Бадриддин Ҳилоли (1470-1529)

Бадриддин Ҳилоли
(1470-1529)

image16

Моро ба ҷафо кушта пушаймон шуда бошӣ? Хуни дили мо рехта ҳайрон шуда

бошӣ?

Ҳилолй

Шаб торику зулмотӣ буд. Барои мардуми Ҳирот ин шаб, яъне шаби ҷумъаи соли 1529 як умр шаби бехосият хоҳад монд. Дору гир, доду фарёд, гиряю лобаи кӯдакону занон хомушии шабро халалдор мекард. Ясавулон ва сарбозони Убайдуллохон хонаҳои мардумро талаю тороҷ мекарданд, одамони «гарданкаш», «ёғй», ё «шиамазҳаб»-ро ба зиндон ё ба қозихона мебурданд.

Чор сарбози Убайдуллохон ба назди дарвозае омада Хдполиро ба маҳкамаи қозӣ бурданд.

Шоир шарту русуми инсонӣ ба ҷо оварда салом дод. Аммо салом беҷавоб монд. Қозикалон ба ҳуҷум гузашт.

  • Шумо, шоир Хдполй? Чунин бандаҳои осӣ ба худ лақабҳои осмонӣ меёбанд. Садқаи ҳилоли Худои азза ва ҷалла шавед.
  • Ман гуноҳе надорам ва сабаби ба марҳамати шумоён расиданамро намедонам.
  • Намедонй! Хдмаашро нагз медонй. Ҳоло ба ёдат меорем. Аввалан, дар як шеърат хони покдину маъдалатгустар, ҳомии шариати Ислом, сояи Худо дар замин Убайдуллохонро танқиду мазаммат кардй! Магар ин гуноҳ нест? Сониян, аз рӯи кору рафторат шиамазҳаб ҳастӣ! Ба шиа буданат мана, ин ҳомиёни дину диёнат гувоҳ ҳастанд ва шиа буданатро тасдиқ мекунанд!

Мавлоно Бақои Ланг ва Мавлоно Гулчеҳр, ки дар назди қозикалон ҳузур доштанд, аз ҷоӣ бархеста суханони Мавлоно Шамсидцинро тасдиқ карданд.

  • Баред! Пагоҳ дар бозори Чорсу амри моро амалӣ кунед!

Хуршеди оламтоб кайҳо аз паси қуллаҳои кӯҳ баромада,

саховатмандона нурпошӣ мекард. Вале офтоби зиндагии Хдлолӣ рӯ ба гуруб оварда буд. Шоири номуродро ясавулон кашон- кашон ба сӯи бозори Чорсӯи Хдрот мебурданд. Як гурӯҳ мардуми авом ҳамроҳӣ мекарданд. Баъзеҳо ба ҳоли шоир гиря мекарданд ва баъзе ҳасудон, суннимазҳабон ба сари Ҳилолӣ санг мепартофтанд. Сари шоир хуншор шуда буд. Қатраҳои хун ба рӯи гандумгуни шоир таровида, риши мошу биринҷи шоирро лолагун карданд. Ӯ бо сари баланд пеш мерафт. Адиб ба атрофиён хирадмандона назар мекард. Аз байни ҳасудон, нотавонбинон, дӯстон, хеШу ақрабояшро меҷуст. Медид. Онҳо гирён буданд. Шоир бо ишорат бо онҳо хайру хуш менамуд ва байти зерро бо дарду алам мехонд.

Ин қатраи хун чист ба рӯи ту, Ҳилолӣ?

Гуё ки дил аз еусса ба рӯи ту давида.

Ниҳоят Хдлолиро ба бозорҷоӣ оварданд. Дар назди ӯ ҷаллод Сайфулло шамшер дар даст меистод. Қатлгоҳ баландтар буд. Шоир издиҳомро хуб медид. Чанд дақиқа хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Ҳилолӣ сар баланд кард ва ба тарафи мардум назар андохт. Баъд гуфт:

  • Хешу табор, дӯстон, ман бо шумо худоҳофизӣ мекунам. Онҳо дар қасди ҷони ман буданд. Ман аз мурдан наметарсам.

Оре, онҳо ҷисми маро нест мекунанд, шеъри маро нест карда наметавонанд!

