Ашъори устоди сухан Ҳаким Абулқосими Унсуриро

Аз ташбиби қасидаҳо

Дили маро аҷаб ояд ҳаме зи кори ҳаво,

Ки мушкбӯй салаб шуд зи машкбӯй сабо.

Зи рангу бӯй ҳамедонаму надонам аз он-к

Чунин ҳаво зи сабо гашт ё сабо зи ҳаво.

Дарахт агар олами парниён кушод равост,

Ки хок боз кушодаст мафраши дебо.

Ба нуру зулмат монад замину абр ҳаме,

Ба дурру мино монад сиришки абру гиё.

Фирефтаст замин абри тираро, ки аз ӯ

Ҳамеситонад дурру ҳамедиҳад мино.

Ба зери гавҳари алвону зери нақши бадеъ

Нуҳуфта гашт дарозии оламу паҳно.

Агарчи гавҳару нақши ҷаҳон фаровон аст,

Ҳама синоати абр асту дастбурди сабо.

Чӣ фоидаст зи нақши баҳору пайкари ӯ,

Кӣ аз ҳавош ҷамол асту аз бухор наво,

Агар ҳавош бад-ин рӯзгор тоза кунанд,

Ба рӯзгори хазон ҳам ҳаво кунад-ш ҳабо.

                           ***

Чунон бошад бар ӯ ошиқ ҷамоло.

Ки хубиро аз ӯ гирад мисоло.

Агар холӣ шуд аз шахсаш канорам,

Хаёлаш кард шахсамро хаёло.

Бадиро аз кӣ ранҷ ояд, ки хубон

Биёроманд дар залли залоло.

Ман азбас ҳилати чашмаш бидонад,

Ки наргисро чӣ дар даст эҳтиёло.

Дили ман доира гашт, эй шигифте,

Мар ӯро нуқта он дилбанди ҳоло.

Дило, гашт аз фироқи сарви самин

Тани сарват шуд аз нола чу ноло.

Агарчи ман зи ишқаш ранҷа гаштам,

Хушо ранҷо, ки нафзояд малоло.

                        ***

Ҳар суоле, к-аз он лаби сероб

Дӯш кардам, ҳама бидод ҷавоб.

Гуфтамаш: ҷуз шабат нашояд дид,

Гуфт: пайдо ба об бувад маҳтоб.

Гуфтам:аз ту кӣ бурда дорад меҳр?

Гуфт: аз ту кӣ бурда дорад хоб?

Гуфтам: аз шаб хизоби рӯз макун,

Гуфт: бар зар зи хун макун ту хизоб.

Гуфтам: аз тоби зулфи ту тобам,

Гуфт: аз ӯ тофта шавад, ту матоб.

Гуфтам: он лола дар ҳизоби шаб аст,

Гуфт, к-аз ишқи ӯ шавӣ ту мусоб.

Гуфтам: он зулф сахт хушбӯ аст,

Гуфт: з-он рӯ, ки ҳаст анбари ноб.

Гуфтам: оташ бар он рухат кӣ фурӯхт?

Гуфт: он, к-ӯ дили ту кард кабоб.

Гуфтам: аз ҳоҷибат битобам рӯй,

Гуфт: касс рӯй тобад аз меҳроб?

Гуфтам: андар азоби ишқи туам,

Гуфт: ошиқ бале бувад ба азоб.

                          ***

Гуфтам: –  матоб зулфу маро, эй санам, матоб,

Гуфто, ки баҳри тоби ту дорам чунин битоб.

Гуфтам: ниҳӣ бар-ин дилам он тобдор зулф,

Гуфто, ки мушки ноб надорад қарору тоб.

Гуфтам: чу мушк гашт ду зулфат ба рангу бӯй,

Гуфто, ки рангу бӯй аз ӯ бурда мушки ноб.

Гуфтам: ба лолаву гул рӯи ту дод ранг,

Гуфто: диҳад ба лолаву гул ранг маҳтоб.

Гуфтам: чаро ситонад моҳ аз рухи ту нур?

Гуфто, ки моҳ нур ситонад зи офтоб.

Гуфтам, ки аз ҳиҷоб наорӣ рухат бурун,

Гуфто, ки моҳ пур шавад аз шарм дар ҳиҷоб.

Гуфтам: дилам бисӯзад в-аз дида хун чакад,

Гуфто, ки то насӯзад гул, кай диҳад гулоб?

