Ҳабиби Балхӣ

Сайид Ҳабибуллоҳ аз содоти Мирҳайдарии Балх аст ва дар қарни сездаҳи ҳиҷрӣ зиндагӣ ба сар бурдааст. Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ӯ маълумоти хеле кам дастрас аст ва гоҳе ашъори диловез месуруда. Ғазали зерин аз вай аст:

Ҷудо аз фикри ҷаҳон шав ба фикри Субҳон бош,

Гадои ӯ шаву бар тахти фақр султон бош.

Ба оби дида бикун шустушӯ рухи худро,

Зи гиряҳои паёпай чу абри найсон бош.

Зи хавфи сӯхт маранҷон дили заъифонро,

Ба ҳар кӣ менигарӣ ҳамчу ғунча хандон бош.

Зи хавфи фавт, Ҳабибо, чӣ мешавӣ бедил,

Ба ханда ҷон бидеҳу дар ризои Субҳон бош!

Ҳайрати Балхӣ

Абдулазиз ибни Қозӣ Абдуғанӣ мутахаллис ба Ҳайрати Балхӣ аксари улуми мутадовиларо назди падараш дар Балх фаро гирифта ва баъд ҷиҳати идома ва камоли таҳсил озими Мовароуннаҳр шуда, дар Бухорои шариф ва дигар амокини он сарзамин дониши худро такмил додаст. Ҳайрат дар Бухоро соҳиби иззату икром гардида, мақоми раёсат ва қазоватро дарёфт кардааст. Ӯ ба иловаи рутбаи баланди илмӣ шоири муқтадире буда, гоҳ-гоҳе ашъори шево ва пурмазмун месурудааст. Дар бораи рӯзгор ва осори ин донишманд ва суханвар иттилоъи кам дар сарчашмаҳои адабиёту таърихӣ мавҷуд аст. Ин ду байт намунае аз ашъори ӯст:

Кибр дар сар, васф бар каф, ҳусни ӯ бар дидаҳо,

Роҳат андар дил ҳаме будем аз васли нигор.

Ҳаҷри ӯ дар чашми мо обу ба дил оташ фишонд,

Бар ками мо боду бар сар хок кард ин турфа кор.

Ҳорисии Балхӣ

Шайхулислом Ҳорисии Балхӣ аз уламои бузурги ин шаҳри бостонӣ ба шумор меравад. Муҳаммад Авфии Бухорӣ замони ӯро дарёфта ва худро шогирди вай ҳисобидааст. Ӯ дар асараш-  «Лубобу-л-албоб» роҷеъ ба Мавлоно Ҳорисӣ қайд кардааст, ки «рутбаи ӯро чунон ёфтам, ки дар ҳавсалаи баён намегунҷад». Мавлоно Ҳорисӣ ба забонҳои форсӣ ва арабӣ ашъори диловез месуруда ва ин рубоӣ намунае аз осори ӯст:

Ё Раб, ман ташнаи ҷоми хун чанд кашам,

Ба Рустами чархи нагун чанд кашам.

Аз  баҳри ду луқма, ки ҳам додаи туст,

Ман миннати ҳар нокаси дун чанд кашам.

Ҷоннисори Балхӣ

Ӯ аз суханварони номӣ ва хушкаломи сарзамини Балхи бостон аст. Мавсуф бо умури расмӣ ва давлатӣ вазифадор буда, муддате ҳокими Сангчорак будааст. Девонашро бо дасти хеш тадвин намуда буд ва мутаассифона, онро ба яғмо бурданд. Аз ашъораш миқдори каме боқӣ мондааст. Абёти зерин чун муште аз хирвор аз осори ӯст:

Расид мавсими гул барнаёмадам коме,

Баҳор мегузарад, соқиё, бидеҳ ҷоме.

Ба мулки Ҷурм аҷоиб ҳавост фасли баҳор,

Нишин ба базму бикун чанд айёме.

Ба шарти он ки ду – се чиз боядат мавҷуд,

Маю суруду бути шӯхи симандоме.

Бигир ҷоми май аз дастии соқии гулрух,

Аз он май, ки аз ӯ пухта мешавад хоме.

