Мавлоно Ҳамиддадини Балхӣ

Қозӣ Ҳамаддадин Умар ибни Маҳмуди  Балхӣ яке аз олимон ва суханварони номӣ ба шумор рафта, дар замони Анварӣ ба ҳайси қозиюлқуззот (қозикалонӣ)  дар  Балх ифои вазифа менамуд. Мавсуф бар иловаи фақоҳат ва матонат дар улуми динӣ, ҳаким ва шоири ширинсухану шевобаён буд, ки бо Анварӣ мушоира дошта ва як бор вайро аз ғазаби мардуми Балх наҷот додаст.

«Мақомоти Ҳамидӣ» аз осори пурарзиши Ҳамиддадини Балхӣ аст, ки дар байни аҳли илму адаби Хуросону Мовароуннаҳр аз шӯҳрати зиёде бархурдор аст. Аз ин рӯ, ин донишманд ва адиби маъруф дар таърихи адабиёти форсӣ яке аз симоҳои маъруф ба ҳисоб меравад ва дар мавриди мабҳаси насри фаннӣ аз ӯ ва китобаш ном бурда мешавад.

Дар масъалаи номи ӯ ихтилофи зиёде дар маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ ба чашм мерасад. Баъзеҳо номи вайро Умар ва бархеҳо Алӣ ва гурӯҳе Маҳмуд навиштаанд, ки дар асарҳое, амсоли «Фазоили Балх», «Таърих»-и ибни Асир, «Фавоиду-л-бақия», «Лубобу-у-албоб», «Ансоб»-и Самъонӣ ва «Ҷавоҳиру-л-мазия» ва «Лисону-л-мизон», «Асмои муаллифин», «Таърихи Қатаған»-и Абдулвафо Абдукарими Валволиҷии Рустоқӣ ва «Доирату-л-маъорифи Ориёно» аз он баҳс шуда,  аммо маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ сари номи ӯ ихтилофи назар доранд. Баъд аз таҳқиқ ва пажӯҳиши зиёд маълум гардид, ки кунияти вай Абубакр ва лақабаш Ҳамиддадин ва исми шарифаш Маҳмуд аз дудмони Маҳмудии Балх аст, ки ҳозира беруни дарвозаи Навбаҳор ба номи ҳозираи Маҳмудиён дар он аср маъруф будааст, ин дам роҳи ом аз тарафи ҷануб аз он мавзеъ убур намуда, дохили Балх мешавад ва мадфани Абусаъд Умари Маҳмудии Балхӣ, устоди ҳадиси Имом Самъонӣ – соҳиби «Ансоб» ва дигар Маҳмудиёни Балх мебошад. Дар ин сурат, Умар номи падари ӯ аст аз ин қарор:

Абубакр Ҳамидаддин Маҳмуд ибни Умар ибни Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абузари  Маҳмудии Балхӣ. Авфӣ дар бораи сабки нависандагии вай гӯяд: «Агарчи дар сухан муроъоти ҷониби саҷъ карда, чунончи Аҳвозӣ дар насри тозӣ ва Имом  Имом Рашиддини Вавот дар тарассул фааммо ҷое, ки дар сухан аз ҳадди такаллуф мегузарад, латофате дорад ба ғоят». Шоири маъруф ва муқтадири дарбори Балх -Анварӣ дар васфи  «Мақомот»-и  вай гуфтааст:

Ҳар сухан,  к-он нест Қуръон  бо ҳадиси Мустафо,

Аз «Мақомот»-и Ҳамидаддин шуд акнун турраҳот.

Ашки аъмо дон  мақомоти ҳаририву бадеъ,

Пеш он дарёи моломол аз оби ҳаёт.

Шод  бош, эй унсури Маҳмудиёнро рӯйи ту,

Рав, ки ту Маҳмуди асриву мо бутони Суманот.

Аз « Мақомот»-и ту гар фасле бихонем бар адад,

Ҳоле аз номантиқӣ ҷазри асам ёбад наҷот.

Ақли кулл хате таъаммул кард аз –ӯ гуфт: эй аҷаб,

Илми иксири сухан донад магар ақсалқузот.