Гуфтам: саҳобвор биборам зи дида хун,

Гуфто: аҷаб набошад боридан аз саҳоб.

Гуфтам, ки дидам аз дилу абрам зи чашм хост,

Гуфто, ки дуд аз оташ хезад бухор аз об.

Гуфтам: чаро бибурдӣ хоб аз ду чашми ман?

Гуфто: бад-он сабаб ки набинӣ маро ба хоб.

Гуфтам: ба хоб ёбӣ бо нола ҳамраҳӣ?

Гуфто, ки хоб беҳтар бо нолаи рубоб.

Гуфтам, ки аз дилам бинишон ту шарори ғам,

Гуфто: шарори ғам кӣ нишонадба ҷуз шароб.

                            ***

Буд, ки бутгар кунад-ш дилбар нест,

Дилбарӣ дастбурди бутгар нест.

Бути ман дил барад, ки сурати ӯст

Озаривору сунъи озар нест.

Аз бадеъӣ ба бӯстони биҳишт

Ҷуфти болои ӯ санавбар нест.

Чист он ҷаъди силсила, ки ҳаме

Бӯйи анбардеҳ асту анбар нест?..

Бинӣ он чашми пуркарашмаву ноз,

Ки баъд-он чашм ҳеҷ абҳар нест.

Сими бебор агарчи пок бувад,

Чун банӯгӯши он суманбар нест.

Гирди маҳ з-он ду зулф доираест,

Нуқтае з-он даҳон-ш камтар нест.

                         ***

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Гар ин рӯз аст, шаб хондаш набояд,

В-агар шаб рӯз шуд, хушрӯзгор аст.

Ҳамоно, к-ин диёр андар биҳишт аст.

Ки бас пурнури рӯҳонӣ диёр аст.

Фалакро бо замин анбозӣ омад,

Ки расми ҳар ду тан дар як шумор аст.

Гаҳе сарви баланд асту гаҳе боз,

Ақиқин гунбади зарриннигор аст.

Ар эдун к-ӯ ба сурат равшан омад,

Чаро тира дамаш ҳамранги қор аст?

Гар аз фасли зимистон аст баҳман,

Чаро имшаб ҷаҳон чун лолазор аст.

Ба лола монад ин, лекин на лоласт,

Шарори оташи Намруду нор аст.

                                   ***

Боди наврӯзӣ ҳаме дар бӯстон бутгар шавад.

То зи сунъаш ҳар дарахте лӯъбате дигар шавад.

Боғ ҳамчун кулбаи баззоз пурдебо шавад,

Бод ҳамчун таблаи аттор пуранбар шавад.

Савсанаш сими сапед аз боғ бардорад ҳаме,

Боз ҳамчун орази хубон замин ахзар шавад.

Рӯйбанди ҳар замине ҳуллаи чинӣ шавад,

Гӯшвори ҳар дарахте риштаи гавҳар шавад.

Чун ҳиҷоб лӯъбатон хуршедро бинӣ зи ноз

Гаҳ бурун ояд зи меғу гаҳ ба меғ андар шавад.

Дафтари Наврӯз бандад бӯстонкирдор шаб,

То кавокиб нуқтаи авроқи он дафтар шавад.

Афсари симин фурӯ гирад зи сар кӯҳи баланд,

Боз миночашму деборӯю мушкинсар шавад.

                                      ***

То ҳаме ҷавлони зулфаш гирди лолистон бувад,

Ишқу ромишро ба гирди ҳар диле ҷавлон бувад.

То ҳаме нотофта тоб уфтад дар зулфи ӯ,

Тофта будан дили ушшоқро паймон бувад.

Мар-маро пайдо наёмад, то надидам зулфи ӯ,

К-аз шаба занҷир бошад, ё зи шаб чавгон бувад.

Оразаш донад магар, к-аз чашми бад ояд сутӯҳ,

Аз ниҳеби чашми бад доим дар ӯ пинҳон бувад.

То ҷаҳон будаст касс бар бод нафшондаст мушк,

Зулфи ӯро ҳар шабе бар бод мушкафшон бувад…

Шодӣ андар ҷони ман маъво гирифт аз ишқи ӯ,

Шод бошад ҷони он кас, к-аш чунон ҷонон бувад.

