Маъруфии Балхӣ

Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Маъруфӣ аз суханварони номии қарни даҳи милодӣ аст. Зодгоҳи ӯ ба иттифоқи тазкиранависон  Балх аст. Дар замони салтанати Абдумалик ибни Нӯҳ ибни Наср ибни Аҳмади Сомонӣ дар доираи адабии Сомониён ширкат доштааст. Маъруфии Балхӣ аз ҳамсӯҳбатони устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст. Дигар дар бораи рӯзгор ва осори ин суханвари маъруф дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ маълумоти бештаре пайдо накардем. Танҳо маълум аст, ки чанде дар мулки Систон зиндагӣ ба сар бурдааст. Соли таваллуд ва вафоти ӯ низ номаълум аст.  

Маъруфӣ шоири пурмаҳсул будааст, вале аз осори пурарзиши вай танҳо пораҳо то замони мо омада расидаанд. Маълум мегардад, ки ин суханвари номӣ маснавиёт ҳам доштааст. Инак, барои намуна чанд пора шеъри Маъруфии Балхиро меоварем:

Ин дили мискини ман асири ҳаво шуд,

Пеши ҳазорон ҳазор гуна бало шуд.

Ҷоду кӣ банд карду ҳилат бар мо,

Бандаш ба мо бигрифту ҳила раво шуд.

Ҳукми қазо буд в-ин қазо ба дилам бар,

Маҳкам аз он шуд, ки ёр ёри қазо шуд.

Ҳарчи бигӯям зи ман нигар, ки нагирӣ,

Ақл ҷудо шуд зи ман, ки ёр ҷудо шуд.

                       ***

Овози ту хуштар ба ҳама рӯй,

Наздики ман, эй лӯъбати Фархор.

З-овози намози бомдодин,

Дар гӯши ғамини марди бемор.

                        ***

Сияҳчашм маъшуқу он абрӯвон,

Бибурданд ҷону дилам ҳардувон.

                         ***

Хуни сапед борам бар ду рухони зардам,

Оре, сапед бошад хуни дили муссаъад.

                           ***

Ман шаст ба дарё фурӯ  фикандам,

Моҳӣ бирамиду бурд шастам.

                           ***

Дӯст бо қомати чун сарв ба ман – бар бигузашт,

Тоза гаштам, чу гулу тоза шуд он меҳри қадим.

В-он ду зулфайн ба он орази ӯ гӯӣ, рост,

Бар гули хайрист аз ғолия сар то сар сим.

Гашт – баргашт сияҳ ҷаъд чу айн андар айн,

Гашт пуртоб сияҳзулф чу ҷим андар ҷим  

Мардумон гӯянд, к-ин ишқ салим аст, оре,

Ба забони арабӣ моргазидаст салим.

Ман ҳаме хандам ба ҷое, ки ҳадиси ту кунанд,

В-андаруни дил дарде, ки на Аллоҳ алим.

                        ***

Эй он ки мар адӯро сабриву ҳанзалӣ,

В – эй он ки мар валиро шаҳдиву шаккарӣ.

Он ҷо, ки пешбинӣ бояд, муваффақӣ,

В-он ҷо пешдастӣ бояд, музаффарӣ.

                       ***

Ҳама кибру лофе ба дасти тиҳӣ,

Ба нони касон зиндаӣ солу маҳ.

Бидидам ман он хонаи мӯҳташам,

На нах дидам он ҷову на пешгоҳ.

Мирзо Ёрии Балхӣ

Мирзо Дарвеш Ёрӣ аслан аз деҳаи Чуғдаки Мазори Шариф аст. Таҳсилоташро дар Бухоро ба поён расонида. Ҳамеша шуъаро ва фузалои аср дар шарафи сӯҳбати вай ҳузур доштаанд. Соҳиби табъи равон ва истеъдоди фитрӣ будаааст. Вафоташ 1315 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтодааст. Ин ду байт намунаи каломи гуҳарбори ӯст:

Лаби лаъли туро вақти сухан ин чор маҳрам шуд,

Шуъои хур, нисори дурр, шаққи ғунча, майи саҳбо.                              

                                     ***

Фитнаҳо меҷӯшад аз атвори таҳрики нигоҳ,

Зоҳидон дар гӯшаи абрӯш расво карданист.

