Саъдии Шерози (1184-1292)

Саъдии Шерози
(1184-1292)

image14

Асарҳои Саъдӣ хазинаи суханҳои пурҳикматанд. Саъдӣ шоир ва нависандаи рӯйиҷаҳонист.

С.Айнӣ

Муслиҳидцин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар Шероз ба дунё омадааст. Пас аз таҳсили ибтидоӣ дар мадрасаи «Низомия»-и Бағдод хондааст.

Саъдӣ саёҳатро дӯст медошт. Ӯ дар бисёр шаҳрҳои Ирону Арабистон буда, ҳангоми сафар бо одамон ошно шуда, бо онҳо сӯҳбат мекард ва аз тарзи зисти онҳо огоҳӣ меёфт.

Зиндагии мардумонро саросар омӯхта, пасон ду асари машҳури худ – «Бӯстон» ва «Гулистон»-ро навиштааст.

«Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ саршори панду ахлоқ аст. Ин худ як мактаби тарбия буда, дар ҳама давру замон ба мардумони олам панди рӯзгор додааст.

Шайх Саъдӣ боз ғазалу таронаи бешумор ҳам навиштааст.

Саъдии Шерозӣ умри дароз дидааст, аз сад ҳам гузашта, соли 1292 аз олам даргузаштааст.

Шайх Саъдӣ бо «Гулистон» ва «Бустон»-и худ ҳамеша бо мардуми некхоҳи олам аст.

ҳикоятҳо

(Аз “Гулисгон”)

ХИРАДИ НУШЕРВОНИ ОДИЛ

Овардаанд, ки Нӯшервони Одилро дар шикоргоҳе сайде кабоб карданд ва намак набуд. Ғуломе ба русто1 фиристод, то намак орад. Нӯшервон гуфт:

  • Намак ба қиммат биситон2, то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад.

Гуфтанд:

  • Аз ин қадар чӣ халал ояд?

Нушервон гуфт:

  • Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будааст, ҳар кӣ омад, бар ӯ мазиде (илова) кард, то бад-ин ғоят расид.

Агар зи боги раият малик хӯрад себе,

Бароваранд гуломони ӯ дарахт аз бех.

Ба панҷ байза3, ки султон ситам раво дорад,

Зананд лашкариёнаш ҳазор мург ба сих.

ДУОИ ДАРВЕШ

Дарвеше мустаҷобудцаъват (одаме, ки дуояш аз ҷониби Худо қабул шавад) дар Багдод падид омад. Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфро4 хабар карданд. Бихондаш ва гуфт:

  • Дуои хайре бар ман бикун.

Дарвеш гуфт:

  • Худоё, ҷонаш биситон!

Гуфт:

  • Аз баҳри Худо, ин чӣ дуост?

Гуфт:

  • Дуои хайр аст туро ва ҷумлаи мусулмононро. То ту аз азоби Ҳақ ва халқ аз балои ту бираҳанд.

Эӣ забардасти зердастозор,

Гарм то каӣ бимонад ин бозор?

Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?

Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!

ДУ ШОҲЗОДА

Ду амирзода дар Миср буданд. Яке илм омухт ва дигаре мол андухт. Оқибатуламр5, он яке алломаи6 аср гашт ва ин яке Азизи Миср7 шуд.

Пас ин тавонгар ба чашми ҳақорат дар фақеҳ (донандаи илми Ислом) назар кардӣ ва гуфт:

  • Ман ба ин салтанат расидам ва ин ҳамчунон дар масканат (бечорагй) бимондааст.

Гуфт:

– Эӣ бародар, шукри неъмати борӣ8 ҳамчунон афзунтар аст бар ман, ки мероси пайғамбарон ёфтам, яъне илм. Ва ту мероси Фиръавн ва Ҳомон9, яъне мулки Миср.

Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд, На занбӯрам, ки аз дастам биноланд. Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам, Ки зӯри мардумозорӣ надорам.

Макбараи Саъдӣ дар Шероз

ҶАБРИ УСТОД БЕҲ АЗ МЕҲРИ ПАДАР!

