Абӯалӣ ибни Сино

Абӯалӣ ибни Сино

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино олим, табиб, файласуф ва адиби бузурги  ҷаҳонӣ  ба ҳисоб меравад. Падараш аслан аз тоҷикони Балх буда, бо даъвати амирони сомонӣ, ки худ балхиасл буданду бо ҳамдигар шиносоӣ доштанд, ба Бухоро – пойтахти давлати Сомониён меравад ва вазифаи  давлатии омили молиётро ба ӯҳда мегирад. Сипас аз деҳаи Афшанаи назди Бухоро тоҷикдухтареро бо номи Ситора ба занӣ мегирад. Абӯалӣ Ибни Сино дар ҳамин деҳа соли 980 милодӣ чашм ба олами ҳастӣ мекушояд.

Қобили зикр аст, ки ӯ аз овони кӯдакӣ чеҳраи  зебо дошт ва ба гуфти тазкиранависон ягонаи даврон буд. Дар ин бора шогирди вафодораш Абуубайди Ҷузҷонӣ чунин маълумоти ҷолиб додаст: «Мегӯянд, ки вай дар кӯдакӣ аз зеботарин мардуми рӯзгор буд ва мардум дар рӯзи одина дар роҳҳо ва гузарҳо дар камин мебуданд, то ҳангоме ки аз хона ба масҷиди ҷомеъ мерафт, бар зебоии ҷамолаш бингаранд».

Абӯалӣ ибни Сино аз овони кӯдакӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Ӯ қобилияти фавқулъодда бузурги таҳсил ва қувваи беназири ҳофиза дошт. Худи вай дар «Рисолаи саргузашт» аз таҳсил ва омӯзишаш сухан ронда, чунин ибрози назар кардааст: «Баъд ба Бухоро кӯчида омадем ва маро назди омӯзгори Қуръон ва адаб гузоштанд. Чун ба даҳсолагӣ расидам, Қуръон ва бисёре аз адабро аз бар кардам, ба тавре, ки аз ман шигифтовар буд». 

Ибни Сино  илмҳои тиб, ҳандаса, фиқҳ, фалсафа, калом,  ҳисоб, мантиқ, нуҷум, сарфу наҳв, луғот, риёзӣ ва ғайраро дар як муддати кӯтоҳ комилан омӯхта, дар овони ҷавонӣ чун донишманди бузургу фарзона шӯҳрат пайдо кард. Хусусан ӯ дар илми пизишкӣ маҳорат ва истеъододи комил аз худ зоҳир намуд. Овозаи табиб ва донишманди ҷавон ба дарбори амири Бухоро мерасад ва ӯро барои муъолиҷаи амир даъват мекунанд.

Қайд кардан лозим аст, ки бузургтарин китобхонаи ин аҳд китобхонаи дарбори Сомониён буд, ки «Сивону-л-ҳикмат» ном дошт. Ба қавли муаллифони сарчашмаҳои таърихӣ китобхонаи мазкур ғанитарин, бузургтарин ва бошукӯҳтарин китобхона дар ҷаҳони Ислом ба шумор мерафт. Абӯалӣ ибни Сино пас аз табобати бомуваффақияти амир Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ба китобхонаи дарбор роҳ меёбад ва ба мутолиъаи китобҳо мепардозад. Ӯ дар он ҷо ҳуҷраҳои бузург бо китобҳои зиёдеро дид, ки ба гуфти ӯ  қабл ва пас аз он низ монандашро надида буд. Роҷеъ ба китобхонаи «Сивону-л-ҳикмат»  Абӯалӣ ибни Сино ба шогирдаш Абуубайди Ҷузҷонӣ чунин нақл кардааст:

«Рӯзе аз ӯ (Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ) иҷозат пурсидам, ки ба китобхонаи эшон дароям ва ба мутолиъа ва хондани китобҳои тиб, ки дар он ҷост, бипардозам. Вай маро иҷозат дод ва вориди сарое шудам, ки хонаҳои бисёре дошта, дар ҳар як хонае сандуқҳои китоб болои ҳам чинда шуда буданд. Дар як хона китобҳои илмҳои арабӣ ва шеър, дар дигараш китобҳои фиқҳ ва ҳамин тавр дар ҳар хонае китобҳои як илме ҷой дошт. Сипас феҳристи китобҳои пешиниёнро мутолиъа намуда, он чиро, ки бад он ниёз доштам, хостам. Китобҳоеро дидам, ки бисёр касон, ҳатто номашонро намешуниданд ва ман онҳоро на пеш аз ин ва на баъди ин надидам. Он китобҳоро хонда суд бардоштам ва андозаи дониши ҳар мардеро шинохтам» (Маъхаз: Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб. Душанбе, Ирфон, 1980, саҳ. 19).

