Надими Балхӣ

Хоҷӣ Подшоҳхоҷа ибни Мирзо Раҳматуллоҳ мутахаллис ба Надими Балхӣ дар 1254 ҳиҷрии қамарӣ дар Балх чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар андак муддат аз улуми мутадовилаи исломӣ фароғат ҳосил кард ва дар дарбори амир Шералихон боиззат ва виқор муқарраб буд. Амир Абдураҳмонхон низ ба эҳтироми ӯ мекӯшид. Ӯ надими сардор Исҳоқхон буд. Ҳангоме ки Исҳоқхон дар Мазори Шариф исён бардошту шикаст хӯрд, Надимро Абураҳмонхон ҳамроҳи худ ба Кобул овард ва ӯ муддати шонздаҳ сол дар пойтахти кишвари Афғонистон иқомат кард ва дар замони амир Ҳабибуллоҳхон дубора ба зодгоҳаш баргашт ва дар соли 1336 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мазори Шариф ҷаҳони фониро видоъ гуфт ва ба раҳмати Ҳақ таъоло пайваст.

Надими Балхӣ шоири соҳибдевон аст ва дар сурудани ашъори шево ва пурмазмун ба забони форсиии дарӣ маҳорати комил доштааст. Абёти зерин намунае аз осори вай аст:

Ман ҳарчи дидаам аз дилу дида дидаам,

Гоҳе бувад гила зи дил гаҳ зи дидаам.

Бе нур монд дида чу гаштӣ ту дур аз ӯ,

Биншин ба дида з-он ки туӣ нури дидаам.

Кас нест дар қаламрави офоқ ғайри ту,

Ороми ҷон, аниси дили ғамкашидаам.

Ҷуз меҳри дӯст нест маро дар дили ҳазин,

Ҳошо, ки ҳубби ғайр зи дил ҷумла чидаам.

Дар ҳусну дар накӯиву хубиву дилбарӣ,

Офоқ дидаам, чун ту надидаам.

Ҷонам ба лаб расид ба сарвақти ман хиром,

Сад ҷон фидоят, эй санами нури дидаам.

То подшоҳи ишқи туро гаштаам Надим,

Пироҳани шикеб зи сад ҷо даридаам.

Надими Балхӣ дар ҷодаи тарҷума низ чирадаст будааст ва чанд асари пурарзиш, аз ҷумла «Сабъиёт»-и Абунасри Ҳамадонӣ ва «Анису-л-маҷолис»-ро тарҷума кардааст. Қабраш дар ҷавори ҷадди модарияш Халифа Соҳиби Доруламон дар тарафи ҷанубу ғарбии равзаи  Мазори Шариф воқеъ гардидааст.

Назмии Балхӣ

Мулло  Назмии Балхӣ аз суханварони  фасеҳ ва равонтабъи асри Имомқулихон аст ва замони ҳукмронии Надирмуҳаммадхонро низ дарёфтааст. Дар бораи тарҷумаи ҳол ва мероси адабии вай дар маъхазҳои таърихӣ иттилоъи кам ба назар расид. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки Назмӣ шоири соҳибдевон аст ва он аз ғазалиёт, қасоид, рубоиёт ва дигар анвоъи шеър иборат мебошад. Назмии Балхӣ «Ахлоқи Мӯҳсини»-ро низ ба риштаи назм кашидааст, аммо аз ин асар танҳо чанд байте дар тазкираҳо ва луғатҳо боқӣ мондааст. Ин ғазал намунае аз ашъори ӯст:

Агар сар бар насими субҳ соям дарди сар гардад,

В-агар дил бар гули ҷаннат ниҳам доғи ҷигар гардад.

Ба ташхиси нафас ойина бар рӯям чӣ медонӣ,

Ки баъди марг оҳи дардмандон бештар гардад.

Зи мурдан нест бокам, Назмӣ, аммо з-ин фиғон дорам,

Ки ман чун рахт бандам муҳаббат дарбадар гардад.

Назмии Балхӣ ба рутбаи маликуш-шуъароӣ низ мушарраф гардида будаааст. Асли ӯ аз минтақае бо номи Фарул мебошад, ки тавобеъи Балх будааст. Вафоти вай дар соли 1033 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтода ва ба раҳмати худовандӣ пайвастааст.