Ҳар он кас, ки сукунатпазири Ҷурм шавад,

Зи ҷурм раст агарчанд дорад аҷроме.

Ҷорӯбии Балхӣ

Аз сухантирозони дарбори Султон Ҳусайн аст, ашъори некӯйи ӯ дар диёри Балх шӯҳрати вофир дошта, абёти зерин аз гуфтори ӯст:

Сад роҳ сарам ба кӯйи ту гар хоки дар шавад,

Кай шавқи пойбӯси ту аз сар бадар шавад.

Эй шамъ, имшаб аз сари болини ман марав,

Як шаб чӣ шавад ба рӯйи туам гар саҳар шавад.

                                   ***

Ҷорӯбияму баста камар аз пойи хидмат,

Дар шому саҳар хоки дарат руфтаму рафтам.

Ҷоҳиди Мазорӣ

Абдусамади Ҷоҳид фарзанди Мирзо Низомиддини Низом, аз сулолаи Ансорӣ, ки мутаваллигии Мазори Шарифро ин қавм ӯҳдадор будаанд. Ин қабила аслан аз бозмондагони Абуаюби Ансорӣ аст, ки ба гуфтаи Дорошукӯҳ дар «Сафинату-л-авлиё» дар радифи лашкари Аҳнаф ибни Қайс вориди сарзамини Хуросон шуданд ва дар Ҳирот сукунат ихтиёр намуданд. Ҳазрати Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва ансориёни Ҳиндустон, монанди аллома Баҳрулулум ва аллома Абдулҳасанот Абдулҳайи Лакнавӣ аз авлоди онҳо мебошад.

Ба ҳар сурат, Ҷоҳид шоири ширинбаён ва як хушнависи соҳибистеъод буда, ба ғайр суханварӣ дар таърихи адабиёти форсии Афғонистон як устоди лоиқу варзида ба шумор меравад. Вафоти вай дар соли 1301 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба соли 1360 ҳиҷрии шамсӣ иттифоқ афтода ва ба раҳмати Ҳақ пайвастааст. Ин чанд байт намунаи ашъори диловези вай аст:

Ниқоб аз рух биафкан мушки сокин тураи мӯро,

Димоғи ошӯфта кун дилдодагони тоқи абрӯро.

Ту он шӯхӣ, ки аз тарзи табассумҳои ширинат,

Намакпошӣ кунӣ дилҳои ушшоқи ситамхӯро.

Зи ҳайрат маҳв гаштам, к-аз фусуни чашми фаттонат,

Диҳад таълими рам хӯрдан ба ваҳшат чашми оҳӯро.

Мусаввир гар кунад расми назокатҳои андомат,

Куҷо нозу адо дар қайд ояд хомаи мӯро.

Шикаст дил зи санги ҷаври бедодат бад-он монад,

Ки аз бишкастаниҳо табъ болид тифли бадхӯро.

Шайдои Балхӣ

Мавлоно Шайдои Балхӣ аз шоирони хушзавқи ин диёр аст. Гузашта аз суханварӣ ӯ донишманди маъруфи исломӣ буд ва дар риштаи улуми ақлӣ ва нақлӣ маҳорати комил дошт. Эшон аз мударрисони машҳури асри худ буд ва шогирдони зиёде дошт. Муаллифи асари «Музаккиру-л-аҳбоб», ки муъосири вай аст ва сӯҳбату мулоқот доштанд, ки худро аз шогирдони Шайдои Балхӣ ҳисобидааст ва дар сифати устоди хеш чунин менависад: «Маҷмаъу-л-фазоил буд ва пайваста ба улуми ақлӣ ва нақлӣ иштиғол менамуд, дарси улуми фиқҳ, тафсири ӯ беназир буд, муддате ин фақир ба таҳсили улуми нуҷум ва ҳайъат дар хидмати ӯ мекард».

