Зуҳури шеъри форсӣ. Аввалин шоирони форсӣгў.

 

Теъдоди шоироне, ки дар замони Тоҳириён ва Саффориён умр ба сар бурдаанд ба 10 тан мерасад ва номҳои ин шоиронро ба таври зайл нишон медиҳад: Абулянбағӣ, Маҳмуди Варроқ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Муҳаммад ибни Васиф, Бассоми Курд, Муҳаммад ибни Муҳаллад, Фирўзи Машриқӣ, Абўсалики Гургонӣ, Масъуди Марвазӣ ва Абулҳафси Суғдӣ.

Дар љилди дуввуми панљоҳљилдаи осори классикон ва муосирон аз силсилаи «Аҳтарони адаб» теъдоди шоирони аввалини форсӣгў 8 ва ашъори онон 58 байт нишон дода шудааст. Аммо ба љои Масъуди Марвазӣ Баҳроми Гўр омадааст. Теъдоди абёти ин шоирон коҳиш наёфтааст, зеро аз Масъуди Марвазӣ низ 3 байт ёдгор мондааст, ки шоҳномаи ўст. Муаллифони китоби «Рўдакӣ ва суханварони ҳамрўзгори ў» адабиётшиноси тољик Мирзо Муллоаҳмадов ва муҳаққиқи эронӣ Дуктур Носир Љоннисорӣ дар боби сабки Хуросонӣ ва вижагиҳои он баҳс ба миён оварда, дар такя бо ақидаи Мудаббирӣ Маҳмуд соҳиби китоби «Шоирони бедевон» бад ин қарор расидаанд, ки «Аммо дар китоби «Шоирони бедевон» теъдоди ашъори ин давра бо эҳтисоби шеъри Муҳаммад бини Муҳаллади Сагзӣ 42 байт мешавад ва тартиби шоирони ин давра аз назари таърихӣ ба тартиби: Ҳанзалаи Бодғисӣ мутаваффо ба соли 220 ҳиљрии қамарӣ ва Абўсалики Гургонӣ, Фирўзи Машриқӣ, Маҳмуди Варроқи Ҳиравӣ, Муҳаммад бинни Васифи Сагзӣ, Бассоми Курд, Муҳаммад бинни Муҳаллади Сагзӣ» (Рўдакӣ ва суханварони ҳамрўзгори ў)

Муҳаммад Љаъфари Маҳљуб низ 58 байт шумор доштани ашъори шоирони нахустини форсигўро тасдиқ менамояд: «Аз ин даврон 58 байт дар даст дорем ва пайдост, ки аз рўи ин андак моя шеър то чӣ ҳад метавон ба гуфтугў дар бораи сабки шеър дар ин даврон тавфиқ ёфт.

Агар аз лиҳози таърихӣ ба таърихи эљоди аввалини шоирони форсигў назар афканем мебинем, ки аввалин шеър порае аз қасидаи Муҳаммад Васифи Сагзӣ аст, ки дар поёни ин сатрҳо ашъори ўро рўи варақ меорем ва ҳамзамон шоирони дигарро низ ва баъдан рољеъ ба мухтасоти сабкии шеъри онон сухан ҳоҳем гуфт.

Ҳамон тавре, ки Муҳаммад Љаъфари Маҳљуб дар китоби «Сабки Хуросонӣ дар шеъри форсӣ» менависад, ба тасреҳи «Таърихи Сиистон», ин шеъри дароз дар қолаби қасида будааст ва аз сўи ҳадси муаллифи мазкур љуз 6 байт аз онро ёд накардааст.

Ҳанзалаи Бодғисӣ. Ҳанзалаи Бодғисиро Муҳаммад Авфӣ дар «Лубобулалбоб», Низомии Арўзӣ дар «Љаҳор мақола» аз љумлаи шоирони замони Тоҳириён (820-873) донистаанд. Ризоқулиҳони Ҳидоят соли вафоти Ҳанзаларо 219 ҳиљрӣ (834 милодӣ) зикр кардааст. Муҳаммад Авфӣ ин ду байтро аз љумлаи ашъори ин шоир медонад:

Ёрам сипанд агарчи бар оташ ҳамефиганд

Аз баҳри љашм, то нарасад мар варо газанд,

Ўро сипанду оташ н-ояд ҳаме ба кор,

Бо рўи ҳамчу оташу бо ҳоли чун сипанд.

Низоми Арўзӣ дар «Љаҳор мақола» ду байти зеринро чун намунаи шеъри Ҳанзалаи Бодғисӣ овардааст:

Меҳтарӣ гар ба коми шер дар аст,

Шав, хатар кун, зи коми шер биљўй!

Ё бузургию иззу неъмату љоҳ,

Ё чу мардон-т марги рўёрўй.

Маҳмуди Варроқи Ҳиравӣ.

Маҳмуди Варроқро ҳамзамони подшоҳони Тоҳирӣ ва Саффорӣ донистаанд. Ризоқулиҳони Ҳидоят таърихи вафоти ин шоирро 221 ҳиљрӣ (835-836 милодӣ) навиштааст. Аз Маҳмуди Варроқ ду байт шеър боқӣ мондааст, ки чун абёти Ҳанзалаи Бодғисӣ ба тарзи сухани шоирони замонҳои баъдтар ҳамоҳангӣ дорад. Ду байти мазкур ин аст:

Нигорино, ба нақди љон-т надҳам,

Гаронӣ дар баҳо, арзон-т надҳам.

Гирифтастам ба каф домони васлат,

Ниҳам љон аз кафу домон-т надҳам.

