Қаҳрамони Халқи Тоҷик – Темурмалик

ҚАЛЪАИ ОБӢ ВА КИШТИИ САРПУШИДА

Шаҳри Хуҷанд монанди чандин шаҳрҳо ва районҳои дигари Мовароуннаҳр ва Хуросон дар ҳуҷуми Чингиз ба ҳоли худ гузошта шуда буд. Дар он ҷо аз тарафи султон Муҳаммад дастаи аскарони муҳофиз гузошта нашуда буд. Аҳолии он ҷо ҳам монанди аҳолии дигар ҷойҳои мамлакати султон ба дасти такдир супурда шуда буданд. Маслиҳате ҳам, ки аз тарафи султон ба онҳо дода шуда буд, ҳамон «маслиҳат» буд, ки ӯ дар вақти гурези худ ба аҳолии сари роҳ дода буд. Ин «маслиҳат» ҳамин буд, ки мегуфт; «… Чораи кори худ созед ва барои худ гурезгоҳе ба даст оваред …. Агар гурехта натавонед, таслим шавед!».

Аммо ҳокими Хуҷанд Темурмалик ба он гуна «маслиҳат» ва фармонҳои хоинона ва агар сабуктар карда гӯем, беномусона гӯш надод ва аз вақте, ки ӯ ҳаракати Чингизи хунрезро ба тарафи Мовароуннаҳр шунид, дар паи мудофиаи Ватан афтод.

Темурмалик аз аввал медонист, ки як душмани хунхори пурзури монанди Чингизро Хуҷанд ба танҳоӣ шикаст дода, нест карда наметавонад. Лекин виҷдони ватандустӣ ӯро маҷбур мекард, ки то дар бадан ҷон ва рамақе дорад, вазифаи аз тарафи ватан ба гарданаш гузошташударо адо намояд, то ки дар пеши модари азиз – ватан хоин ва оқи модар ба шумор наравад ва дар таърих номи ӯ бо лаънат ва нафрат ёд нашавад. Ӯ ин нуқтаро бо хубӣ медонист, ки агар ватан аз даст рафта, поймоли суми аспони душман шавад, ӯ зинда намемонад ва агар зинда монад ҳам, бономусона ва қаҳрамонона дар сафи ҷанги мудофиаи ватан кушта шудан ҳазор бор аз он гуна зиндагонии сарпастона, асирона ва беномусона беҳтар аст. Бинобар ин ӯ қарор дод, ки ба ҳар роҳе, ки бошад, ба қадри қувват ва имкон дар мудофиаи ватан кушиш намояд.

Темурмалик барои иҷрои ин мақсади худ атрофи шаҳри Хуҷандро аз назар гузаронида, дар миёни дарёи Сир ҷазирае ёфт, ки дар он ҷо қалъае сохтан мумкин буд. Ӯ аз ҳама кор аввал мардуми Хуҷандро сафарбар карда, дар он ҷазира як қалъаи мустаҳкам бино намуданро сар кард.

Ҳарчанд шаҳри Хуҷанд қалъаи қадимии мустаҳкаме дошта бошад ҳам, назар ба фикри Темурмалик бо одами кам ба он қалъа такя карда, дар муқобили чингизиён муддати дароз истодагарӣ намуда, ҷангидан мумкин набуд. Чунки онҳо бо аскари бисёр қалъаи хушкиро дар муҳосираи сахт мегирифтанд, бо манҷаниқҳои калон, ки ягона яроқи қалъагирии он замон буд шаҳр ва деворҳои вайро хароб мекарданд ва зарфҳои пурнефтро оташ зада ба шаҳр андохта, сӯхторҳо ба амал меоварданд.

Аммо қалъае, ки Темурмалик дар миёнаи об сохтан мехост, аз хавфи санги манҷаниқ ва оташи нефт дар амон буд. Зеро бинобар аз хушкӣ дур будани қалъаи обӣ, сангҳо ва зарфҳои пурнефт, ки аз канор андохта мешуданд, ба вай намерасиданд.

Дар вақте, ки хуҷандиён дар зери роҳбарии Темурмалик қалъаи обӣ месохтанд, ҳар рӯз аз сафи ҷанг хабарҳои бад- хабарҳои ноумедкунанда мерасид.

Аммо ҳеҷ кадоми ин гуна хабарҳо ба азму иродаи Темурмалик футур нарасонид. Балки ҳар хабаре, ки ӯ дар бораи ваҳшигарии чингизиён нисбат ба аҳолӣ, боғу бӯстонҳо ва киштзорҳоро сӯхтани онҳо Мешунид, оташи интиқомгирии ӯ ба ҷӯш омада, дар мудофиаи ватан ва авлоди вай собитқадамтар мегардид.

Темурмалик баъд аз тамом намудани сохтмони қалъа, он ҷоро бо озуқа ва аслиҳа пур кард. Хубтарин аслиҳаи ҷангии он замон шамшер, ханҷар, найза, табарзин ва камону тир буд, ки ҳамаи ин гуна яроқҳоро худи аҳолии Хуҷанд бо як суръат ва ғайрати ҷанговарона сохта ба қалъа мерасониданд.

ТАЙЁРИИ ҲАРБИИ ҶАНГОВАРОН

Темурмалик дар рӯзҳое, ки дар сохтани қалъа ва киштиҳо машғулӣ мекард, барои расонидани ҷавонони ҷанговар ҳам тайёрӣ медид. Ӯ дар интихоб ва расонидани ҷавонони ҷанговар мазмуни ин байтро барои худ дастур кард:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Темурмалик ба ин мулоҳиза аз ҷавонони Хуҷанд танҳо ҳазор нафарро интихоб кард, ки ҳар кадоми онҳо дар сиҳатии бадан, дар қуввати дасту бозу ва дар матонати дилу ирода мумтози замони худ буданд.

Темурмалик ин ҷавононро аз як тараф таълими ҳарбӣ дода, ба онҳо яроқкорфармоиро омӯзад, аз тарафи дигар бо нутқҳои оташини худ ҳисси ватанпарварии онҳоро бедор ва зиёд мекард ва фоҷиаҳоеро, ки чингизиёни хунхори ваҳшӣ нисбат ба аҳолии ҷойҳои ишғолкардаашон ба вуҷуд оварда буданд, ба ҷавонон нақл карда, дили онҳоро нисбат ба душмани разил бо оташи ғазаб ва нафрат шуълавар мекард.

Темурмалик чунон, ки сарфармондеҳ, саринженер ва сарташвиқотчии ҷанги Хуҷанд буд, инчунин ӯ сармуаллими ҳарбӣ ҳам буд, ки ҳамаи он ҳазор ҷавононро шахсан худаш таълим медод…

Темурмалик, ба замми ин, ки лашкаркаши донишманди замони худ буд, дар кор фармудани яроқҳои ҳарбии он замон ҳам маҳорати фавқулодца дошт. Хусусан, дар тирандозӣ чунин иқтидори комил дошт, ки дар ҳеҷ ҷо ва аз ҳеҷ нишона тири ӯ хато намехӯрд.

Ҳар ҷанговаре, ки сахттарини камонҳоро кашида тавонад, «қодирандоз» ва тираш ҳеҷ хато нахӯрад, «қадарандоз» мегуфтанд. Ба ин маънӣ Темурмалик ҳам қодирандоз ва ҳам қадарандоз буд.

Темурмалик ҷанговарони ҷавони худро ҳам бо таълиму тарбияи ҳарбӣ ва бо варзиши тирандозӣ қариб ба дараҷаи қодирандозӣ ва қадарандозӣ расонид.

ҲУҶУМИ ЧИНГИЗИЁН БА ХУҶАНД ВА ҶАНГ ДАР БОЛОИ ИН ШАҲР, «ФИЛ» ВА «ТИЛИСМ»

Воқеаи ба тарафи Хуҷанд ҳаракат кардани чингизиён ба ин тариқа рӯӣ дода буд: Чингизхон дар соли 615 (1219) тайёрии дуруст дида, ғайр аз он қисмҳои аскарӣ, ки дар сарҳади Хитоӣ ва маркази Мугулистон гузошта буд, бақияи тамоми лашкариёни худро бо худ гирифта ба қасди поймол кардани Мовароуннаҳр, Хоразм ва Хуросон ба роҳ баромад ва дар аснои роҳ Арслонхон, Айдиқут ва сойири қавмҳои ку-шанчии турк, ки ба ӯ тобеъ шуда буданд, ба лашкари ӯ пайвастанд.

Чингизхон ба Ӯтрор, ки шаҳри сарҳадии мамлакати султон Муҳаммад буд, расида, ду писари худ – Ӯктоӣ ва Чиготойро бо лашкари гарон ба муҳосираи Ӯтрор амр фармуд, писари дигари худ Ҷӯҷиро фармуд, ки бо қушуни худ дашту биёбонҳои он давру пешро гардиш карда роҳҳоро забт ва нигоҳдорӣ намояд, то ки хоразмиён ба лашк^риёни ӯ ҳуҷуми ногаҳонӣ наоваранд ва шабохун назананд. У Улоқнуён ва Мангубуқоро бо панҷ ҳазор кас ба тарафи Банокат ва Хуҷанд фиристода худаш ба тарафи Бухоро ҳаракат кард.

Чун Улоқнӯён ба Банокат расид, ҳокими он ҷо Ялангумалик бо қавми қониқлй, ки нӯкарони ӯ буданд ва аҳолии шаҳр се рӯз дар муҳосира буданд. Аммо Ялангумалик дар муқобили чингизиён истодагарӣ карданро лозим надониста, барои “халос кардани ҷони худ” дар рӯзи чорум бо нӯкарони худ аз шаҳр баромада ба Улоқнуён таслим шуд ва дарвозаҳои шаҳрро ба руи муғулон кушода гузошт.

Улоқнуён бар хилофи умеди Ялангумалик ва ваъдаи худ дар навбати аввал ӯро бо тамоми нӯкаронаш аз дами тег ва неши тир гузаронид, баъд аз он аҳолии шаҳрро берун бароварда, дар майдоне ғун кард ва аз байни онҳо ҷавонон ва ҳунармандонро ҷудо карда гирифта, бақияи онҳоро тамоман қатли ом кард ва шаҳрро баъд аз тороҷ кардан сӯхта ба замин яксон намуд.

-184-

Улоқнӯён баъд аз тамом кардани кори Банокат асирони банокатӣ – ҷавонон ва ҳунармандонро ба номи ҳашарӣ пеш андохта ба ҷониби Хуҷанд раҳсипор шуд. Асирони пиёда ва гурусна дар зери теғи бараҳнаи саворони чингизи хунрез пеш медавиданд. Аз асирон ҳар касе, ки аз гуруснагӣ ва мондагӣ, ё ин ки аз беморӣ аз рафтор бозмемонд, ҷаллодони хунхор бо найза ва шамшер ӯро кушта реза-реза карда партофта мерафтанд.

Аммо Хуҷанд, ки дар зери роҳбарияти фарзанди содиқи худ Темурмалик ба мудофиа тайёр шуда буд, Улоқнӯёнро монанди Банокат пешвоз нагирифт: Темурмалик наздик расидани чингизиёнро шунида, аз дувоздаҳ кипгтии сарпушидаи худ шаш киштиро ба сафар тайёр кард, намадҳои болопӯши киштиҳоро дар об тар карда, ҳар қабати онҳоро бо қабати дигар болои ҳам часпонида, ба бом ва девораи киштиҳо кашида, рӯи онҳоро ҳам бо як қабат лойи сахти ғафс андовонид ва ҷавонони тирандозро ба пеши даричаҳои тирандозии сипардори киштӣ шинонида ба пешвози душмани хунхор тайёр шуд.

Вақте ки Улоқнуён ба канори оби Хуҷанд – дарёи Сир расида барои худ гузаргоҳ меҷуст, он шаш киштӣ ба канор наздик омада, душманро дар зери тирборон гирифтанд. Тирҳои пӯлодпайкони синашикоф аз камонҳои ҷавонони тоҷики қодирандоз ҷаста аз даричаҳои киштӣ баромада монанди уқобони тезнохун, аммо бо суръати барқ дар ҳаво парвоз мекарданд ва бехато ба сина, шикам ва рӯю чашми муғулон зада чок-чок мегардонданд.

Улоқнуён, ки аз он пеш он гуна чизҳоро надида буд, дар аввали кор саросема шуда монд. Ӯ ҳарчанд диққат мекард, бар руи об аз бани одам касеро намедид, ӯ ҳамин қадарро медид, ки чизҳои калони сиёҳчаранг дар об ҳаракат мекунанд ва аз ҳар тарафи онҳо тирҳо баромада омада нукарони уро ба хуни худашон оғушта мегардонанд. Ӯ баъд аз андешаи бисёр гумон кард, ки бояд онҳо филҳои султон Муҳаммад бошанд. Зеро ӯ шунида буд, ки султон ҳайвонҳои қавиҳайкали ҷангӣ дорад, ки онҳоро фил меноманд ва бист занҷир аз он филҳоро дар Самарқанд барои муҳофизати он шаҳр гузоштааст ва бо ин мулоҳиза ӯ ба дили худ гузаронид, ки аҷаб нест чанде аз он ҳайвонҳоро ба Хуҷанд ҳам фиристода бошад. Ӯ бо ин гумон нукаоони худро фармуд, ки он чизҳоро ба зери тирборони сахт бигиранд.

Муғулон, ки дар тирандозӣ машҳури ҷаҳон шуда буданд, бо як ғазаби ваҳшиёна киштиҳоро дар зери борони тир гирифтанд.

Тирҳо ҳам бехато ба киштӣ бармехӯрданд ва ба ҷои расидаашон то сӯфор фуру рафта халида мемонданд. Аммо ба киштиҳо, ки ба гумони муғулон филҳо буданд, таъсире намекарданд. Ва ҳол он, ки назар ба шунидани Улоқнуён захми бисёр филҳоро ҳам аз по меафтонд ва ҳеҷ набошад аз сафи ҷанг мегурезонд. Ин «филҳо» бошанд бо вуҷуди ин ҳама тир хӯрдан бо ҳамон суръату ғайрати аввалӣ дар ҳаракат буда, дар ҳар ҷо, ки гурӯҳи серодами муғулонро медиданд, ҳамон ҷоро тирборон менамуданд ва тирҳояшон ҳам бехато муғулкушӣ мекарданд. Аммо тирҳои мугулон ба киштинишинон, ки пеши даричаҳои сипардор нишаста тир меандохтанд, ҳеҷ зарар расонида наметавонист.

