Рӯзгор ва осори бозмондаи Абӯабдуллои Рӯдакӣ

Рӯзгор ва осори бозмондаи Абӯабдуллои Рӯдакӣ

Рўдакӣ шоири устоди оѓози қарни ҷаҳорум аст, ки ўро ба сабаби мақоми баландаш дар шоирӣ ва ба иллати пешвоии порсигўён ва оѓозидани бисёре аз анвои шеъри порсӣ ба ҳақ «Устоди шоирон» лақаб додаанд. Дар қадимтарин ва дурусттарин маъхазе, ки аз ў ёд шуда, яъне дар «Ал-ансоб»-и Самъонӣ куния ва ному насабаш Абуабдуллоҳ Ҷаъвар ибни Муҳаммад ва иллати иштиҳораш ба Рўдакӣ интисоби ў ба ноҳияи Рўдаки Самарқанд дониста шудааст. Самъонӣ мегўяд, қария, яъне қасабаи марказии ноҳияи Рўдак Бануҷ ном дорад ва Рўдакӣ аз он ҷост. Ин калимаи «Бануҷ» зоҳиран сурати муҳаррафи «панҷдеҳ» аст, ки имрўз ҳамчунон ба исми худ дар ноҳияи Самарқанд боқист.

Вилодати Рўдакӣ ба ҳадси қариб ба яқин боист авосити қарни савуми ҳиҷрӣ буда бошад. Аз оѓози ҳаёти ў ва кайфияти таҳсилоташ иттилои дақиқ дар даст нест. Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» гуфта, ки «чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръон тамомат ҳифз кард ва қироат биёмўхт ва шеър гуфтан гирифт ва маонии дақиқ мегуфт, чунонки халқ бар вай иқбол намуданд ва раѓбати ў зиёдат шуд ва ўро офаридгори таъоло овози хушу савте дилкаш дода буд ва ба сабаби овоз дар мутрибӣ афтода буд ва аз Абулабаки Бахтиёр, ки дар он санъат соҳибихтиёр буд, барбат биёмўхт ва дар он моҳир шуд ва овозаи ў ба атрофу акнофи олам бирасид ва амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, ки амири Хуросон буд, ўро ба қурбати ҳазрати худ махсус гардонид ва кораш боло гирифт».

Авфӣ дар муқаддимаи ҳамин суханон навиштааст, ки «аз модар нобино омада» ва шоирони наздик ба аҳди ў ҳам, ки дар ҳамон муҳити зиндагонияш мезиста ва шоирӣ мекардаанд, ба ин матлаб ишора намудаанд ва аз тарафе дигар дар ашъори ў гоҳ ба ишороте, ки дол бар биноияш дар муддате аз ҳаёти ў буда, бозмехўрем, мо­нанди ин ду байт:

Пўпак дидам ба ҳаволии Сарахс,

Бонгак бурда ба абр андаро.

Чодараке дидам рангин бар ў,

Ранг басе гуна бар он чодаро.

Ин ду гуна ишороти мутаноқиз мояи ҳайрати хонанда мешавад, чунонки бояд ё дар сиҳҳати яке аз ин ду даста суханон тардид кард ва ё бад-ин натиҷа расид, ки Рўдакӣ дар қисмате аз зиндагонии худ бино буд ва баъд ба иллате, ки ба мо маълум нест, нобино шуд. Иттифоқан як ишораи таърихӣ дар ин боб вуҷуд дорад, ки моро аз ин таҳайюр мераҳонад ва он тасреҳи Муҳаммад ибни Умари Наҷотист дар китоби «Басотин-ул-фузало ва раёҳин-ул-уқало фи шарҳи «Таърих-ил-Утбӣ», ки ба соли 709ҳ. (1309м.) таълиф шуда, бар ин ки Рўдакӣ дар оҳири умри худ кўр шуд. (Ва қад сумила фи охири умриҳи).

Вафоти Рўдакӣро Самъонӣ ба соли 339 ҳиҷрӣ навишта ва гуфта-аст, ки ў дар мавлиди худ Бунҷ (Панҷдеҳ) даргузашт ва ҳамон ҷо ба хок супурда шуд.

Мамдўҳи Рўдакӣ амири Саъид Наср ибни Аҳмад ибни Исмоил буд, ки аз соли 301 (914м.) то 331 (943м.) подшоҳӣ кард ва баъид нест, ки пеш аз амир Наср дарбори падари ў Аҳмадро, ки ба соли 301 (194м.) бар дасти ѓуломони турки худ кушта шуда буд, низ дарк карда бошад. Рўдакӣ дар хидмати Амир Наср тақарруби биёр дошт ва дар сафару ҳазар бо ў буд ва аз ситоиши ў ва вазираш Абулфазли Балъамӣ ва силоту ҷавоизи онон моли фаровон андўхт ва ҷоҳу ҷалоли бисёр ёфт ва ѓайр аз ин ду риҷоли дигареро низ мадҳ гуфт, монанди: Абуҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммади Саффорӣ, ки аз соли 311 (924м.) то 353 (964м.) бар Сиистон фармонравоӣ мекард ва Мокон ибни Кокӣ, аз умарои машҳури Дайламӣ, ки то Райро зери фармон дошт ва бо Сомониён гоҳ бар сари сулҳ буд ва гоҳ аз дари ҷанг бармеомад, то дар ҷанге, ки ба соли 329 (941м.) бо Абўалии Муҳтоҷи Чаѓонӣ, сардори Сомониён мекард, тире бар мақтали ў расид ва аз асп дарафтоду мурд. Аз миёни ин мамдўҳон Абулфазли Балъамӣ, вазири донишманди Сомониён ба Рўдакӣ эътиқоде вофир дошт ва ўро миёни шоирони Арабу Аҷам беназир медонист ва зоҳиран, мушаввиқи Рўдакӣ дар назми «Калила ва Димна» ҳамин вазири адабдўст буд.

Рўдакӣ назди ҳамаи шоирон ва адибони муосири худ дар Хуросону Мовароуннаҳр ба азамати мақоми шоирӣ шинохта ва тавсиф шудааст. Баъд аз ў низ бисёре аз шоирони бузург монанди Дақиқиву Кисоӣ ва Фирдавсиву Фаррухӣ ва Унсуриву Рашидии Самарқандӣ ва Низомии Арўзӣ ва ҷуз онон ўро ба бузургии мартабат сутуда ва басо, ки аз ў бо унвони «Устоди шоирон» ва «Султони шоирон» ёд кардаанд.

Ашъори ў бисёр буд. Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» навиштааст, ки «ашъори ў сад дафтар баромадааст» ва Рашидии Самарқандӣ, шоири қарни шашум гуфтааст, ки «шеъри ўро баршумурдам сездаҳ paҳ сад ҳазор». Ба назари ман маънии мисроъ он аст, ки сездаҳ бор шеъри ўро баршумурдам ва сад ҳазор буд, лекин ин мисроъро аз дер боз чунин маънӣ кардаанд, ки шеъри ўро шумурда кардаам, ба як милёну сесад ҳазор байт баромадааст! Ва ин бисёр мустабъад ба назар меояд.

Ба ҳар ҳол мусаллам аст, ки ў табиатан шоир буд ва бе такаллуфу заҳмате шеър месохт, чунонки тарҷумаи «Калила ва Димна»-ро, ки ба амри Наср ибни Аҳмад сурат гирифта буд, бар ў мехонданд ва ў мешуниду ба шеър дармеовард. Пайдост, ки чунин касе метавонист, шеъри бисёр суруда бошад ва чунин низ буд, аммо акнун аз он ҳама ашъор ҷуз чанд қитьа ва қасида, ки дар кутуби қадим нақл шуда ва баъзе абёти пароканда, ки дар ҷунгҳо ва кутуби луѓату тазкираҳо омадааст, чизе дар даст нест. Миқдоре аз ашъори Рудакӣ дар девони Қатрони Табрезӣ роҳ ҷуста ва девоне ҳам, ки аз Рудакӣ ба табъи сангӣ расида, ҳовии ашъоре аз Қатрон аст. Яке аз илали ин ихтилот он аст, ки номи мамдўҳи Рўдакӣ (Наср) барои ѓайри аҳли таҳқиқ қобили иштибоҳ бо кунияи мамдуҳи Қатрон (Абўнаср Мамлон ибни Вахсудон, ҳукмрони Озарбойҷон) будааст.

Муҳимтарин асари Рўдакӣ, ки акнун ҷуз абёти парокандае аз он боқи намонда, «Калила ва Димна»-и манзум аст. Ин китоб аз матни арабии Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ба амри Наср ба форсӣ тарҷума шуд ва сипас гўё ба ташвиқи Абулфазли Балъамӣ Рўдакӣ онро ба шеъри форсӣ (баҳри рамали мусаддас) нақл кард.

Рўдакӣ чанд манзумаи дигар ба авзони мухталиф дошт, ки гўё ҳар як достоне буд ва аз онҳо низ абёте парокан­да дорем ва аммо аз қасоиду ѓазалҳои ў акнун андаке дар даст аст, то магар рўзе дасти ҳаводис девони гумшудаи ўро ба мо бозгардонад. Аз ўст:

Ба ҳақ нолам зи ҳаҷри дўст зоро,

Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро.

Қазо гар доди ман настонад аз ту,

Зи сўзи дил бисўзонам қазоро.

Чу ораз барфурўзӣ мебисўзад,

Чу ман парвона бар гирдат ҳазоро.

Нагунҷам дар лаҳад, гар з-он ки лахте,

Нишинӣ бар мазорам сўгворо

Ҷаҳон ин асту чун ин аст, то буд

Ва ҳамчун ин бувад инанд боро!

Ба як гардиш ба шоҳаншоҳӣ орад,

Диҳад дайҳиму тоҷу гўшворо…

Ту-шон зери замин фарсуда кардӣ,

Замин дода мар эшонро заѓоро.

Аз он ҷонбуз лаҳте хуни раз деҳ,

Сипарда зери пой андар сипоро!

***

Гирифт ҳоҳам зулфини анбарини туро,

Ба бўса нақш кунам барги ёсамини туро.

Ҳар он замин, ки ту як paҳ, бар ў қадам биниҳӣ,

Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро.

Ҳазор бўса диҳам бар сиҳои номаи ту,

Агар бубинам бар мўҳри ў нигини туро.

Ба теѓи ҳиндӣ, гў, дасти ман ҷудо бикунанд,

Агар нагирам рўзе ман остини туро.

Агарчӣ хомўш мардум, ки шеър бояд гуфт,

Зуфони ман ба равӣ гардад офарини туро.

***

Дило, то кай ҳаме ҷўйӣ манеро

Чӣ дорӣ дўст ҳарза душманеро?!

Чаро ҷўйӣ вафо аз бевафое,

Чи кўбӣ беҳуда сард оҳанеро?!

Аё савсанбуногўше, ки дорӣ

Ба рашки хештан ҳар савсанеро,

Яке з-ин барзани нороҳ бар шав,

Ки дар оташ нишони барзанеро.

Дили ман арзане, ишқи ту кўҳе,

Чи сойи зери кўҳе арзанеро?!

Бубахшо, моҳи ман, бар ман бубахшо,

Макуш дар ишқ хира чун манеро!

Биё, инак нигаҳ кун Рўдакиро,

Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.

РУБОИЁТ

Дар раҳгузари бод чароѓе, ки турост,

Тарсам, ки бимирад аз фароѓе, ки турост.

Бўйи ҷигари сўхта олам бигирифт,

Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоѓе, ки турост.

Бо он ки дилам аз ѓами ҳоҷат хун аст,

Шодӣ зи ѓами туам зи ѓам афзун аст!

Андеша кунам ҳар шабу гўям, “ё раб,

Ҳиҷрон-ш чунин аст, висолаш чун аст?!”

Ҷоне, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст,

Он ҷо ду ҳазор найза боло хун аст.

Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд,

Маҷнун донад, ки ҳоли маҷнун чун аст!

Дил хаставу бастаи мусалсалмўест,

Хунгаштаву куштаи бути ҳиндуест.

Суде накунад насиҳатат, эи воиз,

Ин хонахароб турфа якпаҳлўест.

Тақдир, ки бар куштанат озарм надошт,

Бар ҳусну ҷавони-т дили нарм надошт.

Андар аҷабам зи ҷонситон, к-аз чу Тўс

Ҷон бистуду аз ҷамоли ту шарм надошт.

Чашмам зи ѓамат ба ҳар ақиқе, ки бисуфт,

Бар чеҳра ҳазор гул зи розам бишукуфт.

Розе, ки дилам зи ҷон ҳамедошт нуҳуфт,

Ашкам ба забони ҳол бо халқ бигуфт.

Бе рўии ту хуршеди ҷаҳонсўз мабод,

Ҳам бе ту ҷароѓи оламафрўз мабод!

Бо васли ту кас чу ман бадомўз мабод,

Рўзе, ки туро набинам он рўз мабод!

Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад,

В-ар бикшойӣ, чангали боз андозад,

В-ар печу хамаш зи якдигар бикшоянд,

Доман-доман мушки Тароз андозад.

4 Загрузки

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.