Шахсияти академик Аҳрор Мухторов ҳамчун муаррих

Академик Аҳрор Мухторов 5-ноябри соли 1924 дар шаҳри Уротеппа (ҳозира шаҳри Истаравшан ) ба дунё омадааст.

Солҳои 1941-1945 ба Ҷанги Бузуриги Ватаниӣ рафта дар озод кардани Украина Полша ,Чехославакия ва Германия иштирок карда аст .

У солҳои 1939-1941 аввал донишҷӯи факултаи коргарӣ, баъд донишҷӯи институти муаллимии Душанбе гардид, соли 1942 ихтиёран ба набардгоҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафт ва баъди анҷоми он то соли 1947 дар хизмати ҳарбӣ монд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ ба донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Тарас Шевченкои шаҳри Душанбе дохил шуда онро соли 1951, бо ихтисоси таърихи ИҶШС хатм кардааст. Муддате дар ҳамин ҷо дарс дод, чанде ба ҳайси мудири шӯъбаи дасхатҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ заҳмат кашид. Котиби илмӣ ва директор дар солҳои 1958-1959, мудири бахши таърихи асрҳои миёна солҳои 1959-1991, сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1991-2007.Дар соли 1940 муаллим дар мактаби деҳот кор кардааст.

Дар соли 1971 диссертатсияи унвони номзади доктори илмҳои таърихро (“Ёдгориҳои эпиграфии асрҳои XI-XIX аз Куҳистон ҳамчун ёдгориҳои халқҳои Осиёи Миёна”)ҳимоя намуд. Аз соли 1972 профессор аз фанни низоми таърихи дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дарс дод. Аз соли 1978 аъзои рӯзноманигорони АИ ҶШС Тоҷикистон шуда буд. Аз соли 1991 академики АИ ҶТ шудааст.

Аҳрор Мухторов муаллифи бештар 80 китоб ва беш аз 500 мақолаҳои илмӣ дар боари таърихи асримиёнагии халқҳо и Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон мебошад. Бисёре аз корҳои илмии академик ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шуда, дар хориҷа табъу нашр шудаанд. Аз соли 1976 Аҳрор Мухторов аъзои комиссияи бостоншиносӣ дар шӯъбаи таърихи АИ ИҶШС интихоб шуд. Аз соли 1980 аъзои асотссиатсияи корпуси илмии байналмилалии навиштаҷотҳои Эрон буд. Аз соли 1991 Аҳрор Мухторов аъзои ҷамъияти илмии эрониҳои Аврупо ва дигар созмонҳои байналхалқӣ буд. Аҳрор Мухторов ба бисёре аз ордену медалҳои фахрии ИҶШС ва Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, сарчашмашиносӣ. Самтҳои асосии фаъолияти илмии Аҳрор Мухторов сарчашмашиносӣ ва дар асоси он таҳқиқи таърихи халқҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон аст. Аҳрор Мухторов дар илми таърихи миллатамон аввалин нафарест, ки даст ба мавзӯъи ниҳоят муҳим -омӯзиши катибаҳо зад, роҳи эҷодиаш ба ин масъалаи ноомӯхта тавъам шуд.

Ба қавли устодаш академик Александр Семёнов “ ганҷ парешонро аз вайронаҳо ба дили халқ кӯчонд”. Олими бисёр васиқа, хитоба, шоҳиднома, айбнома, ҳукмнома ва ғайраро пайдо намуд, ки барои омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлили кушодани муаммоҳои таърихи халқамон мадад расонданд. Олими бисёр дастхатҳо, санадҳои ҳуқуқии асримиёнагӣ, эпиграфияи рӯи сангҳо ва деворҳои кӯҳан маҳфузбударо омӯхта, дар асоси онҳо ба ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва маънавии замон муваффақ гардид. Аҳрор Мухторов ба мушкилоти таърихи сиёсии замони гузашта ҷиддан таваҷҷӯҳ намуд ва бар пояи маълумоти нодири хаттӣ давраҳои ҳукумронии бисёр ҳокимони минтақаро барқарор ва ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданиро дар ғарб аз Бойсун ва дар ҷануб то Файзобод мавриди омӯзиш қарор дода, ба паҳлӯҳои номаълуми шӯришҳои халқӣ (соли 1469 дар Самарқанд, соли 1810 дар Бухоро, соли 1887 шӯриши Восеъ) бо мадраки фаровон равшанӣ андохт. Асарҳои илмиаш перомуни шаҳрҳои Ҳирот, Қандаҳор, Ғазна, Кобул, Ҷалолобод, Буст, Лашкаргоҳ, Балх ва ғайра аҳмияти ҷаҳонӣ доранд.Қобилияти илмии ин донишманди серкор дар ҷодаи илми таърихи халқи тоҷик, ки қисми ҷудонашавандаи таърихи ҷаҳонист, сазовори эътирофи умум гашт.

