Ҳаёт ва эҷодиёти ҶУНАЙДУЛЛОҲИ ҲОЗИҚ

ҶУНАЙДУЛЛОҲИ ҲОЗИҚ

Яке аз шоирони тавонои асри XIX Ҷунайдуллоҳ ибни Исломшайх Ҳозиқ буда, доир ба ному насаби хеш дар достони «Юсуф ва Зулайхо» мегӯяд:

Ҳамин «Ҳозиқ» тахаллус дораму ном,

Ҷунайдуллоҳи ибни Шайхислом.

Инчунин Абдулкарим Фазлии Намангонӣ («Маҷмӯат-уш-шуаро») низ чунин таъкид кардааст:

Ҷунайд он ҳакими билоди сухан,

Ки шаҳри Ҳирот аст ӯро ватан.

Мудаққиқ ба таҳқиқи илму сифот,

Бувад ибни Исломшайхи Ҳирот.

Ҳозиқ дар миёнаи солҳои 80-уми асри XVIII таваллуд шудааст. Зодгоҳи ӯ маҳаллаи Кархи Ҳирот мебошад. Ҷунайдуллоҳ табъи баланду зеҳни бурро дошта, дар аввалҳои Хукмронии амир Ҳайдар (1800-1827) аз Ҳирот ба Бухоро омадааст. Ӯ дар мадраса яке аз беҳтарин толибилмон буда, осори адибони асримиёнагиро низ хеле дақиқ меомӯзад. Дар баробари ин Ҷунайдуллоҳ илми тибро ҳам хеле хуб омӯхта тахаллуси «Ҳозиқ»-ро аз ҳамин ҷиҳат интихоб менамояд. Ҳозиқ соли 1805 мадрасаро хатм мекунад ва дар мадрасаи Олӣ бо фармони амир Ҳайдар имом таъин карда мешавад. Дере нагузашта Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқро ба дарбор даъват мекунанд. Баъди чанде фаъолият дар дарбор тафаккури шоирро нисбат ба он дигар намуд. Ӯ хуб фаҳмид, ки шахсони нолоиқ хеле зиёд будаанд ва бо ин тоифа аҳли хирад ҳамкорӣ карда наметавонад:

Бори узви ҷоҳро ҳар сифла натвонад кашид,

Ҳеҷ тори анкабуте иқди гавҳар мекашад?

Шоирони ҳасудкори дарбор Ҳозиқро нотавонбинӣ мекарданд. Ҷалолӣ, ки худ чандон истеъдоди баланд надошт, Ҳозиқро боре ҳаҷви сахт намуд. Ҳозиқ бо унвони «Қасида дар ҷавоби ҳаҷви мавлоно Ҷалолӣ» – ро менависад, ки чанд байте аз он чунин аст:

Дар хотирам расад чу хаёли қасидаат,

Гардад дилам сияҳ зи зуғоли қасидаат.

Гуфтӣ, ки зода табъи ман ин бикр фикрро,

Сад шӯр карда духтари золи қасидаат.

Ай, карда шеъри халқ ба чандин бало дучор,

Бояд гирист, оҳ ба ҳоли қасидаат.

Худ равшан аст гавҳари мазмуни дигарон,

Торику сакта аст зулоли қасидаат.

Ай рӯбаҳак, ба шери жаён панҷа мезанӣ,

Даркаш забон, ки нест маҷоли қасидаат.

Ҳозиқ, чӣ ҳолат аст дарад пардаи туро,

Нафсат намуда рух зи «камоли» қасидаат.

Муноқиша миёни ду шоир бошад ҳам, амалан ҳадафи Ҳозиқ худи амир аст. Аз ин рӯ, ӯ аз доираи адабии Бухоро дилмонда шуда, ба

Хуқанд омадани Ҳозиқ қайд намуда бошад ҳам, дар оғози салтанати амир Умар иттифоқ афтодани он ба ҳақиқат наздик мебошад.

Ҳозиқ муддате дар ин доираи адабӣ созиш намуда, ҳатто ба амир Умар баъзан пайравиҳо мекунад. Яке аз ҷиддитарин иқдомҳои Ҳозиқ дар ин доираи адабӣ ба эҷоди достони «Юсуф ва Зулайхо» камар бастани шоир ба шумор меравад. Дар ин бора Ҳозиқ баъзе ишораҳои судманд низ дорад:

Мабош аз шеъри мардум ҳарфгустар,

Либоси орият то чанд дар бар?

Бигӯ чу Ҳозиқ, ар дорӣ димоғе,

Бикун равшан, агар дорӣ чароғе.

Шоирони маддоҳои дарборӣ: Вазир, Нола, Фазлӣ, Дабир ва Афсӯс бошанд Ҳозиқро дар ҳузури амир бадгӯиҳо мекарданд. Шоир ва тазкиранигор Абдулкарими Фазлӣ дар «Маҷмӯат-уш-шуаро» – и худ аз Ҳозиқ ёд намуда, ӯро дорои истеъдоди баланд медонад, вале «марди девона» ва «мухолифмизоҷ» ном мебарад:

Ба фанни сухан гарчи фарзона аст,

Валекин аҷаб марди девона аст.

Каландармизоҷ асту девонахӯст,

Вале дар фунуни сухан тозагӯст.

Аз баъзе ишораҳои Ҳозиқ пайдост, ки ӯ худро зиракона ба девонагӣ вонамуд карда будааст:

Гар намехоҳӣ, ки дарди сар кашӣ аз рӯзгор,

Ҳамчу Ҳозиқ бо камоли зиракӣ девона бош.

Аз қазовати боло маълум мегардад, ки моҷароҳои аҳли дарбор ва тамаллуқи шоирони тамаъкору чоплус Ҳозиқро басо озурда намуда, ба ӯ фишори маънавӣ медоданд.

