Камолиддин Бинои (1453-1512)

Камолиддин Бинои
(1453-1512)

«Мавлоно Биноӣ аз табақаи миёна аст. Ҷои таваллудаш шаҳри Ҳирот мебошад. Қобилияти ӯ багоят зиёд аст. Аввал ба таҳсил маилгул шуд. Дар ин соҳа рушди тамом ҳосил намуд, ба хат ишқ пайдо намуд, ба андак фурсат хеле хушхат гардид. Ба мусиқӣ майл намуд, зуд омӯхт ва оид ба адвор рисолае навишт».

Алишер Навоӣ

Соли 1453 дар оилаи усто Муҳаммадхони Сабз тифле ба дунё омад, ки хурсандии аҳли оила ҳадцу канор надошт. Ба ӯ Шералӣ ном гузоштанд. Муҳаммадхон марди ҳунарманд, бинокор, меъмор буд. Зиндагиашон фақирона мегузашт. Шералӣ, ки бачаи зирак ва хушзеҳн буд, дар мактаб нағз мехонд, ба сухани устодонаш диққат медод. Натиҷаи ҳамин саъю кӯшиш буд, ки ӯ бисёр илмҳои замонаашро ба хубӣ аз худ кард. Ӯ бештар ба забону адабиёт, таърих ва мусиқӣ майлу рағбат дошт. Ҳануз дар айёми мактабхониаш шеър менавишт. Дар ин бора худи шоир чунин мегӯяд:

Ёдам омад, ки баҳри касби адаб,

Мешудам тифл ҷониби мактаб.

Табъи мавзун маро гаризӣ буд,

Фаҳми ман дар камоли тезӣ буд.

Сар зи ман завқи шеър бар мезад,

Шеърам аз рӯи завқ сар мезад.

Пас аз он пайваста аз шоирони гузашта ва ҳамзамонаш абёти зиёдеро аз ёд мекунад ва шеъраш рангину пурҷозиба мегардад.

Камолидцин Биноӣ соли 1512 дар қатли омми шаҳри Қаршӣ аз дасти сарбозони Шоҳ Исмоили Сафавӣ ба қатл мерасад.

Биноӣ аз худ мероси гаронбаҳое гузоштааст. Беҳтарин асари ахлоқии адиб достони «Беҳрӯзу Баҳром» аст, ки ҳоло дар поён муште аз хирвор чанд ҳикояи онро пешкашатон мёгардонем.

ҲАМНИШИНИ БАД

Рузе аз рузҳо магар Беҳрӯз,

Рафт берун ба толеи фирӯз.

Дид биншаста паҳлуи Баҳром,

Чанд фард аз авоми каланъом1.

Ваҳ, чӣ анъом2, аз сибоъ3 батар, Шаклашон дода аз низоъ хабар.

Ҳама авбошу4 муфсид5 ӯ пок, Покашон қалбу қалбашон нопок.

Ду-се ноодаме лаванду дағал, Нохушоянда ҳамчу бӯи бағал.

Чашми Беҳрӯз чун бар ӯ афтод,

Оташи ғайрат андар ӯ афтод.

Хонд Баҳромро ба ҷониби худ,

Сохт дар хонааш мусоҳиби худ.

Гуфт: «Маншин бадон табоҳкешон,

То насузӣ ба оташи эшон».

Ҳар кӣ шуд ҳамнишини шуъла чу дуд, Шуъла дар вай гирифта бинӣ зуд.

Чун ба гургон рафиқ гардад меш, Оқибат дар фано ниҳад тани хеш.

Кас, ки бо нокасон қарин шуд, рафт Хас, ки бо шӯъла ҳамнишин шуд, рафт.

Ҳар ки атвори неку бад гирад,

Ҳама аз ҳамнишин х (в) ард гирад.

Нек бо бад на кори фарзон (а) аст,

Нон фигандан ба қалби девон (а) аст.

Нек бо бад макун, ки дармонй, Абадуддаҳр дар зарар монӣ.

Накуни хоҷа ёрии золим,

Ва-р кунӣ, каӣ гузорадат солим?

МАРДИ АБЛАҲ

Буд дар хар савор дар роҳе,

Море афтода дид ногоҳе.

Шуда аз сарди дай’ афсурда,

Сард з-он сон, ки гуиё мурда.

Мардро раҳмаш бар ӯ омад,

Ба тараҳҳум2 зи хар фуру омад.

Карда ҷояш даруни турбаи хар,

Баҳри гармӣ кашид бар сари хар.

