Саъдуддини Варовини

Саъдуддини Варовини

image11

Саъдуддин нависандаи хушзавқ ва донишманди тавоное будааст. дар нимаи дуюми асри XI ва нимаи аввали асри XII зиндагӣ кардааст. Нависанда илмҳои маъмули замонаро аз худ намудааст. Махсусан, аз таърих ва фарҳанги гузапггагони хеш огоҳии комил доштааст. Саъдуддин аз хурдсолӣ ҳикоёту масалҳои халқӣ, нақлу ривоят, зарбулмасалу мақоли мардумиро аз бар менамуд. Исботи суханони мо асари ҳаҷман бузурги «Марзбоннома» шуда метавонад. Ин асар дар асри X бо лаҳҷаи мардуми Табаристон аз тарафи Марзубон ибни Рустам ибни Шаҳриёр эҷод гардида буд. Вале мутолиаи он барои мардуми дигар манотиқи Эронзамин душвортар гардид. Ба хотири сода ва дастраси ом гардонидани мазмуну мӯҳтаҳои «Марзбон- нома»-и Марзубон ибни Рустам онро аз нав иншо намуд. Вале номашро тағйир надод. Боз онро бо номи муаллифи аввалааш Марзбон лоиқ донисг.

Саъдуддин ба асар ҳикоёту тамсилот, накду ривоёт ва дигар асарҳои халқиро ворид сохт, ки бисёр ҷолибу хушоянданд. Мавзӯи ҳикоёту тамсилоти «Марзбоннома» рангин буда, барои тарбияи инсонҳо аҳамияти бузург доранд. Панду андарзҳои ҳакимона мардуми ҷомеаро ба ростию покӣ, хоксорию ватандустй, шоҳону ҳокимонро ба адлу дод, некию накӯкорӣ ҳидоят мекунанд. Дар баробари ин нависанда дар зимни асарҳои халқӣ хисоли нопоки одамй: дуруғгуй, фиребу найранг, кибру гурурро сахт накуҳиш менамояд.

Зирак гуфт: – Шунидам, ки Хурусе буд ҷаҳонгардида ва домҳои макр дарида ва бисёр достонҳои рӯбоҳон дида ва достонҳои ҳайли эшон шунида. Рӯзе ин Хурӯс ба тамошои бӯсгон мегашт.

Фаротар рафт бар сари роҳе биистод. Чун лолаи шукуфта, колаҳои ҷадии мушкин аз фарқу торак бар душ ва гардан афтода, ҳуқаи лаъл бар гӯшаи кулоҳ пушонида, дар кисвати мунаққаш бинишонда. Чун арӯс дар хиҷла ва товус дар ҷилва домани раъное пойкашон мегардид. Овозе бикард. Рубоҳе бишнид. Тамаъ дар он Хурӯс овард ва ба ҳирсе тамом бидавид, то ба наздики Хурӯс омад. Хурӯс аз бим бар деворе ҷаст. Рӯбоҳ гуфт:

  • Аз ман чаро меҳаросй? Бидон, ки ман ин соат дар ин перомун мегаштам. Ногоҳ бонги намози ту ба гӯши ман омад. Аз нагамоти ту дил дар панҷаи синаи ман тапидан гирифт. Агарчӣ ту мавзунӣ, руминажодӣ, дар пардаи завқ ва шавқ ба самъи ман расониданд ва силсилаи ваҷди ман биҷунбониданд, то ҳамчун Билол аз Ҳабата, аз Рум дуойи ту маро ба ин ҷо кашонид. Байт:

Ман гирди сари куйи ту аз баҳри ту гардам,

Булбул зи пайи гул ба канори чаман ояд.

Инак бар азми ин табрик омадам, то баракоти анфосу истиноси ту дарёбам ва лаҳзае биосояму туро огоҳ кунам, ки подшоҳи вақг мунодӣ фармудааст, ки ҳеҷ кас мабод, ки бар кас бедод кунаду андешаи ҷавру ситам дар дил гирад, то зӯрманде даст дароз накунад. Ва ҷуз ба лутфу эҳсон ба якдигар зиндагӣ накунанд.

Чунон, ки кабӯтар ҳам ошёни уқоб бошаду магас ҳам хоҷаи анкабут. Шер дар беша ба таарузи шағол машғул нашавад ва юз дандони тамаъ аз оҳу баркашад. Саг дар пӯстини рӯбоҳ наяфтад ва боз кулоҳи хурӯс нарабояд.

Хурӯс дар миёнаи сухан гардан дароз карду сӯи роҳ нигарист. Рубоҳ гуфт:

  • Чӣ менигарй?

Гуфт:

  • Ҷонваре мебинам, ки ба ин ҷониб меояд. Чунон, ки бод бар гардаш намерасад. Гурге бо думи дарозу гӯшҳои бузург рӯ ба мо ниҳодаасту чунон меояд, ки чун тир аз камон.

