Аҳмади Ҷомӣ (1049-1141)
Аҳмади Ҷомӣ
(1049-1141)
Аҳмад ибни Абулҳасан соли 1049 дар Ҷом ба дунё омадааст. Ба ҳамин хотир ӯ бо номи Аҳмади Ҷомӣ машҳур аст. Дар Афғонистон бо номи ин деҳ вилояти Ҷом низ мавҷуд аст. Аз он ҷо шахсиятҳои маъруфи фарҳангию адабӣ мисли Абдуллоҳи Ансорӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон сар боло карда, ин марзу бумро машҳури ҷаҳон гардонидаанд. Аз назди деҳ дарёи пуртуғёни Ҳарируд бо сад созу навои дилангез мегузарад ва ҳамеша аз файзи он Ҷому гирду атрофи он сабзу хуррам, гулпуш аст ва аз кишту зироат ва боғу роғаш пайдост, ки дар ин ҷойгоҳ мардуми меҳнатқарйн рӯзгор доранд. Аҳмади Ҷомӣ бепггари ҳаёташро дар ҳамин ҷо гузаронида, асарҳои бузурғашро эҷод кардааст. Соли 1141 хоки муқаддаси Ҷом фарзанди бовафо, шоири шаҳир, мутафаккири барҷастаашро дар қалбаш ниҳон кард. Имрӯз ҳам турбати гулпӯши Аҳмади Ҷомиро садҳо мардуми Сайёра зиёрат мекунанд. Мардуми оддии диёр ба ӯ меҳру муҳаббати беандоза доранд ва дар борааш нақлу ривоятҳои рангин, шеъру таронаҳои намакин эҷод кардаанд. Ҳоло муште аз он хирвор:
Хушо, Ҷому хушо оби равонаш, ё Аҳмади Ҷом!
Хушо, он файзи рӯи мардумонаш, ё Аҳмади Ҷом!
Магӯ Ҷому бигӯ дарёе аз ишқ, ё Аҳмади Ҷом!
Ки Аҳмад чун наҳанге дар миёнаш, ё Аҳмади Ҷом!
Худо мегуяму Шайх Аҳмади Ҷом,
Ба пайи равзаи ӯ медиҳам ҷон.
Ки Шайх Аҳмад дуто гулдаста дора,
Ба кафгоҳаш дарахти писта дора.
Аз Аҳмади Ҷомӣ осори пурарзише ба мр мерос мондаасг. Дар асарҳои «Анисуттолибин», «Равзатулмутанабин» ва гайра масоили суфия ва андешаи намояндагони ин маслак баён карда шуданд. Инчунин, Дар ин асарҳо панду андарз фаровон истифода гардида, инсонҳоро ба ахлоқи нек ҳидоят мекунанд.
Дар баробари ин Аҳмади Ҷомӣ адиби хущзавқ низ ҳаст. Бо насру назм омехта қиссаи «Се парй»-ро иншо намудааст, ки дар он аз номи қаҳрамонони асосии асар ғазалҳои ишқб оварда шудаанд, ки басо содаю равон ва хушоянданд.Инчунин, девони алоҳида низ дорад, ки дар он ғазалиёт, рубоиёти шӯрангези адиб гирд оварда шудаанд. Инак, ду ғазали Аҳмади Ҷомиро бароятон пешкаш менамоем. Онҳоро хонед ва ҳифз намоед.
Молу мулку тахту бахту миру чокар ҳеҷ нест,
Кору бору ғиру дору зебу зевар, ҳеҷ нест.
Қасру насру шоҳу моҳу боғу роғу гулситон,
Чун гушойи чашми ибрат эӣ бародар, ҳеҷ нест.
Амри наҳийи’ подшоҳони ҷаҳон сар то ба сар,
Пеши наздикони вай ғашта муғаррар,2 ҳеҷ нест.
Гар бигирӣ Шарқу Ғарбу Руму Шому Ҳинду Чин,
Ё шавӣ Қоруни сонй, ё ки Қайсар, ҳеҷ нест.
Гар равад фармону амрат дар ҳама рӯи замин,
Ё бигирӣ кулли олам чун Сикандар, ҳеҷ несг.
Як нафас гар ту барорӣ на ба ёдат тавба кун,
Дар дӯкону рузи Маҳшар3 ғайри довар, ҳеҷ дест. Аҳмади Ҷомй, чӣ банди дил дар ин дунёи дун,
К-он чӣ мебинӣ ба чашми сар4 саросар, ҳеҷ нест.
Боз дар ҷойе наво оғоз шуд,
Боз наӣ дар пардаҳо дамсоз шуд.
Боз ошиқ бодаи ваҳдат чашид,
Боз сармастӣ зи нав оғоз шуд.
Боз булбул дар чаман нағма гирифт,
Боз чанги мутриб андар соз шуд.
Боз сӯфиро сафое рух намуд,
Боз он маҳбуб андар ноз шуд.
Боз булбул дар ҳавои ғул парид,
Боз гул бо булбулон дамсоз шуд.
Боз миҷгонаш саросар тир гапгг,
Боз теғи ишқ сарандоз шуд.
Боз моро фатҳи бобе рух намуд,
Боз оӣ дарҳои раҳмат боз шуд.
Боз дил дар пойи ҷонон сар ниҳод,
Боз ҷон дар ғамзаҳо ғаммоз5 шуд.
Боз оташ дар ниҳоди мо ҷоӣ гирифт,
Боз Аҳмад дар ҷаҳон мумтоз шуд.