                                       ***

Моҳи рухсораш ҳаме дар ғолия пинҳон шавад,

Зулфи мушкинаш ҳаме бар лола шодирвон шавад.

Дардам он рӯй асту дармонам ҳам аз дидори ӯ,

Дидаӣ дарде, ки дар вай бингарӣ, дармон шавад.

На шигифт аст, ар бигардад зулфи ҷонон ҷонвар,

Гунаи рухсораи ҷонон бад-ӯ дар ҷон шавад.

Гар бихандад як замон он лаб, шакар гардад гарон,

В-ар биҷунбад як замон он зулф, мушк арзон шавад,

В-ар кунӣ сурат ба ҷон андар лабашро ту ба ваҳм,

Ҷонат аз ранги лабаш ҳамгунаи марҷон шавад…

Ҳаҷри ӯ з-уммеди васли ӯ бувад ширин чу васл,

Васли ӯ аз бими ҳаҷраш талх чун ҳиҷрон шавад.

Чун биҳиште ҳаст он рухсори ҷонафзои ӯ,

В-он чӣ биафзояд ҳам аз надиданаш нуқсон шавад.

                               ***

Нигар ба лолаву боди баҳори рангпазир:

Яке аз ранги ақиқу яке бӯйи абир.

Чу ҷаъди зулфи бутон шохҳои беду хавид:

Яке аз ҳаме зиреҳ асту яке ҳама занҷир.

Дарахту дашт магар ҳастанд хилъати абр:

Яке тавилаи гавҳар, дигар бисоти ҳарир.

Бухори тираву аз абр дашти миноранг:

Яке ба сони ғубору дигар ба сони ғадир.

Зи рангу бӯй гиёву замин ту гӯйӣ ҳаст:

Яке зи ҳуллаи бисоту дигар зи мушк хамир.

Ҳаво зи акси само тираву замин гулгун:

Яке чу хомаи Монӣ, яке бути Кашмир.

Ҳавою роғ ту гӯйӣ ду оламанд бузург:

Яке пур аз ҳаракоту дигар пур аз тавсир.

Ба дашт сунбулу мино сипаҳ кашиду нишаст:

Яке ба маъдани барфу дигар ба ҷои зарир.

Нигорҳои баҳорӣ чу шеърҳои бадеъ:

Якест пур зи мувашшаҳ, дигар пур ташҷир.

Зи чизҳо ба ду чиз аст рангу бӯйи баҳор:

Яке ба боди савобу дигар ба абри матир.

                         ***

Ду чиз аст рухсораву зулфи дилбар:

Гули мушкбӯю шаби рӯзпарвар.

Гул андар шуда зери нур, раста сунбул,

Шаб андар шуда чун зиреҳ як ба дигар.

Ҳамоно, ки хуршед ранги лабашро

Бидуздад, ки бахшад ба ёқути аҳмар.

Рухаш гулистон асту майгун лабонаш,

Ба гуна ба урдубиҳишту ба озар.

Зи ранги рухаш пургули сурх маҷлис,

Зи ранги лабаш пур майи лаъл соғар.

Накӯтар зи равшан ҳаме тиразулфаш,

В-агарчанд равшан зи тира накӯтар.

Накӯтар зи фарбест лоғар миёнаш,

В-агарчанд фарбе накӯтар зи лоғар.

Ҳаметобат он зулфи мушкин-ш доим,

Ҳамеҷӯшад он хатти ҷафта чу чанбар.

Ба моҳи мунаввар-ш монанда кардам,

Маро рӯз шаб кард моҳи мунаввар.

Ба дидори он сарви беҷодабар

Ҳамекард анбар ба беҷода бар.

Зи рӯю зи болою зулфу лабаш

Ҳиҷил шуд маҳу сарву мушку шакар.

Буту моҳро ном хубӣ мадеҳ,

Ки ӯ аз буту маҳ бувад хубтар.

Гиреҳдор зулфаш ҳиҷоби суман,

Зиреҳдор ҷаъдаш ниқоби қамар.

Суман бошаду мушк, лекин чунин

Набошад гиреҳбанду ҳалқашумар.

Ҳаме зулф бартобад аз бими он-к

Дар ӯ гум шавад, ар натобад камар.

Ба дида дар аз дидани рӯйи ӯ

Нигор аст гӯйӣ ба ҷойи басар.