Рӯбоҳро аз ин сухан санги ноумедӣ дар дандон омад ва табларзаи ҳавл бар аъзо афтоду аз қасди хурӯс даргузашт. Саросема паногоҳе талабид, ки бад-он пинҳон шавад. Хурус гуфт:

  • Биё, беҳтар бингарем, кӣ меояд?

Рӯбоҳ гуфт:

  • Ин иморату аломат, ки шарҳ медиҳй, чунон менамояд, ки саги тозӣ аст ва маро аз дидани ӯ басе хуррамӣ набошад.

Хурус гуфт:

  • На ту мегӯй, ки мунодӣ аз адли подшоҳ нидо дар ҷаҳон додааст, ки касро бар кас адоват нарасад. Ва имрӯз ҳамаи ботилҷуёни ҷаврпеша аз бими қаҳру сиёсати ӯ озари халқ раҳо кардаанд?

Рубоҳ гуфт:

  • Аммо имкон дорад, ки ин саг он бонги мунодӣ нашунида бошад ва ин овоза бад-ӯ нарасида. Беш аз ин дар мақом тавақкуф шоиста нест.

Аз он ҷо барҷаст ва ба сурохие дархазид.

Ин афсона аз баҳри он гуфтам, ки шояд яке аз ҷумлаи ин қавм овозаи мувофиқати ахд нашнида бошад, бишнавад ва адлу дод баргузинад.

ХУСРАВ ВА МАРДИ ЗИШТРУЙ

Шер гуфт: – Шунидам Хусравро нишоти шикор барангехт, ба саҳро берун шуд. Чашмаш ба марди зиштрӯӣ афтод. Замомати манзар ва лиқои макри ӯ ба фоли фаррух надошт. Фармуд, то уро аз пеши эшон дур карданд ва бигзаштанд.

Мард гарчӣ дар сурат қабеҳӣ дошт, лек ба хисоли нек ҳарчӣ оростатар буд. Бо худ гуфт: “Шоҳ дар ин паргор айби накқош кардааст ва надониста, ки риштаи гарон фитратро дар коргоҳи фалак як сари сӯзан хато набошад. Ман уро бо сарриштаи росгӣ афканам, то аз мавқеъи ин зилат мутанба шавад ва бидонад, ки қураи он фоли бад ба номи ӯ гардонидааст ва ҳаволати ӯ ба ман афтода”.

Чун Хусрав аз шикоргоҳ боз омад, шоҳини ҳимматро парвоз додаву муаллақзанон аз авҷи махдақи хеш дар михлоби талаб оварда. Қалби акбарро ба қалодаи тақлиду маҷраи тасхир ба асғар андохта, паланги ду ранги замонаро ба полҳанги қаҳр кашида:

Дода ба қалам қарори давлат,

Теги омада ёри гори давлат.

Бикшода гиреҳ зи абрӯи бахт,

Бар баста раҳи шикори давлат.

Иттифоқо, ба ҳамон ҷойгоҳ расид, ки он мардро ёфта буд. Мард аз дур овоз баровард: «Маро саволест дар пардаи насиҳат. Агар як соат Хусрав инони азамат кашида дорад ва аз авҷи Кибриё қадаме фурутар ниҳад аз фоидае холӣ набошад». Хусрав асп боздошту гуфт:

  • Эӣ шайх! Биё то чӣ дорй?

Гуфт:

  • Эӣ малик, имруз тамошойи шикорат чӣ гуна буд?

Гуфт:

  • Ҳарчӣ ба муродтару накӯтар.

Гуфт:

  • Хазонаю асбоби комроният барқарор аст?

Гуфт:

  • Бале.

Гуфт:

  • Аз ҳеҷ ҷониб хабари номувофиқ шунидайй?

Гуфт:

  • Хайр!

Гуфт:

  • Аз ин хайл, ки дар рикоби туанд, ҳеҷ якеро аз ҳаводис осебе расид?

Гуфт:

  • Нарасид!

Гуфт:

  • Пас маро бадон азлолу истиҳонат чаро дур фармудӣ кардан? Гуфт:
  • Зеро, ки дидори амсоли ту бар мардум шум гирифтаанд. Гуфт:
  • Бадин ҳисоб дидори Хусрав бар ман шум буда бошад, на дидори ман бар Хусрав.

Хусрав аз он ҷо, ки камоли донишу инсофи ӯ буд, сухан таслим кард ва узрҳо хост.

Ин афсона аз баҳри он гуфтам, то дидори ман бар ҳар кӣ ояд, муборак ояд.

Деви Говпоӣ гуфт:

  • Шунидам, ки Муше дар хонаи тавонгаре хона сохт. Ва аз хона роҳе дар боғ бурда ва муддатҳои дароз зиндагонӣ мекарду мегуфт:

Он к-у ба саломате ноне дорад,

В-аз баҳри нишаст ошёне дорад.

