Сайидои Насафӣ

Дар фикри дона мӯрчае буд даргузар, Омад ба шеру гуфт, ки: Ай Рустами замон! Аз иттифоқи мӯрчагон ғофили магар

Варна чаро ҳақир шуморию нотавон? (Сайидои Насафӣ)

Тарҷумаи ҳол

Насаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбҳои ҳунармандӣ пешаи бофандагӣ ривоҷ дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосвориҳои арзонбаҳое тайёр мекарданд, дар он рӯзгор соҳибиззат буданд. Касби бофандагӣ меҳнати душворро талаб мекард. Бесабаб нест, ки халқ бо дили пурдард дар бораи сахтию душвориҳои бофандагӣ сурудҳо эҷод кардааст:

Дилакам зардоб шуд аз чақ-чақи бофандагӣ, Чашмакам пуроб шуд аз риштаҳои кандагӣ. Аз саҳар то шом почак мезанам дар чаҳ-чаҳак, Қоматам дар тоб шуд аз кору бори зиндагӣ.

Миробид Сайидои Насафӣ барои таъмини рӯзгори хеш пайваста нозукиҳои касби меросии бофандагиро меомӯзад ва дар баробари касбомӯзӣ Сайидо дар мактаб низ таҳсил мекард. Ин буд, ки тадриҷан хату савод бароварда, эҷодиёти пешиниёнро меомӯхт. Ашъори Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасан, Ҳофизу Камол ва бисёр дигаронро ҳифз мекард ва худ низ аҳён-аҳён шеър мегуфт. Муҳаббат ба мероси маънавии гузаштагон, санъати волои суханварӣ, ҳунари нотакрори ҳар як эҷодкор ӯро кайҳо мафтун намуда буд. Ҳамин дилбастагӣ ӯро водор сохт, ки роҳи Бухороро пеш гирад. Ӯ ба Бухоро омада, таҳсили олии худро дар мадрасаи Лаби Ҳавзи Нодир – девонбегӣ пеши олимону донишмандони бузурги замон давом медиҳад. Пас аз дарс Сайидо бештари вақти худро барои омӯхтани ашъори пешгузаштагону муосиронаш сарф намуда, нозукиҳои каломи бадеъ, сирри ҳунари эҷодро меомӯхт. Илова бар ин, ба табақаҳои ҳунарманди ҷомеаи онрӯзаи Бухоро пайваста дар иртибот буд. Аз миёни тоифаи мазкур дӯстони зиёде пайдо мекунад ва он ёрону дӯстонаш дар мавридҳои зарурӣ ва Сайидо ёрии моддӣ мерасонанд, то ки ӯ таҳсилашро давом бидиҳад. Чун вазъи зиндагӣ имконият дод, ки Сайидои Насафӣ таҳсили мадрасаро бомуваффақият ба анҷом расонад ва дар айни замон маҳорати суханварию нуктасанҷии худро такмил диҳад. Беш аз ин дар ҳаёти адабии шаҳр ширкат варзад.

Сонитар ҳаёти оилавӣ Сайидои Насафиро маҷбур месозад, ки дар рӯзгори ҷавонӣ пешаи бофандагиро давом бидиҳад. Ӯ дар ғазали

«Мекунам бофандагӣ» аз ноҷӯриҳои аҳди худ шикоят менамояд:

Дар баҳор аз фоқа ранги заъфарон бошад маро, Пораҳо бар дӯш аз барги хазон бошад маро.

Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут, Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.

Гаштаам аз фоқа ҳамчун тири бепар гӯшагир, Хонаҳои хушку холӣ чун камон бошад маро.

Чун фалак аз меҳру маҳ бар суфра дорам нони қоқ,

Рӯзу шаб шармандагӣ аз обу нон бошад маро.

Сайидои Насафӣ бо мақсади раҳоёбӣ аз мушкилоти рӯзгор бо баъзе соҳибмансабони замонааш Ҳоҷидодхоҳ ва Раҳимбӣ Юз наздикӣ пайдо мекунад. Шоир ҳатто бахшида ба ҳокимони давр Абдулазизхону Субҳонқулихон ва Убайдуллоҳхон бо нияти дарёфти инъому эҳсон чандин шеърҳо менависад. Сайидои Насафӣ ашъори ҳадафноки мадеҳавии худро камарзиш дониста, ба ин восита аз миёни сарватмандону соҳибмансабон дигар муттакоҷӯиву мураббикобӣ намекунад, зеро ба ӯ асрори дарбору дарбориён то андозае ошкор мегардад, ки зимомдорони давр камхираду бедонишанд. Аз ин рӯ, дур будан аз эшонро авлотар меҳисобад. Ин аст, ки Сайидо мегӯяд:

Дар аҳди мо ривоҷ ба аҳли ҳунар намонд, Имрӯз обрӯй ба лаълу гуҳар намонд.

Аз ҳеҷ хонае набаромад садои ҷуд,

Дар рӯзгори мо зи каримон асар намонд. Гардуни сифла беҳунаронро ривоҷ дод, Азбаски эътибор ба соҳибҳунар намонд.

Ҳол он ки ашъори Сайидо ҳанӯз дар замони худи ӯ на танҳо дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон,ҳатто дар қаламрави Эрону Ҳиндустон паҳн гардида буд. Шоир ба ин маънӣ мегӯяд:

Ба мулки Исфаҳону Ҳинд мехонанд ашъорам, Зи Туркистонаму ҳаргиз надорам эътибор ин ҷо.

Чун зимомдорон аз аҳли шеъру адаб, илму фарҳанг қадршиносӣ намекарданд, бисёре аз фарҳангиёни замони шоир ҷалои диёр карда буданд ва бештари онҳо ба сарзамини Ҳинд мерафтанд. Шоир ба ҳолати мазкур чунин ишора менамояд:

Ҳамраҳон рафтанду ман по дар ватан дорам ҳанӯз, Такя чун сурат ба девори бадан дорам ҳанӯз.

Аз як тараф, заъфи пириву дурии роҳ ва аз тарафи дигар, бебизоатию тангдастӣ ба Сайидо имкони сафар карданро намедод, ки азми сафари Ҳиндро ихтиёр бикунад:

Аз тиҳидастӣ чу сарви боғ поям дар гил аст, Рахт мебандам, агар зоди сафар бошад маро.

Кӯшишу такопӯҳои Сайидо бенатиҷа поён ёфт ва ин ҳолатҳо шоирро рӯҳан азият медод. Ин буд, ки шоир раҳоӣ аз ин ҳолати пешомадаро дар гӯшанишинӣ, канораҷӯӣ пайдо кардан хост ва ин роҳро низ пеш гирифт. Муддате узлатшинӣ намуд.

Гӯшанишинӣ аҳволи Сайидои Насафиро боз ҳам вазнинтар, ҳолоти рӯҳии ӯро заъифтар намуд. Чуноночи, шоир мегӯяд:

Он ки мегиряд ба ҳолам, чашми хунини ман аст В-он ки бардорад Сарам аз хок, болини ман аст.

Ин буд, ки шоир аз рӯи эҳтиёҷоти рӯзгор боз рӯ ба миёни мардум меорад ва ғалати худро фаҳмида дар як муддати кӯтоҳ ислоҳ менамояд:

Ҳосил нашуд зи гӯшанишинӣ муроди ман, Худро зи хона бар сари бозор мекашам.

Ӯ на танҳо азоби эҷодиро аз сар мегузаронду тоқат менамуд, балки меҳнати ҷисмонӣ-бофандагӣ мекард ва дар ин роҳ худро ба Фарҳоди кӯҳкан ҳамсангу монанд медонист. Ба ин маънӣ ишора намуда мегӯяд:

Ба зӯри дасту бозӯ мехӯрам, ай Сайидо, рӯзӣ, Маро чун кӯҳкан хуни ҷигар бошад беҳ аз ширам.

Аз баъзе тасвирҳои иҷтимоии шоир бисёр лаҳзаҳои рӯзгори ӯро метавон пеши назар овард, ки барои барқарору пурра намудани зиндагиномаи Сайидо ёрӣ мерасонад. Масалан, ба ин тасвири иҷтимоии шоир агар таваҷҷӯҳ карда шавад, аҳволи иҷтимоии адиб боз ҳам равшантар мегардад:

Видоаш карда мерафтам ба хона, Таваҷҷӯҳ зад қадам бар остона. Даре дидам ба нокомӣ кушода, Ба роҳам дидаи во истода.

Фиғон ногаҳ зи қуфли дар баромад,

Ки : «Имшаб турфа дузде бар сар омад. Қавичангол гурге тезхашме,

Ба бозу филзӯру тангчашме. Сари ӯро зи дор андешае не,

Ба ғайр аз дуздӣ ӯро пешае не». Ман он ҷо то саҳар дар хоби роҳат, Кушода дузд ин ҷо дасти ғорат.

Даруни хонаам ҷуз бӯрё не,

Ба зери пой ғайр аз нақши по не. Зи беасбобиям дар сина чок аст, Матои хонаи ман обу хок аст.

