Каломи хикмату маърифат дар рисолаи «Минхоч-Ул-Орифин»-И Мирсайид Алии Хамадони

Каломи ҳикмату маърифат дар рисолаи «Минҳоҷ-Ул-Орифин»-И Мирсайид Алии Ҳамадонӣ

Мирсайид Алии Ҳамадонӣ баҳри татбиқи қуръон, «Эй Расули ман, мардумро ба сӯи Худои худ бо ҳикмат ва мавъизаи некӯ даъват кун ва бо беҳтарин роҳи даъват бо онон мунозира кун» (қуръон, сураи Наҳл, ояти 125) пандҳои Пайғамбари ислом Муҳаммадро (с) дар «Минҳоҷ-ул-орифин» бо зеботарин пирояҳо ороста, бо такрор ба мардум талқин намудааст. Мирсайид Алии Ҳамадонӣ навиштааст: «…чанд сухан аз каломи аҳли ҳикмату маърифат ҷамъоварӣ шуд ва онро «Минҳоҷ-ул-орифин» ном ниҳодем, то аз шунидану хондани ин касеро фоида ояд» [5, с. 92]. «Минҳоҷ-ул-орифин» дар аҳкоми шариат баъди фармудаҳои қуръони маҷид, ба каломи худованд мартаба дорад.

Дар «Минҳоҷ-ул-орифин» бунёди ойини ислом истифода шуда, тамоми зиндагии бошууронаи ҷамоаи исломӣ риоя гардидааст. Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар «Минҳоҷ-ул-орифин» аҳкоми шариат, фиқҳро мавриди истифода қарор дода аз фармудаҳои Паёмбари ислом баҳра гирифтааст. қитъаи машҳури шайх Саъдӣ дар назми ин ҳадиси Пайғамбар (с) аст: «Мӯъминон дар дӯстӣ ва тараҳҳум бар якдигар чун аъзои як пайкаранд (бадананд): вақте ки ранҷур шавад узве аъзо низ дар бехобиву таби он ширкат (ҳамроҳӣ) мекунанд: Банӣ одам аъзои як пайкаранд, Кӣ дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор… [9, с. 3]. Маҳзани асрори «Минҳоҷ-ул-орифин» оёти қуръонӣ ва фармудаҳои Паёмбар (с) аст. Аз ин ҷост, ки аллома Иқбол мефармояд: Шеърро мақсуд агар одамгарист, Шоирӣ ҳам вориси Пайғамбарист [9, с. 3].

Каломи аҳли ҳикмату маърифати ирфонии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, ки нақл ва истифодаи ҳадисҳои Пайғамбар (с) аст, дар миёни гуфтаҳои Пайғамбар (с) роҳ ёфтааст. Дар «Минҳоҷ-ул-орифин» дар манзалати илм фармудааст. «Илм то донӣ бихон, агар доноӣ» [5, с. 106]. Илмомӯзӣ аз таълимоти пайғамбари Худо (с) аст, ки тамоми зиндагиро дар бар мегирад. Худованд илмеро, ки шахси мазкур мехоҳад, барояш осон мегардонад ва низ ӯро ба амал намудан тибқи ҳамон илм хушнудии Аллоҳ таъоло бошад, пас илми мазкур сабаби ҳидояту раҳнамоӣ мегардад ва ӯро ба музду подоши худованд сарфароз мегардонад. Дар аҳодиси Паёмбари Худо (с) омадааст, ки «Ҳар касе дар роҳе равад, ки дар он талаби илм кунад, Худованд барояш роҳеро ба сӯи биҳишт осон мекунад ва ҳамоно фариштагон ба сабаби ризояте, ки аз кораш доранд, болҳои худро барои толибилм мегустуронанд (паҳн мекунанд) ва ҳамаи касоне, ки дар замину осмонанд, ҳатто моҳиҳо дар об барои шахси олим омурзиш металабанд.

