Аттори Балхӣ

Мавлоно Аттор Шайх Аттори Нишопурӣ нест ва ӯ дар қарни ёздаҳи ҳиҷрӣ муқими Балх будааст. Ӯ пешаи атторӣ дошта, гоҳ – гоҳе шеър месуруда, ки рубоии зерин аз табъи равони вай  аст.

Эй гашта хиҷил оби ҳаёт аз даҳанат,

Сарв аз қаду маҳ аз руху сим аз баданат.

Соҳибназаре куҷост то дарнигарад,

Сад Юсуфи Миср дар дили пироҳанат.

Афифи Бохтарӣ

Соли 1962 дар шаҳри Мазори Шариф – маркази вилояти Балх ба дунё омадааст. Дастпарвари факултаи зироъати Донишгоҳи Кобул мебошад. Дар сурудани ашъор истеъдоди комил дорад. Аз Афифаи Бохтарӣ китобҳои «Санг ва ситора» ва «Овози хокисторӣ» ба табъ расидааст. Ин се шеър намунае аз осори ӯст, ки пешкаши шумо мегардад:

Бо аксат агар…

Бигзор, ки охир кунам афсонаи худро,

Фарёд кашам дарди ғарибонаи худро.

Бо ҳар кас агар лаб ба ҳикоят бикушоям,

Пас бо чӣ фиребам дили девонаи худро?

Дил бе ту чунон аст, ки барзигари пойиз

Дар бод пароканда кунад донаи худро.

То доманам оганда шавад аз зари хуршед,

То ман бирасон дасти каримонаи худро.

Беқадртар аз хораму ночизтар аз хас,

Холӣ кунам аз ишқ агар шонаи худро.

Эй ҷӯшиши хун, кӯшиши будан ба ман омӯз,

Бигзор, ки обод кунам хонаи худро.

Ойна, об ва оташ

Дар дурдасти шарқи Бохтар

Кӯҳе кашида сар,

Кӯҳе, ки ошёни уқобони саркаш аст,

Кӯҳе, ки солҳост дар андешаи замон

Ёдовари Сиёвушу Сӯҳробу Ораш аст.

Дар имтидоди домани ин кӯҳи чархсой,

Он ҷо, ки рашки ойинаву обу оташ аст,

Гӯянд ин ки кӯрараҳе рафта то биҳишт,

То бистари хуршеди осмон

То дашти Шодиён…

Дерест ошиқона ба дил дорам ин умед:

Оё бувад, ки рӯзе аз он рӯзҳои ноб,

                                      эй пайкари офтоб,

Бозойиву раҳоям аз ин хокдон кунӣ?

В-он гаҳам оҳувонатар аз оҳувони бод

Роҳе ба самти гулдараи Шодиён кунӣ?

Суруди боғ

Дар он лаҳза, ки чашмонам ба сӯям меҳр мепошид

Ва дашти хушки зеҳнам аз нигоҳат об менӯшид,

Зи обиҳои тобистони қаря шеър меборид

Ва атри шодмонӣ дар машоми рӯз мепечид.

Ба ҳангоме ки бӯйи нони тоза аз танӯри зуҳр бармехост

Ва ман дар ман сафар мекард,

Ман аз пушти чапарҳо қомататро сабз медидам

Ва шодобӣ аз ободӣ гузар мекард.

Ба ҳангоме ки ту сабз аз булӯғи меваҳо будӣ

Ва деворе фарорӯям намедидам,

Сарангушти хаёлам аз лабат гелос медуздид,

Тамоми ҳастиам пур аз суруди боғ мегардид,

Дилам чун кафтаре дар гунбади ишроқ мечархид

Ва ман аз боғи лабҳоят гули лабханд мечидам.        

Бадеъии Балхӣ

Муҳаммад ибни Маҳмуд дар баъзе тазкираҳо бо исми Маҳмуд ибни Маҳмуд низ зикр гардида, зодгоҳаш Балх аст. Ӯ аз шуъарои ширинкаломи аҳди Маҳмуди Ғазнавӣ  ба ҳисоб меравад. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ин суханвар дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ иттилоъии кам мавҷуд аст. Танҳо маълум аст, ки аз осори пурарзиши Бадеъии Балхӣ китоби «Пандномаи Анӯшервон» боқӣ монда, ки дар баҳри мутақориб таълиф гардидааст. Ин чанд байт аз гуфтори шевои ӯст, ки чун муште аз хирвор намуна меорем:

Сипос аз Худованди чархи баланд,

Ки дар дил нагунҷад аз Ӯ чуну чанд.

