Шеърхо аз Мавлоно Чалолиддини Балхи

             Аз ғазалиёт

Чунин шабҳо шаби қадр аст моро,

Ҳилоли дигарон бадр аст моро.

Шабе, к- он дилбари айёр бо мост,

На як шаб, сад шаби қадр аст моро.

Ба гирди мо ҳаводис раҳ надорад,

Фароғ аз ҳодиси даҳр аст моро.

Зи фақру фоқа моро ор н-ояд,

Ки ори дигарон фахр аст моро.

Ба зери хирқаам зуннори куфр аст,

Бад-ин шӯҳрат ба ҳар шаҳр аст моро.

Дуре, к-андар ду олам менагунҷад,

Фитода дар дили баҳр аст моро.

Ҳама олам ба сони Шамси Табрез,

Ба зери сояи чатр аст моро.

                      ***

Ишқ бар дил мениҳад бунёдро,

Охир, эй ҷон, аз кӣ хоҳам додро.

Дигарон озод созанд бандаро,

Ишқ банда мекунад озодро.

Кошки ҳаргиз назодӣ модарам,

Чун кунам ин бахти модарзодро.

Хусраву Ширин ба ҳам дар ишратанд,

Нолаву зориву ғам Фарҳодро.

Тешаи Фарҳоду кӯҳи Бесутун,

Мегудозад хораву пӯлодро.

Аз барои зулфи мушкомези дӯст,

Дӯст дорам шонаи  шамшодро.

Шеъри Шамсиддини Табрезӣ гирифт,

Мисру Шому Басраву Бағдодро.

                           ***

Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,

Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст.

Эй офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр,

К- он чеҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст.

Бишнидам аз ҳавои ту овози таблу боз,

Боз омадам, ки соъиди султонам орзуст.

Гуфтӣ ба ноз: «Беш маранҷон маро, бирав»,

Он гуфтанат, ки беш маранҷонам орзуст.

Ин нону оби чарх чу сел аст бевафо,

Ман моҳиям, наҳангам, Уммонам орзуст.

Яъқубвор воасафо, ҳамезанам,

Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст.

Валлоҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад,

Оворагии кӯҳу биёбонам орзуст.

З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,

Шеру Худову Рустами Дастонам орзуст.

Ҷонам малул гашта зи Фиръавну зулми ӯ,

Он нури рӯйи Мӯсии Имронам орзуст.

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу Инсонам орзуст.

Гуфтанд: «Ёфт менашавад, ҷустаем мо»,

Гуфт: «Он ки ёфт менашавад, онам орзуст».

Ҳарчанд муфлисам, напазирам ақиқи хурд,

Кони ақиқи нодири арзонам орзуст.

Боқии ин ғазалро, эй мутриби зариф,

З-ин сон ҳамешумор, ки з-инсонам орзуст.

Биномой Шамси муфхири Табрез, рӯ зи Шарқ,

Ман ҳудҳудам, ҳузури Сулаймонам орзуст.

                            ***

Шамсу қамарам омад, самъу басарам омад,

В-он симбарам омад, в-он кони зарам омад.

Мастии сарам омад, нури назарам омад,

Чизи дигар ар хоҳӣ, чизи дигарам омад.

Он роҳзанам омад, тавбашиканам омад,

В-он Юсуфи симинбар ногаҳ ба сарам омад.

Имрӯз беҳ аз дина, эй муниси дерина,

Дӣ маст бад-он будам, к-аз вай хабарам омад.

Он кас, ки ҳамеҷустам дӣ ман ба чароғ ӯро,

Имрӯз чу тунги гул бар раҳгузарам омад.

Ду даст камар кард ӯ, бигрифт маро дар бар,

З-он тоҷи накӯрӯён нодир гуҳарам омад.

Он боғу баҳораш бин, в-он хамру хумораш бин,

В-он ҳазму гувораш бин, ки гулшакарам омад.

Аз марг чаро тарсам, к-ӯ оби ҳаёт омад,

В-аз таъна чаро тарсам, чун ӯ сипарам омад.

Имрӯз Сулаймонам, к-ангуштариям додӣ,

В-он тоҷи мулукона бар фарқи сарам омад.

Аз ҳад чу бишуд дардам, дар ишқ сафар кардам,

Ё Раб, чӣ саъодатҳо, к-аз ин сафарам омад.

Вақт аст, ки май нӯшам, то барқ занад ҳушам,

Вақт аст, ки барпаррам чу болу парам омад.

Вақт аст, ки дартобам чун субҳ дар ин олам,

Вақт аст, ки барғуррам, чун шерри нарам омад.

Байте ду бимонд, аммо бурданд маро, ҷоно,

Ҷое, ки ҷаҳон он ҷо бас мухисарам омад. 

                                    ***

Омад баҳори ошиқон, то хокдон бӯстон шавад,

Омад нидои осмон, то мурғи ҷон паррон шавад.