Дар охири рӯз киштиҳо ба сабаби бар баданашон бисёр халида мондани тирҳои муғулон шакли ҷайраҳоеро гирифтанд, ки ба ҳуҷум тайёр шуда истода дукҳои бадани худро бархезонда бошанд ва монанди ҷайраи ҳуҷумкунанда босуръат ҳаракат карда, босуръат тир меандохтанд.

Улоқнуён дар охир ба ин фикр омад, ки бояд ин чизро фил ва ё ягон ҷондори дигар набошанд, зеро агар ҷондор мебуданд, каме ҳам бошад аз тирборони мо зарар медиданд, балки инҳо бояд тилисме бошанд,ки тоҷикони Хуҷанд дар муқобили мо баста бошанд.

Улоқнӯён монанди муғулони онвақга ба сеҳру ҷоду ва тилисм боварӣ дошт ва инро ҳам шунида буд, ки тоҷикон моҳиртарини ҷодугарон ва тилисмбандони дунёанд. Ӯ баъд аз ба ин хаёл омадан бисёр маъюс шуд. Зеро назар ба ақидаи вай ба муқобили сеҳру ҷоду ва тилисм дасти одамони одцӣ ва яроқи онҳо ҳеҷ кор карда наметавонист.

Шаб омад. Улоқнӯён дар ҳолате, ки як қисми аскаронаш кушта ва хаста шуда буданд ва худаш дар фикри «тилисмҳо» дар зери бори андешаву алам монда буд, аз канори об дуртар – дар ҷое, ки тири дарёгардони Темурмалик ба он ҷо намерасид, рафта манзил кард. Темурмалик ҳам бо киштиҳои худ аз сафи ҷанг ба пеши қалъаи обии худ баргапгг. Ҷавонони кипггисаворро хӯрок ва осоиш дод ва устоҳоро фармуд, ки киштиҳои имруз оа ҷанг инггироккардаро таъмир ва ислоҳ намоянд ва шаш киштии он рӯз ба ҷанг набаромадаро фармон дод, ки ба сафар тайёр шаванд.

Темурмалик баъд аз анҷом додани корҳои қалъаи обӣ ва киштиҳо худаш ба заврақе нишаста, ба тарафи шаҳри Хуҷанд

аз об баромад ва ба қалъаи хушкӣ рафт. Мардуми шаҳр ва деҳоти атрофро, ки ба қалъаи хушкӣ ғун шуда буданд, ба мудофиаи шаҳр таъкид намуд ва ба онҳо тавсия кард, ки ба ҳеҷ ҳиллаву найранг ва ба тарсонишу тахдид таслим нашаванд ва оқибати таслимшудагонро пеши назар оварда то ҷон дар бадан доранд, худро нигахдорӣ кунанд.

Темурмалик вақте ба қалъаи обӣ баргашта омад, ки шаб аз нима гузашта буд. Ӯ як қисм ҷавононеро, ки .рузи гузашта дар ҷанг иштирок накарда буданд, бо шамшерҳо, шофҳо, ханҷарҳо, найзаҳо, гурзҳо ва табарзинҳо мусаллаҳ карда, ба киштиҳое, ки он рӯз дар эҳтиёт монда буданд, савор кард ва худаш дар киштии пешгард нишаста дар торикии шаб ба сафар баромад. Ӯ киштиҳоро дар канор лангар андохта, ду нафар ҷавонони ҳушёри пиёдагардро ба хушкӣ фароварда фармуд, ки ба лашкаргоҳи муғулон рафта аз аҳволи онҳо хабар биёранд.

Ин ду нафар ҷавони бодпоӣ ба тарафи мақсад рафта ба зудӣ баргашта омаданд. Назар ба қавли онҳо муғулон монанди мурдаҳо хобида буданд ва посбонони дар гирди лашкаргоҳ гузоштаашон ҳам аз мондагии рӯзи гузашта ва бедорхобии шабона ба танг омада дар пинак рафта буданд.

Темурмалик фурсатро ғанимат шумурда, дар ҳар кадом киштӣ ба қадри даркорӣ посбон гузошта, худаш бо ҷавонони зубдаи ҷанговари коромӯхта ба хушкӣ фаромад ва бо роҳнишондиҳии он ду ҷавон, ки аз ӯрдуи душман хабар оварда буданд, бо пасхамиҳо, ҷариҳо ва ҷӯйҳо роҳи лашкаргоҳи Улоқнуёнро пеш гирифт.Чун ба мақсад наздик расид, фармон дод, ки якбора ба ӯрдугоҳи душман ҳуҷум оварда, аввал посбононро куштанд ва дар миёнаи қӯшун даромада, лашкаргоҳро зеру забар карданд.

Ҳуҷуми ногаҳонии шабона – шабохун муваффақиятнок баромад. То вақте, ки муғулон аз хоб бедор шуда ҳушёр шаванд ва ба ҷанг тайёр гарданд, қисми муҳими онҳо кушта ва хаста шуданд ва Темурмалик баъд аз ба ҷанг тайёр шудани муғулон бо ҷангҳои мудофиагӣ оҳиста-оҳиста ақиб гашта, худро ба канор кашид ва ҷанговарони худро дар киштиҳои «зиреҳпӯш» шинонда фармуд, ки дар пеши даричаҳои сипардор нишаста чингизиёнро, ки ба канор наздик омада буданд, тирборон кунанд-

Улоқнуён дар ин тирборон ҳам талафот дода маҷбур шуд, ки ақиб гардад, лекин дар натиҷаи ин воқеа у фаҳмид, ки он чизҳое, ки бар рӯи об сайр карда нӯкарони ӯро тирборон мекардаанд, на фил будаанду на тилисму ҷоду, балки қалъаҳои дарёгард – киштиҳои болопӯшида будаанд, ки онҳоро Темурмалики қаҳрамон ва донишманд эҷод карда будааст.

Ба Улоқнӯён паӣ дар паӣ мадад меомад, дастаҳои аскарии муғулон, ки дар роҳҳо ва деҳот барои бехавф кардани пушту паҳлуҳои ӯрдуи чингизиён мегаштанд, баъд аз адои вазифаи асосиашон бо фармони Ҷӯҷӣ асирони ҷавонро ҳамроҳи худ гирифта, ба пеши Улоқнӯён ғун шудан гирифтанд. Ба ин тариқа дар пеши оби Хуҷанд саворони мугул ба бист ҳазор ва асирони ҳарбӣ, ки шаҳрӣ номида мешуданд, ба панҷоҳ ҳазор расиданд.

Бо вуҷуди ин Улоқнӯён ҷасорат намекард, ки ба канор наздик омада, бо киштиҳои Темурмалик ҷанги рӯбарӯ кунад. Ӯ аскарони худро аз майдони тиррасии канори об дуртар манзил дода, ба таҳияи асбоби киштишикан ва киштисӯз даромад: ӯ ба воситаи ҳунармандони асир чанд адад манҷаниқҳои калон ва чархҳои нефтандоз созондан гирифт ва ҳам фармуд, ки зарфҳо ёфта, онҳоро бо нефт пур кардан гирифт.

Аммо Темурмалик дар ин муддат ором намеистод ва ҳар рӯз бо киштиҳо канори дарёро сайр карда ҳар аспу одаме, ки аз муғулон дар майдони тиррас ва дар чарогоҳҳо ба назараш намоён мешуд, бо тирҳои синашикоф ба заминашон фарш мекард.

Дар ин гуна ҷангҳо муғулон бисёр талаф мешуда бошанд ҳам, бо мададҳои паӣ дар паӣ шумораи лашкаронашон кам намегардид, балки ҳар рӯз зиёд мешуд.

Улоқнӯён баъд аз тайёр шудани манҷаниқҳо ва чархҳои нефтандоз дар канори об саркӯбҳо бино кунонида асбобҳои сангандоз ва нефтандозро ба болои онҳо шинонид. Ҳарчанд дар рафти ин корҳо Темурмалик паӣ дар паӣ тирборон карда, ба қушуни ӯ зарарҳои намоён мерасонда бошад ҳам, сардори муғул бо талаф кардани бисёр нӯкарон ва асирон, ин корро пеш бурд.

Манҷаниқҳо ба кор даромаданд. Чингизиён бо ин асбоб бо сангҳои панҷпутй, даҳпутй, киштиҳои Темурмаликро сангборон кардан гирифтанд. Аммо ҳар санге, ки ба киштӣ мерасид, чунон, ки ба ҷуволи пурпахта расида бошад, ба намадҳои нарм бархӯрда, ба киштиҳо ҳеҷ осебе расонда натавониста ба об меғелид. Киштинишинон бошанд, дар пеши даричаҳои сипардор оромона нишаста тир меандохтанд ва тирҳояшон бехато муғулкушӣ мекарданд.

Ин ҷанги манҷаниқӣ барои Улоқнӯён бефоида ва пурзарар баромад ва бинобар ин у чархҳои нефтандозиро босуръат ба кор даровард. Аммо муғулон ҳар зарфи пурнефтро, ки оташ зада ба болои киштиҳои Темурмалик меандохтанд, ба намадҳои тари пурлоӣ бархӯрда, ҷоеро намесӯзонид ва азбаски бомҳои киштиҳо шервонипӯш буданд, зарфи пурнефт дар он ҷо як сония ҳам қарор нагирифта ба руи об гелида мерафт ва нефти оташгирифта ба рӯи об қадре сӯхта хомӯш мегардид ва аз худ ба рӯи об мавҷҳои чиркине мегузошт. Аммо темурмаликиён ҳамчунон душманкушӣ мекарданд.

Ҷангҳои манҷаниқӣ ва чархӣ чандин рӯзҳо бар зарари чингизиён давом карданд. Дар ин миён Улоқнӯён ба Ҷӯҷӣ хабар фиристода, аз вай мадад ва барои ба даст овардани Хуҷанд маслиҳат пурсид. Ҷӯҷӣ аз аскар ва асир ба Улоқнуён мадади нав фиристода ба ӯ маслиҳат ва таълимот дод, ки дарёро бо санг пур карда ба қалъаи обии Темурмалик роҳи хушкӣ созад.

Мувофиқи дастуруламали Ҷӯҷӣ Улоқнӯён панҷоҳ ҳазор нафар асирро даҳ-даҳ ва сад-сад тақсим карда, ба болои ҳар гурӯҳ аз муғулони савор муваккал гузошт ва фармон дод, ки онҳо аз кӯҳ санг кашонанд.

Мугулон барои сангкашонӣ куҳеро, ки ба ҳамон муносибат номаш «Кӯҳи Муғул» шуда мондааст, интихоб карданд. Як қисми асирони ҳашариро ба сангбуррӣ ва сангкобӣ ва қисми дигарашонро ба сангкашонӣ кор фармуданд.

Чингизиён қувваи одамӣ ва вазни сангро ба ҳисоб нагирифта ҳар як санги калонро ба пушти ҳар асир, ки рост ояд, мегузоштанд. Ӯ маҷбур буд, ки он сангро ба як бардоштан аз кӯҳ то канори об, ки бист километр зиёдтар масофа дошт, расонад. Саворони муғул бо шамшерҳои аз ғилоф кашида гурӯҳҳои сангкашононро меронданд ва ҳар асире, ки дар санг бардоштан ва роҳ рафтан сустӣ кунад, ё аз гуруснагӣ ва беморӣ аз поӣ монад, дар ҳамон ҷо кушта партофта мешуд. Дар ин шароит ҳар рӯз садҳо асирон аз сафи кор мебаромада бошанд ҳам чингизиён ҷои онҳоро бо асирони наве, ки Ҷӯҷӣ мефиристод, пур карда корро давом мекунониданд.

Асирон сангҳоро ба лаби дарё оварда хирман мекарданд ва мугулон онҳоро дар об рехта барои худ роҳи хушкӣ месохтанд. Аммо дар сохтани як газ роҳи хушкӣ сари чандин муғул ба бод ва танаш ба об мерафт: темурмаликиён бо ҳуҷумҳои паӣ дар

паӣ сари сангрезони мугулро ба ҷои сангпораҳо дар об мерехтанд ва шабона ҳам шабохун зада роҳи сохташударо вайрон ва ӯрдугоҳи муғулонро парешон мекарданд.

Дар ҷангҳои обӣ Темурмалик ҳеҷ талафот намедода бошад ҳам, дар ҷангҳои шабохунӣ беталафот намегашт. Муғулон хоҳ дар ҷанги обӣ бошад, хоҳ дар ҳуҷумҳои шабохунии Темурмалик беандоза талафот медоданд. Аммо аз он ҷо, ки қувваи муғулон бисёр буд ва ҳар руз ба онҳо мадади нав мерасид, талафоти онҳо ҳис карда намешуд ва талафоти Темурмалик ҳарчанд кам бошад ҳам, ба назар намоён мегардид. Бо вуҷуди ин, Темурмалик бо шиддати аввала ва балки аз вай ҳам зиёдтар ҷангро давом мекунонид. Рӯз то рӯз зиёд шудани ҳисси интиқомгирии темурмаликиён нисбат ба чингизиён ва торафт шуълавартар шудани оташи газабу нафрат нисбат ба онҳо ҷои камии ҷисмонии темурмаликиёнро пур мекард.

Лекин аз даст рафтани шаҳри Хуҷанд ва қалъаи қадимии он ва қатли ом ёфтани аҳолӣ кори Темурмаликро душвор кард.

  1. ИШҒОЛ КАРДА ШУДАНИ ХУҶАНД. РОЛИ САВДОГАРОН ДАР ИШҒОЛҲОИ ЧИНГИЗИЁН. ҚАТЛИ ОМ КАРДА ШУДАНИ АҲОЛИ.

