҳозир шумо ба назари ман чорпо менамоед!

АБДУЛЛОХОН ЧӢ МЕГИРАД?

Абдуллохон дар биёбони Қаршӣ сардобаҳо3 ва обанборҳо месохт, деҳқононро маҷбурӣ кор мефармуд.

Рӯзе Абдуллохон дар вақти сохтани як сардоба либоси деҳқонӣ пушица дар миёнаи мардикорон даромад, то ки аз фикру андешаи онҳо воқиф шавад ва агар хаёли шӯрише ва исене допгга бошанд, пеш аз вақг хабардор гардад.

Абдуллохон дар вақги махфигардӣ бо мардикоре ҳамсуҳбат шуда пурСид:

  • Аз ҳамин қадар ташвиши иморатсозӣ ба Абдуллохон савобе ҳаст ё не?

Мардикор ҷавоб дод:

  • Касе, ки ба иморат хипгг дода бошад, хишташро мегирад, гаҷ дода бошад, гаҷашро мегирад. Абдуллохон ҳам ҳар чӣ дода бошад, ҳамонро мегирад.
  • Абдуллохон ба ин иморат чиҳо дод, ки онҳоро мегирад? – гуфта боз пурсид Абдуллохон.
  • Ӯ мардумро азоб дод, уқубат дод, зулму бедодгарӣ кард. Ана ҳаминҳоро мегирад, – гуфт мардикор.
  • Маро мешиносй? – Абдуллохон аз мардикор пурсид.
  • Не.
  • Ман Абдуллохон мебошам.
  • Бисёр хуб, – гуфт мардикор ва худ пурсид:
  • Шумо маро мепшносед?
  • Не, – гуфт Абдуллохон.
  • Ман як деҳқони фақире мебошам, ки дар ҳар моҳ се рӯз девона мешавам. Имрузҳо навбати девонагии ман аст.
  • Мардикор бо ҳамин тадбир аз ҷазо халос шуд.

ЛУЧ ГУРОНЕД ҲАМ, МАЙЛАШ

Ятиме аз хуҷаинаш пурсид:

  • Агар ман мурам, чӣ навъ мегӯронед?
  • Чӣ навъ мегӯрондам. Чор газ карбос мегираму кафан дӯзонда, мурдаатро ба вай печонда ба мазор мефиристонам, ба гуре метикконанду мемонанд-дия, – гуфт хӯҷаин дар ҷавоб.
  • Ин тавр бошад, – гуфт ятим, – биёед, дар вақти зиндагиам ба ман як курта-эзори карбос дузонда диҳед. Баъд аз мурданам луч гӯронед ҳам, майлаш.

ХОҶА ҲОФИЗ ВА ХИШТРЕЗ

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз роҳе гузашта истода буд. Дар паҳлуи роҳ як хиштрезро дид, ки шеърҳои ӯро галат хонда истодааст. Ҳофиз андак гӯш карда истоду баъд якбора хиштҳои рехта мондагии хиштрезро пахш карда гузапгган гирифт. Хиштрез ӯро дида тохта омаду аз гиребонаш гирифта дашном дод:

  • Магар чашмат кӯр аст, ки роҳро монда аз болои хиштҳо меравӣ ва меҳнати маро барбод медихй?

Ҳофиз ҳам гиребони уро маҳкам гирифта гуфт:

  • Магар ту девонай, шеърҳои хуни дил хӯрда навиштагии маро расво карда, галат мехонй?!

БОЯД ХУДАМ ҲАМРОҲИ ХАТ РАВАМ

Касе аз Насриддин Афандӣ илтимос кард, ки барои ӯ ба номи як дӯсташ хат навишта диҳад.

Афандӣ пурсид:

  • Дустатон дар куҷо ва ин хатро ба куҷо мефиристонед?
  • Дӯстам дар Багдод аст, ки ин хатро ҳам ҳамин рӯз ба он ҷо мефиристонам, – гуфт он кас дар ҷавоб.
  • Мебахшед, ки ман фурсати Багдодравӣ надорам, он ҷо бисёр дур аст, – гуфт Афандй.
  • Хатро дар ҳамин ҷо менависед, ман худам мефиристонам, ба Багдод рафтани шумо лозим нест.
  • Агар ман ба касе хат нависам, бояд ҳамроҳи хат худам рафта хонда диҳам, зеро каси дигар хати маро хонда наметавонад.