Аз ин сабаб, Ҳозиқ дар дарбори амир Умархон фаъолият карданро дигар раво намебинад. Хусусан, ин ҳолат баъди ба сари тахт омадани писари ин амир Муҳаммадалихон боз ҳам ногувортар мегардад. Ин аст, ки Ҳозиқ аз дарбори Муҳаммадалихон канораҷӯӣ намуда, ба Бухоро меояд ва дар ин шаҳри бостонӣ бо пешаи табибӣ касби маош мекунад.

Ӯ аз рӯи эҳтиёҷҳои зиндагӣ бо баъзе соҳибмансабон қаробат ҷустааст. Боре яке аз соҳибмансабон ба шоир ваъда медиҳад, ки ба ӯ (ба Ҳозиқ) асп инъом мекунад. Вале пас аз гузаштани чанд муддат аз қавлаш бармегардад. Ҳозиқ ба он кас чунин қитъаи ҳаҷвиро мебахшад:

Расид меҳри тило лек аспи мо нарасид,

Бигӯ намедиҳамат, то ба кай баҳона кунӣ.

Муносиби ту ба он шавкату ҷалол ин аст,

Ки хешро магарам мӯҳраи замона кунӣ.

Куҷо равос(т), ки худро барои як аспе,

Миёни халқ ба беҳимматӣ фасона кунӣ…

Ҳозиқ чанд гоҳе дар Хоразм низ будааст, ки онро солҳои 1825-29 тахмин кардаанд. Зеро дар ин солҳо Муҳаммад Раҳимхон вафот карда, ба сари қудрат Оллоҳқулихон омада буд.

Муҳимтарин хусусияти доираи адабии Хоразм он будааст, ки бо ташаббуси сарвари ин доираи адабӣ -Мӯъниси Хоразмӣ тарҷумаи осори адибони асримиёнагии тоҷик ба забони ӯзбекӣ хеле авҷ гирифта будааст. Соли 1829 Ҳозиқ аз Хоразм боз ба Бухоро бармегардад ва ӯ Ҳоҷӣ Ҳакимхонро (муаллифи «Мунтахаб-ут-таворих»-ро), ки аз саёҳат баргашта буд, пешвоз мегирад.

Ҳозиқ бисёр мехост, ки ба сафари олам баромада, ба ин восита аз низои ҳусудон раҳоӣ ёбад. Вале имконоти модӣ барои шоир даст намедод, ки онро аз баъзе ишораҳои шикваомези Ҳозиқ пай бурдан мумкин аст:

Даме расид ба хотир, ки сӯи Рум равем,

Ки шояд ин дили ғамгин шавад нишотпазир.

Зи сайри шом гаҳе рехт бар дилам савдо,

Ки субҳи айш дамад шоядам зи шоми замир.

Шикаст фикри Ҳалаб гоҳ шиша дар роҳам,

Намуда гоҳ Фарангам дар ойина тасвир.

Гаҳе зи Ҳинд намак рехт дар дили решам,

Гаҳе зи Миср шакар ёфт тӯтии тақрир.

Шоир дар қитъаи боло орзуи шаҳрҳои Руму Шом, Ҳалабу Фаранг (Аврупо), Ҳинду Мисрро дар сар доштааст, вале он амалӣ нашудааст. Амир Насруллоҳ мехост Ҳозиқ яке аз муқаррабони ӯ бошад, вале шоир аз амир дурӣ меҷуст. Зеро Насруллоҳ пайваста дар андешаи кишваркушоӣ, ғорату асиргирӣ буда, борҳо ҳатто ба Хуқанд лашкар кашидааст.

Ӯ бори сеюм соли 1842 ба Хуқанд ҳуҷум намуда, дар он ҷо қатли ом менамояд. Ҳозиқ дар як қасидааш оқибати ҷангро баён намуда амирро ба сулҳ даъват мекунад:

То бувад сулҳ ҷанг натвон кард,

Ҷанг бошад диранг натвон кард.

Шоҳ бояд хурад ғами олам,

На ки з-он олам фитад дар ғам.

Амир маслиҳати шоирро қабул мекунад. Баъд ӯ аз Ҳозиқ талаб менамояд, ки ин пирӯзиашро дар қасидае васф бикунад. Ҳозиқ «пирӯзӣ»- и амирро дар байти зерин маҳкум мекунад:

Буридӣ бар қади худ аз маломат,

Либосе то ба домони қиёмат.

Амир аз шунидани он дар ғазаб мешавад. Ҳозиқ бошад ба Шаҳрисабз дар хонаи дӯсташ-Ҳакимхон паноҳ мебарад. Амир Насруллоҳ писари шоирро, ки Мӯҳташам ном дошт, ба Шаҳрисабз фиристода, омадани Ҳозиқро талаб мекунад. Ҳозиқ байти зеринро навишта ба амир мефиристонад:

Чун ҳузурам сабаби ранҷиши табъат гардад,

Мегурезам, ки малулат накунам бори дигар.

Амир аз ин кори шоир дар ғазаб шуда, Душанбой ном дуздро барои овардани сари Ҳозиқ амр мекунад.

Ин бешараф бо се тан бадандешони дигар ба Шаҳрисабз омада, шабонгаҳ ба хонаи хоби Мавлоно Ҳозиқ ворид шуда, ӯро ба қатл мерасонанд ва сари шоирро бо худ ба Бухоро мебаранд. Ба ҳамин тариқ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ 14-уми январи соли 1843 дар вилояти Шаҳрисабз вафот кардааст.

