Унсурии Балхи

Ӯ аз бузургтарин суханварони доираи адабии Ғазнин дар нимаи авали қарни ёздаҳуми милодӣ ба ҳисоб меравад. Унсурӣ маликушшуъарои дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буда, ба қавли Муҳаммад Авфӣ: «устоди шуъаро ва муқаддами арбоби ин шева аст».

Соли таваллуди вайро маъхазҳои адабӣ ва таърихӣ ба таври аниқ зикр накардаанд. Муҳаммад Авфии Бухороӣ  дар тазкираи худ исми пурраи вайро чунин гуфтааст: «Устодраис Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмад ал-Унсурӣ» (ниг. Лубобу-л-албоб, ҷилди 2, саҳ. 29). Шогирди рашиди ӯ – Манучеҳрии Домғонӣ дар қасидаи мадҳияи худ номи устоди хешро зикр намуда, дар васфаш барҳақ фармуда: 

Ту ҳаметобиву бар ту ҳамехонам меҳр,

Ҳар шабе то рӯз девони Абулқосим Ҳасан.

Устоди устодони замона Унсурӣ,

Унсураш  беайбу дил беғашшу динаш бефитан.

Шеъри ӯ чун табъи ӯ ҳам бетакаллуф, ҳам бадеъ,

Табъи ӯ чун шеъри ӯ ҳам бо малоҳат ҳам ҳасан.

Неъмати фирдавс як лафзи матинашро самар,

«Ганҷи бодовард» як байти мадеҳашро саман…              

Тибқи гуфтаи муаллифони сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ Абулқосим кунияти шоир, Ҳасан номи ӯ, Аҳмад номи падараш ва Унсурӣ тахаллуси адабиаш мебошад. Устод Унсурӣ тахаллуси адабиашро дар баъзе ашъори хеш зикр кардааст, ки намунае аз он дар қасидаи ба вазири аъзами Султон Маҳмуди Ғазнавӣ  – Хоҷа Абулқосими Маймандӣ бахшидашуда мебошад:

Хоҷа Булқосим – амиди сайид, он к-аз наъти ӯ,

Шеърҳои Унсурӣ пурлӯълӯъу  марҷон кунӣ.

Зодгоҳи Абулқосим Ҳасани Унсурӣ Балх аст. Дар ин шаҳри бостонӣ – маркази бузурги тамаддуни исломӣ овони кӯдакӣ ва навҷавонии вай гузаштааст ва дар мадрасаҳои зодгоҳаш таҳсили илм намуда, ба камол расидааст. Ӯ хидмати худро дар дарбори бародари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ – амир Наср ибни Сабуктегин шурӯъ намуда, соҳиби  мақоми баланд ва шӯҳрат мегардад. Ба қавли муҳаққиқи тоҷик, профессор Аҳмад Абдуллоев: «Дар давраи хизмати Унсурӣ дар дарбори Наср, албатта, овозаи ӯ то ба гӯши Султон Маҳмуд, ки дар дарбори худ доираи адабии бузурге ташкил карда буд, расида буд. Эҳтимол аст, ки Унсурӣ дар ин байн чандин бор бо Маҳмуд вохӯрдааст. Вай шояд аз дарбори Наср истода, дар мадҳи Маҳмуд баъзан қасидаҳо навиштааст. Ба ин ҷиҳат эҳтимол меравад, ки Маҳмуд Унсуриро ба дарбор даъват карда бошад» (ниг. А.Абдуллоев. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри ХI (доираи адабии Ғазнин), Душанбе: – Дониш, 1979, саҳ. 112).

