Абушакури Балхӣ

Ӯ аз суханварони маъруфи адабиёти форсӣ ба шумор меравад ва кӣ будани падару модари вай ва ба кадом табақа ва қишри ҷомеъа мансуб будани хонаводаш маълуми муҳаққиқон нест. Аз рӯйи рақами 336 ҳиҷрии қамарӣ (947- 948 милодӣ), ки шоир онро соли таълифи асари худ «Офариннома» қарор додаст ва дар ин таърих сиюсесола будани худро қайд кардааст:

Саранҷом оғози ин нома кард,

Ҷавон буд чун сию сесола мард,

соли таваллуди ӯро 303 ҳиҷрии қамарӣ (915 – 916 милодӣ) донистан ба ҳақиқиқат наздик аст. Ҷойи таҳсил, устодон ва кай омаданаш ба пойтахти давлати Сомониён – шаҳри Бухоро низ маълум нест. Агар соли таълифи «Офариннома» 947- 948 милодӣ бошад, замони ҳукмронии Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ аст ва агар каме ҷавонтар ба Бухоро омода бошад, сӯҳбати устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дарёфтааст. Тафсилоти ҳаёти ӯ дар Бухоро низ маълум нест, вале шоири аҳди Сомониён будани вай тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ собит шудааст.

Абушакури Балхӣ аз зумраи суханварони раддаи аввали қарни даҳуми милодӣ ба шумор меравад. Ӯ дар сурудани ашъор ба забони форсии дарӣ чирадаст ва истеъдоди баланду комил доштааст. Тахмин кардан мумкин аст, ки ин суханвари тавоно осори зиёде эҷод кардааст, вале мутааасифона,  аз ашъори шево ва пурмазмуни вай ба мисли осори пурарзиши устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ миқдори хеле каме боқӣ мондааст. Аммо ҳамин осори кам низ гувоҳи он аст ва собит месозад, ки Абушакури Балхӣ суханвари моҳир буда, дар сурудани ашъори дилнишин завқи саршор ва маҳорати баланди фитрӣ  доштааст.

Аз мероси адабии ӯ маснавие бо номи «Офариннома» ва ду маснавии дигар дар дар вазни ҳазаҷи мусаддаси мақсур ва баҳри хафиф ва дигар ашъораш порчаҳои ҷудогона боқӣ мондаанд. Хушбахтона, аз маснавии «Офариннома» порае пурратаре то замони мо расидааст.

Маснавии «Офариннома» дар вазни мутақориби мусамммани мақсур таълиф гардидааст ва санаи эҷоди он 336 ҳиҷрии қамарӣ мебошад.

Ҳукмрони он аҳд амир Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ (соли ҳукуматаш 943- 954 милодӣ) будааст, ки дар ин маснавӣ қайд гардидааст:

Худованди мо Нӯҳи фаррухнажод,

Ки бар шаҳриёрон бигустурд дод.

Мазмуни асосии осори боқимондаи Абушакури Балхиро панду андарз ва ҳикмат ташкил медиҳад. «Офариннома» шаклан маснавист, ки сужети ягона надорад ва бештар ба достонҳои ғиноӣ монанд аст, вале худи шоир онро достон номидааст:

Ту аз ман кунун достоне шунав,

Бар –ин достон бештар з-ин манав.

Азбаски ин асар комилан то замони мо нарасидааст, бинобар ин, дар бораи мазмуну мундариҷаи он сухан рондан душвор аст. Аз рӯйи пораҳои боқимонда маълум мегардад, ки «Офариннома» аз ҳикоятҳои воқеъӣ буда, пас аз ҳар як ҳикоя ба хонанда панду андарз дода мешавад. Масалан, дар як пораи ин достон дар бораи як нафар тавонгари гунаҳкоре сухан меравад, ки аз рӯйи ҳавою ҳавас гуноҳе содир карда, ба ҷазои марг маҳкум гардидааст:

Зи дидор хезад ҳазор орзӯй,

Зи чашм аст, гӯянд ранджи гӯлӯй…

Сари бе тану паҳн гашта ба гурз,

Тани бесар афганда ба хок бурз.

Дар радифи симои ин марди гунаҳкор, ки ҳорис ва пурхӯр будааст, симои зани бадахлоқе низ тасвир гардидааст, ки шоир ӯро мавриди нафрат ва сарзаниш қарор додааст:

Зи доно шунидам, паймоншикан,

Зани ҷоф –ҷоф аст паймоншикан…

Тавонгар ба наздики зан хуфта буд,

Зан аз хоб шарфоки мардум шунуд…

Ба нишкурда бибрид занро гулӯ,

Туфу бар чунин ношикебо, туфу!

Чӣ бинад бад-ин андарун жарфбин,

Чӣ гӯӣ, ту эй файласуф, андар ин?!

Ӯ дар мазаммати марди муфтхӯру пурхӯр, одамони бахилу бадкирдор фармудааст:

Бахилӣ макун ҷовидон як басе,

Бад-ин орзӯ, ки манам худ расӣ…

Яке зиштрӯи бадоғор буд,

Ту гӯйӣ ба мардумгазӣ мор буд.

