Масъалаи макоми инсон дар рисолаи «Футувват»-И Мир Сайид Алии Хамадони

Мир Сайид Алии Ҳамадонй футувватро ҳамчун арзишоти ахлоқи ҳамидаи инсонӣ таҳқиқ намуда, бар он қарор омадааст, ки ба василаи камолоти ин масъалаи ахлокӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дар сиришти инсонҳо ҷомеаро ба дараҷаи камолот расондан имконпазир мебошад. Маҳз ба хотири он ки футувват дорои арзишҳои волои ахлоқӣ мебошад, мутафаккир ба омӯзиш ва истифодаи самараноки он дает задааст. Амири Кабир дар рисолаи худ бо мақсади тасдиқи андешаҳои хеш ва муҳимияти арзишҳои ахлоқии футувват аз китоби азимушшаъни «қуръони карим», аз ашъори шоирони гузаштаву муосир мақсаднок истифода намудааст.

Аз оғоз то анҷоми рисола мо пай мебарем, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кӯшидааст ба хонанда моҳияту пайвастагии арзишҳои ахлоқии футувватро ба дини ислом, бахусус «қуръони маҷид» нишон диҳад. Чи хеле ки ба оламиён маълум аст, ҷавҳари китоби муқаддаси дини ислом «қуръон»-ро инсон, макоми инсон ва манфиатҳои инсон ташкил медиҳад. Бинобар ин, ҳадафи ниҳоии Алии Ҳамадонӣ аз навиштани рисолаи «футувват» танҳо тасаввуф набуда, балки кӯшише ба сӯи шинохти инсон, мавқеъ ва мақоми ӯ дар зиндагӣ, худшиносӣ ва худогоҳии худи инсон ва ба ин восита шинохти илоҳӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, Амири Кабир бо дарки масъулияти бештаре аз пешиниёни худ ин масъала вусъати назар дорад. Ба ақидаи Ҳамадонӣ дар ҳолате ки инсон аз олами нестӣ ба олами ҳастӣ бо амри худованд омадааст, пас ӯ бояд дар зоҳир ва ботини хеш Худоро ситоиш ва парастиш намояд.

Ҳамадонй яке аз роҳҳои наздиктарине, ки инсонро ба Худо наздик менамояд, дар шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат мебинад ва ба ин васила ӯ мехоҳад, ки инсонро ҳарчи тезтар ба шинохти Худованд наздик созад. Аз мутолиаи осори Амири Кабир бармеояд, ки ӯ дар ҳама ҳолат кӯшиш менамояд мардумро ба рохи роста, росткорӣ ва ҳақиқатпарастӣ, ҳимматбаландӣ ва монанди инҳо ҳидоят карда, арзишҳои беҳтарини ахлоқии инсониро, ки дар раванди башардӯстӣ нақши арзандаро мебозад, тарғибу ташвиқ кардааст.

Нуктаи дигареро, ки Ҳамадонӣ дар раванди худшиносии шахс махсус зикр кардааст ин қудрати рӯҳии инсон мебошад. Ӯ қудрат ва тавоноии рӯҳи шахсро яке аз воситаҳои асосӣ дар раванди ба камол расонидани инсон ҳисобида, мардумро ба эътироф ва аз бар намудани маърифату маданияти он даъват кардааст. Дар консепсияи тарбиявии Ҳамадонӣ тарбияи инсони комил, тавоноии рӯҳи инсон дар раванди мураккаби худшиносӣ ва худогоҳии ҳар як шахс ҷойи марказиро ишгол менамояд. Мутафаккир одамиро офаридаи Худо дониста онро дар рӯи замин ҳамчун гавҳари покизагию зебоӣ ва чун хуршед дурахшандаю рахшанда медонад ва ҷонибдори ақидае мебошад, ки инсон ба ин мартаба ва қуллаи баланд танҳо метавонад ба воситаи маърифат бирасад.

Ҳамадонӣ ба гузаштагони худ ба мисли Ҷалолуддини Балхӣ, Саноӣ, Шайх Аттор ва дигарон дар пайи ҷустуҷӯи ваҳдати вуҷуд буда, инсонро ҳамчун офарандаи олиҳаи пок, зебо ва беолоиш медонад ва дар роҳи пайвасти ӯ ба рӯҳи илоҳӣ ва дарёфти ишқи поки он кӯшишҳои зиёде ба харҷ додааст. Мутафаккир таъкид менамояд, ки инсон танҳо ҳамон вақт ба ишқи поки илоҳӣ мушарраф мегардад, ки маърифатхоҳ, ҳимматбаланд, парҳезгор, ростгӯ, ростқавл, саховатманд ва поксиришт бошад.