Ба мағз андар аз оташи ишқи ӯ

Шарор аст гӯӣ ба ҷойи фикр.

Зи тимори ӯ солу маҳ мондаам,

Зи дил гашта навмеду ҷон дар хатар.

                          ***

Мунаққаш оламе фирдавскирдор,

На Фархору ҳаме пурнақши Фархор.

Бутоне андар ӯ, к-аз хашми хубон

Ба гирди оразу хуршеди рухсор.

Бад-он монад, ки зоғонанду доранд

Гул андар чангалу лола ба минқор.

Ба чеҳру ғамза наққошанду ҷоду,

Зи рангу бӯй баззозанду аттор.

Шаби саргашташонро рӯз маъман,

Гули наврасташонро ғолия ёр.

Гаҳе андар кашад лола ба сунбул,

Гаҳе сунбул ниҳад бар лола анбор.

Аз эшон ҳар яке ҳамчун дарахте,

Ки симаш асл бошад, арғувон бор.

Чу чархи рӯз бошад рӯзи ромиш,

Чу бурҷи рӯз бошад вақти пайкор…

                         ***

Ғунудастанд бар моҳи мунаввар

Хату зулфайни он бутрӯйи дилбар:

Якеро сунбули навруста болин,

Якеро лолаи худрӯй бистар.

Зи мушкин ҷаъд занҷир аст гӯӣ,

Зи анбар ҳалқаи зулфайн чанбар:

Якеро нуқрае бе бор ноф аст,

Якеро ойина бе занги миҷмар.

Руху чашмаш зи ду масти мухолиф

Ду чиз оранд, ҳар ду маст, бингар:

Яке аз моҳи озар оби лола,

Яке аз моҳи озар чашми абҳар.

Чу некӯ чеҳраву қаддаш бубинад,

Шавад аз наът ҳар ду ақл музтар:

Якеро лӯъбати Кашмир хонад,

Якеро баркашида сарви Кашмар.

Ба рӯю мӯйи ӯ бингар, ки бинӣ

Бе озар ҳардувонро феъли озар:

Яке бе дуд солу моҳ тира,

Яке бе нур рӯзу шаб мунаввар.

Ба дандону лабаш бингар ба ибрат,

Ду маънӣ ҳар якеро буд ҳамбар:

Яке лӯълӯъи уммониву парвин.

Яке ёқути руммониву шаккар. 

                         ***

Агар ба тирмаҳ аз ҷома беш бояд тир,

Чаро бараҳна шавад бӯстон чу ояд тир?

В-агар зиреҳ набарад бод ҳавои латиф,

Чунин кӣ  бурд зиреҳпораҳо сағиру кабир?

В-агар фурӯ шавад оҳан ба обу табъ ин аст,

Чаро барояд ҷавшан ҳаме ба рӯйи ғадир?

Раз аз фироқи сабо хунгириву зардрухест,

Рухони зардаш баргашту хуни дида асир.

Чу хун шудаст сиришки разон, ношуда хун,

Ки зар ба сурати пирон шудаст, ношуда пир.

Раз ар зи пирӣ пажмурду тира гашт, равост,

Ҷавону тозаву равшан бас аст давлати мир.

                            ***

Бад-он монад, ки Яздони гаравгар

Ҷаҳоне нав баровардаст дигар.

Чу Кашмар буми ӯ пурсарву болин,

Чу Кашмир асли ӯ пурнақшу бофар.

На нақш аз бун набошад ҷуз ба Кашмир,

На сарв аз бун набошад ҷуз ба Кашмар.

Бад-ӯ андар биёбӣ сунъи Эзид,

Мисоли озариву нақши озар.

Шикаста хурд бар шамшод сунбул,

Фишонда паст бар кофур анбар.

Муғалғал ғолия бар симу нуқра,

Мусалсал мушк бар моҳи мунаввар.

Аз эшон ҳар яке чун рӯз равшан,

Зи тирашаб ниҳода бар сар афсар.

Ҳамеша зери рӯз андар бувад шаб,

Кӣ дида рӯз аз зеру шаб аз бар.

Чу бинӣ қадди эшонро, ту гӯйӣ:

Ҳаме шамшод рӯяд бар муасфар.

                             ***

Чӣ гуна бархӯрам аз васли он бути дилбар,

Ки сӯхт оташи ҳаҷраш дили маро дар бар?!

