Абдулвоҳиди Сарири Балхӣ

Абдулвоҳиди Сарири Балхӣ

Қозӣ Абдулвоҳиди Сарир  дар соли 1224 ҳиҷрии қамарӣ дар Балх таваллуд ёфта ва ҷиҳати фаро гирифтани улум вориди Бухоро мегардад. Мавсуф шахси каримуттабъ ва порсо будааст. Дар илми фиқҳ ва фалсафа ва тасаввуф сахт ворид буд. Дар назм ва насри арабиву форсӣ қудрати комил дошт. Дар Мовароуннаҳр дар байни мардуми он давра бо иззат ва эҳтироми зиёд мезист. Донишманд ва нависандаи тоҷик Садриддин Айнӣ дар бораи ӯ дар асараш «Ёддоштҳо» маълумоти ҷолиб ва пурарзиш додаст. Яке аз ашхоси пешқадам ва аз маъорифпарварони исломӣ дар Бухоро ба шумор меравад. Дар  сурудани ашъори пурмазмуни равон ва навиштани мактуботу иншо истеъдоди комил ва баланд доштааст. Дар эҷоди шеър Абдулвоҳиди Сарири Балхӣ  ба Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ пайравӣ мекарда. Ғазали зерин намунаи осори арзишманди  ӯст:

Акси рӯят карда гулшан дастгоҳ ойинаро,

Ҳам барин маъно барам пешат гувоҳ ойинаро.

Ғайри истиқболи нозат нест сомони ғурур,

Андаке дар ҷилва о бишкан кулоҳ ойинаро.

Гар кунам бо ҷилва тоқат гудозат рӯ ба рӯ,

Мешавад ҷавҳар забони узрхоҳ ойинаро.

Бар хусуфи маҳ сабаб ҷуз дурии хуршед нест,

Бар сар афтад бар рухат рӯзи сиёҳ ойинаро.

Як қалам мазмуни найранги хатат фаҳмиданист,

Карда ин ҷо ҷавҳари об зери коҳ ойинаро.

Табъи ғаммозат ҳамон дар зери кулфат беҳтар аст,

Занг шуд дар айбҷӯӣ садди роҳ ойинаро.

Нест ҷинси худписандӣ боби арбоби камол,

Юсуфе дорам, ки донад қаъри чоҳ ойинаро.

Ҷилва муштоқ аст ҳусни ӯ чӣ созад кас, Сарир,

В-ар намекардам сиёҳ аз дуди оҳ ойинаро.

Абдулқуддуси Балхӣ

Аз шоирони замони Субҳонқулихон – ҳокими  Балх аст ва соҳиби завқи салим буду бештар ба сурудани қитъаҳои таърих шавқу рағбат ва маҳорати хос дошт. Аз ҷумла дар фатҳу нусрати Маҳмудбек чунин қитъаи таърихро гуфтааст:

Маҳмуд бо атолиқ шоҳи ягона шуд,

Хуш соъати саъиду аҷиб вақти нек шуд.

Дар як юриш ду фатҳ ба юмнаш Худой дод,

Таърихи он «ду фатҳ ба Маҳмудбек» шуд.

Абдулҳамиди Балхӣ

Мирзо Абдулҳамид мутахаллис ба Ҳамидӣ аслан аз Балх аст ва барои такмили  улуми исломӣ ба Шаҳрисабзи Мовароуннаҳр меравад ва дар он ҷо сокин мегардад ва издивоҷ мекунад. Мавсуф дар навиштани хати насталиқ маҳорати комил дошта ва аз тариқи хушнависӣ кифояти маъош ва рӯзгузаронӣ  мекардааст. Гузашта аз илм ва фазлу камол ва хушнависӣ суханвари хушқариҳа ва соҳибистеъдод низ  будааст. Ин ғазал  аз табъи равони ӯ гувоҳӣ медиҳад.

Нест пеши тобиши рӯйи ту тоби офтоб,

Рӯзе, ки ояд бурун хаффош аз зери ҳиҷоб.

Як сухан гар аз лаби лаълаш ба ҳар маҷлис равад,

Сарнагун гардад суроҳӣ,  оташ афтад дар шароб,

Аз таманнои баногӯши ту ҳар шому саҳар,

Меравад бар гирди кӯят моҳ бо сад изтироб.

Зулф аз боди сабо ҳар гаҳ абирафшон шавад,

Хун шавад дар нофи оҳу аз хиҷолат мушки ноб.

Чок зад ҷайби дилам, ҷонам ба хоку хун сиришт,

Новаки нозукнигоҳи чашми масти нимхоб.

Он қадар нолидам аз ҷӯши фироқи оразат,

Чарх бар дарёи ашкам гашт монанди ҳубоб.

Нашнавӣ доди Ҳамидирову маҷрӯҳаш кунӣ,

Дафтари дарди ғамат ҳарчанд созад фаслу боб.

test

Добавить комментарий