Ҷаҳонофарин кирдугори сипеҳр,

Фурӯзандаи пайкари моҳу меҳр.

Нигорандаи гунбади кӯзпушт,

Намояндаи роҳи нарму дуруст.

Бадриддини Балхӣ

Аз суханварони номии Балх аст ва соҳиби табъи солим ва фикри расо будааст. Дар замонаш аз  дигар шуъарои он қарн сабқат ва пешдастӣ дошта. Ашъори дилнишини ӯ дар он аср дар Балх  танин афканда буд, ки абёти зерин  намунае аз табъи равони ӯст:

Бе ту маро дида дуррафшон бимонд,

Дида бишуд нақши ту дар ҷон бимонад.

Ойина бардоштӣ аз накӯйӣ,

Чашми ту дар ойина ҳайрон бимонд.

Баёзии Балхӣ

Мавлоно Баёзӣ марди қаландармашраб ва порсоманиш будааст, аз ин рӯ, касоне ки аз ҳақиқати ҳоли вай огоҳӣ надоштанд, ӯро Девона Баёзӣ низ мегуфтанд. Мавсуф дар нимаи қарни ёздаҳи ҳиҷрии қамарӣ дар Балх мезистааст. Дигар дар бораи рӯзгор ва осори ин шоир маълумоте дар маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ пайдо накардем. Ин байт намунае аз ашъори Баёзӣ мебошад:

Эй зи шона зулфатро майли анбарафшонӣ,

Зулфи анбарафшонат мояи парешонӣ.

Бехудии Балхӣ

Мавлоно Бехудӣ  аз суханварони номии Балхи бостон аст. Роҷеъ ба рӯзгор ва осори ин суханвар иттилоъи кофӣ дар маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ дарҷ нагардидааст.  Ин байт аз чакидаҳои хомаи вай аст:

Гар абрӯйи туро нашудӣ моҳи нав ғулом,

Айём ҳаргизаш нанҳодӣ ҳилол ном.

Бобои Балхӣ

Мавлоно Бобои Балхӣ аз суханварони қарни даҳуми Балхи бостон аст. Ба ғайр аз тазкираи «Музаккиру-л-аҳбоб» дар дигар осори таърихиву адабӣ дар бораи рӯзгор ва осори ин шоир маълумоте ба назар нарасид. Ин матлаъи шеър намунаи аз осори манзуми ӯ мебошад:

Мижгони ту дуд аз дили пурдард баровард,

Тират аз тани хокии ман гард баровард.

Ботинии Балхӣ

Хоҷӣ Мавлони Ботинӣ аз суханварони номдори сарзамини Балх аст, аммо мутаассифона, ба ҷуз байти зерин дигар аз осор ва аҳволи шоир дар маъзахҳои таърихиву адабӣ чизе дида намешавад:

Бас ки дорӣ тангдил, эй ғунчаи хандон, маро,

Ҷон зи дил омад ба тангу дил гирифт аз ҷон маро.

Боҳирии Балхӣ

Мирбоҳир бародари Мирчучаки Балхӣ мулаққаб ба Илмӣ мебошад. Ӯ аз суханварони варзидаи аҳди Ҳаштархониёни Балх аст. Дар сурудани ашъори шево ва пурмазмун истеъдоди фитрӣ ва баланд доштааст. Дигар дар бораи ӯ маълумоте дар даст нест.   Ғазали зерин аз осори ӯст:

Ба шоми ғамат дуди оҳе, ки дорам,

Аз он аст рӯзи сиёҳе, ки дорам.

Ба даъвии ишқат чунон сарбаландам,

Ки бар Арш сояд кӯлоҳе, ки дорам.

Ниҳам пушти тоъат ба девори ҳаҷрат,

Ҳамин аст пушту паноҳе, ки дорам.

Зи бедоди хубон ба доди дилам рас,

Туӣ дар ҷаҳон подшоҳе, ки дорам.

Тариқи вафо пеша кардам чу Боҳир,

Ҳамин аст сӯйи ту роҳе,  ки дорам.

