Ҳаёт ва эҷодиёти ШАМСУДДИН ШОҲИН

ШАМСУДДИН ШОҲИН

Шамсуддин Муҳаммад махдуми Шоҳин соли 1859 дар Бухоро, дар оилаи мулло Амони Хатлонӣ таввалуд шудааст. Мулло Амони Хатлонӣ дар овони ҷавонӣ барои илмомӯзӣ ба Самарқанд омада, баъди ду соли таҳсил азми Бухоро намуда, дар ин маркази илмию адабии Мовароуннаҳр мадрасаро хатм мекунад. Пас аз хатми мадраса Мулло Амон чанд муддат дар яке аз мадрасаҳои Бухоро мударрисӣ ҳам кардааст. Шоҳин баъдҳо дар маснавии «Тӯҳфаи дӯстон» ғамхории волидайнашро дар бораи худ аз забони падараш чунин ёдоварӣ мекунад: Агарчанд умрам ба ҳафтод рафт,

Кунунам ғами пирӣ аз ёд рафт.

Падар чун ба модар суруд ин калом,

Ба таҳсили илмам намуд эҳтимом.

Шоҳин ҳангоми мактабхонӣ тахминан дар ҳашт ё нӯҳсолагӣ ба шеър гуфтан шурӯъ кардааст. Инчунин, ӯ дар хушнависӣ маҳорати том дошта, баъди хатми мактаб падараш ин ҳунари Шоҳинро дида, вайро пешаи мирзоӣ меомӯзонад. Хаттотон нозукиҳои ин пешаро ба Шоҳин ёд медиҳанд. Ӯ тӯли ду-се соли шогирдӣ тарзи хатнависӣ ва иншоро хуб ёд мегирад. Баъдтар дар синни 15-16- солагӣ Шоҳин барои таҳсили илм ба мадраса дохил мешавад.

Падару бобоёни Шоҳин аз тоифаи аҳли фазлу адаби Хатлон будаанд. Баъдтар падари Шоҳин ба Самарқанд ва аз он ҷо ба Бухоро меояд, ки мақсадаш танҳо таҳсили илм будааст. Аз рӯи ишораи сарчашмаҳои ин аср, Шоҳин фарзанди хурдтарини хонадон мебошад ва аз баъзе ишораҳои шоир маълум мешавад, ки дар хонадони онҳо духтаре ҳам ба дунё омада будааст. Зеро Шоҳин вафоти хоҳарзодаҳои худро дар як қитъаи таърих ишора мекунад:

Таърихи фавти ҳар ду зи Шоҳин бихостанд,

Маъсумаву Муаззама гуфту кашид оҳ.

Ин ҷо моддаи таърих 1300 мешавад, ки ба соли 1883 мелодӣ баробар аст.

Баъд аз хатми мадраса Шамсуддин Шоҳин чанд гоҳе имоматӣ низ мекунад. Шоир дар «Тӯҳфаи дӯстон» 87сол умр дидани падарашро таъкид кардааст. Таъмини рӯзгор пас аз вафоти падараш бар ӯҳдаи ӯ меафтад. Дар ин айём яке аз шайхони Бухоро – Абӯтоҳир Зарири Ҷӯйборӣ ба шоир ҳаматарафа ёрӣ мерасонад. Ба ин маънӣ Шоҳин мегӯяд:

Шукри Худо, ки чун падар аз ман канора ҷуст,

Шуд илтифоти хоҷаи офоқ ёварам.

Вале баъд аз чанде Зарири Ҷӯйборӣ низ вафот мекунад ва Шоҳин дар ин бора низ дар як тарҷеъбандаш, ки ба номи қозикалони Бухоро – Бадруддин навиштааст, мегӯяд:

Он ки будӣ маро ба ҷои падар,

Рахт барбаст аз ин сароча бадар.

Ман дар ин кунҷи узлат аз ғами ӯ Чун сипанде, ки сӯхт дар миҷмар.

Ман ятиму туӣ карим, зи лутф Бармадор аз ятими хеш назар.

Дар ҳар сурат қозикалон низ ба шоир то ба ҳадде ёрии моддии хешро дареғ надоштааст, зеро баъзе ишораҳои Шоҳин ба он гувоҳанд. Аммо касби имоматӣ Шоҳинро қонеъ кунонида наметавонад ва ӯ дар баъзе шеърҳои худ ин ҳолро шарҳ додааст:

Соҳибо, гар накунад арзи ман эҷоби малол,

Аз имомат қадаре шарҳ диҳам сурати ҳол.

Ҳафтае нест, ки андар паи наъше наравам,

То сари пушта зи масҷид ману қавм аз дунбол.

Аз сари кӯча гар овози муаззин ояд,

Ба умеди хабари мурда кунам истиқбол.

Гаҳ занад ханда ба ман ходиму гаҳ кадбону,

Гаҳ ниҳад таъна ба ман сӯфию гаҳ оқсақол.

Ҳукми ҳар масъала гуфтам чи савобу чи хато,

Нони ҳар моида хӯрдам чи ҳарому чи ҳалол!

Нест суре, ки дар ӯ ман наравам чун лӯлӣ,

Нест сӯге, ки дар ӯ ман наравам чун ғассол.

Ҳар чи ҳосил шавад аз мурдаву аз зинда маро,

Бе таваққуф равад аз даст чу об аз ғирбол.

З-ин ҳама бори ғаму ғусса, ки дар дил дорам,

Синаи ман шуда чун мӯҳраи нушби ҳаммол.

Аз ин шеър маълум мегардад, ки рӯзгори Шоҳин аз нигоҳи моддӣ чандон мувофиқи мақсуд набудааст. Аз ин рӯ, дар ин касб чандон зиёд машғул нашудааст. Баъдтар аз соли 1885 сар карда чанд гоҳе яке аз муқаррабони дарбори амир мешавад.

Абдулаҳад ба хизмати мирзоӣ Шоҳинро пазируфта, ӯ дар дарбор ҳамчун хушнависи машҳур ва хаттоти номӣ маълум мегардад. Парвоначии дарбор – Абдулқодир шоири ҷавонро ҳамаҷониба месанҷад. Яъне на танҳо касби ӯро, балки илму дониш ва фазилату истеъдоди Шоҳинро пай бурда, вайро ҳамчун фарзанди худ эҳтиром менамудааст. Ҳатто бо дахолати парвоначӣ Шоҳин дар ситоиши Абдулаҳад қасидаҳо низ менависад. Ин ҳолат ҳасудони Шоҳинро бедортар менамояд ва онҳо ба шоир фишор меоваранд. Аз тарафи дигар, бо фармони амир Абдулқодири парвоначӣ ҳокими Шеробод таъин карда мешавад ва ӯ аз Бухоро меравад. Дарбориён аз фурсат истифода намуда ба Шоҳин сахттар ҳуҷум мекунанд. Ин аст, ки парвоначӣ Абдулқодир бо баҳонаи ҳимояи Шоҳин ба ӯ духтарашро хонадор менамояд. Домод шудан ба ҳокими Шеробод Шоҳинро аз ҳамлаи ҳасудон то андозае эмин мегардонад. Аз тарафи дигар, амир Абдулаҳад низ ба Шоҳин аз наздик шинос гардида, донишу маҳорати шоирро ҳис намуда, мехоҳад ӯро ҳамсӯҳбати бевоситаи худ намояд. Амир чунин ҳам кард ва ҳатто дар сафарҳояш Шоҳинро бо худ гирифта мебурд.

Дар ин миён завҷаи шоир вафот мекунад ва ин мусибат ба Шоҳин таъсири сахт менамояд. Аз тарафи дигар, Шоҳин баъзе нуқсонҳои мушоҳидакардаи худро мехоҳад, ки таввасути панду андарз бевосита ба худи амир расонад. Бинобар ин ӯ асари «Тӯҳфаи дӯстон»-ро менависад ва мехоҳад ба ин восита баъзе нуқсонҳои ҷиддиро нишон бидиҳад. Аммо ин ба амир Абдулаҳад писанд намеояд.

Каме пештар аз ин Шоҳин достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро таълиф намуда буд. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо, шоир ин достонашро дар вафоти завҷаи худ-духтари Абдулқодири парвоначӣ эҷод кардааст. Санаи таълифи достони «Лайлӣ ва Маҷнун» соли 1305 (1887-1888) буда, асар зоҳиран ба амир Абдулаҳад эҳдо шудааст. Аз баъзе фахрияҳои Шамсиддин Шоҳин бармеояд, ки ӯ басо оқилу фарзона, донишманду закӣ, фозилу доно будааст:

Ман аз ин воқеа бишкуфтаму гуфтам, ки манам,

Истиқоматчии дарбори шаҳаншоҳи ҷаҳон.

Чун шуниданд ҳадиси ман аз ҷумла касе,

Натавонист намудан ба камолам китмон.

Алҳақ, аз халқи ҷаҳон гӯи фатонат бурда,

Ҳар ки шуд ходими ин боргаҳи файзрасон.

Албатта, Шоҳин дарборро аз рӯи зарурат «боргаҳи файзрасон» мегӯяд.

Агар эҷодиёти Шамсуддин Шоҳин нозуку дақиқ омӯхта шавад, пай бурдан душвор нест, ки аз оғози солҳои 90-уми асри XIX дар лирикаи ӯ оҳангҳои шикоятӣ, майлҳои хеле қавии танқидӣ қувват гирифтаанд. Намунаи чунин оҳангҳову майлҳо, ки боз тобиши фахриявӣ низ гирифтаанд, ғазали зерини Шоҳин шуда метавонад:

Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,

Гуҳар ҳар он чи ки беҳтар бувад, манаш суфтам.

Вале чӣ суд, ки умрам ба ғунчагӣ бигзашт,

Ба бод рафтаму чун гул ба боғ нашкуфтам.

Надидам ин ҳама ҳосил зи рӯзгори вуҷуд,

Ҷуз ин қадар, ки ба шоми адам фурӯ хуфтам.

Набаста сурати ҷамъияте ба худ Шоҳин,

Зи тундбоди аҷал чун ғубор ошуфтам.

Албатта, ин бесабаб набуд. Шоир дар ин давра ба асари оламшумули Аҳмади Дониш «Наводир- ул-вақоеъ» ошноӣ пайдо намуда буд. Мутолиаи асар тафаккури сиёсии адибро қавитару гиротар намуд. Ҷуръати Шоҳин аз таълифи «Тӯҳфаи дӯстон» тақвият пайдо менамояд. Ӯ ҳатто бевосита ба худи амир муроҷиат намуда мегӯяд:

Ту бишнав манорам сухан дар сурӯш,

Ки аз аҳди пешин барояд хурӯш.

Гаҳе мадҳ, гаҳ панд гӯям туро,

Раҳи расми некӣ биҷӯям туро.