Бояд гуфт, ки Султон Маҳмуди Ғазанавӣ суннати неку наҷиби давлатдории Сомониёнро бомуваффақият идома дода, дар дарбори худ доираи адабии бошукӯҳеро таъсис карда буд, ки беҳтарин ва номвартарин суханварони Хуросону Мовароуннаҳрро гирд оварда, барои эшон шароити мусоиди зиндагӣ ва эҷодӣ фароҳам сохта буд. Дар ин бора Давлатшоҳи Самарқандӣ дар тазкираи хеш чунин иттилоъ додааст: «Чунин гӯянд, ки дар рикоби Султон Маҳмуд ҳамвора чаҳорсад шоир мулозим будандӣ ва  пешвою муқаддами шуъаро устод Унсурӣ буд… ва ӯро дар маҷлиси султон мансаби надимӣ бо шоирӣ зам буда ва дар охир Султон Маҳмуд устод Унсуриро маликушшуъарои қаламрави худ арзонӣ дошт ва ҳукм фармуд, ки дар атрофи мамолик ҳар куҷо шоире ва хушгӯе бошад, сухани худ бар устод арза дорад, то устод ғассу самини онро мунаққаҳ карда, дар ҳазрати аъло ба арз расонад ва ҳама рӯз дар маҷлиси устод Унсурӣ шуъароро мақсаде муайян буда» (ниг. Тазкиратушшуъаро, 1337 шамсӣ, саҳ. 50).

Баъзе муаллифони сарчашмаҳои адабӣ қайд кардаанд, ки устод Абулқосими Унсурӣ ба ғайр аз надим ва малиушшуъаро буданаш,  боз амирулумарои дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ низ будааст.  Бархе аз муҳаққиқон, аз ҷумла муҳаққиқи тоҷик Аҳмад Абдуллоев роҷеъ ба ин масъала чунин нуқтаи назар  дорад: – «Ин гуфтор то чӣ дараҷа ба ҳақиқат наздик аст, намедонем. Унсурӣ дар дарбор мисли амирон обрӯву эътибор дошт ва дар назди Маҳмуд мӯҳтарам буд.. Аз ин ҷиҳат амирони вай ба ӯ итоат мекарданд ё не, равшан нест. Дар ин гуфтаҳои тазкиранависон шояд муболиға роҳ ёфта бошад» (Ниг. А. Абдуллоев, ҳамон асар, саҳ. 113).

Абулқосим Ҳасани Унсурӣ дар дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ соҳиби мақому мартабаи баланд ва сарвату дороии зиёде гардид. Дар маъхазҳои адабию таърихӣ дар бораи шукӯҳу шаҳомат ва сарвату дороии ӯ маълумоти зиёде дода шудааст. Аз ҷумла Ризоқулихони Ҳидоят дар тазкираи худ роҷеъ ба ин масъала чунин фармуда: «Дар хидмати султон давлату сарваташ ба ҷое кашид, ки касе бо вай баробарӣ натавонистӣ кард. Гӯянд: – «Чаҳорсад ғуломи турки зарринкамар дошт ва чаҳорсад шутур олоти заррина ва симинаи ӯро дар асфор бармедошт». Ал-ӯҳдат ал-ровӣ» (ниг. Маҷмаъу-л-фусаҳо, ҷилди 2, саҳ. 897).

Дар воқеъ, Маликушшуъаро Абулқосим Ҳасани Унсурӣ дар дарбори Ғазнавиён аз обрӯву эътибор ва манзалати баланд бархурдор будааст. Баъзе тазкиранависон мартабаву мақоми вайро аз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён боло гузоштаанд: «Гӯянд сарват ва сомони ӯ дар замони давлати Маҳмуд заъфи сомони Рӯдакӣ дар рӯзгори Сомониён буд» (ниг. Лутфалибеки Озар, Оташкада, саҳ.319). Шоири бузурги форсизабон Хоқонии Шервонӣ ба сарвату ҷоҳу манзалати устод Абулҳасани Унсурӣ ишора намуда, чунин гуфтааст:

Бале, шоире буд соҳибқирон

Зи мардуми соҳибқирон Унсурӣ.