Ҳакиме писаронро панд медод:

– Эӣ ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки ба мулку давлати дунё эътимод нест. Симу зар дар сафар маҳалли хатар аст: ё дузд ба якбора барад, ё хоҷа ба тафориқ бихурад (ё соҳибаш кам-кам истифода карда ба охир расонад). Аммо ҳунар чашмаи зоянда10 аст ва давлати поянда. Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳунарманд ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр (пешгоҳ) нишинад ва беҳунар ҳар ҷо ки равад, луқма чинад ва сахтӣ бинад.

Вақте афтод фитнае дар Шом,

Ҳар кас аз гушае фаро рафтанд.

Рӯстозодагони донигиманд,

Ба вазирӣ подшо рафтанд.

Писарони вазири ноқисақл,

Ба гадоӣ ба русто рафтанд.

Подшоҳе писар ба мактаб дод,

Лавҳи симинаш бар канор ниҳод.

Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:

«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!»

Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз,

К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.

Ду дарвеши хуросонӣ сафар карданд: Яке заиф буд, ки ҳар шаб ифтори1 рӯза мекард ва дигаре қавӣ, ки рӯзе се бор мехурд. Қазоро2 бар дари шаҳре ба туҳмати ҷосусӣ гирифтор омаданд ва ҳар дуро ба хонае карданду дар ба гил бароварданд3. Баъд аз ду ҳафта маълум шуд, ки бегуноҳанд. Қавиро диданд, мурда, заиф ҷон ба саломат бурда. Дар аҷаб монданд^ Ҳакиме гуфт: – «Хилофи ин аҷаб мебуд. Он яке бисёрхор (пурхӯр) буд, тоқати бенавоӣ наёвард, ба сахтӣ ҳалок шуд ва дигар хештандор буд, лоҷарам4 бар одати хештан сабр карду ба саломат бимонд»:

Чун кам хурдан табиат шуд касеро,

Чу сахтӣ пешаш ояд, саҳл гирад.

В-агар танпарвар аст андар фарохӣ,

Чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад!

ЧАШМИ ТАНГИ ДУНЁДОР

Бозаргонеро1 дидам, ки саду панҷоҳ шутур бор дошт ва чиҳил бандаву хидматгор. Шабе дар ҷазираи Кеш маро ба ҳуҷраи худ даровард. Ҳама шаб наёромид аз суханҳои парешон гуфтан: «Фалон анборам дар Туркистон аст ва фалон бизоат ба Ҳиндустон ва ин қаболаи2 фалон замин аст ва фалон чизро фалон кас зомин».

Гоҳ гуфтй:

– Хотири Искандария дорам, ки ҳавое хуш аст.

Боз гуфтй:

  • На, ки дарёи Мағриб (баҳри Миёназамин) мушавваш аст. Саъдиё, сафари дигар дар пеш аст, агар он карда шавад, бақияи умри худ ба гушае бинишинам ва тарки тиҷорат кунам.

Гуфтам:

  • Он кадом сафар аст?

Гуфт:

Гугирди порсӣ хоҳам бурдан ба Чин, ки шунидам қиммати азим дорад ва аз он ҷо косаи чинӣ ба Рум орам. Ва дебои румӣ ба Ҳинд. Ва фулоди ҳиндӣ ба Ҳалаб. Ва обгинаи ҳалабӣ ба Яман. Ва бурди яманӣ ба Порс ва аз он пас тарки сафар кунам ва ба дуконе бинишинам.

Инсоф3, аз ин молихулиё (хаёлҳои хом) чандон фурӯ гуфт, ки беш тоқати гуфтанаш намонд. Сипас гуфт:

  • Эӣ Саъдй, ту ҳам сухане бигӯй, аз онҳо, ки дидаӣ ва шунидаӣ!

Гуфтам:

Он шунидастӣ, ки дар саҳрои Ғур,

Борсолоре4 бияфтод аз сутур5.

Гуфт: «Чашми танги дунёдорро,

Ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр!»

Ду бародар, яке хидмати султон кардӣ ва дигар бо зӯри бозу нон хӯрдӣ. Боре бародари тавонгар ба бародари дарвеш гуфт:

  • Чаро хидмати подшоҳ накунй, то аз машаққати кор кардан бираҳӣ?

Бародари дарвеш гуфт:

  • Ту чаро кор накунӣ, то аз мазаллати хидмат раҳоӣ ёбӣ, ки хирадмандон гуфтаанд: «Нони худ хӯрдану нишастан, беҳ, ки камари заррин ба хидмат бастан».

