Ривояте дар бораи дехаи Сангпар

Ба қавли ровиёни рӯзгордида таърихи пайдоиши деҳаи Сангпар, ки дар тарафи шимоли шаҳри Кӯлоб вокеъ гардидааст чунин аст. Зоирон ҳангоми ба наздики маконе, ки ҳоло деҳа қарор гирифтааст, расида аввалан аз аспҳои худ фаромада, суйи шаҳр равон мегардидаанд. Бо мақсади он ки дар роҳ ягон сухани ношоям ба забон нагиранд қамчинҳои худро зери дандон гузошта то ба мақбараи бузургвор расидан хомӯшона ба зикру дуруду санои ҳазрати Самадият машғул мешудаанд. Боре чанд тан марди кӯҳистонӣ бо мақсади имтиҳон кардани русуми номбаршуда аз он маҳал савора гузашта сӯи шаҳр роҳ мепаймуданд. Дар ҳамин асно аз тарафи теппаҳои болои деҳа ногаҳон суяшон сангпартоӣ сар мешавад. Саворон товбаву надомат карда, аз аспҳо ба замин мефароянд ва қамчинҳоро ба зери дандон гузошта тарафи мақбараи бузургвор зикру саногуён раҳсипор мешаванд. Аз ҳамон вақт сар карда он маконро деҳаи Сангпар мегуянд.

         Ривоятҳо дар бораи Ҳамадонӣ

Рочеъ ба ҳаёту фаъолият ва бузургиву каромоти Алии Ҳамадонӣ байни мардуми шарқ асрҳо инҷониб нақлу ривоятҳои зиёд пайдо шуда, аз насл ба насл гузашта истодаанд. Албатта, дар бораи бузургон чунин ривоятҳо бисёранд ва ҳатто баъзан як ривоятро ба чанд нафари онҳо нисбат медиҳанд. Мо чунин ривоятҳоро нисбат ба Абӯалӣ Ибни СиноУмари ХайёмАбдураҳмони ҶомӣХоҷа Баҳовуддини НақшбандСаъдии Шерозӣ ва амсоли онҳо бисёр шунидаем ва медонем, ки аксари онхо бо пушонидани пардаи динни ниҳоят муболиғаомез гуфта шудаанд. Вале ба ҳар ҳол худи мавҷудияти чунин ривоятҳо аз бузургию эътибори ин ашхос ва аз ҷумла Алии Ҳамадонӣ байни халқ дарак дода, беасос нестанд.

       Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз бузургтарин орифони асри XIV Машриқзамин буда, осори ӯ дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиё ва Шарқи Наздик, бавижа Ҳинду Покистон дар мураввиҷи ислом ва иршоди фарҳанг то имрӯз мақоми арзандае дорад. Мир Сайид Алии Ҳамадониро чун орифи тавоно, шоири баркамол, инсонпарвари беҳамто, чун олим ва файласуфи дақиқназару хирадманди беназир на танҳо дар мамолики Осиё ва Шарқи Наздик шинохтаанд, балки мардуми шарифи Тоҷикистон, бавижа хиттаи Хатлон мавсуфро чун пири раҳнамо эътироф кардаанд.

        Бояд тазаккур дод, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз он шахсиятҳои бузурги гузашта мебошад, ки оиди аҳвол, осор ва фаъолияти эҷодии ӯ то андозаи муайяне маълумоти муътамад мавҷуд мебошад. Муътамадтарин сарчашмае, ки оиди аҳвол ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ равшанӣ меандозад, ин осори шогирдони ӯ Ҷаъфари Бадахшӣ дар «Хулосат-ул-муноқиб», «Мастурот» ё «Манқабат-ул-ҷавоҳир»-и Ҳайдари Бадахшӣ ба шумор мераванд.

Изофа бар ин, дар бораи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс», Хондамир дар «Ҳабиб-ус-сияр», Навоӣ дар «Риҷоли Ҳабиб-ус-сияр» ва дигарон маълумот додаанд.