Нафаси хар чу гарм кард ӯро,

Гарм гардид табъи сард ӯро.

Бори аввал, ки сар зи ҷо барзад,

Сар бароварду бар сари хар зад.

Рафт мори фасурдаву хар мурд,

Гарм гардид мору хар афсурд.

Ӯ барҷо монду рафт хар ба сақар3,

Аз харӣ шуд пиёда мардаки хар.

Монда аз хар пиёда ришканон,

Ҳамчу хар аз замин ҳашишканон4.

ТАЪКИД

Некӣ бо бад бубин чӣ суд овард,

Суд бин, к-аз хараш фуруд овард.

Кард саҳвеву монд дар ҳирмон5,

Нест худкардаро, бале, дармон!

БОҒБОН ВА ХИРС

Гуфт Беҳрӯзи оқибатафрӯз,

Ки: «Аз ин пеш дар деҳе ҳама руз Боғбоне ба боғ мегардид,

Мор мекушт ҳар куҷо медид.

Дошт море ватан ба ғушаи боғ,

Дилаш аз захми богбон шуд доғ.

Аз қазо боғбони нодондил,

Донгг хирсе магар дар он манзил.

Буд он хирс боғбонро дуст,

Гарчӣ нодон ба дӯстӣ на накуст.

Боғбон сар ниҳода буд ба хоб,

Аз магас буд гӯиё ба азоб.

Богбон дар нахези хоб афтод,

Мор бишниду дар шитоб афтод.

Рафт пинҳон ба зери домонаш,

То ситонад ба заҳри худ ҷонаш.

Гуфт бо худ зи рӯи дониш мор,

Ки «ба захмаш агар кунам озор».

Гарчӣ донам, ки ҷон нахоҳад бурд,

Лек андарзамон нахоҳад мурд.

Хоҳад аз ҷои хештан барҷаст,

Сару мағзи маро ба санг шикаст.

3-он чӣ ҳосил маро, ки душмани ман,

Мирад, аммо зи баъди мурдани ман?»

Мори зирак аз он пушаймон гашт,

Рафт аз қатли боғбон бигзашт,

Лек он хирс даст меафшонд,

В-аз рухи боғбон магас меронд.

Гарчи кардӣ фузун магасронй,

Менишастӣ магас ба пешонй.

Рафт он хирси кинаҷу дар ҷанг,

В-аз сари қаҳр даст бурд ба санг.

Кард қасди магас ба санги дурушт,

Бар сари богбон зад, ӯро кушт.

Хасмаш аз зиракӣ накард озор,

Аблаҳи дуст бин, ки кушташ зор.

Тарки ин аблаҳони нодон гӯй,

В-ар на аз ҷони хеш даст бишуй.

ДАРАХТИ ҷовидон

Буд Кисро1 нишаста хурраму шод,

Сухани Ҳинд дар миён афтод.

Гуфт шахсе: «Дар он диёри васеъ,

Ҳаст кӯҳе дар он дарахти рафеъ2.

Доимо ҳаст меваҳои тараш,

Мурдаро зинда мекунад самараш».

Майли он сӯ намуд Кисроро,

Шавқаш аз ҷо рабуд Кисроро.

Ба яке аз хавоси3 худ фармуд,

Ки: “Сӯи Ҳинд рав, талаб кун зуд”.

Рафт то Ҳинд, гашт то як сол,

Ҳама ҷо кард аз он дарахт савол.

Кас хабар з-он дарахту мева надод,

Охираш кард олиме иршод4.

Гуфт: «Он кӯҳ мардуми доност,

Илми ӯ он дарахти побарҷост.

Ки аз он мева гар хурад эшон,

Зинда гарданд, ҷон баранд эшон».

Мард наздикии Кисро омад боз,

Парда бардонгг аз ҳақиқати роз.

Гуфт Кисро: «Яқин, ки ҳеҷ самар,

Набувад ҳамчу илм ҷонпарвар».

ПИСАРИ ПИРАМАРД

Чатри аъзам Ҳасаншоҳи баққол,

Он ба дониш сипеҳри фазлу камол. Муқгадои1 маволии2 Шероз, Пешвои аҳолии Шероз.

Рафт рӯзе бари Ҷаҳоншоҳҳон,

Ки Ҷаҳоншоҳ буд шоҳи ҷаҳон.

Шоҳ бархост баҳри ӯ филҳол3,

То ба даҳ гом кардаш истиқбол.

