Розиқи Рӯйини Балхӣ

Ӯ  соли 1950 милодӣ  дар шаҳри Мазори Шариф – маркази  вилояти Балх чашм ба ҷаҳони ҳастӣ  кушодааст. Факултаи  забону адабиёти Донишгоҳи Кобул ва Академияи тарбияи муаллими Афғонистонро  хатм кардааст. Розиқи Рӯйин соли 1992 дар Донишгоҳи Софияи Булғористон рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Акнун дастандаркори интишори маҷаллаи «Хок»– нашрияи Конуни фарҳангии афғонистониҳои Булғористон аст. Ин шеър намунае аз осори ӯст:  

Исфандиёри ғурбати хокам

Ин орзӯ чӣ гуна ҳадар шуд,

Он офтоби толеъи рӯшан

Дар қиргун мағоқи кусуфе тор?

Як рӯз, рӯзи наҳс

Буме ба боми хонаи мо болу пар кушод.

Модар, ки дид, гуфт:

Фардо магар мусибате аз роҳ мерасад?

Он гоҳ

Шаҳри хаёлу хобу ғаму шодии маро

Мардон на, кӯдакони дусар  фатҳ карда буданд!

З-он пас

Як шаб

Дасте ба покдомании зеҳни модарам.

Дар боғи хобҳои баҳоронам хазид,

Базре шигаф дошт, к-аз он пас ман –

Ин гунги хобдидаи саргашта

Ранҷе ҳазор гуна кашида,

Чашме ба сӯйи гумшудае дорам,

Чашме ба сӯйи равзанае нур,

                                                 аммо чи дур,

                                                                        дур,

                                                                                дур!

Шохе на, шохае на,

Парастуе аз фароз на,

Наврӯз кӯч карда зи чашмам,

                                                  қалбам,

Ҳар ҷо маро хазон зада борон,

Ҳар ҷо маро шикаста пари ҳар барф,

Дерест,

Н-оварда гул замин,

Оташ гирифта хок.

Шаҳр дар забони ишқ намегӯяд,

Шаҳр

Дасте ба илтиём намесояд,

Зеро

Захме, ки дидаам,

Захмест ҷовидона,

Аз новаки гузин пари симурғ.

Исфандиёри ғурбати хокам ман!

Дору-м нест,

Шояд

Ковусшоҳе

Онро нуҳуфта боз ба ҷое.

Шаҳр аз забони ишқ намегӯяд!

Рӯйинтанам, валек

Рустам гирифта аз сари бебоки ман кулоҳ,

То дар шабони ғурбати ин шаҳр

Хоке ба сар фишонаму бо ёди пору перор

Ҳар бор зинда гашта бимирам.

Ҳуҷҷат куҷоест, то ки бинолад боз:

«Эй боди аср агар гузарӣ бар диёри Балх,

Бигзар ба хонаи ману он ҷой ҷӯй ҳол,

Бингар, ки чун шудаст пас аз ман диёри ман,

Бо ӯ чӣ карда даҳри ҷафоҷӯйи бадфиъол.

Тарсам, ки зери пойи замона хароб гашт,

Он хонаҳо хароб шуд, он боғҳо талол!»

Балхам куҷост, чашмаи Зояндаам куҷост?

Уммулбилоду Кохи ниёкони ман куҷост?

Воманда дар ҷазираи ғурбат

Гӯйӣ,

Ман Ҳуҷҷати ғариби Хуросонам!

Ман ашкҳои хилвати худро

Боре

Дар домани кадом ғаме пор биспурам,

То

Боре дӯши хеш сабук созам?

Акнун

Ман кӯрам аз ниҳояти торикӣ,

Ман Исфандиёри ғурбати хокам!

test

Добавить комментарий