Султони Балхӣ

Мавлоно Султон Муҳаммад ибни Мавлоно Дарвешмуҳаммади Мутфӣ аз суханварони бомаҳорати қарни даҳуми ҳиҷрии Балх аст. Муддате монанди падараш Мавлоно Дарвешмуҳаммад қозии ин шаҳр буда, то соли 959, ки эъмори муҷаддади мазори Хоҷа Абунасри Порсоро ба итмом расонида буданд, дар қайди ҳаёт буд ва таърихи онро ба ҳисоби абҷад ба назм гуфтааст:

Абдулқодӣ Хоҷаи накӯкирдор,

Фармуда бино марқади обои кибор.

Ҳар гаҳ ки бо тавофи марқади Хоҷа равӣ,

Аз «Марқади Хоҷа» соли таърих шумор,

Дар ин шеър моддаи таърих «Марқади Хоҷа» мебошад, ки ба ҳисоби абҷад соли 909 ҳиҷрии қамарӣ мебошад. Як қитъа дар бораи тарҷумаи ҳоли Шайхулислом Порсои Балхӣ низ гуфтааст ва ин аз он шаҳодат медиҳад, баъд аз ин таърих низ муддате ҳаёт ба сар бурдааст.

Суруши Балхӣ

Аз муридони Мавлоно Муҳаммад Зоҳиди Балхӣ аст. Улуми мутодовиларо дар Балх ва Самарқанд фаро гирифтааст. Дар ибтидо Хокӣ тахаллуси шеърӣ дошта, ҳофизи калом ва олими раббонӣ буд. Дар сурудани анвоъи мухталифи шеър ба забони форсии дарӣ иқтидори комил доштааст ва дар илми фиқҳ баъзе рисолаҳо низ таълиф кардааст. Ӯ соҳиби чаҳор девони мукаммал муштамил бар қасидаву ғазал ва дигар навъҳои шеър тартиб намудааст. Шаш маснавии ӯ чунин унвонҳо доранд:

 1. «Ойнаву тӯтӣ». 2. «Гулу булбул». 3. «Қосиду мақсуд». 4. «Зарраву офтоб». 5. «Шамъу парвона». 6. «Сикандарнома».

Ин ғазал намунае аз сурудаҳои ин шоири пурмаҳсул аст:

Моҳи ман орази накӯи ту медонӣ, ки чист?

Шӯхи манн, нозукии хӯи ту медонӣ, кӣ чист?

Бар дили сӯхта сад ҷавру ҷафо аз ту расид,

Сарви ман ҳар чашму абрӯи ту медонӣ, ки чист?

Дили сад дилшуда дар фикри даҳонаш накашад,

Даҳани ғунчаи хушгӯйи ту медонӣ, ки чист?

Дили бечораи Суруш ба сари зулфати ту шуд,

Моҳи ман ҳар шикани мӯйӣ ту медонӣ, ки чист?

Тобии Балхӣ

Ӯ аз суханварони асри Имомқулихон – волии Балх ба шумор меравад. Вале мутаассифона, ба ҷуз як байт дар тазкираву баёз ва дигар осори адабиву таърихӣ дигар иттилоъе дар бораи рӯзгор ва осори вай пайдо накардем:

Баски рахна шуд азбас гиристам бе ту,

Зи санг сахтарам ман, ки зистам бе ту.

Туробии Балхӣ

Аз  суханварони миёнаи қарни понздаҳи ҳиҷрист. Пас аз таҳсил ва омӯзиши ибтидоии улум дил ба адабиёт ва суханварӣ баст ва шефтаи арӯси шеъри форсӣ гардид ва оҳиста – оҳиста дар муҳити адабии шаҳри худ маъруфият пайдо кард ва ба дарбори ҳокими Балх – Имомқулихон ба хидмат даромад ва дар васфи ӯ ва дигар вазирону амирон қасидасароӣ мекард ва аз ин ҳисоб касби маъоши рӯзгор менамуд. Боре қасидаи мадҳие суруд, ки матлаъаш ин аст:

Эй кафат Тури сахо яди байзои дигар,

Ҳамчун хуршед ба хоки сияҳ андозад зар.