Нобиғи Мазорӣ

Ин шоири ҷавонмарг дар соли 1300 ҳиҷрии шамсӣ баробар ба 1341 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мазори Шариф дида ба ҷаҳон кушуда  ва дар овони кӯдакӣ падару модарашро аз даст додааст. Дигар дар бораи рӯзгор ва осори ин суханвари номӣ маълумоте дар даст нест. Танҳо маълум аст, ки Шамсиддини Нобиғ ба зани зебосурате сахт ошиқ мешавад, вале қабл аз он, ки ба ӯ восил гардад, бемор шуда, бо ҳасрат ва нокомӣ чашм аз ҷаҳон мепӯшад. Ашъори шӯрангез ва ҷаззоби ӯ шоҳиди ин муддаъост:

Надорӣ илтифоте ҳеҷ бар  аҳволи зори ман,

Тағофул то кадом андоза, эй симинъузори ман.

Ба гулшан маҳшаре барпой мекардам чу булбул гар,

Ба каф будӣ инони нолаи беихтиёри ман.

Диле буд он ҳам зи каф рафт, ҳайронам чӣ сон созам,

Ба назди хубрӯён нест дигар эътибори ман.

Намудам дӣ таманнои халосии дил аз зулфаш,

Ба ман хандиду гуфт: « Ин бехабар бошад шикори ман».

Ба найрангу фусуне ҳилаву макру адову ноз,

Баровард он бути бедодгар охир димори ман.

Куҷоӣ бе рухи хуби ту гулшан сарбасар хор аст,

Гули ман,  сунбули ман, ғунчаи ман, навбаҳори ман.

Надидам, Нобиғ, андар зиндагӣ з-он моҳрӯ лутфе,

Магар шамъе фурӯзад баъди мурдан бар мазори ман.

Низоми Балхӣ

Мир Низомиддини Низом писари Камолиддини Ансорӣ аз мутаваллиёни равзаи ҳазрати Алӣ карамаллоҳу ваҷҳаҳу дар Мазори Шариф аст. Ӯ дар соли 1279 ҳиҷрии қамарӣ  чашм ба ҷаҳон кушода ва дар соли 1340 ҳиҷрии қамарӣ вафот мекунад.

Низоми Балхӣ  аз суханварони номдори Балх ба шумор меравад. Ба ғайр аз илму маърифат ва суханварӣ хушнависи бомаҳорат низ будааст ва махсусан хати настаълиқро хуб ва зебо менавиштааст. Дар улуми арабӣ низ баҳраи кофӣ доштааст. Ӯ шоири соҳибзавқ ва бомаҳорат будааст ва ашъори нағзу пурмағз месароидааст. Ин ғазал нмунае аз осори вай аст, пешкаши шумо мегардонем:

Айши дилхоҳе ба зери чархи нилуфом ку?

Як дили осуда ку, як хотири ором ку?

Гар дилу хотир ба ҷамъият гирояд з-иттифоқ,

Дӯст ку, аҳду вафо ку, иззату икром ку?

Дӯстоне чанд ҳам аз имдоди бахт омад ба каф,

Поси сӯҳбат ку, лиҳозу қайди нангу ном ку?

Поси сӯҳбат ҳам муяссар шуд лиҳози нангу ном,

Ошиқи собитқадам ку, ринди дурдошом ку?

Ошиқу риндӣ ба ҳам пайваст з-имдоди қазо,

Мутриби шириннаво ку, соқии хушком ку?

Аз тақозои фалак соқиву мутриб рух намуд,

Тарфи гулшан, моҳи равшан, базми нуқлу ҷом ку?

Фарз кардам ин ҳама рӯзе ба ҳам омад Низом,

Эътимоде бар ҷаҳон ку, такя бар айём ку?

Низори Мазорӣ

Ҳоҷӣ Муҳаммад Салим Низор дар соли 1130 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба соли 1268 ҳиҷрии шамсӣ дар шаҳри Мазори Шариф чашм ба ҷаҳон кушудааст. Пас аз хатми улуми мутадовилаи исломӣ озими Бухоро гардида, муддатҳо ҷиҳати фаро гирифтани таълимоти олӣ ва такмили илму дониш муқими Бухоро мегардад. Баъд аз он қисмате аз умрашро дар кишварҳои арабӣ, амсоли  Сурия, Урдун, Лубнон, Арабистони Саъудӣ ба сайру сайёҳати ҷойҳои таърихӣ ва амокини муқаддас сипарӣ намуд, ки понздаҳ сол идома ёфт. Замоне ки вориди зодгоҳаш гардид,  соли 1350 ҳиҷрии қамарӣ буд.