Фазилати олим бар обид монанди фазилати моҳи шаби чаҳордаҳ бар соири ситораҳост ва дигар ин ки уламо меросбари Паёмбаранд, ки эшон дирҳам ва диноре ба мерос нагзоштанд, балки илмро ба ирс гузоштанд ва касе, ки онро гирифт, баҳраи вофир бардоштааст» [7, с. 40]. Дар ҳадиси набавӣ аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (с) фармудааст. Бидеҳ амонатро ба касе, ки онро ба ту амонат гузоштааст ва хиёнат макун касеро, ки хиёнат кардааст ба ту» [7, с. 43]. Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар ин ҳадиси Расули Худо (с) дар «Минҳоҷ-ул-орифин» амр менамояд, ки «дар амонат хиёнат макун» ва вопас додани амонатро ба соҳибаш яке аз воҷиботи исломӣ мешуморад. Мирсайид Алии Ҳамадонӣ баён медорад, ки амонатдорӣ дар дини ислом манзалати бузург аст ва сифати писандида аст, ки бояд ҳар мусалмон ба он ороста бошад. Вопас додани амонат музду подоши Худо ва эҳтирому қадршиносии мардум аст ва ба амонати хиёнат кардан дар зиндагӣ ба нокомӣ ва хорӣ меоварад.

 Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар «Минҳоҷ-ул-орифин» як зумра панду ҳикматҳои орифона, монанди: Озори кас махоҳ, то амон ёбӣ. Озори кас махоҳ, то озурда нашавӣ. Афтодаро дарёб, то дастгир ёбӣ. Он ки бо ту бадӣ кунад, бо вай некӣ кун, то қадри ту биафзояд. 164 Бо ҳама нармию мадоро кун, то аз душман бираҳӣ. Бар неъмати касе ҳасад макун, то офият ёбӣ. Бар зердастон шафқат кун, то бираҳӣ. Ба ҳама осонӣ кун, то бираҳӣ. Бузургӣ ба ҳеҷ кас манеҳ, то хор нагардӣ. Ба хасм маситез, то аз кина бираҳӣ. Ҳурмат нигаҳ дор, то муҳтарам гардӣ. Касро ба ҳақорат манигар, то хор нашавӣ. Кори дигарон кун, агар бекорӣ. Некӣ андеша кун, то ҳама некӣ пайдо шавад. Ёри ҳама бош, агар мардӣ ва амсоли инҳо тавсия медиҳад, ки бояд мусалмонон муомилаи исломӣ дошта бошанд ва аз рафтору кирдори бад худро эмин нигоҳ доранд. Аз Анас (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Бо ҳамдигар душманӣ, ҳасад ва қатъи робита нанамоед ва бо ҳамдигар пушт надиҳед. Эй бандагони Худо, бо ҳам бародар бошед ва барои ҳеҷ мусалмоне раво нест, ки беш аз се рӯз бародарашро тарк кунад…» [7, с. 55]. Дар ин ҳадис Паёмбар (с) ишора намудааст, ки робитаи бародарӣ дар Ислом аз робитаи насабӣ ва хунӣ қавитар аст, зеро асосу поям робитаи бародарӣ имони ба Худо мебошад. Мирсайид Алии Ҳамадонӣ бо гузориши ин ҳикматҳои бузург мусалмононро ба ахлоқи ҳамида, рафтори накӯ ва бархурди хуб намудан бо ҳамдигар таъкид менамояд.

Фавоид ва ҳикматҳои ӯ ҳаром будани душманӣ, ҳасад, озордиҳии мусалмонон, ҳаром будани қаҳркунӣ ва қатъи равобит бо бародари мусалмон, ки аз таълимоти ахлоқи исломианд, иборат аст. Ҳикматҳои каломии мазкури Мирсайид Алии Ҳамадонӣ: Аз халқ узлат кун, то ба ҳақ унс гирӣ. Инсофи халқро бидеҳ, то ситамгар нашавӣ. Халқро ба худ умедвор гардон. Зиёни кас маяндеш, агар суд мехоҳӣ. Тамаъ аз халқ бардор, то муҳтоҷ нагардӣ. Касро ба тамаъ маситой, то гирифтор нагардӣ ва мисли онҳо дилсӯзӣ ва меҳрубониро ба мардум талқин медоранд. Ин каломи ирфонии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ далолат менамоянд, ки бояд шахси мусулмон нисбати ҳамаи одамон раҳмдил ва дилсӯз бошанд, яъне раҳм кардани банда дар маънои амали ӯ раҳм намудани Худо аст.