Институти библиографии Амрико соли 1994 олими барҷастаи тоҷикро ба нашрияи байналмилалии “500 шахсони машҳури ҷаҳон” ворид сохт, ҳамин Институт вайро “ Одами сол-199” эълон намуд.

Асарҳои илмии академик Аҳрор Мухторов дар нашрияҳои мамолики ҷаҳон -ИМА, Англия, Олмон, Русия, Италия, Эстония, Чехия, Исроил, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва ғайраҳо ба табъ расида, шӯҳрати илми таърихи миллатро баланд бардоштанд. Ҳанӯз соли 1980 Ассотсиатсияи илми байналхалқӣ “Корпуси навиштаҷоти эронзабон” (марказаш дар шаҳри Лондон) ӯро ба узвияти ин ҷамъият шомил кард.Қобилияти табиӣ , меҳнатдӯстӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан, ба илм , дар иҳотаи олимони машҳури давр -Б. Ғафуров, Б. Исандаров, А.Семёнов, А. Мирзоев ва дигарон қарор доштан имкон доданд, ки дар рушду камоли илми таърихи миллати хеш ин марди фозилу нексиришт саҳм гузорад. Аҳрор Мухторов иштирокдори симпозиуму конфронсҳои минтақавию байналмилалист, вай дасти бисёр ҷавононро дар ҷоддаи таърихи

Миллат рост кардааст. Академик Аҳрор Мухторов дар синни 83-солагӣ бар асари як бемории тӯлонӣ даргузашт. Ҷанозаи зиндаёд Аҳрор Мухторов дар оромгоҳи Лучоб, воқеъ дар қисми шимолу ғарбии Душанбе ба хок супурда шуд. Мукофотҳои Аҳрор Мухторов

Бо ордени “Шараф”

Медалҳои “Барои шуҷоат “

“Барои озодкунии Прага”

“Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”

“Бистсолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”

”Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-соагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин “

Ифтихорномаи Раёсати Шӯри Олии ҶСШ Тоҷикистон

Арбоби шоистаи илмии ҶСШ Тоҷикистон (1987)

Дорандаи Ҷоизаи давлати ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007)

Дорандаи Ҷоизаи Институти библиографии Амрико “Одами сол-1995”

Аъзои пайвастаи А И Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1951 то охири умр.

Аҳрор Мухторов Бобоҷон Ғафуровро на танҳо ҳамчун омӯзгор ва роҳбари ғамхори худ, балки сифати мураббии меҳрубон ва ҳомию муттакои боэътимоди худ дар ҳамаи лаҳзаҳои душвори ҳаёташ эътирофу эҳтиром мекард.

Тибқи ривояте, Абӯалӣ ибни Сино чун медидааст, ки шогирдонаш вақтро беҳуда мегузаронанд, ашк мерехтааст. Дар воқеъ, барои инсон вақт амсоли сарвати бебаҳо ва ганҷи беинтиҳост. Ҳар лаҳзаи онро мисли нақида бо сарфаю саришта истифода кардан камоли хирадмандист. Вақт ҳумои иқболест, ки ройгон масраф шудани он фиреби умр аст.