Муҳаққиқини муосири ватанию хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Ҳинд, Покистон, Фаронсаю Олмон ҷабҳаҳои гуногуни осори Мир Сайид Алии Ҳамадониро мавриди таҳқиқ қарор дода, рисолаҳои зиёди илмӣ ба табъ расонидаанд.

Ба ақидаи муҳаққиқони аҳвол ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доираи фаъолияти илмию адабӣ ва фалсафии ӯ хеле доманадор ва миқдори осораш зиёд мебошад. Осори ӯ, ба қавле аз 70 ва мувофиқи ақидаи дигар аз 90 номгӯй афзунтар аст.

Рисолаҳои насрии ӯ аслан ба забони форсӣ ва қисмате аз он ба забони арабӣ таълиф шудаанд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 21 соли умри хешро дар сафар гузаронида, қариб ҳамаи кишварҳои исломиро сайр менамояд. Ба навиштани осораш, ӯ асосан баъди сайри кишварҳои гуногуни Осиёи Миёна ва Шарқ машғул мешавад. Дар давоми сафарҳояш Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ илова ба таблиғу талқини дини ислом, тадриси илми зоҳириву ботинии мардум, боз ба тарбияи шогирдон низ машғул шуда, муридони зиёдеро ба воя расонидааст.

Вуруд ба қаламрави Хатлон

Бино ба ахбори Ҷаъфари Бадахшӣ дар «Хулосат-ул-маноқиб» Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар таърихи 773 ҳиҷри (1371 мелодӣ) ба ҳиттаи Хатлон омадааст.

.]1,59 [Бояд тазаккур дод, ки дар бораи ба хиттаи Хатлон омадани Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то имрӯз чандон дақиқу аниқ нест. Аз ин рӯ, дар ин мавзӯъ фикру ақидаҳои гуногуни олимон мавҷуд аст. Масалан, олими шинохтаи Эрон Маҳаммад Риёз дар асари худ «Аҳволу осор ва ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» дар ин бора чунин овардааст: «Таърихи дақиқи интиқоли Сайид ба ноҳияи Хатлон ва иллати интихоби он ҳитта барои иқомат равшан нест».

Чи тавре дар боло зикр рафт, ҳатто оиди таърихи ба Хатлон омадани Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳам, фикри дақиқ мавҷуд нест. Тибқи маълумоти муаллифи «Хулосат-ул-маноқиб» Ҷаъфари Бадахшӣ, яке аз шогирдони беҳтарини мутафаккир ба ҳисоб мерафт, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли 773 ҳ. ба ҳиттаи Хатлон омадааст. Аммо, бино ба ахбори муаллифи китоби «Аҳволу осор ва ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» Муҳаммад Риёз бошад, Алии Ҳамадонӣ баъди солҳои 756 ҳ. ба Хатлон сафар кардааст.

Албатта, барои мо муҳим он нест, ки кадом сол Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба хиттаи Хатлон омадааст. Барои мо муҳим он аст, ки бузургвор дар ҳақиқат ба Хатлон омада, дар ин ҷо иқомат карда, шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Дар ин бора шогирдони ӯ чунин овардаанд:

«Се навбат маъмураи оламро сайр фармудаанд, ба охир дар Хатлону Бадахшон ва Кӯлоба (Кӯлоб) қарор гирифтаанд».