Ба даст оҳаки тафта1 кардан хамир,

Беҳ аз даст бар сина пеши амир.

Умри гаронмоя2 дар ин сарф шуд:

То чӣ хурам сайфу3 чӣ пушам шито4?

Эӣ шикамхора, ба ноне бисоз,

То накунӣ пушт ба хидмат дуто5!

ДАРВЕШИ ҲОҶАТМАНД
ВА ТУНДРУИ ДАВЛАТМАНД

Дарвешеро зарурат пеш омад. Касе гуфт:

  • Фалон неъмате дорад беқиёс. (Молу пули фалон кас беҳисоб аст). Агар бар ҳоҷати ту воқиф гардад, ҳамоно дар қазои он тавақкуф раво надорад. (Яъне ба ту ёрӣ расонад).

Гуфт:

  • Ман ӯро надонам.

Гуфт:

  • Манат роҳбарӣ кунам.

Дасташ гирифт, то ба манзили он шахс даровард. Якеро дид лаб фуруҳишта ва тунд нишаста. Баргашт ва сухан нагуфт. Касе гуфташ:

  • Чӣ кардй?

Гуфт:

  • Атои ӯро ба лиқои ӯ бахшидам.

Мабар ҳоҷат ба наздики турушрӯй,

Ки аз хӯи бадаш фарсуда гардӣ.

Агар гӯӣ гами дил, бо касе гӯй,

Ки аз рӯяш ба нақд осуда гардӣ.

ПАНДҲО

  1. Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирд овардани мол!
  2. Оқилеро пурсиданд, ки некбахт кисту бадбахт чист? Гуфт: «Некбахт он, ки хурду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт (монда рафт).
  3. Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъйи бефоида карданд: яке он, ки мол андухту нахурд ва дигар он, ки омӯхту амал накард.

Илм чандон, ки бештар хонӣ,

Чун амал дар ту нест, нодонӣ.

На муҳаққиқ1 бувад, на донишманд,

Чорпое, ки бар у китобе чанд!

Он тиҳимагзро2 чӣ илму хабар,

Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?

  1. Олими парҳезгор – курест машъалдор!
  2. Бефоида ҳар кӣ умр дарбохт.

Чизе нахариду зар биандохт.

  1. Раҳм овардан бар бадон – ситам аст бар некон ва авф кардан аз золимон – ҷабр аст бар мазлумон.
  2. Ҳар кӣ бо душманон сулҳ мекунад, сари озори дӯстон дорад3.

Бишӯй, эӣ хирадманд, аз он дӯст даст,

Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.

  1. Сухан дар миёни ду душман чунон гӯй, ки агар дӯст шаванд шармзада набошӣ!

Миёни ду кас ҷанг чу оташ аст,

Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

  1. Якеро гуфтанд:
  • Олими беамал ба чӣ монанд?

Гуфт:

  • Ба занбӯри беасал.

Занбури дурушти бемурувватро гӯй:

“Боре, чу асал намедиҳӣ, неш мазан!”

Ҳар кӣ илм хонду амал накард, бад-он монад, ки гов ронду тухм наафшонд.

Калимаю иборахои тоза

  1. Муҳаққиқ – таҳқиқкунанда, олим.
  2. Тихимағз – ба маънои бедониш, бефарҳанг.
  3. Сари озори дӯстон дорад – мақсади дустонро озор додан, аз худ ҷудо

карданро дорад.

БАЙТ

  1. Машав ғарра бар ҳусни гуфтори хеш,

Ба таҳсини нодону пиндори хеш!1

Ҳар кӣ бо донотар аз худ баҳс кунад, то бидонад, кӣ доност,ё бидонад, кӣ нодон аст.

  1. Ҳар кӣ бо бадон нишинад – некӣ набинад.
  2. На ҳар кӣ ба сурат некуст, сирати зебо дар ӯст. Кор дарун дорад на пӯст.

Тавон шинохт ба як рӯз дар шамоили мард,

Ки то куҷояш расидааст, пойгоҳи улум2.

Вале зи ботинаш эмин мабошу гарра машав,

Ки хубси нафс3 нагардад ба солҳо маьлум.

  1. Ҳар киро, ки душман дар пеш аст, агар накушад, душмани хеш аст.

