Саққоии Балхӣ

Исмаш Баҳром аст, шахси порсоманиш ва қаландар машраб буда, аксар ба сайру саёҳат мепардохтааст. Боре аз Балх ба Сарандеб (Целон) рафт ва муддатҳо  дар паҳлӯи марқади  ҳазрати Одам (а) ба муҷовират пардохт. Дар соли 980 ҳиҷрии қамарӣ Саққоӣ соқии аҷалро лаббайк гуфт. Ӯ шоири соҳибдевон аст, ки миқдори ашъораш сӣ ҳазор байт бештар мебошад, ки басо ҳақоиқ ва дақоиқи баланд ва боарзишро дар он дарҷ намудааст. Ин пора шеър аз табъи гуҳарбори ӯст:

Нишоти зиндагонӣ бо ғами мурдан намеарзад.

Ҳаёти Хизр агар хоҳӣ, ба ҷон кандан намеарзад.

Ба ишрат гар нишинӣ солҳо дар бистари роҳат,

Ба хишти зери паҳлӯ дар лаҳад хуфтан намеарзад.

Ба илму фазл агар алломаи олим шавӣ, эй дил,

Ба як ҳарф аз хатти аъмол хондан намеарзад.

Агар пушти фалак аз бори тоъоти ту хам гардад,

Ба мизони ҳисоб охир ба санҷидан намеарзад.

Ба ҷаннат гар набошад ваъдаи дидораш, эй Саққо,

Тамоми ҳуру ғилмонаш ба як дидан намеарзад.

Сайид Исмоили Балхӣ

Ӯ соли 1920 милодӣ дар Мазори Шариф – маркази вилояти Балх таваллуд ёфта, соли 1968 милодӣ вафот намудааст. Аз содоти он диёр аст ва дар шеваи ирфонӣ ва фалсафӣ осори назмии худро сурудааст. Дигар роҷеъ ба  рӯзгор ва осори марҳум Сайидисмоили Балхӣ иттилоъе дастрас карда натавонистем. Ин се қитъа шеър аз каломи ӯст:

Он мусаббиб худ ҷаҳонро олами асбоб кард,

Пас сабаб дорад, ки то як гард боло мешавад.

Баҳри фаҳми мост эҷоди сабаб, эй ҳушманд,

Варна бе дахли падар ҳам халқ Исо мешавад.

Мо сабаб бар оламеву оламе бар мо сабаб,

Ҳадди ирфони мусаббаб з-ин сабабҳо мешавад. 

                          ***  

Сайри дигарон аст зи оғоз ба анҷом,

Мо пеш зи оғоз ба анҷом фитодем.

Гар баҳру гаҳе қатра,  гаҳе шабнаму гаҳ ям,

Маълум нашуд, к-аз чӣ ба ибҳом фидодем.

Ҳал менашавад мушкили ин даври тасалсул,

Гаҳ зеру гаҳе бар забари бом фитодем.

                            ***

Тасаввуф гар ҳамон пашминапӯшист,

Бишав, ҷоно, муриди ҳар бузу меш.

Нахуст ислоҳи дил шарт аст, Балхӣ,

 В-аз он фаръ аст ислоҳи сару риш.

Сайид Муҳаммади Балхӣ

Ин шахсият бо номи Сайид Муҳаммади Пардадор низ шӯҳрат дошта ва аксар муаллифони тазкираҳо, ки дар бораи ӯ маълумот додаанд, вайро зодаи Балхи бостон донистаанд. Мутаассифона, иттилоъот роҷеъ ба аҳвол ва осори ин шоир хеле кам ва мухтасар аст. Ин байт ёдгоре аз ин суханвар аст:

Исии каломи ман, ки дам аз ман дареғ дошт,

Бемори ӯ шудаму қадам аз ман дареғ дошт.

Сайлии Балхӣ

Мулло Сайлӣ ва қавли дигар Суҳайлӣ аз шуъарои ширинсухани ин куҳандиёр мебошад. Муаллифи китоби «Баҳру-л-асрор»- и Мавлоно Маҳмуди Китобдор ӯро муъосири Субҳонқулихон – ҳокими Балх ҳисобидааст, вале баъзе маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ вайро ҳамасри Надирмуҳаммадхон гуфтаанд. Муаллифи китоби «Шуъарои Балх» – Абуласфори Алимаҳмудӣ қайд мекунад, ки шоири мазкур шояд ҳар ду аҳдро дарёфта бошад.

Қавли Китобдори Балхӣ қобили таъид аст, зеро ӯ ҳамзамони шоир будааст ва дар «Баҳру-л-улум» Мулло Сайлиро соҳиби девон муштамил аз ғазалиёт, қасоид ва қитъаот, рубоиёту маснавиҳо медонад. Дигар дар бораи рӯзгор ва осори ин суханвар маълумоти муфассал дастрас нест. Чанд байти зерин аз ашъори Сайлии Балхист:

Зи ман ҳар кас тавалло карда муште хун фиристодам,

Тараддуд андаке кардам, зи худ мазмун фиристодам.