Махмури Мазорӣ

Муҳаммад Шарифи Махмур аз суханварони Балхи бостон аст. Ӯ ба ғайр аз шоириву донишмандӣ дар наққошӣ, лаввоҳӣ ва хушнависӣ маҳорати комил доштааст. Аксар наққошиҳои зебои дохили равзаи мубораки Мазори Шариф осори дасти ӯст. Вафоти Мавлоно Махмур соли 1332 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтодааст. Ғазали зерин намунае аз ашъори ӯст:

Ҳар дам шаҳиди ханҷари бедоди кистам?

Дар хун тапида бисмили ҷаллоди кистам?

Бар Бесутун хароши дилам таъна мезанад,

Ширини ман бигӯй, ки Фарҳоди кистам?

Умре хаёли дурраи бедод мекашам,

Пурс аз ду зулф, шонаи шамшоди кистам?

Аз банд – банди ман ҳама дар нола меҷаҳад,

Чун най тамоми умр ба фарёди кистам?

Нисёнсиришти гӯшаи тоқи тағофулам,

Берун зи хотири ҳама дар ёди кистам?

Махмурро ба кӯлбаи хилват гузоштӣ,

Ҳамдам даме ба хотири ношоди кистам?

Мир Мунири Балхӣ

Мир Мунир ибни Мир Ҳасан ибни Қозӣ Муниркалон аз шуъарои қарни сездаҳи ҳиҷрии қамарии Балх ба шумор меравад. Хонадони онҳо мансаби қозикалонии Балхро ирсӣ ӯҳдадор будаанд. Дигар дар бораи рӯзгор ва осори вай дар маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ чизе дастрас нест.  Дар шеър низ дасти расо дошта ва ин чанд байт намунаи каломи ӯст:

Маро тавофи Қаъбаи кӯйи ту орзуст,

Дорам ҳидояте талаб аз як нигоҳи ту.

Дорад умеди шарбати ширини шафоъатат,

Мири Мунири ташналаб узрхоҳи ту.

Мираки Балхӣ

Сайид Абдуллоҳ маъруф ба Мираки Балхӣ аз суханварони қарни ёздаҳуми ин диёри суханофарин ба шумор меравад. Шахси ботақво ва бодиёнат буда, дар замони Надирмуҳаммадхон ва Имомқулихон қозикалони Балх будааст. Билохира, аз Балх озими Исфаҳони Эрон мешавад ва аз тарафи Шоҳ Аббос мавриди эҳтиром ва икром қарор мегирад. Мираки Балхӣ ба рутбаи устодӣ расида ва аз тарафи шуъарои муъосир, монанди Нокоми Балхӣ ва дигарон мавриди ситоиш қарор гирифтааст. Вафоташ баъд аз чиҳил соли иқомат дар Исфаҳон, дар соли 1061 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ  афтодааст. Инак, намунаи ашъори ӯ:

На дида қатраи хун аз ҷигар бароварда,

Ба дидани ту дил аз дида сар бароварда.

Ба даври дида на мижгон буд, ки хори ғамат,

Ба по халидаву аз дида сар бароварда.

Зи қаду чашми ту ҳайрони сунъи бечунам,

Ки чун сарви ту бодоми тар бароварда.

Пайи нисори  роҳат Мирак зи дидаву дил,

Ҳазор дона лаълу гуҳар бароварда.

Мирзо Ниёзии Балхӣ

Мирзо Ниёзӣ ё Мулло Ниёзӣ писари Мулло Барот аслан аз Мингқалъа, алоқадории ҳазрати Султони Самангон аст, аммо бештари давраи ҳаёти ӯ дар Балх сипарӣ шудааст ва дар муҳити адабии ин шаҳри бостонӣ ба камол расидааст. Дар овони ҷавонӣ дар деҳаи Валимайдони Балх сукунат дошта. Ин деҳ тибқи гуфтаи китоби «Фазоили Балх» қабри ҳазрати Айюб алайҳиссаломро дар оғӯш дорад ва то кунун бо номи қадимааш дар ин диёр маъруф аст.

