Абушакури Балхӣ

Дар ниҳоди панду андарзҳои Абушакури Балхӣ масоили неку бад ва муборизаи  ин ду хислат мақоми хосеро ишғол мекунад. Шоир зимни тавсиф ва тарғиби некиву  накӯкорӣ як силсила масъалаҳои муҳими ахлоқиро баён намудааст.  Яке аз инҳо некии беғараз дар роҳи Худо ва ба ивази он чизе тамаъ надоштан мебошад. Дар ин маврид шоир аз панду андарзи ҳиндӣ истифода кардааст, ки зарбулмасали тоҷикии « Некӣ куну дар дарё андоз»-ро ба хотир меорад.

Яке панди нек омад аз ҳиндувон,

Бар он хустувонанд нохуствон:

«Бикун неку – в-он гаҳ биафкан ба роҳ,

Намояндаи роҳ аз ин беҳ махоҳ».

Некӣ кардан худро аз бад нигаҳ доштан аст:

Ба некӣ шавад чашм равшан туро,

Зи ҳар бад бувад нек ҷавшан туро.

Ба ҳар як  амали накӯ Худованд некӣ пеш меорад, пас инсон бояд дар зиндагӣ некӣ ва накӯкориро пеша ва сармашқи  худ созад:

Зи некӣ ҳама некӣ ояд ба ҷой,

Зи ҳар бад диҳад низ некӣ Худой.

Амали нек ва накӯкорӣ ба шахс қаноъатмандии рӯҳӣ ва лаззати маънавӣ мебахшад:

Бас аст ин шараф хӯйи покизаро,

Ки монад зани хуб дӯшизаро.

Тарғиби ахлоқи нек ва накӯкорӣ ба масъалаи мукофоти амал робитаи ногусастанӣ дорад, яъне  ҳар шахсе, ки некӣ мекунад, оқибат мукофоти некӣ дармеёбад:

Ту донӣ, ки мардум, ки некӣ кунад,

Кунад, то мукофоти он барчинад.

Мукофотҳо чанд гуна бувад,

Яке он ки корад, ҳамон бидравад.

Дар робита ба тавсифи некиву накӯкорӣ симои дӯст ба миён меояд, ки шахси аз ҳама маъқулу меҳрубон аст ва аз даст додани он кори хубу шоиста нест:

Шавад дӯст аз дӯст ороста,

Чу бо эминӣ мардум аз хоста.

Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,

Магар дӯстӣ, к-ин бувад ҷовидон.

                    ***

Ду чиз аз дил андӯҳ бурун барад,

Рухи дӯсту овози марди хирад.

Тарафи муқобили некиҳо бадиҳост, ки агар онро ба инсон нисбат диҳем, монанди дӯсту душман аст. Бадиро суханвари ҳаким ва мутафаккири варзида ҳамчун оташи ниҳоне, ки аз он офат ва касофатҳои азим сар мезанад, маънидод кардааст:

Бадӣ ҳамчун оташ бувад дар ниҳон,

Ки пайдо кунад хештан ногаҳон.

Чӣ тавре ки ба тавассути хислати нек симои дӯст ба миён меояд, ҳамон тавр вобаста ба хислатҳои бад симои душман намудор мегардад. Абушакури Балхӣ хислати бадро ҳамчун некӣ аз ниҳоди одамӣ мешуморад. Ба гуфтаи ӯ  инсон ба дарахт шабоҳат дорад, агар ҷавҳари дарахт талх бошад, ҳарчанд оби ширин бидеҳед ҳам, оқибат меваи талх ба бор меорад:

Ба душман барат устуворӣ мабод,

Ки душман дарахтест, талх аз ниҳод.

Дарахте, ки талхаш бувад гавҳарро,

Агар чарбу ширин диҳӣ мар варо.

Ҳамон меваи талхат орад падид,

Аз ӯ чарбу ширин нахоҳӣ мазид.

Зи душман гар эдун, ки ёбӣ шакар,

Гумон бар, ки заҳр аст, ҳаргиз махвар.

Муносибати душман ба шахс на танҳо заҳрзананда, тӯҳмат кардан, балки дурӯғи  ростмонанд гуфтан низ мебошад:

Кунад душман оҳуи кӯчак бузург,

Ба харгӯши ту барниҳад номи гург.

Чу душман ба гуфтан тавонад ҳаме,

Дурӯғе, ки бо рост монад ҳаме.

Чӣ чора-ст бо ӯ ба ҷуз хомӯшӣ,

Ситезандагӣ бошад аз беҳӯшӣ.

Бино бар ақидаи Абушакури Балхӣ муносибат бо душман бояд бераҳмона ва маҳвкунанда бошад, вале набояд бемавқеъ сурат гирад:

Шунидам, ки душманат бувад чун булур,

Чу гоҳи шикаста наёбӣ, машӯр.

Пас он гаҳ, ки хоҳӣ, туаш бишканӣ,

Чунон кун, ки бар санги хоро занӣ.

Суханвари ҳаким ва фарзона Шаҳиди Балхӣ бо душман хасмона рафтор карданро тавсия намояд ҳам, дар лаҳзаҳои ҷудогона зарурати рафтори бамавридро низ лозим мешуморад. Масалан, дар мавриди зарурӣ бо душман мадоро ва  муросо карданро тавсия мекунад:

Шуҷоъ он кӣ дилро шикебо кунад,

Ба ошуфтани андар мадоро кунад.

Агар душман ба нармӣ ояд, дуруштӣ лозим нест, зеро хашми ӯро бармеангезад ва ин аз рӯйи хирадмандӣ нест:

Ба нармӣ чу душман ниҳад рӯзгор,

Дуруштиву гармӣ наояд ба кор.

Коре, ки бо зӯриву ҷанг ба даст меояд, бо муъомилаи нек ва нармӣ ба даст овардан зарур аст:

Ба нармӣ барорад басе чиз мард,

Ки он барнаояд ба ҷангу набард.

Ҳамаи чораву андешаҳо ба як мақсад – барҳам задании душман равона карда шавад, талқин мекунад Абушакури Балхӣ:

Чу душман ба даст уфтад, кун ту зӯр,

Ки ҳаргиз нагардад раҳо то ба гӯр.

Аммо дар ҷангу пайкор ва берун аз он душманро хурду ночиз шуморидан норавост:

Чу рӯбоҳро кушт хоҳӣ, нигар,

Нахонӣ ба номаш магар шери нар.

test

Добавить комментарий