Ва гар ҳарфи талхе ба маъҷуни панд,

Сириштам чу Сабри Сақутар ба қанд.

Ба нафъаш нигар, не ба талхии он,

Ки талх оварад суду ширин зиён.

Гар аз панд холӣ бувад мадҳи шоҳ,

Масал осмонест холӣ зи моҳ.

Чунин тарзи таҳаввули фикрӣ амирро водор намуд, ки дар хусуси ин шоири ҷавон андешаи дигар дошта бошад. Ин тарзи баёни андеша миёни шоиру шоҳ мухолифати фикрро тезонд. Шояд яке аз сабабҳои нотамом мондани маснавӣ низ ҳамин низоъи шоир бо шоҳ бошад.

Бо вуҷуди ин ҳама Шоҳин аз эҷоди адабӣ даст накашид. Танҳо инро ҳам ҳис кард, ки тавассути ҳикмату панд, мавъизоту андарз ақидаи ин амирони ҷаҳилро тағийр дода намешавад. Бинобар ҳамин ҳам Шоҳин асари дигари худ – «Бадоеъ-ус-саноеъ»-ро таълиф намуд.

Мо ошноии комил пайдо намудани Аҳмади Донишро аз як маснавии хурди ӯ, ки дар охирҳои умраш навишта буд, пай бурда метавонем. Зеро Шоҳин аз мадҳу санои салотин ва амирон сахт мутаассир гардида, пушаймонии худро чунин изҳор кардааст:

Ду-се рӯз ҷӯёи эҳсон шудам,

Сарояндаи мадҳи дунон[1] шудам.

Бибурдам ба ороиши назм ранҷ В-аз он кардам офоқро пур зи ганҷ.

Хареро Масеҳо насаб рондаме,

Суро[2] Сурайё[3] лақаб хондаме.

Сагеро, ки ҷома даридӣ ба дев,

Фаришта аз ӯ даргирифтӣ ғирев.

Чунон барзадам сирати мардумӣ,

Ки гӯӣ назода ҷуз ӯ одамӣ.

Камоле, ки аз ҳар фан омӯхтам,

Ба тавсифи бедонишон сӯхтам.

Ба подоши он нуқтаҳои баланд,

Ба по қайдам уфтод, дар ҳалқ банд.

Турушҷабҳагон сирка ангехтанд,

Сириштанду дар коми ман рехтанд.

Нагуфтанд, к-ин ринди ширинзабон,

Табарзад[4] ба мо карда буд армуғон.

Ба лавзинааш[5] сир чун афканем.

Чаро шири софӣ ба хун афканем?

Шоҳин нимаҳои аввали солҳои навадум ба дарбор сахттар ҷалб карда шуда буд. Ӯро дар ҳар як сафари дуру наздики хеш амир ҳамроҳ мебурд. Бар болои ин шоир ба бемории сил мубтало гардида буд. Боре дар яке аз сафарҳои амир, ки Шоҳин бо шоҳ ҳамроҳ буд, ҳолаш хеле бад мешавад. Ин сафари навбатӣ ба Қаршӣ буд. Амир ӯро дар Қаршӣ гузошт ва Шоҳин соли 1894 дар ҳамон ҷо вафот намуд. Оромгоҳи шоир дар шаҳри Қаршӣ воқеъ гардидааст.

Мероси адабии Шоҳин.

Ба навиштан натавон шеъри маро кард тамом,

Гарчи з-ошуфтадилӣ завци сухан кам дорам.

Осори Шамсуддин Шоҳин ба таври нисбатан ҷомеъ танҳо пас аз 42 соли вафоти шоир гирдоварӣ шудааст. Дар мероси адабии лирикии Шоҳин ҷои асосиро, пеш аз ҳама ғазал ишғол менамояд. Пас аз ғазал қасида, рубоӣ, қитъа, мусаммати мухаммас, тарҷеот таркиби девони ӯро фароҳам овардаанд. Инчунин, осори достонӣ: «Лайлӣ ва Маҷнун», «Тӯҳфаи дӯстон» ва асари мансури «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и адиб то кунун дастрас шудааст.

Ғазалиёти Шоҳин Кунад ба шеъри ту, Шоҳин, ақидаи комил,

Касе, ки мухлиси ашъори табъи мавзун аст.

Дар лирикаи Шамсуддин махдуми Шоҳин ғазал мавқеи марказӣ дорад. Ӯ дар ин ҷода давомдиҳандаи анъанаҳои назми беш аз ҳазорсолаи тоҷик мебошад. Хидмати таърихии ӯ ҳамчун шоир аз он иборат аст, ки дар заминаи суннат навпардозиву тозакориҳо кард. Аз ин рӯ, дар лирикаи Шоҳин ва хусусан дар ғазалиёти ӯ ишқу ошиқӣ, нозу ҷафои маҳбуба, васфи ҳусну ҷамоли маъшуқа, исёнҳои қалбиву садои дилҳои лабрези муҳаббат, ҳолати ошиқи ҳайрону истиғнои маҳбубаи бемеҳр, пойдорию устувории ошиқу ношикебоию аҳдшиканиҳои маҳбуба, муҳаббати қалбию садоқати ошиқ ва носабуриву ҷафопешагии дилбар, азоби ҳиҷрону фироқ, нозбардориву пуртоқатии ошиқу кибру ғурур, фахру таннозии маҳбуба аз мавзӯъҳои аввалиндараҷаи ғазалиёти Шоҳин аст. Ба ин маънӣ, «ман»-и қаҳрамони лирикӣ маънии васеътар мегирад. Ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ: қувват гирифтани зулм, пешгириии ноадолатиҳо, ҳимояи бенавоёну бечорагон, софдиливу раҳмхорӣ, дурандешиву назарбаландӣ ва ғайра бештар ворид мешавад. Дар баробари мавзӯъҳои мазкур: васфи табиат ва махсусан манзаранигорӣ, ситоиши баҳорон ва ҷузъиёти пурнафосати ин фасли зебои сол:                        абрҳои нилгуну

мурғобипайкар, пахтамонанду кӯҳҷусса, резиши борони найсону шилдир-шилдири обҳои ҷӯйборон, вазидани насими субҳу накҳати гулҳои муаттари баҳорӣ, чаҳ – чаҳи булбулону нағмаи гунҷишкҳо, дамидани сабзаҳои махмалину гулҳои гуногунранги дарахтон ва ғайра, ки ин ҳама дар ғазалиёти Шоҳин ҷанбаъҳои қавии иҷтимоӣ мегиранд, ифодагари ҳадафҳои муайяну розҳои гуногунанд. Ин мавзӯъҳоро ҷузъиёти дигар: маю бодагусорӣ – ҳамчун рамзи хушгузаронии умр, баҳрабардорӣ аз ҳаёт, дурӣ аз ғаму кулфат ва ноҷуриҳои рӯзгорон ва ғайра пурра мегардонад.

Дар баробари инҳо мавзӯъҳои боз ҳам қавитари иҷтимоӣ: шикоят аз зулму золимӣ, норизоӣ аз ноадолатиҳову ноодилии зимомдорон, нотавонбинию ҳасудхуриҳо, найрангбозиву мардумфиребӣ, кибру ғурур, бӯҳтону дурӯғгӯӣ ва ғайра низ сахт маҳкум карда мешавад, ки Шоҳин дар ҷузъиёти ифодаву тасвири онҳо низ тозакориҳо дорад.

Албатта, дар ғазалиёти Шамсуддин Шоҳин ишқу ошиқӣ, васфи ҷамоли маҳбуба бо кулли ҷузъиёт, ҳолати ошиқ ва саргузашти пурпечутоби ӯ дар ҷои аввал меистад, ки шоир дар ин ҷода хеле қавипанҷа ва соҳибҳунар аст. Чунончи, ба ин ғазали ишқии шоир рӯ меорем:

Ай, ки аз қадди расо ғояти сарви чаманӣ,

Сарвӣ, ай моҳ, ба қад, лек ба ораз суманӣ.

Лабу дандони ту, ай сарвқади симандом,

Беҳтар аз лаъли Бадахшониву дури аданӣ.

Гуфтамаш шонасифат панҷа ба зулфи ту занам,

Ханда зад, гуфт: Илоҳӣ ба бало панҷа занӣ.

Турки ман дӯш ғазаб карду бигуфт: «ӯлдураман»,

Гуфтам оҳиста ба гӯшаш, ки киро? Гуфт: Санӣ.

Кард хосияти лаъли лаби ҷонон, Шоҳин,

Тӯтии табъи маро шӯҳра ба шаккар шиканӣ.

Ғазали боло ишқӣ буда, дар он симои маҳбуба аз ҳар ҷиҳат: рӯй, лабу дандон, қаду баст, мӯю зулф, инчунин олами ботинии дилбар: оташин шудану ғазаб кардан, хандаи зоҳирӣ намудану қасди ҷон доштан ва ғайра басо зебою дилкаш, гуворову ҷолиб, ҷаззобу назаррабо ба тасвир гирифта шудааст. Тасвирҳо низ ӯҳдабароёна ва мувофиқи ҳадафанд.

Бо мақсади кор гирифтан аз хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали зикршуда ҳунармандона мебошад. Ғазал радиф надорад, вале қофияҳои он хеле ҷолибанд ва ҳатто калимаи ӯзбекӣ низ ҳамқофия оварда шудааст, ки аз забондонии шоир дарак медиҳад.

Дар ғазали боло калимаҳои чаманӣ, суманӣ, аданӣ, занӣ, санӣ, шаккаршиканӣ ҳамқофияанд. Решаи қофия дар шакли -анӣ буда, «н» ҳарфи равӣ ва ҳарфи «ӣ» васл аст. Қофия аз нигоҳи навъии он мутлақ мебошад.

Аз нигоҳи коргирӣ аз вазн бошад, ғазали мазкур дар баҳри Рамали мусаммани махбуни маҳзуф иншо шудааст ва шакли афоъили он чунин аст:

  •  V – – / V V – – / V V – – / V V –
  •  V – – / V V – – / V V – – / V V –

яъне, фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун фаъилун.

Аз нигоҳи ҷилои ҳунарӣ бошад, шоир бо ёрии санъатҳои шеърӣ: таносуби сухан-чаман, сарв, суман; даҳон, лаб, дандон, гуфтан, лаъли лаби ҷонон, шаккаршиканӣ ва ғайра истиора-эй моҳ, турки ман, сарвӣ ва монанди инҳо. Умуман санъатҳои ташбеҳ, нидо, тавсиф, муболиға, ширу шакар, суолу ҷавоб, ташхис ва ғайра истифода гардидаанд, ки хеле гуворову мақбулу матлубанд. Онҳо барои тасвири зебоиҳои дилбар, ҷузъиёти ҳусни ӯ, олами ботинӣ, офаридани хулқу атвор, муносибату гуфтори вай, адаби муомила ва шахсияти қаҳрамони лирикӣ ва ғайра истифода шудаанд.