Вақге ки қувваи Улоқнӯён зиёд шуд, як қисми аскарони худро дар зери фармони Мангубуқо ба тарафи шаҳри Хуҷанд гузаронидан хост. Ӯ ба ин мақсад чандин сар гупсарҳо тайёр кард ва барои аз об гузаронидани аскарони гузаргоҳи Маҳрамро, ки аз назорати киштиҳои Темурмалик бисёр дур буд, интихоб кард. Ӯ фармуд, ки чандин амад (сал) сохта онҳоро ба

гупсарҳо пайваст карданд ва гупсарҳоро ба аспони зури оббур бастанд ва аспу одам ва яроқҳои худро бар рӯи амадҳо ҷоӣ дода, шабона аз об ба тарафи чапи дарёи Сир гузаштанд.

Чингизиён баъди аз об гузаштан тайёрии ҳарбӣ дида ба тарафи шаҳри Хуҷанд ҳаракат карданд. Дар роҳ деҳаҳо ва ҷоҳои аҳолинишин ҳама холӣ буданд. Як қисми аҳолии он ҷоҳо ба шаҳр кучида ва қисми дигарашон ба кӯҳистон гурехта буданд. Аммо богу бӯстонҳо бо токҳои ангур ва дарахтони мевадор ва киштзорҳо бо ҳосилоти бисёрашон барқарор монда буданд. Муғулони ваҳшӣ ҳамаи ободӣ ва осори маданиятро, ки дар пеши роҳашон мебаромад, сӯхта ва вайрон карда пеш мерафтанд.

Вақте ки мугулон ба Қистакӯз расиданд, хабари аз об гузаштани онҳо ба шаҳри Хуҷанд расид. Аҳолии шаҳр, ки чанд вақт боз ҳуҷуми чингизиёнро дар назар доштанд, ба сабаби ба шаҳр наздик омадани онҳо ҳеҷ саросема нашуда, «меҳмонони нохонда»-ро аз болои девори қалъа бо тирҳои паррони камон ва сангҳои манҷаниқ ва чархҳои сангпаррон пешвоз гирифтанд.

Шаҳр дар муҳосира монд, аммо азбаски қувваи калони мугулон ба муқобили Темурмалик ва қалъаи обии он банд буд, муҳосираи шаҳр он қадар сахт нашуд. Аҳолии шаҳр ҳар рӯз аз болои шинакҳои қалъа бо сангу тир ва аз дарвозаҳо баромада дар майдон бо гурз, найза ва шамшер бар зидди чингизиён сахт меҷангиданд. Шабҳо ба ӯрдугоҳи душман шабохун мезаданд.

Аҳолӣ бо ҳамаи ҷангҳо аз деҳоте, ки ҳанӯз аз тарафи муғулҳо ишғол нашуда буданд, ба шаҳр озуқа мекашонданд ва бо Темурмалик ҳам алоқаи худро нигоҳ дошта, аз вай таълимот мегирифтанд ва ба вай бо озуқа ва аслиҳа мадад мерасониданд.

Ин ҷанги хунин хеле дер кашид, ба муғулон ҳар рӯз мадади нав мерасида бошад ҳам, бо ҷанг ишғол шудани шаҳр ба назарашон дур менамуд. Бинобар ин онҳо роҳи иғвогариро, ки дар ишгол кардани шаҳрҳои дигар ба кор бурда буданд, дар ин ҷо ҳам пеш гирифтанд. Ин роҳ аз истифодаи савдогарони ҷосус буд.

Чандин сол пештар аз он, ки Чингизхон ба тарафи Мовароуннаҳр ба сафари ҳарбӣ барояд, бо савдоғарони ин сарзаминҳо алоқаи худро маҳкам карда, ба корҳои тиҷоратии онҳо ёриҳои куллӣ мерасонид, молҳои онҳоро бо нархҳои баланд мехарид, ба онҳо пешакӣ нуқраи хом ва дигар чизҳои пурқиммат дода, молҳои махсусро супориш мекард.

Ҳатто худаш ва шоҳзодагони вай ба тарзи фоидашарик ҳам ба савдогарон камтар сармоя, пул ва мол дода онҳоро ба кор медароварданд.

Савдогарон, ки аз Чингизхон ин қадар ёрмандӣ медиданд, ҳавохоҳи у шуда бо дилхоҳ ва ихтиёри худ дер боз ба манфиати ӯ ва бар зарари ватан ва ҳамватанони худ ба ӯ ҷосусӣ мекарданд. Дар вақти ҷанг бошад, ҳар кадоми онҳо ба шаҳри худ аз тарафи Чингиз вакил ва намоянда шуда мерафтанд ва ҳамшаҳриёни худро бо ташвиқ ва тарсониш ва бо роҳи ҳар гуна иғво аз ҷанг ва муқобилат боздошта, ба таслим шудан розӣ мекарданд.

Чингизхон аз савдогарони Мовароуннаҳр ва Туркистон ва танҳо дар сафари ҳарбии ба Мовароуннаҳр кардааш фоида бурд, ҳатто дар сафари Хитоӣ ҳам аз он гуна савдогарон истифода кард. Чунончи, пеш аз ба мамлакати Хитоӣ ҳуҷум карданаш Ҷаъфарихоҷа ном савдогарро ба он мамлакат элчӣ карда фиристода буд, ки барои лашкаркашии ӯ замина тайёр кунад.

Дар сафари Мовароуннаҳр ва Хуросон бошад, савдогарон мисли сиёҳгуш, ки пешопеши ҳайвоноти даррандаи бузург рафта, барои онҳо сайд пайдо мекунад, пеш-пеши Чингиз гашта мардумро ба таслим шудан даъват мекарданд, то ки чингизиёни дарранда бе ҳеҷ ҷангу ҷидол гӯшти одамхӯрӣ кунанд ….

Ба Хуҷанд Аҳмади Хуҷандӣ фиристода шуд, ки ин одам аз савдогарони Хуҷанд буда, бо Чингизхон алоқаи дерин дошт. Дар бораи муносибати Аҳмади Хуҷандӣ бо Чингизхон ҳуҷҷатҳои таърихӣ чунин мегӯянд:«… дар он овон, ки лашкариёни подшоҳи ҷаҳонгир Чингизхон саҳронишин буданд, пӯшокворӣ ва палосворӣ дар ӯрдуи ӯ қаҳтӣ тамом дошт ва дар хариду фуруши он чизҳо манофеи бисёре ҳосил мешуд, бинобар ин Аҳмади Хуҷандӣ ва ду каси дигар аз бозоргонони Бухоро асвоб (либосҳо) ва карбос ва ғайри золика аз амтиа (матоъҳо), ки лоиқи қабоили муғул буд, ҷамъ оварда мутаваҷҷеҳи ӯрдуи хон шуданд…».

Назар ба тафсилоте, ки ҳуҷҷати мазкур медиҳад, рохдорони Чингиз матоъҳои Хуҷандиро писандида ба хон такдим мекунанд. Аммо Аҳмади Хуҷандӣ ба молҳои худ баҳои аз ҳад зиёд талаб мекунад. Хон аз ноинсофии Аҳмад ранҷида бухориёнро металабад. Онҳо ихтиёри молҳояшонро ба хон вогузор мекунанд. Хон хурсанд шуда, ба молҳои онҳо аз умедашон зиёдтар қиммат медиҳад. Баъд аз он бадмуомилагии Аҳмадро бахшида, ба молҳои ӯ ҳам қиммати калон медиҳад.

Аз рафти воқеа маълум мешавад, ки Чингиз аз пулпарастии Аҳмад фоида бурда, ӯро ба доми худ кашид ва дар сафари Мовароуннаҳр дар қатори савдогарони пулпарасти дигар ӯро ҳам ба зарари ҳамватанонаш ба манфиати худ кор фармуд.

Ҷосуси иғвогари чингизиён – Аҳмади Хуҷандӣ ба шаҳри Хуҷанд ба сифати як «ҳамватан» ба осонӣ даромад. Аммо аз он ҷо, ки оммаи аҳолии Хуҷанд бо ҷасорати табиӣ ва тарбияи Темурмалик дар мудофиаи ватан тайёр буда, дар ин роҳ аз куыгга шудан наметарсиданд, ӯ кори худро махфиёна дар миёнаи савдогарони калон, ки ҳампешагони ӯ буданд ва дар миёнаи шайхону муллоён, ки ба ҳадя ва тӯҳфаи сарватмандон вобаста буданд, пеш бурд.

Савдогарон, ки мисли Аҳмад ба фоидаи тиҷоратии Муғулистон оби даҳонашон мерафт ва дар бадали як ҷуракарбос ба даст даромадани чанд болиш нуқраи хомро ба пеши назар меоварданд, ба таслим розӣ шуданд. Инчунин шайхон ва муллоён ҳам, аз як тараф, бо ташвиқоти Аҳмад аз инъому эҳсони Чингизхон умедвор шуда ва аз тарафи дигар, валинеъмати худ – савдогарони калонро ҳаводорӣ карда, розӣ шуданд, ки шаҳрро ба муғулон супоранд.

Дар натиҷа ин гурӯҳи ватанфурӯш бе он, ки ба аҳолии шаҳр хабар диҳанд, вакилони худро бо пешкашҳои лоиқ ба пеши сараскари муғул фиристода, дарвозаҳоро ба рӯи чингизиён бо дасти худ кушоданд.

Вақте ки шабона мугулон ба сари аҳолӣ ба шаҳр ногаҳонӣ рехтанд, халқи ватандуст то ҷон доштанд, ҷангида дар майдони мубориза кушта шуданд ва онҳоеро, ки яроқ бардошта наметавонистанд, бо илтимоси намояндагони таслимчӣ “амон дода” аз шаҳр бароварданд.

Лекин такдири Хуҷанд ва аҳолии он аз такдири Банокат ва аҳолии вай беҳтар нашуд: чингизиёни ваҳшӣ баъд аз тороҷ шаҳрро сӯхта ва вайрон карда ба замин яксон намуданд: аз байни аҳолии «амон дода» аз шаҳр бароварда шуда ҳунармандон ва ҷавононро ҷудо карда, боқимондаҳоро аз зану мард ва бемору пир то бачагони ширхор аз дами теги худ гузарониданд. Танҳо он чанд нафар савдогарони калон ва рӯҳониён бо як қабат пӯшокии заруриашон бар болои тӯдаҳои хокистари шаҳр ва дар байни ҷасадҳои реза-резашудаи аҳолии шаҳр зинда монданд.

Фоҷиаи таслими шаҳри Хуҷанд ва қатли ом карда шудани аҳолии он барои Темурмалик як мусибати пурзӯри ногаҳонӣ шуд. Ӯ’ монанди шери захмхӯрда меғуррид, аммо ба захми худ марҳам намеёфт; ӯ мисли баҳри дар талотумомада.мешӯрид, аммо шуридани вай ғайр аз дар изтироб андохтани ҳастии худаш ба вай фоидае намебахшид; ӯ ҳамчун наҳанги дар регзори беобафтода метапид, аммо ин тапиш уро аз гирдоби ҳаёт боз ҳам дуртар меафганд.

Темурмалик ғайр аз ба хоинон лаънат ва нафрат фиристодан ва рафиқони худро барои интиқомкашӣ аз душманони ғаддори хунхор ташвиқ карда, ба онҳо ҷасорат ва ғайрати тОза додан, барои худ воситаи тасаллии дигаре наёфт.

Темурмалик аз корҳои амалӣ дар роҳи интиқомкашӣ аз хоинони ватан ҳамин қадар карда тавонист, ки ба «баҳонаи музокираи таслими худ» Аҳмад ва чанде аз калоншавандагони таслимчиёнро ба пеши худ ҷеғ зад ва худ бо ду-се нафар рафиқонаш, ки ба онҳо таълимоти махсус дода буд, ба канори об баромад. Вақте ки таслимчиён ба лаби об расиданд, Темурмалик бе он, ки бо онҳо гуфгугӯ кунад ва ба онҳо фурсати лабкушоӣ ва яроқбардорӣ диҳад, бо табарзин ба сари Аҳмад ҳуҷум оварда, каллаи ӯро монанди чӯбкадуи хушк пора-пора кард ва ҷавонони ӯ ҳам ба дигарон ҳамла бурда, бо шамшери тез бадани онҳоро реза-реза намуданд.

Ҷавонон хостанд, ки ҷасадҳои пошхӯрдаи хоинонро дар об андохта аз онҳо дар дунё асаре боқӣ нагузоранд. Аммо Темурмалик ба ин кор роҳ надод:

– Ҷасади мурдори ин палидон оби зулоли дарёи ватани моро ҳаром мегардонад. Монед, ки гӯшти инҳоро шағолон, гурғон ва мурғони мурдорхӯр хӯрда, асари инҳоро аз рӯи замин нест кунанд! – гуфт.

САФАРИ ОБӢ, ДОМБУРРӢ

Баъд аз фочиаи Хуҷанд кори Темурмалик руз то руз душвор шудан гирифт: озуқа ва яроқу аслиҳа аз ҳеҷ ҷо ба ӯ намеомад, аз ваҷҳи шамшер, найза, гурз ва табарзин барин яроқҳо бисёр тангӣ накашад ҳам тир, ки як чизи бисёр сарфшаванда ва яроқи умумии асосӣ буд, кам шудан гирифт; барои тирсозӣ чуб ва пару пайкон ҳам дар дасти ӯ кам монда буданд; дар ҷангҳои шабохунӣ ҷанговаронаш ҳам кам шудан гирифтанд. Мугулон бошанд торафт аскар ва ҳашари худро зиёд карда, кори дар об роҳи хушкӣ сохта ба қалъаи обӣ расонданро пеш мебурданд.