БАЙТ

Санг бар дасту мор бар сари санг,

Хирароӣ бувад қиёсу даранг4.

  1. Ҷавонмарде, ки бихӯрад ва бидиҳад, беҳ аз обиде5, ки рӯза дораду надиҳад.
  2. Андак-андак хеле шавад, қдтра-кдтра селе гардад. Яъне онон, ки дасти қудрат надоранд, санги хӯрда нигоҳ доранд, то ба вақти фурсат димор аз димоғи золим бароранд.
  3. Душмане заиф, ки дар тоат ояд ва дӯстӣ намояд, мақсуди вай ҷуз он нест, ки душмане қавӣ гардад. Ва гуфтаанд, ки бар дустии дустон эътимод нест. Ҳар кӣ душмани кӯчакро ҳақир шуморад, бадон монад, ки оташи андакро мӯҳмал6 гузорад.

ҚИТЪА

Имрӯз бикуш, ки метавон кушт,

К-оташ чу баланд шуд, ҷаҳон сӯхт.

Магзор, ки зеҳ кунад камонро!

Душман чу ба тир метавон духт.

  1. Дар сухан бо дӯстон оҳиста бош!

То надорад душмани хунхор гӯш.

Пеши девор он чӣ гӯӣ, ҳуш дор!

То набошад дар паси девор гуш.

САЪДӢ ВА ПОДШОҲИ НОИНСОФ

Мӯътакиф1 будам дар Димишқ, ки яке аз мулуки араб, ки ба беинсофӣ мансуб буд, иттифоқан ба зиёрат омаду намоз кард ва ҳоҷат хост.

Он гоҳ маро гуфт:

  • Аз он ҷо, ки ҳиммати дарвешон аст ва сидқи муомилати эшон, хотире ҳамроҳи ман кунед,2 ки аз душмани саъб3 андешанокам.

Гуфтамаш:

  • Ба раияти заиф4 раҳмат кун, то аз душмани қавӣ заҳмат набинй!

ФАРД

Ба бозувони тавонову қуввати сари даст, Хатост панҷаи мискини нотавон бишкаст.

Ҳар он, ки тухми бадӣ кишту чашми некӣ дошт, Димоги беҳуда пухта, хаёли ботил5 баст.

Зи гуш пунба берун ору доди халқ бидеҳ6,

В-гар ту менадиҳӣ дод, рӯзи доде ҳаст!

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз меҳнати дигарон бегами,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!

ШУҶОАТИ МАЛИКЗОДА

Маликзодаеро шунидам, ки кӯтоҳ буду ҳақир7 ва дигар бародаронаш баланду хубрӯй. Боре падар ба кароҳат8 ва истеҳкор9 дар ӯ назар кард. Писар ба фаросат ва истибсор10 ба ҷоӣ овард ва гуфт:

  • Эӣ падар, кӯтоҳи хирадманд беҳ, ки нодони баланд. На ҳар чӣ ба қомат меҳтар11, ба қимат беҳтар!

Он шунидӣ, ки логарӣ доно,

Гуфт боре ба аблаҳи фарбеҳ:

«Аспи тозӣ агар заиф бувад,

Ҳамчунон аз тавилаи хар беҳ».

Падар бихандид ва аркони давлат биписандиданд ва бародарон ба ҷон биранҷиданд.

То мард сухан нагуфта боигад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта’2 бошад.

Ҳар беша гумон мабар, ки холист,

Шояд, ки паланг хуфта боигад.

Шунидам маликро дар он қурб13 душмани саъб рӯӣ намуд. Чун лашкар аз ҳар ду тараф рӯӣ дар ҳам оварданд, аввал касе, ки ба майдон даромад, ин писар буд ва гуфт:

Он на ман богиам, ки ррзи ҷанг бинӣ пушти ман,

Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре!

В-он, гси ҷанг орад ба хуни хеш бозӣ мекунад,

Рӯзи майдон в-он, ки бигрезад ба хуни лашкаре.

Ин бигуфту ба сипоҳи душман зад ва тани чанд мардони корӣ биандохт. Чун пеши падар омад, замини хидмат бибӯсиду гуфт:

Эй, ки шахси манат ҳақир намуд,

То дуруштӣ ҳунар напиндорӣ.

Аспи логармиён ба кор ояд,

Рӯзи майдон, на гови парворӣ14.

