Шеърхои шоир Абуабдуллохи Рудаки

Шеърхои шоир ва сардафтари адабиёти классики точик Устод Абуабдуллохи Рудаки

Чун теғ даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики худованд бадӣ нест фаромушт!

Ин теғ на аз баҳри ситамкорӣ карданд,

Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт!

Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,

Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

Гуфто, ки «Киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?!

То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?!»

Ангушт макун ранҷа ба даркӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба даркӯфтанат мушт!


                              * * *

Хар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба манн ояд,

Бо бӯйи гулу мушку насими суман ояд.

Ба ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод,

Гуйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд?!

Не, не, зи Хутан бод чунин хуш навазад ҳеҷ,

К-он бод ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд!

Ай турки камарбаста, чунонам зи фироқат,

Гӯянд, қабойи ту маро пираҳан ояд!

Ҳар шаб нигаронам ба Яман, то ту баройӣ,

Зеро, ки Суҳайлию Суҳайл аз Яман ояд!

Кӯшам, ки бипӯшам, санамо, номи ту аз халқ,

То номи ту кам дар даҳани анҷуман ояд.

Бо ҳар ки Сухан гӯям, агар хоҳаму гар не,

Аввал суханам номи ту андар даҳан ояд!


     «Эй, он ки таън кардӣ шеъри Рӯдакӣ,

     Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кӯдакист.

     К – он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,

     Соҳибқирони шоири устод Рӯдакист.


     Чаҳор чиз маар – озодаро зи ғам бихрад,

    Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.


Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон, 

    Ки чашми сари ту набинад ниҳон.

   Бад- ин ошкора бубин ошкор,

   Ниҳонетро бар ниҳони гумор.


    Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

    Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.


Эй дареғо, Ки хирадмандро,

    Бошад фарзанду хирадманд не.

    В – арчи адаб дораду дониш падар,

    Ҳосили мерос ба фарзанд не.


Гар ба сари нафси худ амири мардӣ,

     Бар куру кар ҳар нуқта нагирӣ мардӣ.

     Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

     Гар дасти фитодаро бигирӣ мардӣ.


Чаҳор чиз маар озодаро зи ғам бихарад,

      Тани дурусту хуи неку номи неку хирад.

      Ҳар он Ки эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзи кард,

      Сазад, Ки шод зияд ҷовидону ғам нахарад.


То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

    Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

    Мардумони бихрад андар ҳар замон,

    Роҳи донишро ба ҳар гунна забон.

    Гирд карданду гиромӣ доштанд,

    То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

    Дониш андар дил чароғи равшан аст,

    В – аз ҳама бад бар Тани ту ҷавшан аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.