Ба сари маснади худаш биншонд, Пас ба иззат бар ӯ ҳикоят ронд.

Шоҳ гуфташ: «Эӣ баландмақом! Толиби илмро ба ҷиддӣ тамом!

Илм то чанд гаҳ шавад ҳосил?» Гуфт: «Сӣ сол, гар бувад қобил». Шоҳ гуфто: «Бигӯӣ фоидаро,

Нафъи сӣ солу ранҷи зоидаро!

Зуд баргуй, эй, ту маъдани илм? Нафъи сисола ранҷ бурдани илм»4. Гуфт: «Шоҳо, мани дилафтода,

На маликзодаам, на шаҳзода. Падарам буд марди баққоле,

Марди дарвеши бе зару моле.

Руз то шаб нишаста дар бозор, Ҳосилаш не ба гайри шаш динор. Кас надидам бар ӯ салом кунад,

Ё ба таъзими ӯ қиём кунад.

ба ҳар кас салом ҳам гуфтй,

Дар ҷавобаш алайк кам гуфтӣ. Илмро бин, ки ҳамчу ман писаре, К-аш бувад дар ҷаҳон чунон падаре. Баҳри ман подшоҳ зи авҷи ҷалол, Даҳ қадам омада ба истиқбол.

Ҷоӣ дода ба маснади хешам,

Ба тавозӯъ нишаста дар пешам. Писари пирамарди камкоса,

Шуда ба подшоҳ ҳамкоса.

Ин яке буд аз фавоиди5 илм,

Бешумор аст нафъи зоиди илм».

Хуш баромад шаҳ аз ишорати ӯ,

Офарин гуфт бар иборати ӯ.

ТАЪКИД

Соҳиби илм ҳар куҷо бошад,

Ҳама кораш ба муддао бошад.

Бо бузурге, ки илм ёр шавад,

Дар бузургӣ яке ҳазор шавад.

МАВРИДИ СУХАН ГУФТАН

Марди нодони бесарупое,

Рафт назди ҳакими доное.

Ба каломи тавил1 шуд қоил,

Калимоташ тамом лотоил2.

Кард оғози гуфтани ҳазён,

В-аз каломаш ҳаким дар ғашён.

Охир аз ҳарза гуфтани бисёр,

Рафт дасту забон-ш ҳар ду зи кор.

Гуфт: «Бас мекунам, ки гаштӣ гиҷ»,

Гуфт: «Мискин, ту худ нагуфтӣ ҳеҷ»,

Эӣ писар, дар сухан тааммул кун,

Баду неки сухан тахайюл3 кун!

Гар сухан лоиқ аст, дар вай печ,

В-ар на сад сол гуфтаӣ, ҳама ҳеҷ.

Гуфт Бузарҷумеҳри олирой,

Он ба дониш ҳакими уқцакушой4.

«Ҳар кӣ гӯяд сухан зи ҳад берун,

Шак маёвар, ки ҳаст ахди ҷунун».

ХУЛОСА

Сухани хуш зи ҳар чӣ мағруб аст,

Шеваи ихтисор матлуб аст.

Шахд агар нафъи бекарон дорад,

Чун аз он пур хӯрй, зиён дорад.

Гарчи ҳарфи накӯ ҳунар бошад,

Дар камаш лутф бештар бошад.

Ҳарфи некӯ агарчӣ дурр гуйй,

Некӣ аз вай равад, чу пур гуйӣ Мухтасар гӯ, каломи тул гузор;

Арз манзур кун, фузул гузор!

ЧОХКАН ЗЕРИ ЧОХ

Буд марде ба рӯзгори қадим,

Бо дили мустақиму табъи салим1.

Одате доштӣ, ки ҳаррӯза,

Гирди дарҳо шудӣ ба дарюза2.

Ин насиҳат ба ҳар саро гуфтй,

Чанд навбат муқарраро гуфтй:

«К-он чӣ бар нафси хеш напсандӣ,

Ба дигар халқу хеш напсандй.

Бар дигар мардумон ҳамон андеш,

Ки нанолӣ гар оядат дар пеш».

Рӯзе аз рӯзҳо ба ҷое шуд,

Наъразан бар дари сарое шуд,

Панди худ боз гуфт сар то сар,

Баъд аз он хост чизе аз паси дар. Соҳиби хона меҳтари деҳ буд,

Мулку молаш зи дигарон беҳ буд. Гуфт меҳтар ба мардуми хона:

«К-ин мард кист – девона?