Хизмати волои муаррих ва муҳаққиқи дақиқназар , академики АИ Тоҷикистон Аҳрор Мухторовро ин ҷо тазаккур намоем, ки ӯ чӣ сон маҷрои вақтро ба нафъи илм равона кардааст. Вай ба мисли ҳар кадом олими фидокор ҳар лаҳзаи умри хешро ба таҳқиқу таълифи таърихи ниёгон ва омӯзиши мерос ва осори гаронбаҳо- катибаҳои масоҷиду мадорис, мазору мақбара ва амсоли инҳо бахшида, дар ин ҷода комёбиҳои бузург насибаш гаштааст.

Нашриёти “Дониш” соли 1984 аз силсилаи “Феҳристи асарҳои олимони Тоҷикистон” бахшида ба Аҳрор Мухторов рисолае нашр карда буд. Кас ба феҳристи асарҳо ва маърӯзаҳояш дар конфронсу конгресҳои байналхалқӣ, ҷаласаҳои илмӣ, таҳриру тақризи рисолаву китобҳои дарсии ӯ шинос шавад, ба истеъдоди фитрӣ, қобилият ва ҳисси олии меҳанпарастиву инсондӯстии Аҳрор Мухторов таҳсин мехонад.

Албатта, донишу истеъдоди эҷодкор ба шарофати меҳнати бурдборона, омӯзиши муттасил, ҷаҳду талоши ҳамарӯза равнақ меёбад. Вале барои сайқали истеъдод дасти шафоату меҳри падаронаи устод.” Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан”. Бале, инсон ба мураббие ниёз дорад,ки мушкилоти ҳунарро омӯхта, нозукиҳояшро нишон диҳад. Касро ба роҳи пурпечутоби илму маърифат ҳидоят намуда, роҳу равиши ӯро ҳамеша таҳти назорат гирад.

Ба фаъолияти илми Аҳрори ҷавони зираку ҷӯянда ду нафар олими барҷаста, муаррихони ховаршинос А.А. Семёнов ва Бобоҷон Ғафуров раҳнамун буданд. А.А. Семёнов ба шогирди содиқи худ анъанаҳои классикии ховаршиносии рус, пурра ва дақиқ омӯхтани маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ, ҷустуҷӯ ва талоши доимӣ дар роҳи такомулоти ғанигардонии илму фарҳанг, эҳсоси олии масъулиятшиносӣ

Ва монанди инҳоро омӯхта, аз ӯ таълифи асрҳои нав ва баландғояи ҳақиқатнигоронаро тақозо мекард.

Аз Бобоҷон Ғафуров ӯ муборизи роҳи ҳақиқат, фидокорӣ ва садоқати бепоён доштан ба ормонҳои олӣ, меҳанпарастиву инсондӯстӣ, меҳри беандоза доштан ба аҳли заҳмат ва қаламкашони соҳибистеъдод, ҷасорати беамсол дар мубориза барои кори ҳақ, баҳсу талоши бебоконаро барои муайян намудани паҳлӯҳои мухталифи илми ховаршиносӣ ва умуман таъриху адабиёт ва фарҳангу маърифати умумибашарӣ, равобити дӯстона бо қавму миллатҳои кишварҳои олам ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро омӯхт ва минбаъд дар ҳаёту фаъолият ва эҷоду офаридаҳои хеш татбиқ кард.

Аҳрор Мухторов Бобоҷон Ғафуровро на танҳо ҳамчун омӯзгор ва роҳбари ғамхори худ, балки ба сифати мураббии меҳрубон ва ҳомию муттакои боэътимоди худ дар ҳамаи лаҳзаҳои душвори ҳаёташ эътирофу эҳтиром мекард.

