Абӯалӣ ибни Сино

Умуман, чунонки дар боло қайд кайд кардем, донишманди бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Синои Балхии Бухороӣ бо таълифи асарҳои илмӣ, бахусус китоби “Донишнома ” барои тарғибу тарвиҷи забони модариаш – форсии дарӣ дар риштаи илму фарҳанг ва тамаддуни исломӣ  хидмати арзандаеро  анҷом додааст.   

Бояд гуфт, ки Абӯалӣ ибни Сино ба забони форсӣ  ашъори пурмазмун ва шево сурудааст. Осори адабии боқимондаи вай аз рубоӣ, қасида, ғазал, қитъа ва дигар анвоъи шеър иборат аст. Аз ҳама бештар дар шакли шеърии рубоӣ ашъори пурмазмуни фалсафӣ эҷод намудааст. Баъзе пажӯҳишгарон ақида доранд, ки ин сурудаҳо аз Абӯалӣ ибни  Сино нестанд ва ба вай нисбат дода шудаанд, вале бояд зикр кард,  ақидаи онҳо асоси мантиқӣ ва илмӣ надорад, зеро хеле баъид ба назар мерасад, ки агар шахсе шеъри ғаррои арабӣ гӯяд, насри фасеҳи форсиву арабӣ дошта бошад, дар сӯҳбатҳои адабӣ ширкат намояд, дар муҳити шеъру адабпарвари Бухоро ба камол расида бошад ва бо вуҷуди ин ҳама шеър ба забони модариаш эҷод накарда бошад.

Он рубоиҳое, ки дар аксар сарчашмаҳо бо номи Абӯалӣ ибни Сино зикр шудаанд,  ба назари мо чунин менамояд, ки онҳо инъикоскунандаи ҳолати равонӣ ва таҷрибаи ӯ бошанд. Вай ҳарчанд хууууудро шоир ва суханвар нашуморидааст, вале бо вуҷуди ин, ҳар кадоми ин рубоиҳо аз ҷиҳати баландиву нерӯи фикр ва вусъати мафҳуму маънӣ ба эшон мутаъаллиқ будани онҳоро далолат мекунад.

Рубоиёти Ибни Сино ҳосили ҳолоти равонӣ ва андешаҳои фалсафии ӯ мебошанд. Он гуна назми фалсафӣ бештар ба пуршӯртарин эҳсос ва ғамангезтарин мушоҳидаҳо ҳамроҳ аст, ки шояд онҳоро дар лаҳзаҳои хилват ва танҳоӣ гуфта бошад. Вақте ки он сипаҳсолори бузурги фалсафа ва тиб ба бунубасти ҷаҳони моддӣ ва маънавӣ мерасид ва гоҳе барои онҳо роҳи ҳалли мантиқӣ намеёфт, ба домани шеър паноҳ ҷуста, андӯҳ ва изтироби рӯҳии худро ба мояи шеър мегардонд. Шикастҳо, маҳҷуриҳо аз зодгоҳи маҳбубаш – Бухорои шариф, нооромиҳо ва шикастҳои пай дар пай, ки чун тӯфон бар сараш фурӯд меомаданд, ӯро сахт ранҷӯр мекарданд. Ин унсури ранҷу андӯҳ бо унсури маҳорати шоирияш ҳамроҳ шуда, нақши андешаҳояш ба рӯйи сафҳаи қоғаз чунин кашида мешуд:

Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме,

Саргашта ба олам аз пайи чистаме.

Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме,

В-арна, бо ҳазор дида бигристаме.

Асоси фикр ва эътиқоди Абӯалӣ ибни  Сино бар ҷустуҷӯйи рози ҳар чиз ва кашфи ҳақиқатҳо буд. Дарёфтан ва ҳалли ҳақиқати олам ҳарчанд кӯшиш мекард, вале боз ҳам роҳи камоли зарра ба назараш торик менамуд. Ӯ ҳамон рӯҳи ноором, ҳолати ҳастӣ ва таҷрибаҳои илмии худро, ки дар ин майдон озмудааст, дар маҷмӯъи вожаҳои расо ва хушоҳанги форсӣ  инъикос намуда, мегуфт:    

Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,

Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.

Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,

В-охир ба камол заррае роҳ наёфт.