Аз қавли ин муаллиф дониста мешавад, ки Шайдо дар илми нуҷум ва ҳайъат (ситорашиносӣ) низ устоди муқтадир будааст. Чуноне ки дар боло қайд карда гузаштем, Шайдо ба ғайр аз улуми мутадовила дар сурудани ашъор табъи равон доштааст. Қитъаи зерин аз табъи ӯст, ки дар васфи иморати арки Султон Густанқаро –ҳокими Балх сурудааст ва ҳам аз ҳамаср будани эшон бо ин ҳукмравои Балх дониста мешавад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки Шайдо дар қарни даҳуми ҳиҷрии қамарӣ зиндагӣ кардааст. Қитъаи шеъри Шайдо чунин аст:

Дар арки қалъаи Балх олӣ иморате шуд,

То обу хок бошад, бодо бақои манзил.

Таъриху номмонӣ аз ман талаб чу карданд,

Гуфтам ба аҳли дониш «Густанқарои одил».

Ва низ ин байт, ки ба таври мутоъиба дар татаббӯъи «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ гуфта шудааст, аз Шайдои Балхист:

Тафовут ҳамин аст, эй маҳрами роз,

Ки Шайдо зи Балх асту Саъдӣ зи Шероз.

Шайхи Мазорӣ

Шайх Шиҳобиддини Мазорӣ аз хулафои Соҳибдоруламон аст ва муриди Абулхайр аст, ки амакаш мебошад. Марҳум Шайх Шиҳобиддин дар сафаҳоти шимоли кишвари Афғонистон мухлису эътиқодмандони зиёде дошт ва ба ин васила муваффақ гардид, ки дар нуқоти мухталиф масҷиду хонақоҳҳои олиро созад. Шодравон Шайхи Мазорӣ ба иловаи шуғли тариқат як миқдор ашъор низ сурудааст, ки дар мавзӯъҳои ирфониву тасаввуфӣ мебошанд. Ин ғазал аз они эшон аст:

Ба дари файзрасонат ҳама шоҳон мӯҳтоҷ,

Гарде аз хоки қудумат сари шоҳонро тоҷ.

Сурмаи чашми малик хоки кафи наъллайнат,

Дода Юсуф ба ҷамоли намакини ту хироҷ.

Дарки ақлам накунад ҷоҳу ҷалолат ҳар чиз,

Шуда якпоя зи иқболи рафеъат меъроҷ.

Нурбахши дилу ҷон шӯълаи рухсори ту шуд,

Шоҳбози сақалайну сироҷу ҳоҷ.

Ин фақир аз карами ҷуди ту дорад умед,

Аз шафоъат бинамо дарди маъосияш илоҷ.

Вафоти Шайхи Мазорӣ соли 1341 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба 1300 ҳиҷрии шамсӣ дар Мазори Шариф – Балх ба вуқӯъ пайваста аст.

Шақиқи Балхӣ

Шақиқ ибни Иброҳими Балхӣ яке аз бузургони олами Ислом, донишманд ва суханвари маъруф ба шумор меравад ва кунияташ Абумӯсо аст. Ба гуфти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз машоихи табақаи аввал аст. Мавсуф шогирди Имом Зафар аст ва ба сӯҳбати Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р) ва Имом Абуюсуф (р) низ мушарраф гардидааст.

Абунаъими Исфаҳонӣ дар асараш «Ҳилияту-л-авлиё» мулоқоти Шақиқи Балхиро бо Имом Мӯсои Козим (р) низ зикр ва таъйид намудааст.

Ҳазрати Шақиқи Балхӣ дар тасаввуф муриди шайхи машҳур – Иброҳими Адҳами Балхист ва Ҳотами Асам муриди ӯст, ки мазори файзосораш дар маркази ноҳияи Файзободи Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Дар китоби «Фазоили Балх» оварда, ки Шақиқи Балхӣ дар саховату шуҷоъат, зӯҳду фақоҳат, илму маърифат, тақво ва диёнат беназир ва ғозиву муҷоҳид ва орифи комил буд. Гӯянд, ки аввал касест, ки дар сарзамини Хуросон дар риштаи илму маърифати исломӣ, бахусус ирфону тасаввуф  камназир будааст.

Шақиқи Балхӣ ҳадис низ ривоят дорад, ки дар «Табақоту-с-суфия»-и Суламӣ ва дигар осори таърихӣ ва адабӣ зикр гардидааст. Ӯ ҳам ба наср ва ҳам ба назм осорҳои пурарзиш таълиф намудааст. Аз осори манзуми ӯ ин рубоӣ шӯҳрат дорад:

Сӯфӣ, ки ба хирқадӯзиш бозорест,

Гар бахия ба фақр мезанад хуш корест.