Аз мутолиаи ғазал маълум мешавад, ки шоир хеле маҳорату дониш, истеъдоду ҳунар, завқу салиқа, табъу тавони воло дошта, аз ин суннати адабӣ ва таърихи пайдоишу рушду инкишофи ғазал ва саромадани он: Саъдии Шерозӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Ҳилолӣ ва Бедил басо хуб бехабар мебошад.

Дар ғазалиёти Шоҳин маҳбуба бештар яклухт баҳо дода намешавад. Шоир ин образи лирикиро хеле эҳтиёткорона ва бо ҷузъиёти симои зоҳирӣ ва олами маънавии ӯ ба тасвир мегирад. Барои мисол ба ғазали зерин рӯ меорем ва мебинем, ки қаҳрамони лирикӣ-ман, мани эҷодкор, мушоҳидакор, ҳунарманд, донишманд низ ҳаст.

Ҳама аҷзои ту хубу ҳама аъзои ту хуш,

Ҳама ҷои ту ба хубӣ зи ҳама цои ту хуш.

Нест сарве ба чаман чун қади раънои ту хуб,

Нест моҳе ба фалак чун рухи зебои ту хуш.

Хуштар аз ҷон набувад тӯҳфа агар фармоӣ,

Кунам ин тӯҳфаи хуш назри кафи пои ту хуш.

З-он чунон зиндагие, к-аз ту ба ҳирмон гузарад,

Ба ту савганд, ки мурдан ба таманнои ту хуш.

Хуш бувад таъми шакар, лек ба коми ман аз ӯст,

Заҳрханде зи лаби лаъли шакархои ту хуш.

Ҳама дилбастагии хуш ба яке дораду ман,

Бастаам дил ба ҳама зулфи сумансои ту хуш.

Пеши он моҳ бинеҳ ҷону дилу сар, Шоҳин,

То кадомин кунад аз ин ҳама колои ту хуш.

Ғазали зикршуда бо тақозои мавзӯъ, мазмуну мӯҳтаво ишқӣ буда, дар он симои маҳбуба ҳам куллӣ ва ҳам ҷузъ-ҷузъ васф карда мешавад. Ҳадаф аз аъзо ҷузъиёти аъзост. Зеро ҳар аъзо дар навбати худ, аз маҷмӯи ҷузъҳо иборат аст. Аз ин рӯ, шоир ҷузъҳоро алоҳида ва узвҳоро ҷудогона ба тасвир гирифтааст. На моҳи осмон мисли рӯи ёр асту на сарви чаман монанди қади ӯ. Шакар сарчашмаи шириниҳост, вале коми шоир на аз ӯ, балки аз лаъли лаби ёр ширин аст. Касон бо ҳар чизе дилбастагие доранд, вале шоир ба зулфайни сумансои ёр дилбаста мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷон хуштаре барои инсон ва азизтаре дигар вуҷуд надорад. Қаҳрамони лирикии шеър-ошиқ розест, ки онро нисори кафи пои маҳбуба созад. Зеро зиндагӣ бидунӣ ӯ бемаъност. Байтулавҷи шеър бо байти тахаллус якҷо эҷод гардида (дар ғазали боло), шоир зимни он се узве, ки бе ҳар кадоми онҳо инсон наметавонад зинда бошад, ба маҳбуба пешниҳод месозад, то кадоми онҳоро ихтиёр кунад. Ин аст, ки ғазали мазкур дар ғояти шевоию равонӣ, салисиву ширинӣ, гувороиву дилнишинӣ, марғубиву мақбулӣ эҷод шудааст.

Аз нигоҳи коргирии ҳунар низ ғазал басо ҳунармандона мебошад. Шоир тасвирҳои лирикиро тавассути санъатҳои шеърии таносуби сухан, ташбеҳ, истиора, муболиғаву иғроқу ғулув, маҷозу рамзу киноя, тавсиф ва ғайра хеле ва хеле ӯҳдабароёна ба кор мебарад. Дар натиҷа баёнаш- гуворо, тасвирҳо-зебову дилнишин, ҷобаҷогузории калимаҳо, ибораҳо мувофиқи табъ ва мазмунсозиву маъниофаринӣ басо устодона мебошад. Чунин ҳунари эҷод, албатта на ба ҳар адиби қаторӣ даст медиҳад. На ҳар эҷодкори хоҳишдошта метавонад бо чунин санъату бо чунин ҳунари эҷодӣ асари санъату адабиётро таълиф намояд. Аз тарафи дигар, агар Шамсуддин Шоҳин шоири камҳунару пастистеъдод мебуд, бо саромадони жанри ғазал, шоирони дараҷаи аввали таърихи адабиёти форс-тоҷик пайравӣ намекард. Ҳол он ки худи пайравӣ, дар навбати аввал омӯзиш, мутолиа, ҷустуҷӯ аст. Шоир барои он ки пайравӣ кунад, онро хуб меомӯзад.

Аз ҷиҳати хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали боло ҷолиб мебошад. Ғазали зикршуда мураддаф буда, радифи он мураккаб («ту хуш») аст. Радиф дар ин ғазал дар баробари таъкиди маънову мақсад, бештару зиёдтар бори ғоявӣ мекашад. Мақсади шоир дар ҳадди баланд васф намудани маҳбуба буда, аъзову аҷзои васфшавандаро бо беҳтарин шабеҳот, ҷолибтарин қиёсҳо, накӯтарин хисол мехоҳад ҷилва бидиҳад, то писанди омма бошад. Аз ин рӯ, бештар меҷӯяд, меомӯзад, муқоиса мекунад ва натиҷа мегирад. Дар мантиқи оддии ифода ҳунару дониш, маҳорату истеъдод, санъату заковати худро ба намоиш мегузорад. То хонанда қазоват кунад, ки асари санъат барои ӯ чӣ арзише дорад ва оё қалби ӯро тасхир мекунад?! Радифи мураккабе, ки Шоҳин барои ғазали боло пайдо кардааст, ана ҳамин гуна ҷанбаъҳо, таъкидҳоро фаро гирифтааст. Аз ин рӯ, маҳз радифи мазкур ба ғазал оҳанги хубу марғуб низ дода тавонистааст. Дарёфти қофияҳо низ дар ғазали мазкур хеле ҷолиб ва ҳунармандона мебошад. Дар ғазал калимаҳои аъзои, ҷои, зебои, пои, таманнои, шакархои, сумансои, колои бо ҳамдигар ҳамқофия шудаанд. Кофияҳо аз рӯи навъ мутлақ буда, дар калимаҳои ҳамқофия ҳарфи равӣ «о» мебошад ва пас аз равӣ унсури дигар – васл омадааст. Ҳадаф ваҳдати мавзӯъ ва таъмини адои хуш дар ғазал аст. Ғазали мазкур аз нигоҳи интихоби вазн ҳам хеле ҷолиб мебошад. Зеро дар баҳри Рамали мусаммани махбуни маҳзуф иншо шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:

  •  V – – / V V – – / V V – – / V V –
  •  V – – / V V – – / V V – – / V V –

Яъне: фоъилотун/ фаъилотун/ фаъилотун/ фаъилун

Яке аз тозакориҳои Шоҳин дар мавзӯъ ва мазмуну мӯҳтавои ғазалсароӣ он аст, ки баёни шоир дар пурсӯзтарин ғазалҳо ҳам, то андозае ҷанбаи зарофат касб мекунад. Ӯ ғазалҳои басо пурсӯзу оҳро бо як тарзу усули ба худ хоси шӯхиангезу зарифона мавриди эҷод қарор медиҳад, ки дар ғояти салосату ҷазолат ва дилкашиву гӯшнавозӣ мебошанд. Чунин тарзи баёни шоир то ба ҳадде устодона аст, ки ба мавзӯи марказии ғазал-ишқу исёнҳои қалбӣ заррае ҳам мухолиф нест, ҳадафи қаҳрамони лирикиро халалдор намекунад. Масалан, ғазали зерин далели гуфтаҳои болост:

Қурбони лаби лаъли шакархои ту гардам,

Мафтуни хати ғолияпирои ту гардам.

Лаб мегазӣ, ай шӯх, надонам, ки чӣ гӯӣ,

Аз нозукии тарзи адоҳои ту гардам.

Як ҷои ту тахсис ба гаштан натавон кард,

Ай, ман ба ту шайдо, зи ҳама ҷои ту гардам.

Ҷон назри саропои ту гуфтам ба шаби васл,

Рухсат бидеҳ акнун зи саропои ту гардам.

Гуфтӣ, ки ба Шоҳин занадам дарду балоҳо,

Кай мезанад, аз дарду балоҳои ту гардам.

Ғазали мазкур аз нигоҳи мавзӯъ ва мазмуну мӯҳтаво ишқӣ буда, симои маҳбуба ҳамчун образи лирикӣ аз калимаи нахустини мисраи аввал маълум мешавад. Ошиқ танҳо барои лаби лаъл худро қурбон кардан мехоҳад. Зеро мафтуни абрувону гесувони ғолияпирост. Лаб газидани маҳбуба – киноя аз рондани ошиқ ва огаҳӣ аз ағёр аст. Вале инро ошиқ назокати адо меҳисобад. Умуман, маҳбуба таннозу саркаш, бемеҳру бемурувват аст. Ошиқ бовафову устувор, ростқавлу фидоӣ мебошад, вале ҳанӯз соҳибихтиёр нест. Чунин ҳолати қаҳрамони лирикӣ хоси ғазали аср буда, дар жанрҳои достонӣ ( ҳатто дар эҷодиёти худи Шоҳин) вазъият дигархелтар аст. Яъне ошиқ нисбатан бепарво ва ҳар чӣ бодобод аст.

Аз ҷиҳати хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали боло ҷолибу матлуб аст. Радифи ғазал мураккаб буда, аз ду калима фароҳам омадааст: «Ту гардам». Аз моҳияти маъноии радиф пайдост, ки ошиқ саргардону овора аст. Пас радифи ғазали боло дар баробари таъмини хушоҳангию равонӣ, инчунин бори ғоявӣ бар дӯш дорад. Қофияҳои ғазали боло низ ҷолиб буда, калимаҳои шакархо, ғолияпиро, адоҳо, ҷо, саропо, балоҳо ҳамқофия шудаанд. Ҳамаи калимаҳои ҳамқофияи боло бандаки изофии «и» доранд. Дар калимаҳои мазкур ҳарфи решагии қофия «о» буда, аз рӯи хелҳои қофия мутлақ аст. Ғазали мазкур дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф иншо шудааст. Шакли афоъили ғазал чунин аст:

  • – V / V – – V / V – – V / V – –
  • – V / V – – V / V – – V / V – –

яъне: мафъӯлу мафоъӣлу мафоъӣлу фаъӯлун.

Вазни мазкур яке аз маъмултарин авзон дар эҷоди ғазал ва ба хусус ғазалҳои ишқӣ ба шумор меравад.

Дигар аз хусусиятҳои ғазалҳои Шоҳин аз он иборат аст, ки вобаста ба авзои сиёсӣ-таърихии замон оҳангҳои шиквоӣ, ҳасбиҳолӣ нисбатан қувват мегирад. Албатта, баландтарин нуқтаи чунин оҳангҳо ҳанӯз дар асри XIII ба назар мерасанд. Эҷодиёти Сайфи Исфарангӣ, Сайфи Фарғонӣ, Камоли Исмоил ва дигарон оҳангҳои бисёр қавии иҷтимоӣ доранд. Вале бунёди оҳангҳои иҷтимоии ин давра дар эҷодиёти Шамсуддин Шоҳин комилан дигар хел аст.

Тозакориҳои Шоҳин пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки ноҷуриҳои рӯзгор, ноадолатиҳои зимомдорон, зулму золимӣ, бухлу ҳасад, яъсу ноумедиҳо, нокомиҳо ва ғайра дар омезиш бо мавзӯъҳои ишқӣ хеле дилнишину гуворо ва басо ҳунармандона рӯи кор омадаанд. Муҳимтар он аст, ки ошиқ ноком ва маҳбуба комёб мебошад. Чунончи:

Касе чу ман набувад дар ҷаҳон нишони фироқ,

Ҳазор тири бало хӯрда аз камони фироқ.

Нахуст рӯз, ки ошиқ шудам ба завқи висол,

Набуд дар дили ман ҳеҷ аз ин гумони фироқ.

Чӣ сон ба ғунчаи табъам шукуфтагӣ бахшад,

Баҳори васл, ки дорад зи пай хазони фироқ.

Ҳаёти ман ҳама вобаста бар висоли ту буд,

Аҷал, биё, ки кунун мерасад замони фироқ.

Ҳамон наволаи заҳри аҷал бувад, Шоҳин,

Нахуст тӯъма, ки гирӣ агар зи хони фироқ.

Дар ғазали боло ба ҷои висол фироқ пеш омадааст, ки хеле ҷонгудоз, дилхарош, ҷигарсӯзу синакабоб аст. Ин ҳама шӯридагию сӯзи ошиқро баландтар намуда, баръакс маҳбуба ҳамфикру қарини рақиб мебошад. Ошиқ ҷонибдори висол аст, вале маҳбуба дӯстдори ҳаҷру фироқ. Ошиқ ҷидду ҷаҳд дорад, ки висолро дарёбад, вале маҳбуба гурезпо ва фироқҷуву ҳиҷронхоҳ аст. Аз ин рӯ, ошиқ ғарқи яъсу нокомиҳо ва навмедиву номуродиҳост, вале маҳбуба бераҳму золимтабиат ва бемеҳру бевафо мебошад. Ошиқ ягона илоҷи воқеаро дар шикваю ноилоҷӣ дармеёбад, вале маҳбуба бепарвою фориғбол аст. Ин аст, ки Шамсуддин Шоҳин баҳри таъкиди маъно ва таъсирпазирии мазмуни ғазал фироқро ҳамчун радиф интихоб кардааст. Ӯ фироқро хазони умр ва висолро баҳори ҳаёт меномад, ки дар маъниофарӣ падидаи тозаву ҷолиб аст.

Аз нигоҳи бадеиёт ва ҷанбаъҳои ҳунарӣ низ ғазали боло хеле хушоянда аст. Дар ғазали зикршуда санъатҳои бадеии таносуби сухан, тазод, муболиға, иғроқу ғулув, ташбеҳ, тавсиф, киноя, маҷоз ва ғайра басо ҳунармандона истифода шудаанд.

Унсурҳои шаклии ғазали зикршуда: қофия, радиф, матлаъ, мақтаъ, истифодаи тахаллус, интихоби вазн ва ғайра низ матлуб аст. Ғазал дар баҳри Муҷтасси мусаммани махбуни маҳзуф ё мақсур иншо шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

V – V – / V V – – / V – V – / V V ~

яъне: мафоъилун, фаъилотун, мафоъилун, фаъилон.

Аз нигоҳи радифу қофия бошад ғазали боло боз ҳам ҷолибтар аст. Зеро ғазали мураддаф бо он характернок аст, ки дар матлаъ алакай мазмуну мӯҳтаво ва моҳияту мақсад аз эҷоди он барои хонанда комилан маълум мегардад. Чунки тавассути радиф таъкиди маъно ва шаҳомати ғоявии ғазал ба намоиш гузошта мешавад.

Радифи ғазали боло аз нигоҳи шакл радифи сода аст.

Ғазали мазкур аз нигоҳи қофия ҳам ҷолиб мебошад. Дар он калимаҳои нишони, камони, гумони, хазони, замони, хони ҳамқофия буда, шакли қофия муқайяд мебошад. Дар калимаҳои қофияшуда ҳарфи равӣ «н» буда, пас аз равӣ ҳарфи дигаре наомадааст. Калимаҳои қофияшаванда ҳам ҳадафи муайян доранд, ки ҳолати қаҳрамони лирикиро ифода менамоянд. Зеро нишони фироқ, камони фироқ, гумони фироқ, хони фироқ ҳамагӣ ибораҳое ҳастанд, ки ҳолати рӯҳӣ ва ҳадафу мақсади қаҳрамони лирикиро ифода кардаанд. Ҳолати мазкур қариб дар ҳамаи ғазалҳои Шоҳин ба мушоҳида мерасанд. Вобаста ба авзои замон ва муҳити зиндагии Шоҳин қаҳрамони лирикии ғазалҳои ӯ, хусусан ошиқ парешону нотавон, ноилоҷу шикастадил аст. Шикояти Шоҳин тадриҷан дар баъзе ҳолатҳо оҳангҳои эътирозӣ низ гирифтаанд:

Ҳама чун куштаи теғи ту шуд инак, Шоҳин,

Биниҳод аз сари таслим ба поят гардан.

Ҳамаро куштӣ, агар мекушиям, зуд бикуш,

То бубинам, ки маро кушта чӣ хоҳӣ кардан.

Шикояти қаҳрамони лирикӣ аз омилҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеъа, аз ноӯҳдабароии зимомдорон нест, бошад ҳам хеле ҷузъӣ аст. Ӯ бештар аз тақдиру аз саршавишт, аз чархи гардун шиква дорад. Чунончи:

То кай, ай чархи муарбад, зи паи кинаи ман,

Фитнаи даҳр барангезиву ошӯби замон.

Ё худ:

Бар далели дониши ман гӯш нанҳод осмон,

Варна бар даъвии худ чандин ривоят доштам.

Дар баъзе мавридҳо шоир зиндагии хешро дар ҳадди интиҳо мебинад, ки нишони лашкари ғаму кулфатҳои рӯзгор шудааст. Дар чунин ҳолат ба Офаридгор муроҷиат мекунад, ки дигар ба зимомдорон боварӣ надорад: Ҷаҳонпарвардигоро, нотавонам,

Ягона нотавоне дар ҷаҳонам.

Яке мурғам ҷудо аз ошёна,

Зи ҳар сӯ новаки ғамро нишона.

Ба дӯшам баски бори ғам нишастаст,

Сарам бар дӯши зону нақш бастаст.

Чӣ бадбахтам, ки ҳар сӯе ниҳам рӯй,

Зи оби дида бинам пеши рӯ чӯй…

Чунин оҳангҳои қавии иҷтимоӣ дар ашъори Шоҳин кам нестанд. Қариб дар ҳамаи шаклҳои шеърии эҷодкардаи шоир шиква аз гардиши айёму чархи тезрав ба назар мерасад.

З-ин сон, ки хоҳиши даҳр ҷуз шӯру шар набошад,

Бадтар дар ин замона айб аз ҳунар набошад.

Дар баъзе ҳолатҳо андешаҳои ӯ то андозае ба ақидаҳои Аҳмади Дониш шабоҳат пайдо мекунад. Аз ин монандӣ метавон чунин натиҷа гирифт, ки ин ҳолат пас аз мутолиаи «Наводир-ул-вақоеъ» рух додааст: Ҳар давлате, ки бинам, омодаи завол аст,

Дар даҳр бо чунин ҳол будан басе маҳол аст.

Ҳасби ҳол ва оҳангҳои баланди иҷтимоӣ дар ғазалиёти Шоҳин каме ба ҷилои нав ва хос садо медиҳанд. Шоҳин тавассути чунин оҳангҳои ҷасуронаи шикоятиву ҳасбиҳолӣ на танҳо ҷомеаи онрӯзаи феодалиро танқид менамояд, балки сарварону зимомдорони вақтро низ сахт мазаммат мекунад:

Ман он гулам, ки зи ошӯби бесуботии даҳр Накарда тоза димоғи касе, хазон шудаам.

Ба ҳеҷ боб маро нест рӯи хурсандӣ,

Ҷуз ин қадар ки ғуломи шаҳи ҷаҳон шудаам.

Оҳангҳои ҳасбиҳолӣ ва шиквоию танқидии ашъори Шамсуддин Шоҳин арзишманд низ ҳастанд. Зеро мо пеш аз ҳама рӯзгори зиёиёни эҷодкор, табақаҳои дигари иҷтимоӣ ва умуман мардумро дар давраи муайяни таърихӣ меомӯзем. Аз тарафи дигар, хонанда муносибати эҷодкоронро бо зимомдорон, бо шахсиятҳои сиёсӣ ва пеш аз ҳама, шоир ва шоҳро пай бурда метавонад. Ҳолати мазкур барои баҳо додан ба адабиёти давр ва муайян намудани арзишҳои адабӣ мусоъидат менамояд. Эҷодиёти Шоҳин аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ дар нимаи дуюми асри XIX яке аз намоёнтарин симоҳои адабиёти тоҷик будааст.

Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ва мазмуни мухтасари он

Дар эҷодиёти Шоҳин достони «Лайлӣ ва Маҷнун» аз чанд ҷиҳат муҳим ва арзишманд аст. Аз як тараф, пазируфтани суннати адабӣ ва иртиботи ӯ ба эҷодиёти пешиниён муайян карда шавад, аз тарафи дигар, саҳму ҳиссаи Шоҳин дар эҷоди маснавиҳои ишқӣ-лирикӣ маълум мегардад. Инчунин барои донистани пояи шоирӣ ва ҳунари эҷодии шоир низ достони мазкур дорои аҳамият мебошад.

