Ман Туғрали зори туям… .

Бо барги рухсори гулат, эй гулбадан хорам макун,

Нози ғаматро лоиқам, сӯзону дар норам макун… .

Касе чунин мисраъҳоро аз назар мегузаронад, ҳис мекунад, ки чунин мисраҳои ҷолибро аз забони ноби худи муаллиф шунида истода бошад. Аз забони шоире, ки ошиқ аст ва ҳамеша дӯстдори ёру ғамзадаи кӯҳи ишқ мебошад. Мусаллам аст, ки Туғрал худ дилдода ва мафтуну шайдои азизаш буд. Мо худ ӯро, афсӯс, ки пайдо карда наметавонем, ки бипурсемаш, вале шеърҳояш, ғазалҳои пурмӯҳтавояш ҷилодиҳандаи ҳамин гуфтаҳои болоанд:

         Озурдаи ишқи туам, нозору зориро бубин,

         Зоре чу ман кам бошадат, бисёр озорам макун… .

Оре, ин озурдаи ишқ зодаи яке аз деҳаҳои зебоманзари ноҳияи Айни (дар он замон Фалғар ном дошт) мебошад. Даврони ҷавонии шоир бисёр давраи пурмоҷаро буд. Шоир дар зери такопӯи зиндагӣ борҳо монда бо азму иродаи қавии хеш, бо пешпо хурданҳо аз он рамидааст. Ӯ дастони пурқуввати худро дар тулии каманди нозанинаш олудаи хун кардааст ва  ҳатто чандин бор дар роҳи ёр сар бохта, ҳеҷ гоҳ сарро аз дари ӯ наририфтааст:

         Сар бохтам манн бо сарат, сарро нагирам аз дарат,

         Сардори ишқи бесарат, сардори сардорам макун.

Худи Нақибхон муштоқи эҷодиёти Абдулқодири Бедил буд, з-ин рӯ бештар бо сабки бедилӣ ғазал эҷод кардааст. Пурра ғазалҳои ишқии шоир дар паравии ғазалҳои ишқии Бедил навишта шудаанд. Туғрал худ як аллома буд, гӯем хато намекунем, зеро шеъри ӯ шунаво,  гӯё, пурмӯҳтаво ва баландмазмун аст. Ғазалҳои равонаш дили касро ба зиндагӣ гарм месозад, касро ошиқи шайдо ва овораи кӯҳи ёр мегардонанд. Аз хондани ғазали дар зер буда касро ҳиссиёти аҷоиб фаро мегирад:

Ҳар ки дар дашти ҷунун бинад, мани девонаро,

         Кай шавад монанди Маҷнун ошно бегонаро.

         Бо нигоҳе кӯлбаи эҳсони мо обод кун,

         Нест ҷуз мадди нигаҳ меъмор ин кошонаро…

         Туғрал асрори адаб аз бода равшан мекунад,

         Нест ҷуз лири ҳақиқат шуриди майхонаро.

         Кас  лаззат мебарад вақте ин мисраҳо шеъриро бо як мааром ва замзаманок қироат мекунад. Хусусан банда меболам аз он ки ашъори Туғрали ширинзабони фалғари доимо дар барам ҳаст. Лаҳзаҳои  ғамгиниам онро варақгардон мекунаму давраҳои ошиқию ҷвониам ба хотир меоянд ва беихтиёр ашк аз чашмонам ҷорӣ мешавад. Худ ба худ зери лаб мегӯям:

Манн Туғрали зори туям, ёрам на ағёри туям,

Эй ёр, агар ёри мани дар силки ағёрам макун.

Хулоса, ба кули дӯстдорони шеърҳои ошиқии Туғрали ширинкаломи фалғарӣ, 150 –солагии шоири маҳрум муборак бошад. Бигзор ин шахси поку беолоишро Яздони пок дар паноҳаш нигоҳ дорад, дуогӯи он ҳастам, ки маконаш боғи Фирдавс ва хонаи охираташ обод бошад.

Ҷон физо мегирад, аз лафзи шакарбори дарӣ,

Аз суруди Туғрали ширинзабони фалғарӣ

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.