Фидоии Балхӣ

Аз шуъарои қарни даҳуми ҳиҷрист. Таваллуд ва нашъунамои ӯ дар Балх шудааст. Боре азми сафари Ҳиндустон намуда ва муддатҳо дар он диёр ба сайру саёҳат ба сар бурда,  баъд аз бозгашт аз сафар дар Кобул пешаи тиҷорат дошта ва сурудани ашъор табъи равон доштааст. Ин пора шеър намунае аз осори эшон аст:

Қади ту нахли мурод асту номурод манам,

Касе, ки домони мақсад зи даст дод манам.

Маро касе, ки дил як нафас норафтӣ туӣ,

Туро касе, ки наёмад гаҳе ба ёд манам.

Фидоӣ аз ғаму андӯҳу неку бад фориғ,

Дар ин замона ба ғамҳои ёр шод манам.

Фоиқи Балхӣ

Мавлавӣ Сайид Хайруддини Фойиқ писари Сайид Маъсум бо эътимоли ғолиб аз Имомсоҳиби Балх аст. Мавсуф дар соли 1188 ҳиҷрии қамарӣ чашм ба дунё кушода, соли 1242 ҳиҷрии қамарӣ дар синни панҷоҳу чорсолагӣ дунёи фониро видоъ гуфта, ба раҳмати Ҳақ таъоло пайвастаааст. Ин байт намунае аз таъби гуҳарбори ӯст.

Кашидан кай тавонад шакли он чашми парирӯро,

Мусаввир муқалам созад агар мижгони оҳуро.

Фонии Балхӣ

Аз суханварони маъруфи Балх аст. Улуми мутадовилаи ибтидоиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, сипас озими сарзамини Мовароуннаҳр мешавад. Ӯ дар шаҳри Хуқанд – пойтахти аморати Фарғона дар дарбори амир Умархон хидмат мекунад. Бояд гуфт, ки Фонии Балхӣ дар сурудани шеър истеъдод ва маҳорати комил доштааст. Фазлии Намангонӣ дар тазкираи манзуми худ дар бораи вай маълумоти ҷолибу пурарзиш дода, истеъдоди ӯро дар сароидани ашъор эътироф намудааст.

Фонии Балхӣ аз шуъарои бузурги нимаи дуввуми қарни сездаҳи ҳиҷрист. Ӯ соҳиби девони ашъор будааст, вале мутаассифона, осори ӯ бар асари ҳаводису рӯзгор аз байн рафтааст. Ин ғазал чакидае аз табъи мавзуни вай аст:

Гашта дур он қади раънои ёр аз чашми ман,

Медамад дар ҳар нафас сад лолазор аз чашми ман.

Он қадар чун нуқтаи ҷавволаам дар печу тоб,

Гарди кӯйи он парирӯ шуд ҳисор аз чашми ман.

Бар умеди васл чандон ашк боридам нашуд,

Ибрате бурданд аҳли эътибор аз чашми ман.

Шукри лиллаҳ хастагони ишқро дар ҳар диёр,

Ишрате пайдост чун фасли баҳор аз чашми ман.

Сад гулистон кард гул оҳи ман аз қатроти ашк,

Гул фурӯшанд оламе дар ҳар диёр аз чашми ман.

Чун садо печидаам дар кӯчаи ҳар порсо,

Навҳагар бар ҳар сари кӯҳ обшор аз чашми ман.

Дидаи хунбори Фонӣ гашт зеби маҳвашон,

Равнақафзои тағофул чашми ёр аз чашми ман.

Мавлоно Фонии Балхӣ дар сароидани қасида чирадаст буда ва яке аз суханварони ширинбаёни водии Фарғона ба шумор мерафтааст.

Фурӯғии Балхӣ

Фуруғӣ аз суханваронии қарни ёздаҳи ҳиҷрӣ буда, аслан аз Балх аст, вале дар Андхӯй сукунат дошта. Мавсуф пас аз ба охир расонидани таҳсил  ба Ҳиндустон рафт ва солиёни дароз муқими он он диёр буд. Билохира, дар соли 1019 ҳиҷрии қамарӣ  вафот намуд.

Соли фавташро аз ҷумлаи «кард дар соли ҳазору нуздаҳ аз олам видоъ» ёфтаанд. Фуруғӣ дар сурудани ашъори форсӣ истеъдод ва маҳорати комил  доштааст.  Ин рубоӣ намунаи каломи ӯст:

Ишқам, ки маро ба сару сомон ҷанг аст,

Куфрам, ки маро зи дину имон нанг аст.