Мероси адабии Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ

Сарфи назар аз мураккабии авзои замони зиндагии Ҳозиқ ва нобасомониҳои рӯзгори ӯ, аз ин шоир осори пур- арзише боқӣ мондааст. Он осор аз «Девони ғазалиёт» достони «Юсуф ва Зулайхо», рисолаҳои «Воқеоти исломӣ» ва «Таҳқиқ-ул-қавоид» иборат мебошад. Рисолаи «Таҳқиқ-ул-қавоид» номи дигар низ дорад, ки он «Шарҳи қонунча» аст.

«Девони ғазалиёт»-и Ҳозиқ.

Дар девони шоир ғазал мавқеи марказӣ дорад. Чун анъана мавзӯи асосии ғазал ишқ аст. Ин мавзӯъ бо тамоми ҷузъиёт: ҳиҷрону висол, сабру тоқат, васфи ҳусну ҷамоли дилбар, бевафоӣ ва сустаҳдӣ, номеҳрубонӣ, сарддилӣ ва ғайра ба тасвир омадааст. Дар иртибот бо ин мавзӯъ маю бода (ҳамчун рамзи хушгузаронии умр, зиндагӣ), васфи баҳор ва ҷузъиёти ин фасли арӯси сол: резиши борони найсону шилдир- шилдири ҷоришавии чӯйҳои баҳорӣ, накҳати гулҳову муаттарии насими субҳгоҳӣ, сафои самову гармои ҳаво ва монанди инҳо хеле ҳунармандона аст.

Чунончи, дар ин ғазал, ки шояд дар даврони нисбатан пиронсолагии Ҳозиқ эҷод шуда бошад:

Ёди айёме, ки пур аз май сабӯе доштем,

Шаб ҳама бар сари ғам ҳою ҳуе доштем.

Шаб ниҳон з-ағёр мову ёр дар базми висол,

Мо ҳам аз имои абрӯ гуфтугӯе доштем.

Гардиши даврон гули мору чунин пажмурда сохт В-арна дар ин боғ мо ҳам рангӯ бӯе доштем.

З-инқилоб андеша кун, моро ба чашми кам мабин,

Дар диёри хеш мо ҳам обрӯе доштем.

Ман ҳамчун қаҳрамони лирикии ғазали Ҳозиқ пайваста дар изтироб, ҳаяҷон аст. Зеро ба ин ҳолат ӯро маҳбуба овардааст. Доираи фаъолият ва муносибати қаҳрамони лирикӣ – ман пурвусъат, серҷабҳа ва гуногуншакл аст. Вале асосан олами ботинии ӯ дар муносибат бо маҳбуба ошкоро мегардад. Ошиқ намехоҳад, ки ағёр аз ин сир пай барад. Ӯ пурсабру пуртоқат ва ҳифзкунандаи асрору розҳост:

Ҳозиқ, магӯ ба бехирадон рози ишқро,

Аз анбару абир кашад гову хар чӣ ҳаз.

Қаҳрамони лирикӣ – ман ғолибан ҷанбаъҳои васеи иҷтимоӣ мегирад. Дар симои ағёр бехирадиву пастфитратӣ, ноқобиливу ноӯҳдабароӣ, золимию худписандӣ, кӯтоҳназариву зоҳирбинӣ, ҳарисиву мардумфиребӣ барин амалҳои зиштро ҷамъбаст менамояд. Аз ин рӯ, вазниниҳои ҳаёт пайваста бар дӯши хирадмандону оқилон аст. Ин аст, ки Ҳозиқ мегӯяд:

Маро чун бишкуфад хотир, ки ҳамчун ғунчаву лола

Дилам хун аст ту бар ту, ҷигар доғ аст то бар то.

Дар ин айём ҳар кас ҷоми айше мекашад чун гул,

Ману доғи дилу ҳуни ҷигар чун лолаи ҳумро.

Лирикаи иҷтимоии ӯ баъзан вусъати бештаре пайдо намуда, ҳатто оҳангҳои қавии сиёсӣ низ мегирад. Ба ақидаи Ҳозиқ, соҳибмансабон бояд шахсони сазовору лоиқ бошанд. На ҳар як шахс аз ӯҳдаи корҳои роҳбарӣ баромада метавонад. Дар системаи роҳбарӣ бояд принсипи ҷиддие ҳукмрон бошад, то ин ки шахсони тасодуфии беистеъдод ба мансабҳои баланди давлатӣ соҳиб шуда натавонанд. Таърих гувоҳ аст, ки агар шахси нолоиқе сари мансабе ояд, он гоҳ ҷомеъа дучори мушкилиҳои сершумор хоҳад шуд:

Халқи оламро на ҳар дун даст бар сар мекашад,

Ин қадаҳ аз даври гардун меҳри ховар мекашад.

Бори узви ҷоҳро ҳар сифла натавонад кашид,

Ҳеҷ тори анкабуте нақди гавҳар мекашад.

Яъне ба ин восита лирикаи шоир ҷанбаъҳои воқеии ҳаётӣ гирифта, ба ҳаёти ҷамъият ва рӯзгори мардум бештар наздик мешавад. Шоир таъкид ба таъкид мегӯяд, ки шахсони ҳариси ҷоҳу мансабро набояд имкон дод, ки ҳадафҳои палиди худро амалӣ намоянд. Баръакс, пеши роҳи онҳоро бояд гирифт, то ин ки мардум аз ин тоифаи кӯтоҳ – назар халос бошанд: Баски масти бодаи ҳирсанд абнои замон,

Табъашон хуни падар аз шири модар мекашад.