Тамаъ кунад, ки зи маъшуқ бар хӯрад ошиқ,

Бад-ин ҷаҳон набувад кор аз ин мухолифтар.

Аз он ки ошиқ набвад касе, ки дил надҳад,

Чу дод дил, натавонад гирифт аз дилбар.

Зи баҳри васлаш ҳар ҳилате ҳамесозам,

Висол бошад бо ӯ маро ба ҳила магар?

Шудам ба сурати чанбар чу зулфи ӯ дидам,

Ба сурати расану асли он расан анбар.

Магар ба ман гузарад, ҳаст дар масал, ки расан,

Агар чи дер бувад, бигзарад сӯйи чанбар.

Чӣ хезад аз ғазалу наъти некӯвон гуфтан,

Чаро нагӯйӣ наъту санои хайр ба шар?!

                                ***

Зи ишқи хеш магар зулфи он парирухсор,

Шикаста шуд, ки чунин ҷафта гашт чанбарвор.

Зиреҳ набуду зиреҳ шуд, зи бас гиреҳ, ки гирифт.

Шаби сиёҳ кӣ дид аз гиреҳ зиреҳкирдор.

Зи бас ки лаъб намояд, зи бас ки бӯй диҳад,

Гаҳе мушаъбид хонанду гаҳе аттор.

Магар, ки бод бар ӯ чу бода муставлист,

Ки гоҳ доира созад аз ӯву гаҳ паргор.

Мадеҳ ба ишқ инон, эй дил, ар нахоҳӣ ранҷ,

Ки ҳар кӣ ошиқ шуд, ранҷа дил зияд ҳамвор.

Ҳаме нигорӣ беҳуда зар ба марворид,

Ки ман ба шаҳр нигоре бадеъ дорам ёр.

                               ***

Оразашро ҷома пӯшидаст некӯиву фар,

Ҷомае, к-аш абра аз мушк асту з-оташ остар.

Турфа бошад мушк пайваста ба оташ моҳу сол,

В-оташе, к-ӯ мушкро ҳаргиз насӯзад турфатар.

Чун тавонад дил бурун омад зи банди ҳалқаҳош,

Гаҳ бурун натвонад омад ҳалқаҳош аз якдигар.

Ҳар кӣ мушки неку дебои накӯ хоҳад ҳаме,

Маъдани ҳар ду манам, пас гӯ: биё,  в-аз ман бубар.

З-он ки то зулфайни ӯ бӯидаму дидам рухаш,

Мағзи ман Тиббит шудасту дидагонам Шуштар.

Кину меҳр ар на яке бошад бари умраш, чаро

Ман бар-ӯ бар меҳрубонам, ӯ ба ман бар кинавар?

Меҳраш андар ҷисми ман омехта шуд бо равон,

Чеҳраш андар чашми ман омехта шуд бо басар.

                               ***

Иттифоқ афтод пиндорӣ маро бо зулфи ёр,

Ҳамчу ӯ ман кӯжпуштам, ҳамчу ӯ ман беқарор.

Тофтаст он зулфи пурдастону ман з-ӯ тофта,

Чун миёни мо бипайвандад замоне рӯзгор.

Тоби ӯ бар тоби ман анбар ба бор орад ҳаме,

Тоби ман бар тоби ӯ ёқути сурх орад ба бор.

Қоматаш хоҳам, ки бошад солу маҳ дар чашми ман

З-он ки некӯтар бувад сарви сиҳӣ дар ҷӯйбор.

Парда шуд равшанрухашро тиразулфу нодир аст

Пардаи аҳриманӣ бар рӯйи яздонинигор.

Гар баҳори тоза шояд сохта бо замҳарир,

Чун нашояд тирборони самумам созгор.

Рӯй зери об дорам, об неҳ бал хуни дил,

Рӯҳ зери бор дорам, бор неҳ бал тирбор.

                            ***

Аз дидану бисудани рухсору зулфи ёр

Дар даст мушк дораму дар дида лолазор.

Бо мушк ранг дорам аз он зулфи мушкранг,

Бо лола кор дорам аз он рӯи лолакор.

Мондаст чун дили ман дар он зулфи ӯ асир,

Рухсори обдораш дар зулфи тобдор.

Гаҳ бандадаш ба ҳалқаву гаҳ дорадаш асир,

То ҳамчунон ки ӯст, сияҳ гашту беқарор.