Чӣ гӯям ман ба рӯи хонаи худ, Шудам шарманда аз кошонаи худ. Шудаш тороҷи ӯ кунҷи фаромӯш, Зи дасти дузд гаштам хонабардӯш.

Туро бод, ай фалак, даврон мусаллам, Ба як шодӣ кунӣ омода сад ғам.

Дар ин ҷо асосан вазъи хонаводагии шоир, аҳволи иҷтимоии Сайидо рӯи тасвир омадааст. Зимни он норизоии шоир аз низоми давлатдории соҳибдавлатону мансабдорони даврони худ ҳатто бо қавитарин оҳангҳои эътирозӣ мушоҳида карда мешавад. Хусусан, берҳмию ҷафопешагии дуздон, ки онҳо аз низоми сустии давлатдорон истифода бурдаанду заррае тарсу ҳарос надоранд, хеле хуб ба тасвир гирифта шудааст.

Поёни умри Сайидои Насафӣ низ дар Бухоро гузаштааст ва ӯ тахминан соли 1711 дар ҳамон ҷо вафот кардааст.

Мероси адабии Сайидо

Осори адабии Сайидои Насафӣ, ки «Куллиёт»-и ӯро фароҳам овардааст, дорои 8500 байт мебошад. Дар осори маҳфузмондаи шоир ҷои аввалро ғазал ишғол менамояд, ки миқдори он 4600 байт аст. Мухаммас бошад пас аз ғазал дар ҷои дуюм буда, 1050 байтро ташкил медиҳад. Эҷоди онҳо низ хеле ҳунармандона аст.

Инчунин, Миробид Сайидои Насафӣ ба ҳунармандон, намояндагони ҳунарҳои мухталиф як силсила шеърҳо бахшидааст. Сайидо чанд маснавии дигар низ дорад, ки ҳаҷми онҳо аз 16 то 68 байтро дар бар мегиранд. Яке аз чунин маснавиҳои ӯ «Дар мазаммати дузде, ки хонаи шоирро ғорат кардааст»-ном дорад, хеле ҷолиб буда, дар баробари арзиши адабӣ – эстетикӣ аҳамияти иҷтимоию шарҳиҳолӣ низ дорад.

Дигар аз асарҳои Сайидо, ки то ба ҳадде шӯҳрати эҷодии шоирро таъмин мекунад, «Шаҳрошӯб»-и шоир аст, ки ӯ ба эҷоди ин асари худ, аз як тараф, анъанаи адабиро давом дода бошад, аз тарафи дигар, авзои ҳунару фарҳанги замони худ, ривоҷи касбу ҳунарҳо ва тарзи зиндагии муосирони хешро ба таври бадеӣ баён кардааст. Ин асари Сайидои Насафӣ оид ба ҳунару пешаи 212 нафар ҳамзамонони ӯ ва ҷузъиёти ҳунарию хусусиятҳои дигари фаъолияти мардуми меҳнаткаш маълумот медиҳад. Аз ҷумла, доир ба намояндагони касбу корҳои мухталифи давр: заргару бофанда, кӯлолу мӯзадӯз, деворзану кабобпаз ва ғайра васфу тавсифҳои рангин ба назар мерасад. Теъдоди ашъори мазкур низ басо ҷолиб буда аз як то се-чор байтро фаро мегирад.

Шеърҳои ба ҳунармандон бахшидаи Миробид Сайидои Насафӣ аз нигоҳи истифодаи авзон низ гуногун буда, аз «Шаҳрошӯб» бо он фарқ мекунанд, ки дар ашъори ба аҳли ҳунар ихтисосдода ҳаҷву ҳазв хеле малеҳ дида мешавад.

Маснавии тамсилии Сайидо, ки «Баҳориёт» ё «Ҳайвонотнома» ном доранд, шӯҳрати шоирро дар эҷоди ин навъи адабӣ таъмин менамояд.

Мавзӯъ ва мундариҷаи ғазалиёти Сайидо

Ғазал дар осори адабии Сайидо мақоми аввалиндаҷа дорад. Мавзӯи ғазалиёти ӯ ҳамоно ишқу ошиқӣ, дӯстдориву муҳаббат, эҳсосоти қалбӣ, шӯру исёнҳои ботинии инсонҳо ва ғайра буда, ин ҷанбаи анъанавии мундариҷавии ғазалиёти шоир аст. Ҳунари Сайидо дар сурудани мавзӯъҳои иҷтимоӣ-ситёсӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, ҷамъиятӣ-инсондӯстӣ, фардӣ-шарҳиҳолӣ ва монанди инҳо низ ҳаст. Албатта, ҷанбаъҳои мавзӯи мазкур бо оҳангҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ ҳанӯз аз Саъдии Шерозӣ шурӯъ шуда буд. Сайидо мавзӯъҳои ҳасбиҳол ва умуман адолати иҷтимоиро ба баландтарин нуқта расонида тавонист ва дар ҳамин замина тозакориҳову навовариҳо кард. Танқиди ноадолатиҳои замон, нобасомониҳои давр, хориву беқадрии инсон, зикри нодорию бенавоӣ, камбағаливу бечорагӣ, ҳимояи аҳли меҳнат ва фуқарову дармондагон, танқиди аҳли ҳусуд, золимон, соҳибмансабони бераҳм, риёкорону чоплусон, зоҳидони зоҳирбин, тасвири аҳволи бади хеш, мазаммати бухлу кинаварзӣ ва ғайра низ асоси мундариҷавии ғазалҳои Сайидоро ташкил медиҳанд.

Сайидо ҳатто ғазалҳое ҳам дорад, ки саропо арзиши шарҳиҳолӣ доранд:

Бо кӣ равшан созам аҳволи дили афгори хеш, То ба кай чун шамъ сӯзам бар сари бемори хеш? Баҳри осоиш гар аз ғамхона сар берун кунам, Мениҳам чун соя паҳлу бар таҳи девори хеш.

Юсуфи ман аз харидорон касодӣ мекашад, Бар дӯкон оташ занам аз сардии бозори хеш.

Бар сари ман осиё гардад, таҳаммул16 мекунам, Чун намебинам касеро зери гардун ёри хеш.

Бар бадан аз нолаи ҷонкоҳ дорам рахнаҳо, Бастаам чун най камар, умрест бар озори хеш. Аз баланду пасти олам гашт сӯҳон комёб, Хасм17 меболад ба худ аз вазъи ноҳамвори хеш. Сайидо, бошад кудурат18 рӯзии соҳибҳунар, Шохи гул аз пой натвонад кашидан хори хеш.

Ҳолати мазкур, яъне ҷанбаи тамоман воқеии тасвир бахшидан ба ғазал яке аз хизматҳои Сайидо дар таърихи адабиёти тоҷик аст.

Инъикоси замон, вазъияти сиёсӣ – иҷтимоӣ дар ғазалиёти Сайидо.

Оид ба мавзӯи мазкур Сайидо асари ҷудогонаи худ – «Баҳориёт» ё худ

«Ҳайвонотнома»-ро навиштааст.

Гузориши масъалаи мазкур дар ғазалиёти шоир пурвусъаттар мебошад.

Яъне аз доираи мавзӯъҳои ишқӣ рӯ овардан ба рӯзгори иҷтимоии инсон ва ҷамъият яке аз хусусиятҳои ғазалиёти шоир ба шумор меравад:

Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хурад, Теғи бедоди ту аз фарқи аҷал об хурад.

Аз ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ, Варна Рустам зи чӣ доде сари Сӯҳроб хурд. Қатраи май сари Мансур баровард ба дор, Вои он кас, ки ҳама умр майи ноб хурад.

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирбод хурад.

Сайидо, печиши он зулф ба он рух зи чӣ руст, Мӯй бар шӯълаи оташ чу фитад, тоб хурад.

Мавзӯи ғазали мазкур асосан адолати иҷтимоӣ буда, шоир душманони халқро ҳушдор медиҳад, ки аз оҳи мазлумон ҳазар кунанд ва агар накунанд, онҳоро марг интизор аст. Сайидо бесарусомониҳои ҷамъиятро дар мансабталошиву ҷаҳонпарастии муосирон мебинад ва аз ин рӯ, ба ҳимояи мардумони оддӣ овоз баланд мекунад:

Дар талоши салтанат афтодаанд аз пой халқ, Тоҷ агар ин аст, олам сарнагун хоҳад шудан.

Аз ин сабаб, ӯ аз ғами халқ, аз ҳоли мардумони оддӣ дилхуну ҷигаркабоб аст ва фиғону нолааш танҳо баҳри беҳбудии рӯзгори бечорагону дармондагон мебошад:

Ашки ман гар инчунин, к-аз дил бурун хоҳад шудан, Доғҳои синаам гирдоби хун хоҳад шудан,

16 Таҳаммул – сабр

17 Хасм – душман

18 Қудурат – ғам, андӯҳ

Дар ғазалиёти Сайидо оҳангҳои хеле амиқи фалсафӣ, бо мазмунҳои иҷтимоӣ дар ғояти ҳунариву ҷилои тозаи хаёлбофӣ рӯи кор омадаанд. Чунончи:

Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард, Саг чу шуд девона, ӯро метавон занҷир кард.

Бемураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан, Моҳи навро рафтарафта чарх оламгир кард.

Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест, Охир ин беиззатӣ бар Кӯҳкан таъсир кард. Беибо натвон ба базми тундхӯён по ниҳод, Бемуҳобо такя натвон бар дами шамшер кард. То ба пои хум нарафтам соғарам ёрӣ надод, Дастгирӣ бо мани афтода рӯҳи пир кард.

Мераванд аҳли тамаъ дар базмҳо девонавор, Метавон дарҳои меҳмонхонаро занҷир кард. Қомати хилватшинон мекунад кори камон, Метавон мисвоки зоҳидро нишони тир кард. Водии девонагӣ ҷои фароғат будааст,

Хоби роҳат пои мо дар хонаи зианҷир кард. Сайидо, музди ҳунарвар мерасад дар хурди кор, Рӯзии Фарҳодро гардун зи ҷӯи шир кард.

Ғазали зикршуда моҳияти амиқи панду андарзӣ, насиҳатӣ – тарбиявӣ дошта, олами сабаб – олами инсонҳо хеле нозуку ҳунармандона мавриди тасвир қарор гирифтааст ва ғазал аз оғоз то анҷом (байт-байт) ирсоли масал аст.

Ғазал дорои қофияву радиф буда, қофияҳои он бо ҳарфи равӣ «р» ба итмом мерасад, ки шакли он муқайяд аст ва радифи ғазал содда мебошад.

Ғазал чун мӯҳтавои ахлоқӣ дорад, дар баҳри Рамали мусаммани мақсур эҷод шудааст ва афоъили он чунин аст:

– v – – / – v – – / – v – – / – v ~

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фаъилотун, фоъилон.

Ё худ ғазали дигари шоир, ки аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво, моҳияти қавитари иҷтимоӣ дошта, ҳасби ҳоли шоир ва ҳолати қаҳрамони лирикӣ аз оғоз то анҷоми ғазал давом мекунад, ки аз тангии маишӣ ва бенавоӣ ба сари шоир омадааст:

Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд, Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд. Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг, Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд. Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам, Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.

Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд, Сӯхтам чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.

Сайидо, дидам ба хок афтода барги лоларо, Теғи ноҳақ хурда сайди бисмилам омад баёд.

Яъне интиҳои мақсади адиб ҳимояи адлу дод ва танқиди ноадолатиҳои замони шоир низ мебошад.

Ғазал хеле ҳунармандона буда, дорои қофияи мутлақ ва радифи мураккаб аст. Яке аз вазифаҳои радиф дар ин ғазал таъкиди маъно низ ҳаст, ки бори ғоявии онро дар ӯҳда мегирад, зеро тангии маишӣ ба шоир умре рӯ ба рӯ будааст.

Аз нигоҳи вазн бошад, ғазали мазкур дар баҳри рамали мусаммани мақсур эҷод шудааст ва афоъили он чунин аст:

– v – – / – v – – / – v – – / – v ~

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.

Ҷиҳати ҷолиби ҳунарии ғазали Сайидо он аст, ки оҳангҳои иҷтимоӣ тору пӯди ғазалро ташкил намуда, рамзи хеле баландро ба миён меоранд, ки дарки мақсад каме мушкил ҳам мешавад. Вале ҷиҳати дигари характерноки ғазалиёти ин суханвар боз дар он аст, ки сар то по ғазали ӯ тасвирҳои воқеӣ, ҷузъиёти ҳаётиву мушаххас, вожаҳои маъмулӣ, хаёлбофиҳои рӯзгориву мушоҳидаҳои зиндагиро фаро мегиранд. Чунончи, далели қазовати мазкур ғазали зерин аст:

Шамъаму пайваста дар рагҳои ҷонам оташ аст, Дар даҳонам мавҷи обу бар забонам оташ аст. Золимон аз бекасӣ вайронаамро сӯхтанд, Чуғзам аз бехонумонӣ, ошёнам оташ аст.

Булбулам, аммо мақоми дилнишинам гулхан аст, Сабзаам хокистар асту бӯстонам оташ аст.

Аз сари кӯи бутон рахти сафар то бастаам, Маҳмили ман гирдбоду корвонам оташ аст. Ай, ки бо мо мекунӣ савдо, ба худ андеша кун, Дар бисотам дуди оҳу бар дӯконам оташ аст.

Сӯҳбати ман бемаю бемутриб имшаб дар гирифт, Хона равшан мекунам, то меҳмонам оташ аст.

Нест дилсӯзе ба мулки синаи ман ғайри доғ, Сайидо, имрӯз ёри меҳрубонам оташ аст.

Ғазалиёти Сайидо боз бо он характернок аст, ки аслан ҳаҷман калон нест, 6-7 ва 10-12 байтист. Сайидо ғазале дар ҳаҷми 27 байт низ дорад.

Истиқлоли байтҳо аҳёнан манзур шаванд ҳам, аз доираи мавзӯи марказӣ ҷудо нест. Яъне муносибати Сайидо ба сиёсатмадорон, ҳокимон, аҳли мансаб, табақаҳои ҳунармандон, меҳнаткашон, бозоргонон, олимон, широн, толибилмону мударрисон ва ғайра ба мушоҳида мерасад. Дар ғазалиёти шоир қаҳрамони дирикӣ – ошиқ ё фарди соҳибтаҷриба, хирадманд, рӯзгорӣ, меҳнатқарин, соҳибҳунар аст, вале бенаво, беқадру манзалат, пурсабру пуртоқат ва боз бештар аз ин ростқавл, бовафо, адолатпараст, ҳақиқатхоҳ, дурандеш, покизазамиру софдил, самимиву некӯкор мебошад.

Ӯ дар ғазали зерин мегӯяд:

Бувад мунъим азизи кишвару озод хор ин ҷо, Зи сарви боғ раънотар дарахти мевадор ин ҷо.

Дар оғози муҳаббат ошиқ аз мурдан наяндешад,

Занад худро ба коми шер тифли найсавор ин ҷо. Худоҷуро сарҳархезӣ шавад афзунтар аз пирӣ, Дар айёми хазон гулдаста мебандад баҳор ин ҷо. Аламҳои туро фардо гувоҳонанд дар маҳшар, Макун озурда аз худ хотири лайлу наҳор ин ҷо. Зи заҳри чашм арбоби тамаъро нест андеша,

Кунанд ин қавм майли сурма аз мижгони мор ин ҷо. Зи заҳри чашм арбоби тамаъро нест андеша, Кунанд ин қавм майли сурма аз мижгони мор ин ҷо. Саводи беди маҷнун беҳтар аз занҷир Маҷнунро, Бувад аз дасти гиро нозанинтар раъшадор ин ҷо,

Ба берӯӣ тавон аз аҳли дунё баҳрвар гаштан,

Зи тифлон шикваҳо дорад дарахти мевадор ин ҷо, Бувад кори ту, ё Раб, дар ду олам парда пӯшидан, Макун маҳҷуб он ҷову магардон шармсор ин ҷо, Набошад раҳ ба базми хилвати мо ҳарзагӯёнро, Сари Мансур силӣ мехӯрад аз пои дор ин ҷо,

Зи базми шеър набвад баҳрае афсурдатабъонро, Бувад килки суханпардоз чун шамъи мазор ин ҷо. Ба мулки Исфаҳону Ҳинд мехонанд ашъорам,

Зи Туркистонаму ҳаргиз надорам эътибор ин ҷо. Набошад бо фашу мисвоки зоҳид ҳеҷ таъсире, Наандешад касе аз кавкаби дунболадор ин ҷо,

Хату зулфаш камар барбастаанд аз баҳри хуни ман, Ҳазар кун, Сайидо, аз иттифоқи мӯру мор ин ҷо.

Ғазали зикршуда низ оҳанги бисёр қавии иҷтимоӣ дошта, шоир шиква аз тангии маишӣ ва аз ноадолатиҳои даврони худ дорад. Умуман дар ин ғазал танқиду истеҳзо, мазаммату ҳиҷо, шикояту норизоӣ, ҳимояи адлу ҳақиқат, ростиву садоқат, дурандешиву покӣ, вафодориву ростқавлӣ, худотарсиву интихоби роҳи рост ва ғайраро васф менамояд. Ин ҷанбаъ низ яке аз хусусиятҳои ғазалҳои Сайидо ба шумор меравад. Яке аз масъаалҳое, ки мисли хатти сурх аз миёни масъаалҳои баёнгардида дар ғазали боло мегузорад, ҳимояи ватан, дӯст доштани он, дилбастагии сидқӣ ба ватан, авло шуморидани обу хоки он аст. Ӯ ҳатто ватанро аз мафҳуми зодгоҳ васеътар маърифат мекунад ва Туркистонро дӯст медорад ва макону диёреро бо он баробар намедонад ва аз ин рӯ, сарфи назар аз қадршиносиҳо, ки нисбат ба шоир раво дида мешуд, ӯ хастадилу навмед намешавад.