Боиси таъкиди махсус аст, ки бо ташрифи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Хатлон (дар Кӯлоб) як муҳити фарҳангии созгор бо маънавиёти мардум ба амал омад, ки намояндагони мардуми маҳаллаи Хоҷа Исҳок, Хоҷа Тӯтӣ, Шайх Шамсиддини Хатлонӣ ва боз даҳҳо дигар чеҳраҳои шинохтаи ин сарзамин бо илму дониш ва маънавиёти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ошноӣ пайдо намуда, дар ин маврид мавсуфро пири раҳнамои олами илму дониш ва фарҳангу маданияти хеш эътироф намудаанд. Дар ин хусус Муҳаммад Риёз низ, дар китоби худ «Аҳволу осор ва ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» чунин изҳори ақида кардааст: «Шуҳрати бузургу тақво ва каромоти ӯ ба кишварҳои навоҳии Хатлону Балх ва Бадахшону Бухоро расида ва ҳокимони он навоҳӣ ҳам, ҷумла дар ҳалқаи иродатмандони ӯ даромада буданд».

Сарфии Лакҳатӣ мақому мартаба ва таъсири Мир Сайид Алии Ҳамадониро дар рушду нумӯи илму фарҳанг ва маърифату маънавиёти мардуми Хатлонзамин ба нури маърифат ва илму маънавиёт тавсиф намуда, чунин нигоштааст:

Аз Ҳамадон нури вай омад падид,

Оқибат он нур ба Хатлон расид.

Маккаи сонӣ Ҳамадонро бигӯ,

Ясриби сонӣ шуда Хатлони ӯ.

Тавре ки доктор Муҳаммад Риёз дар асараш «Аҳволу осор ва ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» аз номи ховаршиносу олими шӯравӣ, профессор Кулаков овардааст, Алии Ҳамадонӣ дар ҳиттаи Хатлон деҳаеро харидорӣ карда, дар он ҷо хонақоҳ ва мадрасае ҳам бино мекунад. Ва дар ҳамон ҷо барои мазори худ ҷое муайян карда буд, ки он ҷо дафн шавад.

Доктор Муҳаммад Риёз дар китоби номбурда овардааст: «Бинобар таҳқиқи ховаршиносу олими шӯравӣ профессор Кулаков Алии Ҳамадонӣ дар хиттаи Хатлон деҳе харида ва онро вақфи сабиллуллоҳ намуда, хонақоҳе ва мадрасае ҳам дар он ҷо бино карда буд. Дар ин деҳ ҷое барои мазори худ ҳам муайян карда буд, ки он ҷо дафн шавад».

Ба ақидаи муҳаққиқони дигари аҳвол ва осори мутафаккир, вай дар хитаи Хатлон китобхона бунёд намуда, ба таълиму тарбияи шогирдон низ машғул будааст. Бунёд намудани китобхонаю мадраса дар он замон худ шоҳиди он аст, ки ин шахсияти бузург ба пешравии илму фарҳанг ва маърифат таъсири бузурге расонидааст.

Бояд зикр кард, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Хатлон мактаби футувват (ойини ҷавонмардӣ)-ро таъсис дод ва рисолаи «Футувватнома»-и хешро низ дар ҳамин вақт навишта, ба Ҳоҷа Тӯтӣ Алишоҳи Хатлонӣ бахшидааст. Дар натиҷа мардуми Хатлон аз таъсири ин мактаб дар густариши илму дониш ва фарҳанги хеш бенасиб нагаштаанд.

Ба ақидаи доктор Муҳаммад Риёз, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Хатлонро ватани дуюми худ ҳисобида, дар ин ҷо ба таълиму тарбияи муридони хеш машғул гашт. Вақте ки Алии Ҳамадонӣ дар Хатлон ва ноҳияҳои атрофи он машҳур гашт, мардум аз дуру наздик ба хидматаш меомаданд. Дар Хатлон на фақат худи Алии Ҳамадонӣ машҳур буд, балки баъзе аз шогирдони ӯ низ дар байни мардуми ин сарзамин нуфузи баландро соҳиб буданд.

