Ғаффор Мирзо

Ғаффор Мирзо
(1929-2006)

image29

«Ман аз падару модар хеле хурд сағир монда будам. Ҳокимияти Советӣ маро дар қатори ҳазорон ятимони дигар аз марг раҳонид ва бинобар ин нахустин ҳиссиёте, ки дар дили кудаконаи ман пайдо шуд, нашъунамо кард, ҳиссиёти беканори ташаккур ва миннатдорӣ ба наҷотбахши ман аст. Ин ҳиссиёт баъд аз қаламдаст шуданам. мавзӯи асосии эҷодиётам гардид.

Меҳнати асосии мо, «детдомиҳо» таҳсил бошад ҳам, мо танҳо ба он маҳдуд намешудем. Дар фермаи хонаи бачагон’ подабонӣ мекардем, боғу полизи онро парвариш менамудем, дар таъмири ҳарсолаи хобгоҳ иштирок доштем, аловии зимистонаи худро худамон пешакӣ тайёр карда мемондем. Дар баробари ин дастаи ҳаваскорони хонаи бачагон, ки як вақтҳо ба он ҳофизи халқии мамлакат Саидалӣ Вализода ва як вақги дигар Артисти Халқии мамлакат Маҳмадалӣ Қобилов, роҳбарӣ карда буданд, ба қишлоқҳо баромада, бо шаклҳои гуногуни санъати таҳҷоӣ нишондодҳои партия ва ҳукуматро таргибу ташвиқ менамудем. Воқеан, азбаски ҳеҷ кас аввалин музди меҳнати худро фаромӯш намекунад, ман ҳам онро ҳамчун як марҳилаи муборак равшан дар ёд дорам: тобистони соли 1938 рӯзе ҳаваскоронро ҷамъ карданд ва ба онҳо мукофоти пулӣ доданд. Ба ман ҳам як даҳсӯмаи цастархон барин калон расида буд.

Натанҳо аз таъсири тангдастй, ки дар солҳои ҷанг насиби ҳамаи мо гардида буд, балки аз таъсири ҳамон ҳиссиёти миннатдорй, аз таъсири моҳияти тарбияи хонаи бачагон буд. Ман баъдтар ҳам дар баробари таҳсил ба меҳнати беруна низ машғул мешудам.

Таҳсили ман дар Омузишгоҳи педагопга Кулоб ва Институти педагогии Душанбе ҷараён ёфтааст.

Вале тақдири эҷодии ман ба маҷрои ҳақиқӣ ва асосии худ он вақт ҷорӣ гардид, ки маро дар соли 1950 дар органи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон журнали «Шарқи сурх» ба хизмат қабул карданд ва ман дар муҳити мубораки шоирону нависандагони номвар, дар мактаби М.Турсунзода, Ҷ.Икромӣ, Раҳим Ҷалил, М.Миршакар, А.Деҳотй, Б.Раҳимзода ва дигарон ҳамчун шоир ва адиб сабақ омухта, нашъунамо кардам».

Ҳамин тавр, Ғаффор Мирзо умри пурбаракат дид. Ӯ моҳи августи соли 2006 дар шаҳри Душанбе вафот намуд. Вале умри хешро ройгон нагузаронид. Барои наслҳои оянда асарҳои пурарзише мерос гузошт. Махсусан барои бачаҳо асарҳои хубу шавқовар офарид. Достонҳои «Тоҷи давлат», «Асрор» маҷмӯаи шеърҳои «Рӯи сурх», «Марди майдон», «366 паҳлу», «Нору нур» ва ғайраҳоро хонандагон хеле хуш пазируфтанд.

Инак, шогирдони азиз, бароятон шеъри «Дуст», огози достони «Тоҷи давлат» ва «Дар сари гаҳвора»-и Ғаффор Мирзоро пешкаш менамоем.

ДУСТ

Кист он бе аниси танҳо, кист?

Зинда бе дӯст ҳеҷ натвон зист.

Ҳар киро ёру дӯст бисёр аст,

Ҳар кадомаш муносиб ёр аст.

Ҳар якеро чу гавҳари чашмон, Ҳамчу лахти ҷигар, чу риштаи ҷон. Хоси он зеби он мақоме ҳаст, Иззату ному эҳтироме ҳаст.

Лек дар он миён назарногир,

Дӯсте ҳаст хоксору фақир.

Сахду боқадр ончунон аст он,

Обу нОн гӯй, обу нон аст он.

Дар бари туст, ту аз он серй,

Гаҳ варо дар назар намегирӣ.

