Сайидои  Насафи

 

Дар фикри дона мурчае буд даргузар,

Омад ба шеъру гуфт, ки: Ай Рустами замон!

Аз иттифоки мурчагон гофили магар

В-арна чаро хакир шуморию нотавон?

 

Насаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбхои хунарманди пешаи бофандаги ривоч дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосворихои арзонбахое тайёр мекарданд, дар он рузгор сохибиззат буданд. Касби бофандаги мехнати дущворро талаб мекард. Бесабаб нест, ки халк бодили пурдард дар бораи сахтию душворихои бофандаги сурудхо эчод кардааст:

Дилакам зардоб шуд аз чак-чаки бофандаги,

Чашмакам пуроб шуд аз риштахои кандаги.

Аз сахар то шом почак мезанам дар чах-чахак,

Коматам дар тоб шуд аз кори бори зиндаги.

Миробид Сайидои Насафи барои таъмини рузгори хеш пайваста нозукихои касби меросии бофандагиро меомузад  дар баробари касбомузи Сайидо дар мактаб низ тахсил мекард. Ин буд, ки тадричан хату савод бароварда, эчодиёти пешиниёнро меомухт. Ашъори Саъди, Хусрави Дехлави, Хасан, Хофизу Камол ва бисёр дигаронро хифз мекард ва худ низ ахён-ахён шеър мегуфт. Мухаббат ва мероси маънавии гузаштагон, санъати волои суханвари, хунари нотакрори хар як эчодкор уро кайхон намуда буд. Хамин дилбастаги уро водор сохт, ки рохи Бухороро пеш гирад. У ба Бухорпо омад, тахсили олии худро дар мадрасаи Лаби Хавзи Нодир – девонбеги пеши олимону донишмандони бузурги замон давом медихад. Пас аз дарс Сайидо бештари вакти худро барои омухтани ашъори пешгузаштагону муосиронаш сарф намуда, нозукихои каломи бадеъ, сирри хунари эчодро меомухт. Илова бар ин, ба табакахои хунарманди чомеаи онрузаи Бухоро пайваста дар иртибот буд. Аз миёни тоифаи мазкур дустони зиёде пайдо мекунад ва он ёрону дустонаш дар мавридхои зарури ба Сайидо ёрии модди мерасонанд, то ки у тахсилашро давом бидихад. Чун вазъи зиндаги имконият дод, ки Сайидои Насафи тахли мадрасаро бомуваффкият ба анчом расонад ва дар айни замон махорати суханварию нуктасанчии худро такмил дихад. Беш аз ин хаёти адабии шахр ширкат варзад.

Сонитар хаёти оилави Сайидои Насафиро мачбур месозад, ки дар рузгори чавони пешаи бофандагиро давом бидихад. У дар газали  <<Мекунам бофандаги>> аз ночурихои ахди худ шикоят менамояд:

Дар бахор аз фока ранги заъфарон бошад маро,

Порахо бар душ аз барги хазон бошад маро.

Бахри рузи мекунам бофандаги чун анкабуд,

Хона хамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.

Гаштам аз фока хам чун тири бепар гушагир,

Хонахои хушку холи чун камон бошад маро.

Чун фалк аз мехру мах бар суфра дорам нони кок,

Рузу шаб шармандаги аз обу нон бошад маро.

Сайдои Насафи бо максади рахоёби аз мушкилоти рузгор бо баъзе сохибмансабони замонааш Хочидодгох ва Рахимби Юз наздики пайдо мекунад. Шоир хатто бахшида ба хокимони давр Абдулазизхону Субхонкулхон ва Убайдуллоххон бо нияти дарёфти инъому эхсон чандин шеърхо менавмсад. Сайидои Насафи ашъори хадафноки мадехавии худро камарзиш дониста, ба ин восита аз миёни сарватмандону сохибмнсабон дигар муттакочуиву мураббикоби намекунад, зеро ба у асрори дарбору дарбориён то андозае ошкор мегардад ки, зимомдорони давр камхираду бедонашанд. Аз ин ру, дур будан аз эшонро авлотар мехисобад.

Ин аст, ки Сайидо мегуяд:

Дар ахди мо ривоч бар ахли хунар намонд,

Имруз обруй ба лаълу гухар намонд.

Аз хеч хонае набаромад садои чуд,

Дар рузгори мо зи каримон асар намонд.

Гардуни сифла бехунаронро ривоч дод,

Азбаски эътибор ба сохибхунар намонд.

Хол он ки ашъори Сайидо хануз дар замони худи у на танхо дар сарзамин Мовароуннахр Хуросон хатто дар каламрави Эрону Хиндустон пахн гардида буд.

Шоир ма ни маъни чунин мегуяд:

Ба мулки Исфахону Хинд мехонанд ашъорам,

Зи Туркистонаму харгиз надорам эътибор инчо.

Чун зимомдорон аз ахли шеъру адаб, фарханг кадршиноси намекарданд, бисёре фархангиёни замони шоир чалои диёр карда буданд ва бештари онхо ба сарзамини Хинд мерафтанд.

Шоир бахолати мазкур чунин ишора менамояд:

Аз тихидасти чу сарви бог поям дар гил аст,

Рахт мебандам, агар зоди сафар бошад маро.

Кушишу такопухои Сайдо бе натича поён ёфт ва ин холатхо шоирро рухан азияд медод. Ин буд,ки шоир рахои аз ин холати пешомадаро дар гушанишини, канорачуи пайдо кардан хост ва ин рохро низ пеш гирифт. Сайидои Насафиро боз хам вазнинтар, холоти рухии уро заифтар намуд.

Чунончи, шоир мугуяд:

Он ки мегиряд ба холам, чашми хунини ман аст

В-он ки бардорад сарам аз хок, болини ман аст.

Ин буд,ки шоир аз руи эхтиёчоти рузгор бозру ба миёни мардум меорад ва галати худро фахмида дар як муддати кутох ислох менамояд:

Хосил нашуд зи гушанишини муроди ман,

Худро зи хона бар сари бозор мекашам.

У натанхо азби эчодиро аз сар мугузаронду токат менамуд, балки мехнати чисмони-бофандаги мекард ва дар ин рох худро ба Фарходи кухкан хамсангу монад мудонист.

Ба ин маъни ишора намуда мегуяд:

Ба зури дасту бозу мехурам, ай Сйидо, рузи,

Маро чун кухкан хуни чигар бошад бех аз ширам.

Аз баъзе тасвирхои ичтимоии шоир бисёр лахзахои рузгори уро метавон пеши назар овард, ки барои баркарору пурра намудани зиндагиномаи Сайидо ёри мерасанад. Масалан, ба ин тасвири ичтимоии шоир агар таваччух карда шавад, ахволи ичтимоии адиббоз хам равшантар мегардад, ва поёни умри Сайидои Насафи низ дар Бухоро гузаштааст ва у тахминан соли 1711 дар хамон чо вофот кардааст.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.