Воқифи Балхӣ

Мир Фахруддини Воқиф аз содоти маъруфи Балх аст. Соҳиби китоби «Баҳру-л-асрор» ӯро аз деҳаи Шайхи Бағлон муъаррафӣ намудааст. Қаблан дар шарҳи аҳволи Мавлоно Қиличи Балхӣ дар бораи деҳаи Шайх маълумот дода будем, ки агарчи ин деҳа аз тавобеъи Бағлон бошад ҳам, дар он рӯзгор ҷузъе аз сарзамини Балхи бостон ба шумор мерафтааст. Дар бораи рӯзгор ва осори ин суханвар дар тазкираҳо ва маъхазҳои таърихӣ иттилоъи кам ба назар мерасад. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки ӯ муддате вазифаи шайхулисломии Бағлонро ба ӯҳда доштааст. Рубоии зерин аз табъи равони ӯ гувоҳӣ медиҳад:

Марг некӯтар бувад аз ғам дили бетобро,

Ҳар киро ранҷе расад роҳат шуморад хобро.

Гарчи сӯзан сар ба пайванди касонат орзуст,

Боядат хӯрдан ба сони ришта печу тобро.

Воъизии Балхӣ

Ҳаким Абубакр Муҳаммади Балхӣ маъруф ба Воъизӣ шахси тақводор ва парҳезгор буда, дар асри хеш мубаллиғ ва носеҳи мардуми Балх будааст. Қариҳаи нек ва табъи равон доштааст. Дигар дар бораи рӯзгор ва ашъори ӯ чизе дар ихтиёр надорем. Ин чанд байт намунае аз каломи ӯст:

На аз Зуҳал бадию на некӣ зи Муштарӣ,

Ҳаст ин ҳама зи Довару нек аст зи доварӣ.

Ҳар неку бад,  ки ҳаст зи тақдири ҳукми ӯст,  

На зи даври доир асту не зи чархи чамбарӣ.

Андӯҳу ранҷу роҳат, шодиву иззу зил,

Дарду инову фоқаву молу тавонгарӣ.

Бахти ҷавону давлати масъуду рӯзи саъд,

Бадбахтиву иноду балову бадахтарӣ.

Аз фазлу адли Ҳақ шумар гар шудаӣ яқин,

Номи ҳаво зи номаи аъмол бистурӣ.

Волаҳии Балхӣ

Аз суханварони аҳди Густонқарои Шайбонист, ки дар шаҳри Балх дар синни пирӣ ба шеър ва шоирӣ шавқу рағбат пайдо карда ва аз дигар адабони ҳамасараш мақому манзалати бештар ҳосил карда будааст. Вафоти ӯ дар соли 977 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтодааст. Ин ғазал намунае аз ашъори вай аст:

Гирифторе чун ман дар кунҷи меҳнат мубтало авло,

Ба кӯйи ошиқӣ афтода поҳои ҳино авло.

Ба дарди бедавои ишқ хурсандам, ки медонам,

Давои дардманди ишқ дарди бедаво авло.

Саре к-аз ишқ хубе нест,  дар вай шӯру ғавғое,

Бар онам ман,  ки он сар хок беҳ аз тан ҷудо авло.

Ба тарфи кӯйи хубон хоҳам аз сар по кунам ҳар дам,

Ки дар кӯйи парирӯён ба сар рафтан зи по авло.

Макун, эй Волаҳӣ, андеша аз бемеҳрии хубон,

Ки хубони ҷаҳон бемеҳр хуштар бевафо авло.   

Вомиқи Балхӣ

Мавлоно Вомиқи Балхӣ аз суханварони маъруфи  Балх аст. Замоне барои сайру саёҳат вориди Ҳинд мешавад ва тавассути шайхулислом ҳазрати Шайх Аламуллоҳ ба мулозамати вазир Абдурраҳимхони Хонихонон мерасад. Қасоиди обдоре дар мадҳи вазири аъзам ва адабдӯсти дарбори Ҳинд  сурудааст. Дигар маълумоти муфассал дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ин суханвар дар ихтиёр надорем.  Ин наъти шариф аз табъи равони ӯст:

Заррасон то хештанро аз ҳисоб афгандаем,

Рахти ҳиммат ба бисоти офтоб афгандаем.

Ташнатабъони муҳаббатро мураббӣ гаштаем,

Хешро чун абри раҳмат дар сароб афгандаем.

Мову дил растем аз меҳнат муҳими хешро,

То ба даргоҳи шаҳи олиҷаноб  афгандаем.

Аҳмади мурсал,  шаҳи аршоиён, к-аз савлаташ,

Ларза дар ҷони Каю  Афросиёб афгандаем.

Он шаҳаншоҳ, ки гӯяд ҳимматаш дар рӯзи ҳашр,

Мо зи дафтар ҳарфи исён аз ҳисоб афгандаем.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.