Не-не, манам он шиша, ки аз ҷӯши тараб,

Бар ҳар тарафе, ки мениҳандам санг аст.

Халиқи Балхӣ

Солеҳмуҳаммад Халиқ соли 1955 милодӣ дар шаҳри Мазори Шариф – маркази вилояти Балх таваллуд шудааст. Дар мактабу дабистонҳои мутавасситаи зодгоҳаш таҳсил намудааст. Сипас техникуми нафту гази Мазори Шариф ва факултаи адабиёти донишгоҳи адабиёт ва улуми башарии Балхро бомуваффақият хатм кардааст. Ӯ чанд китоби шеъри худ, аз ҷумла «Салом бар офтоб», «Бар пойи абрешим», «Як осмон ситора» ба табъ расонида ва сурудани ашъор ба забони форсии дарӣ табъи равон ва истеъдоди хуб  дорад. Ин се шеър намунае аз осори ӯст:

Чакоди Панҷшер

На орзӯи тарона, на майли оҳанг аст,

Хамӯш бош, ки бас хастаам, дилам танг аст.

Фитодааст ба ҳар гӯша устухони дарахт,

Чӣ ҷойи гашт дар ин боғ, сарду беранг аст.

На шишаест, на ойинае, на тасвире

Ва то ҳанӯз дар ин беша давраи санг аст.

Ӯчоқҳо ҳама хомӯшу равзанон беранг,

Агарки оташу дудест, он ҳам ҳам аз ҷанг аст.

Ба чоҳи ин шаби тор офтоб зиндонист

Ва роҳи панҷараи субҳ чанд фарсанг аст.

Ягона пайкараи ёдгори озодӣ,

Чакоди сисилаи Панҷшеру Соланг аст.

Ҷангал

Оташ заданд инак, дар  баргу бори ҷангал,

Тороҷ гашт, эй вой, имшаб баҳори ҷангал.

Фавҷи табардастон куштори ом карданд,

Мурданд истода аҳли диёри ҷангал.

Дар сӯги сарвсорон бар хоку хун нишастанд,

Ололаву парасту – хешу табори ҷангал.

Мурғони паршикаста, барбодрафта лола

Доранд мухтахонӣ даври мазори ҷангал.

Оташзанон надонанд оё, ки боз рӯяд

Як Каҳкашон ҷавона аз решазори ҷангал?

Баҳри табарбадастон фардо нигар, ки руста

Анбӯҳи чӯбаи дор аз ҳар канори ҷангал!

Ёди Хуросон

Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,

Бо бӯйи гулу мушку насими суман ояд.

Рӯдакии Самарқандӣ 

Ҳар бод, к-аз он соҳили Омӯ ба ман ояд,

Бо накҳати ҷонпарвару гарми Ватан ояд.

Ҳар вожжа, ки ин ҷо ба дарӣ мешунавам ман,

Ёдам зи Хуросони азизу куҳан ояд.

Аз ёди Ватан ҳам шукуфад хотири тангам,

Ҳам танг барои баданам пираҳан ояд.

Санги ватану хоки ватан дар назарам чун

Лаъли Яману нофи мушки Хутан ояд.

Хоҳам ман агар шеъре ширин бинависам,

Номи шакаррини Ватанам дар даҳан ояд.

Монанди разон рахна кунад дар тани сардам

Ҳар бод, к-аз он соҳли Омӯ ба ман ояд. 

Халқии Балхӣ

Аз шоирони муҳтадири қарни даҳуми ҳиҷрии Балх аст. Мавсуф табъи равон дошта ва аз қобилият ва истеъдоди фитрии эшон  ашъораш гувоҳӣ медиҳад. Аз вафот ӯ 426 сол мегузарад. Соли фавташ бо иттифоқи маъхазҳои адабиву таърихӣ соли 987 аст, ки дар ҳамин сол ба зиёрати хонаи Худо низ мушарраф шуда ва марқади вай дар ҷавори Равзаи Алӣ (р) мебошад. Ин ду байт намунае аз осори манзуми  ӯ маҳсуб меёбад:

Эй сарви ноз, дар дили мо ҷо намекунӣ,

Ҷо мекунӣ, вале ба дили мо намекунӣ.

                                   ***

Дилам таҳаммули бисёр дур  аз он гул кард,

Аз он гузашт, ки дигар тавони таҳаммул кард.