Дер мон, эй рою қудрат олами тавҳидро,

Офтобе безаволу осмоне босубот.

Мавсуф таълифоти парарзише аз худ ба ёдгор гузоштааст, ки ҳар кадоми он дар навъи худ камназир аст. Аз ҷумлаи осори пурарзиши вай:

«Ҳанайнал-л-мустаҷир ила ҳазрату-л-муҷир».

«Василатулафот ила акфоалкафот».

«Равзату-л-ризо фил мадҳи аби ал-Ризо».

«Қадҳу-л-муғаннӣ  фи мадҳи ал-маънӣ».

«Ал истиғосат ила ихвоналсалосат»

« Маниятултуроҷи фи ҷавҳаруттоҷӣ»

«Сафарномаи Марв».

Ба ҷуз «Сафарномаи Марв»  тамоми осори ӯ ба наср нигошта шудааст. Мавлоно Ҳамиддадини Балхӣ осори манзуми шево ва равон низ эҷод кардааст. Вай ҳам дар наср ва ҳам дар назм чирадаст будааст. Инак, як рубоӣ аз осори манзуми ӯ:

 Кай паст шавад, он ки баландаш ту кунӣ,

Шодон бувад он дил, ки нажандаш ту кунӣ.

Гардуни сарафрошта сад бӯса диҳад,

Ҳар рӯз бад-он пой, ки бандаш ту кунӣ

Порае аз  «Сафарномаи Марв»:

Боди Марв аст ё насими суман,

Ин ки вақти саҳар расид ба ман.

Марҳабо, эй насими анбарбол,

Хурраму хуштар аз ҷанубу шимол.

Накҳати бодаи разӣ дорад,

Бӯйи ёрони Марвазӣ дорад.

Чун бар-он рӯю мӯй ҳамрозӣ,

Бо ту дарсозам, аз чӣ ғаммозӣ?

Эй нигоре, ки зиннати марвӣ,

Чархро моҳу боғро сарвӣ.

Моҳи нав мар туро савор сазад,

Иқди Парвин-т гӯшвор сазад.

Бар дари ӯ гузаштаи ба дуруст,

К-аз сари хоки кӯйи ӯ бар туст.

Нагзарад рақиби тавсани ту,

Ки бибӯсад насим домани ту.

Эй фалак, маркаби амории ту,

Ашк то кай кашад симории ту.

Биншастам чу тоба бар оташ,

Сокину собиту мусалламу хваш.

Рӯзгор ар кушад ба теғ маро,

Нест ҷон дар раҳат дареғ маро.  

Вафоти Мавлоно Ҳамиддаддини Балхӣ ба гуфтаи Валволиҷӣ дар «Таърихи Қатаған» соли 560-и ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтода ва ба раҳмати худовандӣ пайвастааст.

Мавлоно Ҳамидии Балхӣ

Исмаш Абдулҳамид ва тахаллусаш Ҳамидӣ аст ва пас аз касби улуми мутадовилаи исломӣ дар мадрасаҳои Балх ба Бухоро сафар намуда, дар назди донишмандони Мовароуннаҳр дониш ва илми худро такмил додаст. Пас аз бозгашт ба ватан дар мадрасаҳои зодгоҳаш аз улуми динӣ, сарфу наҳв ва луғати арабӣ ба толибилмон дарс медодааст. Ӯ дар эҷоди шеъри форсӣ пайрави Абдулқодири Бедил будааст. Роҷеъ ба рӯзгор ва осори вай дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ иттилоъи кам ба назар мерасад. Ҳамидии Балхӣ дар соли 1308 ҳиҷрии қамарӣ дар зодгоҳаш вафот кардааст. Ин чанд баёт намунае аз чакидаҳои табъи ӯст:

Итоби чини ҷабинат маро зи ҷони ширин,

Мапеч домани гесӯ зи ман, ба ҳолам бубин.

Таровати хати сабзат ба навбаҳори умед,

Ривоҷу равнақи райҳону сунбулу насрин.

Амири кишвари ҳусн туро муборак бод,

Сипоҳи ғамзаву нозу карашмаву тамкин.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.