Солики Мазорӣ

Марҳум Мавлавӣ Абдулҳайи Мазорӣ мулаққаб ба Солик аст. Ин родмарди таърих, ки Балхи бостон бо ӯ ифтихор дорад, дар соли 1330 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1289 ҳиҷрии шамсӣ дар маҳаллаи Кашфкашон, аз тавобеъи Чаҳоркенти вилояти Балх дар як хонадони шарифу обрӯманд чашм ба ҷаҳон кушудааст. Таълимоти ибтидоиро аз  Мулло Шарифмуҳаммади Мормулӣ фаро гирифт, сипас таҳсилоти олии улум ва фунуни мутадовилаи исломиро аз донишмандони бузурги он замон, аз ҷумла Мавлавӣ Сироҷиддини Қаротегинӣ, Қозӣ Раҷаби Мормулӣ, Домулло Мирмаҳмуди Мазорӣ, ки ҳар кадом дар мартабаи худ аз имтиёзи хосе бархӯрдор буданд, меомӯзад. Замоне ки ба мартабаи мавлавият мерасад, бақияи улуми  мутадовиларо дар ҳалқаи дарси Домулло Қорӣ Ҳабибуллоҳи Андхӯйӣ, ки бузургтарин уламои ҳанафии он аср буд, ба поён мерасонад ва баъд аз гирифтани дуъо ва хати иршод ба такмили илму дониши худ мепардозад. Ибтидо дар мадрасаи Баҳоуддини Балх ба толибилмон дарс медиҳад.

Ин солики роҳи Ҳақ ва ирфон азбаски дар тарвиҷи улуми исломӣ завқи саршор дошт, муддатҳо дар мадрасаҳои Баҳоуддин ва Хоҷа Хайрон, ки ҳарду мадраса дар он аср дар мавзеъи Чаҳорбоғи кунунии Равзаи  Алӣ (р) воқеъ буд, дар як рӯз ба навбат донишҷӯёни ҳар ду мадрасаро файзрасонӣ мекард. Баътар вақте ки дар шаҳри Балх мадрасаи Маҳмудия таъсис ёфт, дар ин ниҳоди омӯзишӣ низ дар ҷодаи тарбияи донишмандони улуми исломӣ хидматҳои арзандаеро низ ба ҷо овардааст.

Муаллифи китоби «Шуъарои Балх» – Абуласфор Алимуҳмуди Балхӣ дар бораи Мавлоно Солики Мазории Балхӣ  чунин маълумоти пурарзиш додааст: «Роқим як мартаба дар соли 1344 ҳиҷрии шамсӣ ба шарафи сӯҳбати он бузургвор расида будам, шахси нурониву бовиқор буд, сӯҳбати хеле ҷолиб дошт, ҳамеша аҳли Ҳақро дӯст медошт ва пайваста ба доди мазлумон мерасид ва дар сохтмони мадрасаҳо ва масҷидҳо саъйи балеғ дошт. Ба забони арабии фасеҳ ва равон такаллум мекард. Гузашта аз ин фазилатҳо қариҳаи саршоре дошт, ашъори ҷолиб ва мавзун ба забони форси дарӣ  мегуфт. Ашъораш дар авҷи фасоҳат ва балоғат қарор дошт. Гоҳе дар пайравии Абдулқодири Бедил шеър месуруд».

Ҳамин муаллиф қайд мекунад, ки Солики Мазорӣ шоири соҳибдевон будааст, вале мутаассифона, ба асари ҳаводиси рӯзгор аз байн рафтааст. Баъзе пораҳои ашъораш дар баёзҳо ва дигар маъхазҳои адабӣ боқӣ мондаанд. Ин чанд байт ёдгоре аз Солики Мазорӣ мебошад:

Офиятҳо дар мизоҷи халқ анқо гаштааст.

Чун шарар дар санги ҳастӣ худ таманно гаштааст.

Дам задан бо вазъи мардум кай сазад бо ин замон,

Ҳар касе мутлақинон ҳамранги дунё гаштааст.

Ҳарчи дидам дар назар, олам шуда пуршӯру шарр,

Вазъи аҳли ин замон яксар мадоро гаштааст.

Ҳамчу Маҷнун аз суроғи ваҳшати Лайлӣ мапурс,

Ҳар тараф метозаму олам мудаво гаштааст.

Дар дабистон кӯдакон лофе зи маънӣ мезананд,

Бо китоби фаҳм фаҳмидам зистан расво гаштааст.

Ҳола афтодааст ба даври табъи моҳи нозукон,

З-ин сабаб аҳли хирад девона шайдо гаштааст.

Солик, аз лоиқу нолоиқи ҳамнавъ мапурс,

Имтиёзи зоғу булбул худ ҳувайдо гаштааст.

Мавлоно Солики Мазорӣ 29-уми моҳи Рамазони соли 1395 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1354 ҳиҷрии шамсӣ дар синни шаступанҷсолагӣ ин ҷаҳони фониро видоъ гуфта, ба раҳмати худовандӣ пайваст. Дар ҷанозааш ҳазорон нафар мардуми Балх ширкат варзиданд. Оромгоҳаш дар зовияи ҷануби Равзаи ҳазрати Алӣ (р) дар шаҳри  Балх қарор дорад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.