Зиндагонии Абӯалӣ ибни Сино аз мубориза ва ҷустуҷӯ барои бахту саъодати инсон, барои таҷаллии бартарии рӯҳ ва такомули ақли ӯ сарф гардидааст. Роҳе, ки башарро ба такомул мерасонад, роҳи ранҷҳо ва машаққатҳо буда, дар ин роҳ ҳеҷ оромӣ надидааст. Албатта, баъзе шеърҳое, ки нисбат ба вай додаанд, мумкин аст аз Абӯалӣ Сино набошанд. Агар чандтои онҳо аз сурудаҳои ӯ бошанд, боз дар қудрату қареҳаи вай дар сурудани ин шеърҳо ба забони модарии худ – форсии дарӣ ҷойи шубҳа нест. Ашъори Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино нисбат ба тахайюлу эҳсос ва завқу ҳол ва усулу сабки баёни шоирона бештар ба ақлу мантиқ қонеъ намудан, сару кор дорад. Сабаб он аст, ки Ибни Сино беш аз ҳарчи дар шеър ба баён кардани фикру андешаҳои фалсафӣ ва илмии худ таваҷҷӯҳ намуда, дар шеъри классикии форсӣ, махсусан дар рубоӣ яке аз саромадони шеъри илмӣ, ирфонӣ  ва ахлоқӣ гардидааст, ки ин мақомро пас аз ӯ Носири Хусрави ҚУбодиёнӣ, Умари Хайём, Шайх Аттор ва Саъдӣ идома додаанд (Маъхаз: Шарифҷон Ҳусейнзода. Х. Шарифов. Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик. Маориф, Душанбе, 1985, саҳ.56-58).

 Хулоса,  аз ашъори форсии вай ба тариқи интихоб чанд рубоиро меорем, ки худи хонанда дар бораи мазмуну мундариҷа ва ҳунари суханварии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино қазоват кунад:

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд магар банди аҷал. 

                           ***

Бо ин ду – се нодон, ки чуунин медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.

Хар бош, ки ин ҷамоъа аз фарти харӣ,

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

                            ***

Куфре чу мане газофу осон набувад,

Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,

Пас дар ҳама даҳр як мусалмон набувад.

                            ***

 Май душмани масту дӯст бо ҳушёр аст,

Андак тарёку беш заҳри мор аст.

Дар бисёраш мазаррати андак нест,

Дар андаки ӯ манфиъати бисёр аст.

                            ***

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,

Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст.

                              ***

Чун пир шудӣ кори ҷаҳон натвон кард,

Пирит ба кофирӣ ниҳон натвон кард.

Дар зулмати шаб ҳар он чи кардӣ, кардӣ,

Дар равшании рӯз ҳамон натвон кард.

                              ***

Зулфи ту чу афъӣ пайи шар мегардад,

Донӣ, паси пуштат зи чӣ бар мегардад.

Чун дид, ки лаъли ту зуммурад дорад,

Афъӣ шуду дар кӯҳу камар мегардад.

                               ***

Чун ноз рухе зи нур пурмоя кӣ дид?

Густурда ба рӯз – бар зи шаб соя кӣ дид?

Бар тавба – бар аз гуноҳ пироя кӣ дид,

Имону нифоқи ҳар ду ҳамсоя кӣ дид?

                                  ***

Рухсори туро лолаву гул бор кӣ дод?

В-он сунбули навруста ба гулнор кӣ дод?

В-он рӯз ба дасти он шаби тор кӣ дод?

В-он ёри сазоро ба сазовор кӣ дод?

                              ***

Эй шаб, накунӣ ин ҳама пархош, ки дӯш,

Рози дили ман макун чунон фош, ки дӯш.

Дидӣ, чӣ дароз буд дӯшина шабам,

Ҳон, эй шаби васл, он чунон бош, ки дӯш. 

                                ***

Се чиз бибурд аз се чизи ту мисол,

Аз рух гулу аз лаб мулу аз рӯй ҷамол.

Се чиз бибурд аз се чизам ҳама сол,

Аз дил ғаму аз рух наму аз дида хаёл.

                               ***

Гуфтам, ки чаро чу абр хунборонам,

Гуфт: – аз пайи он ки чун гул хандонам.

Гуфта, ки чар обе ту чунин гирёнам?

Гуфт: аз пайи он ки ту танӣ ман ҷонам.

                                 ***

Гар зулфи ту солу моҳ ларзон будӣ,

Анбар ба баҳо ҳамеша арзон будӣ.

В-ар на рухи ту ба зулф пинҳон будӣ,

Рӯзу шаб аз ӯ ба нур яксон будӣ.

                                ***

Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,

Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.

Дар маърифатат чу нек фикре кардам,

Маълум шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.

                                  ***

Рафт он гӯҳаре, ки буд пирояи умр,

В-овард замона тоқи сармояи умр.

Аз мӯйи сапедам сари пистони умед,

Бингар, ки сиёҳ мекунад дояи умр.

                             ***

З-он, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,

Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ хвард.

Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,

Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард.

                              ***

Ку дил, ки донад нафаси асрораш,

Ку гӯш, бишнавад даме гуфтораш.

Маъшуқ ҷамол менамояд шабу рӯз,

Ку дида, ки то бархӯрад аз дидораш.

                              ***

Бингар зи ҷаҳон чӣ тарф барбастам – ҳеҷ,

В-аз ҳосили айём чӣ дар дастам – ҳеҷ.

Шамъи тарабам гир, чу биншастам – ҳеҷ,

Худ ҷоми ҷамам гир, чу бишкастам – ҳеҷ.

                         ***

Бигсист фалак, чу иқд дурдонаи субҳ,

Пур дурри хушоб кард паймонаи субҳ.

Ӯ низ чу ман асиру шайдо гашта,

К-эй ошиқи шомгоҳу девонаи субҳ!

test

Добавить комментарий