Муаллифи китоби «Мазаккирул – аҳбоб» ваҷҳи тахаллуси Мавливиро ба Халқӣ чунин таъбир намуда, ки эшон бо умуми халқи замонааш бо лутфи хуш ва забони ширин муносибат мекарда, аз он рӯ, ба ин тахаллусро интихоб кардааст

Хариди Балхӣ

Шоири сӯфимашраб, тақводор ва порсоманиш, ки аз Балх ба Ҳиндустон рафт ва соҳиби обрӯ ва иззату икром гардид ва дар ҳамон ҷо дар соли 1119 ҳиҷрии қамарӣ аз дунёи  фонӣ ба ҷаҳони ҷовидонӣ сафар  кард.

Мавсуф дар илму адаб сахт ворид буд ва дар бақияи улуми мутадовилаи он замон низ баҳра дошт ва ашъори мавзун ва шево месуруд. Ду байт аз ӯст:

Дили пурхуншуда минои шароби лаби кист?

Ҷигарам сӯхт надонам, ки кабоби лаби кист?

                                     ****

Ба васфи пурраи мушкини ӯ чун нома сар кардам,

Сиёҳӣ аз савдои ду дидаи оҳи саҳар гардам.

Хастаи Мазорӣ

Мавлавӣ Холмуҳаммади хаста аслан аз шаҳраки Кангурти Хатлонзамини Тоҷикистон буда,  дар ҳамин ҷо зода шуда, дар овони кӯдакӣ бар асари Инқилоби Бухоро ва тасаллути русҳову коммунистони болшевик ба ҳамроҳии аҳли хонаводаашон ба Афғонистон паноҳанда мешавад ва дар Балхи бостон сукунат меварзад. Мавлавӣ Холмуҳаммади Хаста марди ориф, порсо, ҳофизи Қуръони маҷид, шоир, нависандаи боистеъдод, таърихнигор ва хушнависи варзида, донишманди тавонои қарни бистуми Ҳиндустон ва Афғонистон маҳсуб меёбад.

Улуми мутадовиларо ҳамроҳ бо ҳифз ва қироъати Қуръони маҷид дар шаҳри Балх фаро гирифта, сипас барои такмили дониш ба Ҳиндустон меравад ва муддати сӣ сол дар мадрасаҳои он кишвар таҳсили илм ва касби ҳунар менамояд. Дар Ҳиндустон ду китоби Мавлоно Хаста: «Хумистон», «Рамзи ҳаёт» ба табъ мерасад ва писанди аҳли илму адаб мегардаанд.

Сипас устод Холмуҳаммади Хаста ба Афғонистон баргашта, як қисмати умрашро дар Мазори Шариф (Балх) ва қисмати дуввумашро дар Кобул сипарӣ мекунад. Дар ин муддат таълифоти нағзу пурмағз эҷод намуда, ба нашр мерасонад. Аз ҷумла:

  1. Тазкираи «Муъосирони сухан»
  2. Ёде аз рафтагон.
  3. Дабиристони Балх
  4. Буқаламун.

Ва осори пурарзиши илмиву адабие, ки шояд дар оянда  ба табъ нашр бирасанд. Бар иловаи ин, ду ҷилд асари  «Шуъарои Балх» -ро низ тасҳеҳ ва тадвин намудааст. Билохира, дар санаи 1393 ҳиҷрии қамарӣ доъии аҷалро лаббайк гуфта, ба раҳмати илоҳӣ пайваст ва дар мазори «Шуҳадои солеҳин»-и шаҳри Кобул ба хок супорида шуд.

Мавлоно Хаста аз худ осори зиёди илмиву адабӣ ва таърихӣ ба ёдгор гузоштааст. Ӯ дар дар сурудани шеър ва чӣ таълифи осори илмиву бадеъи насрӣ  забардаст ва соҳибистеъдод будааст. Афсус, ки дар зодгоҳаш – Тоҷикистон Мавлоно Хастаро хеле кам мешиносанд. Намунае аз шеъри Мавлоно Хаста ин аст:

Гаҳ дар олами шитову гаҳ дар ғами сайф,

Ғоҳил ба қалам шудему ғофил аз сайф.

Не тӯшаи ин на барги он дар кафи мост,

Бигзашт зи мо умри гиромӣ, сад ҳайф.

Хиргоҳии Балхӣ

Мавлоно Хиргоҳӣ муаллифи китоби «Нирайни фалак» аз суханварони  Имомқулихон ва Надирмуҳаммадхон мебошад. Хиргоҳӣ аслан аз деҳаи Хиргоҳтарошони Ҳисори Шодмони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва нашъунамои ӯ дар Балх анҷом ёфта ва дар замони Ҳаштархониён дар ҳамин шаҳри бостонӣ умр ба сар бурдааст. Дар сурудани ашъори шево ва пурмазмун истеъдоди хуб доштааст. Ин рубоӣ намунае аз ашъори вай аст:

Девонагим ба кӯҳи водӣ овард,

Ғамро ба дил ба ҷойи шодӣ овард.