Ғазали боло муқаввофу мураддаф буда, қофияи он муқайяд ва радифаш мураккаб мебошад. Аз нигоҳи вазн бошад, дар баҳри Ҳазаҷи мусаммаи солим иншо шудааст, ки афоъили он чуни наст:

V—IV—IV—IV—

Яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлум, мафоъӣлун.

Сайидо дар эҷоди ғазал, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат мақом дорад, ки ӯ ин навъи адабиро ба ҳаёти мардум, ба рӯзгору зиндагӣ басо қарину наздик намудааст. Аз ин рӯ, дар ғазалҳои ӯ ҷанбаъҳои иҷтимоӣ зиёдтар қувват

гирифта, як андоза рӯҳияи мардумии шеъри Сайидоро таъмин кардааст. Дар ғазали Сайидо то ба ҳадде авзои сиёсӣ- таърихӣ ва иҷтимоии замони ӯ инъикос гардидааст. Аз тарафи дигар, ҷанбаи таълимӣ, панду андарзӣ, насиҳатию мавъизатӣ гирифтани ғазали шоир бурҳони пойдории адаб ба суннат ва баҳрабардорӣ аз анъанаҳои куҳантаърихии шеъру адаби тоҷик мебошад.

Андешаҳои панду ахлоқии Сайидо.

Аслан панду ахлоқ ва тарбияву таълим мақсади адабиёти бадеӣ аст. Эҷодкоре, ки ба эҷоди бадеӣ рӯ меорад, ҳатман муносибати худро ба ин масъала баён мекунад. Ғазалиёти Сайидо дар баробари фаро гирифтани мавзӯъҳои дигар, ақидаҳои тарбиявӣ-ахлоқии шоирро низ дарбар гирифтаанд. Аз тарафи дигар, ба ин восита таълимоти фалсафаи амалии Сайидо маърифат мешавад, ки хеле муҳим низ ҳаст.

Масалан, Сайидо ҷонибдори саъю кӯшиш, ҷаҳду ҷадал, амалу ҳаркат аст. Барои дарёфти қути лоямут инсон бояд мисли санги осиё пайваста дар ҷадал бошад, яъне ризқи худро ҳалол кунад, тавассути меҳнат ба даст биёрад. Ӯ ба ин маънӣ таъкид мекунад, ки:

Рӯзӣ насиби кас ба нишастан намешавад, Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт.

Ба ақидаи шоир, инсон набояд ғафлат варзад, балки бояд мақсади муайян дошта бошад. Ӯ кӯшишу ҳаракат, ҷаҳду талош, саъю ҷадалро талаб меномад ва мегӯяд:

Бе талаб, ай Сайидо, мақсад намеояд ба даст, Ҷо ба маҷлис мекунад най аз фиғони хештан.

Меҳнату кор, машғулияту фаъолият, обрӯ ва эътибори инсон аст ва мардумоне, ки ин сифатҳоро доро ҳастанд, соҳибҳунаранд ва дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ хору залил нахоҳанд шуд:

Рӯ намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар, Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехурад.

Ё худ:

Шир мегардад бурун аз кӯҳ баҳри Кӯҳкан, Ризқи худ соҳибҳунар аз санг пайдо мекунад.

Сайидо барои инсони меҳнаткаш на танҳо саҳрову дашт, балки ҳама ҷоро меҳнаткада медонад ва бояд дар ҳама ҳолату дар ҳама ҷо кас фориғ аз саъю кӯшиш набошад:

Мурғи кабоб рӯзии соҳибтараддуд аст, Дар хона анкабут шикори магас кунад.

Ё ин ки:

Устухони хушк беташвиш кай ояд ба даст Аз паи рӯзӣ магӯ табъи ҳумо осуда аст.

Шоир, ки худ бо меҳнати ҳалол зистааст, муфтхӯронро чашми дидан надорад. Ҳатто дасту пои инсон, ки агар вазифаи худро ба ҷо наоранд, онҳоро бояд баст, мегӯяд:

Паймонае, ки бода надорад, шикастанист, Дасте, ки масдари эҷод нест, бастанист.

Ба назари шоири меҳнатдӯсту покизакор, хисоли ҳамидаи инсонӣ аз қабили вафодорӣ, сидқу сафо, ростгӯӣ, ростқавлӣ, некиву некӯкорӣ, раҳму шафқат, инсондӯстиву мардумнавозӣ, илмомӯзиву донишмандӣ, сабру тоқат, бурдбориву пуртоқатӣ ва ғайраро тарғиб намуда, оммавӣ гардидани онҳоро ҷонибдор аст: Ӯ мегӯяд:

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон, Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.

Ё худ:

Рафиқ аз каф мадеҳ, душман агар хоҳӣ забун гардад, Туро сӯзан ба даст афтод, хор аз по бурун афтад.

Барои доро гардидани инсонҳо бо хислатҳои ҳамида ҳатман тарбият зарур аст. Аз ин рӯ, ба андешаи шоир, инсон ҳатман бояд аз мактаби тарбия мегузарад.

Дар ғазалиёти Сайидо ба ҷуз мавзӯъҳои маъмулии жанри мазкур, мавзӯъҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, танқидӣ-ҳаҷвӣ, шарҳиҳолӣ- хонаводагӣ ва ғ. хеле баланд садо додаанд, ки нигоҳи тоза ба мазмуну мӯҳтавои ғазалсароӣ мебошад. Ин ҳамин маъниро дорад, ки Сайидо ба ин восита адабиётро ба ҳаёти ҷамъият, ба рӯзгори халқ, ба зиндагии табақаҳои иҷтимоӣ хеле наздик намуда, нияту мақсад ва орзуву омоли мардумонро асосан инъикос намудааст.

Аз тарафи дигар, тозакории Сайидо дар ғазалсароӣ ба хусусиятҳои шаклии жанр тааллуқ надорад, яъне ӯ дар қофияву радиф, вазн ва сохтори дигари шаклии ғазал гардиши ҷиддӣ ворид накардааст.

Тозакориҳову навовариҳои шоир дар мундариҷаи ғазалсароӣ, моҳияти тематики ғазал дахл дорад, ки ғазали ӯ оинаи рӯзгори асри шоир гардидааст. Ғазалҳои Сайидо саршор аз тазодҳову зиддиятҳои ҳаёту зиндагӣ, низоъҳои сиёсӣ-таърихӣ, ҳаёти-иҷтимоӣ, тоифавию табақавӣ ва ғайра аст. Инҳо низоъҳо ва тазодҳои рӯзгори ҳамарӯзаи ҷомеъа мебошад, пас ғазалиёти Сайидо инъикосгари ҳаёти инсонҳост. Ӯ ин ҷанбаъро низ бо ҳунари хоси шоирона ва бо сабку шеваи фардӣ- индивидуалии худ эҷод кардааст.

Муссамматҳои Сайидо.

Муссаммат дар эҷодиёти Сайидо пас аз ғазал, дар ҷои дуюм меистад, ки аз 1050 байт иборат аст.

Сайидо бештар ба ғазалиёти Хусрави Деҳлавӣ, Камолу Ҳофиз, Ҷомиву Ҳилолӣ, Калиму Толиб, Мӯҳташами Кошиву Соиби Табрезӣ, Мушфиқиву Урфӣ муссаммат бастааст. Худи ҳамин ҷуръати Сайидо гувоҳи он аст, ки ӯ дар эҷоди муссаммат устод мебошад, зеро ба ғазалиёти шоирони дараҷаи аввали адабиёт тазмин бастааст. Шоир ғолибон дар ин кор ба эҷодиёти Соиб рӯ оварда, бештар ба ғазалҳои Соиб тазмин бастааст.

Муссаммат навъе аз шеъри тасмит (мусаммат) буда, аз бандҳои 3-10 мисраӣ иборат аст. Он метавонад аз 5 ё 6 банд иборат бошад ва ду навъ мешавад: яке муссаммати мустақил, ки пурра эҷоди худи шоир аст ва

дигаре се мисраъ аз худи шоир ва ду мисраи дигар аз шоири муосир ё салаф аст.

Муссаммат бо он характернок аст, ки банди якуми он пурра ҳамқофия; а, а , а ,а , а, а бандҳои минбаъда чаҳор мисраъ ҳамқофия ва мисраи панҷум ба банди аввал ҳамқофия мешавад. Масалан, «Намонд»-ном муссаммати мухаммаси Сайидо ки бар ғазали Соиби Табрезӣ (1603-1677) баста шудааст:

Арбоби ҷудро19 кафи гавҳарфишон намонд, Дасти кушодае ба муҳиту ба кон намонд, Дар рӯзгори мо зи мурувват нишон намонд,

«Аз ҳиммати баланд асар дар ҷаҳон намонд, Як сарв дар саросари ин бӯстон намонд»,

То чуғзтинатон ба фазои чаман шуданд, Чун сабза сояпарвари сарву суман шуданд, Гулҳо зи баски ҳамдами зоғу гаған шуданд, Мурғони нагмасанҷ ҷалои ватан шуданд, Ҷуз байзаи20 шикаста дар ин ошён намонд.