Дар ҳадиси Паёмбари Худо (с) омадааст, ки «Аз Ҷарир писари Абдуллоҳ ривоят шудааст, ки гуфтааст: Паёмбари Худо (с) фармуд: «Касе, ки ба мардум раҳм накунад, Худо низ бар ӯ раҳм намекунад» [7, с. 133]. Раҳму дилсӯзӣ ва шафқат, эҳтиром ва ёрӣ ба мардуми мӯҳтоҷ ва ниёзманд аз нигоҳи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ анвоъи шаръиати исломӣ бар дӯши ҳар бандаи мӯъмин аст. Дар «Минҳоҷ-ул-орифин» андарзи «Ёди Худо мӯҷиби роҳат аст, то донӣ» [5, с. 110] ҳидоят ёфтааст, ки яке аз васиятҳои Паёмбар (с) мебошад, ки саҳобагонашро насиҳат кардааст, ки то эшон дар ҳама ҷо ва дар ҳама маврид ёди Худованд кунанд. Мирсайид Алии Ҳамадонӣ тавсия медиҳанд, ки умматони Ҳазрат (с) пинҳонӣ ва ошкоро бояд дар ҳама ҷо аз Худо битарсанд. Аз Ҳақ таъоло омурзиш хоҳанд ва амали нек намоянд. Дар ин маврид «Минҳоҷ-ул-орифин»-ро панду андарзҳои зайл фаро гирифтааст: Зинҳор аз Ҳақ ғофил мабош, то шайтон бар ту роҳ наёбад. Аз ҳама ҷудо шав, то ба Ҳақ бирасӣ. Аз Ҳақ ёрӣ хоҳ, то нусрат ёбӣ. Бо Ҳақ бош, агар айши ҷовидон хоҳӣ. Ба ҳама бош, то бо Ҳақ бошӣ. Ба Ҳақ паноҳ гир, то халос ёбӣ. Ҷуз Ҳақ маяндеш, агар толибӣ. Ҳуҷҷати худро ҷуз Ҳақ бармадор, то барояд. Ҳақро ёд кун, то дили ту сиёҳ нагардад. Худро ба Ҳақ бисупор, то ба сомон шавӣ. Дар Ҳақ бин, то аз худ фонӣ гардӣ. Дилҳоро дарёб, то хушнудии Ҳақ ёбӣ. Шукри Ҳақ ба ҷо ор, агар неъмати дунёву дин хоҳӣ», дар мабодии ҳадиси «Аз Абузари Ғаффорӣ ва Муоъоз писари Ҷабал (с) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: 165 «Аз Худо битарс ҳар куҷое, ки будӣ ва ба дунболи амали бад кори нек кун, то онро маҳв намояд ва бо мардум бо шеваи некӯ ва ахлоқи ҳасана рафтор кун», [7, с. 23] гуфта шудааст. Панди мазкури Мирсайид Алии Ҳамадонӣ таъкид медорад, ки инсон бояд ҳамеша бо мардум муомилаи нек дошта бошад ва ахлоқу рафтори нек нишондиҳандаи камолу хавфу тарс аз Худо аст. Аз Муъоз писари Ҷабал (с) рифоят шуда, ки Паёмбари Худо фармуд: «Ҳаргиз пойҳои банда аз ҷои хеш намеҷунбад, то ин ки аз чаҳор чиз пурсида мешавад: Аввал аз умраш, ки дар чӣ коре онро сипарӣ намуд.