Ишқи ман агар туро ба бераҳмӣ бурд,

Ҳусни ту маро ба номуродӣ овард.

Ховандшоҳи Балхӣ

Муҳаммад ибни Сайид Бурҳониддин Ховандшоҳ ибни Камолиддини  Маҳмуд, ки ба тахаллуси Мирхонд шӯҳрат дорад, мусаннифи таърихномаи маъруф – «Равзату-с-сафо» мебошад, ки аз таърихнигорони барҷастаи аҳди исломӣ ба шумор меравад. Чуноне ки марҳум Салоҳуддини Салҷуқӣ дар асари худ  «Мазороти Ҳирот»  қайд кардааст: «Ин  таърихнигори варзида ва маъруф  ҳарчанд дар Ҳирот нашъунамо ёфта, ба камол расидааст, аммо аслан балхӣ аст». Падараш Сайид Бурҳониддини Ховандшоҳ ном дошта, аз сайидони Бухоро буд. Яке аз муҳаққиқони осори Мирхонд – Аббоси Зарёб менависад, ки Сайид Бурҳониддин «ба чаҳор восита фарзанди Сайид Аҷалли Бухороист, ки  аз содоти бузурги Мовароуннаҳр буд».

То ҷое, ки аз «Ҷавомеъу-т-таворих» -и Рашиддадин маълум мегардад, писарон ва наберагони Сайид Аҷалли Бухороӣ дар даврони имперотурии муғул ба ҳангоме, ки Чин маркази идории онон буд, яке аз вазифаҳои олии давлатиро мавсум ба «Финҷон» ба ӯҳда доштанд, ки дар муқоиса бо мартабаҳои идорӣ дар давлатҳои бузурги исломии он замон баробар ба мартабаи сарвазир буд. Ва аз нимаи дуввуми қарни сездаҳи милодӣ сар карда, нуфузи Сайид Аҷалли Бухороӣ ва минбаъд фарзандону наберагонаш дар дарбори имперотурии бузурги муғул сол ба сол боло гирифт ва аз ҷумлаи наздиктарин ва боэътимодтарин сарварони давлати муғулӣ дар назди хони бузург шинохта шуданд, то ҷое, ки даҳҳо тан аз олу авлоди ӯро дар мансабҳои гуногуни идории давлатӣ мадхал дода буданд.      

Сайид Бурҳониддини Балхӣ аз муридони Шайх Баҳоуддини Умар аст ва аз асҳобу наздикони вай ба шумор мерафтааст, аз ин сабаб дар Ҳирот иқомат доштааст ба андозае, ки Шайх Умар васият фармуда буд, ки намози ҷанозаашро Сайид Бурҳониддини Балхӣ имомат кунад ва тибқи васияташ ӯ ин амри хайрро ба ҷо овард. Ва дар охири умр Ховандшоҳ боз ба Балх баргашт ва он ҷо аз дунё гузашт ва дар паҳлӯйи Хизравияи Балхӣ ба хок супорида шуд.

Ховандшоҳ Муҳаммад  дар Ҳироти бостонӣ ба дунё омадааст ва дар ҳамин ҷо касби илму дониш кардааст. Дар улуми ақлӣ ва нақлӣ, ҳол ва қол маҳорати комил пайдо намудааст ва дар охири умр гӯшанишинӣ ихтиёр карда, билохира, бемор шуда, вопас ба шаҳри Ҳирот рафту зиндагӣ ихтиёр кард, то ин ки дар ин шаҳри бостонӣ вафот карда, ба раҳмати Хақ таъло пайваст. Муаллифони сарчашмаҳои адабиву таърихӣ менависанд, ки вафоти вай дар санаи дуюми зилқаъдаи 903-и ҳиҷрии қамарӣ рӯх додаст. Турбаташ дар ҷавори мазори Шайх Баҳоуддини Умари Чағорагӣ воқеъ гардидааст.

Ховандшоҳи Балхӣ осори зиёди адабӣ, илмӣ, таърихӣ таълиф намудааст, ки маъруфтарини онҳо  «Равзату-с-сафо фӣ сиратиланбиёи вал мулуки вал-хулафо» » ба шумор меравад, ки аз муқаддима, ва ҳафт қисму хотима иборат аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.