Темурмалик дид, ки дигар дар он ҷо пойдорӣ карда истодан ҳеҷ фоида надорад, пас ба ин фикр омад, ки аз он ҷо сафар кунад, то ки дар ягон ҷои муносиби дигар аз душманон бисёртар кушад ва дурусттар интиқом гирад ва ӯ барои ба амал овардани ин фикр шабе ба ҷанговарони худ фармуд, ки ҳар чизеро, ки дар қалъа ҳаст, ба киштиҳои сарпӯшида бор карда онҳоро барои сафар тайёр кунанд, худаш ба қаиқе савор шуда ба хушкӣ баромаданӣ шуд.

Рафиқони Темурмалик аз ин ҳаракати ӯ дар шубҳа афтода дар дили худ гузарониданд, ки мабодо ӯ ба хушкӣ баромада худро яккаву танҳо ба ӯрдуи мугулон зада талаф нашавад ва ба ин мулоҳиза ба хушкӣ баромадани уро манъ карданд.

  • Дар шаҳри сӯхта хокистаргардида ва аҳолиаш кушташуда акнун туро чӣ мондааст? Агар дар паи зану фарзандат мерафта бошӣ, бояд донй, ки тақдири онҳо ҳам аз такдири хешу табори мо ва ҳамаи мардуми шаҳри мо фарқ накардагист. Дар вақте ки мо ба ин мусибати ҷонгудоз сабр мекунем, дар суроги бозмондагони худ рафтани ту ба шаъни ту муносиб нест, ки дар паи ҷустуҷӯи бефоида худро ба таҳлука андозй. Ба ту лозим аст, ки зиндагии худро нигахдорӣ карда, моро дар интиқомгирӣ аз душманон сардорӣ кунй.
  • Ман, – гуфт Темурмалик, – аз он вақт боз, ки ҷанг сар шудааст, ҳеҷ гоҳ зану фарзанди худро аз аҳли хонаводаи дигарон фарқ кунонида, барои онҳо ғамхории ҷудогона накардаам. Ба

ин кори ман худи шумоён шоҳид ҳастед. Аммо маро дар хушкӣ як чизи дигари пурқиммат ҳаст, ки ман вайро аз ҳар чиз зиёдтар дӯст медорам. Ман мехоҳам, ки як микдори он чизро бо худ гирам, ки агар дар гарибӣ афтам, вай барои мани аз ватан дурафтода тасаллои дили ҳиҷронзада мешавад.

  • Агар ба ҳама ҳол ба хушкӣ баромадан хоҳӣ, чанде аз моёнро ҳамроҳи худ гир, ки дар таҳлукаҳо ба ту ёрӣ расонем, – гуфт яке аз ҷанговарон.
  • Дар сафарҳои пинҳонӣ ҳамеша аз чанд тан як тан камтаҳлукатар ва номаълумтар аст, – гуфт Темурмалик ва ба қаиқ савор шуда вайро ба тарафи хушкӣ ронда рафт.

Вақге ки ҷавонон фармоиши Темурмаликро ба амал оварда киштиҳоро барои сафар тайёр карда буданд, ӯ ҳам аз хушкӣ баргашта омад ва дар дасти ӯ ғайр аз як халтачае, ки дар даруни вай будани як чизи андаке маълум мешуд, дигар чизе набуд. Вай дар он ҷо он халтачаро дар як миёнбанд тугун карда, ба миёни худ баст ва либосҳои ҳарбиро пушқга бар сафар тайёр шуд.

Ҷанговарон, ки як қаиқ тиллову танга гирифта омадани уро мунтазир буданд, бо диданӣ ин як халтачаи назарногир дар тааччуб афтоданд ва дар дили худ гузарониданд, ки шояд дар даруни ин халтача алмос, ё сангҳои пурқимати дигар бошад, ки ба як хироҷи мамлакат меарзида бошад.

Ҷавонон дар ин хусус бисёртар тааҷҷуб мекарданд, ки аз он пеш Темурмалик ба молу чизи дунё муҳаббат нишон намедод. Ҳоло ба ӯ чӣ шудааст, ки якчанд сангчаро ин қадар эҳтиёт мекунад ва барои овардани вай худро дар таҳлука меандозад? Дар ҳар ҳол бо вай дар бораи чӣ будани он чиз сухан кушоданро муносиб надиданд.

Темурмалик ҷавононро тақсим карда, дар дувоздаҳ киштии болопӯшида ҷоӣ дод ва худаш дар киштии пешгард, ки ба киштиҳои дигар вазифаи роҳнишондиҳиро адо мекард, ҷоӣ гирифта ба ҳаракат фармон дод ва ба тарафи шаҳри тамоман сӯхтаи Хуҷанд нигоҳи пурҳасрате карда, оҳи ҷонкоҳе кашид ва худ ба худ мазмуни йн байтро суруд:

Меравам з-ин шаҳру дар дил дарди ёре мебарам,

Дарди ёре аз диёре бар диёре мебарац!

Киштиҳои сарпушидаи Темурмалик бо ёрии шамоли мувофиқ дар рафти об монанди барқу бор мерафтанд. Муғулон баъд аз

сафед шудани рӯз аз сафар кардани Темурмалик хабардор шуда, аз ду канори об савора дартохт шуданд, ки он сайди аз дом ҷастаро ба даст дароранд. Саворони муғул чандин бор ба канор – дар рӯ ба рӯи киштиҳо рафта бошанд ҳам, дар ҳар бор баъд аз талафоти бисёр додан маҷбур шуданд, ки худро аз доираи тиррас дур кашанд. Оқибат онҳо ба киштиҳо наздик нарафта аз дур назорат карда рафтанро барои худ мувофиқ ёфтанд.

Улоқнуен ба Банокат – ба аскарони муҳофизи (гарнизони) мугул хабар фиристод, ки дар он ҷо дар роҳи киштиҳои Темурмалик занҷири гароне бикашанд, то ки киштиҳои вай ё дар он ҷо ба занҷир бархӯрда шиканад ва гарқ шаванд, ё ки аз роҳ бозмонда дар муҳосира афтанд.

Темурмалик роҳи худ давом медод. Вақте ки ӯ ба пеши Банокат расида дид, ки муғулон роҳашро занҷирбанд кардаанд, дар лаби ӯ табассуми истеҳзокоронае пайдо шуд ва дар дили худ: «агар роҳи сели ҷӯшон ва оташи хурӯшонро бастан мумкин мебуд, аҷаб набуд, ки муғулон роҳи маро баста тавонанд. Аммо чунон ки он дар дунё мумкин нест, ин ҳам имкон надорад» гуфт ва табарзини пӯлодини худро ба даст гирифта, дар пеши як даричаи киштӣ нишаст ва киштирононро фармуд ҳамон пахдуи киштиро, ки ӯ дар он ҷо нишастааст, ба занҷир наздик баранд.

Киштӣ бо як пахду ба занҷир наздик расид. Даричаи киштӣ кушода гардид, дасти пурзӯри Темурмалик бо табарзин, ки монанди моҳи 4-5 рӯза бар рӯи оби зулол дар ҳавои соф бо акси нури Офтоби шаъшаапоши нимрузӣ медурахшид, намоён шуд.

Табарзин дар ҳаво баланд баромад ва бо тезии барқе, ки аз ҳаво меҷаҳад, поин фаромад. Баъд аз дар об фурӯ рафтани занҷири кандашуда садои шараққоси бурида шудани вай ба гуши мугулон, ки аз дур нигоҳ карда истода гарқ шудан ё ба муҳосира афтодани қаҳрамони пуртавонро нигарон буданд, расид ва дар паси садои занҷир садои кафи дасти чингизиён ҳам баланд гардид. Аммо маълум нашуд, ки онҳо ин кори мӯъҷизавори баҳодури номдорро бо қарсакзаниҳо таҳсин мекарданд, ё ин ки ба сабаби аз доми занҷирашон ҷастани ин шери далер кафи афсӯс ба ҳам месуданд.

Кипггиҳо бо низому тартибе, ки адмирали худраси тоҷик – Темурмалик нишон медод, роҳи худро давом доданд. Чингизиён монанди девонагони занҷиргусиста саросемавор ба ҳар сӯ

медавиданд, аммо ҷуръат надоштанд, ки ба киштиҳо наздик оянд ва бо киштинишинон мардонавор мубориза намоянд.

Улоқнӯён барои хабардор кардан аз ин аҳвол ба пеши Ҷуҷӣ чопар фиристод. Ҷӯҷӣ фармуд, ки саворони муғул дар ду тараф ва дуртар аз канор дар ҷойҳои пинҳон ва пасхам камин гиранд ва худро ба темурмаликиён ҳеҷ нишон надиҳанд. Ҳар гоҳ, ки Темурмалик аз об ба хушкӣ барояд, бо ӯ мубориза сар кунанд. Вақте, ки бо қувваи бисёр бо ӯ биҷанганд, оқибат ё талаф мешаванд, ё дастгир ва ё асир.

Ин фармони Ҷуҷӣ ба амал омад. Дар назари кипггинишинон то ҷоҳои дур ягон муғул ҳам намоён намешуд. Киштиҳо хеле поин дар қисми поёни дарёи Сир расида буданд. Темурмалик то охир бо ин роҳ сафар карда наметавонист, чунки охири ин роҳи обӣ ба кули Арал мерасид, ки атрофи вай дар дасти муғулон буд. Чун ӯ дид, ки дар он наздикиҳо аз душман хавфе нест, фармон дод, ки бору бунаҳ ва аспу аробаҳоро ба хушкӣ бароранд.

  1. ҶАНГ ДАР БИЁБОН ВА ТИРИ БЕПАЙКОН

Темурмаликиён ҳамаи асбоб, аслиҳа ва озуқаю аспу аробаеро, ки дар кипггиҳо доштанд, ба канори чапи дарёи Сир

бароварданд. Ҳамаи ашёро ба аробаҳо бор карда, аробаҳоро ба аспҳо бастанд ва якчанд сар аспе, ки дар миёна буд, бо навбат ва дукаса савор шуда роҳи биёбонро пеш гирифтанд.

Дидбонони пинҳонии чингизиён ин аҳволро дида, ба зудӣ ба дастаҳои худ, ки дар ҳар ҷои биёбон дар камин нишаста буданд, хабар бурданд. Як даста аз муғулон аз дунболи темурмаликиён расиданд. Темурмалик, ки ҳамчун сардор ва роҳбар пешопеши қофилаи худ мерафт, наздик расидани саворони муғулро дида, худро ба канори роҳ кашид, ҳамаи одамон ва бору бунаҳи худро пеш гузаронида, худаш яккаву танҳо бо тирҳои ҷонфарсо ба дастаи чингизиён муқобил истод. Тирҳои ӯ монанди уқобоне, ки ногаҳонӣ парвоз карда ба гуруҳи бумҳо ҳуҷум оварданд, ба тӯдаи душманон парвозкунон мерафтанд, ҳар тири ӯ бехато одаме ё асперо ба замин меғелонид. Муғулон тоб наоварда пас гаштанд ва Темурмалик ҳам онҳоро то аз назарҳо дур шудан пеш карда рафт ва баъд аз он ба қофилаи худ расида вазифаи қофиласолориро адо кард.

Ин аҳвол чандин бор такрор ёфт ва чандин руз давом кард. Дар охирҳо муғулон бисёр шуда то талаф шудани як қисмашон истода меҷангиданд ва оқибат шикаст хӯрда пас мегаштанд. Дар ин ҷангҳо баъзе ҷанговарони Темурмалик ҳам кушта ва хаста шуданд.

Оқибат чингизиён бисёр шуда атрофи қофилаи Темурмаликро гирифтанд. Ӯ ба касони худ фармуд, ки бору бунаҳоро дар миён гирифта руйҳои худро ба муғулон гардонда ҳалқавор саф банданд ва бо андохтани тирҳои ҷонгудоз чингизиёнро ба наздик омадан роҳ надиҳанд ва худаш шамшери бараҳнаро дар ҳаво ҷавлон дода ба тарафи гурӯҳи чингизиён асп монд.

Аспи Темурмалик дар миёнаи тӯдаи душманон даромад. «Шамшери дурӯя кори мугулонро якрӯя кардан гирифт», аспи омӯхтаи кордидаи ӯ ҳам душманкушӣ мекард; чароғпоя шуда, худро бо тамоми вазниниаш ба болои муғулон мепартофт, лагад ҳавола мекард ва дандон мезад ва бо ҳар роҳе, ки донад ва тавонад, вай ҳам аз чингизиён интиқоми ҳамватанони худро мегирифт.

Дар ин ҷанг ҳам қувваи муғулон шикаста, ба пас рафтан ва пароканда шудан маҷбур гардиданд. Темурмалик бо ҷанговарони худ сафари худро давом дод. Лекин мугулон ӯро

ба осуда сафар кардан роҳ намедоданд ва баъд аз ҳар ҷанг, ки нафаси худро рост мегирифтанд ва қувваи нав ба онҳо мерасид, таъқиб ва ҳуҷуми худро такрор мекарданд.

Дар ҳар кадоми ин ҷангҳо қувваи Темурмалик кам шудан мегирифт; ҷанговаронаш кушта ва хаста мешуданд, камонҳо шикаста, зеҳҳо канда шуда, дами шамшер ва табарзинҳо баргашта ва сипарҳо дарида мерафтанд. Оқибат рӯзе муғулон бо қувваи бисёр калон аз канори биёбон намоён гардиданд. Вақте ки Темурмалик сиёҳии душманҳоро дид ва шумораашонро тахмин кард, ҷан^оварони худро пеши худ гирд оварда гуфт:

– Ҷавонони қаҳрамони ватандуст! Имрӯз дар ин маърака бояд аз мо кам саломат монад. Чунки ин ҷанг дар шароите мегузарад, ки душман аз мо даҳ баробар зиёд аст, ҳам яроқи онҳо пурра ва аспҳошон бардам аст. Ва ҳол он, ки дар дасти мо яроқ қариб намондааст ва он чизе ҳам, ки боқӣ мондааст, шикаста, канда шуда ва дамаш баргаштааст. Ҳар касе, ки аз шумо ҷонаш барояш ширин бошад, ҳамин вақт аз байни мо дур шуда худро ба гӯшаи биёбон гирад, то ки дар вақти гармии ҷанг аз саф гурехта сабаби дилшикастагии дигарон нашавад. Дар ин ҷанг танҳо касе иштирок карда метавонад, ки нисбат ба душмани ваҳшии хунхор нафрату газаби бисёр дошта бошад, хории асириро ба худ ор дониста, ҷони худро ба кафи даст гирифта ва синаашро сипар карда, ба майдон даромада тавонад.