Овардаанд, ки сипоҳи душман бисёр буду инон андак. Ҷамоате оҳанги гурез карданд, писар наърае заду гуфт:

  • Эӣ мардон, бикӯшед. то ҷомаи занон напушед!

Саворонро ба гуфтани ӯ таҳаввур15 зиёдат гашт ва ба як бор

ҳамла бурданд. Шунидам, ки ҳам дар он рӯз бар душман зафар

ёфтанд. Малик (он писарро) сару чашмаш бибӯсиду дар канор гирифт ва ҳар рӯз назар беш кард, то валиаҳди16 ҳеш кард. Бародарон ҳасад бурданд ва заҳр дар таомаш карданд.

Хоҳараш аз ғурфа17 бидид, дарича ба ҳам зад. Писар дарёфт ва даст аз таом бозкашиду ғуфт:

– Маҳол аст, агар ҳунарманд бимирад ва беҳунар ҷои ӯ бигирад.

БУЛБУЛ ВА МУР

Овардаанд, ки булбуле дар боге бар шохе ошён1 сохт ва барои чандрӯзае мақом маскане2 пардохт3.

Булбул шабу рӯз дар гулистон дар парвоз омада ва барбати4 нағмоти5 дилфиреб дар овоз оварда. Мур ба ҷамъи нафақоти6 лайлу наҳор7 машғул гардида ва ҳазордастон8 дар чаману боғ ба овози хуш ғарра гашта.

Булбул бо шохи гул рамзе мегуфт9 ва боди сабо дар миён гамзе10 мекард. Чун он мӯри заиф нози гулу ниёзи булбул мушоҳида менамуд, ба забони ҳол мегуфт:

  • Аз ин қилу қол11 чӣ кушоянд?

Чун фасли баҳор рафт ва мавсими хазон даромад, хор ҷои гулро гирифт ва зог дар мақоми булбул нузул кард12. Боди хазон дар вазидан омад ва барги дарахт резидан гирифт. Рухсораи барг зард шуд ва нафаси ҳаво сард ғашт. Аз қиллаи абр дурр мерехт ва аз ғирболи ҳаво кофур мебехт.

Ногоҳ булбул дар бог омад, на гул дид ва на бӯи сунбул шунид. Забонаш бо ҳазор достон лол бимонд. На гул, ки ҷамоли ӯ бинад ва на сабза, ки дар камоли у нигарад. Аз бебаргӣ тоқаташ тоқ шуд ва бенавоӣ аз наво фурӯ монд. Ба ёдаш омад, ки на охиррӯзе мӯре дар зери ин дарахт хона дошт ва донае ҷамъ мекард, имруз ҳоҷат бар ӯ барам ва чизе талаб кунам.

Булбул – гуруснаи дируза, пеши мӯр ба дарйӯза13 рафт ва гуфт:

  • Эӣ азиз, саховат нишони бахтиёрӣ аст ва сармояи комгорӣ14. Ман умри азизи худро ба ғафлат мегузоштам ва ту зиракӣ мекардӣ ва захира меандохтӣ. Чӣ шавад, ки имруз насибе аз он каромат кунӣ?

Мӯр гуфт:

Ту шабу рӯз дар қол будӣ на дар ҳол. Ту лаҳзае дар таровати гул машғул будӣ ва даме наззораи баҳор, намедонистй, ки ҳар баҳореро хазоне ва ҳар роҳро поёне бошад

ПОДШОҲ ВА ҒУЛОМИ АҶАМӢ

Подшоҳе бо ғуломи аҷамӣ (эронй) дар киштӣ нишаст. Ғулом ҳаргиз дарё надида буд ва меҳнати (азоби) киштӣ наозмуда. Гиряву зорӣ огоз кард ва ларза бар андомаш (вуҷудаш) афтод. Чандон, ки мулотифат карданд (дилдорӣ доданд), ором нагирифт. Айши малик аз ӯ мунағғас шуд (кайфаш парид). Чорае надонистанд.

Ҳакиме дар он киштӣ буд, ба малик гуфт:

  • Агар фармон диҳй, ман уро ба тариқе хомӯш мегардонам.

Подшоҳ гуфт:

  • Ғояти (ниҳояти) лутфу карам мешавад.