Масеҳо дӣ тавалло қарздоғе карда буд аз ман,

Ниҳодам номи ӯ хуршеду бар гардун фиристодам.

Муродам то нагардад дасти фарсудалаб иншо,

Ба сӯяш номаи бегона аз мазмун фиристодам.

Дар баъзе тазкираҳо ӯро Мулло Сайлии Мустақим низ зикр кардаанд, имкон дорад, ки Мустақим лақаби шеъри вай буда бошад ё аслан ҳамин калимаро тахаллус қарор дода бошад.

Самеъи Балхӣ

Муаллифи асари «Музаккиру-л-аҳбоб» менависад, ки пас аз вафоти Самеъӣ равнақи шеър ва суханварӣ намонду Мулло Самеъ дар ақсоми каломи манзум ворид буд,  аз қабили ғазал, қасида, маснавӣ, рубоъӣ ва ғайра. Замоне ки Бадеъи Самарқандӣ – устоди бузурги адабиёти форсии дарӣ ва шоири тавоно дар охири умраш дар Балх иқомат дошт, Самеъро тарбият намуда, бо авҷи мақоми шеър ва шоирӣ расонид.  Пас аз вафоти Бадеъи Самарқандӣ тамоми суханварони Балх  Самеъро ба ҳайси устоди варзидаи шеър ва адаб эътироф карданд. Ин суханвари варзида ҳамасри Субҳонқулихон мебошад. Ғазали зерин намунае аз осори пурарзиши ӯст:

Ба гиря сар зи дил накашад дуди оҳи ман,

Чун абр кас мабод ба рӯзи сиёҳи ман.

Чашмат чун мили сурма маро хокмол кард,

Фарёд аз ту дилбари золимнигоҳи ман.

Ҳоли маро ду зулфи ту донад, вале чӣ суд,

Ҳастанд ин шикаста намоён гувоҳи ман.

Чун шамъ гул фишониву маро нишонӣ нест,

Оташ ба ҷойи об чакад аз нигоҳи ман.

Аз офтоби рӯйи бутон сӯхтам, Самеъ,

Рӯзи ҷазо ҳамин бас аст узрхоҳи ман.

Сироҷи Балхӣ

Ӯ бо тахаллуси Сироҷиддин Аъло маъруф аст. Дар бораи шарҳи аҳвол ва эҷодиёти ӯ маълумоти кофӣ дар даст надорем ва танҳо дар тазкираи «Маҷмаъу-л-фусаҳо» қайд гардидааст, ки ӯ аслан зодаи Балх аст ва аз суханварони дарбори Муҳаммад Хоразмшоҳ будааст. Дар сурудани ашъори нағзу пурмағз табъи равон дошта ва ин чанд байт аз чакидаҳои хомаи вай аст, ки чун барги сабз ба ёдгор мондааст:

Ба ғамза наргиси масташ ҳалоки сад бедил,

Ба бӯса шакари нобаш табиби сад бемор.

Зи дарду меҳнату андӯҳу ранҷи ӯ фарёд,

Зи кибру ишваю нозу итоби ӯ зинҳор.

Зи баски хайли хазон дар чаман ҳаметозад,

Бимонад чеҳраи обие ниҳон ба зери ғубор.

Зи кисвате, ки чаманро баҳор ёфта буд,

На ранг мондаву на бӯву на пуд мондаву на тор.

Соқиби Балхӣ

Номи аслии ӯ Мирзо Худодод, ки Мавлавӣ ва баъдан Хон тахаллус мекард ва билохира бо Соқиб шӯҳрат пайдо кард. Ӯ пас аз таҳсили улуми мутадовилаи он аср ҷиҳати фаро гирифтан таҳсилоти олӣ ба Бухорои Шариф меравад ва сипас баъди такмили дониш ба  дарбори Убайдуллохони Шайбонӣ – подшоҳи Бухоро пазируфта мешавад ва мавриди эҳтиром ва ситоиш қарор мегирад.

Соқиб дар анвоъи мухталифи шеър чун устоди чирадаст ва моҳир шӯҳрат пайдо кард. Мутаассифона, осори мунзумаш дар шакли девон ё маҷмӯъа ҷамъоварӣ нашудааст ва бо гузашти чандсад сол ашъори ӯро шодравон Мавлоно Холмуҳаммади  Хаста дар шакли девон ҷамъоварӣ ва тадвин намудааст.

Вафоти Туробӣ мусодиф ба рӯзи саввуми иди Қурбони соли 1359-и ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтодааст. Мавсуф чанде қабл аз вафоташ рубоии зеринро гуфтааст, ки ҷойи бисёр таъаҷҷуб ва ҳайрат аст:

Бигзашт баҳору иди Қурбон омад,

Рӯзи хушу вақти хуш ба сомон омад.

Ҳар кас ба ба раҳи ту гӯсфанде кушта,

Соқиб ба раҳи  ту худ ба Қурбон омад.

test

Добавить комментарий