Шоир ва мутафаккир дар бораи ҳиммати баланд ва аз рӯйи заҳмати ҳалоли худ ризқу рӯзӣ ёфтан, сухан ронда, аз нӯги қалам рӯзгузаронӣ доштан ва бинобар ин,  аз мардум бениёз будани худро арз кардааст, ки ҳам маънои панду андарз ва ҳам тарҷумаиҳолӣ дорад:

Агар бозӣ, андар чакак кам нигар,

В-агар бошаӣ, сӯйи баттон мапар!

Чу динор бояд маро ё дирам,

Фароз оварам ман зи нӯки қалам.

Чунин гуфт Ҳорун: «Маро рӯзи марг:

Мафармоӣ ҳеҷ одамиро маҷарг?

Байтҳои порчаи боқимондаи «Офариннома» аз ҷиҳати пайдарҳамии афкор мураккаб нестанд, маълум мешавад, ки ба тариқи интихоб мондааст. Аз ин асар гоҳ тасвири ҳамосии шахсиятҳо ва рӯзгори онҳо ба назар меояд, гоҳ панд ва гоҳ муҳокимаи ҳакимонаи рӯзгори инсонӣ. Аз ин ҷиҳат, ин маснавӣ бештар ҳамчун достони ғиноӣ ва гоҳе чун маснавии ҳакимонаи панду андарзӣ ба назар мерасад.

Осори боқимондаи Абушакури Балхӣ дар қолаби маснавӣ, қитъа, дубайтӣ ва рубоӣ суруда шудаанд ва дар онҳо мазмунҳои ишқӣ,  панду ахлоқӣ, мадҳӣ ва ғайра ифода гардидаанд. Масалан, дар як қитъаи ишқии ӯ дар бораи нозукӣ ва латофати ёр ва аз ғамзаи вай озурда шудани дили ошиқ сухан рафтааст. Вай инро ҳамчун ҳукми тақдир, ки бадӣ ба бадист, ба тариқи лутф маънидод месозад:

Аз дур ба дидори ту андар нигаристам,

Маҷрӯҳ шуд он чеҳраи пурҳусну малоҳат.

В-аз ғамзаи ту хаста шуд озурда дили ман,

В-ин ҳукми қазоист, ҷароҳат ба ҷароҳат.

Дар рубоие он ҳиссу таассуроти ошиқона ифода ёфтааст, ки ошиқ гӯё аз маъшуқаи худ ҳеҷ рӯйи некӣ намебинад, пас вай дар озордиҳӣ ягона аст:

Эй гашта ман аз ғами фаровони ту паст,

Шуд қомати ман зи дарди ҳиҷрони ту шаст.

Эй шӯста ман аз фиребу дастони ту даст,

Худ ҳеҷ касе ба сирати сони ту ҳаст?

Дар афкори пандомези ӯ андешаҳои фалсафии маънидоди чигунагии ҷаҳон ба назар мерасад.  Дар ашъори вай ба кори худ мустақил будани ҷаҳон, ба хоҳиши инсон вобаста набудани кори ҷаҳонофарин, Худованди бузург ва бебақоӣ ва бевафоии ҷаҳони моддӣ сухан рафтааст.

Наояд ҷаҳон бар ту в-ар пояде,

Аз ӯ ҳар бадӣ, к-ояде – шояде.

Чунин омаду ту нахоҳӣ чунин,

Писанда найӣ, бо Ҷаҳонофарин.

Нагардад ба коми ту ҳаргиз равиш,

Равиш дигару ту ба дигар маниш.

На ҳар-ч ояд андар дили мо гумон,

Ба он гуна гардиш кунад осмон.

Аз рӯйи фаҳмиши Абушакури Балхӣ ҷаҳон ҷойи омадшуди инсон ва як пулест байни мабдаъ ва маъод. Ин маънои фалсафиро шоир ва мутафаккир чунин ифода намудааст:

Бараҳна будӣ, к-омада дар ҷаҳон,

Набуд бо ту чанд ошкору ниҳон.

Чунон к-омадӣ, ҳамчунон бигзарӣ,

Хӯру пӯшиш афзун туро барсарӣ.

Хирадманд гӯяд, ки ҳаст ин ҷаҳон –

Яке пул бар роҳу мо ҳамраҳон.

Ақидаи фалсафии вай дар бораи одаму олам оҳангу равиши ирфонӣ дорад ва ба муқобили ғурури молу мулкдории дороён, ки бараҳна ба дунё омада, дасти холӣ аз ин ҷаҳон мераванд, вале дар ин бора намеандешанд,  эътирози оммаи мазлуму нодори ҷомеъаро ифода кардааст.  Ин маънӣ дар маснавии дигараш равшантар ба назар мерасад:

Агар Қорун шавӣ з-алфағтани мол,

Шавӣ дар зери пойи хок помол.

                    ***

Чунон рафт доройи ганҷ аз ҷаҳон,

Ки дарвештар кас равад дар ниҳон.

