Адои Мазорӣ

Адои Мазорӣ

Мирзо Атоуллоҳ ки бо номи Шайх Атоуллоҳ низ шӯҳрат дошта, ба падараш яке аз шахсиятҳои маъруфи шаҳри Балх – Шайх Ҳабибуллоҳ писари Халифа Соҳиби Доруламон аст. Адо тахаллуси шоирии ӯст. Вай як шахсияти сӯфимашраб ва порсоманиш буда, аксар вақти худро ба таҳқиқ ва пажӯҳиши «Маснавии Маънави»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, «Мантиқу-л-тайр»-и Шайх Аттори Нишопурӣ сарф намудааст. Вафоти ӯ дар соли 1330 ҳиҷрии қамарӣ (мутобиқ 1488 ҳиҷрии шамсӣ) дар Мазори Шариф (Балх) иттифоқ афтода, ба раҳмати Худованди бузург пайвастааст. Абёти зерин намунае аз ашъори Мирзо Адои Мазории Балхӣ мебошад:

Пас аз ин дасти ману пайваст дар домони субҳ,

Файзҳо бошад мухаммар дар баҳористони субҳ.

Дидаро аз хоби ғафлат субҳгаҳ бедор кун,

Ғофилони хуфта маҳруманд аз эҳсони субҳ.

Ашки ҳасрат субгаҳ аз дидаи хунбор бор,

Гар баҳо хоҳад зи ту лаъли лаби хандони субҳ.

Ҳар дуъо дар субгоҳӣ ҳаст мақбули Илаҳ,

Боби раҳмат мекушояд ҳар шабе домони субҳ.

Неъмати файзи азал бар хони худ чидаст субҳ,

Эй Адо, ҳар шаб шавад сидқу яқин меҳмони субҳ.

Алифи Абдоли Балхӣ

Ӯ аз суханварони ширинбаёни ин кӯҳандиёр буда, дар сурудани ашъори форсӣ дар анвоъи мухталиф дасти тавоно ва истеъдоди комил доштааст, вале аз ҳама бештар дар мавзӯъҳои ҳаҷву ҳиҷо ва шӯхиву мутоъиба чирадаст будааст. Ӯ дар аввалҳои овони ҷавонӣ Мутеъӣ тахаллус дошта ва ахиран тахаллуси Алиф Абдоли Балхиро ихтиёр кард. Ӯ зодгоҳи худро тарк гуфта, озими кишвари Эрон мегардад ва дар шаҳри Исфаҳон тарҳи иқомат меафканад ва чандин соли умри худро дар ин сарзамини бостонӣ мегузаронад. Тибқи шаҳодати маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ дар айёми тасаллути Исфаҳон аз тарафи Исмоили Сафавӣ дар он ҷо будааст ва тамоми даҳшату қатли оми мардумро ба чашми худ дидааст.  Ин як матлаъ намунае аз ашъори шевои ӯст:

Дорӣ дунё дар мақоми ман собитқадам аст,

Ману он дор, ки дарвозаи мулки адам аст.

Амир Юсуфи Балхӣ

Мавлоно Юсуф аслан аз амирзодагони Балх аст ва файзи сӯҳбати Мавлоно Ғиёсуддини Бадахшро дарёфтааст  ва аз муридони хоси ӯст. Тамоми умрашро бо ҳазрати Ғиёсӣ сипарӣ намудааст. Мавсуф девони хурдҳаҷме дорад, ки моломол аз афкори ҳақоиқ ва ирфон аст ва моддаи таърихи муршидашро, ки 1181 ҳиҷрии қамарӣ аст, чунин дарёфта аст:

Рав биҷӯ, «дурри бадахшонӣ» ту, эй ёри азиз,

Дар ҳазору як саду ҳаштоду як гашта ниҳон.

Назми Мирзо Шайх Муҳаммадюсуф бо ашъори пуршӯру валвала ва ҷаззоби муршидаш шабоҳати тамом дорад ва ин як рубоӣ намунаи каломи ӯст:

Шӯри Мансур аст имшаб бар сари пуршӯри мо,

Қобили ин шӯр набвад ҷуз сари мо назри мо.

Ошиқон омодаи ранҷанду роҳат душмананд,

Офият бар худ намехоҳад тани ранҷури мо.

Арслони Балхӣ

Аз шоирони номдори аҳди Абдумӯъминхони Шайбонӣ аст. Мавсуф дар сурудани қитъаҳои таърихӣ маҳорати комил доштааст. Вай баъд аз баргаштан аз сафари ҳаҷ вориди мулки Ҳиндустон мешавад ва мулозимати дарбори Акбар подшоҳро ихтиёр мекунад. Ба таври қатъӣ то баъд аз соли 977 ҳиҷрии қамарӣ дар қайди ҳаёт буда ва дар замони валодати Ҷаҳонгир – шоҳзодаи Темурӣ, дар сарзамини Ҳинд сукунат дошта, таърихи зодрӯзи ӯро чунин ба риштаи назм кашидааст.

Намуд аз бурҷи давлат офтобе,

Ки нураш тофт аз маҳ то ба моҳӣ.

Биҳамдуллоҳ, ки равшан шуд зи нураш,

Чароғи дудмони подшоҳӣ.

Хирад аз баҳри мавлуди шарифаш,

Яке афзуд бар «Зилли иллоҳӣ».

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.