Вазъи сиёсӣ иҷтимоӣ дар замони истилои араб

 

Гарчанде барои ба таври доимӣ забт карда шудани Мовароуннаҳр ва ба хоки хилофат бевосита ҳамроҳ карда шудани он ҳанўз дар охирҳои асри 7 дар вақти Абдулмалик фармон содир шуда буд, вале истилои Мовароуннаҳр бо сардории Қутайба ибни Муслим сурат гирифт.

Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо Қутайба дар вақти амалиёти ҳарбиии худ аз Мовароуннаҳр ва Хуросон сад ҳазор нафар аҳолии маҳаллиро асир намуда, ба тариқи ѓуломӣ ба Афѓонистон мефиристад. Як қисми ҳавлӣ ва замини аҳолии шаҳрҳо ва воҳаҳои зироатӣ маҷбуран мусодира кунонда шуда, дар байни арабҳо тақсим карда мешавад.

Вазифаҳои маъмурияти давлатӣ, идора кардани мамлакат ба дасти ҳуди намояндагони хилофат мегузарад. Барои беҳтар таъмин намудани ҳукмронии хилофат, барои зудтар паҳн намудани Ислом чораҳои гуногун дида мешавад. Аз ҷумла халифаи вақт Умар бинни Абдулазиз (717-720) амр мекунад, ки дар Хуросон ва Мовароуннаҳр аз мусулмонон хироҷ нагиранд. Вале дере нагузашта дар соли 727, ҳангоме ки аксарияти аҳолии мамлакат ба Ислом дохил мешаванд, даромади хазинаи хилофат якбора хеле таназзул мекунад, бинобар он маъмурони хилофат аз мусулмонон хироҷ гирифтанро дубора ҷорӣ мекунанд.

Дар соли 108 ҳиҷрӣ (726мелодӣ) дар Хатлон шўриши зидди хилофат ба вуҷуд омад. Волии онвақтаи Хуросон Асад бинни Абдулло бо қувваи хеле зиёди ҳарбӣ ба Хатлон рафт, аммо дар натиҷаи муқобилияти далеронаи мардуми Хатлонзамин ба шикасти сахт дучор гардида, баъд аз машаққатҳои зиёд худашро ба Балх расонид.

Рақибони хилофати Бани Умия – Аббосиён, дар навбати худ, аз шуҷоат ва норозигии мардуми Мовароуннаҳр ва Хуросон истифода намуда, тарѓиботи худро дар вилоятҳои шарқии хилофат пурқувват менамоянд. Норозигии халқҳои маҳаллӣ ва тарѓиботи Аббосиён чунин натиҷа медиҳад, ки дар соли 127 ҳиҷрӣ (747мелодӣ) дар Марв ҳаракати Абўмуслими Хуросонӣ амалан шурўъ шуда, дар соли 750 ба воқеаи барҳам ҳўрдани хилофати Бани Умия ва ба рўи кор омадани сулолаи нав – Аббосиён ба охир мерасад.

Лекин Аббосиён баъд аз ба хилофат соҳиб шудани худ, ваъдаҳои дар бораи сабук кардани бори зиндагии аҳолии меҳнатӣ додаи худро иҷро накарданд. Фақат дар баробари ин ки бо арабҳо аристократияи заминдори маҳаллӣ ба корҳои сиёсии маъмурии хилофат кашида шуд, ба халқҳои маҳаллӣ ба мардумҳои он маҳалҳое, ки дар ҷунбиши Абўмуслим қувваи асосии ҳарбии зидди хилофати Бани Умияро ташкил медоданд, ҳеҷ гуна сабукие дода нашуд.

Ин буд ки аз рўзҳои аввали ба рўи кор омадани Аббосиён дар Мовароуннаҳр ва Хуросон шўришҳои халқӣ шурўъ шуд. Яке аз ин шўришҳо шўриши Беҳофарид буд, ки дар Нишопур ба вуҷуд омад. Назар ба қавли Берунӣ роҳбари шўриш ақоиди зардуштиро бо баъзе тарѓибот қабул намуда, таълимоти худро ба муқобили Ислом равона карда буд. Ин шўриш баъд аз кушторҳои зиёд хобонида шуд.

Дар соли 755 воқеаи ба дасти халифаи дуюми Аббосӣ – Ал-Мансур кушта шудани Абўмуслим ҳамчун яке аз баҳонае шўришҳои халқӣ ва муборизаҳои зидди хилофатро боз бештар шўълавар гардонид. Агар чанде Абўмуслим дар вақти волии Хуросон будани ҳуд, чӣ навъе ки дар боло дида шуд, баъзе шўришҳои зидди хилофатро ҳобонида эътибори худро каме аз даст дода буд, вале бо вуҷуди ин нуфузи ў дар байни аҳолии вилоятҳои шарқии хилофат, маҳсусан дар Мовароуннаҳр ва Хуросон хурд набудааст. Аз тарафи Абўмуслим ҳамчун сарлашкари моҳир бо муваффақият ва устодона роҳбарӣ карда шудани Ҷунбиши зидди хилофати Бани Умия мавқеи ўро дар назари мардум хеле бузург гардонида буд.

Аз ин ҷост ки дар ҳамон соли кушта шудани худи Абўмуслим дўсти ў Синдбоди Маҷусӣ дар талаби хуни вай бар зидди Аббосиён шўриш намуд. Ин шўриш гарчанде дар ѓарбии ҳоки Эрон шурўъ шуд, вале то Табаристон ва Хуросон паҳн гашт. Шўриш ҳафтод рўз давом кард ва баъд аз дар Рай кушта шудани сардори шўришчиён хобонида шуд. Мувофиқи ахбороти сарчашмаҳо қувваи ҳарбии Аббосиён аз шўришчиён шаст ҳазор касро ба қатл расонида, зан ва фарзанди онҳоро ба канизӣ ва ѓуломӣ гирифтанд.

Дар соли 761 шўриши бузурге дар таҳти роҳбарии Устод Сис дар Ҳирот рух дод, ки он бар зидди дини Ислом ва хилофати араб равона карда шуда буд. Аз сарлашкарони Аббосиён Ҳозим бинни Ҳазима барои барҳам додани ин шўриш маъмур гардид. Ин сарлашкар фақат дар соли 768 ба хобонидани шўриш муваффақ гардида, аз иштироккунандагони он 70 ҳазор касро ба қатл расонид.

Агарчанде Аббосиён бо зарби аслиҳа ин шўришро хобонидаанд, лекин идеяи асосии зиддиисломии онҳоро аз байн бурда натаваонистанд. Идеяи шўришҳои зикршуда дере нагузашта дар шакли ҳаракати Муқаннаъ дар Мовароуннаҳр зуҳур мекунад. Назар ба қавли Берунӣ шўриши Муқаннаъ 14 сол давом кардааст.

#

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.