Главная / Фанни Адабиёт / Ривоятхо дар бораи Мир Сайид Алии Хамадони

Ривоятхо дар бораи Мир Сайид Алии Хамадони

Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳангоми яке аз сафарҳояш дар Хатлон муддате истиқомат мекунад ва аз Амир Темур хоҳиш мекунад, ки мулки Хатлонро ба ӯ ҳадя кунад. Амир Темур ин дархости ӯро рад мекунад. Саид Алии Ҳамадонӣ аз ин қаҳраш афзуда, ба сӯй Самарқанд хасчубаеро баҳри ҳалокати Амир Темур мепартояд. Ҳамин вақт Баҳовиддини Нақшбанди Балогардон, ки Дар Самарқанд мезистааст, он хасчубаро аз ҳаво дошта гирифта назди Амир Темур мебарад, ва иброз медорад, ки Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ин рафтори ту дар ғазаб шуда, туро ана ба ҳамин хасчуба ҳалок месозад. Агар мулки Кӯлобро ба ӯ набахшӣ, ҳалокати ту ногузир аст. Амир Темур ин дафъа ҳам розӣ намешавад. Боз Сайид Алии Ҳамадонӣ хасчубаи дигареро равон мекунад ва боз Баҳовидини Балогардон онро аз ҳаво дошта мегирад. Ба Амир Темур мегӯяд, ки ман дигар қудрат ва тавонои надорам якин хасчубаи дигар туро несту нобуд мекунад. Салохи кор он аст, ки дархости Алии Ҳамадониро иҷро намоӣ. Ниҳоят Амир Темур ночор шуда, мулки Кӯлобро ба Сайид Алии Ҳамадонӣ тӯҳфа мекунад.

Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди ба кишвари Кашмири сеҳрнок расидан Дар музофоти Кабарсавод бо як гурӯҳи олимони он диёр вохурду байни онҳо бахси домандоре сурат гирифт. Яке аз он уламо, ки дар заковат машҳури дунё буд, ба Сайид Алии Ҳамадонӣ соатҳои тулонӣ баҳсу мунозира намуд. Охиран саволу ҷавоб дар атрофи гове, ки назди маъбадхона буд, авҷ мегирад. Ҳалли ин масъала он буд, ки вазъи гов муаян карда шавад. Олими Кашмирӣ аввалан ба ин савол ҷавоб доданӣ шуда мегӯяд,ки гов дар вуҷуди худ гусола дорад, ки пешонаи он мисли пешонаи модараш сафед аст. Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳарфи худро тавъзех дода илова мекунад, ки аслан пешонаи гусола сафед нест, балки нуги думаш сафед аст. Гусола дар шиками модараш тавре хоб аст, ки сафедии нуги думи гусола дар пешонааш ҷой гирифтааст.Барои аниқ кардани фикрҳои мухталифи бошандагони он ҷо говро сар мебуранд ва гусоларо мебинанд, ки воқеан пешонааш не, балки нуги думаш сафед будааст.

Мубади Кашмирӣ аз мағлубияташ дар назди қавми хеш шармсор гашта ҳамон замон ба ҳаво парвоз карда ногаҳон аз чашм нопадид мешавад. Ҳазрати Алии Ҳамадонӣ кавши пояшро ба ҳаво мепартояд ва дар як мижа задан мубади мағлубшуда дар ҳаво пайдо мешавад. Ҳар гоҳ ки боло баромадани мешавад, он кавш ба сараи ӯ бархурда ба сӯйи замин сарозераш мекунад. Охирон ба зарбаи пай дар пайи кавши соибкаромат мубад ба назди қавмаш шармандавор бармегардад. Баъди он ки пири хиради Кашмириён дар пеши Сайид Алии Ҳамадонӣ муттаҳам мегардад, ҳама қавми ӯ дини исломро қабул карда, то охир ба у содиқ мемонанд. Аз ҳамин давр сар карда, на танҳо дини мубиини ислом, балки забони форсӣ-тоҷикӣ низ дар ин ноҳияи Ҳиндустон авҷу барори тоза пайдо кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *