Пайдоиш ва ташаккули адабиёт дар асрҳои 9-10

 

Қарни ҷаҳоруми ҳиҷрӣ мутобиқ, ба асри даҳи милодӣ замони тавлид ва устувор гаштани адабиёт ба забони форсии дарӣ, ки марҳалае ҷадид дар раванди таърихии забони форсист, маҳсуб меёбад. Мақоми адабиёт ба мартабаи иззат ва ҳудогоҳии гўяндагону ниёзмандон ва талабгоронаш баробар аст. Шеъру адаби дарӣ, аз ин сабаб, вақте рўй ба нашъу намо ва ташаккулу тараққӣ ниҳод, ки нафақат дар байни мардум шунаванда ва муҳиббон ёфт, балки онро аҳди ҳунару аркони давлат ва амирону подшоҳон ҳам дархост намуданд. Яъқуби Лайси Саффорӣ, ки арабӣ намедонист, аз шоир Муҳаммад ибни Васиф шеъри форсӣ гуфтанро талаб кард ва агарчӣ ин ривоят асле дорад ё на, як иллати пайдоиши шеъру адаби форсӣ дар хоҳиши умарои навхостаи эрониро тасдиқи муғлак, накунад ҳам, дастгири ин даъвӣ буданаш наметавонад тардид шуда бошад. Забон аз аносири баргузидаи фарҳангии ҳар миллат аст. Бинобар ин дар асри даҳ забони порсии дарӣ аз рўи мавқеъ баробари забони арабӣ дар мақоми мухолифат тасаввур нашавад ҳам, мавқеи доштааш ҷойгир ва маҳдудкунандаи забону адаби он буд. Дар асрҳои дувум ва севуми ҳиҷрӣ, бино ба маълумоти «Ятиматуддаҳр»-и Саъолабӣ ва дигар муаллифони арабизабон забону адаби араб то ҷое ривоҷ ёфт, ки шоирони зиёде дар ҳудуди Осиёи Миёнаи кунунӣ ба ин забон шеър мегуфтанд ва донишмандон низ бо кори тарҷумаву таҳқиқи илмӣ гаравиданд. Бо вуҷуди ин руҷўи мардумони эронӣ ба сўи забони тозаэҷоди порсии дарӣ ва дар ин забон дар муддати кутоҳе ба вуҷуд овардани осори нодири адабӣ метавонад андешаи ҷўяндаро ба сўи сарҷашма ва авомили ин наҳзати бузурги миллӣ раҳнамун соҳта бошад. Авомили пешбари ин гардиши таърихии эронӣ зиёд бояд бошад, вале ба назар менамояд, ки аз дуи онҳо бахусус ёд карда бошем. Якум ва шояд муҳимтарин бояд он бошад, ки мардумони эронӣ аз суннатҳои бузурги таърихӣ ва фарҳангии худ канда нашуданд. Як ҷомиаи миллӣ бо хасоиси суннатҳо ва вуҷуди урфу одатҳо зиндаву мавҷуд аст. Эрониён бо омадани ислом ва қабули он бори фарҳангӣ ва илмиву мадании худро дар чорроҳаи таърих нагузоштанд, балки бо ҳама мушкиливу гаронии ин бор пушти ҳиммат қавӣ доштанд, то ба сарманзили нав расиданд. Агар як дафъа қатъи робита мешуд, умеди ба он баргаштан чун риштаи ҷон гусаста мегардид. Шукр, ки ин тавр нашуд, вагарна тақдири мардумони Африкои шимолӣ ва баъзе мамолики дигар шояд эронӣёнро ҳам дар пеш мебуд. Форсии дарӣ дар асри даҳи милод гузашта аз таъсире, ки дар соҳтори ҷумла аз арабӣ дошта, дар луғату таркиб ва вожа бар бунлоди аз хоку гили қадима рехта девори бинои худро ёфта буд. Ин каробат то ҷоест, ки забони форсии аҳди исломиро ба ду давра мумкин аст мунқасим гардонида бошем: сухани китобии асри ҷаҳорум то нимаи аввали қарни панҷуми ҳиҷрӣ ва форсии баъди он то садаи бистуми милодӣ, балки забони порсии қарни ҷаҳорум ва бештар қарни панҷумро давраи гузариш аз паҳлавӣ ё форсии миёна ба форсии маъмулии баъдӣ хондан шояд худ ғалати зиёде надршта бошад.

Албатта, ҳимояти забони порсии дарӣ аз ҷониби давлатҳои маҳаллии эронӣ ба истиснои Тоҳириён, бахусус аз ҷониби Саффориён ва Сомониён як навъ маънии сиёсӣ ҳам дошт. Онҳо, аз як ҷониб, оммаи мардумро барои ҳимояти худ таҳрик медоданд ва аз ҷониби дигар, пояҳои истиклолияташонро дар баробари фишори хилофати аббосӣ устувор мегардониданд. Хилофати Бағдод дар он вақт рамзи бузургӣ ва шаъни давлатдорӣ, ба иловаи эътибори мазҳабӣ буд ва қоидатан ҳар амиру подшоҳе шаҳомат ва шукўҳи давлати худро дар қиёси дигарон месанҷид. Аз ин рў, ҳимояти забон аз ҷониби давлатдорон ва рушди он дар ҷомеа як ҳаракати табиии ғаирииродӣ набуд. Дар асри даҳ адабиёт дар дарбори подшоҳон ба як назому тартиб омад, шуаро дар мақоми надими дарбор ва ҳамсўҳбату ҳамнишини умаро ва бузургони давлат буданд. Албатта, онҳо ҳукуқи мудохиларо ба корҳои маъмурии давлатӣ надоштанд. Шуаро низ сарвари худро дар дарбор доштанд, ки маликушшуаро ва баъдҳо амирушшуаро хонда мешуд. Яке аз сабабҳои ба дарбор омадани шоирон таъмини васоили зиндагонӣ буд, зеро пешаи шоирӣ усули дигари маош надошт. Сабаби муҳимтар он буд. ки дарбор маркази саёсӣ ва мафкураи ҷамъиятӣ, ҷои бархўрди манофеъ ва табодули афкор ва арзишҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ буда, ба шуарову аҳди фикру андеша ва рўҳоният ғизои (фаровоне медод. Лекин дарбор макони муваққатии амният буд. шоири пиру нотавон аз он ҷо дур карда мешуд ва тақдири фаҷиаи бисёр шоирон аз ҳамин ҷосг.

Асри даҳ то нимаи аввали асри ёздаҳи милодӣ замони тишаккули анвои шеъри форсӣ буд. Дар ташаккули анвои шеър адабиёти форсизабон ба истиқболи ашколи шеъри арабӣ рафта бошад ҳам, суннату анъаноти миллӣ ба кулли сарфи назар нашуданд. Қолаби шаклии қасидаи арабӣ бо мояи аносир, аз қабили мадҳ ва мақтаъ дар шеъри форсӣ маъмул гашт ва дар мисоли қасидаи Рўдакӣ шакли комили худро ёфт. Аммо доираи мавзўяш вусъат гирифт ва татаббуи маҳзи шеъри арабӣ набуд. Нишонаҳои чакомаи қадима низ дар тани касида ва равони завқиаш ҷои ёфтанд. Маснавӣ вусъатеро, ки дар ҳамосаи миллии эронӣ – «Шоҳнома» ва дигар маснавиҳои достонӣ ва ҳикматӣ дошт, дар адабӣёти араб катъан наёфтааст. Паҳнои мавзўӣ ва ривоятиву таърихӣ ва асотирии маснавиро таъриху фарҳанги бузурги Эрон таъмин кард, ки ба ин дараҷаи бузургӣ, албатта, дар адабӣёти араб набуд ва табъу завқи эронӣ ба он шукўҳи ҳамосӣ, ваҳдату ягонагии ҷисми зиндаро бахшид. Боз ҳам шакли зоҳирӣ, ки дар низоми қофияи ҷуфт аст, аз арабӣ омада буд, таронаҳои мардумии эронӣ дар шакли дубайтӣ ва рубоӣ қолаби ҳунарӣ ёфтанд ва дувумӣ исми арабӣ дошта бошад ҳам, аз мухтареоти шуарои Аҷам аст. Қитъа, ки аз аввал шеъри ҳикматӣ ва иршодиву ахлоқист, мабдаи суннатии таҷрибаи рўзгор, ҳикмати юнонӣ ва динӣ дорад ва ҳам дар ҳамом таҳти назар сурати ҳунарӣ ва навъии худро ёфта буд. Ниҳоят, мухтареи мусаммат шоири маъруфи аҷамӣ устод Мануҷеҳрии Домғонӣ буд. Навъи адабӣ ҷоюми зиида на мушаххаси адабӣёт аст ва ин ки дар замони Сомониён анвои шеър ба пуррагӣ шакл ёфтаанд, далели камолоти ҳунарии шеъри форсӣ буда ва рафъати он то ҷоест, ки дар ҳазор соли баъд қолабҳои шаклии шеър кам тағйир ёфтаанд. Дар эҷоди ғазал низ дар асри даҳ аввалин қадамҳо гузошта шуданд.

Мавзўи асосии шеъри асри даҳ мадҳ, васф, панду андарз, ишқ, ҳасби ҳол, тасвири табиат, рисо, кам ё беш ҳаҷву ҳазл будааст. Достонсароӣ дар заминаи ҳамосаи миллии «Шоҳдома» дар қадами аввал инкишоф ёфт. Ҳамосаи миллии «Шоҳнома» кулли мероси таърихӣ, ҳикоятӣ ва ривоятиву асотирии эрониро фаро гарифтааст. Дар заминаи сужету воқеоти он достонсароӣ шакл ёфт ва даҳҳо асарҳои манзуму мансур навишта шуданд. Таълифи асарҳо дар ин мавзўъ як навъ руҷўъ ба гузашта ва ба дархости аҳли замон мутобиқ кунонадани онҳост. Бори аввал ба забони порсии дарӣ «Шоҳнома»-ро Абулмуаияди Балхӣ мураттаб сохт. Масъуди Марвазӣ аввалин касе буд, ки «Шоҳнома»-и манзум навишт ва се байт шеър аз ў то рўзгори мо расидааст. Шоҳномаи насрии дигаре ба исми «Шоҳнома»-и Абўмансурӣ бо ҳидояти ҳокими Тўс Абўмансури Абдураззоқ аз ҷониби дастури ў Абўмансур ал-Муаммарӣ тадвин карда шуд, ки аз он то ин замон фақат муқаддима боқӣ мондааст. Дақиқии шоир ба навиштани «Шоҳнома»-и манзум ҳиммат гумошт, вале кушта шуд ва номурод бимонд. Ниҳоят, Фирдавсии бузург ангушти ҳимматро қавӣ дошт ва «Шоҳнома»-ро чунон бо рангу бори матои нотакроре малбус сохт, ки ҳамаи достонҳои дигари дар баробари он истода бо вай рақобат кардан натавониста ва дар чашми маънишиносон хираву беранг намуданд.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.