Пушт бар ному нанг оварда, Мардумонро ба танг оварда. Комил-ул-ақли пешбин шудааст, Халқро носеҳу3 амин шудааст.

Беҳ, ки фикри фано кунем ӯро,

В-аз сари халқ во кунем уро.

Қадаре заҳр дар хамир кунем,

Баҳри ӯ чанд нон фатир кунем.

То хӯрад з-он фатиру мирад зор, Накунед халқро дигар озор».

Ҳафт нон баҳри ӯ чунон карданд, Монда нон бар кафаш равон карданд. Нон гирифту бурун шуд он дарвеш,

То барад нон ба сӯи хонаи хеш. Хонааш дур буд з-он манзил,

Бешае буд дар миёни ҳоил4.

Мард дар беша такзанон мерафт, Баста бар пушти худ нон мерафт.

Буд бечора такзанон дар роҳ,

Ки гирифтанд раҳ бад-ӯ ногоҳ.

Ҳафт фарзанди хосаи меҳтар,

Ҳар яке буд аз он дигар беҳтар.

Аз шикор омада ҳама бетоб,

На дар он роҳ хӯрда нон, не об.

Ҳафто нон зи пушти он дарвеш, Даррабуданд, сохт тӯъмаи хеш.

Ҳафт барно чу ҳафт нон хӯрданд,

Боз гангганду дарзамон мурданд.

Меҳтар аз фавти ҳафт сар фарзанд,

То ба як ҳафта риш бармеканд.

Баъди як ҳафта омад он дарвеш,

Кард бар дар ҳамон насиҳати хеш.

Гӯш бар қавли ӯ чу бинҳоданд,

Сар ба сар дар тааҷҷуб афтоданд:

К-«Ин гадопеша заҳр дар нон хурд.

Сахтҷон заҳр хӯрда чун ҷон бурд?»

Гуфт шахсе: «Нахурда он нонро,

В-арна медод дарзамон ҷонро».

Меҳтар аз хона сар бурун овард,

Гуфт дарвешро, ки «эӣ сарамард!

Нон, ки он рӯз з-Ин саро бурдй,

Ба куҷо бурдиву куҷо хӯрдй?».

Гуфт: «Будам ба роҳи хонаи хеш,

Писарони ту омаданд ба пеш.

Ҳафт тан ҳафт нони ман бурданд,

Ғасб карданду нони ман хӯрданд».

Меҳтар аз вай чу ин сухан бишнид,

Дили тангаш зи ғусса хун гардид.

Сухт ҷонаш зи ҳаҷри фарзандон,

Гапгг гирён чу орзумандон.

«Чаҳ, ки аз баҳри дигаре кандам,

Ҳам дар он чаҳ фитод фарзандам».

Зинҳор он чӣ нописанд бувад,

Ки аз ӯ халқро газанд бувад.

То тавонӣ ба ҳеҷ кас мапсанд!

Гар нахоҳй, ки уфтӣ ба газанд.

АНУШЕРВОН ЧАРО ОДИЛ ШУД?

Аз Нушервон касе пурсид:

«К-аз чӣ майли дилат ба адл кашид?

Ту ки дурӣ зи давлати Ислом, Муттасиф чун шудӣ ба адл тамом?1 Сабаби ин ҳама адолат чист?

Муҷиби2 адли безаволат чист?»

Гуфт: «Дар ҳини кӯдакй3 як бор, Мешудам дар раҳе ба азми шикор,

Дар рикобам пиёда буд басе,

Чӯб бар каф ниҳода буд касе.

Аз миёни шон саге гузар мекард,

В-аз ҳаёҳуяшон ҳазар мекард.

Он пиёда фиганд чуб аз даст,

Хӯрд бар пои саг, ки хурд шикаст. Саги мискин фиғону войкашон,

Рафт аз паӣ шикастапоӣ кашон.

Рафт чун он пиёда як-ду қадам,

Асп бар по-ш зад, ки гашт қалам.

Аспи бадфеъл низ тарф набаст,

Пои вай дар кӯе фитоду шикаст.

Чун мукофотро чунон дидам,

Равиши одилӣ4 писандидам.

3-ин мукофот нафси золими ман,

Монд занҷири адлро гардан.

Чун мукофоти зулм донистам,

Зулм бар халқ кам тавонистам.

Ҷазм кардам, ки мардуми золим,

Кам бимонанд дар ҷаҳон солим».