В-ар хоҳиши табъ дасти ӯ ҷунбонад,

Ҳар бахяву риштааш буту зуннорест.

Дар масъалаи соли вафоташ дар байни муаллифони маъхазҳои адабиву таърихӣ ихтилофи назар аст, вале дар сари ҷойи турбати вай ҳама бар як ақидаанд. Шақиқи Балхиро дар мавзеъи Себистони ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳзанон дар роҳ шаҳид мекунанд, то ки амволи ӯро ба даст оранд. Пас аз куштани Шақиқ бору бунаи вайро кушода мебинанд, ки танҳо аз китобҳо иборат будааст. Нашъи мубораки ӯро дар сари роҳи Душанбе – Кӯлоб дар баландие мегӯронанд, ки дар байни мардуми Хатлонзамин бо исми мазори ҳазрати Шақиқ маъруфият дорад.

Дар шаҳри Балх (Мазори Шариф) мазори вай низ мавҷуд аст, ки мухлисон ва иродамандон онро зиёрат мекунанд. Баъзе муаллифон қайд кардаанд, ки гӯё сари буридаи Шақиқи Балхиро ба зодгоҳаш бурдаву дафн карданд. Валлоҳу аълам.

Шарифии Балхӣ

Шарифӣ тахаллуси шоирии ӯст ва дар маъхазҳои таърихиву адабӣ вайро Шарифи Балхӣ ҳам гуфтаанд. Исмаш Соҳиб мебошад. Мавсуф бар иловаи шеъру шоирӣ дар риштаи пизишкиву табобат ва мусиқиву овозхонӣ маҳорати комил доштааст. Ин чанд байт намунаи каломи мавзуни ӯст:

Баски сели ғамат аз дида дамодам гузарад,

Рӯзи ҳаҷри ту маро чун шаби мотам гузарад.

Марҳами реши диламро зи хаданги мижа соз,

Пеш аз он дам, ки маро кор зи маҳрам гузарад.

Лола рӯяд зи замине, ки бар он ҷо гузарӣ,

Баски хуни дилам аз дида пурнам гузарад.

Он ки дар олами сармастиву риндӣ ҷо кард,

Ҷойи он аст, ки он аз ҳама олам гузарад.

Макун андӯҳ, Шарифӣ, зи ғаму ғӯсаи даҳр,

Рӯзгорест, ки беғам нафасе кам гузарад.

Шаҳиди Балхӣ

Абулҳасан Шаҳид ибни Ҳусайн суханвари номӣ ва олими забардасти қарни даҳи милодӣ буда, дар шаҳри Балх чашм ба олам кушодааст. Муаллифи китоби «Маҷмаъ-ул-булдон» Ёқути Ҳамавӣ падари Шаҳидро аз рустои Ҷаҳудонаки Балх донистааст.  Сипас падараш  ба Балх кӯчидааст ва Шаҳид дар ин шаҳри бостонӣ таваллуд ёфтааст, аммо соли таваллуди ӯ  маълум нест.

Шаҳиди Балхӣ маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш ҳосил намуда. Барои такмили дониш ба Бухоро меояд ва дар ин маркази бузурги тамаддуни  исломӣ  касби илмумаърифат намуда, дар аҳди ҳукмронии Сомониён чун суханварони машҳур шӯҳрат пайдо мекунад. Тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ Шаҳиди Балхӣ аз ҳамасрони Абдуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, бояд ҳаёташ дар нимаи якуми қарни даҳуми милодӣ гузашта бошад. Аз марсияи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вафоти Шаҳиди Балхӣ маълум мешавад, ки ӯ пеш аз Одаммушшуъаро  Рӯдакӣ,  дар соли 937 милодӣ вафот кардааст. Марсияи устод Рӯдакӣ дар сӯги Шаҳиди Балхӣ ин аст, ки ба ҳасрат сурудааст:

Корвони Шаҳид рафт аз пеш,

В-они мо рафта гиру меандеш.