На ходими кас буд, на махдуми касе,

Гр: “Шод бизӣ, ки хуш ҷаҳоне дорад”

Рӯзе море аждаҳопайкар аз саҳрои шӯристон лабташнаи ҷигартофта ба тамъи обишхур дар ин боғ омад. Ва аз он ҷо гузар бар хонаи муш карду чашмаш бар он оромҷоӣ афтод. Дар вай чунон бӯстонсаройе кушода, ки дар амну нузҳат аз равзаи Ираму арсаи ҳарам нишон дошт, бо худ гуфт:

Байт:

Рӯзе нигар, ки тутии ҷонам ба лабат,

Аз баҳри писта омаду бар шакар афтод.

Мор чун он ганҷи хонайи офият биёфт бар сари ганҷи мурод рафт. Ва сар бар пойи саломат ниҳод ва бар дари ганҷ биншаст. Оре, ҳар киро поӣ бар ганҷи саодат фурӯ равад, ҳалқаи ин дар занад. Аммо толибони дунё ҳалқаи дари қаноатро ба шакли мор мебинанд, ки ҳар касро дасти ҷунбонидани он нест. Лоҷарам аз салвати сарои иқбол чун ҳалқа бардаранд:

Касе, ки иззату узлат наёфт, ҳеҷ наёфт,

Касе, ки рӯйи қаноат надид, ҳеҷ надид.

Мор пойафзоли талаб боз кард ва биншаст. Муш чун ба хона омад, аз дур нигоҳ кард. Мореро дар хонаи худ дид чун дуди сиёҳ печида. Ҷаҳон бар чашмаш торику сиёҳ шуд. Ва оҳи дудосо аз сина баровард:

Ё раб! Дуди дили кадом хасм дар ман расид, ки хонумони маро чунин сиёҳ кард. Магар ин сиёҳии ӯст, ки ман дар хиёнат бо халқи Худоӣ кардаам?! Ё худ ҳамон оташ аст, ки дар дили ҳамсоягон афрӯхтаам ва хонайе аз баҳри оташ бигзошта”. Алқисса, Муш бо диле хаста пеши модар омад ва аз вуқӯъи ҳолату даст ёфтани мор бар хонаву асбоби ӯ ҳикоят кард. Ва аз модар тариқи дафъи он муболиғаҳо менамуд. Модар гуфт:

  • Магар бар мулук қаноату кифояти зиёдат талабидӣ ва дасти

таарруз ба гирдкарда ва андухтаи дигарон ёзидй? Бирав ва маскани дигар гир, ки туро зӯри бозӯи мор набошад ва шери шарзаро аз заҳри ӯ заҳра бирезад:

Сад косаи ангубинро як зарра бас бувад,

3-он чошинӣ, ки дар бани дандони арқам аст.

Муш гуфт:

  • Ин фасл агарчӣ мушбаъ гуфтӣ, аммо маро серӣ намекунад. Чӣ ҳамияти нафс ва байти табъ ба – он рухсат ниҳад, ки бо ҳар носозӣ дарсозад, ки мардони мард аз мукофоти ҷаври ҷобирону қасди қосидон, то мумкин бошад, даст боз нагирад ва то як тири тадбир дар ҷаъбаи имкон доранд, аз манозилати хасм инон напечанд ва салоҳи ҳунар дар пойи касал нарезанд.

Модар гуфт:

  • Ту агар муқовати ин хасми қавӣ ба зоҳироти мушон ва моъованати эшон хоҳӣ кард, ҳарғиз ба идроки мақсуд нарасй. Чӣ аз шуъои моҳтоб, ки дар равзан афтад, бар боми осмон натавон рафт.

Туро ин кор бар-нояд, ту бар ин кор барнаой!

Муш гуфт: – Ба чашм истиқрор17 дар ман нигоҳ макун. Ман ин морро ба дасти богбон хоҳам гирифт. Ва ӯро ба купггани мор тақриз кунам.

Муш рафт. Ва рузе чанд мулозими коре мебуд ва худ нақшаи макр бар хасм мекашид.

Рузе мушоҳида мекард, ки мор аз сӯрох дар боғ омад ва зери гулбуне, ки ҳар вақт он ҷо осоиш кардй, пушт бар Офтоб кард ва осуда бихуфт. Ва дар ҳамон наздикӣ боғбонро низ дар истироҳат ҷойи худ хуфта ёфт ва бахти худро’бедор дид. Муш бар синаи боғбон ҷаст. Аз хоб даромад. Муш пинҳон шуд. Дигарбора боғбон дар хоб рафт. Ва муш ҳамон амал мекард ва ӯ аз хоб бедор мешуд. То чандин карат ин шакл муқаррар гапгг. Оташи ғазаб дар ниҳоди боғбон афтод. Чун дуд аз ҷоӣ бархост ва гурзе гарон зери пахдӯйи хеш ниҳода буд, баргирифт. Ва вақги ҳаракати муш нигоҳ допгг. Муш ба қоидаи гузашта бар шиками боғбон афтод. Боғбон аз ҷоӣ барҷасту аз дунболи муш медавид. Ӯ ба оҳистагӣ мерафт, то ба наздики мор расид. Ҳамон ҷо ба сӯрохе фурӯ хазид. Боғбон бар мор зафар ёфт. Сараш бикӯфту боз гардид.

test

Добавить комментарий