Абулмуайяди Балхӣ

Абулмуайяди Балхӣ

Абулмуайяди Балхӣ аз ҷумлаи шоирон ва нависандагони шинохтаи қарни даҳи милодӣ мебошад. Давраи зиндагии ӯ ба замони ҳукмронии Абулқосим Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ  (976- 997 милодӣ) рост меояд, зеро ӯ асари худ «Аҷоибу-л-дон» ба ин амир бахшидааст. Дар ин асос тахмин кардан мумкин аст, ки қисми умдаи ҳаёти Абумуайяди Балхӣ шояд дар нимаи аввали қарни даҳи милодӣ ҷараён гирифта, дар ҷавонӣ шояд сӯҳбати устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дарёфта бошад. Ғайр аз асари дар боло зикршуда ин суханвар ва донишманди маъруф боз ду асари дигар низ таълиф намудааст, ки яке аз онҳо «Шоҳнома»-и мансур   мебошад ва  қисме аз он достонро «Гаршоспнома» низ меноманд ва аз он ба ғайр аз абёти пароканда чизе намондааст. Асари дигари ӯ «Юсуф ва Зулайхо» аст, мутаассифона, то замони мо омада нарасидааст. Бояд гуфт, ки муаллифи «Маҷмаъу-л-фусаҳо» Абулмуайяди Балхиро бо Абулмуайяди Равнақии Бухороӣ иштибоҳ кардааст. Роҷеъ рӯзгор ва осори ин суханвар дигар иттилоъи муфассал дар ихтиёр надорем.

Ашъори боқимондаи Абулмуайяди Балхӣ чиҳил мисраъро ташкил медиҳад ва онҳо аз ҷониби олими маъруфи эронӣ, профессор Саъид Нафисӣ  гирд оварда шудааст. Ӯ нахустин шуда, иштибоҳи муаллифи «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-ро пай бурда, ислоҳ намудааст.

Ҳоло ашъори боқимондаи ӯро интихобан чун намуна меоварем:

Ид шуд дигар, ки он дилдори шанг,

Баҳри куштан ҷомаҳо пӯшад заранг.

                                ***

Ангуштро зи хуни дили ман занад хизоб,

Кафе к- аз ӯ болои тану ҷони ҳар кас аст.

Уннобу сим агар набувадмон  раво бувад,

Унноб ба сабикаи симини ӯ бас аст.

                              ***

Меғ монанди пунбаст ҳаме ба зандоф,

Ҳаст сагдес даруна, ки дар ӯ пунба зананд.

                              ***

Малул мардуми колусу бемаҳал бошад,

Макун, нигоро, ин хӯву табъро бигзор.

                             ***

Аз обнус даре андар –ӯ фарошта буд,

Ба ҷойи оҳан симин ҳама башу мисмор.

                              ***

Шукуфа ҳамчу шикоф асту меғ – дебобоф,

Маҳу ҳур аст ҳамонон ба боғ – дар сарроф.

                         ***

Набошад бас аҷаб аз бахтам, ар уд

Шавад дар дасти ман монанди ханҷук.

                          ***

Басо касо, ки надими ҳаррираву барраст,

Ва бас аст, ки серӣ наёбад аз мулке.

                         ***

Чун бароҳанҷидани теғаш бидид,

Дар тани шери жаён шуд заҳра об.

                         ***

Дар накӯҳидани асрори улум,

Шавӣ аз коҳилӣ охир маҳрум.

                         ***

Далере, ки тарсад зи пайкори шер,

Зани зоч хонаш, махонаш далер.

                          ***

 Ба базм – андарун абри бахшанда буд,

Ба рамз – андарун шерри ғурранда буд.

                         ***

Ҳушёру далеру сахткӯш аст,

Пархошгару ҷонфурӯш аст.

                        ***

Бубиниш агар гоҳи зар коштан,

Набинӣ зи давлат дигар коштан.

                         ***

Рӯзи каҷиҳо дарунсоф бош,

Ростгирои раҳи инсоф бош.

                        ***

Дили нодошт пур зи хун бошад.

Соғари айши ӯ нагун бошад.

                        ***

Дар накӯҳидани касон дорад,

Сад забон бо айби хеш ахрас. 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.