Бобоҷон Ғафуров як мақсаду мароми нек дошт,- мегӯяд ӯ: ҳимояи таъриху маданият ва номи пуршарафи тоҷикон аз ҳар гуна дасисаву таҳрифкории баъзе уламои ғаразнок, муайян намудани мақоми хос ва ҳиссаи босазои он дар рушду камолот ва таҳқиқу бозёфтҳои илму фарҳанги Машриқзамин ва умуман ҷаҳон. Таҳти роҳбарии мустақими ӯ илми шарқшиносии собиқ шӯравӣ ба пояи баланди тараққиёт расида, соҳаҳои гуногуни таъриху маданияти бисёр мамолики ҷаҳон мавриди таҳқиқу таҳлил қарор гирифт. Хушбахтона, ба Аҳрор Мухторов муясар гардид, ки бо ин олими бузург дар конфронсу конгрессҳои умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ ширкат варзида, обрӯю эътибор ва нуфузи калон доштани ӯро дар миёни олимони машриқу мағриб бо чашмони худ дидааст.Дар сӯҳбатҳое, ки чӣ дар қасрӣ илмҳои Деҳлӣ, чӣ дар осорхонаҳои Кобул, чӣ дар меҳмонхонаҳо ҳангоми зиёфатҳои расмию ғайрирасмӣ зери шартҳои назаррабои шоҳонаи ҳиндӣ ё дар муассисаи илмиву ҷамъиятӣ баргузор мегардиданд, меҳру муҳаббат ва эҳтироми олимони мамлакатҳои гуногунро нисбат ба Бобоҷон Ғафуров борҳо мушоҳида намудааст. Касоне, ки ин шахс ошноӣ доштанд, ӯро меҳрубонона ба оғӯш мекашиданд: онҳое, ки ғоибона мешинохтанд, бо ҳар роҳ мекӯшиданд, ки бо ин марди наҷиб ҳамсӯҳбат шаванд. Дар ин сӯҳбатҳо бештар перомуни масъалаҳои гуногуни сиёсӣ ва илмӣ баҳсу мунозира барпо гардида, ҳамеша Бобоҷон Ғафуров ғолиб мебаромад.

Кас ба тарҷума ҳоли худи Аҳрор Мухторов шинос шавад, пайхас мекунад, ки ӯ ҳамчун як ниҳоли сарсабзи умедбахш аз партави пурфайзи ин ду офтоби осмони илми ховаршиносӣ баҳраҳо бурда, ба нахли пурсамари боғи донишу фарҳанг табдил ёфтааст ва имрӯз самараи заҳмати тӯлонии ӯро мо дар шакли мақолаву рисола, васоити таълиму тақризҳо мутолиа менамоем.

То нашри русии китоби оламшумули академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” кас Аҳрор Мухторовро , чунон ки мегӯянд, аз дур мешинохтанд. Ӯроба сифати олими номӣ, муаллифи китобҳои илмию дарсӣ эҳтиром менамуданд.

Дар он рӯзҳо Аҳрор Мухторов ба вазифаи дар зимма доштааш чӣ сон бо камоли масъулият шиносоӣ муносибат мекунад, нисбат ба кор дилсӯз, поквиҷдон, боинтизом, коршиносу муҳаррири босалоҳият будааст. Ӯ дарк карда буд,ки “Тоҷикон” рисолаи дорои ахбори эҳсосия набуда, балки таърихномаи хеле мукаммали ниёгонамон бо тамоми барору нобарориҳо, комёбиву фоҷиаҳо, рушду харобиҳо ва баҳои холисона ва илмии муаллиф ба рӯйдодҳои ҳаёти аҷдодамон мебошад. Муаллиф мақсади таълифи ин китобро чунин баён кардааст: “Беҳтарин сарватҳои маданияти маънавӣ ва моддӣ , ки дар давоми ҳазорон сол аз таҷрибаи ҷамъиятию таърихии инсоният рӯйдодаанд, самараи фаъолияти моддӣ, илмӣ ва бадеии башарият, дониши пешқадам, назария

Ва шаклҳои мутараққии тафаккури эҷодӣ, яъне мероси маданӣ, бо тамоми маъниҳои умумисотсиологии он чун василаи муқтадир дар таҳаввулоти амиқи ҷамъияти ҳозира хизмат мекунад. Ин аст, ки мо ба омӯхтан ва таҳқиқи амалии гузаштаи таърихии ғании ҳалқҳо пардохта ва ба он таҷдиди назар намуда, дар роҳи пешрафти ҳақиқии иҷтимоӣ ва ташаккули шахсияти мутаносиб аз он неруи тозаи маънавӣ мекунем”.