Ҳама баҳр пургавҳар шавад, ҳам шӯра чун кавсар шавад,

Ҳам санг лаъли кон шавад, ҳам ҷисм ҷумла ҷон шавад.

Гар чашму ҷони ошиқон чу абри тӯфонбор шуд,

Аммо дил андар абри тан чун барқҳо рахшон шавад.

Донӣ чаро чун абр шуд дар ишқ чашми ошиқон,

Зеро, ки он маҳ бештар дар абрҳо пинҳон шавад.

Эй шоду хандон соъате, к-он абрҳо гирянда шуд,

Ё Раб, хуҷаста ҳолате к-он барқҳо хандон шавад.

З-он сад ҳазорон қатраҳо як қатра н-ояд бар замин,

В-ар з-он, ки ояд бар замин ҷумла ҷаҳон вайрон шавад.

Ҷумла ҷаҳон вайрон шавад в-аз ишқи ҳар вайронае,

Бо Нӯҳ ҳамкиштӣ шавад, пас маҳрами тӯфон шавад.

Тӯфон агар сокин будӣ, гардон набудӣ осмон,

З-он мавҷи берун аз ҷиҳат ин шаш ҷиҳат ҷунбон шавад.

Эй монда зери шаш ҷиҳат, ҳам ғам бихӯр, ҳам ғам махӯр,

К-он донаҳо зери замин як рӯз нахлистон шавад.

Аз хок рӯзе сар кунад, он бех шохи тар кунад,

Шохе ду –се гар хушк шуд, боқиш обистон шавад.

В-он хушк чун оташ шавад, оташ чу ҷон ҳам хуш шавад,

Он ин набошад, ин шавад, ин он набошад, он шавад.

Чизе даҳонамро бибаст, яъне канори бому маст?

Ҳарчи ту з-он ҳайрон шавӣ, он чиз аз ӯ ҳайрон шавад.

                          ***

Зи рӯят дастаи гул метавон кард,

Зи зулфат шохи сунбул метавон кард.

Зи қадди пурхами ман дар раҳи ишқ,

Бар оби чашми ман пул метавон кард.

Зи ашки хуни ҳамчун атласи ман

Буроқи ишқро ҷул метавон кард.

Зи ҳар ҳалқа аз он зулфайни пурбанд

Пайи гарданкашон ғул метавон кард.

Ту дарёиву ман як қатрае ҷон,

Валекин ҷузъро кул метавон кард.

Дилам сад пора шуд, ҳар пора нолон,

Ки аз ҳар пора булбул метавон кард.

Ту қофи қандию ман ломи талхам,

Зи қофу ломи мо қул метавон кард.

Маро ҳамшира аст андешаи ту,

Аз ин шира басе мул метавон кард.

Раҳе дур асту ҷони ман пиёда,

Вале дилро чу Дулдул метавон кард.

Хамӯш кун, з-он ки бе гуфти забоне,

Ҷаҳон пурбонгу ғулғул метавон кард.

                         ***

Онҳо, ки талабгори Худоед, Худоед!

Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед!

Чизе, ки накардед гум, аз баҳри чӣ ҷӯед,

В-андар талаби гумшуда аз баҳри чароед?

Исмеду ҳуруфеду каломеду китобед,

Ҷибрили аминеду расулон шумоед.

Дар хона нашинед, магардед ба ҳар сӯ,

Зеро ки шумо хонаву ҳам хонахудоед.

Зотеду сифотеду гаҳе Аршу гаҳе фарш,

Дар айни бақоеду муназзаҳ зи фаноед.

Хоҳед бубинед рӯҳ андар рӯҳи маъшуқ,

Зангор зи ойина ба сайқал бизудоед.

Ҳар разм, ки Мавло бисарояд ба ҳақиқат,

Медон, ки бад-он разм сазоед, сазоед.

                         ***

Ман агар мастам, агар ҳушёрам,

Бандаи чашми хуши он ёрам.

Бе хаёли рухи он ҷони ҷаҳон,

Аз худу ҷону ҷаҳон безорам.

Бандаи сурати онам, ки аз ӯ,

Рӯзу шаб дар гулу дар гулзорам.

Инчунин ойинае мебинам,

Чашм  аз ин ойина чун бардорам?

 Бути ман гуфт: «Манам ҷони ҷаҳон»,

Гуфтам: «Ин аст, бут,  иқрорам».

Гуфт: «Агар дар сари ту сӯзи ман аст,

Аз ту ман як сари мӯ нагзорам».

Гуфтамаш: «Ҳарчи бисӯзӣ ту зи ман,

Дуди ишқи ту бувад ошкорам».

Манам он шамъ, ки дар оташи ман,

Ҳарчи парвона бувад биспорам.

Соқӣ омад, ки «ҳарифона бидеҳ»,

Гуфтам: «Инак ба гарав дасторам».

                         ***  

Биё, то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.