Аз аҳли дил намонд дар ин хокдон нишон, Бастанд обу оинаи рахти худ аз миён, Хуршед гуфт вақти видоаш ба осмон,

«Равшанило чу барқ гузаштанд аз миён, Хокистаре ба ҷой аз ин корвон намонд.

Аз дидаи басирати21 мо хоб шуд равон, Абёт аз сафина22 чу симоб шуд равон, Таҳрир аз саҳифа чу хуноб шуд равон,

«Аз чашми сурмавори давот об шуд равон, Ширинзабонии қалами нуктадон намонд».

Эй Сайидо, ту дил ба амқоми наҷот каш, Пой аз миёни тоифаи бесубот каш,

Чун Хизр рахти хеш ба оби ҳаёт каш,

«Соиб, забони хома ба коми давот каш, Имрӯз чун суханталабе дар ҷаҳон намонд».

Дар муссаммати мухаммаси мазкур байтҳои дар нохунак (« ») гирифташуда моли Соибанд. Намунаи боло далели он аст, ки хусусиятҳои шаклӣ ва мундариҷавии абёт комилан риоя шудаву аз соҳибистеъдод будани ҳар ду шоир шаҳодат медиҳнд.

Аз сабаби дар ғазалҳои Сайидо оҳангҳои иҷтимоӣ садои қавитаре доранд, ин ҳолат дар мухаммасҳои ба ғазалҳои шоирони дигар навиштаи ӯ то андозае ҳис карда мешавад Яъне Сайидо ба ғазалҳои комилан ошиқона низ то дараҷае оҳангҳои иҷтимоии пуқуввате ворид сохтааст. Масалан дар муссаммати мухаммаси Сайидо, ки бо радифи «Намонд» бар ғазали Соиб иншо шудааст, ҳеҷ гумон намеравад, ки абёти ду адаб

19 Арбоби ҷуд-аҳли сахо

20 Байза-тухм

21 Басират- чашм

22 Сафина-девони ашъор

бошанд, зеро вазн, радифу қофияҳо, мазмуну мундариҷа, мавзӯъ, хусусиятҳои сабкӣ ва ғайра комилан баробаранд ва ҷанбаъҳои ҳунарии он низ яксонанд. Ҳол он ки дар ин навъи шеърӣ то дараҷае эҷодкори муссаммати мустақилу озод нест.

Дар навъи дуюми муссаммат мо комилан озод будани шоирро мушоҳида менамоем. Барои намуна як муссаммати мухаммаси мустақили Сайидоро зикр намуда, оид ба санъати назми ӯ аз намунаи мазкур натиҷагирӣ хоҳем кард:

Дидаро умре ба мардум ошно кардам, нашуд, Синаро оинаи сидқу сафо кардам, нашуд,

Бо баду неки ҷаҳон аҳду вафо кардам, нашуд, Дар дили ҳар кас зи рӯи меҳр ҷо кардам, нашуд, Хонаи шодӣ ба рӯи хеш во кардам, нашуд.

Муддате чун соя будем дар қафои шайху шоб, Рӯзгоре ҳамншин будам ба минову шароб, Сар ба танҳоӣ барорам баъд аз ин чун офтоб,

Поси хотир то ба кай дорам дар ин дайри хароб, Бо қаландар шӯрбу бо зоҳид риё кардам, нашуд.

Меҳрубониҳо намудам дӯстони хешро, Ёр бо мадҳу санно кардам забони хешро,

Чун қалам гӯям манакнун достони хешро, Хоки пок ҳар як аз ҳамсӯҳбатони хешро, Солҳо дар дидаи худ тӯтиё кардам, нашуд.

Маҷлиси ағёр равшан кардааст он майпараст, Эй мусулмонон, чӣ бояд кард бо он шӯхи маст? Дар фироқи зулфи кофаркеш мехурдам шикаст, Обрӯи рафтаро мехостам орам ба даст,

Дар ҳарими Кааба чандоне дуо кардам, нашуд!

Сайидо, дорам дили чун ғунчаи гул пур зи хун, Кавкаби бахтам дар об афтода, толеъ шуд забун, Меравам, занҷир дар по, дар биёбони ҷунун, Баски ноком аз дили офоқ афтодам бурун, Қимати худро ба нархи хоки по кардам, нашуд.

Албатта, муссаммат аз нимаҳои дуюми асри ХIII зуҳур карда, дар асри ХV ҳар ду навъи он хеле инкишоф кардааст ва дар ин аср (ХV) хусусан устод Ҷомӣ онро басо ривоҷ додааст. Сайидо суннати адабии мазкурро дар асри ХVII таҳаввули махсус бахшида, онро аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво тозагиҳо ворид сохт

Чунончӣ, ба ғазали зерини Соиб муссаммати мухаммаси «Ғаме дорам»-ро бастааст, ки

Сари пуршӯру ҷисми лоғару пушти хаме дорам, Дар ин водӣ фаровон дарди бедармон ғамдорам, Парешонхотирам имрӯз гӯё мотаме дорам,

«Лаби хушку дили хунину чашми пурнаме дорам, Нигаҳ дорад Худо аз чашми бад хуш оламе дорам»

Агар гул дар замини дил нишонам, хор мерӯяд,

Ниҳоли сабз корам, неш аз гулзор мерӯяд, Маро аз сина дил ҳамчун забони мор мерӯяд,

«Ба ҷои ҷавҳари оинаам зангор мерӯяд,

Гуворо бод айшам хуш баҳори хурраме дорам», Ба гардун тири оҳи ҳастагон созад асар, Соиб,

Барояд эҳтиёҷи Сайидо аз чашми тар, Соиб,

Чу шабнам гаштаам аз пеши худ соҳибназар, Соиб,

«Зи рози осмонҳо чун набошам бохабар, Соиб, Ки ман аз косаи зонуи худ Ҷоми Ҷаме дорам».

Шоир дар ин навъи ашъор низ ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ, ба мавзӯъҳои мухталифи рӯзгори инсон дахолат менамояд. Ӯ дар ҳама гуна ҳолату вазъият аз ноадолатиҳои рӯзгор шикоят дорад ва ба ҳамин мазмун ғазал меёбад ва муссаммат мебандад, ки дар мантиқи оддии ифода, ба ҳам омадани андешаҳои шуарои тоҷик дар асрҳои гуногун, дар муҳиту замонҳои мухталиф аст. Чунончи, боз дар ҳамфикрӣ бо Соиб мегӯяд:

Дар чаман имрӯз булбул масти гуфтори худ аст, Кабк дар кӯҳсорҳо дар банди рафтори худ аст, Сарв мағрури қаду гул маҳви рафтори худ аст,

«Ҳар киро бинам дар ин олам гирифори худ аст, Кори ҳақ дар тоқи насён монда дар кори худ аст»,

Рӯзгоре шуд, ки дар вайронае ҳастам муқим, Мекунам пайваста ёд аз аҳди ёрони қадим, Ин нидо омад урун аз хоки Мӯсои Колим,

«Хизр осудаст аз таъмири девори ятим,

Ҳар касеро рӯй дар таъмири девори худ аст».

Хонабардӯшем моро ҳоҷати дастор нест, Пайкари моро либоси тозае даркор нест, Сайидо, моро назар ба чашми дунёдор нест,

«Чашми Соиб чун садаф бар абри гавҳарбор нест, Зери бори миннати табъи гуҳрбори ман аст».

Яъне Миробид Сайидои Насафӣ дар таҳаввули жанри муссаммати мухаммас ва махсусан дар ғанӣ гардонидани мазмуну мӯҳтавои он рисолати таърихии хешро адо кардааст.

«Шаҳрошӯб»-и Сайидо ва сохтори он, тасвири ҳунармандон дар ин

асар.

«Шаҳрошӯб»-и нахустин ба қалами шоири асри ХI тоҷикзабони ҳинд Масъуди Саъди Салмон тааллуқ дорад. Маҳастии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Сайфии Бухорои, Огаҳӣ, Мирмуҳаммади Ҳошим, Мавлоно Озарӣ ва бисёр дигарон навъҳои гуногуни шаҳрошӯб навиштаанд.

Сайидо дар асри ХVII суннати эҷоди чунин асарро эҳё кард, ки яке аз хидматҳои дигари адиб дар таърихи адабиёт мебошад. «Шаҳрошӯб»-и Сайидо дар навъи муайяни адабӣ (ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ…) навишта намудааст ва аз ин рӯ, асари шоир дар шакли худ озод аст.

«Шаҳрошӯб»-и Сайидо аз омезиши шаклҳои гуногуни шеърӣ иборат мебошад. Аз ин нигоҳ бунёди «Шаҳрошӯб»-и Сайидоро байтҳои фард

ташкил медиҳанд ва ҳар як байт як шеъри мустақил аст. Бинобар ҳамин ҳам асар вазни ягона низ надорад ва дар вазнҳои гуногун навишта шудааст.

Миробид Сайидои Насафӣ дар «Шаҳрошӯб» намояндаи касбу корҳои гуногун мисли: заргар, бофанда, кӯлолӣ, танбӯрӣ, қаннод, хиштпаз, мӯзадӯз, чарчинфурӯш, тоқидӯз, деворзан, кабобпаз, ҳалвогар, дарзӣ ва ғайраро хеле устодона тасвир кардааст. Дар ин асари шоир ҳамагӣ 212 нафар намояндаи касбу ҳунар ба таври ҳазломезона васф карда мешавад.