Бояд тазаккур дод, ки ба шарофати ташвишу тараддудҳои муҳаррири сахтгир ин китоби якҷилдаи русӣ дар ду ҷилд ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Онро мухлисону ҳаводорони сершумор интизор буданд.

Аҳрор Мухторов худ ҳамчун заҳматкаши мазраи илм ва муҳақиқи ҷӯянда ва катибашиноси мумтоз беш аз пеш ташаккул меёфт. Мақолаву рисолаҳои тоза ба тоза иншо намуда, манзури хонандагони сершумор мегардонд. Дар бисёр маврид бар асари мутолиа ва таҳқиқи рисолаву аснодҳо воқеаву осорҳои таърихиро дарёфта, дар заминаи онҳо асари пуқиммати илмӣ менавишт, ки он ба кашфиёти нодир баробар буд.

Аҳрор Мухторов соли 1953 ҳамроҳи бародари калониаш Мирҳайдар Мухторов ба деҳаи Овчӣ рафта, аз он ҷо бо ду асп ба Масчоҳ меравад ва дар натиҷаи заҳмати чандрӯза “Сани Бобур”-ро ёфта, ба Душанбе меорад. Аз ин воқеа пеш аз ҳама А.А.Семёнов басо шод гашта, мегӯяд, ки “ин санг ҳар кадом осорхонаи ҷаҳонро зеб дода метавонад”.Ин бозёфти нодирро Бобоҷон Ғафуров низ шунида, изҳори хурсандӣ намудааст. Чунин мисолҳоро аз ҳаёти ин олими номӣ бисёр метавон овард.

Сафар кардану оламу одам дидан як навъ таълиму омӯзиш аст. Сайёҳ, ба хусус олим аз бо як ҷаҳон таассурот, қайдҳо, қиссаву ривоятҳои мардумони мухталифи ҷаҳон бармегардад. Саёҳати кишварҳои гуногун дониши касро мукаммал сохта, доираи назар ва оламу одамшиносиашро васеъ мегардонад. Аслан донишу илм низ маҳсули таҷрибаи тӯлонӣ, таҳлилу қиёси воқеот, далелу бурҳон, самараи дидаву шунидаи инсон мебошад.

Аҳрор Мухторов бо мақсади такмили дониш, дарки амиқи воқеоти ҷаҳон, ривоҷу равнақ додани илми таърихшиносии тоҷик ва ба хидмати халқ пешкаш намудани дастовардҳои ин соҳаи ҳаётан муҳим ба ақсои олам сафар карда, бисёр рисолаву мақола ва сафарномаҳои хонданбоб иншо намудааст. Оре, ҳақ ба бар ҷониби олим аст. Вай паёпай ба мамолики мухталифи ҷаҳон сафар намуда, дар шаҳрҳои калон ва марказҳои илмию фарҳангӣ ба омӯзиши таъриху адабиёти миллатамон мепардозад. Дар рафти ин таҳқиқот аз маъхазҳои бойгонии он ҷойҳо бисёр воқсоти муҳим ва номи олимону шоирони ба мо номаълумро пайдо мекунед. Ё дар конфронсу кунгураҳои байналхалқӣ ширкат варзида, аз минбари онҳо таъриху маданияти бостонии моро ба оламиён муаррифӣ намуда, ихлос ва муҳаббати миллионҳо нафарро ба халқу Ватани азизи мо бедор мекунад. Ӯ дар тӯли умри бобаракати худ ба бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла ба Ҳиндустон, ИМА, Олмон, Афғонистон, Эрон, Фаронса, Австрия ва қариб ба ҳамаи ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ сафар намуда, дар минбарҳои баланд аз шарафи илму маърифати тоҷикон суханронӣ кардааст. Аҳрор Мухторов ба давлати Исроил даъват шудааст, ӯ дар он ҷо бо маърӯзаи итилооти баромад карда, перомуни ҳиҷрати иҷбории яҳудиён ба мамолики дунё , аз ҷумла Осиёи Миёна ва дар шаҳрҳо маскун будани онҳо ахбороти муфассал медиҳад. Аз ҷумла олим аз забони пирамади 97-солаи ҳисорӣ бобои Абдуҳалим иттиллоъ ёфт, ки то Инқилоби Октябр дар шаҳри Ҳисор 29 оилаи яҳудиён вуҷуд дошта, онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ, мадани ва тиҷоратии ҳисориён нақши ҷиддӣ бозида, миёни ҷомеаи тоҷикон обрӯю нуфузи бузургеро шомил будаанд.