Ҷанговарон, ки ин суханони сардори худро шуниданд, ба ҷушу хуруш омада, ба ӯ бо мазмуни байтҳои зерин ҷавоб доданд:

Ҷаҳон то ҷаҳон аст гардандааст,

Бимирад агар шоҳ, агар бандааст.

Ба дунё намонда касе ҷовидон,

Наёбем мо ҳам зи мурдан амон.

Бимирем чун кому ноком мо,

Ҳамон беҳ, ки мирем бо ном мо!

Ба номи накӯ кушта гаштан ба ҷанг,

Беҳ аз зиндагонии боайбу нанг!

Бифармо, ки мо ҷонсупорӣ кунем,

Ба ҷанги ватан бар ту ёрӣ кунем!

Бифармо, ки мо дар сафи корзор,

Барорем аз магзи дуилман димор!

Бифармо, ки бо оташи ҷанг зуд,

Барорем аз ҳастии ҳасм дуд!

Ту фармон деҳу қаҳрамонӣ бубин,

Зи мо ҷондиҳӣ, ҷонситонӣ бубин!

Ба дарё фиристӣ агар баҳри ҷанг,

Зи тӯфон натарсем ҳамчун наҳанг.

Ба ҳар ҷо, ки ёбем хасми дурушт,

Салоҳ ар набошад, кушемаш ба мушт!

Ситонем мо хуни хеш аз адӯ,

Аз он пеш, ки хуни мо резад ӯ.

Чу кардем якчанд душман ҳалок,

Пас он гоҳ аз кушта гаштан чӣ бок?

Ки ин маргамон умри сонӣ диҳад,

Ҳаёти нави ҷовидонӣ диҳад.

Чун Темурмалик аз ҷанговарони худ ин суханҳои қаҳрамононаро шунид, ба онҳо таҳсину офарин гуфта, ҳар кадомашонро як-як ба бағал кашида, сару руяшонро падарона бусид ва онҳоро, ки аз сад нафар зиёд набуданд, ба пеши бору бунаҳ пиёда дар саф рост кард ва худ ба аспи оҳудави шертавон савор шуда дар пеш истод.

Чун мугулон наздик расиданд, Темурмалик нафарони худро ба тирборон фармон дода, худаш ба тарафи муғулон асп монда худро дар қалби душман зад. Ӯ бо ҳамлаҳои паёпаӣ чингизиёнро сар мезад, даст мебурид, по мешикаст ва сина медарид ва гурӯҳҳои дар гурез афтодаи онҳоро то пароканда шуда дур гардидан пеш мекард. Вақте ки қалби лашкари душманро торумор кард, пахдӯи росту чапро ҳам ба ҳамин ҳол овард.

Пиёдагардони Темурмалик қалъавор дар пеши бору бунаҳ саф кашида истода чинғизиёнро тирборон мекарданд ва тирҳои онҳо монанди ҷолаи баҳорй, ки ғиёҳҳоро хароб ва поймол кунад, душманро ба замин мехобониданд.

Дар вақте ки қариб буд душман тамоман мағлуб ва пароканда шавад, аз як гӯшаи биёбон гурӯҳи нави саворони чинғизиён пайдо шуда ба пушти сафи темурмаликиён тохт оварданд ва ду тараф ба ҳам омехта шуда, ба тарзи дасту гиребон ва бағал ба бағал бо ҳам меҷангиданд.

Муғулон аз ҳама пештар бору бунаи Темурмаликро ба чанд аспу ароба, ки боқӣ монда буд, ба даст дароварда, бо посбонони

зӯрдаст ба ақибгоҳи дурдаст фиристонданд ва боқимондаҳояшон то торикии шаб ҷангро давом кунониданд.

Вақте ки торикӣ ҳама ҷоро фурӯ гирифта дусту душманро аз якдигар фарқ карда намешудагӣ шуд, муғулони зиндамонда аз майдон баромада рафтанд ва Темурмалик ҳам, ки аспаш пайзада шуда ва худаш аз чанд ҷои баданаш захмдор шуда буд, пиёда аз майдони ҷанг баргашта ба қароргоҳи худ омада дид, ки дар он ҷо на бору буна мондааст ва на аспу одам.

Темурмалик бо синаи сӯзон ва дили бирён яккаву танҳо ҷанггоҳро давр мезад ва мурдаҳои ёрони бо ҷон баробари худро аз лошаи муғулон ҷудо карда ба канорае баровард.

Дар ҳамин вақт ду нафар аз рафиқонаш, ки онҳо ҳам аз чанд ҷояшон захмдор шуда буданд, аз як канор пайдо шуда дар мурдағундорӣ ба ӯ ҳамроҳӣ карданд ва ҳамаи мурдаҳояшонро дар он ҷо гурониданд.

Темурмалик бо ду рафиқи худ шабро дар он ҷо, дар пеши пуштаҳои куштаҳои муғулон гузаронид ва баъд аз рӯз сафед шудан аз ҷанггоҳ як халтача талқон ва чанд дона қурут ёфта, аз он чизҳо қути лоямуте карда, ҳар се нафар ба роҳ даромаданд. Лекин боз ба онҳо осуда сафар кардан муяссар нашуд ва ҳануз аз ҷанггоҳи дирӯза бисёр дур нарафта буданд, ки гурӯҳе аз саворони мугул ба онҳо расида ба таслим даъват карданд.

Темурмалик боз ба ҷанг даромад. Ин ҷанг бисёр дер накашида бошад ҳам, муғули бисёре кушта ғардид ва ду рафиқи Темурмалик ҳам талаф шуданд. Муғулони зиндамонда пас гаштанд. Темурмалик ҳам дар ҳолате, ки бо худ гайр аз як камону се тир, ки яке аз онҳо ҳам бепайкон буд, яроқе ва чизе дигар надошт, ба роҳ даромад ва ҳануз бисёр роҳ нарафта ба паси худ нигоҳ карда дид, ки се нафар муғул аз думболаш омада истодаанд.

Темурмалик аз роҳ боз истода рӯӣ ба муғулон карда ва он тири бепайконро ба ҷиллаи камон гузошта чашми рости яке аз онҳоро нишон гирифта зеҳро кашиду сар дод.

Мугуле, ки чашмаш ба тири бепайкони Темурмалик нишона шуда буд, «воҳ» гуён ду дасташро ба рӯ кашид. Маълум буд, ки тири бепайкони қаҳрамони пуртавон ба нишон расида, чашми ӯро баровардааст.

Темурмалик ду тири боқимондаро ба ҳаво баланд карда ба ду нафар мугули боқимонда нишон дода овоз дод:

Ҳануз цар дасти ман ин ду тир ҳаст, ки барои тамом кардани кори ҳар дуи шумо басанда аст. Лекин маро ҳайф меояд, ки инҳоро барои рехтани хуни мурдори шумо нобуд кунам. Беҳтар он аст, ки шумо ҷони худро ғанимат шумурда аз дунболи ман баргардед ва ин ду тир ҳам дар дасти ман саломат монад.

Муғулон, ки «қодирандозй” ва “қадарандозии” ин диловарро борҳо озмуда буданд ва чашми ҳамроҳошон ба онҳо дарси ибрати нав дода буд, танбеҳи ӯро қабул карда, ба роҳи омадаашон баргашта рафтанд ва Темурмалик ҳам ба тарафи Хоразм раҳсипор гардид, ки шояд аз он ҷо ба муқобили чингизиён муборизаи наве ташкил намояд.

6. ТАНҲОГАРДӢ. ФОҶИАИ ХОРАЗМ.
ТУРКОНХОТУН. ДАР ШАҲРИ КАТ. ИНТИҚОМ

Темурмалик яккаву танҳо аз ҷанггоҳ бо роҳи биёбон ба тарафи Хоразм мерафт. Ӯ аз биёбон баромада ба ҷоҳои обод ва аҳолинишини Хоразм расид. Аммо ҳамаи он ҷоҳои собиқ обод аз биёбони холии беобу алаф бадтар шуда буданд; киштзорҳо, боғу бӯстонҳо ва марғзорҳо сар то сар хароб карда шуда буданд; деҳаҳо ва роботҳо тамоман сӯхта вайрон буданд. Дар тамоми он ҷоҳо аз ҷинси одамӣ ва ҳайвоноти хонагӣ касе ва чизе ба назар наменамуд. Аз нишонаи одамӣ танҳо ҷасадҳои сарбурида, синадарида, дасту по шикаста ва шикам чок кардашуда буданд, ки ғушти онҳоро даррандагон ва паррандагони мурдорхӯр хӯрда буданд ва мехӯрданд. Маълум буд, ки онҳо асари панҷаҳои мурдори даррандагони хунхори чингизӣ буданд, ки аз худашон дар он сарзаминҳо нишона ва ёдгорӣ гузошта буданд.

Темурмаликро аз дидани ин ҳол дил метапид, нафас тангӣ мекард ва ғазабе, ки нисбат ба чингизиён дошт, сад чандон зиёдтар шуда буд. Аммо чӣ чора, ки роҳи интиқомгириро намеёфт ва аз ин сабаб дарун-дарун месухт.

Ӯ дар ҳолате, ки дилаш бо оташи газаб шӯълавар шуда буд, ба сӯи пойтахти Хоразм, ки дар он вақтҳо пойтахти Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳам он ҷо буд, равон шуд, ки шояд аз он ҷо барои дили худ тасаллое ёбад. Аммо дар наздикии шаҳри Урганҷ ба майдоне расид, ки дар он ҷо садҳо ҳазор ҷасадҳои мардон, занон ва кудакони кушташуда ба ҳам омехта ва болои ҳам хобида буданд. Дар миёни кушташудагон ҷасадҳои баъзе занон менамуд, ки шиками онҳоро чок карда, тифли норасашонро бароварда, сар бурида дар канорашон гузошта буданд.

Темурмалик дигар тоқати дидани ин фоҷиагоҳ надошт ва дастҳои худро дар пеши чашм кашида ба шаҳр рафт. Аммо аз он шаҳри азиме, ки ӯ вайро чандин моҳ пеш аз ин дида буд, нишонае наменамуд: қасрҳо, кӯшкҳо, кохҳо, саройҳо, корвонсаройҳо, растаҳо, бозорҳо, тимҳо, мадрасаҳо, китобхонаҳо, манораҳо, масҷидҳо – ҳама ва ҳама сӯхта хокистар гардида буданд. Чингизиёни ваҳшӣ барои тамоман нест кардани осори маданият баъд аз вайрон кардан об сар дода буданд, ки ҷои шаҳри пештара монанди талобе ба назар менамуд.

Темурмалик аз даҳшати ин манзараи ваҳшатангез дар ҳайрат афтода, чашмони худро мемолид ва муайян карда наметавонист, ки оё ин манзарае, ки мебинад, як хоби ҳавлноки даҳшатоваре аст ё он шаҳри ободе, ки пеш аз ин дидани вай ба хаёлаш меояд, дар воқеъ ҳақиқат надоштааст ва дар ҳақиқат вай хаёле будааст, ки дар хоб ба сурати шаҳр ба назараш намуда будааст?

Темурмалик бешуурона ҳаракат карда, ба лаби дарёи Аму рафт ва дар лаби об нишаста, сару тани худро бо оби равони сард шустушу кард, ки қадре хунаш сард шуда, дилаш аз ҳаяҷон ва рагу паяш аз изтироб ором ёбад.

Ӯ баъд аз шустушу бехаёлона ба ҳар тараф нигоҳ мекард, ки дар каноре, аз ҷои нишастааш дуртар ба рӯи реги обоварда ҷасади як одам ба назараш вохӯрд. Ӯ дар аввал он ҷасадро яке аз мурдагон гумон кард. Аммо баъд аз андаке ҷасад ҷунбид. Темурмалик донист, ки он ҷасад ҳанӯз зинда будааст ва аз ҷояш хеста ба пеши вай рафт. Дар ҳақиқат вай ҷон дошт, аммо қуввате надошт, ки аз ҷояш хезад ва ё гап занад.

Темурмалик донист, ки ин одам гурусна аст. Ӯро бардошта ба хушкӣ баровард ва аз хӯроки эҳтиётии худ як каф талқонро ба об омехта атола карда дар даҳони он кас рехт. Баъд аз соате «мурда» зинда шуда хеста нишаст ва қуввати гуфтор пайдо карда саргузашти худро ҳикоя кард.

Назар ба ҳикояи ӯ, султон Муҳаммад Хоразмшоҳ баъд аз гурехтанаш аз Самарқанд аз роҳ ба модараш Турконхотун, ки дар Хоразм буд мактубе фиристода фармудааст, ки ӯ аҳли ҳарам, хазина ва дигар чизҳои пурбаҳоро бардошта ба Мозандарон равад.

Турконхотун аз ин мактуб ва фармон ҳис кардааст, ки писараш аз чингизиён гурехтааст ва ӯ дар дили худ гумон кардааст, ки «акнун аҷаб нест аҳли дарбор ба писараш исён кунанд ва каси дигареро ба подшоҳӣ бардоранд». Бинобар ин ӯ касонеро, ки эҳтимоли исён кардан ё қобилияти подшоҳ шудан доштаанд ва умуман касонеро, ки мансуб ба қабилаи худи Турконхотун набуданд, ба пою гарданашон сангҳои гарон баста дар оби Аму гарқ кунонидааст.

Ин одам ҳам яке аз он бадбахтон будааст, ки аз хушбахтӣ обварзӣ ва оббозиро медонистааст ва бандҳои дар гардану по басташудаи ӯ ҳам сусттар будаанд, ки дар зери об онҳоро кушода ва сангҳоро аз худ дур карда тавонистааст. Баъд аз бар руи об баромадан чандин руз дар об ва дар ҷазираҳо байни об мондааст ва дар охир худро ба ин канор кашидааст, лекин аз беҳолӣ дар ин ҷо афтода мондааст.