Баъд Хдлолиро қатл намуданд.

САД ҶОН ФИДОИ ДӮСТ

Бархез, то ниҳем сари худ ба пои дуст,

Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дӯст.

Дар дустӣ мулоҳизаи маргу зист нест,

Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст.

Ҳошо1, ки гайри дӯст кунад ҷо ба чашми ман,

Дидан наметавон дигареро ба ҷои дӯст.

Аз дӯст ҳар ҷафо, ки расад ҷои миннат аст,

Зеро, ки нест ҳеҷ вафо чун ҷафои дуст.

Бо дӯст ошно шуда, бегонаам зи халқ,

То ошнои ман набувад ошнои дуст.

Дар халқаи сагони дараш меравам, ки боз Аҳбоб2 сар занад ба гирди сарои дӯст.

Дасти дуо кушод Хдполӣ ба ҳазратат,

Яъне ба даст нест маро ҷуз дуои дӯст.

ЧЙКУНАМ?

Баҳор мерасад, аммо баҳорро чӣ кунам?

Чу нест гулрухи ман, лолазорро чӣ кунам?

Ба ихтиёр тавонам, ки рози дил накшоям, Фиғону нолаи беихтиёрро чӣ кунам?

Агарчӣ рӯи ту хуршедвор ҷилванамост,

Сиёҳруи шабҳои торро чӣ кунам?

Қарори ошиқи бедил ба сабр бошаду бас,

Чу сабр нест, дили беқарорро чӣ кунам? Гирифтам ин, ки шаб аз маӣ даме биосоям, Ассабоҳ балои хуморро чӣ кунам?

Ҳилолӣ ин ҳама ғамро тавон кашид, вале Ғами ғарибию ҳиҷрони ёрро чӣ кунам?

ГУЛ

Омад буи хуш дилам аз рангу бӯи гул,

Он беҳ, ки маӣ кашам ду-се рӯзе ба рӯи гул.

Гул дидам, орзуи касе дар дилам фитод,

К-аз диданаш касе накунад орзуи гул.

Ин дам, ки бӯи дипкаши гул медиҳад насим,

Бас дилкаш аст, гашти гулистон ба буи гул. Хуш, он ки ёр бошаду ман дар ҳарими боғ,

Ман сӯи ӯ назар фиғанам, ӯ ба сӯи гул.

Дид он ду рух Хдлолию осудадил нишаст,

Аз ҷустуҷуи лолаю аз гуфтугӯи гул.

РӮЗИ НАВРӮЗ АСТ

Рузи наврӯз аст сарви гулъузори ман куҷост? Дар чаман ёрон ҳама ҷамъанду ёри ман куҷост? Гангга мардум ҳар яке имруз сайди чобуке, Чобуки сайдафкани мардумшикори ман куҷост? Нест як соат қарор ин ҷони нооромро,

Ё раб3, он ороми ҷони беқарори ман куҷост?
-159-

Сӯхт аз дарди ҷудоӣ дил ба умеди висол,

Марҳами доги дили уммедвори ман куҷосг?

Рузгоре шуд, ки дур афтодаам, охир бипурс,

К-он сияҳрузу парешонрузгори ман куҷост?

Буд умре бар сари кӯят Хдлолӣ хоки роҳ,

Соате, эӣ маҳ, нагуфтӣ хоксори ман куҷост?4

ДӮСТОН

Дустон, имшаб давои ҷони маҳзунам кунед,

Бар сарам афсонае хонеду афсунам кунед.

Нест андуҳи маро бо дарди Маҷнун нисбате,

Мешавам девона, гар нисбат ба Маҷнунам кунед. Лолагун шуд ҳирқаи садчокам аз хуноби ашк,

Шарҳи ин сурат ба шухи ҷомагулгунам кунед. Шаҳсавори ман ба саҳро рафтаву ман мондаам,

3-ин гунаҳ аз шаҳр мехоҳам, ки берунам кунед.

Васфи қаддашро ба мизони3 хирад санҷидаам,

Офарин бар эътидоли табъи мавзунам кунед.

Чашми пурхунам бубинеду мапурсед аз дилам,

Ҳолати дилро қиёс аӣ чадпми пурхунам кунед.