Муҳаммад Риёз ин фикрро дар осораш чунин меоварад: «Пас, Сайид Хатлонро ватани сонӣ сохта ва Ҳамадонро тарк гуфта буд. Ӯ васоили тарбияту тадриси муридони худро дар он ноҳия фароҳам оварда буд. Мардуми алоқаманд аз дуру наздик ба хидмати ӯ мерасиданд ва баъзе аз муридони ӯ дар Хатлон бисёр зинуфуз буданд, масалан, Хоҷа Исҳоқ Алишоҳии Хатлонӣ, (мақтул 376 ҳ.) ва «Алӣ Хоҷӣ» ва «Ахии Ҳақҷӯй», ки Тӯтӣ Алишоҳ ном дошт ва қарияе аз қурои Хатлон ба номи ӯ мавсуф будааст».

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки нақш ва мақому манзалати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар рушд ва такомули илму фарҳанги Хатлон хеле назаррас будааст. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар хонакоҳ ва мадраса ваъз ва насиҳат мегуфт, ки дар он ғайр аз мардуми одӣ, аъёну ашроф низ иштирок мекардаанд.

Изофа ба тадрис шогирдон ва муридони хешро ба таври хусусӣ барои корҳои таблиғӣ тайёр мекард ва бо мақсади таблиғу талқин ва хондани ваъз дар байни мардум ба манотиқи дуру наздик мефиристоданд.

Нақши ӯ дар густариши илму фарҳанг

қобили зикр аст, ки яке аз воситаҳои беҳтарин дар он замон, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои густариши дин, илму фарҳанг ва маърифату маънавиёти мардум истифода менамуд, ин тарбия ва ба воя расонидани шогирдони содиқу бовафо буд. Ӯ моҳияти ин масъаларо ба хубӣ дарк намуда, маҳз ба воситаи шогирдонаш Ҳоча Исҳоқи бини Оромшоҳ Алишоҳи Хатлонӣ, Мавлоно Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ, Хоҷа Тӯтӣ Алишоҳи Хатлонӣ, қавомиддини Бадахшӣ, Шайх Шамсиддини Хатлонӣ, Алоуддини Ҳисорӣ ва дигарон, ки маъруфу машҳӯри замони хеш буданд, ба мардуми сарзамини Хатлон, бавижа ба густариши илму фарҳанг ва маърифату маънавиёти эшон, таъсири бузурге расонидааст.

Барои тасдиқи фикри дар боло зикргашта мисоле аз китоби Муҳаммад Риёз «Аҳволу осор ва ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» пешкаш менамоем, ки чунин аст: «Дар ин сол (773) Алии Ҳамадонӣ ду рисолаи худ мавсум ба «Ҳал-ул-фусус» ва «Машориб-ул-азвоқ»-ро ба Ҷаъфари Бадахшӣ меомӯзад. Ҷаъфари Бадахшӣ ба ду тан аз ёрони худ ин рисолаҳоро ёд медиҳад (Ҳал-ул-фусус»-ро ба Муҳаммад бинни Шуҷоъ ва «Машориб-ул-азвоқ»-ро ба Бадриддини Бадахшӣ) ва сипас ин ду асари Сайид дар хонақоҳи Хатлон мавриди тадрис қарор мегирад. Ҷаъфари Бадахшӣ мефармояд, ки дар ҳамон сол ӯ аз Алии Ҳамадонӣ улуми ботиниро фаро гирифта буд».

Маълуми аҳли назар аст, ки осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз қуръони маҷид, аҳодиси набавӣ, ирфону тасаввуф сарчашмаи гирифта, аз ин рӯ, ҳанӯз дар он замон роиҷ то замони мо нигоштаҳои назмию насриаш ҳамвора мавриди мутолиа қарор гирифта, дар миёни мардуми тоҷик дархӯри шоистааст.

Афкори илмию тарбиявии ин пири хирад оиди ваҳдату ягонагӣ ва ташаккули маънавиёт, маҳз дар шароити ҷомеаи муосир барои тарбияи ҷавонон аҳамияти бузург дораду воситаи муҳимми солим гардонидани ахлоқи ҷомеа мебошад.

test

Добавить комментарий