Сарву маҳу бунафша ба бӯстон биҳил, ки ӯ

Моҳест пурбунафшаву сарвест пурканор.

Гуфтам: ситора дорад дар нӯш, то бикард

Нӯши ситорадораш чашмам ситорабор.

                             ***

Ҳазор гуна зиреҳ баст зулфи он дилбар,

Зи мушк ҳалқа шуда бар шикасти якдигар.

Чунон ки бод ҳар он гаҳ, ки барвазид бар ӯй,

Гиреҳкушой шуду мушксою ҳалқашумар.

Агар битобад, пурпарниёну зар гардад,

В-агар бупечад, пурарғувон шавад чанбар:

Гули шукуфта ҳаме мушк сояд, ин аҷаб аст,

Аҷабтар он ки ҳаме ҷодуӣ кунад абҳар.

Қадаш чу аръару рӯяш, ки бӯстон гардад,

Гул асту наргису шамшоду арғувон дар бар.

Ҳаме биҷӯшад зулфаш зи ишқи хеш чу ман,

Чаро биҷӯшад мискин бар оташин бистар?

Зи дурр шуд чу ақиқ ашкам аз ақиқи лабаш,

Ҳадиси ӯ шунаву кун бар он ақиқ гузар.

                            ***

На хуфтаст он сияҳчашму на бедор,

На маст аст он сияҳзулфу на ҳушёр:

Яке бедортабъу хуфтасурат,

Яке ҳушёртабъу масткирдор.

Сари ҷаъду сари зулфаш нигаҳ кун,

Чу хатти доира бар сими гулнор:

Яке шуд муставӣ бе ранҷи мистар.

Яке шуд мунҳанӣ бе ранҷи паргор.

Ба рӯю мӯйи ӯ ҳар монавиро

Зи мазҳаб ошкоро карда асрор:

Якеро ҳуҷҷати аҳриман омад,

Якеро ҳуҷҷати яздони додор.

Зи атториву наққошӣ ду ганҷ аст

Ба зулфи тираву рахшанда рухсор:

Яке бар сони атторони Тиббит,

Яке бар сони наққошони Фархор.

Руху ҷаъдаш зи ду ранги мухолиф

Ҳаме бе асл бинмояд намудор:

Яке монандаи Зӯҳраст равшан,

Яке монанди Ҳорути нагунсор.

Яке шангарфҷӯю ранги шангарф,

Яке зангорҷӯю ранги зангор.

Гули баҳору бехор аст баргаш,

Рухи чашмаш чаро бехору бохор:

Яке чун сурхгул бехору дилбанд,

Яке чун наргису хораш ҷигархор.

Маро ҷону хирад ҳарду азиз аст,

Надорам ҳардуро ҷуз шод ҳамвор…

                            ***

Гар аз ишқаш дилам бошад ҳамеша зери бор андар,

Чаро гум шуд рухаш боре ба зулфи мушкбор андар.

Агар таъна занад қаддаш ба сарви ҷӯйбор андар,

Чаро рахна кунад ғамзаш ба теғи зулфиқор андар.

Шикаста зулфи мушкафшон ба гирди рӯйи ёр андар,

Ба шайтонӣ ният монад, ба яздонӣ ба кор андар.

Ҷафо гӯйӣ гирифтастӣ вафоро дар канор андар,

Ту пиндорӣ гули сурӣ шукуфтастӣ ба қор андар.

Гул аз рӯяш барад барад гуна ба ҳангоми баҳор андар,

Муғ аз чеҳраш барад сурат ба фағфурӣ нигор андар.

Зи хубӣ ӯ ба нур андар, зи ишқаш ман ба нор андар,

Чунон к-ӯ ҷодуӣ дорад ба чашми пурхумор андар.

                     ***

Эй парирӯйи одамипайкар,

Ранҷи наққошу офати бутгар.

Тирагӣ мар хати туро бандаст,

Рӯшноӣ рухи туро чокар.

Ҷодӯӣ ғамзаи туро теғ аст,

Некӯӣ чеҳраи туро лашкар.

Рӯю мӯят маар аз маҳу зи мушк

Бениёз аст, ар кунӣ бовар.

Пеши рӯйи ту моҳро чӣ шараф?!

Пеши мӯйи ту мушкро чӣ хатар?!