Аз шумори ду чашм яке кам,

В-аз шумори хирад ҳазорон беш…

 Аз рӯйи тасдиқи Ибни Надим дар  «Ал-Феҳрист» Шаҳиди Балхӣ бо файласуфи маъруф Муҳаммад Закариёи Розӣ дар боби ҳикмат ва фалсафа мунозираҳо доштаанд ва барои исботи даъвои худ рисолаҳо навиштаанд. Аз ин маълумот маълум мегардад, ки  Шаҳиди Балхӣ ҳаким ва файласуфи варзидаву номӣ ҳам будааст.

Ӯ на фақат олим ва файласуфи маъруф, балки шоири боистеъдод ҳам буд. Аз мероси адабии ӯ намунаҳо хеле кам, ҳамагӣ 168 байт  боқӣ мондааст. Шакли шеърҳои боқимондаи Шаҳиди Балхӣ қасида, қитъа, дубайтӣ буда, дар онҳо мавзӯъҳои мадҳу сано, наът,  панд, ишқ, тарбия, тасвири табиъат, марсия, шикоят аз замона ва ғайра баён гардидаанд. Дар пораи боқимондаи яке аз қасидаҳои мадҳияи ӯ ҳокими ҷавоне тавсиф ёфтааст ва он сифатҳо бештар зебоӣ ва раъноии вай тасвир шудааст.  Шоир барои аз вай дур нашудан ва меҳрашро дар дилаш нигоҳ доштан, ба ҷони ӯ қасам ёд мекунад:

Маро ба ҷони ту савганду саъб савганде,

Ки ҳаргиз аз ту нагардам, набишнавам панде.

Диҳанд пандаму ман ҳеҷ панд напазирам,

Ки панд суд надорад ба ҷойи савганде.

Шунидаам, ки биҳишт он касе тавонад ёфт,

Ки орзу бирасонад ба орзуманде.

Туро агар малики чиниён бидидӣ рӯй,

Намоз бурдию динор барпарокандӣ.

В-агар туро малики ҳиндувон бидидӣ мӯй,

Суҷуд кардию бутхонаҳош баркандӣ…

Бояд гуфт, ки Шаҳиди Балхӣ дар сурудани анвоъи мухталифи шеъри форсӣ, ба вижа эҷоди қасида маҳорати тамом доштааст. Дар қасидаҳои мадҳияи шоир истилоҳоти нуҷум бисёр истифода шудаанд, ки шавқу рағбати  вайро ба илми ситорашиносӣ нишон медиҳад.   Масалан:

Хунук на Офтобу Зӯҳраву Моҳ,

Ки набошанд ҷовидона табоҳ.

Ҳама дар як ниҳоди хеш даванд,

Ки нагарданд ҳаргиз аз як роҳ…

Ҳамин тавр, мадҳу сано як равияи эҷодии ӯ буда, мағзи ғоявии онро адолати шоҳ ташкил медиҳад. Равиши дигари ғоявии вай гуфтани панду андарзи орифона аст. Дар суханони пурҳикмати Шаҳиди Балхӣ даъват ба ҳиммати баланд ба назар мерасад:

Узр бо ҳиммати ту битвон сохт,

Пеши ту хомӯшу забон кӯтоҳ.

Ҳиммати шер аз он баландтар аст,

Ки дилозор бошад аз рӯбоҳ.

Ин суханвар ва мутафаккир хонандагонро барои дар кори нек ва наӯкорӣ сустӣ накардан, оқибати онро аз аввали он дида тавонистан, дар ғафлат намондан ва дигар ахлоқи ҳамидаи инсонӣ даъват ва ҳидоят  месозад:

Айб бошад ба кори нек диранг,

Гар шитоб ояд, эй рафиқ, малом.

Оқибатро ҳам аз нахустин бин,

То ба ғафлат гулӯ нагирад дом.

Дар назди душманон сарбаландона ба майдон баромаданро талқин кардааст:

Шавам бадҳоҳ чун рӯбоҳи баддил,

Чун шеросо ту бихромӣ ба майдон.