Агар сабаби таълифи достон тақозои замон бошад, баҳонаи эҷоди достон мусибати оилавӣ-вафоти завҷаи шоир аст. Чунончи:

Ай дидаи дудмони[6] исмат[7],

Навбоваи[8] бӯстони исмат.

Ай хонаи сад ҳазор нозам В-эй пардаи сад ҳазор розам.

Ай хуфта миёни хоку хора,

Ҷуста зи канори ман канора…

Шамсуддин Шоҳин достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро соли 1305ҳ. (1888м.) барои хотираи поки ҳамсари худро пос доштан дар тӯли як моҳ эҷод кардааст.

Оид ба мӯҳлати таълиф, санаи эҷод ва писанди умум гардидани он мегӯяд:

Сад шукр, ки шуд пазира[9] ин ганҷ,

Дар соли ҳазору сесаду панҷ.

Дар муддати як маҳ андаке кам,

Ин ҳисни[10] рафеъ[11] гашт маҳкам.

Миқдори абёти асар беш аз 2242 байт буда, дар таърихи адабиёт яке аз асарҳои басо ҷолиб ба мавзӯи анъанавист.

То Низомӣ ишораҳои шоирон ба қаҳрамонҳои марказии он – Лайлӣ, Маҷнун дар ашъори шоирон хеле зиёд аст. Низомӣ аввалин касест, ки ин қиссаро ба шакли достон даровардааст. Пас аз ӯ Хусрави Деҳлавӣ, Хоҷӯи Кирмонӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон чунин достон навиштаанд. Достон аз фаслҳои суннатӣ оғоз ёфта, сонӣ марсия дар вафоти завҷааш, зерфаслҳои насиҳат ба фарзанд ва сабаби назми китоб меояд. Баъд аз ин ҳама асли достон шурӯъ мешавад.

Яке аз сарватмандони араб Саиди Омирӣ бефарзанд буд. Пас аз назру ниёз дар роҳи Худо соҳиби писар мешавад, ки ӯро Қайс ном мениҳанд. Қайсро пас аз чанд сол ба мактаб медиҳанд. Дар мактаб духтаре бо номи Лайлӣ ҳамсабақи Қайс буд. Лайлӣ духтари сардори қабилаи Наҷд мебошад. Қайс Лайлиро дӯст медорад. Ин овоза дар ҳар ду қабила паҳн мешавад:

Моҳе, ки ниҳода даври айём,

Аз нисбати зулф Лайлиаш ном.

Чун номи худаш зи тура донист,

Озодию дигараш равонист.

Акнун, ки маҳе бад-он тамоме,

З-он тура кашад сиёҳноме.

Чун Қайс сафедном гардад В-он сайд буруни дом гардад.

Чун кори хирад тамом кардаш,

Маҷнуни замона ном кардам.

Алқисса ба ҳам асир гаштанд,

Омеза чу шаҳду шир гаштанд.

Маҷнун рақами камол мешуст,

Лайлӣ варақи хаёл меҷуст.

Падари Лайлӣ пас аз шунидани овозаи ишқи онҳо Лайлиро аз мактаб мегирад. Қайс худ мактабро тарк намуда, ба кӯҳу биёбон меравад. Аз ин рӯ, мардум ӯро Маҷнун ном мениҳанд. Саиди Омирӣ ба ҷустуҷӯи писараш баромада ӯро пайдо мекунад. Ба Қайс қавл медиҳад, ки онҳоро ба мақсад хоҳад расонид. Қайсро ба хона меорад ва Лайлиро хостгорӣ мекунанд. Вале падари Лайлӣ Маҷнунро девона мегӯяд ва таклифи хостгориро рад мекунад. Маҷнун боз ба кӯҳ меравад. Падараш боз ӯро пайдо карда ба Каъба мебарад. Ҳангоми иҷраи маносики ҳаҷ Маҷнун пуршӯр гардидани ишқи Лайлиро илтиҷо менамояд. Солори қабилаи Омирӣ – Навфал бо Маҷнун шинос шуда, ба ӯ қавл медиҳад, ки ӯро ба муродаш хоҳад расонид. Навфал воқеан Лайлиро барои Қайс хостгорӣ мекунад, вале падари Лайлӣ ҷавоби рад медиҳад. Навфал ба қабилаи Наҷд ҳуҷум мекунад. Қабилаи Наҷд шикаст меёбад. Падари Лайлӣ мехоҳад духтарашро нобуд созад, то ин ки асир наафтад. Маҷнун хоҳиш менамояд, ки ҷанг бас карда шавад. Навфал ҷангро бас карда ба падари Маҷнун ваъда медиҳад, ки духтари зебое дорад ва агар хоҳанд, ӯро ба Маҷнун медиҳад. Бо розигии тарафайн тӯй мешавад ва Маҷнун аз ҷамоли маҳбубааш хело шод мешавад. Лайлӣ ин хабарро шунида таввасути нома ба Маҷнун ва чунин сурат гирифтани ҳолат гилаҳо мекунад. Маҷнун сабабгори ҳамаи нокомиҳо Лайлиро дониста, завҷаи худро ситоиш менамояд. Аз баъзе ишораҳои Маҷнун дар мактуби ҷавобӣ Лайлӣ хеле мутаассир мешавад. Лайлӣ бовар мекунад, ки Маҷнун ҳанӯз ҳам содиқ аст ва ӯро дӯст медорад. Бинобар он Лайлӣ дар номаи ҷавобиаш аз Маҷнун узр мехоҳад. Ин узрхоҳӣ ба Маҷнун таъсири сахт расонида, арӯсро ба ҳоли худ мегузорад ва боз роҳи кӯҳу саҳроро пеш мегирад.

Саиди Омирӣ боз ба ҷустуҷӯи Маҷнун рафта, ӯро меёбад ва панд медиҳад, вале ин кораш чандон натиҷа намедиҳад. Падари Маҷнун мактуби қалбакие навишта ба Лайлӣ меорад. Ӯ аз ғами писари худ вафот мекунад. Маҷнун ба мазори падар омада зор – зор мегиряд. Лайлӣ низ барои тасаллии Маҷнун ба хонаи онҳо меояд, вале дар роҳ Ибни Салом ӯро дида ошиқ мешавад. Ибни Салом ба хонаи онҳо хостгор мефиристад. Онҳо тӯй мешаванд. Маҷнун ин воқеаро шунида, Лайлиро накӯҳиш мекунад ва Лайлӣ устувор будани худро таъкид менамояд. Дар ин айём модари Маҷнун вафот мекунад. Лайлӣ барои тассалӣ додани дили Маҷнун ба назди ӯ меояд. Онҳо ба ҳам дидор дида хеле хуб сӯҳбат мекунанд. Лайлӣ аз Маҷнун ҷудо шуда аз ғаму дарди Маҷнун вафот мекунад. Зайди араб, ки қосиди онҳо буд, ин хабарро ба Маҷнун мерасонад. Маҷнун ҳангоми дафн ба қабри Лайлӣ даромада, ӯро оғӯш намуда ҷон медиҳад. Бо ҳамин достон ба охир мерасад.

Таҳлили образҳои достон.

Дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Шоҳин мисли дигар достонҳо образҳои доимӣ ва лаҳзагӣ, мусбат ва манфӣ амал мекунанд. Дар асар образҳои марказӣ: Лайлӣ, Маҷнун волидайни онҳо ва махсусан, падарони онҳо, қосид мебошанд. Образҳои мусбати достон: Маҷнун, Лайлӣ, падару модари Маҷнун, Навфал ва лашкариёни ӯ, духтари Навфал, қосид, устодону ҳамсабақҳо мебошанд. Образҳои манфии асар: падару модари Лайлӣ, Ибни Салом, сардори қабилаи Наҷд ва ҷонибдорони онҳоянд.

Ибни Салом, Навфал ва ҷонибдорони онҳо образҳои машҳур, вале лаҳзагианд, ки дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи хатти сужет иштирок намуда, воқеаро басо мураккабу тезутунд менамоянд.

Маҷнун ҳамчун образи асосӣ ва ҳалкунанда дар достони Шоҳин хеле фаъол аст. Ҳатто ӯ духтари Навфалро дӯст медорад ва қариб ки баробари бо ӯ хонадор шудан, аз зиндагӣ қонеъ шавад. Ӯро номаи Лайлӣ ба шӯр меорад. Аз ин рӯ, Лайлӣ дар муҳаббат устувортар аст. Зеро пас аз тӯй ҳам аз Ибни Салом дурӣ меҷӯяд ва устуворию садоқати ӯ дар ишқ зоҳир мешавад. Ӯ талаби дигар ё норизоии дигареро аз ягон ҷиҳат ҳатто тасаввур ҳам намекунад. Дар достони мазкур образҳои падари Лайлӣ ва падари Маҷнун ҳалкунанда мебошанд. Онҳо хеле фаъоланд. Танҳо фарқ дар он аст, ки яке аз рӯи хоҳиши фарзанд амал мекунад (падари Маҷнун), дигаре тамоман муқобил (падари Лайлӣ).

Достони «Лайлӣ ва Мацнун»-и Шоҳин ва муносибати он бо баъзе достонҳои ҳамноми гузаштагонаш.

Дар таърихи адабиёт, ба қавле 147 кас дар ин мавзӯъ асар навиштаанд, ки ҳамаи онҳо дар пайравии Низомист. Аввалин касе, ки ба Низомӣ ҷавобия гуфтааст, Хусрави Деҳлавист. Аз ин рӯ, бо асарҳои ин ду тан эҷодкор такя намудан бисёр қонуниятҳои адабиро муайян ҳам месозад. Маълум аст, ки унвони асарҳо ва сужети онҳо дар маҷмӯъ як аст. Фарқият дар лаҳзаҳои ҷудогонаи хатти сужет мебошад. Зеро ба ин мумкин нест. Аз ин ҷост, ки Шоҳин мегӯяд:

То кай ба саманд медиҳӣ дав,

К-он ҳарфи Низомӣ асту Хусрав.

Он сони вай аст, ту зи худ гӯй,

Гард аз рухи худ ба оби худ шӯй.

З-ин бехирадӣ бувад фузунтар,

Гар ҷой равӣ ба пои дигар.