Таҳлил ва омӯзиши рисолаи «Футувват»-и Ҳамадонӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ барои куш ода фаҳмондани паҳлӯҳои мураккаби футувват рӯ ба омӯзиш ва таҳлили рисолаҳои мутафаккирони гузашта овардааст. Изофа бар ин, мутафаккир даделҳо оварда, дар асоси он хостааст, ки ҷавҳари инсонгароии рисоларо соддаю оддӣ карда, ба хонанда пешкаш намояд. Аз ин маълум мегардад, ки ҳадафи аслии Ҳамадонӣ аз рӯ овардан ба футуввати гузаштагони худ аз он буд, ки ба ҳамзамонон ва ояндагон паҳлӯҳои нофаҳмои онро таҳлил намуда, моҳияти асосӣ, яъне ба нафъи инсон равона шудани онро кушода диҳад, Тазаккур бояд дод, ки Ҳамадонӣ рисолаи хешро бо максади таълиму тарбияи инсони дорои сиришти поку зебо, донову хирадманд, боҳиммату саховатманд ва инсондӯсту инсонпавар нигоштааст.

Чи тавре ки маълум мегардад, Ҳамадонӣ дар масъалаи таълиму тарбияи насли наврас на фақат асарҳои бузургони гузаштаро инкишоф додааст, балки роҳу усулҳои парвариши ҳисси инсондӯстии шахсро пешкаш намуда, ба ин васила онро ба арши волои дарки аслии одаму одамгароӣ в а расидан ба нури илоҳӣ ҳидоят намудааст.

қобили зикр аст, ки Ҳамадонӣ таълимоти инсондӯстии хешро ба мукофоту муҷозоти амал дар рӯзи қиёмат асос карда, бо ин усул мақому манзалати масъалаи (мавзӯи) инсонро дар рисола дар мадди аввал гузоштааст. Чи тавре дар боло ишора рафт, Ҳамадонӣ бо максади тасдиқ, раднопазирӣ ва устувории андешаҳои хеш аз номи шахсони бузурги гузашта далелҳо овардааст. Мутафаккири бузург бо мақсади тавзеҳи маънӣ ва моҳияти футувват андешаҳои дигар мутафаккиронро ба ҳайси далел истифода бурдааст, аз чумла: «Шайх Ҳасани Басрӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) фармуд, ки футувват он аст, ки душманӣ куни бо нафси худ аз ҷиҳати ҳак ҷалла ва аъло». Ё ин ки: «Шайх Ҳорис Алмухосиб (раҳматуллоҳи алайҳи) фармуд, ки: футувват он аст, ки инсоф ба ҳама халқ бар худ воҷиб донӣ ва инсофи худ аз кас наситонӣ».

Ҳамин тавр, маълум мешавад, ки Ҳамадонӣ маънии аслии футувватро дар сифати инсонгароии ӯ дониста, мардумро ба сабру таҳаммул, қаноатмандӣ, боинсофӣ нисбати дигарон, шукргузорӣ ба чизи буда ва мавҷуда, ба манфиати худи инсон даъват менамояд. Ба ақидаи мутафаккир нафси бад ва беинсофӣ нисбат ба дигарон оқибат ба ҳар як инсон бадбахтӣ меоварад. Бинобар ин, бузургвор моро ба роҳе ҳидоят менамояд, ки он оқибат ба осоиштагӣ, рӯзгори нек ва бахту саодат меорад. Ба ақидаи Ҳамадонӣ футувват ин некӣ ва хайру эҳсон ба дигарон ва гирифтани пеши роҳи бадию бадкирдорӣ мебошад, Ё таъкид кардааст, ки ягона роҳе, ки метавонад монеаи бадӣ гардад, ин некӣ аст ва танҳо некӣ метавонад роҳати ҷони бандагони Худо шавад. Дар рисола бузургвор аз номи яке аз сӯфиѐни давр оварда, ки: «Султон Боязиди Бистомӣ (қаддасаллоҳу рӯҳуҳу) фармуд, ки «Футувват он аст, ки он чи аз ту ба дигарон расад аз эҳсон, агарчи бисёр бувад, онро андак шуморӣ в а ҳарчи аз дигарон ба ту расад, агарчи андак бувад, онро бисёр донӣ».

Аз далелҳои дар боло зикрёфта чунин хулоса бармеояд, ки Ҳамадонӣ то чй андоза муҳим будани масъалаи замони худро хеле хуб дарк намуда, ҳамзамононашро ба ҳалли он даъват намудааст. Аз андешаҳои Ҳамадонӣ чунин хулоса бармеояд, ки яке аз проблемаҳои умдатарини давр ин мақому манзалат, ситоиши инсон ва ҳимояи манфиатҳои ӯ ба шумор мерафтааст. Аз ин ҷост, ки мутафаккир рӯ ба масъалаи мазкур овардааст. Ва Ҳамадонӣ гаштаю баргашта таъкид кардааст, ки инсон дар зиндагӣ танҳо ба василаи некию накӯкорӣ ба мардум метавонад ҳар ду олами хешро зебою озода ва поку беолоиш намуда, умри осудае ба cap барад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонй, ки 22 соли умри хешро ба сафари кишварҳои гуногун сарф кардаааст, дар ин муддат тачрибаи фаровони ҳаёт омӯхта, қадру қимати некию накӯкорӣ ва одаму одамгариро хеле хуб дарк карда буд. Аз ин рӯ, беҳуда нест, ки ӯ дар рисолаи «Футувват» мисолҳо ва далелҳое меорад, ки маҳз мавзӯи мақому манзалати инсон в а ҳимояи ичтимоии ӯро дар бар мегирад. Аз осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба мо маълум аст, ки ӯ ҳар шахсро ба он даъват менамояд, ки ба воситаи омӯзиш ва шинохти чаҳони маънавии хеш ба дарёфти ҳақиқат ва ишқи илоҳӣ ноил гардад. Яъне ба ҳамин восита мутафаккир инсонро ба омӯзиш ва таҳқиқи олами маънавии худ водор месозад.