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар синни бисту дусолагӣ, пас аз шикасти давлати Сомониён аз  ҷониби Қарохониён, дар Бухоро истода натавониста, аввал ба шаҳри Гурганҷи Хоразм, баъд ба Нишопур рахти сафар мебандад. Азбаски Султон Маҳмуди Ғазнавӣ  ӯро ба дарбораш даъват мекунаду Абӯалӣ ибни Сино ин даъвати вайро намепазирад, бинобар ин, ҷосусони ғазнавӣ ӯро дар ҳама ҷо ҷустуҷӯ мекунанд, аз ин рӯ, вай шаҳрҳои гуногун гоҳ ошкору гоҳе пинҳон зиндагӣ  ба сар мебарад ва ба фаъолияти илмиву адабӣ машғул мешвад. Дар ин бора Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола»  иттилоъ додаст, ки Султон Маҳмуд ба Абулаббос Маъмуни Хоразмшоҳ нома навишта, аз ӯ фиристодани як гурӯҳ уламои машҳурро талаб кард, дар радифи онҳо Ибни Сино ҳам буд: «Вақте уламо ба Балх, ба ҳузури Маҳмуди Ғазнавӣ омаданд, дар байнашон Ибни Сино набуд. Султонро мақсуд аз эшон Абӯалӣ буд ва Абунасри Ироқ наққоши чирадаст буд, бифармуд то сурати Абӯалӣ ба коғаз нигошт ва наққошонро бихонд ва дар асоси он чиҳил сурат кашиданд ва ба атроф фиристоданд ва аз асҳоби атроф дархост, ки мардест бад-ин сурат ва ӯро Абӯалӣ ибни Сино гӯянд ва ӯро ба ба назди ман фиристонанд». Вале бо ҳукми тақдир Абӯалӣ ибни Синоро дастгир карда натавонистанд  ва ӯ дур аз ёру диёр дар соли 1037 милодӣ, дар синни 57 солагӣ ҷаҳони фониро падруд гуфт ва ба раҳмати Ҳақ таъоло пайваст. Турбати ӯ дар шаҳри Ҳамадони Эрон аст. Гарчанде ҳаёташ пур аз сахтӣ ва оворагӣ буд, вале вай лаҳзае аз мутолиъаи китоб, омӯзишу таълифи осори пурарзиши илмӣ, муъолиҷаи беморон ва тарбияи аҳли илму адаб даст накашид.

Бояд гуфт, ки Абӯалӣ ибни Сино дар ҳақиқат инсони комил ва олими бузург будааст.  Зебоии  ботинӣ ва зоҳирии  эшонро муаллифони  сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ низ зикр кардаанд. Аз ҷумла Байҳақӣ дар китоби «Татимат сивону-л-ҳикмат» дар ин бора чунин қайд кардааст: «Абӯалӣ, ки ба маҷлиси Алоуддавла даромад, қабои дороӣ ва ва дастори катон ва мӯзаи чаримин пӯшида буд ва рӯ ба рӯйи ӯ наздик ба вай нишаста буд ва чун омадӣ, амир ба воситаи рӯйи неку ва фазлу зарофаташ шигифтӣ кард ва асари шодӣ дар рӯйи амир пайдо шуд ва чун дар баробари вай сухан гуфт, аҳли маҷлис гӯш доданд ва сухане нагуфтанд, то ин ки хомӯш шуд».

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ дар дафтари яуми «Маснавии маънавӣ» ҳикояти мансуб ба Синоро, ки дар бораи табобати канизаки ошиқшуда ба заргарбачаи самарқандӣ нақл мекунад ва симои нуронии табиб, яъне Абӯалӣ ибни Синоро чунин зебову нуронӣ тасвир кардааст:

Дид шахсе, комиле, пурмояе,

Офтобе дар миёни сояе.

Мерасад аз дур монанди ҳилол,

Нест буду ҳаст бар шакли хиёл.

Он валии Ҳақ чу пайдо шуд зи дур,

Аз сару пояш ҳаме метофт нур…

Аз ин гуфтаҳо чунин ба назар мерасад, ки Абӯалӣ Ибни Сино аз мардони комилаъзо буда,  бо қаду қомати раъно, чашмони пурфурӯғи шаҳло, пешонаи фарох, бинии кашида, манаҳи гирд, синаи фарох, дар тан ҷомаи дороӣ доштааст. Вале, он чи маълум аст, нишон медиҳад, ки вай ҳама хислат ва сифатҳои хубиву зебоии ба инсони комил муносиб ва мувофиқро доро будааст. Дар ҳақиқат,  зебоии инсон камолоти ҷисму маънавиёти ӯ мебошад (Маъхаз: Ш. Ҳусейнзода. Х. Шарифов. Мақоми Ибини Сино дар шеъру адаби тоҷик. Маориф, Душанбе, 1985, саҳ.5 -7). 

