Мавлоно Шаҳиди Балхӣ

Мавлоно Муҳаммад Расули Шаҳид аз маҳаллаи Мормоли Балх  аст. Ин мавзеъ то кунун номи таърихиашро ҳифз кардааст, ки дар «Муъзаму-л-булдон» ва «Ансоб»-и Самъонӣ низ ба ҳамин ном ёд шудааст. Шаҳид дар ҳудуди соли 1261 ҳиҷрии қамарӣ дар Балхи бостон чашм ба олами ҳастӣ кушудааст. Дар овони кӯдакиву наврасӣ маълумоти ибтидоиро фаро гирифта, барои такмили илму дониш ба Бухорои Шариф меравад. Дар Бухоро Мавлоно Шаҳид дар мадрасаҳои олии ин маркази бузурги тамаддуни исломӣ касби илму дониш намуда, чун донишманди варзида ба камол мерасад. Бояд гуфт, ки Шаҳиди Балхӣ на танҳо олими маъруф, балки хушнависи моҳир ва суханвари боистеъдод буд. Аз осори манзуми вай девоне боқӣ мондааст, ки дар охири қарни ХХ дар шаҳри Пешовари Покистон ба табъ расидааст. Дар бораи фаъолияти илмиву эҷодии ин шоиру донишманди маъруф маълумоти бештар додан мумкин аст, вале мо бо дарҷи як ғазал аз ӯ иктифо хоҳем кард:

Шеваи аҳли ҷунун дар кӯҳу саҳро рафтан аст,

Ошиқӣ дар коми аждар бе муҳобо рафтан аст.

Мерасад дил аз таппидан оқибат рӯзе ба ҷой,

Селро аз ҳар тараф ба дарё рафтан аст.

Нест бар буду набуди мо мадоро он қадар,

Рафтани мо омадан, истодани мо рафтан аст.

Аз пайи рӯзӣ давидан назди арбоби хирад,

Ҳамчу моҳи Миср дунболи Зулайхо рафтан аст.

Шабнам аз ҳиммат ба меъроҷи фалакҳо мерасад,

Маънии меъроҷ аз пастӣ ба боло рафтан аст.

Эй Шаҳиди ишқ, аз ҷавру ғами дунё манол,

Ин сароро омадан имрӯзу фардо рафтан аст.

 Мавлоно Юсуфи Балхӣ

Ин Мавлоно муъосири аллома Саъдуддини Тафтозонӣ буда, шеъри хеле ҷолиб ва равон доштааст. Аз ашъори ӯ ба ҷуз як қитъа, ки дар фавти аллома Тафтазонӣ иншо намудааст,  дигар чизе дар даст нест. Вафоти ӯ  пас аз санаи 792 ҳиҷрии қамарӣ воқеъ афтодааст. Таърихи даргузашти мутафаккири бузурги исломӣ  Тафтозониро чунин ба риштаи назм кашидааст:

Офтоби шаръу миллат Саъди Тафтозон чу рафт,

Оби чашм омад чу селу балағассила забоҳ.

Ақлро пурсидам аз таърихи соли реҳлаташ,

Гуфт таърихаш яке «кам тайабаллоҳу сароҳ».

Мири Мазорӣ

 Мирнодиршоҳ ибни Мирзамоншоҳ ибни Сайид Подшоҳ, ки силсилаи насабаш ба ҳазрати Мирсайфуддин машҳур ба Эшонсоҳиби Истолеф мепайвандад. Лақабҳои ифтихории содоти киром назар ба истилоҳи ҳар минтақа фарқ мекунад. Ҳарчанд Мирро мухаффафи амир гуфтаанд,  бар илова ин,  монанди оқо, почо ва сайид ва эшон яке аз лақабҳои содоти киром аст, ки дар баъзе аз манотиқи хосса ба ин ном шӯҳрат ёфта. Сайид Нодиршоҳ дар лақаби худ  калимаи Мирро ба кор бурдааст. Ӯ дар соли 1262 ҳиҷрии шамсӣ, баробар ба 1303 ҳиҷрии қамарӣ дар Тӯбдараи Кӯҳдоман чашм ба ҷаҳон кушода ва дар умри бисту яксолагӣ озими Мазори Шариф мешавад ва муддати 65 сол дар ҷавори равзаи ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб (р) сукунат ихтиёр намуд. Дар назди мардуми Балх  ва тавобеъи ин диёр ба ҳайси як марди ботақво, худоҷӯй ва порсомониш шӯҳрат дошт. Дар тасаввуф гаравидаи тариқаи нақшбандиии бонурия аст, ки тавассути орифи номӣ Абдулҳакими Қандаҳорӣ силсилааш ба ҳазрати Сайид Одами Бонурӣ мепайвандад. Чунончи нақшбандӣ  будани ӯ аз ин шеъраш дониста мешавад:

Ба нури нақшбандон Мири мискин,

Латоиф сар ба сар дар кор дидам.

Мири Мазорӣ дар соли 1349  ҳиҷрии шамсӣ дар синни  87-солагӣ доъии аҷалро лаббайк гуфта, ба раҳмати худовандӣ пайваст ва дар зовияи ҷанубии Мазори Шариф ба хок супурда шуд.

Мавсуф бо вуҷуди масруфияти иршод ва сулук ашъоре ҷаззоб ва орифона месурудааст. Мухаммасоти ӯ бар ашъори шоирони гузашта маъруф ва машҳур аст. Маҷмӯъаи ашъори ӯ то соли 1361 ҳиҷрии шамсӣ ду маротиба ба табъ расида аст. Ин мухаммас ба ғазали Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ алайҳирраҳма аз гуфтори ӯст:

Эй хуш он рӯзе, ки азми Қаъбаи воло кунам,

Сарф умри худ ба кӯйи Хоҷаи Тоҳо кунам,

Дидаву дил дар ҷамолат доимо бино кунам,

«Кай бувад ё Раб, ки рӯ дар Ясрибу Батҳо кунам,

Гаҳ ба Макка манзилу гаҳ дар Мадина ҷо кунам».

Масту бехуд дар ҷамоли дӯст, фориғ аз ҳама,

Бо гурӯҳи ошиқон бошам алайҳим марҳама,

Ҳосили умри азизи худ шуморам ондама,

«Ба канори Замзам аз дил бар чашмам як замзама,

К-аз ду чашми хунфишонам он чашмаро дарё кунам»,

Бехуду маҷнунсифат водӣ ба водӣ ҳамравон,

Хуни дил аз дида резон з-иштиёқ ҳар су давон,

Бе сару по аз хаёли Хоҷаи Каррубиён,

«Хоҳам аз савдои побӯсат ниҳам сар дар ҷаҳон,

Ё ба поят сар ниҳам ё сар дар ин савдо кунам».

Эй ҳилоли қурси маҳ аз абрӯвонат  мунфаъил,

Пеши хуршеди ҷамолат ховари гардун хиҷил.

Ин дили пурҳасратамро Сайидо аз ғам биҳил,

«Орзуи ҷаннату-л-маъво бурун кардам зи дил.

Ҷаннатам ин бас, ки бар хоки дарат маъво кунам»,

Чанд бошам аз фироқат Хоҷаи ман мубтало,

Сӯхтам аз дурият, эй Сайиди Хайрулваро,

Ҳиммате фармо расонам назди худ, эй Мустафо,

«Ё Расулаллаҳ, ба сӯйи худ маро роҳе намо,

То зи фарқи сар қадам созам зи дида по кунам».

Ҷони ҳар кас бар сари куйи ту шуд фирӯз шуд,

Хоки ӯ андар мазорат шамъи шабафурӯз шуд,

Орзуят бар дили ман новаки дилдӯз шуд,

«Сад ҳазорон дӣ дар ин савдо маро имрӯз шуд,

Нест сабрам баъд аз ин имрӯзро фардо кунам»,

Умрҳо шуд Мири мискинам ба ғам парвардае,

Рӯзу шаб андар таманнои ту дорам наърае,

Лутф фармо, то зи мақсудам биёбам баҳрае,

«Ҳар дам аз шавқи ту маъзурам агар як лаҳзае,

То ман ин сон номаи шавқи дигар иншо кунам».

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.