«Шаҳрошӯб» нишон медиҳад, ки Сайидо то кадомин поя бо мардуми меҳнатӣ, бо табақаҳои иҷтимоӣ-истеҳсолии ҷамъият наздик аст. Ба мардум, ба нозукиҳои кору пешаи онҳо ба рӯзгору зиндагӣ ба муносибату рафтор ва гуфтору фаъолияти онҳо аз наздик ошно мебошад.

Асар арзиши адабӣ-ҳунарӣ низ дорад, зеро аз ҷониби шоири тавоно, сухансанҷи соҳибистеъдод рӯи кор омадааст. Санъати суханофаринии адиб, ҳунари эҷоди санъаткор, сабки нигоришу шеваи таълифи Сайидо дар ин асар то ба ҳадде хусусияти халқӣ гирифтааст.

Чунончи:

Дилбари ҳалвагарамро ҳаст теғе дилхарош,

Аз ғами ӯ қоматам хеле гашт чун ҳалвотарош

ё худ:

Дилбари қассоби ман омад, дӯкони худ кушод, Дунбаро аз пеши худ бигрифт, пеши ман ниҳод!
Мазмуну мундариҷаи шеърҳои ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо.

Сайидо махсусан ба табақаҳои ҳунарманди ҷамъият таваҷҷӯҳи махсус дорад. Зеро онҳоро дар ашъори лирикиаш (ғазалиёту қитъаҳо…), дар

«Шаҳрошӯб» ва инчунин ашъори махсуси ба ин тоира бахшидааш васфу тавсиф кардааст. Албатта, дар таърихи адабиёт фасли тоза низ ҳаст, ки дар шакли маснавӣ рӯи кор омадаанд. Дилбастагии шоир ба ин тоифаи мардум, шояд аз он ҷиҳат бошад, ки ӯ худ аз аҳли ҳунар аст. Сайидо дар ашъори ба табақаҳои ҳунармандон бахшидаи хеш намоядаи ҳашт навъи ҳунарро васф кардааст, ки аз ҷумлаи онҳо: баққол, шустагар, нонво, наққош, наҷҷор, шотир, таштгар ва қассоб мебошанд. Ин ҳашт шеъри ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо дар маҷмӯъ дорои 290 байт аст ва онҳо манзумаҳоеанд, ки аз ибтидо то интиҳо дар як мавзӯъ эҷод шудаанд. Муҳим он аст, ки дар ин манзумаҳо инсони соҳибҳунар ва меҳнаткашу заҳматқарин мавриди ситоишу васф қарор гирифтааст. Чунончӣ, дар манзумаи «Дар таърихи наҷҷор» меорад:

Бути наҷҷори ман сарвест якто, Зи сар то пой пайванд аз тамошо. Санвабар истода бар дӯконаш, Тарошаш хешро аз бандагонаш. Ба боғи орзу сарви таманно, Занад пеши қади ӯ теша бар по.

Ҷаҳоне хидмати ӯ карда пеша, Занад ҳар кас ба сӯи хеш теша. Забони тешааш ширинтакаллум, Ба хуни Кӯҳкан хӯрда тараҳҳум, Зи оби тешааш пур устухонам, Ба зикри сарраш бошад забонам.

Чӣ арра? Чун забони шӯъла саркаш, Фиканда ошиқонро дар кашокаш.

Чӣ арра? Зердасташ сарбалндон, Бувад море зи сар то пой дандон. Ҳамеша шеваи ӯ дилхаршӣ

Ба хубон менамояд нозпошӣ Нигоҳи ӯ камандосо кашида,

Ки бшад гӯшаи чашмаш баранда. Чӣ ранда? Дорад аз оина сина, Чӣ сина?Соф дил аз меҳру кинае Забони ӯ бувад бод ил мувофиқ, Саре дорад ба ҳамворӣ чу ошиқ. Асоси хонаҳоро ӯст устод,

Ба аҳди ӯст ошиқ хонаобод. Дуконаш дар бар рӯи арш баста Димоғаш дар сари курсӣ нишаста

Ба ҳар манзил гузорад по ҳамон дам, Кунад чун теша синҷи хона маҳкам. Сафед аз интизораш чашми дарҳо, Чунон печидаи занҷир назарҳо, Бутон бар сурати ӯ гашта ҳайрон, Хичил аз бутпарастӣ бутпарастон, Хароби мақдами ӯ хонумонҳо,

Гул афтода ба чашми тобандонҳо. Намебинам ба асри хеш бунёд, Ғами ӯ хонумонам дод барбод.

Рухаш то рафта аз кошонаи ман, Сияҳ гардида рӯи хонаи ман.

Маро кай аз дуконаш баҳрамандист? Зи ҷӯши ишқбозон тахтабандист.

Ба ман кай ошно аз рӯи ёрист? Дилаш дар ошиқӣ таҳчӯбкорист. Ба аҳди хештан устод бошад, Вафояш лек бебунёд бошад,

Биё, соқӣ, даре бикшо ба рӯяш, Ба ҷоми бода бишкан орзуям, Маро чун Сайидо маъмур гардон. Диламро хонаи пурнур гардон.

Манзумаи мазкур дорои 25 байт буда, ба қасида ҳаробат дорад. Он дар шакли маснавӣ эҷод гардида, пешаи наҷҷорӣ ва ҷузъиёти он,

лавозимоте, ки барои касби мазкур зарур аст ва худи наҷҷор ва ғайр мавриди тасвир қарор дода мешавад.

Манзума дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур таълиф шудааст, ки афъоли он чунин аст:

V—IV—IV–(V–)

Яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлун.

Интиҳои асар, дар ҳаҷми ду байт муроҷиат ба соқиро дар бар мегирад, ки моҳияти сӯфиёна дорад. Инчунин, дар байти охирин тахаллуси шоир омадааст.

Яъне шоир ба ин восита меҳнатро васф мекунад, аҳамияту моҳияти ин ё он пешаро хеле бо ҷузъиёт баён менамояд. Масалан, аз пешаи наҷҷор мунтаҳо хоса-макони ошиқон бунёд мешавад, ки бе он на танҳо инсон балки ҳама махлуқи ҷондор эҳтиёҷ ба хона дорад. Пас касби мазкур сазовори васфу ситоиш ва барои мардум аввалиндараҷа мебошад.

Ё ин ки дар манзумаи дигар оид ба пешаи баққолӣ сухан меравад ва он

«Дар таърихи Хоҷа мирзоҷони баққол» унвон дораду аз 53 байто иборат буда, бо чунин матлаъ шурӯъ мешавад:

Диламро бурда сарви ҷомазебе, Биҳиштиталъате одамфиребе.

Манзумаи мазкур дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф иншо шудааст ва афоъили он чунин аст:

V—IV—IV–

Яъне: Мафоъӣлун мафоӣлун, фаъӯлун.

Дар ин манмузма низ шахсияти баққол ҳамчун донандаи пешаи худ, аз ҳар ҷиҳат: хислату рафтор, гуфтору кирдор, муносибату муомила ва ғ. бо ҷузъиёти меҳнати баққол, ороиши дӯкони ӯ, воситаҳои меҳнат ва тарзи коргирии баққоли соҳибмаърифату донно ва дар кори худ тавоно, бо кули нозукиҳои кору фаъолияташ ситоиш карда мешавад. Баъзан баёни шоир оҳанги ҳазлу шӯхӣ ва ҳатто гоҳо каме ҷанбаи тамасхур низ мегирад. Шояд дар чунин ҳолат шӯхчашмиҳои мардуми бозор дар симои чунин соҳибҳунарон мавриди тасвир қарор дода мешаванд. Чунончӣ:

Зи санҷидаш димоғи лаъли хунбор, Зи рангаш сурх гашта рӯи бозор,

Ё худ:

Ба ҷон парварда ӯро золи даврон, Ниҳода номи ӯро Мирзоҷон.

ва ғ.

Ба ҳамин тариқ, дар манзумаҳои дигари ба ҳунарварону соҳибипешагон бахшидаи Миробид Сайидои Насафӣ, аз ҷумла: «Дар таърифи Хоҷа Мирзомуҳаммади Шӯстагар», «Дар таърифу тавсифи нонво», «Дар таърифи Хоҷа Шафеъи наққош», «Дар таърифу тавсифи шотир», «Дар таърифи қассоб» ва ниҳоят «Дар таърифи таштгар» касбҳо, пешаҳо, ҳунарҳо, ҳирфатҳо ва соҳибони онҳо бо хислату рафтор, гуфтору кирдор, муомилаву муносибат ва асрори ҳунарии эшон ва назокати кору фаъолияти онҳо ба тасвир гирифта шудааст. Масалан, назокати пешаи наққоширо («Дар таърифи Хоҷа Шафеъи наққош») ки

боиси зебу зиннат ва ороиши ҳар як макон мегардад, чунин ба мушоҳида мегирад:

Гузорад пой бар ҳар остона, Кунад он хонаро оинахона,

Ба килки худ намесозад ситамро, Кунад ангушти ӯ кори қаламро.