Ӯро Имомқулихон барои ин қасида вайро дар тарозу баркашида, ба қадри вазнаш мукофот  дод. Мавлоно Туробӣ аслан аз маҳаллаи Хоҷа Хайрон аст, ки иборат аз Чаҳорбоғи кунунии Равзаи Мазори Шариф аст. Ин маҳалларо Тали Хайрон ва Тали Алӣ низ мегӯянд. Мадрасаи Хоҷа Хайрон дар ғарби масҷиди Равзаи кунунии Мазори Шариф то қабл аз эъмори муҷаддади Чоҳорбоғ мавҷуд  буд ва феълан дар маҳали он як сӯфаи мураббаъи бонишони меҳроб дида мешавад.

Убайди Балхӣ

Хоҷа Убайдуллоҳи Балхӣ шахси ориф, тақводор ва порсо буда, аксари умраш ба сайру сафар гузашта ва барои ба даст овардани ҳақоиқ ва ирфон мусофиратҳо намуда, танҳо ҳаждаҳ бор ба зиёрати  Байтуллоҳ мушарраф гардидааст.

Пас аз сафарҳои тӯлонӣ дар соли 1130 ҳиҷрии қамарӣ ба Балх бармегардад ва аз касрати шӯришҳои дохилӣ ва беназмиҳо хаста шуда, дубора ба сарзамини Ҳинд ҳиҷрат мекунад. Муддате дар диёри зебоманзари Кашмир зиндагӣ ба сар мебарад ва дар соли 1137 ҳиҷрии қамарӣ Озими Баҳрайн мешавад ва дар соли 1139 дар Мадинаи мунаввара чашм аз ҷаҳон пӯшида, ба раҳмати Ҳақ мепайвандад.

Убайди Балхӣ дар суханварӣ маҳорати комил дошта ва замоне ки дар Баҳрайн истиқомат дошт, ин ғазалро барои Муҳаммад Аъзам, муаллифи китоби «Воқеъиёти Кашмир» мефиристад:

Зи ҳар гуле ки вазад, бӯйи ӯ ба машомаи ман,

Зи шома дур насозам, ки шуд шамомаи ман.

Ба сӯзани мижа аз торҳои ашки рухам,

Хаётаи азалӣ бахия зад ба ҷомаи ман.

Зи ҳар гуле, ки аз ӯ бӯйи ӯ ба ман нарасад,

Зи шома дур намоям, ки шуд ғамомаи ман.

Зи чор мавҷаи тӯҳфони Нӯҳ бокам нест,

Чу боди шӯрта шавад қоиди салолаи ман.

Ба киштие ки Худо нохудост рафта Убайд,

Расад ба каъбаи мақсуд ҳаҷҷи оммаи ман.

Умеди Балхӣ

Машҳур ба Мирзо Ниёз, ки аз мулки Балхи бостон бархоста, дар шеъру суханварӣ истеъдоди баланд доштааст. Ӯ муддате вазифаи девонии шаҳри Балхро ӯҳдадор буда, вафоташ дар санаи 1100 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтодааст. Дигар маълумоте дар бораи ин рӯзгор ва осори суханвар дарёфт накардем. Абёти зерин зодаи табъи равони ӯст:

То гашт шамъи рӯят аз анҷуман ҷудо,

Парвона дар фироқ ҷудо сӯхт, ман ҷудо.

Ҳар як зиёди зулфи дурахш мехӯранд хун,

Райҳон ҷудо, бунафша ҷудо, ёсуман ҷудо.

Аз як карашма, ки ту кардӣ ба кӯҳӯ дашт,

Маҷнун ҷудо ҳалок шуду Кӯҳкан ҷудо.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.