Зи маъшуқи некӯву мамдӯҳи нек,

Ғазалгӯ шуду мадҳхон Унсурӣ…

Ба даври карам бахшиши нек дид,

Зи Маҳмуди кишварситон Унсурӣ…

Шунидам, ки аз нуқра зад дегдон,

Зи зар сохт олоти хон Унсурӣ…

Дар маъхазҳои адабиву таърихӣ бисёр лаҳзаҳои аҷиб аз ҳаёти ин шоири маъруф оварда шудааст, ки аз маҳорти суханварӣ ва истеъдоди нотакрори Абулқосим Ҳасани Унсурӣ шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла Ризоқулихони Ҳидоят дар тазкираи худ  чунин ҳикоятро овардаааст:

«Гӯянд: – вақте Султон Маҳмуд дар майдони саворӣ ва гӯйбозӣ  аз асп афтода, чеҳрааш харошида шуд, Ҳаким Унсурӣ ин рубоиро дар маъзарат гуфта, султон аспро ба вай баххшида буд:

Шоҳо, адабе кун фалаки бадхӯро,

К-офат бирасонид рухи некӯро.

Гар гӯй хато рафт, ба чавгонаш зан

В- ар асп ғазат кард, ба ман бахш ӯро.

Гӯянд: аспро бар вай бахшид» (ниг. Маҷмаъу-фусаҳо, саҳ. 918).      

Низомии АрӯзииСамарқандӣ дар «Чаҳор мақола» нақл кардааст, ки шабе Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар ҳолати сархушӣ ба маъшуқаш Аёз фармон медиҳад, ки гесувонашро бибурад. Аёз ин амрро ба иҷро мерасонад, вале саҳарии рӯзи дигар Султон  Маҳмуд ба худ омада, аз фармони додааш пушаймон мешавад. Аз ин рӯ, ба қавли муаллиф: «Мехуфту мехост ва аз муқаррабон касро заҳраи он набуд, ки  пурсидӣ, ки сабаб чист, то охири кор ҳоҷиб  Алии Қариб, ки ҳоҷиби бузурги ӯ буд, рӯй ба Унсурӣ кард ва гуфт: «Пеши султон даршав ва тариқе бикун, ки султон хуштабъ гардад». Унсурӣ фармони ҳоҷиби бузург ба ҷой овард ва дар пеши султон шуд ва хидмат кард. Султон сар баровард ва гуфт: «Эй Унсурӣ, ин соат аз ту меандешидам, мебинӣ, ки чӣ афтодааст маро? Дар ин маънӣ чизе бигӯй, ки лоиқи ҳол бошад». Унсурӣ хидмат кард ва бар бадеҳа гуфт:

Кай айби сари зулфи бут аз костан аст?

Чӣ ҷойи ғам нишастану хостан аст.

Ҷойи тарабу нишоту май хостан аст,

К-оростани сарв зи пиростан аст.

Султон Яминуддавларо бо ин ду байте ба ғоят хуш афтод.  Бифармуд, ки ҷавоҳир биоварданд ва се бор даҳони ӯ пури ҷавоҳир кард ва мутрибонро пеш хост ва он рӯз то шаб бад-ин ду байте шароб хӯрданд ва он доҳия (кори душвор)  бад-ин ду байте аз пеши ӯ бархосту азим хуштабъ гашт» (ниг. Чаҳор мақола. Душанбе: – Ирфон, 1986, саҳ. 61- 62).    

Ҳамдуллоҳи Муставфӣ низ дар «Таърихи гузида» чунин нақле овардааст: «Гӯянд  шабе Султон Маҳмуд аз пайи Унсурӣ бифиристод ва ӯ ба шурб машғул буд. Гуфт: «Султонро бандагӣ бирасон ва бигӯ, ки ба давлати ту ба ишрат машғулем, бомдод ба ҳазрат оем». Султон бифармуд, то ӯро дар гилеме андохтанд ва чаҳор кас гӯшаи гилем гирифтанд ва пеши султон оварданд. Султон тофеҳ буд, хост, ки имтиҳон кунад, пеш рафт ва гуфт: «Ман кистам?». Унсурӣ филҳол дар бадеҳа гуфт ва бархонд:

Ту он шоҳе, ки андар Шарқу дар Ғарб,

Ҷуҳуду габру тарсову мусалмон

Ҳамегӯянд дар тасбеҳу таҳлил:

Илоҳо, оқибат Маҳмуд гардон!