Аз ин афкори фалсафии шоир бармеояд, ки ӯ дар масоили иҷтимоии муносибат ба табақаҳои ҷамъиятӣ дар мавқеъи оммаи заҳматкаш ва қишри нодори ҷомеъа истода, манофеъи мардуми бечораву мазлумро дифоъ мекардааст. Ақидаи иҷтимоии Абушакури Балхӣ дар боби ҷамъият ва муносибати халқу давлат, мардуми заҳматкаш ва синфи ҳоким,  адли илоҳӣ ва баробариву бародарӣ мебошад:

Хирадманд гӯяд, ки бар адлу дод,

Бувад подшоҳию динро ниҳод.

Беҳин кор андар ҷаҳон он бувад,

Ки монандаи кори Яздон бувад.

Аз рӯи ақидаи ин мутафаккири исломӣ халқ – рама, подшоҳ – чӯпон мебошад. Подшоҳ бояд ғами раъияти худро бихӯрад ва барои саъодат ва хушбахтии мардумаш кӯшиш ба харҷ диҳад. Дар навбати худ мардуми заҳматкаш бояд дар лаҳзаҳои душвор ба подшоҳи худ дасти ёрӣ дароз намояд:

Бувад подшо мустаҳиқтар касе,

Ки дорад нигаҳ чизу дорад басе.

Агар он надорад басе хоста,

Бад-он то бувад кораш ороста.

Пас ин шаҳрро беҳ, ки дорад нигоҳ,

Ки бар омма – бар чун шӯбон аст шоҳ.

Чу хусрав надорад, чӣ хоҳанд аз ӯй,

Ҳаққи мардумон чун гузорад, бигӯй!

Мувофиқи ақидаи Абушакури Балхӣ  подшоҳ ба вазирону дабирони доно эҳтиёҷ дорад:

Шунидам, ки бар шоҳ фаррух бувад,

Ки дастури покизапосух бувад.

Наёяд-ш дастури нодон ба кор,

Дабирони нодони ноустувор.

Подшоҳ дар амал, гуфтор ва рафтор шитобкор, зудхашм, бадхӯ набошад, зеро раъият бо ин гуна шоҳ хушбахт шуда наметавонанд:

Шитоб оварад зишт некӯ ба чашм,

На некӯ бувад подшо зудхашм.

Киро кор бо шоҳи бадхӯ бувад,

На озарму на бахт некӯ бувад.

Шикебоӣ андар ҳама корҳо,

Беҳ аз тӯшаи зар ба кирдорҳо.

Шикебоӣ андар дили танг неҳ,

Шикебоӣ аз ганҷи бисёр беҳ.

Ин суханвар рафтори инсониро тибқи муқаррароти исломиву инсонӣ таҳқиқ намуда, таъкид месозад, ки инсон дар ҳама ҳолат андозаро нигоҳ дорад ва барои пуртаъсирии гуфтаи хеш зарбулмасали мардумии «аз кӯрпаат берун пой манеҳ»-ро моҳирона ва ба маврид  истифода бурдааст:

Аз андоза бартар мабар дасти хеш,

Фузун аз гилемат макун пойи хеш.

Абушакури Балхӣ тарбияи ахлоқии инсонҳоро кори муҳим шуморида, бадиву бадахлоқиро сахт маҳкум намудааст ва донишомӯзиву шарму ҳаёро ба мардум тавсия додааст:

Хирадманд гӯяд, ки бунёди хӯй,

Зи шарм асту дониш нигаҳбони ӯй.

Биҳишт он касеро, ки ӯ некхӯст,

Ки донистани хайри мардум бад-ӯст.

Ҳама чизро писандад хирад,

Магар нохирадмандиву хӯйи бад.

                       ***

Зи гуфтору кирдор аз хӯйи зишт,

Касе надравад хуб, гар зишт кишт.

                           ***

Беҳин мардумон, мардуми некхӯст,

Беҳтар он ки хӯйи бад анбози ӯст.

                                ***

Ба роҳе, ки мард андар омад ба сар,

Ба он роҳ низаш наояд ба сар.

Гуноҳе, ки кардиву бар ту гузашт,

Набояд-т ҳаргиз бар-ӯ боз гашт.

На ҳар бор бар ту гузар бигзарад,

На оҳӯй ҳамасола сабза хӯрад. 

Пушаймонӣ аз карда як бор бас,

Ҳалоҳил дубора нахӯрдаст кас.

Абушакури Балхӣ хулқи нек ва растагории мардумро дар росткорӣ, росттгӯӣ ва сидқу вафодорӣ ва дигар хислатҳои хуби инсонӣ донистааст:

Ба кажживу норостӣ кам гирой,

Ҷаҳон аз пайи ростӣ шуд ба пой.

Зимни ситоиши ростиву растагорӣ дурӯғгӯӣ ва дигар хислатҳои нохубро мавриди сарзаниш ва накӯҳиш қарор додаст:

Накӯҳида бошад дурӯғозмой,

Сӯйи бандагону ба сӯйи Худой.

Дурӯғ ирзу озарм камтар кунад,

В-агарат рост гӯӣ, ки бовар кунад?

test

Добавить комментарий