ПАДАРИ ХЕШ БОШ

Дар Самарқанд мавлавихоне,

Буд дар кашфи илм пурдоне.

Бар ҳама фазл ӯ мусаллам буд, Ҳамчу ӯ ахди донише кам буд.

Ба насаб гар бузургзода набуд, Кас аз ӯ дар ҳасаб1 зиёда набуд.

Бо бузурге магар ба баҳс афтод, Кардаш илзом2, сар ба ҷанг афтод. Гуфт хасмаш зи рӯи таън ба ӯ,

Ки: «Кӣ будат падар, биё баргӯ?!» Мавлавӣ гуфт: «Эӣ ҳамидасияр! Накунад кас зи ман саволи падар. Аз падар кунӣ гар савол, бирав, Писарамро бигӯ, ҷавоб шунав». Мард бояд, ки худ падар бошад, Боиси фахри сад писар бошад. В-арна фазли падар чӣ суд кунад, Фазли шахси дигар чӣ суд кунад?

МАЪМУН ВА ҶАВОНИ ДОНИШМАНД

Буд Маъмун миёнаи ҷамъе,

Ҳамчу ҷамъеву дар миён шамъе.

Ҷамъи фозилнажоду донишвар,

Сар ба сар фозилони кишвар.

Ногаҳ омад гарйб дарвеше,

Бо адаб сар фиканд дар пеше,

Дид суяш, халифа раҳм намуд,

Ба нишастан ишораташ фармуд.

Уламоро магар ба масъалае,

Дар миён уфтод валвалае.

Баҳс карданд аз он мақула1 басе,

Оқибат ҳалли он накард касе.

Сар ба сар тан ба аҷз дар доданд,

Дари аҷзу қусур букшоданд.

Охируламр он ҷавони ғариб,

Гуфт дар ҳалли он ҷавоби аҷиб.

Укдаи баҳсро чунин букшод,

Ки зи ҳар гӯша хост раҳматобод.

Буд аз ӯ, нуқтае чунон зад сар,

Дид Маъмун дар ӯ ба чашми дигар.

Хору зор ончунон намонд ӯро,

Бартар аз чанд кас нишонд ӯро.

Баҳси дигаре сар аз миён барзад,

3-ӯ ҷавоби дигар равонтар зад.

Боз Маъмун назар бар ӯ андохт,

Бар се-чори дигар муқаддам сохт.

Дар сеюм баҳс фоиқ омад2 боз,

Гуфтаи ӯ мувофиқ омад боз.

Лаб ба таҳсини ӯ халифа кушод,

Бар сари маснади худаш ҷо дод.

Уламо чун шуданд аз паи ҳам,

Зад ба норафтанаш халифа рақам.

-152-

Гуфт: «То базми ишрат ороянд,

Соқиён бо қадаҳ дарун оянд».

Ҷоми маӣ даргирифт нушонуш,

Чангу наӣ даргирифт ҷӯшу хуруш.

Бурд соқӣ3 ба шеваҳои аҷиб,

Қадаҳе сӯи он ҷавони ғариб.

Моили маӣ нашуд чу соғар пещ,

Ҳамчу чаяг ӯ фиканд сар дар пеш.

Гуфт Маъмун, ки: «Соғаре даркаш,

Машав аз маӣ чу зоҳидон саркаш».

Гуфт: к-«Эӣ офтоби чархи сарир,

Нест пушида бар замири мунир.

Ақлу дониш васила буд маро,

Ки ба қурби ту рӯ намуд маро.

Қадаре ақл буд мояи ман,

ЬСи бад-ин ҷо расонд пояи ман.

Маӣ зи ман чу ақдро бистонад,

Сабаби қурби ман куҷо монад?

Сабаби қурб чун шавад маъдум,

3-ин саодат маро кунад маҳрум.

Мояи ақл дода бозорам,

Ки чунин ғарм шуд харидорам.

Бода чун аз кафам барад моя,

Бешак андозадам аз ин поя».

Бода бо он, ки гармбозор аст,

Судаш андак, зиёнаш бисёр аст.

Чашм аз суди андакаш бардор,

То набинӣ зиёни ӯ бисёр.

САРИ ҲОТАМ

Дар замоне, ки Ҳотам андар даҳр,

Ба карам шуҳра гашт1 дар ҳама шаҳр. Ҳама ҷо гуфтугӯи Ҳотам буд,

Халқро рӯ ба сӯи Ҳотам б>д.

Подшоҳе зи хусравони араб,

Арабе суи хеш кард талаб.