Мирзо Ниёзӣ чун шоири ҳаҷвнавис, танзгӯй ва ҳозирҷавоб шӯҳрат доштааст. Ашъори нағз ва мутоъибаҳои ширини ӯ то ҳанӯз дар байни мардуми Балх маъруфият доранд. Аз ҷумла мушоираи ӯ бо ҳокими вақти Балх аст. Ҳокими нав таъингардидаи Балх ки ҳанӯз Мирзо Ниёзиро надида буд ва табъи равону салиқаи мавзун дошт ва ашъори ширин ва пурмӯътаво месурудааст. Мардум хабар додаанд, ки мо ҳам бо номи  Мирзо Ниёзӣ суханвари муқтадир дорем ва бояд ки ӯро бишносӣ, то нашавад ки рӯзе бо ӯ даргир шавӣ. Ҳоким дар бораи шакл ва симои ӯ ғоибона маълумот гирифт ва ин нимфардро барои таҳқири ӯ қаблан сохт ва ними дигари онро гузошт, ки агар Ниёзӣ воқеъан ҳам шоир бошад, дарҳол бояд ҷавоб гӯяд. Замоне ки бо ҳам вохӯрданд, ҳоким нимфардашро хитоб намуда гуфт:

Ту, ки Даҷҷол найӣ, чашми чапат кӯр чарост?

Мирзо  Ниёзӣ бадеҳатан чунин посух дод:

Ту, ки дайюс найӣ, зан ба сарат зӯр чарост?

Мирзо Ниёзи Балхӣ гузашта аз шеър ва шоирӣ хушнависи тавоно ва моҳир буд, хусусан навъи хати настаълиқро ба зебоӣ менавишт.

Ӯ ду девони шеърашро бо қалами худаш тартиб додааст, ки яке аз он шомили ашъори ҳаҷвии ӯ будааст. Ба гуфтаи баъзеҳо пас аз вафоти ӯ рӯзе дар як маҳфили дарборӣ ин девонро қироъат мекарданд. Ногоҳ ҳокими Давлатободи Балх аз кадом мазмуни он ранҷидахотир шуд, то ин ки он девонро дар об андохт, валлоҳу аълам. Девони дуввуми ӯ, ки аз ҳазлиёти соф буд, низ дар асри худи ӯ бо хати зебои худи шоир навишта шудааст, ки мутаассифона, алҳол дасраси мо нест.

Мирзо Ниёзии Балхӣ дар замони Муҳаммад Аламхон – ноибулҳукумати вақти Балх ҳаёт бар сар бурда ва аз тарафи ин ҳоким мавриди ситоиш ва эҳтиром қарор доштааст ва ба ҳайси муншӣ ва надим ҳамеша бо вай будааст.

Мегӯянд, ки замоне ҳисобдор ҳам буда ва дар вақти муҳосиба ба камбудӣ ва норасоиҳо роҳ додаст ва ашъори зеринро барои хиёнати дигар масъулин ва бароъати худ дар аризааш навишта, ба мақомоти давлатӣ тақдим намудааст ва аз деҳқону даравгар ва хӯшачин то худашро дар он дузд хондааст:

Гардиши ранге, ки дорад чархи каҷрафтор дузд,

Нест бунёди таваққуф чархи минокор дузд.

Сабз гоҳе донаи ришват нашуд аз мазраъам,

Фард ботил, дахл фозил, ҷинс кам, тумор дузд.

Ҳеҷ тухми ростӣ деҳқон накорад ғайри ашк,

Дузд агар арбоби деҳ набвад чаро бекор дузд.

Фикр вайрон, хома ҳайрон, сабт беҷон, ҳирс бад,

Чун саломат бигзарам, як ҷо нишинад чор дузд.

Ибтидо аввал даравгар дузд, сонӣ хӯшачин,

Баъд аз он паймоначӣ, охир тарозудор дузд.

Ҳар матоъеро, ки мебинӣ матоъаш газгурез,

Ҳар куҷо бофанда дузду мардуми бозор дузд.

Аз Ниёзӣ гар равад саҳву хатое айб нест,

Дар миёни ин ҳама дуздон манам ночор дузд.