Дар оғози расидан ба ҳадаф баъзан ин тоифа усули кори худро дигар хел намуда, рафтори чоплусонаро пеш мегиранд. Ҳамин ки ба ҳадафҳои ниҳоии худ расиданд, ҳамон замон тағйир меёбанд. Ба ин маънӣ шоири мушоҳидакор огоҳ месозад, ки ба тавозӯи сохтакоронаи мансабхоҳон фирефта набояд гашт. Онҳо ҳама чизро бо мансаб иваз хоҳанд кард. Ӯ мегӯяд:

Қади золим аз тавозӯъ нест ҷузъ тамҳиди зулм,

Мешавад хам неши ақраб заҳр, чун бармекашад.

Дигар аз мавзӯъҳое, ки дар лирикаи Ҳозиқ хеле зиёд реша дорад, мавзӯъҳои панду андарз, мавъизату насиҳат, тарбиявию ахлоқӣ мебошанд, ки шоир ба мавзӯи мазкур бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Чунончи:

Ба гиру дори бузургӣ ту бош хуш, ки дили ман,

Гирифтааст, таманнои дору гир надорад.

Зи файзи олами маънӣ ба махзани дили Ҳозиқ,

Ҷавоҳирест, ки шоҳи фалаксарир надорад.

Бояд гуфт, ки Ҳозиқ шоирест, ки ба қадри сухан ва суханвар бо тамоми ҳастии худ мерасад. Ӯ суханро дурру гавҳар мегӯяд, вале шеърро, хусусан сухани матини манзумро афзал мешуморад, яъне агар сухани насрӣ, ки он ҳам дурру гуҳар аст, накӯ аст ва агар манзум гардад, накӯтар хоҳад гашт. Шоир мегӯяд:

Суханро шеър бахшад зеби дигар,

Шавад аз назм афзун қадри гавҳар.

Агар худ шеърро ҳусне набудӣ,

Ба Ҳассон кай Набӣ эҳсон намудӣ.

Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ адиби тавоно буда, ҳунари ӯ аз навъҳои лирикӣ хусусан дар ғазал сазовори таҳсин аст. Зеро ӯ аз эҷодиёти бузургтарин ғазалсароён: Саъдию Хоҷу, Носири Бухороиву Салмони Соваҷӣ, Хусраву Ҳасан, Ҳофизу Камол, Ҷомию Ҳилолӣ, Мушфиқиву Шавкат ва дигарон комилан огоҳ будааст. Таъсири эҷодиёти шоирони номбаршуда дар ашъори Ҳозиқ аз нигоҳи ҷанбаъҳои ҳунарӣ: коргирӣ аз санъатҳои бадеӣ, мазмунсозӣ, маъниофарӣ, дарёфти радифу маҳорати қофиясозӣ, интихоби вазнҳои мувофиқу хушоҳанг ва ғайра хеле хуб мушоҳида карда мешавад.

Сабку услуб, шеваи эҷоду ҳунари таълифи Ҳозиқ низ хеле ҷолиб аст.

Аз ин ҷост, ки нуфузи эҷодиёти Ҳозиқ ба адабиёти давр ва минбаъда низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад.

Достони «Юсуф ва Зулайхо»

Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ на танҳо дар эҷоди навъҳои гуногуни лирикӣ табъи баланду ҳунари воло доштааст, балки дар достонсароӣ ҳам соҳиби истеъдоди фавқулодда мебошад.

Ҳозиқ дар заминаи сунати адабӣ достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро таълиф менамояд. Шоир достони мазкурро дар замони амир Умархон (1809-1822) оғоз намуда, соли 1724 онро ба итмом мерасонад:

Намуд илҳом дар таърихаш иншо:

Муфассал қиссаи «Юсуф Зулайхо».

Шурӯъаш буд аз даври Умаршоҳ,

Ки зад ба садри ҷаннат хаймаи ҷоҳ.

Набурдам худсарӣ дар ҷайби анҷом,

Ки даври салтанат з-ӯ ёфт итмом…

Ҳозиқ достони «Юсуф ва Зулайхо»-и худро дар пайравии достонҳои Ҷомию Нозим эҷод кардааст. Зимни асар шоир андешаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, ҷамъиятии худро низ баён кардааст:

Ба дӯши қиссаи Юсуф Зулайхо,

Мурассаъ хилъати дигар биоро.

Либоси тозаву ушшоқи тоза,

Баҳори тозаву авроқи тоза.

Зи ҳар гул рангу бӯи тоза ҷӯшад,

Зи ҳар булбул наво дигар хурӯшад.

Достони «Юсуф ва Зулайхо» дорои 60 боб ва 4496 байт буда, дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф (баъзан мақсур) эҷод карда шудааст, ки афоъили он чунин аст:

  •        / V / V – –
  •        / V / V – –

яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлун.

Сужети достон аз боби 12 оғоз мешавад.

Қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» яке аз машҳуртарин қиссаҳо буда, таърихи пайдоиши он ба асрҳои XV – XIV то мелод тааллуқ дорад. Қиссаи мазкур дар китоби муқаддаси «Таварот» ва баъдтар дар «Қуръон»-и маҷид зикр шудааст.

Дар осори адабӣ-бадеии халқҳои форс-тоҷик ин қисса дар осори шоирони садаи X Абулмуайяди Балхӣ, Бахтиёрӣ ва Фирдавсӣ (мансуб ба ин эҷодкор), минбаъд Амонӣ (асри XI), баъдҳо Амъақи Бухороӣ, Масъуди Ҳиравӣ, Масъуди Деҳлавӣ, Озари Тӯсӣ, Масъуди Қумӣ, Шоҳини Шерозӣ ва бисёр касони дигар манзум шудааст. Ҳатто дар адабиёти туркзабон ҳам чанд тан: Ҳамдуллоҳи Чалабӣ, Дурбек ба ин қисса рӯ овардаанд.