Ҳаким фармуд, то ғуломро ба дарё’ андохтанд. Боре чанд ғӯта хӯрд. Пас аз мӯяш гирифтанду пенш киштӣ оварданд. Ғулом ба ҳар ду даст дар суккони киштӣ овехт (ба рули киштӣ часпид). Чун (аз об) баромад, ба гӯшае бинишаст ва ором ёфт.

Малик ҳайрон шуд ва пурсид:

  • Дар ин ҷо чӣ ҳикмат буд?

Ҳаким гуфт:

  • Аввал меҳнати ғарқ шуданро начашида буд ва қадри саломати киштиро намедонист. Қадри офият (тандурустй) касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд.

ДУРУҒИ МАСЛИҲАТОМЕЗ

Подшоҳеро шунидам, ки ба куштани асире ишорат кард. Асири бечора дар ҳолати ноумедӣ подшоҳро дашном додан гирифт ва сақат (бад) гуфтан. Гуфтанд: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишуяд (аз ҷони худ умедашро канад), ҳар чӣ дар дил дорад, бигуяд».

БАЙТ

Вақти зарурат намонад гурез,

Даст бигирад сари шамшери тез.

Подшоҳ пурсид, ки:

  • Чӣ мегӯяд?

Яке аз вазирони некмазҳар (покдил) гуфт:

-127-

  • Эй, худованд, мегӯяд: «Касоне, ки хашми худро фурӯ менишонад, гуноҳи касонро мебахшанд».

Подшоҳ (ба ҳоли ӯ) раҳм кард ва аз хуни ӯ гузашт.

Вазири дигар, ки зидди ӯ буд, гуфт:

  • Абнои ҷинси моро нашояд (ба тоифаи мо – вазирон раво нест) дар ҳузури подшоҳон ҷуз ба ростӣ сухан гуфтан. Ин подшоҳро дашном дод ва носазо гуфт.

Подшоҳ рӯӣ аз ин сухан дарҳам кашид ва гуфт:

  • Маро дуруг писандидатар омад аз ин рост, ки ту гуфтй. Мақсади он дар маслиҳате буд ва бинои (асоси) ин бар хубсе (бадӣ ва палидӣ). Ҳукамо гуфтаанд: «Дуруги маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез».

БА МАН ЗАҲМАТ МАДЕҲ

Дарвеше танҳо дар гӯшаи саҳро нишаста буд. Подшоҳе ба ӯ (аз пеши ӯ) бигузашт. Дарвеш аз он ҷо, ки фароғи мулки қаноат аст сар бар наёвард ва илтифот накард. Султон аз он ҷо, ки сатвати (шукӯҳ) салтанат аст, биранҷид ва гуфт:

  • Ин тоифаи хирқапушон (дарвешон) мисоли ҳайвонанд ва ахдияту одамият надоранд.

Вазир наздаш омад ва гуфт:

  • Эӣ дарвеш, султони рӯи замин бар ту гузар кард, чаро хизмат накардӣ ва шарти адаб ба ҷо наовардӣ?

Дарвеш гуфт:

  • Султонро бигӯ, аз касе хизмат умед дошта бош, ки аз ту (яъне аз подшоҳ) умеди неъмат дорад ва дигар бидон, ки: «Мулк (подшоҳон) аз баҳри поси (муҳофизати) раийятанд, на раийят (фуқаро) аз баҳри тоати (хизмати) мулук».

ҚИТЪА

Подшоҳ посбони дарвеш аст,

Гарчӣ неъмат ба фарри давлати ӯст.

Гӯсфанд аз барои чупон нест,

Балки чӯпон барои хизмати ӯст.

Маликро гуфти дарвеш устувор омад (маъқул шуд) ва гуфт:

  • Аз ман чизе бихоҳ!

Гуфт:

  • Он мехоҳам, ки дигар бор ба ман заҳмат надихД.

ҳикоят

Пиёдае сару по бараҳна бо корвони Ҳиҷоз аз (шаҳри) Куфа ҳамроҳи мо шуд. Маблағе, чизе надошт. Хиромон ҳамерафт ва мегуфт:

На ба уштуре саворам,

На чу хар ба зери борам.

На худованди раийят,

На гуломи шаҳриёрам.

Гами мавҷуди парешонии мардум надорам,

Нафас мезанам осудаву умре ба сар орам.