Лек аз он ҷудо шавӣ нафасе,

Ҷои дигар равӣ, ягона касе,

Ки ба ёдат биёяд аз ҳама зуд, Ҷош холӣ бубинӣ дар бари худ- Дӯстон, дӯстон, ҳамон аст он, Дар ҳақиқат, чу обу нон аст он.

ИБТИДОИ ДОСТОН

(«Тоҷу давлат»)

Баҳор омад, Баҳоре чун

арӯси бениёз омад,

Басо бо нозу нуз омад,

Басо гарданафроз омад.

Чу зебое, ки донистаст

зебо будани худро,

Назар дар осмон, мағрур,

Одамшинос омад.

Чу мегӯянд, худбинанд

онҳое, ки хушрӯянд,

Ҳама он гуна нозуктабъ,

к-андар як сари муянд.

Каломи талх гую

ҳоли зори нозукон бингар,

Ки аз қаҳру ғазаб ҳарфе,

намеёбанд, то гӯянд.

Сари роҳаш гирифтам,

бо забони нештардоре,

Ба ӯ гуфтам:

Баҳоро, ин қадар ту карруфар дорӣ? Чаро бемайл меоӣ,

чаро дилсард метобй? Магар танҳо ту зебой,

такаббур ин қадар дорй? Гумон дорй, фақат аз туст

сарсабзии мо,

Ҳазор оҳангу ранги бӯ,

ҳавои нашъаноки мо.

Чунон савлаткунон оӣ,

ки ғӯё чокарат бошем,

Фақат аз туст гӯё

чашми сери мо, чароғи мо.

Ту ҳар соле ҷавон гардида

аз сар кор сар кардӣ,

Ҳазорон бор аз болои

ин кишвар гузар кардӣ.

Вале, эӣ ҷони ширин,

аз ҳисоби ифтихори худ Чӣ кардӣ, садяки ин хокро

андак дигар кардӣ.

Заминеро, ки буд зинда,

мусаввар карда мерафтӣ,

Ба сар ин хизмататро монда

афсар карда мерафтӣ,

Вале пайваста аз руи

заминҳое, ки мемурданд,

Парида мегузаштӣ,

Боз бадтар карда мерафтӣ.

Замини зинда кам мешуд,

Набуд инро давое ҳеҷ,

Паи хизмат қариб омад

наёбӣ ҷову пое ҳеҷ.

Агар се-чор соли дигар

Октябр ақиб мемонд,

Баҳоро, метавонистӣ,

ба ин кишвар наоӣ ҳеҷ.

Макун қаҳру ғазаб,

густохии ман санги ноҳақ нест. Ба эъҷозу ба зебоии ту,

ҷонам, ягон шак нест.

Вале бо ман саёҳат кун

замини Тоҷикистонро,

Бубин, ки дасти эъҷозу

рухи зебот мутлақ нест.

Биё, бин духтаронеро,

ки аз ту хубтар ҳастанд,

Туро гар, ки ҳунар бошад,

худи онҳо ҳунар ҳастанд.

Ба ҷоят ҳар кадоми он

тавонад муддаӣ бошад.

Валекин хоксору соддаву

бекарруфар ҳастанд.

Ба он чашмони ҳайронат,

Ба он муи парешонат.

Ба он поҳои урёнат,

Ба ҳар ангупгги дастонат.

Қасам, ки заҳр менушам,

Қасам, ки мекушам худро

Агар ки Тоҷикистонам

Туро мафтун нагардонад.

ДАР САРИ ГАҲВОРА

Бар сари гаҳвора дидам модаре, Модари фарзанди монанди парй.

Тифл дар гаҳвора андар хоб буд,

Ё ки дар гаҳвора ширмаҳтоб буд.

– Тавба кардам, – гуфт модар ногаҳон, Тавба кардам, эӣ Худои меҳрубон.

Ин қадар хурду заифу сода аст,

Ин қадар бахту мадорам додааст.

Эӣ Баҳори азиз, эӣ дилбар,

Ту ба ин тифли нозанин бингар.

Чуҷаи он кабутари ваҳшӣ Дар ту мирам, аҷаб сафобахшй. Хурдию аз ту гаҳвора пур аст.

Хона пур, кунҷ пур, канора пур аст. Дашту саҳрои бекарон пури туст,

То фалак, то малак ҷаҳон нури туст.

Ту калон шав, бафазлу доно шав!

Ҳам ба дил, ҳам ба чеҳра зебо шав!

test

Добавить комментарий