Чанд тан шоирони асрҳои ХУ1-Х1Х низ дар эҷоди қиссаи мазкур ранҷ бурдаанд, ки аз зумраи онҳо: Мавҷии Бадахшонӣ, Салими Табрезӣ, Муллошоҳи Бадахшонӣ, Муҳаммад Иброҳими Халилуллоҳи Бадахшонӣ, Авҳадии Балёнӣ, Ҷавҳари Табрезӣ, Шаҳоби Туршезӣ ва дигарон мебошанд. Вале машҳуртарини таълифгарони қиссаи мазкур Ҷомӣ, Нозими Ҳиравӣ ва Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ мебошанд.

Таҳлили достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ

Достон мазкур бо он характернок аст, ки он фоҷеавӣ нест. Аз тарафи дигар, дар ин қисса Зулайхо (нисбат ба достонҳои дигари ишқӣ- романтикӣ) хеле фаъол аст. Зулайхо тамоми вазнинии зиндагӣ, роҳи муҳаббатро бар дӯши худ мегирад. Ҷанбаъҳои воқеии рӯзгорӣ дар достони Ҳозиқ боз ҳам бештар ба назар мерасанд. Дар ин достон Юсуф таҷассуми иффат- покист.

Мазмуни мухтасари достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиц

Дар Мағриб шоҳе бо номи Таймус ҳукмронӣ мекард. Ин шоҳ фарзанд надошт. Баъдҳо ӯ фарзанддор мешавад ва духтарашро Зулайхо ном мекунад. Зулайхо чунон зебо буд, ки дар ҳафт иқлим ҳаммонанд надошт. Зулайхо ба балоғат расида, шабе зеботарин ҷавонеро дар хоб мебинад ва мафтуни ӯ мешавад. Танҳо бори сеюми хоббинӣ Зулайхо аз ҷавон ному нишон мепурсад:

Куҷо будӣ, ки ман девона будам,

Зи хешу ошно бегона будам.

Бигӯ шаҳрат куҷо, кӯят кадом аст?

Туро, ай бенишон, охир чӣ ном аст?

Дар ҷавоб ҷавон мегӯяд:

Азизи Мисраму дигар ту худ рас,

Бувад дар хона чун кас, ин сухан бас.

Ба ӯ аз ҳар тараф хостгорҳо омада бошанд ҳам, ба касе розӣ намешавад.

Вазири шоҳи Миср – Азиз низ тавсифи ҳусни Зулайхоро шунида, бо ҳадяи зиёде хостгор равон менамояд. Таймус ба ин шахс розигӣ медиҳад. Зулайхо тӯй шуда ба Миср оварда мешавад. Зулайхо Азизи Мисрро ҳамон ҷавони дар хоб дидааш гумон карда хеле хурсанд буд. Вале маълум мешавад, ки он ҷавони дар хоб дидааш нест. Азиз базми бошукӯҳе ороста ҳокими Миср-Малик Рӯён низ дар он иштирок мекунад. Зулайхо дар қасри зеботарин зиндагӣ кунад ҳам, хурсанд набуд. Дар Канъон Яъқуб умр ба сар мебурд, ки дувоздаҳ фарзанд дошт. Юсуф фарзанди охирини ин мард буда, зеботарин мебошад. Ӯ на танҳо зоҳиран, балки ботинан ҳам ниҳоят хушодобу хушрафтор буд. Аз ин рӯ,

Яъқуб ӯро бештар дӯст медошт. Ин боиси рашки бародарон гардид ва онҳо дар паи нест кардани Юсуф мешаванд. Онҳо як рӯзи баҳор падарро розӣ кунонида Юсуфро бо худ мебаранд. Онҳо панди падарро фаромӯш намуда, Юсуфро бераҳмона мезананд, азоб медиҳанд. Ӯ аз ташнагӣ бемадор мешаваду меафтад. Яке аз бародарон ба Юсуф об медиҳад, вале Шамъун хашмгин шуда, аз ӯ обро кашида мегирад.

Вале Яҳудо бо ханҷар ба Шамъун ҳамла намуда, Юсуфро наҷот медиҳад. Онҳо ба сари чоҳе омада Юсуфро ба он чоҳ мепартоянд.

Онҳо бо нолаву зорӣ пеши падар меоянд ва пироҳани хунолуди Юсуфро ба падар нишон дода мегӯянд, ки Юсуфро гург хӯрдааст. Вақте ки падар ба иғвои онҳо чандон бовар намекунад, онҳо ба саҳро рафта гургеро пайдо мекунанд ва даҳони онро хунолуд намуда ба Яъқуб нишон медиҳанд. Вале гург ба забони ҳол омада бегуноҳии худро хабар медиҳад.

Корвони Молик аз Мағриб ҷониби Миср раҳсипор буд. Онҳо барои ҷустани об ҷӯёи чоҳ мешаванд. Башрӣ ном ғулом аз қаъри чоҳ ба ҷои об Юсуфро пайдо менамояд. Бародарони Юсуф аз ин кор хабар ёфта, Юсуфро ба ивази ҳаҷдаҳ дирҳам мефурӯшанд. Вақте корвон ба Миср мерасад, ҳокими он ҷо Малик Рӯён, вазири ӯ Азиз ва завҷаи вазир Зулайхо низ огоҳ мегарданд. Зулайхо аз равзана Юсуфро дида ҷавони дар хоб дидаашро мешиносад. Азиз бо маслиҳати Зулайхо Юсуфро ҳамчун ғулом харида ба хона меорад.