Уштурсаворе гуфташ:

  • Эӣ дарвеш, куҷо меравӣ баргард, ки ба сахтӣ мемирй. Нашунид ва қадам дар биёбон ниҳод. Чун ба (мавзеи) Нахлаи

Маҳмуд расидем, тавонгарро аҷал фаро расид. Дарвеш ба болинаш омад ва гуфт:

АДАБ АЗ КӢ ОМУХТИ?

Луқмони Ҳакимро гуфтаанд:

  • Адаб аз кӣ омӯхтӣ?

Гуфт:

  • Аз беадабон: ҳар чӣ аз онҳо дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам.

КАМ ХӮРДАН АДАБ АСТ

Обидеро ҳикоят кунанд, ки шабе даҳ ман таом мехӯрд ва то саҳар хатме мекард. Соҳибдиле бишнид ва гуфт:

  • Агар ним ноне мехӯрду мехобид, бисёр аз ин фозилтар мебуд.

Андарун аэ таом холӣ дор,

То дар у нури маърифат бинӣ.

ХОРКАНИ ҲИММАТБАЛАНД

Ҳотами Тойро гуфтанд:

  • Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон касеро дидаӣ ё шунидай?

Гуфт:

  • Бале, рӯзе ба амирони араб чиҳил шутур қурбон карда будам.

Пас ба гушаи саҳро ба ҳоҷате бурун рафтам (барои коре ба саҳро баромадам). Хорканеро дидам, ки пуштае хор фароҳам оварда (ҷамъ кардааст). Гуфтамаш:

  • «Ба меҳмонии Ҳотам чаро намеравй, ки халқе бар симоти (дастархони) ӯ гирд омадаанд?»

Гуфт:

Ҳар кӣ нон аэ амали хеш хӯрад,

Миннати Ҳотами Тоӣ набарад.

Ман ӯро ба ҳиммату ҷавонмардӣ аз худ бартар (баландтар) дидам.

ДАҲОНИ ПУШИДА ҲАЮР ТИЛЛО

Бозоргоне ҳазор динор зарар дид ва ба писараш гуфт:

  • Набояд, ки бо касе ин суханро дар миён ниҳӣ (набояд ин суханро ба касе бигуӣ).

Писар гуфт:

  • Эӣ падар, фармон турост, нагуям (ба касе нагӯям), лекин маро ба фоидаи ин муталеъ (огоҳ) гардон, ки маслиҳат дар ниҳон допгган чист?

Гуфт:

  • То мусибат ду нашавад: яке нуқсони моя (кам шудани сармоя) ва дигар шамомати (маломати) ҳамсоя.

БАЙТ

Магу андуҳи хеш бо душманон,

Ки «лоҳавл» гӯянд шодикунон.

ҶАВОНИ ДОНИШМАНД

Ҷавоне хирадманд аз фунуни фазоил ҳаззи вофир допгг ва табъи нофир (аз донишҳои гуногун маълумоти зиёд допгг ва аз бисёр гап задан нафрат мекард). Чандон, ки дар маҳофили донишманд нишастӣ (ҳар қадар дар маҷлисҳои донишмандон менишаст) забон аз сухан бибастӣ (гап намезад).

Боре падараш гуфт:

  • Эӣ писар, ту низ он чӣ медонӣ, бигуй!

Гуфт:

  • Тарсам, ки бипурсандам аз он чӣ намедонам ва шармсорӣ барам (метарсам он чиро, ки намедонам пурсида шармандаам кунанд).

БАЙТ

Ногуфта надорад касе бо ту кор,

Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр!

АГАР ДОНО МЕБУД

Ҷолинус аблаҳеро дид, ки даст дар гиребони донишманде зада, беҳурматӣ мекунад. Гуфт:

  • Агар ин доно мебуд, кори вай бо нодон ба ин ҷо намерасид.

ҚИТЪА

Ду оқилро набошад кину пайкор,

На доное ситезад бо сабукбор.

Агар нодон ба ваҳшат сахт гӯяд,

Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷуяд.

Ду соҳибдил нигаҳ доранд муе,

Ҳамедун саркашу в-озармҷӯе.

В-агар бар ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,

Агар занҷир бошад, бигсилонанд.

