Пандхои судманд аз асарҳои насри

  1. Айби мардум бипуш! Ва дин ба дунё мафурӯш!
  2. Ҳар кӣ ин даҳ фазилат шиори худ созад дар дунёву охират кори худ созад: бо Худо бо сидқу бо халқ боинсоф; бо нафс бо қаҳру бо дарвешон ба лутф; бо бузурғон ба хидмату бо хурдон ба шафқат; бо дӯстон ба насиҳату бо душманон ба ҳилм1; бо ҷоҳилон ба хомушиву бо олимон ба тавозӯт.
  3. Пурсид, ки дар ҳаққи дунё чӣ гӯй? Гуфт: – Чӣ гӯям дар ҳаққи чизе, ки ба ранҷ ба дасг оранду ба ҳасрат бигзоранд.
  4. Дигар фармуд: Сармояи умрро ғанимат шумор ва тоати ҳақро ғанимат дор!
  5. Аз омӯхтан нанг мадор!
  6. Наҷоти нафс дар ибодат ҷуй!
  7. Дар ҳар коре, ки бошад, ёрӣ аз Ҳақ талаб!
  8. Аз нодони магрур иҷтиноб2 намой!
  9. Ношунидаю нодида маҷӯӣ айби касон: ва ба айби худ бино бош!
  10. То напурсанд, магуй, то нахонанд, марав!
  11. Баландӣ ба сабр ҷӯй!
  12. Дунёпараст мабош!
  13. Аз омухтани илм майосой!3
  14. Бар тоат ҳарис бош!
  15. Дар ниҳон беҳтар аз ошкор бош!
  16. Даргузар, то даргузаранд!
  17. Аз худ лоф мазан!
  18. Он чӣ наниҳодай, бармагир!
  19. Дилро бозичаи дев масоз!
  20. Ҳарчӣ ба худ раво надорй, бар дигарон маписанд!4
  21. Бандаи ҳирс5 мабош!
  22. То тавонӣ нони кас махӯр ва нон аз ҳеҷ кас дареғ мадор!
  23. Аз додаи Худоӣ хӯр, ки ҳаргиз кам нашавад.
  24. Диҳанда Худоро дону аз дарвешӣ матарс!
  25. Сармоя ба суди6 бисёр мадеҳ!
  26. Худро асири шаҳват масоз!
  27. Офиятро7 ба фармони нафс аз даст мадеҳ!
  28. Душман агар ҳақир буд, хораш мадор!
  29. Бо ношинос ҳамсафар мабош!
  30. Андаки худро беҳтар аз бисёри дигарон дон!
  31. Ҳар ҷо, ки бошӣ Худоро ҳозир дон!
  32. Вақтро ғанимат дон!
  33. Ёрро вақти хашму газаб биозмой!
  34. То тавонӣ ниези худ бар махлуқ8 арза макун.
  35. Амонат нигоҳ дор, хомушӣ шиор соз ва бехудагуиро сари ҳама офатҳо дон!
  36. Ҳоҷатравоиро кори бузург дон!
  37. Дусти Худойро дар камозорӣ шинос!
  38. Саодати дунёю охират дар муҳаббати доно дон!
  39. Аз нодон доман даркаш!
  40. Дар сухан касро хиҷил масоз!

Аз сухане, ки ханда ояд ҳазар кун!

  1. Миқцори моли худ бо ҳеҷ кас магӯй!
  2. Бо мардуми бешарму беҳаё манишин, ки дар дунёву охират мазаллату уқубат9 бошад.
  3. То хашм нанишинад сухан магӯ!
  4. Ҳурмати ҳама кас нигоҳ дор, то туро ҳурмат бошад.
  5. Таоми бисёр махӯр, ки дил сиёҳ кунад ва аз ибодат боз дорад.
  6. Ботинро беҳтар аз зоҳир дон, ки зоҳир назаргоҳи халқ асту ботин назаргоҳи Ҳақ.
  7. Коре накунй, ки дар назари ҳазрати Ҳақ Субҳона ва Таъоло хиҷил ва шармсор гардӣ.
  8. Чун касе сухан гуяд, хомуш бош.
  9. Покэътиқодро безавол дон!
  10. Ба сабр баландӣ ҷуӣ ва дунёпараст мабош!
  11. Аз ростӣ шафеъангез10 сухан аз шаҳодат11 гӯй.
  12. Агар роҳат хоҳӣ ранҷ каш, бар тоат ҳарис бош!
  13. Диҳанда Худоро дон.
  14. Сармоя ба суд бисёр мадеҳ, ки дар охират зиён дорад.
  15. Худро асири шаҳват масоз.
  16. Аз навкиса вом12 махоҳ.
  17. Ками худро аз бйсёри дигарон беҳтар дон!
  18. Тадбир бо мардуми доно ҷӯй.
  19. Ҷавониро ғанимат дон. Ба ҳангоми ҷавонӣ корҳои ҳарду ҷаҳонӣ бисоз, ёрон ва дӯстонро азиз дор. Харҷ ба андозаи дахл кун, илму адаб омӯз ва тир андохтану савориҳо ёд гиру ёд деҳ.
  20. Эӣ азизо! Дари зулм макшоӣ ва аз оҳи мазлумон ҳазар намой, ки зулм намудан аз Худо бехабарист ва мазлумонро кӯ ба кӯ рондан мояи бехирадист.