Темурмалик бо шунидани ин ҳикояти пурваҳшоният султон Муҳаммад ва модари ӯ Турконхотунро дар қатори чингизиён гузошта, ба ҳамаи онҳо лаънат ва нафрат фиристод ва баъд аз нигоҳубин карда ба қувват овардани ин одам уро ҳамроҳи худ гирифта ба роҳ даромад, ки шояд дар ягон ҷоӣ коре карда тавонад.

Роҳи ин ду рафиқ аз болои ҳамон кушишхона буд, ки Темурмалик аз дидани он манзараи пурфоҷиа бетоқат шуда буд. Вақте ки рафиқи нави Темурмалик он манзараро дид, сайҳаи ҷонкоҳе кашида ба рӯ афтод ва хомӯш шуд.

Темурмалик андаке об ёфта ба рӯи он кас зад, дасту поӣ ва шонаву бозуҳояшро молиш дод. Аммо он одам асари ҳаёт нишон намедод – ӯ дилкаф шуда мурда буд.

Темурмалик аз ваҳшати дар Хоразм пайдошуда дар дахшат афтода, бе он, ки ба куҷо рафтани худро муайян карда тавонад,

монанди сарсариёни яккаву танҳо ба роҳ даромад ва дар роҳи худ ба шаҳри Кат рост омад, ки атрофи ин шаҳр ҳам пур аз мурдаҳои лухсида ва пусида буд, боғу бӯстонҳо хароб ва биноҳо вайрон шуда буданд. Дар ин ҷо ҳам аз авлоди одам касе ба назар наменамуд. Танҳо дар як бинои нимхаробаи ҳокимнишини ин шаҳр дастаи қаровулони мугул бо як шаҳна ҷойгир шуда буданд.

Темурмалик дар фикри интиқомгирӣ афтода, ба гӯшаи вайронае худро кашида бе он, ки ҳаракате кунад ва садое барорад, то шаб дар он ҷо хобид ва баъд аз он ки сиёҳии шаб оламро фурӯ гирифт, ӯ аз ҷои пинҳоншудааш баромада, оҳиста- оҳиста ба бошишгоҳи мугулон рафт ва дар он ҷо камингоҳе ёфта, дар вай хазида, душманонро ба зери чашми худ гирифта, нигарони фурсат шуд.

Муғулон як гӯсфандро хафа – буғӣ карда куштанд ва баъд аз пӯст канда тоза намудан вайро бар болои тӯдаи оташе гузошта хомсӯз ва нимбирён карданд. Аз хумҳое, ки аз шаробхонаи ҳокими пештараи он ҷо ғанимат афтода буд, ба корсонҳо – табақҳои чӯбин шароб рехта, чунон ки қимиз менӯшида бошанд, паӣ дар паӣ нӯшидан гирифтанд. Гӯсфанди хомсӯз бар сархушҳо ба ҷои газак-нуқл хизмат мекард.

Мугулон аз бисёр нӯшидани шароби ангурии пурзӯр дар андак вақт маст гардиданд ва яке аз паси дигаре афтода, ҳамагӣ дар хоби мастӣ гунуданд.

Темурмаликро вақти кор расид: ӯ ҳамаи оӣ чингизиёнро ба хобе фиристод, ки дигар ҳаргиз барнахезанд. Баъд аз он аз байни аспоне, ки дар он ҷо дар ихтиёри муғулон буд, як аспи туркмании оҳусурини гарданқозро ҷудо карда гирифт ва аз яроқҳои онҳо ҳам табарзин, шамшер ва камону тир барин аслиҳаҳоро ба қадри даркорӣ ва барои эҳтиёт як қадар хурокворӣ ва гушти хомсӯз гирифта аспро савор шуда ба роҳ даромад.

  1. СӮҲБАТ БО СУЛТОН МУҲАММАД. ҲАМРОҲИ БА ҶАЛОЛИДДИН

Темурмалик аз шаҳри Кат баромада рост ба Нишопур рафт, ки султон Муҳаммад аз Самарқанд гурехта омада, дар он ҷо маҷлиси айшу тараб барпо карда буд. Назар ба нишондодҳои баъзе асарҳои таърихй, «султон Муҳаммад дар моҳи сафари соли 617 (1220) ба Нишопур даромада, масолеҳи мамлакат (салоҳи ҳоли мамлакат)-ро пушти по зада, рӯӣ ба нишот ва айш овард … ба нушидани косоти (косаҳои) моломол даромад ва асҳоби лавҳу тараб (ахди бозӣ ва хушвақтй) дар хидмати ӯ гирд омада, надим ва мушири ӯ (ҳамсӯҳбат ва соҳибмашварати ӯ) шуданд…».

Темурмалик ба пеши султон даромад, аз саргузашти худ ва аҳволи мамлакат ба ӯ ҳикояҳо кард ва дар охир дар роҳи мудофиаи мамлакат фикри худро ба ӯ баён намуд.

Султон Муҳаммад бо шунидани ҳар сухани Темурмалик гӯё ки аз худ дафъи малол мекарда бошад, согарҳои паёпаӣ мебардошт ва дар охир мастии султон ба дараҷае расид, ки суханони Темурмаликро нафаҳмида дар ҷавоби вай «ҳо-ҳо», «оре, бале» мегуфт ва баъд аз шунидани фикри Темурмалик дар бораи мудофиаи мамлакат ба ҷои ҷавоб ин рубоиро хонд:

Айёми гул асту бас намонад, маӣ хӯр!

Гул худ чӣ ки то нафас намонад, маӣ хӯр!

Аз даври фалак дар ин работи вайрон,

Бас зуд, на дер, кас намонад, маӣ хӯр!

Темурмалик ҳам дар ҷавоби ӯ ин рубоиро хонд:

Шоҳо, зи ман гарон чӣ бар хоҳад хост?

В-аз мастии бекарон чӣ бар хоҳад хост?

Шаҳ масту ҷаҳон харобу душман пасу пеш!

Пайдост, ки з-ин миён чӣ бар хоҳад хост?

Ва аз маҷлиси ӯ бо ҳазор андӯҳу алам баромад. Аҳволи султон ва сӯҳбати вай ба Темурмалик аз ваҳшонияти чингизиён ҳам бадтар таъсир кард. Чунки ӯ ҳар ваҳшигарии чингизиёнро, ки медид, дар разаб шуда ва ба гайрат омада, дар роҳи интиқомгирӣ аз душман устувортар мегардид. Аммо ин аҳволи султон уро ба навмедӣ ва маъюсӣ андохт, ки ин вазъият барои ӯ марги муфти бехунбахо буд.

Бо вуҷуди ин Темурмалик бо бузургони ахли дарбор вохурда, ба ҳар кадомашон дар бораи муқобилат кардан ба душмани хунхори ғаддор фикри худро гуфт. Аммо аз ҳеҷ кас ҷавоби мувофиқе нашунид ва дар охир ба пеыш вазир рафт, ки дар ҳар кори мамлакат баъд аз султон ӯ ҷавобгар буд ва ба вай фикри худ ва аҳволи мамлакатро нақл карда дар охири суханаш гуфт:

  • Аммо намедонам, чӣ ҳол пеш омадааст, ки на подшоҳ ба аҳволи парешони халқ назар меандозаду на амирон ва вазирон?

Вазир дар ҷавоб гуфт:

  • Ҳар чизе, ки ту мегӯӣ, тамоман дуруст ва рост аст. Аммо ман ҳам дар пеши арбоби хирад ва тамиз маъзурам. Зеро ман ба вазифаи қавводагӣ (даллагй) ва дар тартиб додани маҷлисҳои базму тараб чунон машгулам, ки ба танзими асбобу аслиҳаи мардонагӣ пардохтан наметавонам. Чанд руз аст султон ба ман фармон додааст, ки барои якчанд занони созанда либос ва асбоби зиннат тартиб диҳам ва то онҳо мукаммал нашаванд, ба ҳеҷ кори дигар машғул нагардам.

Темурмалик азбаски дар дарбори султон Муҳаммад ҳеҷ ҷои умедворӣ надид, аз он ҷо бо бори гарони андуҳу алам ва ҳасрату гам ба роҳ даромад. Ба ҳар ҷо ки мерасид, медид, ки султон ба он ҷо мактуб фиристода ба душман муқобилат накардан, агар қудрат ва фурсат ёбанд, гурехтан, вагарна бе ҳеҷ муқобилат ба ҷанг таслим шуданро ба аҳолӣ амр кардааст. Дар ин миён ӯ шунид, ки писари султон Муҳаммад – Ҷалолиддин байрақи қаҳрамонӣ ва ватанпарвариро баланд бардошта дар ҳар ҷо бо мугулон меҷангад ва ба онҳо голиб мебарояд.

Темурмалик дар рикоби султон Ҷалолиддин ба муқобили чингизиён ҷангиданро ният карда, ба тарафи ӯ раҳсипор гардид. Ҷалолиддин дар он рӯзҳо дар музофоти Ғазнин дар мавзеи Боронӣ манзил дошт.

Темурмалик ба Боронӣ вақте расид, ки Ҷалолиддин бо як лашкари калони чингизиён, ки дар зери фармони Қайқурнуён буд, меҷангид ва ҷанговарони Ҷалолидцин лашкари муғулро аз худ бисёр дида дар ҷанг дудила шуда истодаанд. Аммо Ҷалолиддин пеш даромада, одамони худро ба пойдорӣ даъват мекунад.

Темурмалик ин ҳолро дида бе ҳеҷ гуфтугузор ба тарафи душман асп монд. Ин кори Темурмалик ба ташвиқоти қаҳрамононаи Ҷалолиддин илова шуда, ҷанговаронро водор кард, ки ҳама якборагӣ ба суи чингизиён бо тохт ҳуҷум оварданд ва аскари муғулонро қатл карданд.

Темурмалик то охири кори султон Ҷалолиддин бо ӯ ҳамроҳ буда ва ба муқобили душман дар рикоби ӯ қаҳрамониҳо нишон медод. Оқибат аз ҷиҳати худсарй, ихтилоф ва ахлоқ вайронии сардорони Хоразмшоҳӣ, ки онҳо дар замони султон Муҳаммад ин тарбияро аз ӯ гирифта буданд, кори Ҷалолидцин то охир барор нагирифт: дар Ироқи Аҷам, дар вақти дар паи ӯ афтодани чингизиён ҳокимони Шом ва Осиёи Хурд бо вуҷуди даъвати ӯ ба вай ёрӣ надоданд; бародараш Ғиёсидцин дар охири як мастӣ малик Нусрат ном касеро, ки яке аз аркони давлати Ҷалолиддин буд, кунгга ва аз бародар руйгардон шуда, ба тарафе баромада рафт. Бароқҳоҷиб ном қарахитой, ки аз дарбори султон Муҳаммад буд, дар Кирмон эълони истиқпол кард, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо муборизаи Ҷадолиддинро ба муқобили чингизиён мушкил мекарданд, аммо Ҷалолиддин муборизаи худро мардонавор давом медод.

Лекин қувваи вай нисбат ба қувваи чингизиён хеле кам буда, ҳамеша ҷангҳои нобаробар мебурд. Чингизиён бошанд, паёпаӣ қувваҳои нав гирифта, ба муқобили Ҷалолиддин ҳуҷумҳои пуршиддат мекарданд.

Дар як шабе, ки лашкариёни Ҷалолидцин ва худи ӯ дар хоб буданд, чингизиёни бисёре ногаҳонӣ ба урдуи вай ҳуҷум карданд ва қариб ҳамаи лашкариёнаш кушта гаштанд ва султон Ҷалолиддин аз миёна ғоиб шуд ва касе надонист, ки ӯ дар маърака кушта шуд, ё ин ки гурехта баромада дар кадом дашту биёбон дар дасти дуздон талаф гардид.

Чингизиён ҳам барои дастгир кардани Темурмалик чораҳои бисёре дида, ба ҳар ҷонибу атроф ҷосусҳо фиристода, кӯшиш мекарданд, ки Темурмаликро зудтар нест намоянд. Бинобар он Темурмалик маҷбур шуда буд, ки тағйири либос карда, яъне либоси дарвешӣ пӯпшда, ба дигар ҷойҳо равад.

ИШТИЁҚИ ЁРУ ДИЁР, ЗИНДАГОНИИ ҶАЗИРА

Темурмалик мудцати дароз дар Шом ва Арабистон бо либоси дарвешӣ гардиш кард. Дар ин миён Чингизи хунрез мурд, ба ҷои ӯ писараш – Уқтоӣ бар тахти хонӣ нишаст. Дар замони ӯ шидцати ваҳшонияти чингизиён дар Мовароуннаҳр ва Хуросон қамтар шуд ва мардум кам-кам ғун шуда ба зироат ва иморат рӯ оварданд, мамлакат як дараҷа оромӣ гирифт.

Темурмалик хеле пир шуда, мӯяш сафед ва рӯяш пурчин гардида буд. Бо вуҷуди ин ӯ мехост, ки ба ватан равад, охири умрашро дар он ҷо гузаронад ва ҷисми беобу ҳавои ватан парваришёфтаи худро дар вақти мурдан ба хоки ватан супорад. Вақте ки вай ором ёфтани мамлакати худро аз оянда ва равандагон шунид, бо ҳамон либоси дарвешӣ табарзин ва сӯтаро ба даст гирифта, пиёда ба роҳ даромад.

Темурмалик рост ба Хуҷанд омад, ки дар он ҷо зоида шуда буд. Аммо ӯ дар он ҷо фаҳмид, ки ҳануз ӯ ва қаҳрамонии ӯ аз ёди дӯсту душман набаромадааст: чунонки аҳолии Хуҷанд номи ӯро ба некӣ ёд карда, ба ӯ офарин ва раҳмат мефиристанд, инчунин чингизиён ҳам ҳар гоҳ, ки номи ӯ ва қаҳрамонии уро шунаванд, ба ғазаб омада, дили пуркинаашон нисбат ба ӯ бо оташи кинаву адоват аланга мезанад. Бинобар ин ӯ дар Хуҷанд доимӣ монданро мувофиқ наёфта, 6а Фарғона рафт ва бошишгоҳи доимии худро дар қаландархонаи он ҷо кард, аммо ӯ гоҳ-гоҳ ба Хуҷанд меомад. Аз ҳар кас аҳволи мамлакатро мепурсид, воқеаҳои замони истилои чингизиён ва аҳволи замони ҳукмронии ононро мукаммал ёд мегирифт.