Абӯалӣ ибни Сино аз уламои раддаи аввали илму адаби ҷаҳон ба шумор меравад.  Аз ӯ асарҳои «Китобу-ш-шифо», «Донишнома», «Рисолаи кимиё, «Ал – Қонун» ва даҳҳо рисолаҳои илмиву адабӣ боқӣ мондаанд. Вай осори пурарзиши худро ба забонҳои арабӣ ва форсии дарӣ таълиф намудааст. Асарҳои «Донишнома», «Рисолаи набз», «Рисолаи илми пешин ва барин», «Ҳалли мушкилоту-л-маъния» «Рисолаи тамсилоти форсӣ», «Зафарнома» ва ғайраро, ки теъдоди онҳо ба 33 адад мерасад, ба забони модарияш – форсии дарӣ нигоштааст. Дигар асарҳои ӯ ба забони арабӣ таълиф ёфтаанд.

Чуноне ки қайд кардем, ки дар аҳди Сомониён форсии дарӣ чун забони илмии байналмилалӣ дар радифи забони арабӣ мақом гирифт ва осори пурғановати диниву мазҳабӣ, илмиву фарҳангӣ ба ин забони малакутӣ таълиф гардид. Дар ин ҷода саҳми донишмандони маъруфи форсу тоҷик бузург ва назаррас аст. Аз байни донишмандони эронинажод: Абӯалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ мақоми арзандаеро соҳибанд ва ба қавли доктор Муҳаммади Муъин ин ду донишманд «наҳзате дар Эрон падид оварданд, ки доманаи таъсири он то асри ҳозир кашида шудааст. Бо таълифи ин ду китоб (“Донишнома” ва “Китобу-т-тафҳим”) фарҳанг ва луғоти форсӣ ғанитар ва арҷмандтар гардид. Зеро ин ду донишманд аз луғоте, ки мутадовил ва роиҷ буд ва низ аз он чи дар мутуни кутуб (матнҳои китоб) мазбут буд, гулчин карда, дар ду асари ҷовидонаи худ ба кор бурданд ва мафҳумҳое низ, ки луғоте дар тадовил ё дар китобҳои пешиниён наёфта буданд, луғоти роиҷро маҷозан ба маъниҳои ҷадид истеъмол карданд ва дар сурати зарурат таркибот ва истилоҳоте аз муфрадоти порсӣ пардохтанд ва забони порсиро то он ҷое ки дар он аҳд муяссар буд, шоистаи адои мафҳумҳои илмӣ намуданд” (Маъхаз: С. Абдуллоев. Амир Исмоили Сомонӣ.  Маҷмаъи илмии тамаддун, таърих ва фарҳанги Сомониён, Теҳрон, 1378, саҳ. 214 – 215).

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино аз зумраи донишмандони ҳамадони (энсиклопедист) аҳди Сомониён буда, чун табиб, риёзидон, файласуф, мусиқишинос, фақеҳ, табиъатшинос, луғатдон, шоир ва мутафаккир шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Бемуболиға ягон навъи илме вуҷуд надорад, ки Ибни Сино дар рушду такомул ва пешрафти он саҳм нагузошта бошад. Аз рӯйи таҳқиқоти олими маъруфи эронӣ, доктор Саъид Нафисӣ, Ибни Сино аз 450 асари илмӣ 33-тояшро ба забони модариаш–форсии дарӣ таълиф намудааст, ки муҳимтарин ва машҳуртаринашон:”Донишнома”, ”Меъёру-л-уқул”, ”Қурозаи табииёт”, ”Рагшиносӣ» ё худ «Рисола дар набз” мебошанд. Ӯ поягузори истилоҳоти илмии порсии дарӣ дар риштаи мантиқ, табииёт, ҳайат, нуҷум, мусиқӣ, илоҳиёт, фалсафа, тиб, дорушиносӣ, хокшиносӣ, кимиё, физика, механика ва ғайра ба ҳисоб меравад. Бори нахуст Абӯалӣ Сино барои ифодаи мафҳумҳои борику дақиқи илмӣ истилоҳот сохта, забони модариашро дар риштаҳои мухталифи илм роиҷ намудааст ва барои корбурди ин забон барои ояндагон заминаи устувор гузоштааст.