Албатта, Шамсуддин Шоҳин ҳангоми эҷоди асар таҷрибаи хуби эҷодӣ дошт. Аз ин ҷост, ки қонуниятҳои ҷавобияро риоя кардааст. Бо вуҷуди он шоир барои ҷолибияти асари хеш, барои фардияти эҷодиёти худ дар хатти сужети достон ва афзалияти образҳо баъзе ҷузъиёти ҳалкунандаро илова намудааст. Аз ҷумла, лаҳзаи ба саҳро рафтани Маҷнун ва раҳо кардани ӯ оҳувонро аз банди сайёд, озод намудани Маҷнун гавазнро аз дом, Маҷнунро ба қабилаи Лайлӣ бурдани пиразан ва ғайра, ки дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ дида мешаванд, дар достони Шоҳин сарфи назар шудаанд. Шоҳин ҳатто дар зиндагиномаи қаҳрамони марказӣ – Маҷнун лаҳзаи ҳалкунандаи дигарро илова мекунад. Ин лаҳзаи нав хонадоршавии Маҷнун ба духтари Навфал мебошад. Инчунин, лаҳзаҳои дигари нодир: вафоти падару модари Маҷнун, ба хонаи Лайлӣ овардани Маҷнун лаҳзаҳоеанд, ки на танҳо дар достони Низомӣ, балки дар достонҳои Амир Хусрав, Ҷомӣ, Ҳилолӣ ва дигарон дида намешавад.

Сабабҳои тавофути лаҳзаҳои ҷудогона дар мақсади адибон ва усули пешгирифтаи онҳо низ ҳаст. Низомӣ дар асараш ба тасвирҳои психологӣ ва рӯҳии образҳои Лайлӣ ва Маҷнун бештар таваҷҷӯҳ кардааст. Аз ин рӯ, тасвирҳои ӯ нисбатан тафсил меёбанд, ҷузъиёти бадеӣ ва баёни ҳолату рӯҳия дар асари Низомӣ муфассалтар сурат мегирад. Дар асари Шоҳин бошад, ҳадафи эҷодкор нишон додани лаҳзаи фоҷеавии ишқи Лайлӣ ва Маҷнун буд. Шоҳин нисбат ба тасвирҳои психологӣ бештар ба воқеияти ҳаётӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Албатта, ин ҳолатҳо бесабаб набуд. Ӯ пайваста дар рикоби амир буд. Завҷааш аз олами фонӣ барвақт сафар кард. Тарбияи тифли навзод ва ғайра Шоҳинро водор намуда буданд, ки ҷанбаъҳои воқеияти тасвирро бештар пурқувват бисозад. Яъне Шоҳин ба нақши замону муҳит ва шароиту ҳолати воқеӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Саволе пеш меояд, ки воқеиятҳои тасвир дар кадом лаҳзаҳо бештар ба назар мерасанд? Барои намуна метавон ишора намуд, ки Лайлӣ ва Маҷнунро бо зӯрӣ аз ҳам ҷудо мекунанд, Лайлиро ба каси дигар медиҳанд, Маҷнунро низ маҷбуран бо духтари Навфал хонадор мекунанд. Онҳо дар муқобили ноадолатиҳо ҳеҷ коре карда наметавонанд. Инҳоро метавон лаҳзаҳои шарҳиҳолии худи Шоҳин гуфт. Амир ғайри хоҳиши Шоҳин мақсадҳои худро дар ҷои аввал мегузошт. Вазъияти шоирро комилан сарфи назар мекард ва ғайра.

Аз ин ҷост, ки мавзӯи достони Шоҳин суннатӣ бошад ҳам, лаҳзаҳои фаровони ҳалкунандаи воқеӣ, ҳаётӣ ва шарҳиҳолӣ дорад, ки марбут ба эҷодкори достон – Шамсуддин Шоҳин мебошад. Ба ин восита Шоҳин ба масъалаҳои сиёсию иҷтимоии замон, нақши адлу адолат, муносибати шоиру шоҳро низ то ба ҳадде дар асари худ ҷой додааст. Аз ин рӯ, достони Шамсуддин Шоҳин арзиши адабӣ – бадеӣ ва ҳаётӣ- воқеӣ низ дорад.

Мундариҷаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» ва гузориши масъалаҳои иҷтимоӣ

дар он.

Шамсуддин Шоҳин мехост дардҳои ҷомеаи худро ба воситаи панду насиҳат, андарзу мавъизат даво бахшад. Ӯ ин корро бо эҷоди маснавии

«Тӯҳфаи дӯстон» то андозае сомон ҳам дод. Вале донист, ки амирони бемаърифат омодаи шунидану кор гирифтан аз он нестанд. Амирони мағитиро бо Атобакҳои форси замони Саъдӣ наметавон муқоиса намуд. Ғайр аз ин, Шоҳин дар ин муддат тавассути эҷодиёти Аҳмади Дониш аз нигоҳи тафаккури идрок хеле пеш рафта буд. Хусусан, дар таҳаввули зеҳниву фикрии Шоҳин нақши «Наводир-ул-вақоеъ» басо бузург аст. Аз тарафи дигар, ӯ дар дарбор амиру атрофиёни вайро хуб омӯхт. Дид, ки ислоҳи ҷиддӣ зарур аст. Бинобар ин Шоҳин асари навбатӣ ва охирини худ – «Бадоеъ-ус-саноеъ»-ро эҷод кард. Аз сабаби он ки амиру аморат барои ҳимояи худ ба ҳама чиз қодир буданд ва аз ҳеҷ кори зиште рӯй намегардониданд, бинобар он ҳам Шоҳин марому мақсади худро дар зери пардаҳои киноя ва маҷозу рамзҳои бадеӣ ифода намудааст. Ана ҳамин далел боиси он гардидааст, ки «Бадоеъ-ус-саноеъ» асари охирини Шоҳин бошад. Аз тарафи дигар, Шоҳин дар давраҳои нисбатан охири рӯзгори хеш аз амиру аморат хеле хастадилу ноумед гардида будааст. Ин ҳолат ба таври васеъ ва бо оҳанги қавии фалсафиву сиёсӣ дар «Бадоеъ- ус-саноеъ» хеле ҷиддӣ ба тасвир омадааст. Ӯ менависад: « Мир Муҳаммад Шамсуддин алмутахаллис ба Шоҳин аз он ҷиҳат, ки тарокуми навоиб ва тазоҳуми масоиб муҷиби ихтилоли афкор ва боиси инҳирофи атвор гардида буд, хост ки ба муқтазои ҳол маҷмӯат-уш- шикоят пардозад ва дар адои шикоят дастури ғариб оғозад, чунончи нигорандаро алалфавр эҷоби ханда ва баъдалғавр эроси гиря тавонад намуд». Яъне дар мантиқи оддии ифода шоир гуфтааст, ки: «Аз он ҷо ки буд, хостам ки мувофиқи ҳолам маҷмӯаи шикоят сохта дар адои ин шикоят тарзи иншои аҷибе вазъ кунам, ба он тарзе ки хонанда баробари хондан бихандад, аммо баъди ба фаҳми мазмуни он расидан, бигиряд».

Бо назардошти мавзӯъ дар ин асар се ҷанбаъ ба мушоҳида мерасад:

  1. Танқиди муҳит ва ҷамъияти он давра,
  2. Танқиди аҳли замон, арбоби давлат ва соҳибмансабон.
  3. Тасвири ҳолу рӯҳия ва вазъияти худи шоир, шахсияти мушоҳидакор, ки ҳолии дигаре надорад.

Асар ба фаслҳову зерфаслҳо ҷудо нашавад ҳам, ҳадафи эҷодкор тақрибан чунин баён шудааст:

  1. Зикри ибораҳои киноявие, ки пеш аз баёни воқеа меоянд.
  2. Инъикосу таҳлили воқеаву ҳодисаҳо, ки аз танқиди замон ва ё аз баёни ҳолати худи муаллиф иборатанд.
  3. Ҳикоёти хурде ба тарзи тамсилӣ.
  4. Истифодаи ибораҳои маҷозиву киноявӣ.
  5. Хулоса ва натиҷагариҳои худи муаллиф.

Шоҳин огоҳ менамояд, ки ба зоҳири ҳодисаву воқеаҳо фирефта набояд шуд. Ҳар кас бояд пардаро аз рӯи зиннату ороишҳо бардорад ва ҷамъиятро дар воқеияти ошкоро бубинад:

«Субҳоналлоҳ, каҷкули гадо сафинаи кадом дарё шуда ва ба деги мадраса оши кадом маърака сурати имзо ёфта. Агар аз барф, масалан, бинои манора осон аст, пас манора чаро махсуси Масҷиди калон аст?

Ҳамин ҷоҳилон манораи аз барф сохтаро чун манораи хиштӣ тавсиф мекунанд ва каҷкӯли қаландариро заврақ гумон мекунанд.

Дареғо, ки ин ҷоҳилон зимомдорони вақтанд ва он ҷойҳо бар ин тоифа сазовор нест. Онҳоро бояд дар ҷойҳои барояшон муносиб шинонд, то ин ки сади роҳи ҷамъиятиву халқ нашаванд. Ба ин маънӣ Шоҳин менависад: «Каллаи гӯсола чун таҳаммули юғ надорад, садои он зери хок ва хараки хокӣ чун тоқати кашша (авзори асб) надорад, ҷои он миёни хасу хошок. Аммо ҳайронам аз инқилоби даҳр, ки онро бо мехи ҷафо набастаанд ва аз инъикоси давр инро (яъне харро) ба ҷул наороста».

Ба назари Шоҳин низому тартиб дар кори чомеаи онрӯза то ба дараҷае аз даст рафтааст, ки ислоҳи он имконпазир нест. Ин ҳолат ба он монанд аст, ки сурма агар зеби чашму давои он бошад, вале чун дараҷаи худ наомадааст, пеши чашмонро сиёҳ мекунаду бас! Бинобар он дардҳои ҷомеъа бедаво шудаанд:

«Бода он ҷо ки хумор нашиканад, пунба дар даҳони шиша неҳ, об ки ҳар гоҳ бар номияи нахл қувват наафзояд, дами теша беҳ». Камақлон ин нуқсонҳоро агар бубинанд, мехоҳанд нафъ созанд, вале решаҳои онро, сабабҳои пайдоиши онро намедонанд. Ин хираду донишро мехоҳад:

«Доғам аз дасти фикри нақис, ки муаддӣ ба ҳусули камол нест, кайк аз муза берун мекунанд, аммо воқиф на аз ҳодисаи саг дар ҷувол». Яъне адиб гуфтан мехоҳад, ки ақл сазовори роҳбарист ва беақлу бехирад набояд, ки роҳбари ҷамъият бошад, зеро ӯ ба кадом роҳ ва ба куҷо бурдани мардумро дарк карда наметавонад.