Дар вақти истилои чингизиён, ҷудо шудани Темурмалик аз Хуҷанд фарзанди ӯ тифли навзод буд, ки бо занаш дар шаҳр монда буданд. Темурмаликро ақида он буд, ки зану фарзандаш дар қатори чандин ҳазор зану фарзандони ҳамватанонаш дар қатли оми чингизиён талаф шуда рафтаанд. Чунки онҳо то ба шаҳр даромадани душман ба ҳеҷ тараф гурехта ҳам

наметавонистанд. Бо вуҷуди ин, ӯ дар зимни ҳикояҳои гузашта, вақте ки сухан дар бораи Темурмалик меомад, аз аҳволи зану фарзанди ӯ мепурсид. Аммо дар ҳар бор дар ҷавоб хабари талаф шуда рафтани онҳоро мешунид ва бо афсӯсу надомати дарунӣ гумони худро боз як бори дигар тасдиқ мекард. Бо ҳамаи ин ӯ аз пурсуков бознамеистод.

Як руз яке аз пирамардони деҳаи Қистакӯз, ки бо Темурмалик ҳамсӯҳбат буд, дар вақти аз аҳволи зану фарзанди Темурмалик пурсидани ӯ (албатта, Темурмалик – Темурмалик будани худро аз ҳама кас пинҳон медопгг) дар ҷавоб «Онҳо дар ҳамон қатли ом талаф шуда рафтанд» гуфта бошад ҳам, баъд аз андаке хомӯш мондан илова кард:

  • Ҳарчанд аз он воқеа зиёдтар аз бист сол вақт гузашта бошад ҳам, муғулон ҳануз душмани Темурмалик ва авлоди уро аз ёд набаровардаанд. Агар ту сирро нигоҳ дошта тавонӣ, ман ҳақиқати ҳолро ба ту маълум мекунам.

Темурмалик, ки бо шунидани ин суханҳо ба будани ягон хабари дигар умедвор шуда дилаш ба тапидан даромада буд, бо қасам ва ахду паймон ваъда дод, ки ҳар чизе, ки дар ин ҷо шунавад, дар ҳамин ҷо мемонад.

Пирамард ба сухан даромад:

  • Оре, дар он дарёи хуну оташ зани Темурмалик ҳам монанди ҳазорон занон, бачагон, пирон ва беморон ғарқ шуда рафт, аммо тифли навзоди ӯ саломат монд.

Темурмалик қариб буд, ки аз ин хабари шодиовари ногаҳонӣ қолабтиҳӣ шавад ва рӯи фарзанди ба ҷон пайвандашро баъд аз наздик омадан ба ӯ надида шодикафак шавад. Аммо дили қаҳрамони ӯ, ки ба он ҳама ҷангу ҷидолҳои нобаробари пурошуб ва ба он қадар мусибатҳо ва дарду аламҳои тоқатшикан тоб оварда буд, тавонист, ки ба ин шодмонии ногаҳонии аз ҳад зиёд ҳам тоқат кунад ва бо вуҷуди ин худро аз ҳаяҷон боз дошта натавониста сухани пирамардро бурида:

  • Чӣ гуна халос шуд ва ҳоло дар куҷост? – гӯён савол дод.

Пирамард аз ҳаяҷон ва изтироби фавқулоддаи ҳамсӯҳбати

худ паӣ бурд, ки ин қаландар худи ҳамон Темурмалик аст. Аммо худро ба нофаҳмӣ зада сухани худро давом дод:

  • Аз деҳаи мо дар ҳарами Темурмалик хизматгоре буд. Вақте, ки муғулон ҳамаи аҳолии Хуҷандро аз шаҳр баровардаанд, он

хизматгор ҳам тифли навзоди Темурмаликро бардоыгга ҳамроҳи зани ӯ аз шаҳр баромадааст. Муғулон бо тирборон ва ханҷару шамшер ҳамаро қатли ом кардаанд. Зани Темурмалик ҳам дар он миён кушта шудааст. Аммо он хизматгор бо вуҷуди аз чанд ҷояш захмдор шуданаш тифлро аз бағали худ напартофтааст ва тани худро ба ҷони он кӯдак сипар карда ва худро мурда сохта, дар қатори кушташудагон хобидааст ва баъд аз торик шудани шаб ӯ тифлро бардошта ба тарафи куҳистон рафтааст, ки аҳолии деҳаи мо ҳам гурехта ба он ҷо рафта буданд.

Ҳаяҷони Темурмалик ҳеҷ паст намешуд, балки дақиқа ба дақиқа зиёдтар шуда мехост, ки ҳамаи саргузашти писарашро ва ҳоло дар куҷо будани ӯро дар як сония фаҳмида гирад, бинобар ин боз сухани пирамардро бурида пурсид:

  • Охир чӣ шуд ва он тифли навзоди бемодар чӣ гуна зинда монд?
  • Сабр кун, ҳамаашро мегӯям, – гуфта пирамард ҳикояи худро давом кунонид, – падару модари он хизматгор ҳам дар он гурезгоҳ буданд, ки модараш тифлро ба тарбияи худ гирифт ва дар миёнаи гурезагон занони ширдор ҳам буданд, ки ҳар кадом аз шири фарзанди худ қадре нигоҳ дошта ба он тифл мемаконданд.

Муҳаббат ва шафқати Темурмалик ба он хизматгор, ки сабаби зинда мондани фарзандаш шудааст, ҷӯш зада:

  • Ҳоло он хизматгор зиндааст? – гуфта пурсид.
  • Не, – гуфт пирамард дар ҷавоб, – яке аз он захмҳо, ки дар қатли ом аз ханҷари муғулон расида буд, ба бадӣ гашта реши равон шуд ва он ҷавон бо он реши равон дар ҳамон рузҳои гурезагӣ фавтид. Аммо падару модари ӯ он тифлро парвариш карда ба воя расонданд.
  • Падару модараш ҳануз зиндаанд? – гуфта боз Темурмалик пурсид.
  • Онҳо ҳам баъд аз ба воя расидани он кӯдак яке аз паси дигаре вафот карданд, – гуфт пирамард дар ҷавоб.
  • Хуб, ҳоло он кӯдаки ба воярасида дар куҷост? – гуфта пурсид Темурмалик бо ҳаяҷони аввалй.
  • Аз кӣ ва чӣ будани он бача танҳо ман, ки бо падари он хизматгор дӯст будам ва як нафари дигар, ки аз қадрдонони Темурмалик аст, хабардор ҳастему бас. Мо барои нигахдории

он шербача аз шарри душманони гургтабиати рӯбоҳхислат ин сирро махфӣ нигоҳ доштем. Баъд аз он ки кӯдак ҷавони калон шуд, барои ин ки ӯ фарзанди кадом кас будани худро донад, ҳақиқати ҳолро ба худи ӯ фаҳмонидем ва уро ҳам таъкид кардем, ки барои нигахдории ҷони худ ва ҷони парваришкунандагони худ ин сирро ба касе нагӯяд.

  • Хуб, ҳоло он ҷавон дар куҷост? – гӯён Темурмалик боз ҳам сухани пирамардро бурида пурсид.
  • Баъд аз он, ки – гуфт пирамард, – падархонду модархондаш мурданд, ба ҷазирае, ки қалъаи Темурмалик дар он ҷо буд ва ҳоло муғулон он ҷазираро «Арал» мегӯянд, рафта дар он ҷо кулбае бино карда, ба худ бошишгоҳ сохт ва аз он ҷо бо каланд қадре замин кушода киштукор кард, то ки ҷои қаҳрамонии падарашро обод ва чароғашро равшан нигоҳ дорад ва ҳоло ҳам дар ҳамон ҷост.
  • Дар он ҷазира ғайр аз писари Темурмалик боз каси дигаре ҳаст? – Темурмалик пурсид.
  • Баъд аз он, ки бо таҷрибаи писари Темурмалик мардум ҳосилхезии он ҷазираро донистанд ва дарё ҳам ҳар сол ба атрофи ҷазира хоку регҳои нав оварда партофта, он ҷоро васеъ кардан гирифт, баъзе безамин ва камзаминҳо тобистон он ҷо рафта киштукор мекардагӣ шуданд. Аммо гайр аз писари Темурмалик зимистон дигарон ба қишлоқи худ баргашта меоянд ва ӯ бошад, тобистону зимистон дар он ҷо зиндагӣ мекунад.

Темурмалик бо дили пур аз шодӣ аз пеши пирамард баромад ва шабона ба лаби дарё рафт, ки ба ҷазира гузарад. Хушбахтона, дар канори об якчанд қаиқҳо буданд, ки деҳқонон тобистон дар рафтуои ҷазира аз онҳо фоида мебурданд. Темурмалик ба яке аз он қаиқҳо савор шуда ба ҷазирае, ки чандин сол пеш аз ин он ҷоро бо як олам андуҳу алам тарк карда буд, гузашт.

Дар ҷазира аз қалъа асар намонда буд, аммо дар ҷои вай як кулбаи пастак менамуд, ки аз тобдонаш рушноии чароге ба назар намоён мегардид. Азбаски ҳануз киштукор сар нашуда буд, дар он ҷо гайр аз нури чароги он кулба дигар асари ҳаёт ва зиндагонӣ наменамуд.

Темурмалик рост ба пеши он кулба рафт ва дар торикӣ истода аз тобдон даруни кулбаро аз назар гузаронид. Дар он ҷо як

ҷавони баландқомати тахминан бисту дусола, ки нав мӯйлаб сабз карда буд, таом мехурд. Ӯ ба пепга дари даромади кулба омада истода сурфа кард.

Ҷавон дартоз аз кулба баромада:

  • Кист? – гуён ояндаро пурсид.
  • Ман, – яке аз ҷураҳои падарат! – гуён Темурмалик ба ҷавон наздик шуд ва ӯро ба оғуши пиронаи худ, ки аз ғояти шавқу ҳаяҷон чун оғӯши ҷавонон гарм шуда буд, бо иштиёқ ва шодмонӣ кашида падарона бӯсид ва ҳар ду ба кулба даромаданд.

Ҷавон дар пешгоҳи кулба пустакеро паҳн карда, қаландарро бар рӯи вай шинонд ва аз нону таоми тайёри худ ба пеши ӯ кашида, уро зиёфат кард.

Ҷавонро гармбӯсиҳо ва бо ҳаяҷон вохӯрдӣ карданҳои ин қаландари пир, ки аз ҳар ҳаракаташ иштиёқи падарона зоҳир буд, ба тарафи худ кашид. Бо вуҷуди ин аз он ҷо, ки кинаи чингизиён ва маъмурони онҳоро нисбат ба падари худ медонист, бо ин меҳмон бо эҳтиёт муносибат карданро лозим донист ва дар муомилаи ин шахси ношинос мазмуни ин байтро, ки Саъдӣ гуфтааст:

Манеҳ дар миён роз бо ҳар касе,

Ки ҷосус ҳамкоса дидам басе.

ба худ дастуруламал қарор дода пурсид:

  • Шумо бо падари ман дар куҷо ва чӣ гуна ҷӯра шуда будед?

Темурмалик дар ҷавоби ин пурсиши ҷавон як қисми тарҷумаи

ҳол ва саргузаштҳои худро ҳикоя карда, нишон медод, ки гӯё ӯ дар ҳамаи он корҳо ба Темурмалик ҳамроҳ будааст ва дар охири сухан аз ҷавон пурсид:

  • Агар падаратро бинй, мешиносй?

Ҷавон ҳамон эҳтиёткории аввалаашро аз даст надода ҷавоб дод:

  • Ман падари худро надидаам, кӣ будани ӯро ҳам намедонам. Худам ба дари хонаҳои мардум гашта ба ин синну сол расидаам.
  • Ман падари ту мебошам! – гуфт қаландар дар ҳолате, ки ашки шодӣ аз чашмонаш мечакид.

Ҷавон бо шунидани ин сухан, ки гувоҳии дилашро тасдиқ мекард, дар ҳаяҷони тӯфонмонанде афтод. Лекин аз эҳтиёткорӣ ба қувваи ҷавонӣ худдорӣ карда гуфт:

  • Як пирамард ҳаст, ки «падаратро мешиносам» мегӯяд, агар ӯро оварда бо шумо рӯ ба рӯ кунам, ҳақиқати ҳол равшан мешавад.
  • Зудтар он пирамардро ҷег зан! – гуфт Темурмалик ба писараш.

Ҷавон ҳамон замон аз об бо қаиқ гузашта ба тарафи шаҳр рафт ва саҳарии барвақг ду пирамардро ҳамроҳи худ гирифта омад, ки яке аз онҳо ҳамсӯҳбати дирӯзаи Темурмалик буд ва дигаре касе буд, ки дар аввалҳои ҳокимии Темурмалик дар Хуҷанд ба ӯ пешхизматӣ мекард.

Пирамардон ба кулба даромаданд. Чун чашми ҳамсӯҳбати дирӯзаи Темурмалик ба ӯ афтод, фарёди шодиёнае бароварда ӯро ба бағал кашид ва сару рӯяшро бӯсида гуфт:

  • Худи дируз ман паӣ бурда будам, ки ту Темурмалик мебошӣ, азбаски ту сирри худро накушодй, ман ҳам изҳори дарёфти дили худро муносиб надониста будам; худоро шукр, ки он дарёфти ман рост баромад.
  • Дили ман ҳам гувоҳӣ медиҳад, ки Шумо Темурмалик мебошед, – гуфт пирамарди пешхизмат, – бо вуҷуди ин агар рухсат диҳед, нишонаеро, ки худам медонам, бубинам, то ки дар дили касе шубҳа намонад.