Сабки нигориши Абӯалӣ ибни Сино ба забони форсии дарӣ хеле сода, мӯъҷаз ва равон буда, аз вожаҳои душвори арабӣ орист. Ӯ кушиш ба харҷ додааст, ки мафҳумҳои дақиқи илмиро бо калимаҳои форсӣ ифода кунад ва бояд гуфт, ки ба ин комёб ҳам гардидааст. Худи Абӯалӣ ибни Сино дар сарсухани китобаш ”Донишнома” дар ин бора чунин ибрози назар кардааст:

”Китобе тасниф кунам ба порсии дарӣ, ки андар вай аслҳо ва нуктаҳои панҷ илм аз илмҳои ҳикмати пешинагон гирд оварам ба ғояти ихтисор; яке илми мантиқ, ки вай тарозу аст ва дуюм табииёт он илми чизҳост, ки ба ҳис бишояд дидан ва андар ҷунбиш ва гардишанд ва сеюм илми ҳайат ва ниҳоди олам ва ҳоли ҷунбиши осмонҳо ва ситорагон, чунонки боз намудаанд чун бишоист ҳақиқати он донистан ва чаҳорум илми мусиқӣ ва боз намудани созӣ ва носозии овозҳо ва ниҳодани лаҳнҳо ва панҷум илм он чӣ берун аз табиат аст”.

Садриддин Айнӣ ин пораро оварда, чунин хулосаи барҳақ баровардааст: ”Мо дар чанд сатри муқаддима мебинем, ки ин донишманди бузург мавзӯъҳои илмиро чӣ қадар сода навиштааст. Ин олими ҷаҳонӣ, ки ҳама таҳсил ва фаъолияти илмии худро дар забони арабӣ гузаронидааст ва дар бораи қоида, хусусият ва луғати араб даҳҳо ҷилд китоб таълиф кардааст, вақте ки хостааст ба забони модарии худ китобе таълиф кунад, чӣ қадар қобилияти забони илмӣ шудан доштани ин забон — забони форсӣ – тоҷикиро нишон дода тавонистааст. Ӯ ба ҷои ”ҷамъ” – ”гирд” менависад, ба ҷои “мизон” – ”тарозу” менависад, ба ҷои ”ашё” – ”чизҳо” менависад ва дар мусиқӣ аз ”созӣ” ва ”носози”-и овозҳо гап мезанад ва ”мо фавқуттабиъа” ё ин ки ”мо баъдуттабиъа”-ро “берун аз табиъат” мегӯяд”. (Маъхаз: С. Айнӣ. Шайхурраис Абӯалӣ  Сино. Куллиёт. Душанбе,1963, ҷ. 11, китоби 1, саҳ. 71-72)

Асари дигари Абӯалӣ ибни Сино, ки ба забони порсиии дарӣ навишта шудааст, ”Рагшиносӣ» ё «Рисола дар набз” мебошад. Ин рисола муҳимтарин таълифоти донишманд дар шинохту таҳқиқи рагҳои хунгард ё худ ангиолоҷӣ ва дар асоси дигаргуниҳои набз муайян кардани бемориҳост. Аз ин ҷиҳат ин асарро дастури набзташхисӣ (пульсодиагностика) номидаанд. Муаллиф тибқи панҷоҳ далелу нишонаҳо дар шинохти зиёда аз шаст навъи набзи оддӣ ва бист хели набзи мураккабро мавриди баррасӣ қарор дода, моҳияти ташхисии ҳар яки онҳоро ба таври ҷудогона муайян кардааст. Абӯалӣ  Сино дар ин китоб низ истилоҳоти форсиро хеле нуктасанҷона ва ҳунармандона ба кор бурдааст. Аз ҷумла вай навъҳои набзи мураккабро бо истилоҳи “набзҳои борик,  оҳуӣ, мавҷӣ, думчагӣ, аррагӣ, думи муш, андармиён” ва ғайра ном бурдааст, ки басо шинаму зебо ва мувофиқу шево ба назар мерасанд. (Маъхаз: Ю. Нуралиев. Тиббу табобат дар замони Сомониён. Ҳамон асар, саҳ. 335-336)

Абӯалӣ  Сино  ”Қурозаи табиъиёт”-ро низ ба забони форсӣ нигошта, аз чаҳор фасл иборат мебошад ва илмҳои табиъатшиносӣ, ҳайвонотшиносӣ, маъданшиносӣ ва набототшиносиро дарбар мегирад. Дар фасли чаҳоруми китоб роҷеъ ба масъалаҳои умдаи фалсафӣ ва ҳайатшиносӣ маълумоти ҷолиб дода шудааст. ”Пирӯзинома ” ё  худ  ”Зафарнома ро Абӯалӣ ибни Сино аз забони паҳлавӣ (забони форсии миёна) ба форсии дарӣ тарҷума ва таҳия кардааст. Баъзе пажӯҳишгарон  бар онанд, ки ин асар ба Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таъаллуқ надорад, вале муаллифони аксар маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ онро ба қалами Ибни Сино мансуб донистаанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.