Ки: «Зи Ҳотам ба ҷон расида дилам, Пеши мардум зи ҷуди ӯ хиҷилам2. Арабе галлабони саҳрой,

Шуда дар ҷуд Ҳотами Тойӣ.

Ҳар кӣ номаш барад некӯ гуяд.

Ҳама кас зикри хайри ӯ гӯяд.

Рашки ӯ оташам ба ҷон задааст,

Шӯъла дар ҷони нотавон задааст.

Тег бардору рав ба маскани ӯ,

Сари ӯро ҷудо кун аз тани ӯ.

Гар расони ба ман сари Ҳотам, Диҳамат то ба даҳ ҳазор дирам.

То шавад номи ӯ зи олам гум,

Гум кунад зикри хайри ӯ мардум.

Ман дигар дасти ҷуд бикшоям,

Сад чу Ҳотам вуҷуд бинмоям.

Чун касон аз сахо сухан гӯянд,

Ҳама ҷо аз сахои ман гӯянд».

Араб омад сӯи қабилаи Тай,

То барад баҳри подшоҳ сари вай.

Буд Ҳотам ситода бар сари роҳ,

Ки расид аз раҳ он араб ноғоҳ.

Бар араб гуфт: – «Ман нишон диҳамат, Сари Ҳотам ҳамин замон диҳамат». Ҳамроҳаш бурд дар биёбоне,

Ки набуд он ба ҷуз ду тан ҷоне.

Теғи хунрези худ ба дасти араб,

Доду биншаст пеши ӯ баадаб.

Ки: «Бизан теғро бар гардани ман, Сари Ҳотам ҷудо кун аз тани ман. Манам он Ҳотаме, ки мегӯӣ,

В-ин сараст, он саре, ки меҷӯӣ.

Сарам афган, ки бе сарам наравй,

То тиҳидаст аз барам наравӣ».

Араб аз кори худ пушаймон шуд,

Аз каф андохт теғу гирён шуд.

Гуфт: «Бархез, эӣ карамгустар3,

Ба карам аз гуноҳи ман бугзар,

Ки фалон шоҳ даҳ ҳазор дирам Ваъда кардаст то сари ту барам.

Тамаъ андохт дар гуноҳ маро,

В-аз тамаъ гашт ру сиёҳ маро.»

ҶОМАИ ОШХУРӢ

Маҷмае доштанд оме чанд,

Даъвие чанд пухта хоме чанд.

Рафт Баҳлул ҷониби эшон,

Бесару по мисоли дарвешон.

Раҳ надодандаш андар он маҳфил1,

Рафт берун равон аз он манзил.

Шуд шитобон ба ҷониби бозор,

Орият2 кард ҷома ва дастор.

Дар бару сар фигақц суфу катон,

Рост Хоҷа Носирн бозургон.

Боз барганггу шуд дар он маҳфил,

Сӯи он мардумони нодондил.

Зиннату зеби ҷомааш диданд,

Уқдаҳои амомааш диданд.

Баҳри таъзими ӯ зи ҷо ҷастанд,

Пеши ӯ даст бар камар бастанд. Биншонданд дар сафи болош,

Аввалан пеши ӯ ниҳоданд ош.

Чун кашиданд сӯи халқ таом,

Чашм бар хоҷа доштанд тамом.

Хоҷа чун сӯи он азизон шид,

Остинро зи дасти хеш кашид.

Даҳони остин дар ош ниҳод,

Гуфт: «Инро бихӯр, ки нӯшат бод».

Ҳама з-он дар тааҷҷуб афтоданд.

Ҳозирон лаб ба ханда букшоданд.

Гуфт Бахдул, ки: «Эӣ ғалатбинон,

Сар ба сар сурати нуқатбинон.

Ман ҳамон ринди бесару поям,

Ки надодед раҳ ба ин ҷоям.

Ман ҳамон жандапӯшу дарвешам,

Ки бирондед аз дари хешам.

Ҷома то дар бадан набуд маро,

Ҳеҷ кас дар намекушуд маро.

То ки дар бар фигандаам ҷома,

Ҷоӣ дорам ба садри ҳангома3.

Чунки аз баҳри ҷома буд таом,

Ҷома беҳ гар шавад таомошом.

Ин мақомам ба иззати ҷом(а) аст,

В-ин таомам ба давлати ҷом(а) аст». Мардумон дар хиҷолат афтоданд,

Ҳама инсоф таври ӯ доданд.

test

Добавить комментарий