Зулайхо ба Юсуф на мисли хоҷа бо ғулом, балки ҳамчун дӯстдоштаи худ муносибат менамуд. Онҳо бо ҳамдигар саргузашти худро нақл мекарданд. Баъдтар Юсуф пешаи чӯпониро ихтиёр мекунад. Зулайхо барои висол тадбирҳо меҷуст, вале Юсуф аз рафтори ӯ ҳаросида аз Худо имдод металабид. Бо хоҳиши Зулайхо қасри мӯҳташаме сохта мешавад. Зулайхо Юсуфро ба тамошои қаср мебарад. Дар ҳуҷраи ҳафтум Юсуфро оғӯш карданӣ мешавад, вале Юсуф дурӣ меҷӯяд. Зулайхо аз қафо домани Юсуфро кашида медаронад. Пас ба назди Азиз омада Юсуфро тӯҳмат мекунад. Баъд аз ин бо дархости Зулайхо Юсуфро бо дахолати занони Миср ба маҳкама меафкананд. Зулайхо аз кардаи худ пушаймон мешавад. Дар зиндон обдор ва суфрагустори шоҳ низ зиндонӣ буданд.

Шабе обдор хоб мебинад, ки шоҳ аз ӯ оби ширин хостааст. Юсуф хоби ӯро ба некӣ таъбир менамояд, ки аз зиндон озод гардида соҳиби мансабе хоҳӣ шуд. Он гоҳ дар бораи ман,- мегӯяд Юсуф, – ба шоҳ хабар бидеҳ. Иттифоқо, шабе Малик Рӯён низ хобе даҳшатборе мебинад, вале касе онро таъбир карда наметавонад. Обдор хабар медиҳад, ки Юсуф ном шахси таъбиргаре дар зиндон ҳаст, ки бо амри Азиз зиндонӣ шудааст. Юсуфро аз зиндон озод намуда ба назди шоҳ меоранд. Ӯ хоби шоҳро мудҳиш мегӯяд ва тадбирҳоро ҳам қоил мешавад.

Рӯён Азизро аз вазирӣ холӣ намуда, Юсуфро вазир таъин менамояд. Зулайхо дар вайронае истиқомат карда, исломро мепазирад. Юсуф инро фаҳмида ба назди Зулайхо меравад. Ӯ ҳоли Зулайхоро дида раҳмаш меояд ва Зулайхоро ба боргоҳи худ меорад. Зулайхо ғаму ғуссаро аз худ дур намуда аз нав ҷавон мешавад ва ҳуснаш бо амри Худо, барқарор мегардад:

Маро дубора бахшад зиндагонӣ,

Диҳам бозам зи сар ҳусни ҷавонӣ.

Намояд дидаам равшан зи рӯят,

Муаттар ҳам димоғи ҷон зи бӯят.

Зи лаъли ҷонфизоят ком ёбам,

Дар оғӯшат ҳамин ором ёбам.

Юсуф базм ороста бо Зулайхо хонадор мешавад. Онҳо якҷоя сӣ сол умр ба сар мебаранд. Баъд аз он Юсуф олами фониро падруд мегӯяд. Зулайхо сари қабр омада онро оғӯш мекунад ӯ низ ҷон месупорад.

Достони Ҳозиқ бо ҳамин хотима меёбад.

Образҳои достон.

Дар достони мазкур ба ғайр аз образҳои марказӣ-Юсуф ва Зулайхо як қатор образҳои дигар: Шоҳи Миср Малик Рӯён, Азизи Миср, Таймус, Яъқуб, бародарон, Молики Бишрӣ, корвониён, занони Миср, зиндониён ва зиндонбон, дастурхондор ва обдори шоҳ. Ин образҳо низ лаҳзавӣ бошанд ҳам, хеле ҳалкунанда ва ҷолибанд.

Образи Юсуф образи марказӣ ва ҳалкунандаи достон аст. Ӯ носеҳ ва пок аст. Инчунин боақлу доно, покиза ва пуртоқату поктинат аст. Танҳо дорои хислатҳои ҳамида буда, ягон хислати бад надорад. Ӯ на танҳо зоҳиран, балки ботинан ҳам зебост. Дурандеш, бо мулоҳиза, зираку оқил буда, ба оянда боварӣ дорад. Хислатҳои ҳамидаи ӯ сари ҳар як қадам ба назар мерасанд. Юсуф пайғмбарзода низ ҳаст. Ӯ боз ба ғуломӣ розӣ мешавад.

Ҳангоми таъбири хоби зиндонӣ дар маҳбас боз ҳам бузургии ӯ ошкор мешавад. Хоби Рӯёнро таъбир намудан ӯро соҳиби мансаб мегардонад.

Шоир ба ин восита иффату покӣ, ростиву росткорӣ, адлу инсоф, садоқату инсоф ва ғайраро тарғиб намуда, хисоли ҳамидаро афзалият мебахшад. Шоир хоби шоҳро чунин тасвир мекунад:

Малик Рӯён шабе чун чашм пӯшид,

Ба хобаш ҳафт гови фарбеҳе дид.

Пас аз вай ҳафт гове дид лоғар,

Ки хурд ин ҳафт лоғар ҳафти дигар.

Дар он дам хӯшаҳои сабзу хуррам,

Намудаш ҳафт буд он хӯшаҳо ҳам.

Пас он гаҳ ҳафти дигар хӯшаҳо дид,

Ки ҳар як хушктар будӣ зи хуршед.

Бар он тарҳо чу печиданд он ҳафт,

Ҳама гаштанд хушку хуррами рафт.

Хоби Маликро касе таъбир карда наметавонад ва танҳо Юсуф онро чунин таъбир мекунад:

Ки аввал ҳафт соли нек ояд,

Ба рӯи халқ неъмат дар кушоянд.

Пас аз вай ҳафт соле дур гирад,

Ки гардад зинда қаҳт, арзон бимирад.

Аз он ҳафт ин қадар гиранд хӯша,

Ки бошад дар раҳи ин ҳафт тӯша.

Ба шаҳ то нархи давлат бошад арзон,

Вазири шаҳ набояд буд нодон.

