Абушакури Балхӣ

Ҳаким Абушакури Балхӣ дар ашъори худ бадкирдориро маҳкум карда, дар айни замон ба шоҳи одил тавсия ва маслиҳат медиҳад, ки бо бахшидан ва афв  болои айбу гуноҳро пӯшад:

Чунон кун, ки чун ёфтӣ дастгоҳ,

Ба омурзиш бипӯшӣ гуноҳ.

Шоир ва мутафаккири башардӯст мардумро ба сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ даъват мекунад ва ҳамеша сулҳу сафоро аз ҷангу хунрезӣ авло ва бартар мешуморад. Зимни ин шоҳбайт, ки бисёр вақтҳо онро барғалат ба Ҳаким Фирдавсӣ нисбат медиҳанд, Абушакури Балхӣ ин ақидаро баён ва тарғиб кардааст, ки дар ҳама давру замон арзиши худро ҳифз намуда, ба кор меояд:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.

Аз ин ҷо бармеояд, ки Абушакури Балхӣ чун мутафаккири инсондӯст дар муносибатҳои шахсии одамон ва чи дар муносибатҳои кишвару давлатҳо тарафдори сулҳу оштӣ, ҳамзистии осоишта ва ба зидди ҷангу хунрезӣ будааст, аммо агар ҷангу набард ногузир бошад, дар он мардонавор ҳалок гаштанро шарафи бузург мешуморад, нисбат ба оне, ки кас асири душман гардад. Ӯ дар ин маврид мефармояд:

Ба номи накӯ гар бимирам равост,

Маро ном бояд, ки тан маргрост.

Чунон гуфт хусрав, ки мурдан ба ном,

Беҳ зинда, душман бад-ӯ шодком.

Мавзӯъи мақом ва манзалати  сухан ва аҳамияти он дар ақидаҳои панду андарзии шоир мавқеъи асосиро ишғол мекунад. Ба ақидаи вай забон ё сухан қувваи аз ҳама тавон ва буррост ва тавассути сухан минбару дорро афкандан ва морро аз сӯрох берун овардан мумкин аст:

Шунидам, ки бошад забони сухан,

Чу алмоси буррову теғи куҳан.

Сухан бифканад минбару дорро,

Зи сӯрох берун кашад морро.   

Аз нуқтаи назари шоири ҳаким ва андешаманд сухан ва таъсири он ҳар хел шуда метавонад:

Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,

Сухан талху ширину дармону дард.

Ӯ сухани бадро ба мори заҳрдор ташбеҳ додаст, бинобар ин,  аз гуфтани сухани бад мардумро барҳазар доштааст:

Сухан, к-аз даҳони ноҳумоюн ҷаҳад,

Чу морест, к-аз хона берун ҷаҳад.

Нигаҳ дор худро аз ӯ, чун сазад,

Ки наздиктарро сабуктар газад.

Сухани нек ба ёқут нисбат дода шудааст, ки дар вазн сабук ва дар арзиш қимату гаронбаҳост:

Чу ёқут бояд сухан бозиён,

Сабуксанг,  лекин баҳояш гарон.

Аз нуқтаи назари Абушакури Балхӣ қадри сухан аз забони нексуханон баланд ва аз гуфтори бадсуханон ва пасфитратон паст мешавад:

Сухан гарчи бояд гаронмоятар,

Фурӯмоя гардад зи кампоятар.

Сухан к-аз даҳони бузургон равад,

Чу некӣ бувад, достоне бувад.

Ба муносибати баррасии сухан ва қадру манзалати он дар муносибати одамон таъсири бузурги мусбату манфӣ, фоидаву зиён дорад ва дар гуфтани он эҳтиёт лозим аст ва аз ин масъалаи роз нигаҳ доштан ба миён меояд. Рознигаҳдорӣ чи барои шахс ва чи барои ҷомеъаву давлат аҳамияти бузург дорад. Аз ин рӯ, Абушакури Балхӣ ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, сари он таъкид  кардааст:

Кушояндаи розҳои ниҳон,

Саранҷом расво шавад дар ҷаҳон.

Дар ин маврид онҳо мавриди сарзаниш қарор гирифтаанд, ки асрори худро пинҳон намедоранд, вале аз хонандагон хоҳиш менамояд, ки асрори худ ниҳон доранд ва фош насозанд:

Зи ман рози хеш ар надорӣ нигоҳ,

Нигаҳ доштани розат аз ман махоҳ.

Роз ва асрори аз даҳон берун рафт ва дар гӯшу даҳони дигарон нишасту парешон шуд, ба тири аз камонҷаста шабоҳат дорад:

Чу дар дил нагунҷад-т рози касон,

Куҷо гунҷад андар дили дигарон.

Сухан, к-аз ӯ сиву ду дандон биҷаст,

Ба сию ду гӯшу дил андар нишаст.

Наояд дигар бора зи мардумон,

Сухан, к-аз даҳон ҷасту тир аз камон.

Ба ақидаи вай паҳнкунандагон ва ифшогарони рози ниҳон сазовори ҷазоянд:

Касе, к-ӯ бараҳна кунад рози дӯст,

Раво бошад ар бардарониш пӯст.

Дар байни панду андарзҳои Абушакури Балхӣ тавсиф ва ситоиши донишу хирад мақоми арзандае дорад. Мутафаккири бузурги исломӣ нақши боризи донишу хирад ва маърифатро дар ҷомеъаи инсонӣ таъкид карда, ақлро ҳокими инсон маънидод карда, танро ходими он шуморидааст:

Хирадманд гӯяд: хирад подшост,

Ки бар хосу бади ом фармонравост.

Хирадро тани одамӣ лашкар аст,

Ҳама шаҳвату орзу чокар аст.

Дар масъалаи арзиш ва аҳамияти хираду дониш ақидаи ин ҳакими хирадманд сазовори таҳсину офарин аст. Масалан, ба ақидаи ӯ ба тавассути хирад ҷаҳонро шинохтан мумкин аст:

Касе, к-ӯ ба дониш барад рӯзгор,

На ӯ боз монад на омӯзгор.

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,

Ба дониш тавон риштану бофтан.

Қимат ва арзиши  инсон аз дониш аст, на ба пулу чиз ва ҷоҳу мансаб:

Хирадманд гӯяд, ки таъйиду фар,

Ба дониш ба мардум расад, не зи зар.

Чу доно шавад марди бахшандакаф,

Мар ӯро расад бар ҳақиқат шараф.

Бузургии инсон аз хираду дониш ва ақлу заковат аст. Ба ақидаи Абушакури Балхӣ донишро мартабаву мансаб не, баръакс дониш мансабу мартабаи баланди шахсро ба вуҷуд меорад:

Бад-он кӯш, то зуд доно шавӣ,

Чу доно шавӣ, зуд воло шавӣ.

На донотар он ки волотар аст,

Ки волотар аз он аст, ки донотар аст.

Ҳамин тавр, чуноне ки аз баррасии ашъори ӯ маълум гардид, Абушакури Балхӣ яке аз донишмандон ва суханварони бузурги порсигӯйи қарни даҳи милодӣ буда, заковати гузашта ва ҳозираи мардуми худро ба таври эҷодӣ аз худ намуда, онро барои ҳамзамонон ва ояндагон гоҳ ба забони илмӣ ва гоҳе ба тариқи назм баён кардааст. Панду андарзҳои ӯ имрӯз ва оянда ҳам аҳамияти худро аз даст намедиҳанд ва дар тарбияи ахлоқии мардум хидмати шоистаро анҷом хоҳанд дод.

test

Добавить комментарий