Шаҳиди Балхӣ дини мубини Исломро сарчашмаи лоязолии ахлоқи ҳамидаи инсонӣ  шуморида, одамонро ба диёнат, тақво ва некномӣ ҳидоят намудааст.

Ҳама диёнату дин варзу некномӣ кун,

Ки сӯйи хулди барин бошадат гузарнома.

Тибқи иттилоъи сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ Шаҳиди Балхӣ  соли 937 милодӣ вафот намуда, ба раҳмати худовандӣ пайвастааст.  Инак, чанд намуна аз ашъори шево ва пурмазмуни  Шаҳиди Балхиро пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардонем.

Дардо, ки дар ин замонаи ғампарвард,

Ҳайфо, ки дар ин бодияи умрнавард.

Ҳар рӯз фироқи дӯсте бояд дид,

Ҳар лаҳза видоъи ҳама мебояд кард.  

                    ***

Донишо! Чун дареғам ойӣ аз он-к,

Бе баҳоиву лекин аз ту баҳост.

Бе ту аз хоста мабодам ганҷ,

Ҳамчунин зарвор бо ту равост.

Боадабро адаб сипоҳ бас аст,

Беадаб бо ҳазор кас танҳост. 

                     ***

Гар фаромӯшам кард Хоҷа моро,

Хештанро бо руқъа додам ёд.

Кӯдаки ширхора то нагирист,

Модар ӯро ба меҳр шир надод.

                     ***

Абр ҳамегиряд чун ошиқон,

Боғ ҳамехандад маъшуқвор.

Раъд ҳаменолад монанди ман,

Чунки бинолам ба саҳаргоҳ зор.

                      ***

Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,

Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.

Дар ин гетӣ саросар гар бигардӣ,

Хирадманде наёбӣ шодмона.

                      ***

Донишу хоста аст наргису гул,

Ки ба як ҷой нашкуфанд бо ҳам,

Ҳаркиро дониш аст, хоста нест,

В-он киро хостааст, дониш кам.

                      ***

Дӯшам гузар афтод ба вайронаи Тӯс,

Дидам чуғзе нишаста ҷойи товус.

Гуфтам: « Чӣ хабар дорӣ аз ин вайрона?»

Гуфто: «Хабар ин аст, ки афсӯс, афсӯс!»

                        ***

Бо тир аз чашми нобино сапедӣ нуқта бардорад,

Ки на дида биёзорад, на нобино хабар дорад.

Шиҳоби Мазорӣ

Муҳаммадсиддиқи Шиҳоб писари Шайх Шиҳобиддин мебошад. Ӯ монанди падари бузургвораш умри гаронмояи худро сарфи таълиму тарбияи шогирдону муридонаш намудааст. Шиҳоби Мазорӣ яке аз шайхҳои бузурги тариқати нақшбандия буда, дар тарғиб ва густариши ин равияи тасаввуфи исломӣ дар сарзамини Хуросон нақши муассиреро ифо намудааст.

Бояд гуфт, ки Муҳаммадсиддиқи Шиҳоб дар риштаи суханварӣ табъи равон ва истеъдоди комил доштааст. Осори манзумаш мавҷуд аст. Ашъораш асосан ҷанбаи ирфонӣ дошта, ишқи ҳақиқӣ, яъне меҳру муҳаббат ба Худованди мутаъолро тавсифу ситоиш намудааст. Инак, чанд байт аз осори манзури ӯро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем:

Зи шавқи дидани рӯят шудам дар печутоб имшаб,

Зи ҳаҷрат менамудам то саҳар ахтар шумор имшаб.

Ба ин шӯридааҳволӣ расида кору бори ман,

Нигоро, ҳоли бе сомони мо ин ҷо биёб имшаб.

Басе аввал ба лутфи худ маро фармудаӣ мамнун,

Макун дар оташи фурқат дили моро кабоб имшаб.

Занам аз дида об ин ҷо,  бирӯбам хок мижгонам,

Ба даргоҳат фитода бо чунин ҳоли хароб имшаб.

Биҳамдуллоҳ, зи алтофат дамида субҳи умедам,

Шиҳоб аз накҳати васли ту кушта комёб имшаб.