СОДАДИЛ АКСИ ХУДРО НАМЕШИНОСАД

Содадиле дар роҳ мерафт, дар сари роҳ оиначаеро дида аз замин бардошта гирифт. Вақте ки оиначаро ба худ рӯ ба рӯ карда, акси худро дар он дид, хиҷолат кашида:

  • Мебахшед, ин оинача аз они шумо будаасту ман бесоҳиб гумон карда гирифтаам, – гуфт ва оиначаро ба ҷояш гузошта ба роҳи худ давом кард.

РАИС ВА МУШФИҚӢ

Раиси шаҳр4 Мушфиқиро дар куча дошта пурсид:

  • Намози бомдод чанд ракаат?

Мушфиқи гапашро гум карда:

  • Ҳашт ракаат, тақсир… – гуфта фиристод. Раис ба одамонаш фармуд, ки Мушфиқиро луч карда даҳ дарра зананд. Мушфиқӣ дар зери шаллоқ дод мезад. Занаш, ки дар пушти дарвоза истода буд, гуфт:
  • Муред шумо мардаки беҳуш! Охир чор ракаат гӯед намешуд?

Мушфиқӣ занашро коҳиш кард:

  • Дам шав, занаки беақл, ҳашт ракаат гуфта-ку даҳ дарра хӯрдам, агар чор ракаат гӯям, албатта, бист дарра мезананд, ки мурда мемондам!

НЕ, НЕ ИН САЛЛАЮ ҶОМАИ МАН НАБУДААСТ

Мушфиқӣ шабе аз як пасткӯчаи Бухоро гузашта истода дид, ки дар сари роҳ як маст хобидааст. Мушфиқӣ он мастро ин тараф, он тараф ғелонда диду шинохт, ки раиси шаҳр будаст. Ба даҳону биниаш боб карда се-чор лағад фуровард. Аммо маст ҳушёр нашуд. Баьд Мушфиқӣ саллаю ҷомаи вайро кашида гирифту ба роҳаш рафт.

Саҳарӣ раис ҳушёр шуда ба раисхона рафту ба мулозимонаш гуфт:

  • Имшаб аз хона саллаю ҷомаи маро дуздида рафтаанд. Шумо дар кӯчаю бозорҳо диққат карда гардед, ҳамон либосҳои маро дар даст ё дар сару тани ягон кас дида шиносед, ҳамон одамро ба пеши ман ғирифта биёред!

Мулозимони раис дар кучаҳо гашта, ба ногоҳ чашмашон ба Мушфиқӣ афтоду дар сару тани вай саллаю ҷомаи раисро шинохтанд ва ӯро кашолаю пуштора карда ба раисхона бурданд. Раис Мушфиқиро дида дар газаб шуду дӯғ зад:

  • Саллаю ҷомаи ман аз куҷо ба ту муттаҳам расид?

Мушфиқӣ бо оромӣ ҷавоб дод:

  • Тақсир, аввал пурсиш, баъд кӯшиш гуфтаанд. Ман дина шаб аз фалон паскӯча гузашта истода ба як маст вохурдам, ки дар сари роҳ ба хоку лоӣ ҷӯлида хобидааст, се-чор лагад кӯфтам, ҳушёр нашуд. Охир саллаю ҷомаашро кашида гирифтам. Агар ҳамон маст шумо бошед, ин саллаю ҷома ҳам аз они шумо будагист, марҳамат карда гиред!

Раис4 дид, ки аз ин гап шарманда мешавад, телба шуда гуфт:

  • Не, не, ин саллаю ҷомаи ман набудааст, ба корат рафтан гир!

МУШФИҚИ ВА ҚОЗИКАЛОН

Яке аз бойҳо тӯӣ карду барои хабар кардани қозикалон Мушфиқиро фиристод. Вақте ки Мушфиқӣ ба ҳавлии қозикалон бе таклиф даромада омад, қозикалон оташин шуда ба вай гуфт:

  • Магар аз даргоҳи боӣ ягон одам ёфт нашудааст, ки барои хабар кардани ман ту барин харро фиристодааст?

Мушфиқӣ ҷавоб дод:

  • Тақсир, бойбобо ҳамаи одамҳоро барои хабар кардани одамҳо фиристоданду лекин маро барои хабар кардани шумо!
test

Добавить комментарий