Мустафиди Балхӣ

Машҳур ва маъруф ба Мулло Мустафид аз қаряи Ҷагдалаки Балх аст. Мавлоно Мустафид замоне дар шаҳри Самарқанди Мовароуннаҳр ба шуғли табобат маъруф буда ва муддате дар дар дарбори Абдулазизхони Ҳаштархонӣ дар хидмат будааст. Билохира, аз Абдулазизхон ранҷида, ба Балх, ба дарбори Субҳонқулихон меояд ва муаззини  дарбори ӯ мегардад.  Ин чанд байти як қасида аз табъи равони ӯст:

Тоҷи он саркаш, ки гандум дода зеб аз гавҳараш,

То занад рӯзе муҳайё карда санге бар сараш

Ҳар киро шавкат қавӣ ҳасрат фузунтар баъди марг,

Шаҳро ҷуз оҳ набвад ҳосиле баъд аз сараш.

Шаҳ, ки аз ахлоқи некӯ синаро набвад сурур,

Соҳиби маъно дар он сурат нахонад сарвараш.

Аз ҷаҳон хоҳиш макун беш аз тавоноии хеш,

Бишканад шох ар бувад беш аз тавоноӣ бараш.

Аз мазмуни ин шеър дониста мешавад, баъд аз ин ки аз дарбори Ҳаштархониён ранҷида, ин қасидаро иншо карда, ки дар зимн аз масъулияти шоҳон ва беэътибории иззу виқори дурӯзаи дунявӣ танбеҳ намудааст.

Муфиди Балхӣ

Мулло Муфиди Балхӣ дар шаҳри Балх таваллуд ёфтааст ва дар Самарқанд сукунат доштааст. Ӯ муддати зиёде дар Самарқанд ба иззат ва виқори комил ба сар  бурдааст. Мақоми илмии ӯ барои ҳамагон маълум буд. Билохира, аз мардуми Самарқанд ранҷида, ба зогоҳаш  Балх бармегардад ва муқимӣ мешавад ва ин вақт мусодиф ба даврони Субҳонқулихони Ҳаштархонӣ буд. Қасидаҳо дар мадҳи ин султони ҳаштархонӣ сурудааст. Оқибат аз ӯ ҳам илтифоти хуш надида, озими Ҳинд мешавад ва дар сарзамини сарсабзи Кашмир иқомат гузида, мавриди таваҷҷӯҳи Оламгир – шоҳи сулолаи Темуриён қарор мегирад. Дар он ҷо замин ва манзили маскунӣ барояш тақдим медоранд. Баъд аз чанд сол озими кишвари Эрон мешавад. Муддате дар Машҳад иқомат намуд, вале дубора ба Ҳиндустон бармегардад ва дар соли 1091 дар шаҳри Мултон ҷаҳонро видоъ намуда, ба раҳмати Ҳақ мепайвандад.

Муфиди Балхӣ соҳиби девони ашъор буда, дар сурудани ашъори форсӣ дар  сабки ҳиндӣ маҳорати комил дошт. Таърихи вафоти ӯро Суруш – муаллифи «Калимоту-ш-шуъаро» чунин ба назм оварда аст.

Мурд мулло Муфид дар Мултон,

Ин сухан чун ба гӯши Суруш хурд.

Баркашид оҳу соли таърихаш,

Гуфт: «Мулло Муфиди Балхӣ мурд».

Ин ғазал аз табъи саршор ва маҳорати комили суханварии ӯ гувоҳӣ медиҳад:

Бе туам ранги гулу лахти дили пурхун якест,

Пунбаи доғи баёзу дидаи гулгун якест.

Ҳарчи аз соғар кашидам мекашам аз чашми хеш,

Дар иборат мухталиф бошад, вале мазмун якест.

Нозукиҳои хаёли ҳусн ҳамроҳи туанд,

Меваи табъи баланду мисраъи мавзун якест.

Оташи як меҳр моҳу чархро дорад кабоб,

Домани пурхуни мову домани гардун якест.

Шӯҳраи офоқ хоҳад сохтан охир маро,

Шӯълаи табъи Муфиду ҳусни рӯзафзун якест.

Ин байт низ аз Муфиди Балхист:

Шояд зи раҳм бар сари болини ман расад,

Худро баҳона сохта бемор мекунам.