Низори Мазорӣ ба ғайр аз забони модарӣ – форсии дарӣ боз забонҳои арабӣ ва паштуро хуб медонист.  Ба ду забони охир таълифоти зиёд дорад ва албатта, осори форсиаш бештар аст. Низори Балхӣ дорои ҳофизаи қавӣ буд ва шумули ашъор аксар ҳодисотеро, ки дар тӯли сайру сайёҳати дуру дароз дидаву шунида буд, ҳамаро бо ҷузъиёташ дар хотир дошту нақл мекард, вале маълум нест, ки дар ин бора сафарномае навишта аст ё не?

Бояд гуфт, ки Низор дар сурудани ашъори форсӣ  маҳорати баланд ва комил доштааст. Ин наъти шариф аз таровишҳои табъи гуҳарбори вай аст:

Он, ки меъроҷи тавфи саъодат хоки кӯйи ӯст,

Қиблаи ҳоҷати мӯҳтоҷон хами абрӯйи ӯст.

Аҳмаду Маҳмуд, Абулқосим мадори коинот,

Булбашарро хилъати сафват зи оби рӯйи ӯст.

Аз саводи мулки ҳастӣ то шабистони адам,

Ҳар куҷо мижгон кушоӣ сояи гесӯйи ӯст.

Теғи ҳукмаш олами Исломро бахшид ҷон,

Ояти « Инно фатаҳно» ҳайкали бозӯйи ӯст…

Дӯстон, мадҳи Расули Ҳошимӣ кардам Низор,

Қалби маҳзунам асири ҳалқаҳои мӯйи ӯст.

 Ниёзии Балхӣ

Мавлоно Ниёзӣ писари Мавлоно Сайидалии Балхӣ аз шоирони босалиқа ва боистеъдоди диёри Балх ба шумор меравад. Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ин суханвар маълумоти кофӣ дар даст нест. Аз осори ӯ фақат як матлаъ дар китоби «Риёзуш-шуъаро» зикр шудааст, ки ин аст:

Ба рӯйи оташин зулфи ту эй симинзақан печад,

Бале,  чун мӯй бар оташ ниҳӣ бар хештан печад.

Ноибии Балхӣ

Ноибӣ аслан аз шуъарои қарни ёздаҳумини ҳиҷрии қамарии Балх аст ва дар соли 1095 вориди Самарқанд шуд ва Муҳаммад Закарё – шайхулисломи Самарқанд дар ҷавори марқади Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрори Валӣ манзили олӣ бино кард. Аз шуъарои муъосири Самарқанд ва навоҳии он хост, ки таърихи эъмори ин иморатро дар қолаби назм дароваранд. Ҳар кас ба қадри маҷол, ки табъи шоирӣ дошт, дар ин маврид чизе аз худ сохт. Аммо шеъри сода ва равони Ноибии Балхиро шайхулислом бар ҳамагон тарҷеҳ дода, ба девори китобхонааш нақш кард:

Ба амри ҳазрати Эшони Олӣ,

Иморат ёфт ин бинои олӣ,

Барои тӯйи хоҷазода то ёфт,

Аҷоиб зиннати орои олӣ.

Кушода бод доим чун дари файз,

Барои меҳмон дарҳои олӣ.

Барои соли таърихаш яке гуфт:

«Макони Хоҷа Зикриёи Олӣ».

Носири Балхӣ

Ин суханвари ширинбаён давраи таҳсилоташро дар Балх ва Бухоро ба анҷом расонида, муддате дар аморати Бухоро вазифаи қозигиро ба ӯҳда доштааст. Дар замони Абулфайзхон – подшоҳи Бухоро қозии аскарӣ таъин гардид. Дигар дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ин суханвар маълумоте дар даст нест.  Ин рубоӣ намунае аз гуфтори ӯст:

Шаҳр худ дилгиру ғурбат бенаво месозадам,

Ман намедонам кадом обу ҳаво месозадам.

Ман намедонам, ки рӯзу рӯзии ман аз куҷост,

Саргаронӣ кори санги осиё месозадам.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.