Ӯ таъриху адабиёт ва фарҳангу маорифи халқҳоро хуб медонад. Аз маҳаллоту навоҳии Тоҷикистон ҳарф занад, гумон мекунад, ӯ дар он ҷойҳо таваллуд ёфта,ба воя расида бошад. Ҷойҳои муқаддас, ёдгориҳо ва сангҳои мунаққаши атрофу акнофро мешиносад ва аз таърихи пайдоиши онҳо огоҳ аст. Гумон мебаред, ки ӯ ҳар як сангу лавҳаи маҳаллоти мухталифро бо латтаи хушку тар тоза карда, ташхис ва муоина намудааст. Ағлаб аз сангу қайроқҳои “сари роҳ” санае, махлумоти таърихие дарёфтааст, кито он дам аз назари худи зиёиёни маҳаллӣ пинҳон мондаанд. Бисёре аз онҳо аҳмияти калони илмӣ ва таърихи доранд.

Чунон ки ишора рафт, дар ташаккули Аҳрор Мухторов устоди арҷманди ӯ А.А. Семёнов нақши калон бозида, олими ҷавонро ба дарку омӯзиши малакаҳои таҳқиқоти илмӣ омода ва ҳидоят мекард. Бо тавсия ва маслиҳати устодаш ӯ таҳти унвони “Очеркҳо аз таърихи мулки Ӯротеппа дар наӯимаи дуюми асри XIX” рисолаи номзади ҳимоя кард. Ва минбаъд бахшида ба зодгоҳи азизаш мақолаву китобҳои зиёде ба табъ расонд. Дар рафти таҳқиқот ва ҷустуҷӯҳо олими ҷавон зиёдтар аз шаш ҳазор адад аснод дарёфт, ки бештар аз ҳазор адади он ба таърихи мулки Уротеппа (аз асри XV то ибтидои асри XX ) мансуб аст.

Аҳрор Мухторов перомуни таърихи Ӯротеппаро мавзӯи таҳқиқ интихоб кардану ба ин мавзӯъ солҳои зиёди фаъолияташро бахшиданаш воқиаи ҷолибро нақл мекунад. Се нафар аспиранти ояндаро профессор А.А. Семёнов ба ҳузур пазируфта, роҳбарии илми эшонро ба ӯҳда мегирад”. А.А. Семёнов, мегӯяд Аҳрор Мухторов баъди шиносоӣ аз Н. Латифов савол кард, ки аз куҷо мешавад? Ӯ аз Дарвоз буд. Профессор ба ӯ тавсия дод, ки таърихи Дарвозро дар охири асри XIX мавзӯи кори худ қарор диҳад.

М. Ҳамроев зодаи водии Ҳисор буд, А.А. Семёнов ба ӯ таърихи Ҳисорро дар охири қарни XIX ва ибтидои асри XX тавсия намуд.

Ба ин тариқ, доир ба мавзӯи Ӯротеппа яке аз паси дигар китобу мақолаҳо нашр мешуд ва ин мӯҳтаво ҳолоҳам дар мадди олимон аст.

Сарзамини зархези бостонӣ, таърихи қадима, фарҳангу адаб, халқи муборизу заҳматкаши Ҳисори Шодмон кайҳо диққати муҳаққиқону муаррихони мамолики дуру наздиро ба худ ҷалб мекард. Ба ин мулки нозанин олимону сайёҳони рус амсоли Д.Н. Логофет, Липский, А.А. Семёнов, М.С. Андреев ва дигарҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд. Бобоҷон Ғафуров дар китобаш “Тоҷикон” ба таърихи Ҳисор аҳамияти калон додааст.