Нигаҳ гар бол накшояд ба ғафлат,

Расад кай сар ба девори мазаллат.

Ин аст, ки аз зиндон раҳо ёфтани Юсуф ҷорӣ шудани адолат, тантанаи озодӣ, вазир таъин шудани Юсуф, сари қудрат омадани адолату озодӣ, яъне ғалабаи озодиву адолат бар зулмоту ҷаҳолат мебошад. Зеро Юсуф ҳатто худи шоҳро чунин панду насиҳат медиҳад, ки чунин ҷуръатро кӣ метавонист ба ҷо биёрад?!

Чунончи:

Бувад чун бо раъият шоҳро ҷоҳ,

Раъиятпарварӣ мебояд аз шоҳ.

Чу бошад бар шукӯҳи шоҳ иллат,

Ғами худ мехурад, хоҳ аз раъият.

Раъият гар набошад, бо кӣ шоҳ аст?

Фалакро рӯзи беахтар сиёҳ аст.

В-агар бошад туро доно вазире,

Ки худ дарди сар аз кишвар нагирӣ.

Агар дар ин қазоват хиради сиёсӣ- иҷтимоии Юсуф намоиш дода шуда бошад, пас ӯ дар ҷодаи дигар низ бартарӣ дорад.

Юсуф дар ишқ низ симои покӣ ва иффат аст. Мо таъсири ислом ва «Қуръон» – ро ин ҷо бештар ҳис менамоем. Ӯ намехоҳад, ки ба хонадони набавӣ гуноҳу табоҳӣ биёрад. Аз ин рӯ, сабру таҳаммулро интихоб мекунад. Заррае ишқи шаҳвонӣ намудор намешавад ва ӯ дар ин роҳ ҳатто фикр ҳам намекунад.

Юсуф шахсияти бузург аст, ки ҳатто ба бародарони ҷафокору қотили худ ҳам шафқату раҳм мекунад. Ин аст, ки дар охир ба мақсад мерасад ва дар зиндагӣ ноком нест.

Образи Зулайхо. Ин симои махсуси зани нотакрор аст. Ӯ шоҳдухтар аст, вале ёде аз мансаб, боигарӣ намекунад. Ӯ миллат ва табақаи иҷтимоиро ҳам ба назар намегирад. Ӯ устувор ва мубориз аст. Зулайхо пок, бо иффату шармгин аст. Ҳамин ишқи пок дар аввал ӯро хеле уқубат медиҳад:

Маро ишқе бубин охир чиҳо кард,

Ватанбегона, ғурбатошно кард.

Азизи Миср ҷӯён хор гаштам,

Парӣ гуфтам, ба деве ёр гаштам.

Зулайхо дӯстдоштаашро ба зиндон меафканад, вале худ гӯё хешро дар он ҷо афканда бошад, ки азоби рӯҳӣ мекашад.

Ҳангоми вазир таъин гардидани Юсуф, Зулайхо боз хортар шуда, хонаву ҷои худро тарк мекунад ва дар роҳи дӯстдоштааш макон интихоб намуда, бо азоби зиёд ва гиряву нола зиндагӣ мекунад. Вале ҳамоно иффату исматро нигоҳ медораад. Ӯ низ поку беолоиш ва устувору пурсабр ва табовару пуртоқат мебошад. Зулайхо ҳам ҷонибдори барпо намудани оилаи пок, содиқ, мушфиқ, ҳалол, самимӣ, беолоиш аст. Ӯ барои дӯстдоштаи худ аз худ мегузарад. Зулайхо бе Юсуф зиндагиро тасаввур карда наметавонад. Аз ин рӯ, ӯ ба мақсад мерасад.

Дар достон образҳои шоҳи Миср – Малик Рӯён, Яъқуб, Таймус, корвониён, обдори шоҳ низ нақшҳои мусбатанд. Яъқуб умре барои Юсуф месӯзад, Малик Рӯён ҷонибдори адолат, дурандеш, мушоҳидакор ва донову оқил аст. Таймус низ шоҳи доност. Ӯ дар роҳи муҳаббати фарзандаш монеъ нест. Ҷонибдори ишқи пок ва ахлоқи ҳамида мебошад.

Бародарони Юсуф аз хонадони муқаддасанд, вале рашк, ҳасад, бадбинӣ, ҳавасҳои беҷо доранд. Аз ин рӯ, онҳо дар зиндагӣ роҳи худро пайдо карда наметавонанд.

Корвониён низ кори хайреро сомон медиҳанд, зеро онҳо боиси идомаи хатти сужети достон мешаванд.

Обдори шоҳ бошад кори ниҳоят некро сомон дода, боиси аз зиндон раҳоӣ ёфтани Юсуф ва инчунин ба мансаби баланд омадани ӯ ва ниҳоят ба мақсад расидани Зулайхо мегардад.

Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ дар таълифи достон нишон додааст, ки ӯ дар эҷоди навъҳои бузурги адабӣ маҳорати бештаре дорад. Ҳозиқ дар қасидаву ғазал, қитъаву рубоӣ, тарҷеоту шеъри тасмит ва ғайра табъи баланд дошта бошад ҳам, шӯҳрати ӯро ҳамчун эҷодкор ҳамин достони «Юсуф ва Зулайхо» таъмин кардааст.

Аз навъҳои лирикӣ ӯ ғолибан дар ғазал табъи баланд дошта, дар рушду таҳаввули жанри мазкур саҳми арзанда гузоштааст. Вале махсусан достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ баъд аз асарҳои ҳамноми Ҷомию Нозими Ҳиравӣ ва умуман миёни ҳамаи онҳое, ки 10 аср дар ин мавзӯъ асар эҷод кардаанд, мавқеи намоён дорад.