Абўсулайки Гургонӣ

Муҳаммад Авфии Бухорӣ ин шоирро муосири Амр ибни Лайси Саффорӣ (замони ҳукуматаш 299-301 ҳиљрӣ -911-913 милодӣ) медонад. Мануљеҳрӣ низ Абўсулайкро дар шумори шуарои қадими Хуросон зикр кардааст. Абёти заил дар маъҳазҳо ба номи Абўсулайки Гургонӣ сабт гардидаанд:

Дар љанби улуви ҳимматат љарх

Монандаи вушм пеши љарғ аст.

Ба мижа дил зи ман бидуздидӣ,

Эи ба лаб қозию ба мижгон дузд.

Музд хоҳӣ, ки дил зи ман бибарӣ,

Ин шигифтӣ кӣ дид, дузд ба музд?

Чунон мустағриқам дар ғам, ки мутриб

Агар дар ғам сарояд, ғам физояд.

Хуни худро гар бирезӣ бар замин,

Беҳ, ки оби рўй резӣ дар канор.

Бут парастидан беҳ аз мардумпараст,

Панд гиру кор банду гўш дор.

Фирўзӣ Машриқӣ. Ин шоир муосири Амр ибни Лаиси Саффорӣ буда, соли 283 ҳиљрӣ (896-897 милодӣ) вафот ёфтааст. Аз ашъори ў 9 байти зерин боқӣ мондааст:

Мурғест хаданг, эи аљаб, дидӣ,

Мурғе, ки шикори ў ҳама, љоно.

Дода пари хеш каргасаш ҳадя,

То на бачааш барад ба меҳмоно.

Навҳагар карда забон чанги ҳазин аз ғами гул,

Мўй бикшодаву бар рўи занон нохуно.

Гаҳ қанина ба суљуд афтад аз баҳри дуо,

Гаҳ зи ғам барфиканад як даҳан аз дил ҳуно.

Ба хату он лабу дандон-ш бингар,

Ки ҳамвора маро доранд дар тоб.

Яке ҳамчун Паран бар ављӣ хуршед,

Яке чун шоивард аз гирди маҳтоб.

Сарви симини туро дар мушки тар

Зулфи мушкинат зи сар то по гирифт.

Муҳаммад Ибни Васифи Сагзӣ. Муҳаммад ибни Васифӣ- дабири Яъқуб ибни Лаиси Саффорӣ то ҳудуди солҳои 296-297 ҳиљрӣ (908-910 милодӣ) дар қайди ҳаёт будааст. Мувофиқи ривояти китоби «Таърихи Систон» Муҳаммад ибни Васиф шеъри арабӣ мегуфт ва барои Яъқуб ибни Лаис бори аввал ба тақлиди қасоиди арабӣ шеъри форсӣ эљод кард. Муаллифи номаълуми «Таърихи Систон» ўро чун аввалин шоири форсигўй мешиносад. Дар китоби мазкур ду қасидаи ноқис ва ду қитъаи Муҳаммад ибни Васиф иборат аз 23 байт омадааст, ки матни онҳо ба тариқи заил аст:

Кўшиши банда сабаб аз бахшиш аст,

Кори қазо буду туро айб нест.

Буду набуд аз сифати Эзад аст,

Бандаи дармондаи бечора кист?

Аввали маҳлук чӣ бошад? – Завол,

Кори љаҳон аввалу охир якест.

Қавли Худованд бихон: «Фастақим»,

Мўътақиде шав ва бар он бар биист.

Эи амире, ки амирони љаҳон хосаву ом

Бандаву чокару мавлову сагбанду ғулом.

Азалӣ хате бар лаҳв, ки мулке бидиҳед

Ба Абиюсуфи Яъқуб бин-ил-Лайси ҳумом.

Ба латом омад занбилу лате хўрд паланг,

Латра шуд лашкари занбилу ҳабо гашт куном.

«Лиманулмулк» бихондӣ ту, амиро, ба яқин,

Бо «қалилулфиа», к-ат дод бар он лашкар ком.

Амри Аммор туро хост в-аз ў гашт барӣ,

Теғи ту кард миёнљӣ ба миёни даду дом.

Умри ў назди ту омад, ки ту Чун Нўҳ бизӣ,

Дари Окор тани ў, сари ў боби таом.

Бассоми Курд. Бассоми Курд аз зумраи ҳамзамонони Муҳаммад ибни Васиф буд. Ў дар паиравии Муҳаммад ибни Васиф шеър гуфтан гирифт ва ба ақидаи муаллифи «Таърихи Систон» аз Чумлаи аввалин шоирони порсигўи аст. Аз Бассоми Курд қитъаи заили панљбайтӣ то замони мо боқӣ мондааст:

Ҳар ки набуд ў ба дил муттаҳам,

Бар асари даъвати ту кард наам.

Амр зи Аммор бад-он шуд барӣ,

К-ўй хилоф овард то лољарам.

Дид бало бар тану бар љони ҳеш,

Гашт ба олам тани ў дар алам.

Макка ҳарам кард арабро Худой,

Аҳди туро кард ҳарам дар Аљам.

Ҳар ки даромад, ҳама боқӣ шуданд,

Боз фано шуд, ки надид ин ҳарам.

Муҳаммад Ибни Муҳаллади Сагзӣ. Номи ин шоир низ дар китоби «Таърихи Систон» дар сафи аввалин шоирони порсигўи – Муҳаммад ибни Васиф ва Бассоми Курд қарор гирифтааст. Қитъаи зерин дар мадҳи Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ аз ў боқӣ мондааст:

Чуз ту назод Ҳавво в-Одам накишт,

Шерниҳоди бадилу барманишт.

Муъљизи пайғамбари Маккӣ туӣ

Бар кунишу бар манишу бар гувишт.

Фахр кунад Аммор рўзи бузург,

К-ў ҳамонам ман, ки Яъқуб кишт.

#

test

Добавить комментарий