ОВОЗИ НОХУШ

Яке дар масҷиди Санҷор барои савоб бонги намоз (азон) мегуфт, ба тарзе, ки шунавандагон аз ӯ нафрат мекарданд. Соҳиби масҷид амире буд одил ва нексиришт. Намехост, ки муаззин дилозурда гардад. Гуфт:

  • Эӣ ҷавонмард, ин масҷид муаззинони қадим дорад. Ҳар якеро панҷ динор мураттаб допггаам (маош қарор додаам). Туро даҳ динор медиҳам, то ҷои дигар равӣ.

Бар ин қавл иттифоқ карданд ва (ӯ) бирафт.

Пас аз муддате дар гузаре (дар сари роҳе) пеши амир боз омад ва гуфт:

  • Эӣ худованд (хуҷаин), бар ман ҳайф кардӣ (дар ҳаққи ман ҷабр кардӣ, ки ба даҳ динорам аз он буқъа (масҷид), бадар кардӣ. Он ҷо ки рафтаам, бист динор медиҳанд то ба ҷои дигар равам (лекин ман) қабул намекунам.

Амир аз ханда бехуд гашт ва гуфт:

  • Зинҳор наситон (нагир), ки ба панҷоҳ динор розӣ мегарданд. БАЙТ

Ба теша кас нахарошад зи руи хоро гил,

Чунон, ки бонги дурушти ту мехарошад дил.

ҶАВОБИ МОДАР

Рӯзе ба гуруру ҷаҳли ҷавонӣ бонг бар модар задам. Дилозурда ба кунҷе нишаст ва гирён ҳамегуфт:

  • Магар хурдиатро фаромӯш кардӣ, ки дурушти мекунӣ?

ҚИТЪА

Чӣ хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,

Чу дидаш палангафкану пилтан:

«Гар аз аҳди хурдет ёд омадӣ,

Ки бечора будӣ дар овуши ман.

Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,

Ки ту шермардию ман пиразан».

ҲУНАРАТ ЧИСТ?

Араби саҳроиеро дидам, ба писари худ мегуфт:

  • Туро хоҳанд пурсид, ки ҳунарат чист, нагӯянд, ки падарат кист?

Писареро падар насиҳат кард,

К-«Эӣ ҷавонмард, ёд гир ин панд.

Ҳар ки бо аҳди худ вафо накунад,

Нашавад дӯстрӯю донишманд».

ПАҲЛАВОНИ ТАРСОНЧАК

Соле аз Балх ба Бомиён сафар мекардам ва роҳ аз ҳаромиён (дуздон) пурхатар. Ҷавоне ба бадрақа (барои роҳнамоӣ) ҳамроҳи мо шуд; сипарбоз, чархандоз (тирандоз) ва пилзур, ки даҳ марди тавоно зеҳи камони ӯро кашида рӯи замин пушти ӯро зада наметавонист. Лекин нозпарвард буд, на ҷаҳондидаву сафаркарда. Раъди кӯси (овози нақораи) диловарон ба гушаш нарасида ва барқи шамшери саворон надида (буд).

БАЙТ

На афтода дар дасти душман асир,

Ба гирдаш на борида борони тир.

Иттифоқо ману ин ҷавон ҳар ду дар паи ҳам давон будем. Ҳар девори қадим, ки ба пешаш мебаромад, ба қуввати бозу меафканд ва ҳар дарахти азим, ки медид, ба зӯри сарпанҷа аз бех меканд ва фахркунон мегуфт:

БАЙТ

Пил ку, то китфу бозуи гурдон бинад?

Шер ку, то кафу сарпанҷаи мардон бинад?

Мо дар ин ҳолат (будем), ки ду ҳинду аз паси санге сар бароварданд ва оҳанги қитоли (қасди куштани) мо карданд. Дар дасти яке чӯбе ва дар бағали дигаре кулухкӯбе буд. Ба ҷавон гуфтам:

– Чӣ поӣ (ба чӣ нигоҳ карда истодй)?

Бисёр он чӣ дорӣ зи мардию зррӣ,

Ки душман ба пои худ омад ба гӯре.

Тиру камонро дидам аз дасти ҷавон афтода ва баданаш ба ларза даромада.

Чорае ҷуз он надидем, ки либосу силоҳу ҷома раҳо кардем (кашида додем) ва ҷон ба саломат бурдем.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.