Темурмалик рухсат дод. Пешхизмати пештарааш рони чапи ӯро кушода чашм андохт ва фарёд кашида гуфт:

  • Воллоҳ, ки Шумо Темурмалик мебошед! – ва ба дигарон нигоҳ карда илова намуд, – Ин кас дар ҷанги қарахитоиён аз рони чапи худ тир хӯрда захмдор шуда буд, ки ман он захмро намад сӯхта пахш карда, то беҳ шуданаш нигоҳубин карда будам ва ҷои он захм сиёҳча шуда монда буд. Он доғ ҳоло ҳам дар ҳамон ҷо ва ба ҳамон ҳол намоён аст.

Бо шунидани ин суханҳо ҷавон худро ба пои падар андохт, бо лабҳои аз ҳаяҷон хуппсида кафи пои пуробилаи ӯро мебусид ва чашмони пур аз ашки шодии худро бар руи пои аз пирӣ хушкидаи вай мемолид. Падар ҳам сару гардани писарро аз бусаҳои гарми муштоқона саршор мекард. Ду пирамард бошанд, якдигарро оғуш карда лабу рӯи ҳамдигарро мебусиданд ва бо ин шодии ногаҳонӣ худҳошонро табрик мекарданд. Ин манзара чунон шодибахш буд, ки нависандаи ин сатрҳо ҳам дар вақти таҳрир худро аз ҳаяҷон боздошта натавонист.

Баъд аз он, ки падару писар аз бӯсаву канор дилосо шуданд, муйсафедон ҳам ба навбат Темурмаликро ба оғӯш кашида аз канору бӯс табли шодмониро баландовоз карданд.

Баъд аз рӯз сафед шудан пирамардон падару писарро бо як ҷаҳон шодӣ танҳо гузошта худҳошон рафтанд, то ки ин ду аламрасидаи гами ҳиҷроншикан бо якдигар дарди дилҳои ғамдидаи худро гуфта ва шунида доди худро аз айёми дурӣ ва маҳҷурии гузашта ситонанд.

Пирамардон аз об гузапгганд. Баъд аз он, ки дар бораи ба ҷое ва ба касе нагуфтани хабари омадани Темурмалик дар байни худ аҳду паймон карданд, аз ҳам ҷудо шуда ба хонаҳои худ рафтанд.

Лекин хабари омадани Темурмалик як сирри шодианғези калоне буд, ки дар дили ҳеҷ кас намеғунҷид: ҳар кадоми ин пирамардон ҳамин, ки дӯстони боэътимодашонро диданд «як гап мегӯям ба ҳеҷ кас нагуй!» гӯён сирри омадани Темурмаликро кушоданд ва ҳамин қадар худдорӣ карда тавонистанд, ки дар бораи бошишгоҳи ӯ ва писари ӯ ба касе лаб накушоданд. Он дустони «боэътимод» ҳам ба дӯстони «боэътимод»-и худ ин сирро ба тарзе, ки дар боло нишон дода шуд, гуфта додан гирифтанд. Дар натиҷа хабари омадани Темурмалик дар шаҳр овоза шуд ва ӯ маҷбур шуд, ки аз ҷазира сафар кунад.

10 ЧИҒАГОЙХОН, САФАР АЗ ҶАЗИРА,

ИН ГИҚОМГИРИ ДАР ВАҚТИ АСИРЙ. АТРИ КАФАН

Хабари омадани Темурмалик ба маъмурони муғул ҳам расид. Маъмурон аз як тараф ба кофтуков даромада бошанд, аз тарафи дигар, ин хабарро ба Чигатой, ки ҳокими Туркистон, Мовароуннаҳр, Хуросон ва Ғазнин то лаби оби Синд буд, расонданд.

Чиғатоӣ бадтарин аз хунхортарини писарони Чингизхон буд, ӯ дар ҳамаи сифатҳои ваҳшиёна ва золимона вориси ҳақиқии Чингизи хунрез буд. Бинобар ин Чингиз нигаҳдории қонуни ваҳшиёнаи худро ба ӯ супурда буд. Масалан, аз рӯи қонуни Чингизхон рӯзона дар об даромадан, ё гӯсфандро сар бурида куштан мамнӯъ буд.

Чиғатой, ки дар вақти оромии мамлакат дар ҳаққи раият, хусусан дар ҳаққи мардуми тоҷик ин қадар сахтгирӣ мекард., бо шунидани хабари Темурмалик чиҳо кардани ӯ худ аз худ маълум аст.

Чиғатоӣ чандин ҳазор саворони ҷаррорро дар зери фармони Катагануғлон ба сафар баровард ва ба ӯ фармон дод, ки «ҳамаи дашту биёбонро ҳалқа гирифта, ҳар каси дучоромадаро дасггир карда, бояд то Хуҷанд равӣ ва агар дар ин миён Темурмалик ба даст наафтад, бояд, ки тамоми Мовароуннаҳр ва Хуросонро кофтуков кунй, то ӯро ба даст надарорӣ ва ё накушй, ба пеши ман бознагардӣ ва ба кашидани ёсо (ҷазо) мунтазир бошй!».

Баъд аз он, ки дар Хуҷанд маъмурони маҳаллӣ дар кофтукови Темурмалик шиддат кардан гирифтанд, ӯ дар ташвиш афтод. Ташвиши ӯ на барои ин буд, ки ба даст меафтад ё кушта мешавад, балки ӯ аз ин метарсид.ки агар дар он ҷо дастгир шавад, писараш ҳам дастгир ва кушта хоҳад шуд. Бинобар ин ӯ аз ҷазира сафар карданро мувофиқ ёфт.

Темурмалик инро медонист, ки агар ӯ аз ҷазира руирост сафар кунад, писараш аз вай ҷудо намешавад ва агар дар ҷое ба дасти душман афтад, ӯ ҳам гирифтор мешавад. Бинобар ин шабе, бе он, ки ба писараш хабар диҳад, дар вақти дар хоб будани ӯ табарзин ва сутаи қаландариро ба даст гирифта, оҳиста аз кулба баромада ва ба қаиқе, ки дар канори об буд, ба тарафи рости дарёи Сир аз об гузапгг ва қаиқро ба канори об басга, худаш ба тарафи куҳистони Консоӣ нигоҳ карда равон шуд.

Писари Темурмалик як вақт аз хоб бедор шуда дид, ки падараш дар ҷои хобаш нест. Аввал «шояд барои ёзидан берун баромада бошад» гуфта қадре нигарон шуд. Вақте ки ӯ ба зудӣ баргашта наомад, барои хабаргирӣ берун баромад. Аммо ӯро дар наздикиҳои кулба наёфт. Дуртар рафт, ӯ нест. Ҳама ҷои ҷазираро гардиш кард. Боз аз вай асаре наёфт. Рӯз ҳам шуд, наомад.

Ҷавон ба гузаргоҳи ҷазира, ба ҷое, ки қаиқ дар он ҷо меистод, рафт. Қаиқ дар ҷояш набуд. Ӯ муқаррар кард, ки падараш аз об гузаштааст, аммо дар тарафи чапи об ҳам қаиқи барзиёд наменамуд. Бинобар ин ӯ тарафи дасти рости дарёи Сирро чашм андохта ҷазираро гардиш кард. Дар он ҷо як қаиқи холиро дид ва донист, ки падараш ба тарафи дасти рости об гузаштааст.

Ҷавон хост, ки аз паи падараш равад. Аммо қаиқ набуд, ки савор шуда аз об гузарад. Ӯ баргашта ба кулба омад. Аз он ҷо ду чубкадуи калонро, ки дар вақти оббозӣ онҳоро дар паҳлуи худ мебаст, гирифта бозгашта, ба канори ҷазира рафт. Дар он ҷо либосҳояшро аз тан капшда буғча кард, кадуҳоро дар зери бағалаш аз ду тараф баст ва буғчаро ба сараш банд карда ба об фаромад. Дар андак фурсат моҳивор обро бурида ба он тарафи об ба пеши қаиқи худ гузашт.

Ҷавон кадуҳоро аз багал кушода дар даруни қаиқ гузошт ва бӯғчаро яла карда либосҳояшро пупшда, паи падари гумгапггаи худро гирифта ба роҳ даромад.

Ҷавон дар санглохҳо ва заминҳои сахт нақши пои падари худро гум кард. Аммо баъди қадре пеш рафтан ва ҳар тарафро аз назар гузаронидан боз нишонаҳои пойро ёфта дар роҳи худ давом менамуд. Бар болои баландиҳо ва теппаҳое, ки дар роҳаш рост меомаданд, баромада ба ҳар тараф назар меандохт, ки шояд аз гумкардаи худ нишонае ёбад. Чун чизеро намедид, боз дар роҳи худ шитоб мекард.

Ҷавон, чунон ки аз ҷазира аз падари худ хеле дер баромада буд, инчунин дар роҳ ҳам барои пайковӣ хеле дер монд. Бо вуҷуди ин паю почаи ҷавонӣ ба ӯ ёрӣ дод, ки дар нимрузӣ аз болои як баландӣ сиёҳии падари худро дида тавонад. Аммо ӯ падари худро дар вазъияте дид, ки шодии аз ёфтани мақсуд пайдошудаашро ташвиши он ҳолат барҳам дод: падарашро чандин савори мусаллаҳи муғул пеш андохта мебурданд.

Саворон Темурмаликро бурда ба хонаи сиёҳе дароварданд. Дар пешгоҳи он хонаи сиёҳ Қатағанӯғлон ҷоӣ гирифта буд ва дар гирдогирди хона қадре поёнтар аз сардор сарҳангони муғул менишастанд, ки ҳамаашон мусаллаҳ буда, дар пеши ҳар кас як камон бо як тиркаши пуртар гузошта шуда буд.

Ясавул аз бозуи Темурмалик дошта ба ӯ фармуд, ки бо одати

муқобили ин сухани ббҷавоби қаҳрамони халқи тоҷик ягон чизе ба хотири ваҳшии дарранда намерасид.

Дар ҳамин вақг касе аз поёни хонаи сиёҳ овоз баровард. Ин кас як мугули пирсоли якчашма буд. Ӯ ба Темурмалик хитоб карда гуфт:

  • Вақте, ки дар майдони ҷанг озод будӣ ва бо як тири бепайкон чашми маро зада кӯр кардӣ, ин гуна лофзаниҳо ба ту мезебид. Акнун, ки ба дасти мо асир афтодаӣ, дасту поят аз замину осмон канда шудааст, ба чӣ гарра шуда калонгапӣ ва даъвои баҳодурӣ мекунӣ?

Темурмалик бо шунидани ин суханҳо чолокона камону тирро аз пеши Қатағануғлон гирифта синаи он муғулро, ки чандин сол пеш аз ин чашми ӯро бароварда буд, нишон гирифт:

  • Дар ҳолати асирӣ ҳам метавонам монанди ту чандин саги разилро ба ҷаҳаннам фиристонам! – гӯён тирро аз шаст раҳо кард ва муғули якчашма ба замин яксон шуд.

Муғулон шурида бо шамшерҳои луч аз ҷо бархостанд ва бо ишорати Қатағануғлон шамшерҳояшонро ба сари Темурмалик ҳавола карданд.

Темурмалик ҳам аз ҷо бархост ва сӯтаи дарвешиашро бар дами теғи муғулон сипар карда, табарзинро ба кор даровард. То захмҳои корӣ хӯрда ба замин ғалтидан, чандин муғулро бо зарбаи табарзин ба замин хобонид.

Дар ҳамин вақг ҷавоне барқвор аз дари хонаи сиёҳ даромада аз байни гуруҳ ба худ роҳ кушода ба Темурмалик наздик шуда дид, ки ӯ ғалтида ва дасти табарзин ҳануз дар дасгаш аст, ҷавон хам шуда табарзинро ба даст гирифту дар навбати аввал бо як зарба сари Қатағанӯғлонро монанди ошкадуи лухсида пош хӯронд ва баъд аз он ҷо бо зарбаҳои паёпаӣ чандин муғулро аз по афтонд ва бо захмҳои ғарон худаш ҳам ба болои мурдаи Темурмалик афтид.

Ин ҷавон писари Темурмалик буд.

Ҳамон рӯз ин фоҷиа дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он овоза шуда, калону хурд ба таъзиқу фишори маъмурони чиғатоӣ нигоҳ накарда ҷомаҳои сиёҳ пушида, миёнашонро аз руӣ баста, чунон, ки падарашон кушта шуда бошад, барои падари қаҳрамонашон Темурмалик мотам гирифтанд. Аз ҳама зиёдтар ду пирамарде, ки аз содадилӣ сабаби фош гардидани сирри “Темурмалик шуда

Темурмалик», ки аз номаш ҳам маълум аст, симои асосии асар Темурмалик аст. Ҳодисаю воқеаҳои асар бо иштироки ӯ мегузаранд. Нависанда ҳам дар симои Темурмалик беҳтарин хислату характери ҷавонони тоҷикро ҷамъбаст намудааст. Хислатҳои ватандустӣ, далерӣ, фидокорй, ҷоннисорӣ барои истиклоли кишвару бум сифатҳои хоси Т емурмаликанд, ки устод Айнӣ дар рафти ҳодисаҳои мухталифи таърихӣ бисёр ҷолиб нишон додааст. Инчунин дар асар персонажҳои мусбати дигар, аз қабили султон Ҷалолидцин, пирамард ва писари Темурмалик иштирок карданд. Вале кору амалиёти онҳо барои барҷаста баромадани образи асосӣ – қаҳрамони асар Темурмалик мусоидат намудаанд, ёрӣ расонидаанд.

Ҳамин тавр, дар асарҳое, ки пеш мутолиа кардед, қаҳрамонҳои асосӣ Эраҷ, Хоҷа Насриддин, Луқмони Ҳаким мебошанд. Ҳар кадоми онҳо симоҳои барҷаста буда, халқ дар зимни кору амалиёти онҳо афкори пешқадами хешро ба қалам додааст.

test

Добавить комментарий