Ё худ дар манзумаи «Дар таърифи қассоб» ҷузъиёти пешаи мазкурро аз забони гӯсфанд меорад, ки барои забҳ омадаст ва аз он боке надорад, ки барои забҳ омадаст ва аз он боке надорад, зеро тӯъмаи ҳалоли халифаи Ҷаҳонофарин шудан ормони интиҳони ӯст:

Ба дӯконаш равам дар хун тапида, Наяндешам зи саҳрои бурида.

Агар хунам бирезанд, мотамам нест, Зи поям гар биёвезанд, ғамам нест.

Ё ин ки дар манзумаи дигари шоир, ки «Дар таърифу тавсифи нонво»- ном дорад, ҳунари нонвоӣ ва кӯҳантаърих будани он, қадршиносӣ дидани пешаи мазкур миёни насли инсон ба тасвир оварда шудааст. Шоир макони омодашавии нон-танӯрро бо усули тоза ва басо образноку шево ба мушоҳида мегирад:

Танураш сурхрӯ аз оташи гул, Хасу хораш бувад мижгони булбул.

Умуман ашъори ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо чанд ҷиҳати хоса дорад, ки онро таъкид намудан аз аҳамият холӣ нест:

-Сайидо ҳам дар ашъори лирикӣ, асари алоҳида ва шеърҳои ҷудогона яъне бо се роҳ ба ин мавзӯъ васфи аҳли ҳунар ва пешаи онҳо рӯ овардааст.

-Шоир анъанаи адабӣ, суннати эҷодиро ба таври васеътар эҳё намуда, дар ҳамин замина баъзе тозакориҳо кардааст.

-Адиб ба ин восита эҷоди бадеъро ба рӯзгори халқ, ба аҳли меҳнат боз ҳам наздиктар намудааст.

-Таркиби луғавии забони адабии тоҷикро дар асри ХVII аз ҳисоби калимаву ибораҳои соҳавӣ нисбатан ғанӣ гардонидааст.

«Баҳориёт»-и Сайидо-сохтор, мазмун ва мундариҷаи он.

«Баҳориёт» ва ё «Ҳайвонотнома» асари тамсилии Миробид Сайидои Насафӣ буда, дар рӯзгори Абдулазизхони аштархонӣ (1645-1680) соли 1091ҳ. (1680м.) дар муддати ду-се рӯз таълиф шудааст ва дар ин бора худи шоир чунин ишора дорад:

Ин нусха, Сайидо ба ду-се рӯз шуд тамом, Дар рӯзгори ҳазрати Абдулазизхон.

Таърих аз ҳазору навад як гузашта буд, Аз ҳиҷрати Расулшаҳи охируззамон.

Асар ҳаҷман чандон калон набуда аз 184 байт иборат мебошад.

«Баҳориёт» дар баҳри Музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф ё мақсур навишта шудааст ва афоъили он чунин аст:

–V|-V-V|V–V|-V- ё худ:-V

яъне: мафъулу фоъилоту мафоъилу фоъилун ё фоъилон. Асар чун суннати устувор бо ҳамду санои Худо оғоз мешавад:

Аввал ба номи он ки муббарост аз макон, Халлоқи ваҳшу тайру Худованди инсу ҷон. Он сониъе, ки шоҳиди ӯянд ҳар вуҷуд,

Он қодире, ки дар сифати ӯст ҳар забон.

Асар аз муқаддима, қисмати асосӣ ва хотима иборат буда, муқаддимаи он ҳамди Худо ва наъти Расули акрам (с.) –ро дар бар мегирад:

Баъд аз санову ҳамди Худованди зулҷалол, Миннат ниҳам зи наъти Расули Худо ба ҷон.

Баъд аз он, шоир қайд мекунад, ки баҳри рафъи хастагӣ ва парешонии табъи мардумон ният дорад, ки аз вуҳуш-ҳайвонот сухан бикунад. Шоир барои мушоҳида ба саҳро баромада сараввал мушакеро мебинад, ки назди дари хонаи худ нишаста хештанситоӣ дорад:

Мехоҳам аз вуҳуш замоне сухан кунам, Дафъи малол то шавад аз табъи мардумон. Рӯзе мани ғариб дар айёми навбаҳор,

Аз кунҷи хона ҷониби саҳро шудам равон. Дидам нишаста бар дари сӯрох мушаке, Мекард худ ба худ сифати хешро баён.

Худситоӣ ва таърифкугии муш то ба ҷое мерасад, ки боиси хашм гирифтани ҷонвари дигаре мешавад:

Аҷдоди ман ба мири мушон такя мекунад, Имрӯз дар баробари ман кист дар ҷаҳон.

Гурбаи даргузаре инро шунида тоқаташ тоқ мегардад ва мушро сахт танқид намуда, худашро таъриф мекунад:

Ай беадаб, ту шарм надорӣ зи рӯи ман? Аҷдоди ту шуданд ҳама пеши ман калон. Обои олии23 ту бувад кӯршабпарак

Абнои софили24 ту ҳам аз ҷинси сифлагон. Пур кардаӣ зи хок ба ҳар хона рафтаӣ, Ай, хонаҳои халқ зи дасти ту хокдон!

Дандонзанист кори ту ҳар ҷо, ки дона аст, Ҳастӣ ҳамеша душмани анбори мардумон. Гурба худистоӣ намуда мегӯяд:

Бар ман бубину нек тамано бикун маро, Яъне зи шер сурати ман медиҳад нишон. Паррандае, ки бигзарад аз пеши чашми ман, Ӯро ба чанги хеш дарорам ҳамон замон.

Азбаски дар миёнаи мардум мукаррамам, Ҷоям ҳамеша ҳаст ва паҳлуи меҳмон.

Ба ҳамин тариқ, худтаърифкунии гурбаро шунида саг ба низоъ ҳамроҳ мешавад. Вай гурбаро сарзаниш намуда, худашро ситоиш мекунад. Яъне дар «Баҳориёт» ҳамагӣ 18 ҳайвон иштирок мекунад, ки яке пас аз дигаре

23 Обои олӣ- падару бобоён

24 Софил-паст

зуҳур карда сифатҳои манфии тарафи муқобилро як-як номбар намуда, мазаммат менамояд ва пасон ва худситоӣ шурӯъ мекунад. Тартиби ширкати ҷонварон дар асар чунин аст: муш, гурба, саг, гӯсфанд, гург, гов, уштур, сангпушт, хорпушт, рӯбоҳ, харгӯш, маймун, оҳу паланг, фил, карк, шер ва мӯрча бо баёни хислатҳои бади ҳамдигар ва зикри сифатҳои хуби хеш мунозираи хеле тезутунд менамоянд.

Шоир дар тасвири мунозираи ҳайвонот хеле мушоҳидаҳои дақиқу нозук менамояд, зеро зиддиятҳои тибии ҷонваронро, ки ҳатто мардумон низ медонанд, қайд намуда нафъу зарари расонидаи онҳоро таъкидан баён мекунад: мушу гурба, гурба ва саг, гӯсфанду гург ва ғ.

Дар асар худситоии хеле зиёдеро шер дар бораи худ ва аҷдодаш раво мебинад, ки он боиси хашм гирифтани мӯрча мегардад. Шер каркро сарзаниш мекунад, ки:

Ай сахтрӯю сустқадам, чобӯкӣ макун, Ҳастӣ ту пеш як қадам аз гови подабон Тифлон аз забони ту парҳез мекунанд, Бошӣ ту дар миёнаи ин қавм бадзабон. Аҷдоди ман ба шерри Худо даст додаанд, Аз чашми ман ва агар на кӣ меёфтӣ Амон. Ҳаргиз шикории дигареро нахӯрдаам,

Як раҳ ба хуни мурда наёлудаам даҳон. Дар бешае, ки мераваму мекунам қарор, Берун зи қаҳтсол шаванд аҳли он макон. Бо ҳар кӣ бингарам, ҷигараш об мешавад, Аз мӯр камтаранд ба чашмам баҳодурон.

Сарзаниши шер, ки баҳодурон ба мӯрча муқоиса карда мешавад, таҳқир шудани мӯрча ба садои фахромези шер боиси хашм гирифтани мӯрча мешавад. Ҳадафи мӯрча аслам донпайдокунӣ буд, вале мазаммати шерро шунида ғазаб мекунад ва абнои ҷинси хешро мисол меорад, ки агар мо иттифоқ шавему сарҷамъ гардем, шерри ҷаҳонро пӯст хоҳем канд:

Дар фикри дона мӯрчае буд дар гузар, Омад ба Шеру гуфт, ки:-Эй Рустами замон! Аз иттифоқи мӯрчагон ғофилӣ магар,

Варна чаро ҳақир шуморию нотавон? Хӯроки аҳли байти ман аст аз нитоҷи ту, Доим пур аст хонам аз шер баччагон.

Тифлони шермасти ман имрӯз шергир, Хешони нотавони мананд аз ту комрон.