Ин мавзӯъ аз назари олими номии тоҷик Аҳрор Мухторов низ пинҳон намонд. Вай васияти устодаш Бобоҷон Ғафуровро ба ҷо оварда, ба омӯзиши ва навиштани таърихи Ҳисор пардохт. Бо ин мақсад солҳои сол кӯшиши бисёор ба харҷ дода, аз китобхонаву бойгонҳои шаҳрҳои калону хурди мамолики Шарқу Ғарб маъхазу аснод гирд меовард. Дар натиҷаи ин кушишот бо ҳаммуаллифии Е. Давидович таҳтии унвони “Страницы истории Гиссара” китобчае таълиф намуд, ки онро нашрёти “Ирфон” соли 1969 аз чоп баровард. Вале муаллиф бо ҳамин хотирҷамъ нагашта, таҳқиқу ҷустуҷӯяшро идома дод. Натиҷаи ин кӯкшиш дар китоби “Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон” дарҷ гардид.

Роҳбарияти кумитаи иҷроия ва зумраи равшанфикрони ноҳияи Ҳисор азм карданд, ки таърихи мукаммали давлати як замон муқтадиру номдор ва дорои доираи адабию фарҳангии Ҳисор таълиф ва нашр карда шавад. Охир, ин мулки шӯҳратманди машриқзамин, ки шоҳроҳи машҳури Абрешим аз он мегузашту корвонҳои пурбори Ҳиндустону Эрон, Афғонистону соири кишварҳои ҳамҷавор ба шаҳри Ҳисор омада, дар корвонсаройи он қарор гирифта, дар бозораш мол савдо мекарданд ва аз ин ҷо ба кишварҳои дигар мерафтанд. Давлате, ки дар ин қаламрав арзи вуҷуд дошт, тӯпхонаву сиккахона, қалъаи мӯҳташам, кӯшку иморатҳои мунаққашу мусаввар, масҷиду мадрасаҳо дошта, дар онҳо уламову мударрисон кору зиндагӣ мекарданд. Шаҳре, ки доираи адабии муқтадир дошт, наметавонист, ки таъриху фарҳанги бой надошта бошад. Вале бар асари ҷангҳои паёпаи дохилӣ ва бахусус баъди Инқилоби Октябр ин шаҳр ба хароба мубаддал гардида, тамоми осори таърихӣ, адабию маънавӣ ба яғмо рафт. Дар чунин вазъият таълифи китоби калонҳаҷм басо мушкилу миёншикан буд. Вале роҳбарият ба барори ин кори хайр умеди қавӣ дошт.

Мебоист муаллифе дарёфт, ки ӯ дониши мукаммал, таҷрибаи ғанӣ, солоҳият ва ба кори хайр садоқат дошта бошад. Чунин олими варзида, соҳибқалам, муаллифи боэътимод ва боғайрат марди накӯсиришт ва сарсупурдаи кори миллат Аҳрор Мухторов буд. Ӯ пешниҳодро рад накарда, бидуни ягон хел шарту байъ, талабу тақозо камари ғайратро маҳкам баста, ба иншои китоби “ Ҳисор . Очерки таърихӣ” ба чоп пардохт.