Каримон ҷон фидои дӯст карданд,

Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.

Ғаразҳо тира доранд дӯстиро,

Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?

Гаҳе хушдил шавӣ аз ман, ки мирам,

Чаро мурдапарпарасту хасми ҷонем?

Кунун пиндор мурдам, оштӣ кун,

Ки дар таслим мо чун мурдагонем.

Чу бар гӯрам бихоҳӣ бӯса додан,

Рухамро бӯса деҳ, акнун ҳамонем.

                             ***

Эй ёри ман, эй ёри ман, эй ёри безинҳори ман,

Эй ҳаҷри ту дилсӯзи ман, эй лутфи ту ғамхори ман.

Эй дар замин моро қамар, эй нимашаб моро саҳар,

Эй дар хатар моро сипар, эй абри шаккарбори ман.

Хуш меравӣ дар ҷони ман, хуш мекунӣ дармони ман,

Эй дини ман, имони ман, эй баҳри гавҳардори ман.

Эй ҷони ман, эй ҷони ман, султони ман, султони ман,

Дарёи бепоёни ман, болотар аз пиндори ман.

Эй шабравонро машъала, девонагонро силсила,

Эй қиблаи ҳар қофила, эй қофиласолори ман

Ҳам  раҳзанӣ, ҳам  раҳбарӣ, ҳам моҳиву ҳам муштарӣ,

Ҳам ин сарӣ, ҳам он сарӣ, ҳам ганҷу изтиҳзори ман.

Чун Юсуфи пайғамбарӣ, ойӣ, ки хоҳам муштарӣ,

То оташе андар занӣ дар Мисру дар бозори ман.

Ҳам Мӯсиву бар Тӯри ман, Иснифае ранҷури ман,

Ҳам нури нури нури ман, ҳам Аҳмади Мухтори ман.

Ҳам муниси зиндони ман, ҳам давлати хандони ман,

Валлаҳ, ки садчандони ман, бигзашта аз бисёри ман.  

Гӯӣ «Маро шарҳе бигӯ», гӯям: «Чӣ гӯям пеши ту?»,

Гӯӣ: «Биё, ҳуҷҷат маҷӯ, эй бандаи таррори ман».

Гӯям, ки ганҷи шойгон, Гӯяд: «Бале, не ройгон,

Ҷон хоҳаму он гоҳ чӣ ҷон?» – Гӯям: «Сабук кун бори ман».

Гар ганҷ хоҳӣ, сар биеҳ, в-ар ишқ хоҳӣ, ҷон бидеҳ,

Дар саф даро, вопас маҷеҳ, эй Ҳайдари Каррори ман!

                                         ***

Эй оташи оташнишон, ин хонаро вайрона кун,

В-ин ақли ман бистон зи ман, бозам зи сар девона кун.

Бишкан дари хумхонаро, бистон сабук паймонаро,

Барҳам зан ин афсонаро, зӯҳди маро афсона кун.

Соқӣ, биёр он ҷомро, бистон зи ман оромро,

Бигзор ин Исломро, рав Каъбаро бутхона кун.

Эй ошиқи ошиқ, бирав, ҷонро ба ҷоме кун гарав,

З-он ҷоми Ҷам рамзе шунав, сар дар сари паймона кун.

Эй ишқ, бо чандин ҷафо, чун сӯхтӣ ҷони маро,

Рав як даме, баҳри Худо, қасди дари ҷонона кун.

Эй офтоби осмон аз шарми рухсорат ниҳон,

Гар фитна хоҳӣ дар ҷаҳон, зулфайни худро шона кун.

Эй Шамси Табрезӣ,  биё, к- аз худ шудастам дар ано,

Оташ бизан ақли маро, бозам зи сар девона кун.

                         ***

Дидам нигори худро мегашт гирди хона,

Бардошта рубобе мезад яке тарона.

Ба захмае чу оташ, мезад таронаи хваш,

Масту харобу дилкаш аз бодаи шабона.

Дар пардаи Ироқӣ мезад ба номи соқӣ,

Мақсуд бода будаш, соқӣ будаш баҳона.

Соқии моҳрӯе, дар дасти ӯ сабӯе,

Аз гӯшае даромад,  бинҳод дар миёна.

Пур кард ҷоми аввал, з-он бодаи чу машъал,

Дар об ҳеҷ дидӣ, к-оташ занад забона?

Бар каф ниҳода онро, аз баҳри ошиқонро,

Он гаҳ бикард саҷда, бӯсид остона.

Бистуд нигор аз вай, андаркашид он май,

Шуд шӯълаҳо аз он май ба рӯю сар равона.

Медид ҳусни худро, мегуфт неку бадро:

«Не буду не биёяд, чун ман дар ин замона».

Шамсулҳақи ҷаҳонам, маъшуқи ошиқонам,

Ҳарду бувад ба пешам – ҷону равон равона.

test

Добавить комментарий