Ба назари Шоҳин, сабабгори асосӣ мансабдорони хурду поёнӣ нестанд, балки гунаҳкори асосӣ худи амир аст. Шоҳин таъкид менамояд, ки: «Обмӯрӣ агар аз боғ калон аст, гила на аз кундаи хору пастии девор аст, балки аз аблаҳии боғбон аст». Яъне агар боғбон оқил мебуд, обмуриро хурд месохту деворро баланд мекард, то дузд роҳ ёфта натавонад ва харобкорӣ накунад. Чунин тарзи муҳокимарониҳои фалсафию ҳакимонаи Шоҳин гувоҳи он аст, ки ӯ ба инкишофи ҷамъият, системаи роҳбарӣ бар он, усули ба роҳ мондани корҳо, муносибат ба табақаҳои иҷтимоӣ, коргирӣ ба арзишҳои илмӣ, гиреҳҳои фарҳангӣ ва мушкилҳои иқтисодиро то ба андозаи сарфаҳм меравад. Зеро хеле оддӣ бошад ҳам, баъзан роҳҳои халосиро нишон доданӣ мешавад:

«Чароғи афрӯхтаро ҷое, ки равған диҳанд, доман мезананд, чӣ умеди рушноӣ ва кӯдаки навомӯхтаро ҷое сим диҳанд, бим медиҳанд, чи тамъаи ошноӣ…

Фарёд аз ин доягони бемеҳр, ки ба атфоли худ ба ҷои шир хун медиҳанд»…

Ҳадафи эҷодкор ин аст, ки чароғи афрӯхта корест, ки андак баъд натиҷа медиҳад, зимомдорон ба ҷои онро аз сари бод эмин нигаҳ доштан, ба доман бод ҳосил карда, онро хомӯш мекунанд, то ин ки торикӣ ҳукмрон бошад ва сиррашон фош нашаванд. Ҳадаф аз доман сади роҳ гардидан мебошад. Ё худ мақсад аз кӯдаки навомӯз одамони хоҳишдор, вале камтаҷриба ё бетаҷриба аст. Ба ҷои дасти ӯро гирифтан, баръакс ӯро ин доягони бемеҳр – мансабдорон, ба ҷои шир хун медиҳанд. Яъне ҷонибдорони нашъунамои ӯ нестанд.

Шоҳин соҳибмансабони замонро бо кӯтаҳназариву зоҳирбинӣ айбдор мекунад. Ҳар як зуҳури номатлубро бояд пеш аз ҳама сабабҳои пайдоиш, омилҳои зоҳиршавӣ ва решаҳои онро ҷустуҷӯ намуд, то ин ки гунаҳкор беҷазо намонад ва адолат пойдор шавад. Барои дарки масъала адиб чунин далел меорад, ки:

«Шуллони (маоши) мир агар ба навкар нарасад, гилаи мир аз танхоҳ (рутбаи пасттар аз мир) аст ва ротибаи (моҳонаи) вазир агар ба аскар нарасад, шикваи вазир аз подшоҳ аст… Туфанги бетир киро аз по нишонад ва паланги бечанг киро аз ҷо фишонад. Оҳан то тофта (сурх) накунӣ, дар чӯб наравад ва тир то оташ надиҳӣ, аз чӯб наҷаҳад. Заминро дона деҳ, то хирман даравӣ ва тӯтиро шакар деҳ, то сухан шунавӣ».

Ҳадаф дар казовати боло набудани низоми давлатдорӣ, хараҷу мараҷ, бесару сомонӣ дар корҳои соҳибмансабон ва пеш аз ҳама, дар дарбор аст. Яъне бо давлат гуфтани танҳо низом барқарор намешавад. Низому тартибро бояд дар мадди аввал барқарор намуд, то адолат барқарор шавад. Агар адолат набошад, он давлат бозичаи дасти мансабдорон аст. Аз ин рӯ, мақсад аз маоши мир, моҳонаи вазир, туфанги бетир ва паланги бечанг мавчудияти миру вазир, давлату ҳукумат буда, ин ҳама зоҳири давлатдорӣ аст, вале фаолияти онҳо, мавҷудияти адолати иҷтимоӣ ва риояи он ҷанбаҳои ботинии давлатанд.

Дар баъзе ҳолатҳо Шоҳин ҳолати худро тасвир менамояд, ки дар муқобили ин ноадолатиҳо истодагарӣ кардааст ва аз ин рӯ адиби ҳақиқатгӯ хору залил ва беҳимояву танҳост. Бинобар он размӣ сухан гуфтани адиб бесабаб нест. Ӯ менависад:

«Агар чун гунҷишк хона кунам, ҳоҷиби остона тузоқи… тифлон аст ва агар чун гӯсфанд азми саҳро намоям, қоиди тариқ (қаравули роҳ) таёқи чӯпон… Замона ҳар заҳри қоғазпече, ки омезад, ки чун кадуи нос дар коми ман мерезад ва гетӣ ҳар дуди талхе, чун ангезад, ки найи калён (чилим) дар димоғи ман мебезад… Шир дар косаи ман ҷурғот аст ва мавиз дар кисаи ман қарақот аст… Чун бахт баргашт, ҳол ин аст ва чун хотир ошуфта шуд, мақол чунин…»

Тасвирҳои боло характери фардӣ дошта шарҳи холи худи адибро инъикос кардаанд: мисли гунҷишк хона сохтан – бо азоби зиёд ва ҳакирона бунёд кардани чизе, мисли гӯсфанд агар азми саҳро… кардан – киноя азми коре, мақсадеро пеш гирифтан; заҳри коғазпечи замона – киноя аз ягон навъи воқеаву ҳаводиси нохуше, ки рух медиҳад, ҳатман мисли нос ба коми адиб рехта мешавад, ки дар ниҳояти кор номуродӣ ва беиқболӣ дар назар дошта шудааст.

«Бадоеъ-ус-саноеъ» – и Шамсуддин Шоҳин аз нигоҳи мазмуну муҳтаво мисли айбномаест бар муқобили амиру аморат ва умуман соҳибмансабони замонаи адиб. Маҳз ҳамин тоифа, – ба қавли Шоҳин, – мамлакатро аз пой афтонидаанд. Онҳо аз илму дониш, фарҳангу маърифат дуранд. Ҳамчунон аз фаҳму идроки идораи давлат маҳруманд.

Рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» аз нигоҳи шакл ва мундариҷа падидаи тоза дар насри бадеии асримиёнагии тоқик аст. Ҳатто унвони рисола номи асарҳои илмӣ – назариявиро ба ёд меорад. Аз тарафи дигар, асар дорои фаслу бобҳои ҷудогона ё тақсимбандии дигаре аз ягон ҷиҳат нест. Пас маълум мешавад, ки ҳадафи як самт- интиқод аз сохти давлатдорӣ ва сардори он мебошад. Усули нигориши асар, образҳо ва шахсиятҳои тасвиршаванда, ки адиб зикр мекунад, ном гирифта намешаванд. Амали онҳо, кору муносибати онҳо зикр мешаваду халос. «Агар гулӯла (тир) ба гӯр (гӯрхар) расад ҳам, бо воситаи борут аст ва агар мурда ба гӯр равад ҳам, низ ба дастёрии тобут»… Ё ин ки: «Фарёд аз ин доягони бемеҳр, ки ба атфоли худ ба ҷои шир хун медиҳанд».

Иштирокчиёни муҳокимаҳо, образҳои тасвиршаванда рамзӣ-киноявӣ, тамсилӣ-маҷозӣ буда, аз рӯи амалашон маълум мегарданд, ки киҳоянд.

Насри асар сода ва тарзи баёни адиб хеле шавқангез аст. Саропо Шоҳин аз санъати саҷъ ва навъҳои он истифода кардааст. Ин ҳунари адиб хонандаро барои мутолиаи асар омода месозад. Хонанда аз мутолиаи он лаззати маънавӣ мебарад ва хастагиро ҳис намекунад: «Шалғами пухта бо нуқраи хом ҳамранг аст, тафовут ту медонӣ; обгина бо алмос ҳамсанг аст, агар метавонӣ» ва ғайра.

Аз калимаю ибораҳо, таъбирҳо, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ адиб хеле фаровон кор гирифтааст.

Бояд гуфт, ки санъаткорӣ ё худ кор гирифтан аз рамзу кинояҳо, маҷозу иҳомҳо фаҳмиши моҳияту мӯҳтавои асарро мушкилтар намудааст. Хонанда баъзан мақсади ниҳоии адибро ба таври ошкоро фаҳмида наметавонад. Дар ҳар сурат, асар аҳамияти фарҳангию маърифатӣ ва тарбиявӣ дорад.

Асари мазкур гувоҳи он аст, ки эҷодкори он донишманд, соҳибхирад, боистеъдод ва пуртаҷриба мебошад. Зеро тавассути «Бадоеъ-ус-саноеъ» ӯ намунаи волои афкори сиёсӣ-иҷтимоӣ, маданӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ- адабии даврро баён карда тавонистааст.

Мазмуни манзумаи «Тӯҳфаи дӯстон»

Маснавии «Тӯҳфаи дӯстон» дуюмин асари калони Шоҳин буда, дар пайравии «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ таълиф шудааст. Ин асар нотамом аст. Шоҳин онро дар мавзӯи панду андарз, мавъизату насиҳат ва умуман тарбияи инсон хостааст эҷод намояд. Вале шоир мебинад, ки тавассути андарз сиёсатмадорони асрро бо роҳи рост ҳидоят кардан маҳол ва ҳатто номумкин аст. Шояд аз ҳамин сабаб шоир асарро ба поён намерасонад. Маснавӣ бо хоҳиши устод ва роҳнамоиҳои пири маънавии Шоҳин- Зарири Ҷӯйборӣ дар чунин шакл тарҳрезӣ гардида будааст:

Боби аввал: Дар адл.

Боби дуюм: Дар эҳсон.

Боби сеюм: Дар ишқ.

Боби чорум: Дар тавозӯъ.

Боби панҷум: Дар ризо.

Боби шашум: Дар қаноат.

Боби ҳафтум: Дар тарбият.

Боби ҳаштум: Дар шукр

Боби нуҳум: Дар сабр

Боби даҳум: Дар хотима

Дареғо, ки аз ин нақшаи мураттабсохта танҳо муқаддима ва фасли аввали боби нахустини « Тӯҳфаи дӯстон»-ро Шамсуддин Шоҳин навиштаасту халос.

Дар асоси ҳамин бахшҳои сомондодаи Шоҳин метавон ба натиҷае омад, ки шоир авзои сиёсӣ, ҳолати рӯҳии зимомдорони аср, равиши ҷамъияти онрӯза, муносибати дарбор бо илму фарҳанг, шеъру адабиёт, эҷодкорону қувваҳои зеҳнию фикрӣ, раъиятро хеле хуб таҳлил кардааст. Ин таҳлилу мушоҳидаҳо шоирро водор сохтааст, ки баъдан фикри дигар кунад. Аз ин рӯ, шоир бо таълифи муқаддимаву қисме аз нахустбоб қаноат кардааст.