Бояд гуфт, ки дар сурати камчинии асноду маъхазҳои зарурӣ навиштани таърихи чандинасраи Ҳисор кори ҳар кас нест. Вале Аҳрор Мухторов панди устодаш Бобоҷон Ғафуровро, ки баъди таҳқиқи таърихи Ӯротеппа бо омӯзиши таърихи Ҳисор машғул мешавад, гуфта буд, дар хотир дошт. Ӯ ҳамеша дар дил орзуе мепавард, ки ба хотири рӯҳи шарифи устодаш китобе таълиф намояд. Худаш низ зимни омӯхтани таърихи ин кишвари пурнеъмат ихлос пайдо карда буд. Аз ин лиҳоз, ӯ аз мушкилоти танқисии аснод натарсида, мисли ғаввосе, ки ба умқи дарё ва қаъри баҳр даромада дурри гаронбаҳо ба каф меорад, ҷасурона сар ба равзанаи чандинасраи таърихи Ҳисор дароварда, бо ғалбери тафаккур тонна-тонна маъдани таърихро бехт, то зарри холис ҳосил шавад. Бале, хушбахтона, ин муваффақият ба ӯ даст дод. Вай амсоли саррофи мумтоз дурдонаҳои назму насри пешинро сара карда, ба хазинаи адабу фарҳанги Ҳисори Шодмон ворид сохт. Бо бисёр номҳое, ки ба таърихи Ҳисор дохил гадиданд, хонандагон бори аввал шинос мешаванд. Аз ҷумла Холиси Ҳисори ва Зилоҳ, барин шоирони соҳибзавқу хушсалиқа зираку ҳозирҷавоб, хушадову бебок барои мо бозёфти нодирест.

Муаллиф ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию тиҷоратӣ ва бисёр паҳлӯҳои дигари рӯзгори мардуми Ҳисор, ҷасорату мардонагӣ, меҳанпарастиву меҳнатдӯстӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва расму оини ҳисориёнро бо меҳру ихлос ба қалам додааст. Дар ин кори бузургу заҳмат талаб ӯ на танҳо даста- даста асноду ҳуҷҷатҳо, даҳҳо китобу маъхазҳои дигарро варақ задаву омӯхтааст, балки бо бисёр сокинони кӯҳансол- шоҳидони зиндаи ҳаёту воқеоти тоинқилобии ин марз мулоқот намуда, сухани эшонро иқтибос кардааст.

Дар китоб ҳамчунин таассурот ва фикру мулоҳизаҳои сайёҳон, олимону лашкаркашон ва муаррихони кишварҳои дигар низ дарҷ гардидааст. Бо камоли итминон метавон гуфт, ки Аҳрор Мухторов дар ин китоби пурарзиш натанҳо нақши муаллиф, балки нақши кошиф ва ихтирогарро бозида, нахустин бор моро бо таърихи гузаштаҳо пурифтихор ва фоҷиабори мулки азизамон ба таври хеле мукаммал ошно месозад.

Аҳли илм Аҳрор Мухторовро нафақат ба сифати таърихшиноси мумтоз, балки ҳамчун муҳаққиқи соҳаи адабиёт низ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Як силсила таҳқиқот ва таълифоти ӯ доир ба аҳвол ва ашъори гумном ва мақолаҳои ӯ перомуни рушди адабиёт ё ҳаёти ин ва ё он эҷодкор мисоли равшани ин гуфтаҳост. Китобҳо аз ҳаёту эҷодиёти Дилшоди асира ва шогирди ӯ Анбархотун, Мирзо Сиддиқи Фано, маълумотҳои нав дар бораи шоир Нақибхони Туғрал, Шавқӣ ва як силсила номҳои нави шоирони Ҳисори Шодмон ва мулкҳои дигар хизмати бебаҳои муаллиф дар соҳаи таҳқиқи адабиёт ва рушду ривоҷи он мебошад.

Аҳрор Мухторов олим пуркору пухтакор аст. Ӯ маҳз ба шарофати меҳнати бурдборона ва ҷасурона, кӯшиши доимӣ ва иншои холисонаи таърихи миллат сазовори эҳтироми бузурги халқ гардидааст. Таърих номи бисёр намояндагони илму маърифат ва муаррихону муҳаққиқонро медонад, ки бо асарҳои безаволашон боси ифтихори наслҳо гардидаанд. Табарӣ, Балъамӣ, Ибни Сино, Восифӣ, Хондамир, Мирхонд, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва бисёр олимони дигар аз ҳамин зумраанд. Метавон гуфт, Аҳрор Мухторов вориси чунин алломаҳои машриқзамин аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.