Андарзҳо Аз «Гулистон»-и Саъдӣ

Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирд
кардани мол!

Оқилеро пурсиданд, ки некбахт кисту бадбахтӣ чист?
Гуфт: Некбахт он, ки хўрду кишт ва бадбахт он, ки
мурду ҳишт

Макун намоз бар он ҳеҷ кас, ки ҳеҷ накард,
Ки умр дар сари таҳсили мол карду нахўрд!

Ду кас ранҷи беҳуда бурданду саъйи бефоида карданд;
яке он ки андӯхту нахўрд ва дигар он ки омӯхту амал накард.

Илм чандон, ки бештар хонӣ,

Чуи амал дар ту нест, нодонӣ!

На муҳаққиқ бувад, на донишманд,
Чорпое – бар ў китобе чанд!

Илм аз баҳри дин парвардан аст, на аз баҳри дунё хўрдан.

Ҳар кӣ парҳезу илму зӯҳд фурўхт,
Хирмане гирд карду пок бисўхт

Олими нопарҳезгор, кўри машъалдор аст

Бефоида ҳар кӣ умр дарбохт,
Чизе нахариду зар бибохт.

Мулк аз хирадмандон ҷамол ёбад ва дин аз парҳезкороїт
камол ёбад. Подшоҳон ба сӯҳбати хирадмандон аз он
мӯҳтоҷтаранд, ки хирадмандон ба қурбати подшоҳон.

Панде агар бишнавӣ, эй подшоҳ,
Дар ҳама олам беҳ аз ин панд пес:
Ҷуз ба хирадманд мафармо амал,
Гарчи амал кори хирадманд нест.

Аз «Гулистон»-и Саъдӣ

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.