Таъсири суханони мӯрча то ба ҳадде мерасад, ки ҳамаи ҷонварон аз кирдори хеш пушаймон мешаванд ва онҳо ҳатто аз ҳамдигар узр хоста оштӣ мекунанд. Шоир лаҳзаи мазкурро чунин ба қалим овардааст:

Чун аз забони мӯрча ин ҳарф шуд баланд, Таслим карда карда расиданд ваҳшиён.

Гуфтанд узрҳо зи таҳи дил ба якдигар,

Афтод пои оштиё андар он миён.

Мантиқан агар андеша карда шавад, «Баҳориёт» бо кибру ғурӯр оғоз шуда бо низоъҳои паёпай ҷараён гирифта то ба интиҳо қариб давом мекунад. Муҳим он аст, ки бо сулҳ ва оштӣ тамом мешавад ва ҳатто ҷонварон аз ҳамдигар узрпурсӣ менамоянд, ки мақсади эҷодкор табиши фалсафӣ мегирад. Яъне ҳама гуна ҷанг ба сулҳ хотима меёбад. Пас ин ҳамин маъниро низ дорад, ки ҷанг, кибру ғурур, ҳавобаландӣ, худхоҳӣ умри тӯлонӣ надорад ва ҳатман пушаймонӣ ба бор меорад.

Албатта, ба чунин натиҷаи фалсафӣ расидани Миробид Сайидои Насафӣ бесабаб нест. Шоир аз анъанаҳои адабии тоисломӣ ва асримиёнагӣ иттилооти комил дошта дар эҷодиёти худ аз онҳо кор гирифтааст. Сайидо дар ҳамин замина низ тозакориҳо карда метавонад ва ӯ чунин ҳам кардааст. Ӯ бо эҷоди ин асари худ ду ҷанбаи суннати адабии миллиро тақвият бахшидааст: яке осори тамсилиро таҳким бахшидаву дигаре адабиёти мунозиравиро эҳё кардааст. Намунаи комили асари тамсилӣ-мунозиравӣ «Дарахти Ассурик ва буз» аст, ки дар адабиёти асримиёнагӣ таъсири фаровон гузоштааст. Махсусан дар асри ХI тавассути эҷодиёти Носири Хусрав ва бештар дар осори Асадии Тӯсӣ мунозира ҷилои тозае касб мекунанд. Намунаҳои комили мунозира панҷ қасидаи Асадии Тӯсӣ: «Замину осмон», «Тиру камон», «Шабу рӯз»,

«Габр ва мусулмон» «Арабу аҷам» ба ҳисоб меравад. Дар ин асарҳо интихоби мавзӯъ ва масъалагузорӣ, ҳалли масъала ва натиҷагирӣ аз он тамоман нав, ниҳоят муҳим ва арзишманд мебошад.

«Баҳориёт»-и Сайидо ҳамчун асари адабӣ, пеш аз ҳама дар нақши 18- ҷонвар нишон додани муносибатҳои табақавӣ дар ҷамъият аст. Дар рӯи замин агар пурқувваттарин ҷонвар шер бошад, ҳақиру нотавон мӯрча ба шумор меравад.

Шоир ҳушдор медиҳад, ки хисоли ҳамида фурӯтанӣ, хоксорӣ, шикастанафасӣ, ҳалимӣ, дурандешӣ, сабурӣ, хайрхоҳӣ, некӯкорӣ, дидароӣ, тавозӯъ барои солимии ҷомеъа ҳатмӣ ва ногузир мебошад. Дар муқобили хисоли ҳамида, ки номбар кардем, хислатҳои разила: кибр, ғурур, худхоҳӣ, кӯтоҳназарӣ, ҳавобаландӣ, сабӯкандешӣ, бузургманишӣ, ҷоҳталабӣ, нодилӣ, пастфитратӣ, сифлагӣ, дунҳимматӣ, разилӣ, ғаразхоҳӣ, фитнаангезӣ гузошта мешавад. Шоир ду паҳлуи хисоли инсониро (ҳамида ва разиларо) ҳатто дар ниҳоди як ҷонвар ҷой медиҳад. Аҷоиб он аст, ки зикри хислатҳои ҳамила ва дар ҳамин замина содир гардидани кибру ғурур ва ҳам тафохури бебунёд, аз забони худи ин ва ё он ҷонвар таъкид карда мешавад. Вале аз тарафҳои манфии ҳаёту фаъолияти худ он ҷонвар забон намекушояд. Сифатҳои зишту носавоби он аз тарафи ҷонвари муқобили вай номбар гардида, сарзаниш карда мешавад. Вале аз тарафҳои манфии ҳаёту фаъолияти худ он ҷонвар забон намекушояд. Сифатҳои зишту носавоби он аз тарафи ҷонвари муқобили вай номбар гардида, сарзаниш карда мешавад, ки хеле хуб ва табиист. Ҷараёни хатти ҳаракати сюжет ва тезутунд гардидани муносибатҳо, гӯё ҷӯёи ҳақиқати воқеӣ аст. Ин аст ки шоир онро дар нақши табақаҳои басо беозору заҳматкаштарини рӯзгор мӯрча мебинад ва хеле хуб ҳам пайдо мекунад, зеро ҷараёни бархурдҳо, муқовимати низоъҳо, баҳамоии

тазодҳо чунин роҳи ҳалли мушкилотро пеш меорад. Бузургии шоир, эҷодкор ва мафкурабардор ҳам дар ҳамин аст, ки роҳи баромадан аз вазъияти баамаломадаро пайдо карда тавонад. Ин мушкилотро Сайидо дар созгории табақаҳои иҷтимоӣ дар меёбад. Ӯ таъкид менамояд, ки ҳар як табақаи иҷтимоӣ дар ҷомеъа ҷой, мақоле ва мавқеи худро дорад.

Пояи шоирии Сайидо.

Аз рӯи қазовати Муҳаммад Бадеъ Малеҳои Самарқандӣ: «…Ҳар касс шеъри ӯро медонаду ҳар шахс бошад беҳтар медонанд ва бештар мехонанд». Ин фармуда маҳбубият ва шӯҳрати шеъри Сайидо ва ҳунари эҷоди ӯро дар бар гирифтааст. Дар ҳақиқат мақому мартабаи Сайидо дар эҷоди ғазалу мухаммас ва ашъори ихтисосдодаи ӯ ба ҳунармандию ҳунармандон, инчунин осори тамсилӣ-мунозиравӣ басо сазовори таҳсин аст. Албатта, шоир вобаста ба мақоми адабии худ қадршиносӣ нашуда бошад ҳам, ҷомеъа ё худ оммаи мардум эҷодиёти Сайидоро аз бар карда, ба ҳунари шоир ва санъати назми ӯ таваҷҷӯҳи хос доштаанд. Муҳим он аст, ки ин паҳлуи масъаларо худи шоир ҳамдарк кардааст. Ҳатто борҳо дар ашъораш ба ин ҷиҳат ишораҳо кардааст:

Маро кай метавонад аз забонҳо ҷамъ кард акнун, Ман он рози ниҳон будам, ки берун аз даҳон рафтам.

Ҳадаф дар байти боло бақои исми эҷодкор, пойдории эҷоди бадеъ, қадршиносии адабиёт ва ҳунари сухансанҷӣ мебошад. Ё худ мақсади Сайидо ба ҷуз аз шеъру сухангустарӣ чизи дигаре дар ин олам набудааст ва ӯ пайваста дар андешаи эҷоди бадеъ-шеър будааст:

Ҷуз фикри шеър пешаи мо нест, Сайидо, Моро ба даҳр мансаби дигар надодаанд.

Яке аз хидматҳои назарраси Сайидо дар таърихи адабиёт он аст, ки ӯ адабиётро, хоса шеърро ба зиндагӣ, ба ҳаёт, ба рӯзгори мардум, ба халқ, ба табақаҳои иҷтимоии заҳматии ҳаёт наздик кард ва инро дар ин ва ё он марҳилаи эҷодӣ не, балки тамоми умри хешро маҳз ба ҳамин масъала бахшида, ба ҷуз он фикри дигаре накардааст.

Хизмати шоир оид ба пазироии суннат ва дар ҳамин замина ба даст овардани тозакориҳои адабӣ басо сазовори таҳсин аст.

Сайидо дар рушди жанрҳо, таҳаввули анвои адабӣ, тақозои тематикӣ, ҷузъиёти бадеии лирикӣ, ҳунари эҷоду маҳорати таълиф, коргирӣ аз санъатҳои шеъриву воситаҳои тасвир ва ғайра низ раҳу равиши хоси худро дорад.

Саҳри сухани ҳунарии ӯ ҳанӯз дар замони худи шоир, дар сар то сари Шарқ шӯҳрати пайдо карда будааст:

Ба мулки Исфаҳону Ҳинд мехонанд ашъорам, Зи Туркистонаму ҳаргиз надорам эътибор ин ҷо.

Саҳми Сайидо дар ғанӣ гардонидани таркибу фонди луғавии забони тоҷикӣ низ басо бузург аст.

test

Добавить комментарий