Ҳиммати Балхӣ

Ғиёсуддин Ҳиммат ё Ҳимматӣ аз суханварони варзидаи қарни ёздаҳи Балх аст ва аз дар сурудани ашъор ба забони форсӣ истеъдоди комил доштааст. Ҳиммат аслан аз мардуми Сари Пули Балх мебошад. Ин Ҳиммати боҳиммат баъд аз Умари Хайём ва Шайх Абусайид Абулхайр аз ҷумлаи рубоисароёни машҳури адабиёти форсӣ ба шумор меравад. Ҷалолиддин Асир, ки поягузори мактаби ҷудогона дар сабки ҳиндист, аз Ҳиммати Балхӣ пайравӣ дорад ва як ғазали ӯро мухаммас низ  бастааст.  Ин ғазалро чун намуна аз ашъори шево ва равони вай дар ин ҷо меорем:

Он чунонам, ки фалак гумшудаи рози ман аст,

Сайқали мавҷи ҳаво хонабарандози ман аст.

Бас, ки дилбастаи сайёд шудам, пиндорӣ,

Ҳалқаи дом ҷигаргӯшаи парвози ман аст.

Заъф дар парда ба болидани ман мекӯшад,

Ҳарфи ойина магӯед, ки ғаммози ман аст.

То ба худ дида кушудам нафс аз ёдам рафт,

Чӣ қадар хун шуда ин дил ба овози ман аст.

Мешавад болу пари ойина  рози дилам,

То хаёли ту дар ин хона сухансози ман аст.

Ҳиммат,  андешаам аз илму адаб дасттиҳист,

Ҳарки аз худ гузарад, шӯълаи мумтози ман.

Ҳиҷрии Балхӣ

Машҳур ба Мавлоно Ҳиҷрӣ мебошад. Вай машраби хуш ва табъи равон дошта, ба тиҷорат машғул будааст. Вафоташ дар Табрез иттифоқ афтода, мадфанаш дар мавзеъи  Пуштаи Сурхоби ин шаҳр мебошад. Матлаъи зерин таровидаи табъи равони ӯст:

Ғариби кӯйи ту кас нест инчунин, ки манам,

Ғарибтар, ки ба хотир намерасад ватанам.

Ягонаи Балхӣ

Мулло Ягонаи Балхӣ аз шоирони номдори асри ҳаштархонист, ки дар қарни ёздаҳи ҳиҷрӣ дар Балх мезиста. Дар баъзе тазкираҳо муъосири Имомқулихон навишта шуда ва иддае аз муаллифон вайро аз суханварони давраи Субҳонқулихон медонанд. Ин матлаъ аз ашъори  ӯст:

Арақ ҳар гаҳ, к-аз он рухсори оташнок меафтад,

Гули хуршед мерӯяд,  агар бар хок меафтад.

Яктои Балхӣ

Мулло Яктои Балхӣ аз шоирони  қарни ёздаҳи ҳиҷрии Балх мебошад ва аз муъосири Имомқулихони Ҳаштархонӣ аст. Мулло Яктоӣ  завқи салим ва табъи саршор доштааст. Ашъораш дар он аср дар байни мардуми форсизабони ин диёр шӯҳрат доштааст. Намунаи ашъори вай ба ҷуз як рубоӣ ва як фард дигар ҳама парокандаи боди сарсари ҳаводис шудааст:

Аз гиряи мо ҳар куҷо тӯфонест,

В-аз нолаи мо ҳар куҷо афғонест.

Булбул, ки ба илми нола афлотунест,

Дар мактаби мо тифли гулистонхонест.

Фард:

Нагардад нарм аз маъзул гардидан дили золим,

Ҳамон сахт аст дандоне, ки афтод аз даҳон берун.

***

Бо инояти Худованди бузург танзим ва тадвини китоби «Суханварони Балх» ба поён расид.  Аз хонандагони нуктасанҷ пас аз мутолиъаи ин китоб  умеди дуъо дорем. 

Ман мӯътарифам, ки кори ман ҷумла хатост.

Маъзурам аз он ки бар башар саҳв равост.

Эй мунсиф, агар тавонӣ дар ислоҳ кӯш,

Дар айб назар макун, ки беайб Худост.

test

Добавить комментарий