Ҳозиқ дар ин достон лаҳзаҳои иловагии зиёд дорад, ки дар асарҳои қаблӣ дида намешаванд: лаҳзаи тӯҳмати гург ва ба забони ҳол омадани он, ё худ бевосита Ҳозиқ аз тавлиди Юсуф асарро оғоз мекунад, вале Ҷомӣ то ин ҷо изҳори чанд андешаи фалсафӣ, шарҳу тавзеҳи баъзе чизҳо сар кардааст. Ё ки дар достони Ҷомӣ падари Зулайхо ба ҷониби Азизи Миср хостгор мефиристад, ки ин дар асари Ҳозиқ нест ва ғайра.

Ҳозиқ шоҳи идеалии худро дар симои малик Рӯён тасвир намуда, муқаддас будани хонадони набавиро дар образи Юсуф ба тасвир овардааст, ки дар ҷузъиёт хеле ҷолиб эҷод шудаанд.

Ҳунари шоирии Ҳозиқ дар сатҳи Ҷомӣ ва Нозими Ҳиротӣ набошад ҳам, пояи ӯ аз дигар шоироне, ки дар ин мавзӯъ достон эҷод кардаанд, баланд аст. Барои мисол:

Зи рӯи хашм он қавми ҷафокор,

Ба сад хорӣ дар он саҳрои хунхор.

Зи по бурданд кафш, аз сар кулоҳаш,

Саропо шуд бараҳна ҳамчу моҳаш.

Шуд он домони дашти пур зи хоре,

Зи хуни захми пояш лолазоре.

Дар ин абёт Юсуф ба моҳ монанд карда мешавад, зеро моҳ низ бараҳна дар биёбони фалак роҳ мепаймояд. Агар дар ин ҷо ташбеҳи баланду ҷолиб бошад, дар байти дигар тавассути ғулувв аз хуни пои Юсуф рангин гардидани даштро таъкид мекунад, ки хеле хотирмон ва дилнишинанд ва хонандаро комилан мутаассир менамоянд.

Ё ин ки ба воситаи лаҳзаи тамсилӣ ва тавассути санъати ташхис гург чунин ҳолати ҳалкунандаро мусбат ҳал мекунад:

Ки ман ҳарчанд дур аз ақлу ҳушам,

Наям инсон, аз ҷинси вуҳушам.

Вале донам, ки ин феъли қабеҳ аст,

Ба ҳар нодониям қубҳаш сареҳ аст.

Ҳамин фарзанди худ гумкарда будам,

Дар ин саҳро суроғаш менамудам.

Ки шояд ёбам он гумкарда фарзанд,

Ба доми тӯҳматам карданд побанд.

Бибастанд инчунин бо ресмонам,

Биёлуданд ҳам бо хун даҳонам.

Задандам гаҳ ба чӯбу гоҳ бо санг,

Биёварданд аз саҳро бад- ин ранг.

Кашидам бе ҷиноят гарчӣ бедод,

Вале рӯи ту чун дидам, шуд аз ёд.

Яъне ба воситаи чунин санъати баланду табъи волои шоирӣ Ҳозиқ ҳатто гурги ваҳшии хунхорро раҳмдил намудааст. Ҳамчунин бо чунин ҳунару маҳорати эҷодӣ шоир кирдори бародарони Юсуфро басо ваҳшиёна тавонистааст биёфарад, то ин ки хонандаро бештар мутаассир намояд.

Достон бо назардошти гузориши масъала, ҳалли он, ҳукму муҳокимарониҳо, мантиқи ифода, корбурди калимот, интихоби он, коргирӣ аз мақолу зарбулмасал, таъбиру ифодаҳои халқӣ, ҳунари шоирӣ, истифодаву интихоби радифу қофияҳо, вазн, истифодаи санъатҳои бадеии маънавию шаклӣ ва ғайра низ басо ҷолиб ва хотирмон аст.

Достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ баробари арзишҳои ҳунарӣ- шоирӣ, адабӣ-бадеӣ, захираи луғавӣ-лексикӣ беш аз ин ҳама, аҳамияти тарбиявӣ-ахлоқӣ дорад. Зеро покию иффат ва исмати инсонӣ дар нақшаи аввал меистад.

Хонанда намунаҳои олии ахлоқи ошиқонро меомӯзад ва ибрат хоҳад гирифт.

Савол ва супоришҳо:

  1. Оид ба даврони ҷавонӣ, овони таҳсилоти Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ чӣ медонед?
  2. Сабаби ба Мовароуннаҳр омадани Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқро нақл кунед.
  3. Муносибати Ҳозиқ ва амирони манғит чӣ гуна сурат гирифтааст?
  4. Мероси адабии Ҳозиқ аз кадом навъҳои адабӣ иборат аст?
  5. Сахт ва таркиби девони Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқро баён намоед.
  6. Мавзуъ ва мундариҷаи ғоявии ғазалиёти Ҳозиқро шарҳ диҳед.
  7. Ғазали «Ёди айёме, ки пур аз май сабуе доштем»-ро азёд кунед.
  8. Ғазалиёти Ҳозиқ дорои кадом хусусиятҳои адабӣ- бадеиянд?
  9. Мазмуни мухтасари достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро нақл кунед.
  10. Доир ба сайри таърихии қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» то эҷодиёти Ҳозиқ маълумот диҳед.
  11. Кадом хусусиятҳои фарқкунандаи достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқро медонед?
  12. Образҳои марказии достон-образҳои Юсуф ва Зулайхоро таҳлил намоед.
  13. Образҳои мусбату манфӣ, лаҳзавӣ ва доимии достонро номбар кунед.
  14. Арзиши адабии достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ аз чӣ иборат аст?

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.