Султон фармуд, то даҳони ӯ пурҷавоҳир карданд».

Устод Абулқосим Ҳасани Унсурӣ пас аз даргузашти Султон Маҳмуд дар дарбори писари ӯ – Масъуди Ғазнавӣ дар мансаби пештарааш ифои вазифа намудаааст, вале мақому манзали ӯ дар ин давра каме поён рафта буд. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам аз обрӯву эътибор дар байни умарои дарбор бархурдор буд. Ӯ соли 431 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба соли 1039-40 милодӣ ҷаҳони фонӣ даргузашт ва ба раҳмати Худованди мутаъол пайваст. Маросими ҷанозаи устод Абулҳасани Унсурӣ боҳашамат баргузор шуд ва дар он ҳазорон нафар мардуми мусалмон ширкат намуданд ва наъши ӯро дар қабристони шаҳри Ғазнин ба хок супориданд.

Бояд гуфт, ки малишшуъаро Абулҳасани Унсурӣ дар адабиёти форсу тоҷик чун шоири  боистеъдод ва устоди бузурги сухан мақому манзалати баланд дорад. Ӯ тайи умри пурбаракати хеш осори гаронбаҳои адабӣ ба мерос мондааст, вале мутаассифона, аз ин ганҷи шоҳвор миқдори хеле кам то замони мо расидааст. Девони ашъори Абулҳасани Унсурӣ ҳаҷман кам мебошад ва тақрибан 2,5 ҳазор байтро дарбар мегирад. Тибқи иттилоъи  муаллифони тазкираҳо устод Унсурӣ ба ғайр аз девони ашъор боз се достони калонҳаҷм: «Шодбаҳру Айнулҳаёт», «Вомиқу Узро» ва «Хингбуту Сурхбут»-ро дар шакли маснавӣ эҷод намудааст, вале аз онҳо танҳо пораҳои пароканда ба ёдгор мондааст. Мувофиқи тахмини пажӯҳишгарон ва муҳаққиқон осори гаронбаҳои Абулҳасани Унсурӣ, аз ҷумла дастнависҳои достонҳои ӯ дар нимаи қарни дувоздаҳи милодӣ ҳангоми сӯхтор ва ғорати шаҳри Ғазнин аз тарафи Алоуддин Ҳусайни Ҷаҳонсӯз нобуд шудаанд.

Донишманди маъруфи эронӣ Забеҳуллоҳи Сафо дар бораи мавзӯъоти достонҳои Абулқосими Унсурӣ чунин маълумот додааст: «Мавзӯъи маснавии «Шодбаҳру Айнулҳаёт» маъхуз аз достоне буд, ки Абӯрайҳони Берунӣ онро аз порсӣ ба арабӣ тарҷума карда ва «Хингбуту Сурхбут» достоне буда марбут ба ду бут дар Бомиёни Балх, ки ҳанӯз боқист. Ин достонро ҳам Абӯрайҳон ба арабӣ тарҷума кард» (ниг. Таърихи адабиёти Эрон, ҷилди 1, саҳ. 561).

Аз шоирони давраи Шоҳаббос – Шуъайби Ҷӯшқонӣ дар достони худ – «Вомиқу Узро»  қайд намудааст:

Ҳадиси Вомиқу Узрост машҳур,

Бувад дар ҳар забон ин қисса маншур.

Вале аввал чу донои нахустин,

Ки килкаш кард олам шаккарогин.

Зи дониш аз Сурайё то Сарӣ буд,

Гуҳарпирои маънӣ Унсурӣ буд.

Вале он ҷомае, к-устод орост,

Наомад бар қади мавзуни ӯ рост.

Наёбӣ з-он ҳама шеъри хуҷиста,

Дар авроқи куҳан ҷуз ҷуста – ҷуста.

На аз вай ҳеҷ кас дорад нишоне,

На дар дасти замона достоне.

Ҳамоно буда як дафтар дар он ҳол,

Ки дасти рӯзгораш карда помол.   