Чун Ҳилолӣ душ бар хоки дараш ҷо кардаам,

Шояд аз имрӯз ҷо бар авҷи гардунам6 кунед.

ДАР БОРАИ ОДОБ

Надонам, к-ин ҳама тарки адаб чист?

Ҳади худро намедонй, сабаб чист?

Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой,

Зи ҳар ҷониб, ки хоҳӣ дар миён ой.

Адаб ороиши афъол бошад,

Адаб осоиши аҳвол бошад.

Фурӯғи зоҳир’ аз ороиши ӯст,

Фароги ботин2 аз осоиши ӯст.

Адаб маҷмуаи ҳусну ҷамол аст,

Баҳоре дар камоли эътидол[1] аст.

Ҳама корат ба қадри хеш бояд. с Зи қадри худ на кам, на беш бояд,

Ба ин мизон, агар худро бисанҷй,

Наранҷанд аз туву худ ҳам наранҷй.

Чу биншинй, чунон бояд, ки шояд,

Чу бархезй, чунон шояд, ки бояд.

Чароғи дида шаб ҷое маяфрӯз,

Ки гардад тира, чун равшан шавад рӯз.

Сухан бо маҳрамон бояд чунон гуфт,

Ки бо агёр4 дар маҷлис тавон гуфт.

Чаро сомеъ5 ниҳад бар нуқтае гӯш,

Ки бояд кардаш аз хотир фаромуш?

Манеҳ бар ҳарфи кас зинҳор ангушт,

Ки афтад чун қалам ангушт аз мупгг.

Чаро ҷое қадам бояд ниҳодан,

Ки он ҷо бе маҳал бошад ситодан.

Адабро раҳбари кӯи талаб кун,

Вагарна нафси саркашро адаб кун.

Адаб дар анҷуман шамъи мунир6 аст,

Далели покии мо фи-замир7 аст.

ҚИТЪА ДАР САХТИИ ҲОЛИ ХУД

  1. Оҳ, аз ин рӯзгори баргашта,

Ки зи ман лаҳза-лаҳза баргардад.

Гар фалакро ба коми худ хоҳам,

У ба коми каси дигар гардад.

В-ар зи ҷоми нишот бода хурам,

Бода хунобаи ҷигар гардад.

В-ар қадам бар бисоти сабза ниҳам,

Сабза дарҳол нештар гардад.

Лек бо ин хушам, ки толеи ман,

Натавонад аз ин батар гардад.

РУБОИҲО

  1. Дар олами бевафо касе хуррам нест,

Шодию нишот дар бани одам нест!

Он кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест,

Ё одам нест, ё аз ин олам нест! 3

ДАР БОРАИ ДАЛЕРЙ

Биё, эӣ бедили аз кор монда,

Зи бим андар паси девор монда.

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,

Агар рӯбаҳ далер афтод, шер аст.

Чӣ хуш гуянд мардони ҷигардор,

Ки: – «Пое пеш нест, дасте бурун ор!».

К-аз ин даст аз ҳама кас пеш бошӣ,

Ба ин ҷо аз ҳама кас беш бошӣ.

Раҳи саҳрои расвоӣ гурез аст,

Калиди мамлакат шамшери тез аст.

Ба як дам оламеро фатҳ кардан1,

Беҳ аз нанги ҳама олам ба гардан.

Сари душман равон аз тан ҷудо кун,

Вагарна рав, сари худро фидо кун!

Агар сад сол зери санг бошӣ,

Аз он беҳтар, ки зери нанг бошӣ.

Зи ғайрат гар яке мардонагӣ кард,

Ту гӯӣ ҷоҳиле девонагӣ кард?

Магӯ ҷоҳил, ки ҷои ҳайрат аст ин,

Беҳ аз сад оқили беғайрат аст ин.

Қавидил шав, ки дар майдони мардй2,

Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ.

ДАР БОРАИ ВАФОДОРӢ

Ҷафокоро, вафодорӣ биёмӯз,

Зи ёрон шеваи ёрӣ биёмӯз!

  1. .Ёр омаду ёри дилнавоз омад боз,

    Баҳри дили хаста чорасоз омад боз.

    Умрам ҳама рафта буд, аз рафтани ӯ,

    Сад шукр, ки умри рафта боз омад, боз.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.