Ду руху ду лабат ба рангу маза

Чира омад бар арғувону шакар.

Бар рухи туст каждуми аҷаб аст,

Захми ӯ мар-маро миёни ҷигар.

Бе ту хубӣ ҳама натонад буд,

Бо ту зодаст гӯйӣ аз модар.

Сангу сим ар на ҷонвар бошад,

Чун ту сангиндиливу симинбар?

Чанбари зулфро зи ман бимапӯш,

К-аз ғамаш гашт пушти ман чанбар.

                            ***

Гаҳ он ороста зулфаш зиреҳ гардад, гаҳе чанбар,

Гаҳ он пироста ҷаъдаш биборад мушку гаҳ анбар.

Ба рӯ аз некӯйӣ маънӣ,  ба ғамз аз  ҷодӯӣ даъвӣ,

Ба чеҳра ҳуҷҷати Монӣ, ба хубӣ ҳоҷати Озар.

Шукуфта лоларухсора, ҳиҷоби лола ҷаррора,

Бар аз оҷу дил аз хора, тан аз ширу лаб аз шаккар.

Сириштарӯяш аз раҳмат ҳамедун ганҷи пурнеъмат,

Рух аз нуру хат аз зулмат, лаб аз марҷон дил аз мармар.

Суманбӯе, шабаҳмӯе, болоҷӯе ҷафогӯе,

Паризоде, парирӯе, паричеҳра, парипайкар.

Дилороме, дилорое, ғаманҷоме, ғамафзое,

Накӯрӯе, накӯрое, ба ҳусн андар ҷаҳон сарвар.

Рухе чун навшукуфта гул, ҳаме гулбар ба ранги мул,

Ҳама шамшод пурсунбул, ҳама беҷода пуршаккар.

Зи ман тоъат в-аз ӯ фармон, ҳам ӯ васлу ҳам ӯ ҳирмон,

Ҳам ӯ дарду ҳам ӯ дармон, ҳам ӯ дузду ҳам ӯ довар.

                                   ***

Гар на мушк аст, аз чӣ маънӣ шуд сари зулфайни ёр

Мӯшкбӯю мушкрангу мушксою мушкбор?

Ар дили моро бубаст, ӯ худ чаро дар банд шуд?

В-ар қарори мо бибурд, ӯ худ чаро шуд беқарор?

В-ар нашуд абрӯш ошиқ, чанд бошад кӯжпушт?

В-ар на май хӯрдаст чашмаш, аз чӣ бошад дар хумор?

Моҳтоб асташ баногӯшу хаташ сунбул бар ӯ,

Офтоб асташ руху болаш сарви чӯйбор.

Ҳеҷ кас дидаст моҳе , к-андар ӯ сунбул дамид?

Ҳеҷ ки дидаст сарве, к-офтоб овард бор?

То бибӯсидам-ш ҷаъду то биковидам-ш зулф,

То бибӯсидам-ш лаълу то бигирифтам канор,

Дар ду дастам анбар асту дар машомам ғолия,

Дар дахонам ангубину дар канорам лолазор.

Сурхи аз хун нагсалад ҳаргиз, чунон к-аз нор нур,

Мардумон гӯянд, лекин ман надорам устувор.

З-он ки ман барам ба рух-бар хуну рӯйи ӯст сурх,

З-он ки рӯяш ҷои ну расту дили ман ҷои нор.

                        ***

Наврӯз фароз омаду идаш ба аср бар,

Н-аз якдигару ҳар ду зада як ба дигар бар.

Наврӯзи ҷаҳонпарвар монда зи даҳоқин,

Деҳқони ҷаҳондидаш парварда ба бар бар.

Он зевари шоҳона, ки хуршед ба ӯ баст,

Овард, ҳамехоҳад бастан ба шаҷар бар.

Бар гавҳари ӯ абр магар ошиқ гаштаст,

К-аз дида ҳаме қатра чаконад ба гуҳар бар.

Гӯйӣ магар аз чашмаи Хизр аст, чу бинӣ,

Обе, ки бувад монда шабона ба хазар бар.

Аз лола чу беҷодаст оҳу ба биёбон,

Нахҷир чу пирӯза зи сабза ба камар бар.

Бо ёр яке сӯйи шамар шав, чу вазад бод,

Бишмар шикани зулфи бутонро аз шамар бар.