Чунонки дар боло гуфта гузаштем, девони устод  Абулқоим Ҳасани Унсурӣ ҳаҷман хурд боқӣ монда ва тибқи иттилоъи сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ қисми зиёди он тӯъмаи дастбурди замон гардидааст. Бино ба гуфтаи Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкиратуш-шуъаро» девони устод Абулҳасани Унсурӣ дар қарни понздаҳуми милодӣ беш аз 30 ҳазор байтро дарбар мегирифтааст, вале то замони мо танҳо 2,5 ҳазор байти он маҳфуз мондааст, ки аз қасоид, ғазалиёт, рубоиёт, қитъаот ва абёти парокандаи маснавиҳо  иборат аст.

Ҳаким Абулқосими Унсурӣ суханвари мумтоз ва навпардоз  аст ва дар сурудани тамоми анвоъи мутадовилаи шеъри порсӣ устоди чирадаст ва суханвари бомаҳарат  будааст. Беҳуда нест, ки суханварони маъруфи форсигӯйи  ҳамаср  ва давраҳои минбаъда ӯро бо тахаллусҳои ифтихории «ҳаким» ва «устод» ном бурдаанд. Ашъори ғиноии (лирикии)  Ҳаким Унсурӣ басе равону дилкаш буда, ба вижа қасоидаш дар сатҳи олии суханварӣ эҷод шудаанд. Бояд гуфт, ки ташбибҳои қасоидаш дар адабиёти форсӣ камназиранд.  Чунончи дар яке аз онҳо мефармояд:    

Наврӯз фароз омаду идаш ба асар бар,

Н-аз якдигару ҳар ду зада як ба дигар бар.

Наврӯзи ҷаҳонпарвар монда зи даҳоқин,

Деҳқони ҷаҳондидаш парварда ба бар бар.

Он зевари шоҳона, ки хуршед бар-ӯ баст,

Овард, ҳамехоҳад бастан ба шаҷар бар.

Бар гавҳари ӯ абр магар ошиқ гаштаст,

К-аз дида ҳаме қатра чаконад ба гуҳар бар.

Аз лола чу беҷодаст оҳу ба биёбон,

Нахчир чу пирӯза зи сабза ба камар бар.

Бо ёр яке сӯйи шамар шав, чу вазад бод,

Бишмар шикани зулфи бутонро ба шамар бар.

Пурсурату нақш аст ҳаме рӯйи замин пок,

Фитнаст магар абр бар-ин нақши сувар бар.

Чунин  мисолҳоро аз осори гаронбаҳои устод Абулқосими Унсурӣ бисёр овардан мумкин аст, вале мо бо ҳамин иктифо менамоем. Муҳаққиқи тоҷик, доктори улуми филологӣ, профессор Аҳмад Абдуллоев роҷеъ ба ашъори ин шоири маъруф барҳақ чунин гуфтааст: «Шеърҳои Унсурӣ дар ҳақиқат барҷаста, баландсанъат  ва устодонаанд ва бинои мустаҳкам доранд. Сохти таркибӣ, мазияту салосати ботинии онҳо низ ҷолиби диққат ва эътиборбахшанд. Маҳз ба ҳамин ҷиҳат аст, ки баъзеи онҳо ҳанӯз дар замони худи ӯ ва дар давраҳои баъдина лоиқи тазмину тақлиди суханварони номӣ гаштаанд. Поя ва дараҷаи шоирии Унсурӣ ҳанӯз дар замонаш тақдир шудааст. Дар дарбори Султон Маҳмуд ба мансаби маликушшуъароӣ ноил гаштану ба ин ҷиҳат ба ҳурмату эҳтироми аҳли дарбор ва қариб ҳамаи шоирону надимони он рӯзгор соҳиб шудани ӯ далели ин аст.

Шӯҳрати устод  Унсурӣ баъд аз сари ӯ ҳам пойдор ва баланд будааст ва ҳоло низ номи вай ҳамчун яке аз машҳурон ба забон меояд» (ниг. Аҳмад Абдуллоев. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри ХI , Душанбе: – Дониш, 1979).        

test

Добавить комментарий