Дуввум аз ҷавониаш, ки онро дар кадом кор ба пирӣ расонида, саввум, аз молаш, ки онро аз куҷо пайдо намуда ва дар куҷо сарф намудааст. Чаҳорум, аз илмаш, ки ба он чӣ коре карда» [7, с. 26]. Шарҳи маънои ҳадис он аст, ки рӯзу шумораи умри инсон муъайян ва муқаддар аст ва ҳар зинда бояд ёди марг кунад, то дилаш ба ин дунё нигарон набошад. Пас, дар ин дунё дар умраш кори накӯ кунад, дар ҷавониаш фаъолияту ҳаракат нексиришт анҷом диҳад, молашро аз роҳҳои ҳалол ба даст оварад ва дар корҳои муфид сарф намояд ва дониш таълим гирад, ки ба афроди ҷомиъаи хеш нафъ оварад. Дар исботи ҳақоиқи зайл Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар «Минҳоҷ-ул-орифин» навиштааст: «Маргро ёд кун, то дил ба дунё нигарояд» [5, с. 109]. Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар «Минҳоҷ-ул-орифин» кӯшишу заҳматҳои зиёде ба харҷ додааст ва аксарияти ҳадисҳои Пайғамбари ислом Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васалламро тафсиру маънидод кардааст. «Минҳоҷ-ул-орифин» як навъи омӯзиши ҳадисҳои Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба маънии ҷузв, сухане дар истилоҳи шаръи сухан ва феъли Расулуллоҳ саллалоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам аст.

Мирсайид Алии Ҳамадонӣ мисли дигар уламои дини ислом ба роҳи тадқиқи ҳадисҳои Пайғамбари ислом эътибор кардааст, ки хусусан дар фунуни ҳадису усули ҳадис бо эҳтиёти комил, усулу ривоят ва дироят ҳар ҳадисро таҳқиқ намудааст. Ӯ дар замони худ ба илми ҳадис эътибори комиле эътино карда сабаби вуруду санади ҳар ҳадисро таҳқиқ намуда ва ба ин фанни ҷалил усули тадқиқотӣ вазъ карда, бад-ин гуна, ба дини ислом хидмати бузурге намудааст.

Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ҳадиси Пайғамбар (с)-ро бо дараҷаи баланд ба халқ омӯзонидааст. Ба илми ҳадис хидмат намуд ва дар миёни мардум мӯътабару мақбул гардид. Дар Эрон ва Хатлону Ҳинду Покистон аз ин сабаб рағбати мардум ба ҳадиси шариф зиёд шудаанд. Мирсайид Алии Ҳамадонӣ шаҳр ба шаҳр сафар намуда, ҳадисро ташвиқ кард ва дар ҳар ҷое, ки вуҷуди муҳадисеро мешунид, ба он ҷо сафар карда, ахзи ҳадис мекард. Ҳар куҷо Мирсайид Алии Ҳамадонӣ атрофи як ҳадиси набавӣ мардумро ҳушдор медод, ки дӯстию рафоқате, ки баҳри сарвату мол ва мансабу салтанат аст нопойдор аст: «Абуҳурайра ризвонуоллоҳи алайҳи ривоят кард, ки Расул алайҳисаллом фармуд, ки гирд ба гирди арш минбарҳост аз нур. Рӯзи қиёмат бар он минбарҳо қавме бошанд, аз нур ва ҷомаи эшон аз нур ва эшон пайғамбарон набошанд. Ва шоҳидон бар мартабаи эшон рашк баранд. Гуфтанд: Эй Расули Худо, сифат кун эшонро. Гуфт: Эшон касонеанд, ки бо сулаҳо ва тақвови дӯстӣ барои Худои азза ва ҷалла кунанд» [4, с. 64]. Матлаби аслии «Минҳоҷ-ул-орифин»-и Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар асри худ қавӣ нигоҳоштани панҷ сутуни Ислом буд. Маънии ин рисолаи ирфонӣ дар он аст, ки панҷ сутуни Ислом устувор монанд, ки онҳо иборат аз умури зайл аст: Гувоҳӣ додан ба ягонагии Худо ва тасдиқ кардани рисолати Паёмбари ӯ ва барпо доштани намозҳои панҷвақта ва додани закот ва ҳаҷи хонаи Худо (Каъба). Асос ва пояи ирфони Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ин гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди бар ҳақе ҷуз Аллоҳи таъоло вуҷуд надорад ва Муҳаммад (с) Расул ва фиристодаи Худо аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.