Макун, ки оҳи фақире шабе бурун ояд,

Ҳазор ҳамчу ту аз хонумон барандозад.

Зи тири оҳи ятимон магар наметарсй?

Фиғону нола ба Аршу малоик андозад.

Ҳазар намоӣ аз он нолаи саҳаргоҳӣ,

Ки гар ба кӯҳ занад, равзанае13 дар он созад.

Ба вақти нимишабӣ гар бигуяд: «Эӣ Оллоҳ!»,

Ҳазор ҳамчу ту аз хонумон барандозад.

Ҳазор ҷафшани фӯлод гар бипушӣ ту,

Зи оҳи гарми фақире чу мум бигдозад.

Матоз бар сари мазлуми сокин, эӣ золим,

Ки дасти фитнаи айём ба сарам тозад.

Агар биҳил накунад соили14 ситамдида,

Ҷазодиҳанда туро дар Ҷаҳаннам андозад.

Зи бари ҷаври лаимон манол Абдуллоҳ,

Ки гар хасе бизанад, Кирдигор бинвозад.

КАҶРАВ МАБОШ

Донишманди олитаборе ба Ҳирот бор медиҳад. Дар маҷолиси мӯътабаре ба ӯ сухан медиҳанд. Эшон бо дард лаб боз мекунад: «Эӣ подшоҳи некӯном ва эӣ қозии ақлислом! Аввали зулм асар аст ва охири ӯ ҳисор аст. Бомдоди ситам сим аст ва шабонгоҳи ӯ бим аст. Баҳор бӯйи бетароват аст ва тирамоҳи ӯ ба шаковат аст. Ибтйдои ҷавр сароб аст ва интиҳои ӯ азоб аст. Имрӯз туғёни шаҳсаворист ва фардои ӯ шармсорист. Ва иллоҳ оҳи саҳарии мазЛум вақте шавад маълум, ки теғ бинад бар сар ва барбод диҳад афсар ва бигуяд аҳли осмону замин»: Шоҳо! Каҷрав мабош чун фарзин, ки ҳамеша бимонӣ дар зин» шеър:

Хусраво, ногоҳ хазоне даррасад гулзорро,

Ҳамчунин донам набинӣ равнақи бозорро.

Гар ҳамедонӣ чӣ гуфтам, ҷахд кун, дар йлм кӯш, Кинаро аз дил бадар кун, бас кун ин озорро.

Дасти зулм аз остини зулм бар мардум макаш!

Оҳи мазлумон саҳаргоҳ бияфканад кӯҳсорро.

Буд Нӯшервони Одил кофиру оташпараст,

Лек ӯ иқрор карда эзиди ҷабборро.

Номи ӯ одил барояд в-они ту золим ба Ҳашр,

Мӯмино, баргӯ, ки бар худ чун кашӣ ин орро.

Эӣ ки ту мағрури бахту давлати фархундай,

Хоҷаи соҳибсарире мафраши огандаӣ.

Ё ки Хуршедӣ ба сурат, ё ки Ҷамшедӣ ба ҳусн,

Ё ки Зӯҳра чеҳра дорй, ё чу маҳ тобандай.

Гарчӣ Шаддодй, валекин нести эмин зи марг.

Ҳеҷ кас гуфтааст ба ту: “То абад пояндаӣ?”,

Гар амирӣ ҳам бимирй, пири Ансорӣ бидон!

Хоҷагӣ аз ту назебад, сар бинеҳ чун бандай!

Сад сол дар оташам агар маҳал бувад,

Он отапга сузанда маро саҳл бувад.

Бо мардуми ноаҳл мабодо сӯхбат,

«Аз марг бадтар сӯҳбати ноаҳл бувад».

Масти туам, аз бодаву ҷом озодам,

Сайди туам, аз донаву дом озодам.

Мақсуди ман аз Қаъбаву бутхона туй,

В-арна ман аз ҳар ду мақом озодам.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.