Гар хок ҳамехандад зери қадами абр,

Чун абр ҳаме зор бигиряд ба забар бар.

Пурсурату нақш аст ҳаме рӯйи замин пок,

Фитнаст магар абр бар ин нақшу сувар бар.

                              ***

Нигоре, ки буд тайласон парниёнаш,

Бар зар зи чӣ мансух шуд бар миёнаш?

Нигоре, ки Наврӯз кард аз дарахтон,

Чаро боз бистурд боди хазонаш?

Хусумат кунад боғ бо бод, азеро

Ки бистурд ҳама зевари гулситонаш.

На бӯяст бо хуллаи мушкбедаш,

На ранг аст бо киллаи арғувонаш.

Ба ғорат бибурд он ҷавоҳир, ки будӣ

Пароканда бар тахтаи бӯстонаш.

Надонам, ки разро, ки дод ин бизоъат,

Ки пурзаъфарон шуд миёну каронаш?

                             ***

Меҳргон омад гирифта фолаш аз некӣ мисол,

Неквақту некҷашну некрӯзу некҳол.

Фол фирӯзиву зарраст осмону бӯстон,

К-он яке пирӯзҷомаст, ин дигар зарринниҳол.

Гирди барги зарди ӯ барҷафта шохи зарди хеш

Рост пиндорӣ, ки бадр овехтастӣ аз ҳилол.

Бигзарад боди шамол эдун ки нашносӣ, ки ӯ

Дастҳои ноқиди зарраст ё боди шамол.

Осмон пок асту як пора дар ӯ абри сиёҳ

Ёфтаст аз базмгоҳи хусрави машриқ мисол.

                        ***

Гули навшукуфтасту сарви равон,

Баромехта меҳри ӯ бо равон.

Хирад чеҳри ӯ бинигорад ба дил,

Ки дил меҳри ӯ бозбандад ба ҷон.

Агар бингарӣ сӯйи рухсори ӯ,

Бирӯяд ба чашм андарат арғувон.

Ба ман гар ба ангушт ишорат кунӣ,

Зи нохун-т берун дамад заъфарон.

Беҳ аз шаккараш лафзи шаккаршикан,

Беҳ аз анбараш зулфи анбарфишон.

Агар номи печидазулфаш барӣ,

Пур аз мушк ёбӣ ту кому даҳон.

В-агар васф гӯйӣ зи ширинлабаш,

Равон гардадат ангубин бар забон.

                               ***

Лола дорад тӯда-тӯда рехта бар парниён,

Мушк дорад ҳалқа-ҳалқа бофта бар арғувон.

Тахти баззоз аст, ё Раб, ё фаровон лолазор,

Табли аттор аст, ё Раб, ё шукуфта бӯстон.

Гар битонад зулфи мушкинро, дар ӯ дил гум шавад,

Бофта дорад ҳамеша зулфро  аз баҳри он.

Ҷомаи некӯ аз он пӯшад, ки накӯтар шавад,

Балки накӯйишро пӯшад ба ҷома бегумон,

Дар миёни дуду оташ ҳарчӣ  бошад сӯхтаст,

В-ар насӯзад ҳеҷ касро, то насӯзад дар ҷаҳон.

Гар бисӯзад  дар миёни дуду оташ хатти ӯ,

Ман чаро бояд ки бошам сӯхтадил аз миён?

Чун бихандад, шаккару лӯълӯъ фурӯ резад ба танг,

Гӯйӣ аз Уммону Аскар омадасташ корвон.

                               ***

Дар ҷодуӣ муаллими пирони бобулӣ,

Дар некӯӣ муқаддами туркони халлухӣ.

Мушкинхатӣ, пас аз чи сабаб симоразӣ?

Ширинлабӣ, пас аз чӣ сабаб заҳрпосухӣ?

Хориҷ шавад зи наъти хатат табъи Унсурӣ,

Оҷиз шавад зи васфи лабат ваҳми Фаррухӣ.

То ҳамчу Юсуфӣ ба латифию хуррамӣ,

Бар аҳли халқ ҳуҷҷати аҳли таносухӣ.

                    ***

Ғазал Рӯдакивор некӯ бувад,

Ғазалҳои ман Рӯдакивор нест,

Агарчи бикӯшам ба борик ваҳм,

Бад-ин парда андар маро бор нест.

test

Добавить комментарий