Ӯ зоҳиран амир Музаффар ва Абдулаҳадро васф ҳам кардааст ва аз тарзи муносибат бо тасвирҳои офаридааш, онҳоро сахт танқид низ кардааст. Яъне Музаффарро ба Ҷамшед ва Абдулаҳадро ба Заҳҳок монанд мекунад:

Чу гетӣ зи Ҷамшед пардохт тахт,

Бар он тахт Заҳҳок андохт рахт.

Шукӯҳе дар ойини давлат намонд,

Ба Тӯронзамин зебу зиннат намонд.

Ба ҳамин тариқ, Шоҳин ин асари ахлоқии худро аз шикваю танқиди замонааш оғоз менамояд:

Маро шиква поён надорад гузор,

Ки худ шиква баҳре бувад беканор.

Фиғон, к-ин ҳарифони кинозмой,

Ба меҳр андар оранд халқе зи пой.

Чу фарзанд аз онат ҳамепарваранд,

Ки чун гурба фарзанди худ мехуранд.

Ман идбор дидам, ту фирӯз бош,

Зи аҳволи ман ибратомӯз бош.

Ё худ дар фасли «Дар гузориши айёми нофарҷом ва шикояти хосу авом» меорад:

Ду-се рӯз ҷӯёи эҳсон шудам,

Сарояндаи мадҳи дунон шудам.

Бибурдам ба ороиши назм ранҷ В-аз он кардам офоқро пур зи ганҷ.

Кафи хушки эшон, к-аз он нам нарехт Ва гар рехт ҷуз хуни мардум нарехт.

Сагеро, ки ҷома даридӣ ба дев,

Фаришта аз ӯ даргирифтӣ ғирев.

Чунон барзадам сирати мардумӣ,

Ки гӯӣ назода чу ӯ одамӣ.

Забони маснавӣ, шеваи таълиф ва услуби эҷоди Шоҳин дар «Тӯҳфаи дӯстон» хеле дилнишин аст. Дар ин ҳикоят, ки ҷавоне пиреро мегӯяд, ки чаро ниҳол парвариш мекунӣ? Охир, ин шояд пас аз чандин сол самар диҳад, вале ба ту чӣ фоида? -Пир мегӯяд, ки пешиниён шинонданд, мо хӯрдем, мо ҳам мешинонем, то ки ояндагон бихӯранд:

Яке аз салотини дерингаҳе,

Гузар карда бар нахлаи анбуҳе.

Ки биншонда пиреш аз нав ба хок,

Ба теғе ҳамекардаш аз ҳашв пок.

Бад-ӯ гуфт: ай марди деринасол,

Бад-ин умр кай бар хурӣ з-ин ниҳол.

Худ ин нахлро отдат ин аст кор,

Пас аз бист сол оварад баргу бор.

Чунин гуфт деҳқони донишвараш,

Ки гар ман нахурдам, хурад дигараш.

Чу худ хурдаӣ барги пешинагон,

Дарахте пасояндагонро нишон.

Ҳикояти мазкур моҳияти тарбиявӣ-ахлоқӣ дошта, дар он инсондӯстӣ ва некӯкорӣ ба тасвир омадааст. Дар симои ҷавон бошад, худхоҳӣ ва кӯтоҳназарӣ баён шудааст.

Хусусиятҳои бадеии ашъори Шамсуддин Шоҳин

Ҳарифи табъи расои ту кас нашуд, Шоҳин, Зи бас ягонаи офоқ дар сухандонист.

Шамсуддин Шоҳин дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX яке аз он шоиронест, ки дар ҳамаи навъҳои шеър эҷод кардааст. Тозакриҳои Шоҳин дар қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, тарҷеот, мусаммати мухаммас, маснавӣ ва ғайра хеле устодона аст. Шоҳин аз тарафи дигар, ба бузургтарин шоирон: Анварӣ, Саъдӣ, Камол, Ҳофиз, Нозим, Низомӣ, Бедил пайравиҳо кардааст. Ӯ дар қасида бештар ба Хоқониву Анварӣ, дар ғазал ба Саъдию Ҳофиз ва Бедил, дар маснавӣ ба Низомӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Шоҳин, ба хусус, дар ғазал табъи басо баланд дорад, зеро Туғрал барин шоир ӯро устоди хеш медонад. Шоҳин дар мазмунсозӣ ва маъниофарӣ соҳибҳунар буда, санъати нозуки баён дорад: Қурбони лаби лаъли шакархои ту гардам,

Мафтуни хати ғолияпирои ту гардам.

Лаб мегазӣ, ай шӯх, надонам, ки чӣ гӯӣ,

Аз нозукии тарзи адоҳои ту гардам.

Аз сабаби он ки маҳбуба дар ғояти нафосату зебоӣ ба тасвир омадааст, бинобар он ҷузъиёти тасвири образҳои лирикӣ низ хеле ҳунармандона аст: лаби лаъли шакархо, хати ғолияпиро, нозукии тарзи адоҳо ва ғайра тавсифҳо, истиораҳо, ташбеҳот, кинояву маҷоз ва махсусан, таносуби сухан ҷолибу қобили қабул истифода шудаанд. Чунин тарзи мазмунсозиву маъниофарӣ ба хусус, дар лирикаи ишқии Шоҳин хеле зиёд мушоҳида карда мешавад. Мавзӯъҳои ишқӣ якҷоя бо тасвири ҷузъиёти баҳор, гулу лола, насими атрогин, садои паррандаҳои хушилҳон, навои обшорону гоҳ-гоҳе резиши борони найсон, лаҳзаҳои тобиши офтоби тобон дар тасвирсозиҳои Шоҳин ҳунари хосанд.

Ай ҳарифон, вақти гул дар гулситон маҷлис кунед,

Лоларӯе иттифоқ афтад, ба худ мӯнис кунед.

Ин мавзӯъҳо бо ҳамовозии мусиқиву суруд ва маю бодагусорӣ тасвирҳои хеле хотирмону таъсирбахши лирикаи Шоҳин мебошад. Хусусияти ҷудогонаи лирикаи шоир ба хусус ғазалиёти вай дар он аст, ки он то андозае тобиши зарофатомез дорад, ки қаблан дар ашъори шоирони дигар дучор намешавад. Ин тарзи маъниофариву мазмунсозӣ аз ҳадди камолоти маънавии Шоҳин башорат медиҳад.

Дар лирикаи Шоҳин мавзӯъҳои ахлоқӣ, панду андарзӣ, таълимӣ- тарбиявӣ низ мавқеъ доранд.

Инчунин шикояту танқид, оҳангҳои яъсу навмедӣ дар лирикаи шоир хеле ҳунармандона баён шудаанд.

Санъати шоирӣ, ҳунари эҷод, пояи сухангустарӣ, хаёлбофиву мазмунсозӣ, маъниофарӣ ва ҳадафнокӣ дар лирикаи Шоҳин хеле дилкашанд.

Сабки сухан, тарзи баён, шеваи эҷод, ҳунари таълифи шоир низ ҷолиб аст. Ӯ аз калимаю таъбирҳо, мақолу зарбулмасалҳо, ифодаҳои халқӣ, инъикоси урфу одатҳои мардумӣ, расму русум ва ғайра ба ҳунармандии ба худ хос кор мегирад. Ҳадафро ҳунармандонаву ӯҳдабароёна баён карда метавонад:

Дамаке аз рухи худ парда барандоз, ки ман Аз рухат об диҳам чашми тамошоиро.

Ё худ:

Гӯ наварзад ишқ ҳар касс, барнатобад ҷаври ёр,

Ҳар ки аз гунҷишк тарсад, бояд аз арзан гузашт.

Дар ин абёт: «Чашмро об додан» ба маънии лаззат бурдан аз тамошо ва дар байти дуюм мақоли «Аз гунҷишк тарсӣ, арзан макор» хеле ҳунармандона кор гирифта шудаанд.

Аз ин рӯ, нақши эҷодиёти Шоҳин барои соддаву оммафаҳм намудани забони адабии асримиёнагӣ ва ба зиндагии халқ боз ҳам наздик намудани адабиёти бадеӣ хеле бузург аст.

Савол ва супоришҳо:

  1. Оид ба овони ҷавонии Шоҳин маълумот диҳед.
  2. Таҳсили ибтидоӣ ва мадрасавии Шоҳин дар куҷо гузаштааст?
  3. Сабабҳои ба дарбор роҳ ёфтани шоирро нақл кунед.
  4. Мероси адабии Шоҳин аз чиҳо иборат аст?
  5. Саҳми Шоҳинро дар рушди ғазали адабиёти нимаи дуюми асри XIX баён намоед.
  6. Мавзӯъ ва мундариҷаи ғазалиёти Шоҳинро нақл кунед.
  7. Ғазали «Ай, ки аз қадди расо ғояти сарви чаманӣ»-ро таҳлил намоед.
  8. Мавзӯъ ва мундариҷаи ғазали «Ҳама аҷзои ту хубу ҳама аъзои ту хуш»-ро шарҳ диҳед.
  9. Фаъолияти достонсароии Шоҳин аз кай оғоз шудааст?
  10. Мазмуни мухтасари достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро нақл кунед.
  11. Образҳои асосии мусбату манфӣ, лаҳзагӣ ва доимии «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро таҳлил намоед.
  12. Умумият ва тавофути «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Шоҳин аз асарҳои ҳамном аз чӣ иборат аст?
  13. Мазмуну мӯҳтавои асари «Бадоеъ-ус-саноеъ»- и Шоҳинро нақл кунед.
  14. Дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» Шоҳин бештар кадом масъалаҳои иҷтимоиро баён кардааст?
  15. Мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявии маснавии «Тӯҳфаи дӯстон»-ро баён кунед.
  16. Дар таълифи «Тӯҳфаи дӯстон» Шоҳин ба кадом асари асримиёнагӣ пайравӣ кардааст?

11. Мазмуни ду се ҳикоятро аз «Тӯҳфаи дӯстон» нақл кунед.

  1. Арзиши адабии маснавии «Тӯҳфаи дӯстон» аз чӣ иборат аст?
  2. Оид ба санъати эҷод ва ҳунари шоирии Шоҳин чӣ медонед?

Мақоми Шамсуддин Шоҳин дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX аз чӣ иборат аст?


[1] Дунон- нокасон

[2] Суро – қабати пасти замин

[3] Сурайё – ситораи парвин

[4] Табарзад – набот

[5] Лавзина – ҳалво.

[6] Дудмон – хонадон; қабила.

[7] Исмат- покдомонӣ, бегуноҳӣ.

[8] Навбова- тӯҳфа.

[9] Пазира – қабул.

[10]       Ҳисн – қалъа.

[11]       Рафеъ – баланд.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.