Маҳз бо ҳамин роҳ ва усул инсонро ба сӯи худшиносӣ ҳидоят менамояд. Ба ақидаи Ҳамадонӣ, инсон қудрати онро дорад, ки бо василаи ақл, хирад ва маърифат ба дараҷаи волои худогоҳиву худшиносӣ бирасад. Инсон қуллаи волои ҷаҳони маънавии хешро, аз нигоҳи Шохи Ҳамадон, танҳо хамон вақт метавонад фатҳ намояд, ки агар ӯ дар раванди зиндагӣ конуниятхои равоншиносиро пурра риоя намояд.

Гуфтаҳои боло моро водор месозад ба чунин хулоса биоем, ки худшиносӣ ин инсоншиносист, яъне хар як нафаре, ки худро шинохтааст ӯ қобилияти шинохти дигаронро низ дорад. Аз омӯзиши осори Ҳамадонӣ мо ба хулосае омадем, ки ӯ дастгир ва пуштибони мардуми бечораву бенаво ва дарвешу мискин будааст. Чунин муносибат ба ин табақаи мардум бори дигар аз инсондӯстиву башардӯстии Ҳамадонӣ шаҳодат медиҳад. У хуб мефаҳмид, ки маҳз ҳамин табақаи мардум аз нуқтаи назари иҷтимоӣ ба дастгириву ҳимоя аз ҷониби дигарон ниёзманд мебошанд. Дар ин хусус мутафаккир дар рисолаи «Футувват» чунин овардааст: «Эй азиз, ахй бояд ба макорими ахлоқ мавсуф бувад ва ба васоили писандида ороста бошад: бо пирон бахурмат бошад, бо ҷавонон бонасиҳат бо тифлон бошафқат, бо заифон пурҳиммат. бо дарвешон бафазлу боахлоқ ва бо эҳсону мурувват».

Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки осори Ҳамадонӣ саршори ақидахои одаму одамгароӣ, инсону инсонгароӣ буда, хонандаи арҷманди худро ба дунёи меҳру муҳаббат, эҳтиром ва эътирофи макому манзалат, ситоиш ва парастиши ҷаҳони бою ғанӣ ва зебову беолоиши инсон даъват менамояд ва ӯро ба ҳифзи ниёзҳои иҷтимоии мардуми оддӣ ҳидоят мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кӯшиш ба харҷ додааст, ки мақому манзалати инсонро дар осораш ба маротиб баланд бардошта, худи инсонро маҷбур созад, ки нисбати максаду маром, ҳастӣ ва ниёзҳои иҷтимоии хеш чиддӣ муносибат намояд. Ҳадафи ӯ аз ин гуфтаҳо он аст, ки инсон бояд ниёзҳои худро ба василаи худаш ва инсонҳои дигар рафъ намояд, то ин ки ба матлаб дастрасӣ пайдо кунад.

Аз ин рӯ, мутафаккир аз ҳар як шахе тақозо кардааст, ки соҳиби ахлоқи ҳамида, маърифати баланд, сиришти поку зебо ва қалби беолоиш бошад. Ба кавли Ҳамадонӣ ҳар як инсон ҳамон вақт метавонад ба қадру қимат, мақсаду мароми ҳастӣ ва дарки ҷаҳони маънавию фарҳангии хеш бирасад, ки агар ӯ аз асолати худ огоҳ бошад. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рисолаҳои алоҳидаи хешро ба масъалаи таълиму тарбияи наели наврас бахшида. онҳоро ба инсонпарвариву башардӯстӣ, беозориву меҳрубонӣ, хайру саховат, покизагиву поктинаш, гирифтани дасти эҳтиёҷмандон, навозиши ятимону бечорагон ва гайраҳо ҳидоят кардааст.

Яке аз он рисолаҳое, ки мутафаккир ба мавзӯи тарбияи ахлоқӣ-маънавии насли ҷавон бахшидааст, рисолаи «Футувват» мебошад. Ин рисола масъалаи инсондӯстӣ ва башардӯстиро ташкил дода, дар он маком, ситоиш ва эҳтироми инсон ва инсонгароӣ дар мадди аввал меистад. Хулласи калом, бояд хаминро зикр намоем, ки истифодаи самараноки ақидаҳои мутафаккирони бузурги гузашта, аз ҷумла Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар тарбияи наели наврас ва солим гардондани сифати ахлоқй ва маънавии шомеа аз манфиат холӣ нест.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.