Мӯътасими Балхӣ

Мулло Муҳаммадшариф ибни Мулло Муҳаммад Раҳими Балхӣ мутахаллис ба Мӯътасим ва Ширин. Мӯътасим дар Мовароуннаҳр нашъунамо ёфта буд. Дар ҳунари хушнависӣ ва шеър ва адаб фавқулъодда ворид буд. Дар забони форсӣ, арабӣ, туркӣ чирадаст буд ва ба ҳар се забон шеър месуруд. «Қасидаи ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р)» ва «Қасидаи Бурда»-ро ба ҳамин се забон мухаммас намудааст. Мӯътасим яке аз шахсони пешқадам ва маърифпарварони аҳди Манғиятияи аморати Бухоро будааст. Азбаски дар рӯзномаҳо золимӣ, бебандуборӣ, саффокӣ ва ситамгарии амирони Бухоро сахт мавриди танқид қарор медод, ӯро ба куштан ҳукм карданд, бинобар ин, аввал ба Тотористони Русия ва сипас ба Истанбули Туркия рафта, ба тиҷорат ва нашри китоб машғул гардид ва ҳам дар он шаҳр ҷаҳони бебақоро видоъ карду ба раҳмати Офаридгор пайваст. Дар бораи рӯзгор ва осори ин маъорифпарвари шаҳир донишманд ва нависандаи маъруфи тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар асарҳояш: – «Таърихи инқилоби Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ва «Ёддоштҳо» маълумоти ҷолиб ва арзишманд додааст. Ғазали зерин намунае аз истеъдод ва табъи равони ӯст:

Сарипо нангам аз найранги берангии бунёдам,

Зи ҳастӣ то адам таклифи дасти сунъи эҷодам.

Зи мотамхонаам шуд ончунон яғмои вайронӣ,

Намегардад ба дасти саъй акнун ҳеҷ ободам.

Зи тамкини сухан чун кӯҳ вақфи гӯши таслимам,

Лаби посух ба ҳарфи ҳеҷ кас нашнида накшодам.

Ба хуни дил зи хубони ҷаҳон чун даст бардорам,

Магар дар мактаби ишқ ин сухан додаст устодам.

Давондам решаи умедвориҳо дар ин гулшан,

Зи таҳсили самар умрест ҳамчун сарв озодам.

Фалакро кард чун девонагон саргашта дар олам,

Ҷунуни тӯфони бедоди ҳиҷрони паризодам.

Зи дил то дидаам аз мурдатабъӣ хонаи мотам,

Шавад озодахотир Мӯътасим ҳар кас кунад ёдам.

Навиди Балхӣ

Ӯ аз суханварони номии қарни даҳуми ҳиҷрии қамарии Балх аст. Дар овони ҷавонӣ ба риндӣ ва бебокӣ сарфи умр менамуда, сипас тавба намуда, шахси зоҳид ва порсо шуд. Мавлоно Навид дар Балх, Бухоро ва Самарқанд таҳсили илм намуда, чун донишманди улуми исломӣ, хушнавис ва суханвари варзида ба камол расид ва дар диёри Мовароуннару Хуросон шӯҳрати зиёд пайдо кард. Дар навиштани хати настаълиқ ва дигар анвоъи хат дасти тавоно ва маҳорати комил дошт ва китобҳои арзишмандро нусхабардорӣ намудааст.

 Боре сафари Ҳиндустон намуда, ба дарбори шоҳи Темуриёни Ҳинд – Ҳумоюн расид ва муддате бо фузало ва удабои он диёр ҳамсӯҳбат ва ҳамнишин гардид. Дар соли 951 ҳиҷрии қамарӣ озими Ҳиҷози Арабистон шуд ва ба зиёрати Хонаи Худо дар Маккаи мукаррама ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Муҳаммад (с) дар Мадинаи мунаввара мушарраф гардид. Мавлоно Навид бештар бо лақаби Куланг  шӯҳрат доштааст. Соли 970 ҳиҷрии қамарӣ чашм аз олами фонӣ пушид ва ба дорулбақо сафар кард. Ин байт матлаъи ғазали ӯст, ки чун барги сабз пешкаши хонандагони гиромӣ мегардад:

Баста бар гул гираҳи силсилаи мишкинро,

Сӯхт ҷони мани савдозади мискинро.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.